ЧАРОҒҲОИ «КАММАСРАФ» – ЗАРАР БА ҶИСМУ ФОИДА БА ҲУКУМАТ!?

РУСТАМХОҶА «Начот» №42 15.10.09

Мусаллам аст, ки паёми Президенти ҷумҳури ва фармони у таҳти рақамн 653 “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба раванди истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани аҳолӣ ва корхонаву муассисахо ибтидо гузошт. Чунон ки дар паёми Президент омада буд: “Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонави, ки харҷи неруи барқро то 5 маротиба кам мекунанд ва илова бар ин муҳлати кори онҳо 8-10 маротиба зиёдтар аст, ба мақсад мувофиқ мебошад”. Аз рӯи маълумотхои хамонвақтаи ШСХК “Барқи тоҷик”, вобаста ба истифодаи лампаҳои каммасраф истифодаи барқ аз ҷониби аҳоли дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз то 7-7,5 миллион кам гашта, энергияи сарфакардашуда дар корҳои истеҳсодӣ самаранок истифода бурда мешавад.

Дар ин хусус, аз ҷумла ба аҳолӣ аз ҷониби масъулини умури матбуотии ШСХК “Барқи тоҷик” мужда расонида шуда буд, ки як лампаи оддии 100 -ватта дар даҳ соати фурӯзон будан 1 кВт ё худ 6 дирам кор мекунад, Ҳамзамон лампаҳои люминестсентӣ дар 20 соат, лампаҳои каммасрафи рӯшноии диодӣ бошанд, дар 50 соати фурӯзон будан 1 кВт ё худ 6 дирам кор мекунанд. Инчунин масъулин афзуда буданд, ки дар ҳолати як ватт хароҷот намудан, рӯшноибахшии лампаҳои диодӣ нисбат ба лампаҳои муқаррарии тафсон 8 маротиба ва нисбат ба лампаҳои люминестсентӣ 1,3 баробар зиёданд ва рӯшноии лампаҳо ба рӯшноии рӯз наздик буда, ба узви босира зарар надоранд. Баҳри амалӣ кардани ин кор ҳатто баъзе мутахассисони барқ ва тибб, ки аз ҷумлаи соҳибмансабон буданд, ба воситаи матбуот васеъ истифода бурда шуданд. Ва онон барои он ки имтиёзҳои хешро аз даст надиҳанд, бе дудилагӣ “сиёҳ” – ро “сафед” мегуфтанд.

Лекин, тавре ки дар урфият мегӯянд, “офтобро бо домон пӯшонида намешавад”. Яъне имрӯз, ки мутахассисону барқчиёни матин ба воситаи матбуоти даврӣ аз ҷорӣ кардани лампаҳои каммасраф изҳори нигаронӣ менамоянд. Аз суханҳои ҳаққонии онҳо маълум аст, ки ҳама пойдор набудани маъракаи гузаштан ба чунин лампаҳои барқиро дарк намудаанд. Ҳатто вақти сафар ба навоҳии кишвар ҳам норизогии мардумро аз ҷорӣ кардани лампаҳои ба истилох, “каммасраф” возеҳу равшан эҳсос кардан мумкин аст. Чунончи, сокинони шаҳраки Мӯъминободи нохияи зебоманзари Мӯъминобод Исфандиёри Мӯсо, Маҳтоббибии Карим, Абдусамади Латиф, Нуруллоҳи Абдулло, Парчамоҳи Хуршед, Латифамоҳи Қурбон, Шарифи Назар ва дахдо дигарон низ аз ҷорӣ кардани лампаҳои ба истилоҳ “каммасраф” изҳори нигаронӣ намуданд.

-Кормандони “райсеть” -и ноҳиявӣ “лампаҳои каммасрафро истифода баред” гуфта, моро куштанӣ бошанд-мегӯяд яке аз сокинони шаҳраки Мӯъминобод. – Агар не, пас, чаро хукумат чунин қарори бехирадона қабул кардааст? Дар ноҳия рӯзномаву маҷалларо дар шаби хобат ҳам намебинй, танҳо тариқи телевизион аз ин масъала огоҳӣ ёфта, ба дилшикастагӣ афтодем. Аз он “мутахассисон”, ки дар давраи шӯравӣ хонда, камол ёфта ва имруз ба хотири вазифаву имтиёзҳои иловагӣ шуда, аз минбари пурифтихори оинаи нилгун бидуни андеша ҳарф мезанад, дар ҳайратем. Зеро се адад лампаҳои “каммасраф” ба қадри як ададлампаҳои пешин равшанӣ намедиҳанд, ки бешубҳа, ин ба зарари қувваи босираи мардум мебошад. Агар ин раванд ҳамин тавр идома ёбад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур мешавад, ки дар оянда боз чанд донишкадаву табобатгоҳҳои бемориҳои чашм бунёд намояд. Ин икдом бовариро аз ҳукумати кунунӣ бамаротиб коста гардонида истодааст…

Вақте ки аз ноҳияи баландкӯҳ дидан кардам, дар он ҷо ҳам раванди ҷойи- вазкунии ҳисобкунакҳои («счётчикҳо») барқӣ ба ба назар мерасид. Албатта, ин раванди хуб аст, аммо хар раванд анҷоми оқилонаро талабгор аст. Дар ноҳияи Мӯъминобод бошад, ба бехатар ҷойгир намудани ҳисобкунакҳои барки тамоман диққат намедиҳанд. Дар бисёр хонаҳо ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҷои бехатар, яъне дохили хона гирифта шуда, дар беруни девори хона, яъне дар ҳавои кушод ҷойгир карда мешаванд. Коргарони шабакаи барқии ноҳия ба эътирози шаҳрвандон дар бобати дар ҷои хатарнок насб кардани ҳисобкунакҳо посух медиханд, ки эшон сабр кунанд, ҳамин ки комиссия омада рафт, боз ҳисобкунакҳои барқиро дар ҷойҳои аввалааш мегузоранд. Магар чунин оромкунии аҳолӣ ба бозии мушу гурба шабоҳат надо-рад? Агар то он вақт борону барф борад, кӣ кафолат дода метавонад, ки хатари ҷиддии ҷониву молӣ ба амал намеояд? Оё ҳамон аъзои комиссия дарк намекарда бошанд, ки ҳавлиҳо на он хонаҳои баландошёнаи гузаргоҳдоранд? Ҳангоми дар беруни хонаҳо ҷойгир кардани ҳисобкунакҳои барқӣ вақти каме борон боридан ҳар лаҳза хатари сар задани сӯхтор аз ноқилҳои барқӣ аз эҳтимол дур нест. Пас чаро дидаву дониста ба амале даст мезанем, ки оқибаташ ногувор аст? Вақти сар задани воқеае, магар ҳаст ягон ниҳоди масъуле, ки зарари расидаро бар тараф кунад? Бешубҳа, не! Пас, ба кӣ даркор бошад ин амали беақлона ва боз кӣ муштоқи дидани бадбахтии чанд ҳамкеши худ бошад? Чаро иддае бо чунин амалҳои бемағзона обрӯву манзалати ҳокимиятро назди халқбоз ҳам поинтар мебаранд?

Дар кӯчаҳои Кӯлобшаҳр қадам зада истода, назди хонаи баландошёнае қарор гирифтем. Дар ин ҷо се нафар кормандони шабакаи барқтаъминкунии шаҳр аз ҷониби гузаргоҳ машғули дуруст кардани ноқилҳои барқй буданд. Ба онҳо наздик шуда, аз сӯҳбаташон дарёфтем, ки худашон аз кори иҷрокардаашон қаноатманд нестанд, вале аз ноилоҷӣ ба иҷрои ин кор камар бастаанд. Худро муаррифӣ кардан замин ду нафарашон бо сабаби вайрон накардани муносибати хеш бо мутахассисону роҳбарон аз сӯҳбат рӯ тофтанд. Нафари сеюм ки худро Сафари Хатлонӣ муаррифӣ намуд, бе ягон дудилагӣ, бо як ҷасорати хос бо мо ҳамсӯҳбат шуд.

-Аз рӯзҳои нахусти тарғиб ва ҷорӣ кардани лампаҳои “каммасраф” ман бо ин раванд розӣ набудам,- далерона гуфт бародар Сафар.- Охир, ҳар як шаҳрванди оддӣ низ ба хубӣ дарк мекунад, ки ин лампаҳои “кам- масраф” монанд ба “лампаҳои рӯзона”-и даврони шӯравӣ буда, ҳеҷ гоҳ иқтидори равшанидиҳии лампаҳои муқаррариро надоранд. Вақте ки нури равшанӣ кам бошад, он ба хирашавии чашм мусоидат менамояд. Ман ҳайрон ба виҷдонфурушии муҳандисони барқу духтурони чашм мешавам. Онҳо танҳо ба хотири вазифа шуда, рӯирост ба чашми мардум хок пошида, барои дар оянда бад шудани саломатии мардум мусоидат намуда, ҳатто берӯёна “лампаҳои каммасраф” -ро реклом мекунанд. Наход кор ба дараҷае расида бошад, ки моро вазифаву имтиёзхои ҳукуматӣ нисбат ба ҳамкешони худамон бетафовут карда бошад?

Вақте аз Мӯъминобод ба Душанбе бармегаштем, дар масҷиде баҳри адои намоз тавакқуф кардем. Дар сӯҳбат бо аҳли масҷид дарк намудем, ки фурӯзонакҳои навбаромад қобили қабули онҳо нест. Аз ҷумла, яке аз онҳо гуфт: аз дасти мо чӣ ҳам меояд? Бо фурӯзонкунии ин лампаҳо ҳатто Қуръон ҳам хонда намешавад. Вале аз ноилоҷӣ “замин пасту осмон баланд” гуфта, ба худкӯркунй машғулем. Шояд нобиношавии аҳолӣ ба нафъи баъзе ашхоси соҳибмансаби ҷомеа бошад? Агар ҳадаф ҳамин бошад, аз доду нолаи мо ғайр аз худамон кӣ хунҷигар хоҳад шуд? Ба ҳар ҳол, мо қишри камбизоати аҳолии мамлакат абарқудратҳоро ба ҳукми Худои мутаъол ҳавола менамоем.

Мутаассифона, ин мушкилоти мардуми камбизоатро нодида гирифта, соҳибмансабон барои аз даст надодани курсӣ иваз кардани лампаҳои муқаррариро ба лампаҳои “каммасраф” тарғиб карда истодаанд. Чунин рафтор танҳо ба хотири ҳифзи курсӣ астӯ бас! Дуруст аст, ки эшон бобати пешгирии зарари молй меандешанд, вале чаро касе оид ба зарари ҷисмонӣ расонидани фурӯзонакҳо чизе намегӯянд? Охир, бе ин ҳам нарасидани ғизои сервитамин тандурустии мардуми камбизоатро хеле коҳондааст. Бо ҷорй кардани лампаҳои “каммасраф”-у хиракунандаи чашм боз аҳволи мардумро тангтар карданӣ бошанд? Эҳ, вой бар ҳоли чунин соҳибмансабон, ки имрӯз барои фароғати фиребандаи индунявӣ шуда, аз рӯзи фардои қиёмат андеша намекунанд…

Ба ақидаи сардори умури матбуотии ШСХК “Барқи тоҷик” мӯҳтарам Нозир Ёдгорӣ, гӯё мутахассисони агентии “Тоҷикстандарт” тавсия додаанд, ки бояд аз лампаҳое харидорй намуд, ки ҳатман сертификат дошта бошанд. Ва харидор ҳуқуқ дорад, ки аз фурӯшанда сертификат талаб намояд. Дуруст, лекин магар воқеияти ҳаёт чунин аст? Соҳибмансабони мӯҳтарами мо дар бораи лампаҳои сертификатсияшуда сухан ронда, ба худ савол намедиханд, ки магар лампаҳои муқаррарӣ бе сертификат ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд? Оё кишвари мо бе дарвоза ё бесохиб аст, ки ба он моли бе сертификат ворид карда мешавад? Бо чунин суханронихо оё соҳибмансабони мо теша бар решаи ҳаммақомотҳои хеш намезананд? Ҳарфи гузаштагонро мебояд ҳагиеша дар лавхи хотир нигоҳ дошт, зеро рост гуфтаанд: ҳар сухан ҷоеву хар нукта мақоме дорад! Кор то ҷое қарор гирифтааст, ки баъзе масъулин кӯдакона мардумро хушдор медиҳанд, ки агар касе ба истифодаи лампаҳои каммасраф нагузарад, он кас худашро ҷазо медиҳад. Ин суханон танҳо аз забони заҳрогини бехабаре садо медиҳад. Ва мо ба чунин бехабарон хушдор медиҳем, ки мардуми камбизоату хору зори тоҷики мо аз ҷазодиҳии замонасозон кайҳо сахпӯст шуда, дар ҳоли бехудӣ умр ба сар бурда истодаанд. Бинобар ин, бас аст ҷафо!

5 Responses

  1. Ман хайронам, чаро хукумат маро мачбур мекунад, ки хатман лампахои каммасрафро бо нархи гарон харидорй карда, истифода намоям. Ин хам вакте ки нури “рахмоновка” ё фурузонаки каммасраф кам ва зарарнок аст. Ин ба фикри ман. Дигар ин, ки о хукуки ман хамчун истеъмолкунанда чи мешавад? Магар дар давлати демократй чунин кор мумкин аст?
    Аввал расму ойинхоро “танзим” карданд, акнун равшаниро… Баъд чй мешавад? Мегуянд, ки оби зиёд нушидан ва хавои бисёрро нафас кашидан хам “танзим” мешавад!
    Э хуш-е!!!!

  2. И хукумата бин, ки дар гами мардумай: хатто лампучкахое овардааст, ки электрро кам сарф мекунад ва пули бе by хам ками мо низ кам сарф мешавад. Ну и что, ки ай дасти и фурузонакхои “рахмонолвка” нури чашми мо камтар мешава? Зато пули кастар месупорем!!!! Рахмат ба и хукумату Президент!!!!! Мора садкаи нури чашм мекунад агар кадри хами одама, яъне Эмомали Рахмона надонистана… Бине ки чи хел да гами халкай. Расму русума танзим кард, оба ба сатхи чахон баровард, ина сохиби Имоми Аъзам хам шудем, фарханги ориёи дошта будем-да! Ина бо меган ки соли дигар соли ХАВОИ ТОЗА мешава Дуруст охир, чи хел бе хаво зиндагй карда метонем?! Наметонем! Бе ЭШР хам наметонем!!!!!!!!!!

  3. Санаи 29/10/2009 комиссияи давлатии назорати карори президент оид ба гузаштан ба лампахои каммасраф дар нохияи Конибодом лампахои тафсони мардумро зада мешикастанд. Хама хомуш. Соли гузашта раиси нохия говхои мардумро парронда ба ошхонаи сарбозон хайрия кард- хама хомуш. Дар оянда бо наварусон талаби хукуки шаби якум (право первой ночи) мекунанд – боз хомуш мемонем…

  4. Ба фикри ман дар баробари иваз намудани лампахои ба гуфташон тафсони сер харч ,бехбудие ба манфиати мардум нахохад шуд. дар ин замина нархи кувваи барк баланд бардошта мешавад яъне камхарч гуфта айнан хамон маблаги пештараро чуброн хохем кард.

    Фоидаи давлат:
    -кам кувваи барк харч кардан
    -хамон маблаги пештараро ба даст овардан
    -кувваи барки сарфашударо истифода бурдан

    Фоидаи халк:

    -бо нархи гарон харидани лампахо (ки дар ин хам шарик хастанд, бовар накунед аз Биржа пурсед )
    -бо нархи гарон истифода бурдани кувваи барк
    -аз хама мухимаш зарар ба саломати

    Дар охир ин хам як намуд сиёсат оиди чамоварии маблаги ночизи мардум ба бучаи давлат

  5. Агар боре аз руи инсоф фикр карда ба худ тахлил намоед, хамаи ин пешниходхо ба фоидаи мо хастанд. Аммо сабил монад “бадбини” шуморо намегузорад, ки солимтар фикр кунед. Аввал лампаи каммасраф монеду сарфи якмохаашро хисоб кунед!- Ба фоидаи ки хаст? Дигараш, хамаи ин камбудихо муваккати мебошад. Агар гуед, ки ман ВАТАНДОРам пас сахм гузоред; сарфа кунед, танзим кунед, сабр кунед ва ШУКР гуед!!! Бо гапу харфи холи ва гайбати рохбар, ки сояи Худо дар Замин аст, ВАТАН обод намешавад.Саломат бошед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: