Ин натичахо то кучо вокеъиянд?

Натиҷаҳои раъйдиҳӣ аз 14 сентябр то 4 октябр:

41% ба тарафдорй аз Ҳизби Сотсиал-Демократ — 118 овоз

19% ба муқобили ҳамаи ҳизбҳо — 56 овоз

18% ба тарафдорй аз Ҳизби Неҳзати Исломй — 53 овоз

10% ба Ҳизби Халқӣ-Демократй — 29 овоз

8% ба Ҳизби Коммунист — 23 овоз

3% ба Ҳизби Демократ — 9 овоз

1% ба Ҳизби Сотсилаист — 1 овоз

1% ба Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ — 1 овоз

1% ба Ҳизби Аграрӣ — 1 овоз

Дар ин назархоҳии хонандагони “Андеша” 291 нафар ширкат карданд.

Дар назарсанҷии гузашта, ки аз 10 то 20 июни соли равон баргузор гашта буд, натиҷаҳо ин гуна буданд:

ҲСДТ — 33% (61 раъй)

ҲНИТ — 19% (36 раъй)

ҲХДТ — 11% (20 раъй)

ҲКТ — 5% (10 раъй)

ҲИИ — 2% (3 раъй)

ҲСТ — 1% (раъй)

Дар он назархоҳии моҳи июн ҷамъан 187 нафар ширкат карда буданд.

Шумо ин ду натиҷаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

4 Responses

  1. سلام دوست عزیز
    من دوست داشتم مطالب سایت شما را بخوانم ولی متأسفانه روسی بلد نیستم
    به نظرم اگر به پارسی بنویسید که تمام پارسی زبانان بتوانند استفاده کنند بهتر است
    متشکرم

  2. Албатта ин натичахо вокеиятро нишон намедихад. Зеро ба ХСДТ факат он касоне, ки матбуоти мустакили Точикистонро мехонанд ва ё аз сомонахои точикии мисли «Радиои Озоди», ВВС ва аз блогхои точики ба мисли блоги Шумо Андеша (яке аз блогхои пурхондатарин), «Як Дарвеш», блоги Салими Аюбзод ва гайра огаханд, овоз додаанд. Лекин хаминро мо бояд дар назар дошта бошем, ки 80% ахолии Точикистон дар дехот зиндаги мекунанд (дар холе, ки солхои охири Шурави то ба 60% буд) ва аз дастовардхои замонави махруманд ё тасаввур хам надоранд, иборат аст. Онхо вокеиятро, дунёро танхо бо воситаи «Шабакаи якум» ва «Сафина» мешиносанд ва дар он фикранд, ки Точикистон яке аз муваффактарин давлатхои чахонист. Ба фикри ман яке аз сабабхои катъ кардани канали «Россия» хам мумкин хамин аст. Зеро кисми зиёди касоне, ки мохвора («параболическая антенна») доранд аз вокеияти Точикистон огах нестанд- бо мошини хизмати ва ё шахси ба кор мераванд, дар рузгори худ мисли кишри камбизоат норасои надоранд, хар руз хуроки гуштдор мехуранд, ба пули фарзанди мухочир мухточ нестанд ва гайраву ва гайра….
    Бо вучуди хамаи гуфтахои болои, моро мешиносанд дар дехот касоне, ки кумаки хукукии аъзои мо расида. Мешиносанд касоне, ки дусте доранд – дусти аъзои ХСДТ. Албатта мо холо наметавонем тамоми ахолиро дар бар гирифта. Зеро мисли ХХДТ захираи моливу маъмури надорем, мисли ХНИТ аъзохои сарватманд надорем ва аз хорич «спонсор» хам надорем…
    Бисёр касон пурсон мешаванд, барои чи ташвикоти пурзур намебаред, дехот ба дехот гашта тарафдор чамъ намекунед, брошюрка таксим намекунед….
    Ин чо бояд фикри худро чунин иброз кунам: аъзохои ХСДТ мисли Шумо – мардум, одамони оддиянд, сарватманд хам нестанд. Хама гайр аз кори хизбй кори асоси хам доранд, ки сарчашмаи асосии гузаронидани ризку рузиашон аст. Онхо пора намегиранд, фиреб намекунанд, мансабдор хам нестанд, ки маблаги изофии муфт дошта бошанд. Агар кори асосиро як су гузоранд, бе як бурида нон мемонанд. Барои хамин, кариб хама дар кору машаккат гуда зада. Шабхо андеша доранд- барои чи маблаги изофи пайдо карда наметавонанд, ки барои хизб, барои ояндаи Точикистони азиз сарф кунанд…
    Бо вучуди хамин мубориза мебарем, рухафтода намешавем. Дар ин муборизаи худ ба кумаки Шумо мардуми шарифи Точикистон мухточ хастем. Мо намегуем, ки аъзои мо шавед, намегуем, ки ба мо овоз дихед. Факат ба фасод, ба ноадолатй, ба ноумедй, чахолат таслим нашавед. Аз хакку хукуки худ огах бошед ва барои он мубориза баред. Хакку хукуки Шумо – ин мисли лукмаи нони Шумост, ки ба дахон овардед! Агар он нонро кашида гиранду Шумо хомуш монед – ин аломати ГУЛОМИСТ!
    Мо ба ояндаи сотсиал-демократии Точикистон бовари дорем. Барои ХИРАД, АДОЛАТ ва ТАРАККИЁТ мубориза мебарем.
    Чи хеле, ки мегуянд: «Маглуб он касе, ки маглубиятро эътироф мекунад»
    Сипосгузорам барои диккати Шумо.
    P.S. Ташаккури бепоён ба хамаи он шахсони БЕДОРе, ки барои мо овоз доданд.

  3. Комилан хак. Ин назарпурси агар дар тамоми Точикистон гузаронида шавад ва хамаги дар он иштирок намоянд 1% вокеъият хам нест. Аммо агар дар яке аз сайтхои исломи гузаронида шавад мусалламан ХНИТ 90% овозхоро сохиб хохад шуд.
    Ба назари банда, агар интихоботи озоду демократи баргузор гардад натичааш чунин хохад шуд:
    ХХДТ-60% (касе бовар надорад ба нохияи дилхох ё хатто маркази вилояте равад ва пурсиш анчом дихад. Субхи мо хануз дар масофаи тулонист)
    ХНИТ-30% (дар натичаи сиёсати дуруст ва ташкил нагаштани хизби дигари исломие ин хизб баъди 10 сол аксари овозхоро сохиб хохад шуд)
    ХСДТ-5% (мардуме, ки бедоранду исломи нестанд хамин микдоранд ва шояд замоне ба 10% расанд.)
    Бокимонда хизбхо 5%и дигар.
    Ва ояндаи сотсиал – демократии Точикистон, ки Фалловер ба он умед мебандад хеле баъид ба назар мерасад. Ба назари банда Точикистон яке аз ин 2 ояндаро дорад: тоталитари ё исломии каме аз демократияи гарби бахрабурда.

  4. Ба Forsage_SD.
    Ман фикр намекунам, ки масъала аслан он аст, ки Шумо менависед: мардум вокеиятро ба воситаи «Шабакаи якум» ва «Сафина» мешиносанд ва дар он фикранд, ки Точикистон яке аз муваффактарин давлатхои чахонист; ё касоне (ба гайр аз блогу сайтхонхо ва шунавандагони ВВС-у Радиои Озодй ин хизбро мешиносанд, ки дусте аз ХСДТ доранд… ва гайраву хоказо. Инро хам бахона кардан даркор нест, ки «мисли ХХДТ захираи моливу маъмури надорем, мисли ХНИТ аъзохои сарватманд надорем» ва «аъзохои ХСДТ мисли Шумо – мардум, одамони оддиянд, сарватманд хам нестанд…»
    Бародари азиз. Мисли ин ки Шумо навакак аз Мох фуруд омадаеду хаёл мекунед, ки вокеан Точикистон хам як давлати хукукбунёду демократист (он гуна, ки дар шиорхои бешумораш омадааст). Не, бародар. Ин чоро Точикистон мегуянд, дакиктараш Торикистон. Ва дар он аслан (и в пормине!) конунхои башарй амал намекунад, балки Конуни чангалистон (закон джунглей) роич аст. Ва он гуна, ки хукуматро гасбкардахо (сваркакардахо) мехоханд, хамон хел мешавад. Ва дар мавриди интихоботхо хам хамин «конун» амал мекунад: яъне кариб тамоми халк (99%) метавонанд дар интихобот масалан ба Валй овоз диханд, вале пагохаш маълум мешавад, ки аксари овозхоро (88%) Алй ё дурусттараш Эмомалй «сохиб» шудааст. Ана хамин хел, братишка, бра да кчое, ки арз менй, арз кадан бгир!!!
    Шумо боз навиштаед, ки «Дар ин муборизаи худ ба кумаки Шумо мардуми шарифи Точикистон мухточ хастем». Халкро хезонидан лозим нест. Аввал бояд мубориза бурд (мардум ва хизбхо), ки конунхои интихобот симои инсонй (человеческое лицо) гирад, яъне акаллан намояндахои ахзоб хам дар комиссияхои участкахои интихоботй шомил шаванд, то ягон такаллубкорй ё худ фалсификатсия нашавад. Он тарафашро халк худаш нагз медонад, ки чй кор кунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: