Панҷумин хуршед

(ё худ баёни ин ки инсон метавонад ба дасти худ сарнавишти хешро рақам бизанад)

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Камина одат надорам беш аз андоза телевизион тамошо кунам, чун аввалан вақташро надорам ва сониян, мўътақидам чунин одате аслан зиёновар аст. Ба истиснои пайгирии ахбори ҷорӣ дар ҷаҳон, аҳёнан агар филме ибратомез буд, тамошо мекунам. Рамазони соли ҷорӣ дар яке аз шабакаҳои симои Ирон, филме мусалсал ба намоиш гузошта шуд, ки инсофан қобили таҳсин аст. Ҳар касе онро сохта, дасташ дард накунад. Номи ин филм “Панҷумин хуршед” буд. Ҳарчанд поёни хубе (аз назари отифӣ) надошт, вале паёме, ки филмсоз мехост бирасонад, паёми ибратдеҳе буд.

Филмсоз мехост ба воситаи ин филм барои бинанда собит кунад, ки инсон дар рақам задани сарнавишти хеш ва атрофиёнаш, нақши бас муҳимме дорад. Хулосаи филм ин аст, ки боре барои як ҷавоне чунин фурсат муяссар мегардад, ки ба оянда сафар кунад, шоҳиди зиндагии атрофиёнаш дар оянда бошад, бубинад чӣ сарнавиште гиребогирашон шуда. Масалан мебинад хонаводааш (хоҳару модараш) ва яке аз дўстони самимияш ояндаи на чандон хуше доштаанд. Тасмим мегирад баргардад ва коре кунад, ки ояндаи эшон на он чунон шавад, ки шоҳидаш гардид, мехоҳад бо ҷобаҷоии бархе аз асбобе, ки мунҷар ба ин чунин сарнавишти нохуш шудааст, ояндаи эшонро тағйир бидиҳад. Ва муваффақ ҳам мешавад. Хулоса, ду ё се бор аз ин замон ба он замон ва баръакс сафарҳое анҷом дода ва муваффақ мешавад асбоби мунҷар ба сарнавишти муайянеро ҷобаҷо созад. Албатта худаш, ки дар замони оянда ошиқи духтаре мегардад, дар поён асбоб ба гунае ҷобаҷо мешаванд, ки дар ниҳоят маъшуқаи хешро аз даст бидиҳад, ки гуфтам ин филм финоли ғамангез аз назари отифӣ дорад. Бинанда мехост ин ду бо ҳам бирасанд, ки нарасиданд. Ҳоло коре ба ин ҷиҳат надорам.

Он чи мехоҳам арз кунам ин аст, ки гоҳе инсон матлаберо, агар печида бошад, наметавонад аз тариқи гуфтану навиштан ба хонанда бирасонад. Вале як намоишнома (филм ё театр), аз он ҷо ки малмусу маҳсус аст, метавонад ҳамон матлаби печидаро барои бинанда ба хубӣ ва осонӣ бирасонад.

Дар системаи маърифатии ислом, масъалаи “сарнавишт” (қазо ва қадар) ба гунае олӣ ва дақиқ баён гардида, ки дар ҳеҷ як аз системаҳои маърифатии башарӣ назири онро пайдо наметавон кард. Ислом, дар айни ин ки буду шуди ҳар падидае дар ҷаҳони ҳастиро, тибқи қазо ва қадари илоҳӣ медонад, аммо ҳаргиз нақш доштани худи инсон дар тағйиру рақам задани сарнавишташро нодида нагирифтааст. Қуръон дар айни ин ки мегўяд: “Ҳеҷ мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда ва ин бар Худо осон аст” (Сураи Ҳадид, ояти 22), ва (дар айни замон) мефармояд: “Худо вазъи ҳеҷ мардумеро иваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 11).

Ба назари баъзе гўи Қуръон ин ҷо таноқуз мегўяд. Яъне ин чи гуна аст, ки Қуръон аз тарафе мегўяд: ҳар чи шуду ҳасту мешавад, тибқи қазо ва қадари илоҳист, вале аз тарафе мегўяд: шумо инсонҳо худ дар тағйири сарнавишти хеш муассиред?

Аммо худи Қуръон ин дуро бо ҳам қобили ҷамъ медонад, на мутаноқиз. Дар ояте мефармояд: “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад), ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад, ва “китоби модар” (асл ва модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) фақат назди Ўст” (Сураи Раъд, ояти 39).

Маънои ояти номбурда, бо таваҷҷўҳ ба баёноти гуҳарбори ҳазрати Паёмбар (с) ин аст, ки қазо ва қадар дар мавриди инсонҳо якнавохт нест. Худованди Мутаол дар мавриди инсонҳо, қазо ва қадарҳои мутааддиде гузошта, ки таъйини ҳар кадом, бастагӣ ба ихтиёру интихоби худи инсон дорад. Масалан: касе ба навъе беморӣ мубтало шуда. Агар ин бемор даво бихўрад, шифо хоҳад ёфт, яъне як сарнавишт хоҳад дошт, вале агар даво нахўрад, хоҳад мурд, яъне сарнавишти дигаре пайдо хоҳад кард. Бо хўрдани даво, он сарнавишти шум маҳв хоҳад шуд. (Ин аст маънои “Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад (ва аз байн мебарад”).

Дар ривояте омадааст рўзе Паёмбар (с) ҳамроҳи чанд тан аз ёрон нишаста буданд, ки марде аз канорашон рад шуд. Паёмбар (с) рў ба ёрон карда фармуданд: ин шахс дигар барнахоҳад гашт, яъне хоҳад мурд. Чанд соате сипарӣ шуд, ки диданд мард ҳамроҳ бо ҳезуме дар китф солиму тандуруст бармегардад. Ёрон аз он ҷаноб (с) пурсиданд, ки магар нагуфтед ин мард дигар барнамегардад ва хоҳад мурд? Паёмбар (с) аз он мард хостанд, ки биистад. Пурсиданд: имрўз чӣ коре нек анҷом додӣ? Гуфт: ҳангоми хуруҷ аз хона, садақае барои як ниёзманд бахшидам. Аз ў хостанд ҳезумашро бар замин гузорад. Вақте гузошт, диданд море кушанда аз миёни ҳузумҳояш берун омад. Он гоҳ Паёмбар (с) фармуданд: Сарнавишти ин мард дар китоб (номаи аъмоле, ки сарнавишти ҳар одамӣ дар он сабт гардида ва Паёмбар (с) аз он огоҳанд) чунин буд, ки море ўро газида ва ў хоҳад мурд. Аммо аз он ҷо ки ин мард ҳангоми берун омадан аз манзил садақа дод, Худо сарнавишти ўро тағйир намуд. (Ин аст маънои “ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад”).

Ин ки маъруф аст “Садақа радди бало мекунад” ҳамин аст, яъне балое туро дар интизор аст (як сарнавишт), вале садақа додани ту боис мегардад ин бало аз сари ту бардошта шавад (як сарнавишти дигар).

Хулоса, баёну тавзеҳи як чунин масъалае печида, гоҳе ба забону навиштор хеле душвор аст ва чи басо инсон аслан наметавонад онро ба хонанда бирасонад. Аммо филме, ки дар ин моҳи муборак дидем, тавониста ҳамин масъалаи печидаро хуб ва некў бифаҳмонад. Он ҳам барои ҳар инсоне, новобаста ба сатҳи дониши вай.

Дасти созандааш дард накунад. Худо дунёву охираташро обод созад!

http://www.kemyaesaadat.com/

6 Responses

  1. Хайфи вакте ки сарфи хондани ин «мавъиза» намудам! Сад хайф!

  2. Ба Рахим
    хамин ки ту ин мавъизая хонди, худаш кифоят мекунад агар фахмида боши, локин агар нафахмида боши, ту ба як бемории нофахми ва бефаросати гирифтор шудаи ки бояд худатро мудово куни…

  3. Ба Ахмади Хомид, ки навиштааст:
    хамин ки ту ин мавъизая хонди, худаш кифоят мекунад агар фахмида боши, локин агар нафахмида боши, ту ба як бемории нофахми ва бефаросати гирифтор шудаи ки бояд худатро мудово куни…
    С. Истаравшанй хуб зикр кардааст, ки:
    Он чи мехоҳам арз кунам ин аст, ки гоҳе инсон матлаберо, агар печида бошад, наметавонад аз тариқи гуфтану навиштан ба хонанда бирасонад.

    Рости гап, мавъизаи вай ба монанди мавъизаи муллохои Точикистон аст.

  4. Ба Рахим
    Аслан ту фахмиди бахси Истаравшани дар бораи чист?
    Мисли мавъизахои муллохо аст ё нест, ин як гапи дигар. Ман гуфтам ки фахмиди ё нафахмиди. Агар фахмида боши, ин хел намегуфти, агар нафахмида боши, худатро ба табиб нишон дех.
    Вай дар бори Казо ва кадар бахс мекунад. Казо ва кадарро фахмонда истодааст. Бахс, хамин аст.

  5. Рахим, рост гуфтед. Хайфи вакти хам ваю хам мо.

  6. Ташаккур ба ахли фахм. Хайрият, ки хама монанди Ахмади Хомид ба чизе, ки худ намефахманд, зуд бовар намекунанд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: