Ба тарафи чап гард!

Рачаби МИРЗО («СССР» №37 09.09.09.)

Мардум намедонад, ки бинои парлумон куҷост

Ин ки аксари вакилони парлумонро тоҷикистониҳо намешиносанд, ҳарфи нав ност. Аммо вақгҳои охир нафарони зиёде ба ман зангзада, мепурсанд: бинои парлумон дар куҷост?

Аз онҳо мепурсам: Қасри президентро дидаед? Аз он каме болотар меравед ва ру ба руи ҳайкали Исмоили Сомони ба тарафи чап гардед, биноест, ки дар он депутатҳо бояд кор кунанд.

Яъне мардум дар ҳақиқат намедонанд, онҳоеро, ки 5 сол пеш гуё интихоб карда буданд, дар куҷо ва чи кор мекунанд!

Тасаввур намоед, ҳамин шабу рузи 18 сол пeш парлумони Тоҷикистон чӣ мақоме дошт. Ҳоло ҳар касе дар бораи ҳайати он рузаи парлумон ҳар чй мехоҳад гуяд, аммо бояд инсофан иқрор шавад, ки он шабу руз парлумони Тоҷикистон дар ҳақиқат рисолати худро иҷро мекард. Ва мардум низ азбаски ба он бовар доштанд, ба назди бинои он ҷамъ мешуданд.

Парламент калимаи фаронсавй буда, маънояш «гуфтан», «изҳори назар кардан» аст. Вале дар Тоҷикистон аксари вақт вакилонро ба хомушй муттаҳам мекунанд, ки дар бораи мушкилоти мавҷуда чизе намегуянд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба гайр аз чанд вакил – Мухиддин Кабирй, Шодй Шабдолов, Юсуф Ахмедов, гоҳ – гоҳ Исмоил Талбаков ва Мирзошариф Исломиддинов касе аз 62 вакили мавҷудаи парлумон чизе намегуяд. Масалан, матлаби интиқодие дар матбуот перомуни фаъолияти парлумон чоп шавад, ҳатвлан ба он посух хоҳанд дод. Ин гуна вакилонро метавон «момоҷавобак» номид.

Чанде пеш дар Олмон будам. Мо аз назди биное гузаштем, ки мардуми зиёд барои ворид шудан ба он дар навбат меистоданд. Гуфтанд, ки он бинои парлумон аст ва ҳамаруза ҳазорон нафар шаҳрванди Олмон ва сайёҳони ин кишвар барои дидани фаъолияти вакилони мардумй ба бино ворид мешаванд.

Рузи дигар, вақте мо ба бинои Бундестаг – парлумони Олмон ворид шудем, дар ҳақиқат аҷобаторо дидам, ки шояд барои бисориҳо афсона намояд: Тамоми утоқҳои кориву баргузории ҷаласаҳои ниҳоди қонунгузории Олмон дари шишагину шаффоф доранд ва мардуми зиёде, ки ба бино ворид шудаанд, фаъолияти депутатҳоро тамошо мекунанд. Ҳатто дар ошёни болотар аз ҷаласаҳои депутатҳо нишастгоҳҳое бунёд кардаанд ва мардум нишаста, баҳсу мунозираи вакилони худро аз наздик мебинанд. Матбуоту телевизион ва радиоҳои ин кишвар ҳар лаҳза аз фаъолияти шохаи сеюми ҳокимияти давлатиашон гузоришҳо омода мекунанд.

Аз роҳбаладамон, ки мегуфт солона беш аз 3 миллион нафар барои тамошои Бундестаг меоянд ва дар байни онҳо сарварони зиёди кишварҳо ҳам ҳастанд, пурсидам, ки оё касе аз мансабдорони воломақоми тоҷик дар ин бино ҳузур дошт? Ӯ гуфт, ки дар хотир надорад. Маълум…. Аммо агар ҳузур ҳам медоштанд, гумон намекунам чизеро дар системаи парлумонии Тоҷикистон тагйир медоданд.

Вакили парлумони Олмон ду ҷои кор дорад. Яке Бундестаг ва дигаре ҳавзаи интихоботй. Ӯ дилхоҳ маврид мотавонад дар бораи мушкилоти интихобкунандаи худ масъалагузори кунад, узви ҳукуматро даъват созад, пурсиш гузаронад, дархост пешниҳод намояд… дар маҷмуъ фаъолияти ҳукуматро назорат кунад. Аз ин хотир Бундестагро дар ин кишвар «форуми миллии» худ меҳисобанд ва бо он ифтихор мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон…

Як бор ба номгуи қонунҳои қабулнамудаи вакилони Маҷлиси намояндагон таваҷҷуҳ намоед. Оё дар он тагйиру илова ворид кардан бисёр аст, ё қонуни нав? Оё номгуи қонунҳоо, ки ҳукумат ва президент муаллифашон буданд, зиёданд, с пакилон? Дар бораи ихтилофнокии қонунҳо ба ҳамдигар ҷои баҳс нест. Пас ин гума парлумон ба кй зарур аст: ба ҳукумат, ки қонунҳои барои ом заруриро қабул мекунад ё ба мардум, ки ҳазору сад мушкил дорад?

Ва тасаввур намоед, ки ҳар вакили МН на камтар аз 1000 доллари ИМА моҳона мегирад. Дар бораи сафарҳои хидмативу имтиёзҳои зиёдашон ҷои баҳс нест (буҷаи соли гузаштаи парлумонро ман Дар ихтиёр дорам, агар ба касо лозим аст, метавонам пешниҳод кунам). Суоле пешору меояд, ки оё барои Тоҷикистон чунин ниҳод лозим ҳаст? Агар ҳарчиро, ки ҳукуматзарур медонаду парлумон онро қабул мекунад, беҳтар нест, ки аз баҳри он бигзарем?

Лоиҳаи қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Оли», ки азҷониби Ҳизби коммунист таҳия шуда буд ва аҳзоби дигар аз он пуштибонй мекарданд, пазируфта иашуд. Ин дар мавридест, ки ҳукумат баргузории интихоботи шаффофу бе тақаллубу демократиро мехоҳад! Ин баҳс солҳо боз идома дорад, аммо бенатиҷа. Соли 2004 низ аҳзобро ба умед карда, гуфтанд, ки вобаста ба қонуни интихобот бо президент Раҳмон мулоқоти хоса анҷом хоҳад шуд. Вале …

Бубинед, намояндагони аҳзоб чи мехоҳанд. Мехоҳанд дар қитъаҳои интихоботй намояндагон ва нозирони онҳо бошанд, охир интихобот аслан дар қитъаҳо сурат мегирад на дар ҳавзаҳову Комиссияи марказии интихобот. Мехоҳанд гаравпулии интихобот бардошта шавад, зеро Тоҷикистон давлатй иҷтимоист ва тибқи Қонуни асосиаш ҳар шаҳрванд метавонад аз 18 солаги интихобшаванда ва интихобкунанда бошад (аммо қонуни интихобот синни дигарро пешниҳод кардааст). 5000 сомоние, ки ҳамчун гарави интихоботй қабул мешавад аксарияти мардумро аз ҳаққи интихобшави маҳрум мекунад. Яъне талаботи аҳзоб дар доираи қонун ва шароити феълии кишвар аст, аммо ҳукуматро чунин низом қабул нест.

Аз ин лиҳоз мам пешниҳод мекардам, ки ҳизбҳо дар интихоботи навбатй ширкат наварзанд. Охир, бо чунин низоми интихоботй ширкат дар он танҳо ба манфиати ҳукумат ва ҳизби ҳоким аст. Аҳзоб, агар мехоҳанд рушди давлатро дар заминаи интихоботҳо ба вуҷуд биёранд, метавонанд мисли бархе аз кишнарҳои дигар парлумони ҷамъиятй – алтернативи бо парлумони расмй ташкил намоянд… Ё бештар ба маҷлисҳои маҳаллй такя кунанд, чун феълан маҷлисҳои маҳалли назар ба Маҷлиси намояндагон баҷуръаттар ба назар мерасанд ва ҳам имконоти воридшавй ба онҳо бештар аст. Ман роҳи дигарро намебинам…

Парлумони феълии Тоҷикистон бошад, бештар дар ғами худ ва ҳайати худ аст. Дар даъвати навбати онҳо қонуне ба тасвиб расонданд, ки тибқи он хеч як вакили Мачлиси намояндагон набояд пас аз анҷоми ваколат бекор монад. Депутатҳои мо зираканд: онҳо буҳрони молиявиро пешгуи, карда будаанд. Вокеан, ин гуна вакилони хомуш, ки ба касе «ҳалал» намерасонанд бояд кор кунанд….

Не?

Advertisements

6 Responses

  1. Ман ба ин фикрат розиям, ки соли оянда ягн хизб дар интихобот иштирок накунад.
    Боз хубтар мешуд ки мардуми баномуси точик хам дар он штирок накунанд, чунки он хатман бо такаллуб хохад гузашт.

  2. Бале аз ин дидиа як гурух олимони як чи нимчи мондагихоро чалб кунанд ки номхояшонро ва худашонро донем. Ва онхо хар як илова е ин ки конуни навро бо тахлили БАРОИ чи инхел дуруст аст! -ро нашр е дар ТВ нишон диханд. Шарт нест ки 62 кас бошад хамин 15-20 кас зиед аст барои давлати 7 млн-на.

  3. Бародари азиз Рачаби Мирзо. Чаро маколахои худро дар газетаи СССР чоп мекунед? Айб нест? Ё шумо ба ССССР ё ИШ ягон дилбастагй доред?

  4. Ай ин давлати хозира хамон СССР сад бор соз буд !!! ЧИ камбуди дошти дар хамон давра? Свет надошти? ё об? ё нон? Хозир хар сеша одамхо намеёбан !!!

  5. Ба Нек.
    Озодй надоштам. Холо хам надорам.

  6. Озоди чура факат дар у дунье !!!
    Ту холиям нафахмиди???
    Хахахаха

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: