Мо парешонтарин ва парокандатарин миллатем

Зафари СӮФӢ «Озодагон» №35 03.09.09.

Чаро мо наметавонем як миллат вa муттаҳид шавем?

Шояд мо тоҷикон ягона миллате бошем, ки ба ин ҳад парокандаем ва дар ин парешонӣ бештарин айб ҳам аз хислату вижагиҳои мост. Баъзе аз мо, ки худ коре накардааст, чунон иддао пеш меорад, ки атрофиён ҳатто намедонанд чӣ бигӯянд. Худамонро гоҳо болотар аз будамон тасаввур мекунем ва ҳатто мехоҳем инро дигарон низ бипазиранд. Ҳарчанд ҳеч миллате мисли мо худашро ба пораҳо тақсим намекунад. Ҳамин чанд рӯзи пешро ба ёд оред: мо аз назари мафкураи сиёсӣ ҳам ба ду тақсим будем: «вовчик» -у «юрчик».

Ҳамакнун ин тамғаро дар пушти номи касе часпондану рӯзгорашро сиёҳ кардан ба поён расид. Аммо шикофи табақотӣ дар ҷомеа ба ҳадди даҳшатзо дар ҳоли афзоиш аст ва миллатро хатари бегонагӣ аз ҳам ва парокандагӣ бештар тахдид мекунад. Охир дороиҳои кишвар дигар дар ҳоли ҷамъ шудан дар ихтиёри як қишр ва ё гурӯҳӣ камшумор асту аксарият рӯз аз рӯз фақиртар мешаванд.

Маҳалгароӣ низ як омили дигари парокандагй ва ҷудоӣ байни ҳаммиллатон аст ва ҳамакнун фақат бо шаҳре ё вилояте махдуд намешавад. Ҳатто онҳое низ, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо рафтаанд, бар асоси тааллукoти маҳаллй созмонҳо ташкил кардаанд ва масҷиду муллояшон низ бар асоси тааллуқоти маҳал мебошад. Беш аз ин гуфтем, ки маҳалгароӣ дигар ба шаҳре ё вилояте махдуд нест.

Дар баробари мардуми вилояти дигар тоҷик вилоятгарост, яъне ё суғдӣ ё бадаҳшонӣ ё хатлонист… Дар баробари ҳамвилоятиҳояш ноҳиягарост. Дар миёни ҳамноҳияҳояш тоҷик қишлоқгарост. Дар миёни ҳамқишлоқиҳо маҳаллагаро ва ё гузаргароем. Ба назаратон ин бадбахтӣ нест? Чунин вазъиятро барои тавҷеҳ кардан кӯшиш ба харҷ додан ва онро нишони ватандӯстӣ ба қалам додани бархе хомабадастони мо магар душманӣ бо миллат нест?

Дарвоқеъ, дар бораи хомабадастон ва ба вижа рӯзноманигорон. 8 сентябр онҳо Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигоронро таҷлил хоҳанд кард. Аммо оё рӯзноманигорони тоҷик бо ҳамдигар ҳамраъй ҳастанд? Оё рӯзномаҳои тоҷикӣ воқеан метавонанд иддаои миллӣ буданро матраҳ намоянд? Оё дар онҳо низ оҳанги маҳал бартар аз миллатдӯстӣ нест?

Ба назар мерасад журналистикаи тоҷик дар имрӯз ниёзҳои бо ҳам гиреҳхӯрда надорад. Содатар бигӯем шахсиятҳои калидӣ ва ҳалкунанда дар расонаҳо ҳамкорони худ дар дигар расонаҳоро ҳамсафар ва такмилдиҳандаи кори худ намедонанд, балки дар ҳушбинонатарин ҳолат рақиб ва дар дигар вақт душмани худ мебинанд. Гӯё дар сурати набудани як расона барои расонаи дигар муваффакият насиб мешуда бошад. Ҳол он ки чунин нест ва ҳамаи расонаҳои кишвар ҳамдигарро такмил мекунанд ва дар ин миён расонаҳои оҳанги сиёсӣ дошта бештар мукаммили ҳам ҳастанд.

Вале боз ҳамон хислати фитрии тоҷикона муҳаррики амалҳо ва тасмимҳост, ки гоҳо бархе рӯзноманигорон аз нигоҳи ба ин ё он шахсияти соҳибнуфуз ва ё гурӯҳе ва ҳатто кишваре вобаста будан байни рӯзноманигорон ҷудоӣ меандозанд.

Манфиатҳои гузаро ва камарзиши моддӣ дар хеле ҳолат болотар аз манфиатҳои ахлоқӣ ва арзишҳову ормонҳост. Ҳамин ҳолат аст, ки дар баробари ҳамдигар эҳсоси бегонагӣ мекунем ва худхоставу нахоста рӯ ба ҳамқишлоқиву ҳамгузарии худ меорем.

Ҳатто ахиран дар пойтахти кишвар масҷидҳое фаъолият мекунад, ки намозгузоронаш фақат аҳли як маҳаланд, яъне ҳамон маҳале, ки имом-хатиби масҷид аз он ҷост.

Маросимҳову ҷашнҳо низ бештар мутааллиқ ба як маҳал мешаванд ва метарсам фардо қабристонҳое ба вуҷуд оянд, ки хоси як маҳал бошанд ва иҷоза надиҳанд, ки мурдае аз маҳали дигар дар он гӯронида шавад.

Мо парешонтарин ва парокандатарин миллатем. Ба назар мерасад сабаби аслии ин ҳолат ормони миллӣ надоштани мост. Ормони миллӣ аст, ки ҳамаро ба ҳам меорад ва ҳамраъй мекунад. Ва ин ормон болотар аз манфиат аст. Аммо ормони миллии мо бояд чӣ бошад?

5 Responses

  1. Ташаккур барои маколаи хубат, Зафар Суфии Фаргони!

  2. Яке аз роххои кисман хал кардани муаммои махалгарой ин аз байн бурдани таксимкуни ба нохияхо. Яъне мавкеи шахру чамоатхо устувор карда мешавад ва хукумати нохия аз байн меравад. Баъд аз 10-15 сол номхои нохияхоро фаромуш мекунанд. Дар ин холат махалгароии минтакави мумкин аст монад (сугдй, хатлонй бадахшонй), лекин ба нохияхо чудо кардан халли худро меёбад.
    Яке аз дигар нафъхои ин дигаргуни кам шудани коргарони хукумати мебошад, ки хам ба бучаи давлат фоида дорад ва хам шумораи муфтхурон кам мешавад…
    Бояд дар бораи ин тадкикот бубарем.

  3. Дӯстони гиромӣ,

    Телевизиони форсии ВВС менависад, ки фардо дар барномае истиклоли Тоҷикистонро ба барраси мегирад. Агар дар мубохисоти ин телевизион ба таври мустаким ширкат кунед ва назаротатонро гуед, шояд ҳазорон нафар шуморо бубинанд ё шунаванд.

    http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/09/090908_rm_yurturn_tajindependence.shtml

    http://www.bbc.co.uk/persian/interactivity/

    Ҳаждаҳ сол пас аз истиқлол, чи шинохте аз Тоҷикистон доред?

    Рӯзи чаҳоршанбе, нуҳуми сентябр, баробар аст бо ҳаждаҳумин солрӯзи истиқлоли кишвари Тоҷикистон аз Шӯравии собиқ. Ин кишвар ба муддати беш аз ҳафтод сол бахше аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд ва як сол пас аз расидан ба истиқлол, ҷангҳои дохилии он оғоз шуд.

    Ҷангҳои дохилии Тоҷикистон панҷ сол идома ёфт ва беш аз панҷоҳ ҳазор кушта ва ҳазорон овора бар ҷой гузошт. Саранҷом дар соли 1997 мелодӣ, бо таавофуқи сулҳи миёни гурӯҳҳои миллигаро ва исломгаро аз як сӯ ва гурӯҳҳои комунисти тарафдори Русия аз сӯйи дигар, гурӯҳҳои Тоҷикистон ба оромиш даст ёфт.

    Кишвари Тоҷикистон дар Осиёи Миёна воқеъ шуда ва аксарияти мардуми он ба забони форсӣ (бо лаҳҷаи тоҷикӣ) сухан мегӯянд.

    Барномаи «Навбати шумо» дар рӯзи чаҳоршанбе ба солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон ихтисос дорад.

    Акнун ва ҳаждаҳ сол пас аз истиқлол, шумо чи шинохте аз Ҷумҳурии Тоҷикистон доред? Равобити кишарҳои ҳамсояро бо Тоҷикистон чи гуна арзёбӣ мекунед?

    Ба назари шумо истиқлол чи нақше дар наздикии Тоҷикистон ба унвони як кишвари форсизабон, бо Эрон ва Афғонистон, ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги он доштааст? Фикр мекунед давлатҳои ин се кишвар бояд чи иқдомоте барои наздикии бештари се миллати форсизабон анҷом диҳанд?

    Агар аз Тоҷикистон ҳастед, фикр мекунед истиқлол чи тағйире дар зиндагии шумо эҷод кардааст?

    Шумо метавонед бо қарор додани шумораи тамоси худ дар бахши назароти вебсойт, ирсоли имейл ба нишонии shoma@bbc.co.uk ва bbc_dushanbe@yahoo.com ё тамос бо шумораи 004422077652048 ва 00442077650505 дар барномаи «Навбати шумо» ширкат кунед.

    Агар мехоҳед ба сурати тасвирӣ ё вебкам дар барнома ширкат кунед, лутфан ба мо имейл бизанед то шуморо роҳнамоӣ кунем. Ҳамчунин метавонед ба василаи мубойл ё вебкам назароти худро ба сурати тасвирӣ забт ва барои мо ирсол кунед, то дар тӯли барнома пахш шавад.

  4. салщом дусти азиз.тазакур аз матни чолиби тон. ман онкадар ба забони сирилик ошноии надорам. агар ештебоии сар мезанад, бебахшедам.

  5. Дуруд бар ҳамандешон!
    Донишманди маъруфи рус Лев Гумилёв дар паи пажӯҳиши мардуми туркизабон бар ин натиҷа расида буд ки ҳар миллате дар ҷаҳон камобеш 1300 сол зиндагӣ мекунад ва дар поёни ин муддат ё нобуд мегардад ва ё дар миллати навтаре омехта мешавад. Ҳамакнун мову шумо 1296-сола ҳастем (2009 – 713 (соли исломпазирии мардуми Бухоро) = 1296). Агар ҳамчунине ки ҳастем парешону пароканда монем, 4 сол пас ё несту нобуд хоҳем шуд ва ё узбак хоҳем гашт. Аз ин ду пешомад кадомашро бештар хуш доред?
    Назари донишмандони тоҷик дар бораи гузаштаву имрӯзу фардои моро метавонед инҷо пайдо кунед: Рустам Шукуров, Шариф Шукуров. Центральная Азия (опыт истории духа): http://bukharapiter.ru/istoriya/tsentr-aziya.html.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: