Вазорати тандурустй ба «табобат» ниёз дорад?

Озодагон» №33 20.08.09.

Агар ба миқдори реклама дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон сахт таваҷҷӯҳ намоем, зуд аён мегардад, ки кадоме аз соҳаҳо дар кишвар ба бӯҳрон мувоҷеҳ шудааст. Бубинед, дар ҳоле, ки корхонаҳои истеҳсолии мамлакат бо сабаб ё баҳонаи таъсири бӯҳрон ба онҳо аз таблиғи худ даст мекашанд, ду бахш – мусиқӣ ва доруворӣ, ҳеч гоҳ аз наворҳои таблиғотӣ дур намемонанд. Яъне агар аз ҳама зиёд эълони консерти сарояндагони ҷавону миёнаумр, шинохтаву ношинос реклом шавад, дар баробараш ҳатман маҳсулоти наву кӯҳнаи доруворӣ низ «мо ҳастем!» мегӯянд.

Саволи мантиқӣ ин аст, ки агар мардуми тоҷик ин қадар беғаму бедард асту ҳеч аз толорҳои консертӣ қафо монданӣ нест, чаро барояшон миқдори зиёди дорувориро «пешниҳод» мекунанд? Ин суолро «Озодагон» дар иртибот ба 18 -уми август – зодрӯзи Сино, ки он ҳамчун рӯзи тиб таҷлил мешавад, пайгирӣ намуд…

«СИЁСАТИ НОМУАЙЯНУ НОДУРУСТ»

Бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон мушкилоти зиёде дорад. Аз як ҷониб гуфта мешавад, ки аксарияти ин мушкилот аз норасоии маблағ сар мезанад. Аммо аз сӯи дигар тибқи таҳлили коршиносон маҳз дар ин бахш маблағҳои зиёди ҳам ҳукумат ва ҳам мардуми оддӣ масраф мешавад.

Ҳукумат то соли гузашта мегуфт «буҷаи Тоҷикистон аслан иҷтимоист» ва қисмати бештари маблағҳои буҷа ба ин бахш сарф мегардад, аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ. Аммо назарпурсиҳо ошкор мекунанд, ки тақрибан ҳеч кас дар беморхонаҳои кишвар ба таври ройгон табобат намегирад.

Ин мушкил аслан ҷанбаи ҳукуқӣ дорад. Зеро то баргузории раъйпурсӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 табобат дар кишвар ройгон эълон шуда буд. Вале баъди ин раъйпурсӣ низ мардум намедонанд, ки табобати онҳо бояд пулакӣ сурат гирад, ё бепул. Ҳамчуноне то оғози ин ислоҳот низ ҳолат номуайян буд.

Гап сари ин меравад, ки як муддат ҳукумат тасмим гирифт, ки табобатро дар Тоҷикистон пулакӣ намояд, вале он қадар хараҷу мараҷ ва нофаҳмиҳое ин ҳолат дар пай гузошт, ки ахиран президент Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳо дар Қурғонтеппа фармон дод: табобати пулакӣ муваққатан боздошта шавад!

Гуфтан бисёр душвор аст, ки фармони мазкур ҳолатро дигаргун кард. Шояд ба хотири касе пас аз ин гуфтаҳо ахбори зиёди Агентии мубориза бо коррупсия биёяд, ки дар байни боздоштагонаш шумораи табибони ба қавли онҳо ришвахор кам нест. Пас чаро вазъ тағйир (намеёбад)

Посухи ин суолро коршиносон аз як ҷониб ба самти кам будани маоши духтурон равона кунанд, аз сӯи дигар мегӯянд аз сиёсати номуайяну нодурусти масъулини соҳа ва мақомоти марбутаи ҳукумат бармеояд. Чаро?

«ДУ ВАЗОРАТ, АММО НАТИҶА?»

Дар Русия бахши танзимкунанда ва идории соҳаи тиб вазорати тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ном дорад. Ин маънои онро дорад, ки вазорат ва раҳбари он Татяна Голткова дар ин кишвар на танхо ба саломатии мардум, балки ҳамчунин ба омилу сабабҳое низ масъул аст, ки ба сиҳатии онҳо таъсир мерасонад.

Таҳлилгарон мегӯянд, мутаассифона дар Тоҷикистон ба назар чунин менамояд, ки гӯё вазорати тандурустӣ танҳо ба одамони бемор сарукор мегирад.

– Вагарна оё боре дидаед, ки масъулини ин вазорат бо барнома ва пешниҳодоте баромад намуда бошанд, ки дар бораи пешгирии бемориҳо сухан меравад? Ман шахсан чунин барномаҳоро вонахӯрдаам, – мегӯяд таҳлилгари Маркази таҳлилии «Диалог» Ҳикматулло Сайфуллозода.

Ба назари ин таҳлилгар мушкили аслии соҳаро бояд дар ҷои дигар ҷустуҷӯ намуд. У мегӯяд на танҳо дар соҳаи тиб, балки умуман дар бахши илм Тоҷикистон то имрӯз таҷдиди назар накардааст, яъне масъалаҳоро ба таври фундаменталӣ баррасй намекунанд.

– Ман, масалан ба ақидаҳое мисли ин ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар собиқ шӯравӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт, бисёр эҳтиёткорона муносибат мекунам. Зеро мо камтар мебинем, ки хатмкардагони ин донишгоҳ натиҷаҳои, бисёр муваффақ дошта бошанд. Аз ҳамин лиҳоз фикр дорам, муш килоти ин соҳа ва бахшҳои дигари илм дар кишвари мо ҷанбаи системаӣ доранд.

Ба чунин ақида ҳуқуқшиноси шинохта, раиси Ҳизби сосиал -демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров низ мувофиқ аст. Ба гуфтаи ӯ 40% масоили марбут ба тиб хислати пешгирикунанда (профилактикӣ) доранд:

– Аз ҳамин хотир, чун як самти фаъолияти ҳизби мо масоили иҷтимоист, соли 2004 бо пешниҳоде баромад намудем, ки вазорато тандурустӣ бо вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ якҷоя карда шавад. Бале, меҳнат ҳам бояд як ҷузъи вазорати тандурустӣ бошад!

Мутаассифона дар мо сиёсати иҷтимоиро бисёр сатҳӣ мефаҳманд. Дуруст аст, ки мутахассисони огоҳи бахши иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хеле каманд, агарнест нагӯем. Шояд тарси ҳукумат аз он аст, ки барои таъсиси вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ чунин кадрҳо, ки тавони баррасии сиёсати иҷтимоиро доранд, намеёбанд. Вале ин роҳи ҳалли масъала низ нест. Мушкил дар дигар ҷост- ҳукумат стратегияи мушаххаси сиёсати иҷтимоӣ надорад!

Бубинед, мегӯяд Зойиров, гуфта мешавад, ки сабаби рушд наёфтани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон норасоии маблағ аст. Ҳол он ки ман ба чунин фикр розй намешавам. Аммо болотар аз ин, вақте сиёсати идорӣ суст, ҳатто гуфтан мумкин вуҷуд надорад, миллиардҳо доллар маблағ низ мушкилотро хал карда наметавонанд.

Раиси ҲСДТ ҳамчунин мегӯяд чунин номуназзамй боис ба он гаштааст, ки ду вазорат – ҳам тандурустӣ ва низ меҳнату ҳифзи иҷтимоӣ гӯё як рисолатро анҷом медиҳанд, вале натиҷаи амалашон маълум нест. Масалан, мегӯяд ӯ, иҷроиши қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба ҳарду вазорат равона шудааст, аммо мо ҳолатеро дар хотир надорем, ки кадоме аз ин вазоратҳо барои пешгирии ин ё он ҳолати иҷтимоии мардум, ки боиси бемориҳои гуногун мегарданд, пешниҳодоте ироа карда бошанд.

Коршиносон мегӯянд мушкилоти зиёди соҳаи тандурустиро танҳо тариқи ислоҳоти ҷиддии сохторӣ метавон кам кард

Бархе аз коршиносон ҳамчунин дар бораи мушкилоти соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, фасодзадагиро аз ҷумлаи омилҳои аслӣ медонанд. Дарвоқеъ, баъзе аз сару садоҳо дар ин замина пас аз барканории ягона вазирзани ҳукумат хонум Абдураҳмонова сурат гирифта буд. Вале мақомот дар ин бора хомуширо афзалтар донистанд.

Шояд баъзе назарҳоро дар ин бора ки «боздошти вазирони фасодзада ба амнияти кишвар халал ворид мекунад», ҷиддӣ гирифта шуд? Ё шояд чунин ҳолат ҷой надошт?

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: