Чаро дар Бадахшон худкушй меафзояд?

Ҷонибеки ҚОЗИБЕК «Озодагон» №30 30.07.09.

Коршиносон бекорй ва бенавоиро сабаби худкушии шаҳрвандон мешуморанд.

Худкушй аз нигоҳи мардум як падидаи номатлуб арзёбӣ шуда, он аз диди илмҳои равоншиносӣ, ҷомеъашиносӣ ва ҳуқуқшиноси ба таври гуногун арзёбӣ мегардад. Аз назари равоншиносон худкушй танҳо хоси замони ҳозир набуда, он аз давраҳои хеле қадим то ҳоло вуҷуд доштааст ва боиси нигаронии коршиносони ин соҳа аст.

Агар дар давоми садсолаҳои охир амали худкушӣ танҳо аз байни афроди миёнасол бисёртар ба назар расида бошад, дар охири солҳои асри гузашта ва нӯҳ соли асри нав қариб 50 фоизи худкушӣ аз тарафи ҷавонон ба вукӯъ омадааст. Коршиносон мегӯянд, ки баъд аз ҳалокати саддамавӣ дар нақлиёт фавти одамон ба воситаи худкушӣ дар ҷойи дуюм мебошад.

Аз назари ҳуқуқшиносон амали худкушӣ ҷиноятест, ки дар он қотилу мақтул (қатлшуда) як нафар мебошанд. Дар Кодекси ҷиноий кишвари мо дар бораи ба худкушӣ расидани шаҳрвандони мамлакат моддаи 109-и Кодекси ҷиноии ҶТ нигаронида шудааст.

Аз назари қонуни илоҳи ва дини мубини Ислом худкушӣ яке аз бузургтарин гуноҳони кабира буда ҳар касе, ки ба Худои якто имон дошта бошад, набояд, ки ба ҳаёт ва руҳи худ, ки амонати Худовандӣ мебошанд, хиёнат намод.

Мутаассифона, то 28-уми июни соли равон дар ҳудуди вилоят 15 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 фоиззиёдтар аст. Дар соли 2008 -ум дар ҳудуди ВМКБ 7-то ҳодисаи худкушй ба қайд гирифта шудааст,- гуфт дар сӯҳбат ба мо Далер Музофиршоев, – сардори шӯъбаи тафтишотии прокуратураи ВМКБ. Ҳодисаи даст ба худкушӣ задан то ба ҳолати 28-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ 1, дар ноҳияи Роштқалъа 7, Рӯшон 1, Шуғнон 3 нафарро ташкил медиҳад. (Мувофиқи маълумоти РКД-и ВМКБ то ба омода сохтани маводи мазкур то рӯзи 9-уми июли соли ҷорй 2 нафар шаҳрвандони ноҳияи Роштқалъа даст ба худкушӣ задааст (Муаллиф).

Далер Музофиршоев, сардори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ВМКБ,- гуфт, ки аз 15 ҳодисаи то ба рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ ба қайд гирифташдаи худкушӣ 11 ҳодисаи бо ресмон ба дор кашидани худ 1 ҳодисаи бо корд захмдор ва ҳалок кардани худ, 3 ҳодисаи бо роҳи худро дар об ғарқ намудан содир гаштааст.

Вай афзуд, ки тафтишот маълум мекунад, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задании шаҳрвандони мазкур 3 ҳодиса бо сабаби бемории рӯҳӣ. 2 ҳодиса бинобар, шароити вазнини моддӣ, 1 ҳодиса бинобар гирифтори ба майзадагӣ.4 ҳодиса ба сабабхои ҷанҷолхои оилавй, 5 ҳодиса ба сабабҳои номаълум гардидааст.

Оид ба ҳашт ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон аз тарафи Прокуратураи ВМКБ санҷиш гузаронида шуда. бо 15 мазод аз оғози кори ҷиноятй рад карда шуда, оид ба 3 мавод санҷиш идома дорад.

Сардори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ВМКБ Д. Музофиршоев мегуяд, ки яке аз сабабҳои номаълум мондани сабабҳои ҳодисаҳои даст ба худкушй задани шаҳрвандон ин ҳамкорӣ накардани наздикону пайвандони шахсони даст ба худкушизада бо кормандони прокуратура хангоми раванди санҷишот мебошад.

Дар аксарияти мавридҳо пайвандону наздикони ашхоси даст ба худкушй зада мегӯянд, ки “бо ягон кас рафтору муносибати бад надошт”, “карздорй надошт”, “сабаби даст ба худкушӣ заданашро намедонам”, “бо аҳли оила муносибати хуб дошт” , “аз ягон кас гумонбар нестем”. Яъне ҳолатҳои даст ба худкушй заданро пинҳон намуда, қариб дар ҳамаҳолатҳо хешу табори шахси даст ба худкушӣ зада барои кушодани ҷасад ва гузаронидани ташхиси судӣ- тиббӣ розигӣ надода, сабаби марги шахси даст ба худкушӣ зада муаӣян карда намешавад.

Дар натиҷа раванди санҷишот ба раҳгумӣ равона гардида, баъдан бинобар набудани ҳодисаи ҷиноят ваёдар кирдори ҳеч шахс аломатҳои таркиби ҷиноят вуҷуд надоштан аз огози кори ҷиноятӣ рад карда мешавад.

Далер Музофиршоев бекорӣ ва шароити вазнини иктисодиро яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон гуфта, сабаби даст ба худкушй задани ноболиғонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани таълиму тарбия дар оилаю мактаб медонад. Чунончӣ,-гуфт ӯ рӯзи 5-уми феврали соли 2009 тахминан соати 19-40 дақиқа ба ШКД-и ноҳияи Рӯшон хабари телефонӣ аз сардухтури табобатхонаи марказӣ расидааст, ки шаҳрванд Рамазонов Сорбон Назармамадович соли таваллудаш 1991, хонандаи синфи X1 – и мактаби №9-и ноҳияи Рӯшон бо ҷаро ҳати захми шикам ба беморхона дохил гардидааст.

Пас аз ҷарроҳӣ намудан Рамазонов С.Н. соати 99-10 дақиқа дар беморхона ҳалок гардидааст. Санҷиш оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Рӯшон, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Шарипов С. гузаронида шуда, дар вақти санҷиш муайян карда шудааст, ки Рамазонов С. Н. дар хонаи истиқоматиаш худро бо корд захмӣ кардааст. Баъди гузаронидани санҷиш оид ба ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рӯшон саннаи 28.02.2009 бо дастрасии моддаҳои 5 банди 2 ва 109 КМҶ-и ҶТ аз оғози кори ҷиноятй рад карда шудааст.

Аммо духтури равоншинос Имомбек Холдорбеков ҳолати расидани як шаҳрванд ба худкуширо замоне медонад, ки он шахс мубталои як бӯҳрони рӯҳӣ шуда бошад. Бӯҳрони рӯҳӣ ин таҳавулотест, ки шахс ба худкушй даст зада, наметавонад фикран роҳи ҳалли масъаларо ёбад. Омилҳои асосии даст ба худкущӣ задани шаҳрвандон ин норасоии равонӣ, бемориҳои эпилепсия, ҳисфиребӣ, масъалаҳои низоъҳои оилави, қарздорӣ, ноустувории иқтисодӣ, бекорй, таъмин набудани рӯзгор мебошанд.

Бояд аҳли ҷомеа барои ин кор тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар роҳи пешгирии худкушии шаҳрвандон мақомоти маҳаллӣ, табибон, органҳои ҳифзиҳуқуқ, ходимони дин, ВАО метавонанд, ҳиссаи худро гузоранд.

Духтур Имомбек Холдорбеков афзуд, ки мутаассифона, мо дар вилоят аз надоштани духтуроии равоншинос бисёр андешаманд ҳастем, зеро имрӯз дар вилоят танҳо як нафар кадри дорои маълумоти олии тиббии равоншиносӣ мондаасту халос. Дар вилоят маслиҳатгоҳи ( консултатсия)-и равоншиносӣ, ки дорои телефони боварй бошад, вуҷуд надорад, то ин ки бо онҳое, ки ба марҳилаи бӯҳрони рӯҳӣ гирифтор мешаванд, дар зери назорати духтурони равоншинос бошанд, то андаке ҳам бошад, аз даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол Садорбек Азорабеков, намояндаи ваколатдори дини Вазорати фарҳанги ҶТ дар ВМКБ мегӯяд, ки бояд ходимонидиндар роҳи ҷилавгирӣ аз ба худкушй даст задани шаҳрвандон саҳми бештаре дошта бошанд. У мегӯяд, ки “Дини мубини Ислом таъкид бар он мекунад, ки ҳар шахси боимон ба муқаддас будани хаёт эҳтироми махсус дошта бошад, худкушӣ ин роҳи халосӣ аз зиндагии дунёи набуда, бояд андешаи фардои қиёмат нисбати зарар ба ҷисму ҷони худ намуданро ҳар ходими дин дар байни ҷамоатҳо фаҳмонда тавонад.

Сардорбек Азорабеков мегӯяд, ки фарҳанги миллии мо арзишҳои ахлоқии исломиро манбаи асосии пешрафти халқи тоҷик гардонидааст, дар давоми ҳазорсолаҳо мардумро аз яъсу ноумедиҳо ба сӯи ҳаёти дурахшон ва боварибахш ҳидоят намудааст. Ӯ афзуд, ки бузургони дини мубини Ислом худкуширо барои ҳар фарди мусулмон манъ кардаанд. Аз он ҷумла, Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисе мефармояд: “Ҳеч яке аз шумо талаби марг накунед, ҳеч гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро ҳар гоҳ ҷаҳони фаноро (маҷбуран) падруд гӯед, умед ба таманнои подош нобуд мегардад.

Дар ҳамин ҳол Давлатназар Мерганов,- як сокини ноҳияи Рӯшон даст ба худкушӣ задани баъзе афродро аз яъсу ноумедӣ ва ё аз тарсу ҳарос, ё мубталои маӣзадагӣ будан ва ё бад будани вазъи иқтисодии онҳо медонад. Давлатназар Мерганов мегӯяд, ки ӯ се воқеаи даст ба худкушӣ задани ашхоси алоҳидаро медонад, ки ду нафари онҳо,- хушбахтона наҷот ёфта, ба худкушӣ нарасиданд. Ӯ афзуд, ки ҳодисаи аввал аз тарафи як мактаббачае буд, ки муҳассили яке аз мактабҳои шахри Хоруғ худро аз болои купрӯк ба дарё партофт, хушбахтона, наҷот ёфт.

Ҳодисаи дуюм марди мастеро дида будам, ки занашро тарсонда,- мехост, ки худро ба дарё андозад. Хушбахтона атрофиён ӯро ором карда ба хонааш бурда буданд. Аммо, мегӯяд Давлатназар Мерганов, ба фикрам, худкушии марде, кидар бозори шаҳри Хоруғ ба сифати аробакаш кор мекард ва худ сокини водии Бартанг буд, аз зиндагонӣ ноумед шуда будаст, аз сабаби вазъи иқтисоди бошад, зеро маълум буд, ки шахс дур аз хонавода бошад ва моҳҳо натавонад ба онҳо кӯмаке кунад, даст ба чунин корҳои нангине ба мисли худкушӣ мезанад, ки ба фикри ман ин кори хуб нест.

Давлатназар Мерганов мегӯяд, ки ҳар шахси солим набояд, ки аз камбудиҳои рӯзгор, аз зиндагонӣ ноумед шавад, зеро чуноне, ки ниёгони мо гуфтаанд: “Поёни шаби сиёҳ сафед аст”, баъди ҳар мушкилӣ осонӣ хохад омад.

Халифаи маҳаллаи Тирчид Ашратшоҳ Акдодшоев мегӯяд, ки худкушӣ, ба назари ман, имрӯз 2 навъ буда, яке ба таври фаврӣ ба василаи ба об рафтан ё ба дор кашидан ва дигаре ба истеъмоли маводи мухаддир ё машруботи спиртй сурат мегирад. Яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задании баъзе шахсон дар сустии имони онҳо мебошад. Ӯ афзуд, ки ҳодисаҳое ҳастанд, ки як нафар шахси дорои бемории рӯҳӣ ба худкушӣ даст мезанад, вале ҳодисаи даст ба худкушӣ задани афроди солим бисёр нохушоянд буда, шахси даст ба худкушӣ зада дорои гуноҳи азим мегардад.

Халифа Ашратшоҳ Ақдодшоев мегӯяд, ки мувофиқи далели ояти 28-уми сураи Нисо Худоитаъоло дар Қуръони Маҷид мефармояд, ки “Худатонро накушед, ба дурустӣ, ки Худованд нисбат ба шумо меҳрубон аст” Бузургони мо мефармоянд, ки худкушӣ роҳи ҳалли масъалаҳои зиндагӣ нест, марг ба ҳар сурате зуҳур хоҳад кард. Зиндагй бо пастию баландиҳо буда, ба ҳар лаҳзаи он шукрона бояд намуд. Шумо бубинед, ки Худованди меҳрубон на танҳо розӣ намешавад, ки дигаре шуморо ба қатл бирасонад, балки бахуди шумо ҳам ризоят намедиҳад, ки хешро ба ҳалокат бирасонед.

Ҳазрати Алӣ мефармоянд, ки “Мӯъмин мумкин аст ба ҳар навъ марге бимирад, аммо худкушӣ намекунад. пас касе ки битавонад хуни худро ҳифз кунад ва бо ин вуҷуди худро аз қотили худ ҷилавгирӣ накунад то кушта шавад, қотили худ худ хоҳад буд”. Бинобар ин -гуфт дар охири сӯҳбат халифа Ашратшоҳ Акдодошоев -дини Ислом ҳодисаи худкуширо қатъиян махкум намудааст ва аз ҳамватанони худ мехоҳам, ки ҳар чӣ зудтар садди роҳи ин кор шаванд, то дар қонуну қавоиди Худованд собитқадам бошанд.

One Response

  1. Мутаасифона худкуши дар тамоми манотики кишвар ру ба афзоиш ниходааст – ва дар чунин шароити “сиеси-иктисоди-ичтимои” – е, ки хукумати Точикистон барои мардуми худ фарохам овардааст ман аз ин хабар дар хайрат нестам.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: