Дифоъ аз дифоънопазир

Як Дарвеш

Зафар Абдуллоев дар маколае, ки ба дифоъ аз Эмомъалии Рахмон дар «Факты и комментарии» чоп карда, дар мавориде аз хак нагузаштааст. Аз чумла дар огози матлаб у менависад, ки чи дар хорич ва чи дар дохили кишвар раисичумхур сарзаниш мешавад. Албатта, дар дохили кишвар ин сарзанишхо дар шакли пичпичаву гушонахост. Аммо дар хорич – бо садои хар чи баландтар ва дар Русия – бо ибороте хар чи ракиктар, ки намунаашро хамин чанд руз пеш дар Як Дарвеш баррасй кардем.

Абдуллоев инро хам изъон кардааст, ки баъзан ин интикодхо муваччах аст (по делу). Аммо таъйид мекунад, ки бештари ин накухишхо номунсифона аст, чун мунтакидон хисоби Рахмонро аз хамрохонаш чудо намекунанд. Навокиси матлаб хам аз хамин чо огоз мешавад.

Мутмаиннан, худи окои Абдуллоев хам медонанд, ки Точикистон дар амал як кишвари худкома ва дорои кудрати мутамаркиз аст. Дар як чунин кишваре масъули тамоми умур рахбар аст. Ва танхо нукоти мусбат нест, ки бояд дар корномаи у навишта шавад, балки тамоми нукоти заъфу мавориди манфии давлатдорй хам баромада аз тавоноихои махдуди хамон як нафар аст, ки давлатро кабза кардааст. Пас агар Рахмон намехохад ба хотири катъ шудани барки хонаи касе ё тахриби дороии каси дигаре душноми хафттабака нисораш шавад, бояд ин худкомагй ва тамаркузи госибонаро бишканад ва ба чомеъа фазои бозтаре барои худгардонй дихад. Он гох нишонии душномхо хам тагйир хохад кард.

Абдуллоев муътакид аст, ки «Рахмон раисичумхури хуб аст. У аз миёни мардум аст ва мушкилоти мардумро мефахмад.»

Кадом рахбареро сурог доред, ки аз миёни мардум набошад? Ин таъбир ба андозае обшуста аст, ки дигар маънояшро аз даст додааст. Агар манзур ин аст, ки Рахмон бархоста аз миёни кишри нодори чомеъа аст, галати махз аст. Эмомъалии Рахмон набуд, ки троктур меронд. Он бародараш буд, ки у хам дигар троктур намеронад ва ба васоили наклияи ба маротиб маргубтар даст ёфтааст. Эмомъалии Рахмон дар зумраи нухбагон (элита)-и махаллии кумунист буд ва пеш аз ин хам дастикам як кулхузро рахбарй мекард. Кохиши сатхи фарханги мардум ба рахбари як кулхуз ин мачолро медихад, ки кишварро низ ба унвони як кулхуз идора кунад. Магар он чи шохидаш хастем, ба чуз аз ин аст?

Абдуллоев бо шавк ишора мекунад, ки Рахмон ба хангоми сафар ба манотик бо бознишастагону кишоварзон сухбат мекунад, чун «у хам як баччаи кишлокист, ба мисли бахши аъзами точикхо ва ин мояи ифтихор аст» («он – кишлачный парень, как большая часть таджиков, и это- предмет гордости.»)

Пеш аз хама сухбати мустаким бо мардуми кишвар аз вазифахои як рахбар аст ва набояд ба хотири он бар сари мардум миннат гузошт. Аз рохи хамин гуфтугухо буд, ки шохони бостонии мо, мастур дар пушиши дарвеш, аз вокеъиятхои кишвару чомеъаи худ огох мешуданд. Аммо чунин чизеро дар бораи гуфтугухои Рахмон бо мардум наметавон гуфт. Боди габгабу садои омиронаи рахбар ва девори баланду махуфи амниятии перомуни у ба хеч бознишаству дехконе чуръати онро намедихад, ки бо рахбари кишвараш самимона дарди дил кунад. Ин дидорхо магар чизе ба чуз санову дуруду суруд бар рахбарро дар бар доранд?

Дигар ин ки намефахмам чаро «кишлокй будан» бояд мояи ифтихори миллате бошад, ки яке аз фарзандонаш (Мавлавй) гуфта буд:

Дех марав, дех мардро ахмак кунад,

Фикрро торику беравнак кунад.

Дуруст аст, ки бисёре дар рустохо ба дунё омадаанд, аммо бисёре хам талош кардаанд аз чордевории рустохои худ фаротар бираванд ва чахонро дарёбанд ва бар вусъати дидашон биафзоянд. Ва онхое, ки ин талошро кардаанд, хамвора дар зумраи одамони бомантику мудаббир будаанд. Ононе, ки хамеша «кишлокй» бокй мондаанд, хамвора чахонро аз равзанаи кулбаи кишлокии худ дидаанд ва мафхумхои чахонй ба зехнашон рох наёфтааст. Дар натича рахбарии афроди кишлокй метавонад як кишварро табдил ба як кишлок кунад. Оё ин бояд боъиси ифтихори касе бошад?

Ва ин пиндошт, ки як одами факиру кишлокй метавонад рахбари хубе барои як кишвар бошад, тасаввуре кумунистист ва демуде шудааст. Мусалламан, як фарди нодори рустойи метавонад ба хадде рушд кунад, ки рахбариро ба даст бигирад ва рахбари комгоре хам бошад. Аммо чаро бояд нодор ва рустойи будани уро милок (критерия) карор бидихем? Кишвар ба рахбаре ниёз дорад, ки бидонад пул чист, ташнаи пулу доройи набошад, то байт-ул-молро горат накунад ва пулро танхо барои мардуми он кишвар хазина кунад. Кишвар рахбари чашмудилсер мехохад, то дороихои миллатро ба ягмо набарад ва миёни хешовандонаш таксим накунад. Шоистасолорй боиста аст, на кишлокисолорй ё бечорасолорй.

Абдуллоев дар дунболаи дифоъияи худ аз Рахмон мегуяд, ки раисичумхур таи чандин соли мутамодй зери фишори шадид ва тахти шароити бухронии низомй-сиёсй ва иктисодй кор мекунад. Ман муътакидам, ки ин мавридро хам набояд бар рухи мардуми бечора кашид, ки зери юги ин давлат солхост бештар аз Рахмон ранч мекашанд. Агар фишор бар Рахмон гаронй мекард, набояд барои севумин бор дар макоми раёсати чумхурй мемонд. Ба ростй, рахбарии дарозмуддат барои хар касе касолатбор ва хастакунанда мешавад ва аз короии он фард мекохад. Аз ин чост, ки дар кишвархои пешрафта 8 соли паёпай хадди аксари рахбарии як фард аст. 17 сол рахбарй хар касеро ба кунда табдил мекунад. Магар мачбур аст ба худаш ва мухимтар аз он, ба мардум ва сарнавишти кишвар ин ситамро раво бибинад?

Абдуллоев меафзояд, ки хеч рахбаре дар чахон наметавонист ин шароитро тоб оварад ва хатман муртакиби иштибоххои чиддй мешуд. Дар холе ки ба назари бисёре, хеч миллате наметавонист як чунин давлатеро тахаммул кунад. Ин чумларо дигар авчи тамаллуки як дастандаркори матбуъот дар пешгохи рахбари давлат медонам, ки ба хеч руй барозандаи окои Абдуллоев нест. Оё метавон фишореро, ки рахбарони кудратхои азими чахон доранд, бо хачми кори Рахмон мукоиса кард? Хафт милюн кучову як милёрд кучо? Оё иштибоххои онхоро метавон канори хам карор дод? Оё ин Чин буд, ки табли расвоиашро Сандуки Байнулмилалии Пул навохт ё Точикистон? Чи касе ба дуздию дуруггуйи муттахам шуд? Оё яке аз гаронтарин мухокимахои казойи дар торихи Бритониё мутаъаллик ба Омрико буд ё Точикистон? Оё шахсиятхои сиёсию низомии Бритониё бештар худкушй ё сакта ё тасодуф мекунанд ё Точикистон? Бехтар аст то тахи казия кандуков накунем, ки буи бадтаре дар фазо хохад печид.

Абдуллоев мегуяд, ки Рахмон харгиз дар шароити гайрибухронй кор накардааст, то мудирияти дурусту хисобие ба намоиш гузорад. Шароит худ ба худ одй намешавад. Шароити бухрониро танхо бо талошу пушткору чораёбию захмати фаровон метавон гайрибухронй кард. Пас мудирияти дурусту хисобй бояд дошта бошед, ки шароит ба холати одй баргардад, на воруна. Ва аммо барои арусе, ки раксидан балад нест, кафи замин хамеша кач аст.

Матлаби Абдуллоев бо чанд чумлаи кишлокй ба поён мерасад. Вай мегуяд, борхо Рахмонро дидааст, ки шомгохон бо чехрае хаста ба хонааш баргаштааст. Гуё мехохад бо додани ин тасвир дар дили хонанда хисси тараххум ба раисичумхурро бедор кунад.

Чанд руз пеш барномаеро мешунидам дар бораи ин ки дар чи шароите метавон раисичумхури Омрикоро аз хоб бедор кард. Чанд шароитро баршумурданд. Аз чумла агар музокироти мухимме дар он суи обхо чараён дошта бошад ва хатто агар соъат ба вакти Вошингтун 3 ё 4 бомдод бошад ва хатари нофарчом мондани гуфтушунуд матрах бошад, масъули музокирот беибо ба Убомо занг мезанад ва уро аз хобаш бедор мекунад ва аз у машварат мехохад. Яке аз макомоти Омрико дар ин барнома изхори шигифтй мекард, ки хар мавкеъ дерхангом ба Убомо занг зада, уро бедор ёфтааст ва намедонад, ки оё раисичумхур аслан мехобад ё на.

Чолибтар мебуд агар Абдуллоев як чунин намунае аз пуркории рахбарро меовард. Аммо, албатта, вусъати физикй ва жеупулитикии кишвари мо ба хадде нест, ки дервакти шаб рахбари он аз он суи дунё занги телефуни мухимме дарёфт кунад. Пас боз хам собит мешавад, ки мизони фишор бар раиси мо камтар аст.

Ва саранчом, Абдуллоев мехохад хонандаашро мутакоъид кунад, ки Рахмон пулу сармояеро, ки аз хоричиён мехохад, барои худашу хонаводаву наздиконаш на, балки барои Точикистон металабад. Ин иддаъоро хам бояд собит кард. Баръакси он борхо тавассути ниходхо ва нозирони байнулмилалй собит шудааст. Ва аслан, хар миллате, агар заррае номус дошта бошад, пас аз 17 сол гадойи бояд ин пурсишро бо садои баланд матрах кунад: Гадойи то ба кай? Аз замони поёни расмии чанг 12 соли тамом гузашт ва чангро дигар наметавон бахона овард. Агар давлати коромаде руи кор буд, Точикистонро бо хамин имконоте, ки дорад, ба кишвари комгоре табдил мекард, ба гунае, ки дигарон ба он руи ниёз оваранд.

Натичаи 1: Пас бо вучуди таъкидхои фаровони Зафар Абдуллоев, боз хам бовари мо нашуд, ки раисичумхур масъули иштибоххо ва кутохихои давлат нест ва танхо масъули «бурдхову комгорихо»-и давлат аст.

Натичаи 2: Дар Точикистон мафхуми “журнолисм” хануз чо науфтодааст ва тасаввури шумори зиёде хамчунон бар он аст, ки аз рахбари давлат дар баробари мардум бояд дифоъ кард ва мардумро ба хотири “носипосй”-ашон дар киболи “хадамот”-и раис бояд сарзаниш кард, он “хадамот”-ро бояд бар рухи мардум кашид ва бар сарашон то хадди имкон миннат гузошт, то дигар ёрои баланд кардани сарашонро надошта бошанд. Дарег бар чунин рузноманигорию рузноманигоре.

3 Responses

  1. Ба назари банда, Дарвеш маънои аслии маколаи Зафар Абдуллоевро нафахмидааст. Зафар хеле зирак аст ва медонад, ки чй менависад. Максади у айни хамин буд, ки дар зехни одамони фахмида хамин фикрхоро ба чунбиш оварад ва Дарвеши азиз нишон дод, ки паём ба чояш расидааст.

    Навиштаи Зафарро бояд роста хонду чаппа фахмид, хама чиз ба чояш меафтад.

  2. Э намемонед, ки хамин братухаи мо як камтарак жит кунад дар бари президент!!! Чи ин кадар бахилй мекунед? Точик хунараш факат хамин бахилию сиёхкунй!

  3. Ин Зафар худуш ки аст? як беакл рости гап гуфти худаш як КИШ -аст. О наход миллати бо таърихи бузург аз кишлоки будани раиси чумхури худ ифтихор кунад? Ифтихор аз корхои ба мардуми худ кардагиаш мекунанд на аз киш буданаш.
    Хайр чи кор кунем точики мо на факат кунков аст балки кунлес хам бисер дорад ба монанди Зафар Абдуллоев

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: