Аз Мирзо кй норизо?

Чанде қабл собиқ фармондеҳи ИНОТ, экс-вазири ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, генерал-лейтенант Мирзо Зиёев дар ноҳияи Тавилдара асроромез кушта гардид. Васоити ахбори умум бо такя ба манобеи қудратӣ бидуни таҳқиқу таҳлил хулоса карданд: “Мирзо Зиёев аз тири собиқ ҳамроҳонаш кушта шуд”. Тамом, вассалом! Тавре рӯзноманигорон атрофи қазияи худкушии собиқ вазири корҳои дохила Муҳаммадназар Солеҳов нигошта буданд, (такя ба гӯмагӯҳо), дар марги муаммоомези Мирзо Зиёев низ ҳар кӣ ҳар чи гуфт, онро рӯи чоп оварданд.

Соле қабл миёни мардум овозае паҳн шудабуд, ки дар рӯзҳои наздик Мирзо Зиёев аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ боздошт хоҳад гашт. Дар ин росто мардум пайваста мегуфтанду аммо расонае ҷуръате намекард, ки атрофи ин гӯмагӯҳо матлабе ба нашр расонад. Воқеан ҳам рӯзноманигоронамонро одат шуда, ки аз дунболи ҳар гуна овозаву сару садобаландкуниҳо медаванду ҳар гуна хабару маълумотро бидуни таҳқиқу санҷиш пешкаши хонандагон карда, хонандаро дар шигифт меандозанд. Аз дигар ҷониб таҳлилу андешаронии теъдоде аз муаллифон нишонгари он аст, ки эшон масъаларо яктарафа баҳогузорӣ мекунанд, тавре сулҳро ҳам ба як ҷониб марбут медонанд. Ва дигар ин ки ҳини дар қайди ҳаёт ва дар озодй будани сиёсатмадору фармондеҳе муаллифони ғаразҷӯ дилу гурдае надоштанд, ки атрофи номи онҳо матлабе ба нашр расонанд. Ҳини дар мансаби фармондеҳӣ будани Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимову Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар рӯзномаҳо пайваста мадҳу ситоиши онҳо буд, ҳатто аз эшон барои идомаи фаъолияти рӯзномаашон пул дархост менамуданд. Чун онҳо кунҷи маҳбасафтоданд, муаллифон шердил шуданду ҳар чи хостанд, атрофи номашон гуфтанд. Ва имрӯз атрофи номи Мирзо Зиёев низ ҳар чи ба забон омад, мегӯянд: яке ӯро бо мафияи тоҷирони маводи мухаддир тавъам медонад, дигаре дар қатли бераҳмонаи асирон айбдораш мекунад, саввумӣ бо бисёрзанию мансабталошӣ мехоҳад сияҳномаш намояд. Аммо чаро чунин баҳогузориро ҳини дар қайди ҳаёт буданаш намегуфтанд. Метарсиданд? Не, моро чунин одат аст, ба қадри инсон танҳо вақти аз дунё рафтанаш мерасем, инсонро танҳо баъди фавташ сангу чӯб мезанем…

Аз чунин тарзи таҳлилу навиштаҳои олуда бо ғараз, хонанда дар нимароҳ мемонад. Ва чу нин хулосарониро наметавон аъмоли ҷавонмардона маънидод кард. Дигар ин, ки табли шодӣ задан дар марги шахсияте, камоли номардист. Чизи дигар он аст, ки довари ҳақгӯ – ВАҚТ оянда ҳама чиро муайяну рӯшан хоҳад кард, ки кӣ кӣ хаст?

Дар матлабе хондам, ки “Мирзо Зиёев нисбат ба асирон раҳму шафқате надошт, онҳоро якояк мекушт, онҳоеро ба асорат гирифта буд, ки таҷрибаи ҷангй надоштанд” ва ғайраву ҳоказо. Аз он дар шигифтам, ки ин теъдоди кӯрбин чаро он замон ин суханҳо намегуфтанд?! Он асирони собиқ, ки имрӯз дар вазорату ташкилоту муассисоти гуногун адои вазифа мекунанд, худ шоҳиданд, ки Мирзо Зиёев бо онҳо чӣ муносибате дошт. Ба хотири таъмини амнияти онҳо Зиёев аз тамоми имконоту тадобир истифода бурда буд. Манзили буду боши асирон хонаҳои истиқоматии мардуми Вахё буд, ки асирон ҳар сари вақт бо чою хӯроки гарм таъмин буданд, эҳсоси тарсу ларз дар вуҷуд надоштанд.

Ҳарзагӯиҳое, ки гӯё Мирзо Зиёев асиронро ба волидайнашон бо нархи гарон мефурӯхт, ба ҳақиқат ҳеҷ наздикие надорад. Баръакс, ба хотири сиҳату саломат ба дасти волидайн расонидани фарзандонашон, Мирзо аз тамоми роҳу усул истифода мебурд. Ба хотири эҷоди дасиса, он замон тайёраҳои ҷангӣ асиронро бомбаборон карда, чандин тани онҳоро ба ҳалокат мерасониданд ва баъдан эълом медоштанд, ки асиронрог мухолифин бо ваҳшитарин усулҳо ба қатл расонидаанд.

Имрӯз ҳар кӣ атрофи номи Мирзо Зиёев матлабе ба нашр расонад, дар мадди аввал аз тарҷумаи ҳоли ӯ ёдовар мешавад: “Тракторчй буд, киномеханик шуд ва баъдан…” Чӣ ҷои аҷобат аст дар интихоби касб? Аз модар касе генералу сарвазиру вакилу вазир ба дунё наомадааст-ку? Чизи дигар он аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ теъдодёро зинбапушт карду зумраи дигарро зинсавор, Дардовар аст вақто рӯзноманигорону таҳлилгарон, подабону тракторчиву барзгарро аз сафи мухолифин меҷӯянд. Аъмоли вазиру масъулеро як маротиб варақгардон намоед, он гаҳ хоҳед дид, ки кӣ кй аст? Аммо аз ин чизҳо мебояд дурӣ ҷуст, зеро чунин аъмол аъмоли ноҷавонмардис! Ҷавонмард он аст, ки пайи амалӣ гаштани сулҳу субот аз худ пешдастие нишон медиҳад, худро дар ин роҳ қурбон месозад. Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурй ва Президент Эмомалӣ Раҳмон бо заҳамоти зиёде тавонистанд сулҳро тақдими мардум намоянд. Аз ҳар ду ҷониб собиқ фармондеҳон, ба ҷуз чанд хиёнаткор дигар ҳама ба амри сарваронашон лаббайк гуфтанд. Мирзо Зиёев низ аз зумраи он ҷавонмардоне буд, ки худи ҳамон лаҳзае, ки дарк намуд, Устодхоҳони сулҳ аст, силоҳ ба замин гузошт, аз тобеъонаш даъват намуд, то дасти оштии рақибонашон гиранд. Ӯ ҳар замон тобеъонашро ҳушдор медод, то ба дасисаву иғво дода нашаванд, аз марзу буми Ватан ҳимоя намоянд. Чун Маҳмуди ғосиб ба Суғд ҳамлаи гургона карду хост авзоъи Тоҷикистонро ноором созад, аввалтар аз ҳама Мирзову ёронаш бар рағми ӯ бархостанд ва ӯро водор намуданд, то тарки кишвар намояд. Чаро аз чунин ҷавонмардии Зиёев маротибе ёдовар намешавем?

Хуб, дигар Мирзо Зиёев миёни мо нест ва аз дасти кӣ ва атрофиён чӣ гуна кушта шудани ӯ низ чизе нахоҳем гуфт, бигузор дар ин росто мақомоти дахлдор санҷишу тафтиш гузаронанд ва асли воқеаро рӯи об бароранд. Атрофи куштори Зиёев танҳо хаминро метавон гуфт, ки ӯро бадхоҳони миллат ноҷавонмардона куштанд, бо сад макру ҳиллаи навбатӣ…

Мирзо Зиёев аз марг наметарсид, ҳарфу сухан гуфтан бо мунофиқу ноҷавонмард ва душманӣ дар либоси дӯстро ба худ муносиб намедонист. Аз рӯзи аввал ӯро дар замир чунин рафтору гуфтор буд ва то ба охир дар амалкарди хеш содиқ монд.

Ҳине, ки солҳои навадум даргириҳои шадид дар манотиқи Тавилдара идома доштанд, Мирзо Зиёев тариқи мухобара Ризвонро пайваста ҳушдор медод, ки миллатро ба бадахшониву зарафшонӣ, кӯлобиву ғармӣ ҷудо насозад, зеро ҳама фарзанди як падару як модаранд.

Чун Созишномаи умумии сулҳ ба имзо расид, Мирзо Зиёев дар анбӯҳи зиёди тобеъонаш пайи сулҳро бо нидои “Аллоҳу Акбар”-гӯиҳо истиқбол гирифт. Аз тобеъонаш ҳар лаҳза даъват менамуд, то ба макру дасисаи душманони дохиливу беруна дода нашаванд, ҷиҳати амалӣ гаштани сулҳ аз нерӯ ва ҳастии худ истифода баранд.

Ду моҳ буд, ки аз Тавилдара хабар мерасид, ки дар ин диёр вазъ ноором аст ва гурӯҳҳое аз Афғонистон вориди кишвар гаштаву мехоҳанд вазъро муташанниҷ гардонанд. Ба хотири ором намудани вазъ ва дифоъ аз марзу буми хеш Мирзо Зиёев ихтиёран ба ин водӣ рафт ва то охирин нафас кӯшиш намуд, то тариқи музокирот пеши роҳи хунрезиро гирад. Аммо ҳасудону бадхоҳон ноҷавонмардона аз пушт тир бар тахтапушти ӯ заданд, ноҷавонмардона ба ҳалокаташ расониданд. Фарзанди ӯ дар мусоҳибаи телевизиониаш, ки шоҳиди фавти падар буд, гуфт: “Падарам шаҳид гашт, Худо раҳматаш кунад.”

Воқеан ҳам, Мирзо Зиёев дар роҳи сулҳу оштӣ ба шаҳодат расид ва инро набояд нодида гирифт ва набояд санг бар ҷасади афгору зери хоки сард хоби ӯ зад. Ба Худо чунин амал ноҷавонмардист!!!

Худо манзили охирати ӯро обод гардонад!

3 Responses

  1. Matlabhoye dar borai on ki asironro mekusht, az kujo khonded? dar internet hast?

  2. Dusti azizam, Rustamjon.
    Salomi be-poyon baroi in maqolai jawonmardonaat dar borai shahidi Millat Mirzo Ziyoev…
    Man ham ba baaze ruznomanigoron taajjub mekunam ki in abarmardi millatro irod megirand va on ham baadi shahodatash..Bale, u yak inson bud va har inson be kambudi nameshawad…
    Baroi misol, yak dustam asir dar dasti yoroni qumondon Mirzo Jaga bud.. Vai hamesha az Jaga tamjid mekunad va mega: Jaga bisyor odami zurai, moro az askarii hukumat karda xubtar nigoh medosht. Yagontai mo xavf nadoshtem va hatto chand nafare az mo (bo shumuli baaze rusu tatar) islom owardand bo hamrohii Jaga to okhir boqi mondand.
    Bale, Jaga in asironro bo tamomi ehtirom nigoh medosht va in yak xubish nabud.. Az in kor karda, yak chizi digar bisyor ahammiyati ziyod dar zindagii Jaga dorad.. On ham agar Jaga sulh-ro namexost, Xudo medonist ki waz’ chi xel meshud zero vai dahho hazor mujohide dosht ki faqat labi wairo nigoh mekardand ki chi amr mekunad.. Wale vai sulh mexost..Vai millatashro dust medosht.. Mexost millatashro sarbaland binad.
    Va digar kore ki kard inast ki Mahmudi ghosibro az watan dur kard… Va digarash in ki dar waqte ki waziri holathoi fawqul-odda bud, xelo xidmahtoi pur-arzish kardaast ki inshaALLAH hamashro torix sabt xohad kard.
    Xai, no-jawonmardon sinai poki vairo bo bisyor makru nomardi chok kardand, vale on nojawonmardon va shef-hoi onho ruzi xubro naxohand did. . Hej goh vijdonhoyashon (man injo imon nameguyam zero agar kamtarin imon medoshtand in korro namekardand) onhoro orom nameguzorand va ba hamin tawr bad-baxt xohand shud.
    Yak bori digar, akai Rustamjon, baroi in maqolaat, tashakkuri ziyod..Xudowand nigahbonat boshad.

  3. Bisyor maqolai oli janob. Yakum maqolae ki dar borai general Jaga gaphoi rost zada yagon kalima naboftand. Hai digar chi guem dar borai digar zhurnaliston ki hamchun sagi darbor dar Tojikiston kor mekunand chize ki shoh guft ho on rost boshad ho durugh hamon chizro ba mardum merasonand neki onho namedonand ki mardum to on daraja gov nashudast ki ba har durughi in nomardho bovar kunand. Hudo hohad hamai in korho dar oyanda rui olam mezanand va Hudo hohad zinda boshem mefahmem. Hudovand joi Mirzo Ziyoyevro janat kunad omin!!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: