Дар Эрон чй мегузарад?

IranДусте бо номи Мунаввар ба ман навишт, чаро торнигори «Андеша» чизе дар бораи руйдодхои Эрон наменависад?

Чавоби ман: замоне хохам навишт, ки хамаи мушкилоти Точикистон хал шуда бошад ва кори дигаре надошта бошам.

Сониян, чизе ки дар Эрон мегузарад, ба хама рушан аст: мафияи Рафсанчонй мехохад, мафияи Хоманаиро аз сари косаи чулупалав дур кунад. That’s it!

Ин хама иддаъои димукросй ва озодихои хусусй шиъоре беш нест. Агар Рафсанчонй димукросй мехост, вакте ки раисичумхур буд, мекард. Агар Мусавй димукросй мехост, вакте ки сарвазир буд, чизе барои он мекард. Ва гайра…

Фикр мекунед, агар Мусавй пируз мешуд, чй мекард? Хуб, хамон як Мусавинажод Ахмадй мешуд, факат шояд шиъорхои мочароомез камтар медод ва бо гарбихо дастфишорй мекард.

Баъдаш, агар каме фаротар рафтанй мешуд, мебоист барои исломгарохо, яъне хамнишинони собикаш дар чазираи Кеш як махбаси Гуантанамо боз мекард, зеро дигар илоч нест. Аквоми Шарк, тавре хануз Румй ва дертар Икбол кашф кардаанд, мардумони нокисе хастанд, ки зехни кунди онхо танхо ифроту тафритро мешиносад. Яъне ё сафед ё сиёх, ранги дигаре вучуд надорад.

Хоманай дарк кард, ки хамнаслонаш аз фасоду найранги у безор шудаанд ва мехоханд, фасоду найранг ба манфиати онхо низ самар дихад. Хоманай хатарро хисс кард ва барои химояти худ ба насли чавонтару нодонтар, ки фасоди уро намедонанд, такия кард. Ин кадар амик рафту мустахкам кор кард, ки хамнаслонаш илочи дигаре ба гайр аз аз такия ба озодманишхои Эронро наёфтанд ва мачбур шуданд, барои димукросй мубориза кунанд.

Тасаввур кунед, агар холо Убайдуллоев бо Асадуллохзода як шаваду бар зидди Рахмон занад, бечора Эмомалй чй мекунад? Хатман ки ба насли чавонтару нодонтар, вале богайрат такия мезанад.

Ва Убайдуллоеву Асадуллохзода он гох ба пешсафтарин демократхову хакикатталабон табдил меёбанд. Хатто Достиев мумкин дар накши Каррубй ба майдон биёяд.

Манзур, сиёсат палид буд ва палид аст, Мунавварчон, бояд аз пайи зиндaгй шуд. Намебинй, ман чандест чизе наменависам, зеро рузгорам каме тира шудааст. Аз як манбаъи даромад мондам, холо пули камтар мегирам ва хатто хамин пардохти кимати интернет бароям гарон шудааст.

Хам кор кардану хам рисола навиштан хеле сахт аст, боз ин карзи инсонии ман дар назди хонандагони «Андеша» ва устоди азизам Точвар оромам намегузорад. Точвари гиромй розй шуданд, кимати интернетро ба гардан бигиранд ва ман карзро фаромуш накарда, ба номаат посух додам, зеро медонам, аз хонандагони фаъоли ин торнигор хастй.

Агар дар мавриди Эрон чизе галат навиштам, лутф куну ба ман бинамо. Вале дар холи хозир назари ман ба руйдодхои Эрон хамин аст ва бовар кун, рухияи ман ба акидаам дар ин бора таъсир накардааст.

20 Responses

  1. Мулло Рустам, ин харфхоятон чй маънй доранд?»Хоманай дарк кард, ки хамнаслонаш аз фасоду найранги у безор шудаанд ва мехоханд, фасоду найранг ба манфиати онхо низ самар дихад. Хоманай хатарро хисс кард ва барои химояти худ ба насли чавонтару нодонтар, ки фасоди уро намедонанд, такия кард. Ин кадар амик рафту мустахкам кор кард, ки хамнаслонаш илочи дигаре ба гайр аз аз такия ба озодманишхои Эронро наёфтанд ва мачбур шуданд, барои димукросй мубориза кунанд.»
    Шумо аз кучо медонед, ки чавонони эронй кунду нодонанд? Чё Шумо бинак шудаед? Шумо бори охирин кай дар Эрон будед?
    Дигар ин ки ба Мунавварчон гуфтаед, ки сиёсат палид буд ва палид аст. Ба арзи хузуратон расонам, ки як бузург гуфтааст: «Сиёсат дар дасти одамони нек наку асту дар дасти палидон палид». Агар рафту Шумо хам сиёсатмадор мешудед, хатман палид мешудед?
    Як гар гуфтааст, ки хама гаранд. Шумо ба ин сухан розй хастед оё?
    Шумо фикр мекунед, ки Мусавй палид аст ва мба андозаи Шумо Ватанашро дуст намедорад?
    Аввал АНДЕША (номи торнигоратон) кунеду баъд гап занед, на гапфурушй.
    Вокеъан, Шумо чанд сол доред?

  2. Рустами арчманд,

    1) «Андеша» торнигорест, ки дар он андешахо хамеша пахн мегарданд; на чоест, ки бигуи «кай вактам шуд, пас менависам.» Бибахш, агар чизе нодурусте гуфта бошам.

    2) Пешниходи «сарпарастон» барои «Андеша.» Метавон кушиш кард то чанде сарпарастон пайдо кард. Шояд, касоне аз миёни мо пайдо гардад, ки тавоноии расонидани кумаки пули дошта бошанд. Ин танхо як пешниход аст, ки мумкин як фарчоми хубе орад.

    3) Метавон аз торномаву торнигори дустон ба кор бурд. Аз дидам бармеояд, ки торнигори «Як Дарвеш» аз наздики бо Ирон шиносои дорад ва аз руйдодхои имруза дар Ирон огахи дорад. Метавон навиштаи уро, бо ичозати у, дар инчо чо дод. Як тиру ду нишон.

    Пируз бимонед,

    – Пажухишгар

  3. Рустам, ман хануз интизори посухи Шумо ба посухам хастам.
    Дигарон чаро дар ин мавзуъ наменависанд? Нависед, охир…

  4. Фозили азиз. Ман навиштаи «Як дарвеш»-ро хондам. Медонам, ки дар сатхи у навишта наметавонам, аммо агар диккат кунед, ман такрибан хамон чизеро, ки он чо навиштаанд, ба забони сода ва барои аглаби мардуми Точикистон фахмову рушан навиштам.

    Хуб ишон режим мегуяд, ман мафия, аммо харду ба ин акидаем, ки ду тараф факат ба хотири хифзи низом чадал мекунанд ва чавонакхои Эрон кушта мешаванд. Магар ин палидии сиёсат нест?

    Алами ман дар ин аст, ки кишвари худи мо дар холи фуру рафтан аст, садхо бор аз Эрон дида бадбахттар аст, агар тавонем, дар бораи худамон бигуем, эронихо рохашонро меёбанд, мо чй кор мекунем.

    Агар сиёсат палид намебуд ба хамин руз гирифтор мешудем?

  5. «Сиёсат палид аст» – ро аслан яхудихо бофтаанд то ки худ машгул шаванд. Яхуди (еврейство) аслан ин натанхо миллат аст, балки нигохе ба зиндаги, менталитет аст (жидовство). Агар мо дар сарзамини худ сиёсати худро рох наандозем ба чои мо такдирамонро дигарон хал мекунанд. Хар як шахс каме бошад хам аз сиёсат бояд огах бошад, то уро гул назананд….

  6. Рустамчон, салом. Мисли ин, ки номаи аввалаамро хуб нахондаед, ки саволхои он посухи равшан надодаед. Аз хамин сабаб онро аз нав бароятон мефиристам. Лутфан, агар метавонед, ба саволхои он мушаххасан ва равшан посух нависед.

    Мулло Рустам, ин харфхоятон чй маънй доранд?”Хоманай дарк кард, ки хамнаслонаш аз фасоду найранги у безор шудаанд ва мехоханд, фасоду найранг ба манфиати онхо низ самар дихад. Хоманай хатарро хисс кард ва барои химояти худ ба насли чавонтару нодонтар, ки фасоди уро намедонанд, такия кард. Ин кадар амик рафту мустахкам кор кард, ки хамнаслонаш илочи дигаре ба гайр аз аз такия ба озодманишхои Эронро наёфтанд ва мачбур шуданд, барои димукросй мубориза кунанд.”
    Шумо аз кучо медонед, ки чавонони эронй кунду нодонанд? Чё Шумо бинак шудаед? Шумо бори охирин кай дар Эрон будед?
    Дигар ин ки ба Мунавварчон гуфтаед, ки сиёсат палид буд ва палид аст. Ба арзи хузуратон расонам, ки як бузург гуфтааст: “Сиёсат дар дасти одамони нек наку асту дар дасти палидон палид”. Агар рафту Шумо хам сиёсатмадор мешудед, хатман палид мешудед?
    Як гар гуфтааст, ки хама гаранд. Шумо ба ин сухан розй хастед оё?
    Шумо фикр мекунед, ки Мусавй палид аст ва мба андозаи Шумо Ватанашро дуст намедорад?
    Аввал АНДЕША (номи торнигоратон) кунеду баъд гап занед, на гапфурушй.
    Вокеъан, Шумо чанд сол доред?

    Ин посухатон манро хайрон намуд: «аммо харду ба ин акидаем, ки ду тараф факат ба хотири хифзи низом чадал мекунанд ва чавонакхои Эрон кушта мешаванд. Магар ин палидии сиёсат нест?»
    Наход, ки сатхи чахонбинии Шумо ба ин дарача бошад? Агар «чавонакхои эронй» тир хурда мемиранд, айби Мусавй дар чист? Магар на ин, ки вай мебоист ба ин чавонакхо мегуфт, ки дам назанед, шукри чумхурии исломй бо рахбарии Ахмадинажоду Хоманайи кунед, аз хонахоятон набароед, ончиро, ки аз ТВ-и кишвар нишон медиханд, бо дарки ватанхохй кабул кунед, ба куча хам наьароеду ба сафхои муътаризин (Мусавй) напайвандед (ва илло бе хукми додгох сазовр тири чонкох мехуреду мехуреду мемуред ва бехтараш ин аст, ки дар кучахо «Маррг ба Амрико!!!» гуфта шиорпароканй кунед, агар эронии асил хастед….????!!!!!
    Бапле, сиёсат палид аст, вале дар дасти палидхое ба монанди Ахмадинажож ва боз нафархое, ки хамаи мо нагз медонем.
    Посухи густурдаи Шуморо интизорам (як илоч карда вакт ёбед, то моро, ки ин кадар «бесавод» хастем, аз давраи (курси) бесаводй гузаронед.

  7. Максади бародарам Фозилро хеч нафахмидам. Навиштаи Рустам ба хакикат хеле ва хеле наздик аст. Агар ба сомонахои эрони назар афканед, хулосаатон гуфтахои Рустам мешавад.
    Баъдан Рустам мислои хеле возехе дар муносибат ба Точикистон овардааст, ки камназир аст.

  8. Ба Рашод.
    Пас зинда бод Рустами Субхонй?!
    Дар Эрон хамаш гулай. Дар Точикистон хам. Чунки Ахмадинажод бо Рахмон дустай ва хама корро мекунад, ки Точикистони хамзабон хам гулворй бишкуфа. Мусавй душманай. Так его и надо!!

  9. Saidyunus istarafshavi

    xay shumo Shiaho tarafdori eron meboshed.
    tjk hargiz akidayi shumoro peshayi xud namekunad

  10. Хама чои Эрон сарои ман аст,
    Ки неку бадаш аз барои ман аст.

  11. Албатта Мусавӣ аз Аҳмадинажод беҳтар аст, ҳарчанд ҳарду аз як тоифаанд: Миёни баду бадтар бад беҳтар аст.

  12. Рустами Субхонй, ба номаи ман аз 22.07 кай чавоб менависед? Барои ман не, барои хама.

  13. Фаромарзи азиз. Албатта, симо хам баёнгари хеле чизхост. Як бор ба аксхои Ахмадинажод ва Мусавй нигаред. Шуморо намедонем, вале ба назари ману як рафикам Ахмадинажод ба як «шпана» монанд асту Мусавй ба як зиёйи.
    Шумо фикратонро гуфтед, вале хубтар аст, ки васеътар нависед.

  14. Дуруд, Точвар ва Рустами гироми!

    Гарчанде назари ман дар мавзуи Ирон ба андешахои Дориюши азиз наздиктар аст, вале акидахои шуморо низ хамчун тарафи дигари танга кабул дорам ва мефахмам, ки хамаи мо диди якгуна дар хама мавзу хамавакт нахохем дошт. Донишманде гуфтааст, ки «ман аз касе ки бо ман хамеша рози буд, чизе наомухтаам».

    Мухимтар аз ин, медонам, ки кори шумо бо ин сомона ва пешбари он хамчун минбари озодандешон ва Ватандустони асил, арзандаи тахсину сипосгузори аст. Хушбахтона, дар чодда шумо танхо нестед ва бинобарин, пешниходи Пажухишгари арчмандро дастгири намуда, омодагии худро ба кумаку хамкории пайваста бо шумо иброз медорам.

    Ба назарам, хамаи мо бояд робитаву рафикии кави байни худ дошта бошем, то битавонем якчоя бахри расидан ба максади рушди миллат ва механ истодагари бикунем. Насихати бузургонро фаромуш насозем, ки фармудаанд:
    Аклхоро аклхо ёри дихад
    Машварат идроку хушёри дихад.

    Лутфан, агар хизмате барои мо бошад, бифармоед. Нишонаи электронии мо ба шумо аллакай дастрас аст.

    Комёби насибатон!

    — Ботур Косими

    Пажухишгар, on July 20th, 2009 at 6:16 pm Said:

    Рустами арчманд,

    1) “Андеша” торнигорест, ки дар он андешахо хамеша пахн мегарданд; на чоест, ки бигуи “кай вактам шуд, пас менависам.” Бибахш, агар чизе нодурусте гуфта бошам.

    2) Пешниходи “сарпарастон” барои “Андеша.” Метавон кушиш кард то чанде сарпарастон пайдо кард. Шояд, касоне аз миёни мо пайдо гардад, ки тавоноии расонидани кумаки пули дошта бошанд. Ин танхо як пешниход аст, ки мумкин як фарчоми хубе орад.

    3) Метавон аз торномаву торнигори дустон ба кор бурд. Аз дидам бармеояд, ки торнигори “Як Дарвеш” аз наздики бо Ирон шиносои дорад ва аз руйдодхои имруза дар Ирон огахи дорад. Метавон навиштаи уро, бо ичозати у, дар инчо чо дод. Як тиру ду нишон.

    Пируз бимонед,

    – Пажухишгар

  15. Эронихо як зарбулмасали хубе доранд.
    «Косае, ки догтар аз ош аст!»
    Бачахо, шумо, ки дигар хамаги «догтар» аз эронихо дар мушкилоти Эрон казоват мекунед!
    Наверное все же по тактичнее надо быть и не позволять написать такие примитивные вещи про действительно великую страну и великий народ.
    Барои худ эхтиром коил бошед, болалар!
    Барои хамаги тавфик мехохам.

  16. Точикони боинсоф факат хамин гуна таълим доданро дуст доранд.

  17. Як точики боинсоф! Масоили Эрон аз зехни хеч точике набояд дур бошад. Чун точик эронист ва эронй точик аст ва «косаи догтар аз ош» метавонанд танхо «болалар» бошанд, на бачахои мо.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: