Рухдодхои Тавилдара

Озоди Рахимпур, нохияи Тавилдара

Аз руйи гуфтаи як нафар сокини нохияи Тавилдара, рузи 9 июли соли равон дар нохияи Тавилдара хангоми як задухурди мусаллахона, ки миени куввахои макомоти кудратии Точикистон ва як гурухи мусаллахи чинояткор ба вукуъ пайваст, ду тан аз чангиени алайхи нерухои хукумати разманда, Азизов Рахмиддин ва Азизов Киемиддин, сокинони дехаи Пасти Рог чамоати дехоти Сагирдашти нохияи Дарвоз ба халокат расидаанд ва онхо дар кабристони дехаи Ёзганди нохияи Тавилдара ба хок супорида шудаанд.

Хамин манобеи иттилооти хамчунин хабар додааст, ки 11 июли соли равон зимни гузаронидани амалиети махсус ва аз тарафи нерухои хукумати дар мухосира карор гирифтани гуруххои чинояткорон, Мирзо Зиёев, ки ба онхо бо 2-3 нафар аз хешовандони наздикаш пайваста буд, низ кушта шудааст.

4 Responses

  1. Агар ба Мирзо Зиёва чанг дар кор мебуд бовар кунед очачони давлатдорои хозирара дар чашмашон нишон медод. Ин мард дар вактуш то Ховалинга рафта буд агар сулх намебастан очаи рахмона дар чашмуш нишон медод неки мардак сулх кард. Мардак воре аз вазифарам гирифтануф давои вазифа накард рафт ай паси зиндагии худуш неки и к…и зано номардона рафтан хама каса як Марда куштан. Зантона гом ай тарси мардума хамаи гунохора ба одами мурдаги бор мекнен номардо. Салихова алкаш броварден Мирзора боевик неки вакти шумора мераса бад неки очачони хамата хамика дар чашмтон нишон метан ки кам намешава. Ай рахмон мардй ки надошт да гапуш ки наистод

  2. Un Azizovho barodar budaand?

  3. Кариб як хафта аст, ки аз компутерам торномахои хабарии Точикие, ки дар домейни TJ хастанд, кушода намешаванд. Албатта, ин домейн тахти назорати хукумати чумхури аст ва бинобар ба накша гирифтан ва ичро намудани куштори Мухаммадназар Солехов ва Мирзо Зиёев дар ин рузхои охир фаъолияти расонахои хабариро махдуд намудани шудааст. Ба чунин кор факат режимхои ноухдабарову дузд ва беадолату бехурмат нисбати мардуми худ даст мезанад, чун фикру андешахои русти ва нопок дорад.

    Хушбахтона, торномаи Радиои Озоди ва ББС аз ин банд рахо буданд ва дар домейни http://www.Ozodi.org ва http://www.bbc.co.uk/tajik онхо кушода мешуданд ва моро аз хабархову вазъияти кишвар огох мекарданд. Торномахои Осиё Плйус http://www.asiaplus.tj ва Авесто http://www.avesta.tj дигар хомуш шуданд. Ширкати Умед Бобохонов дар торномааш холо хам оид ба гуё таслим шудани Мирзо Зиёев хабар медихад.

    Афсус, ин аст дарачаи озодии баёну озодии матбуоти мо. Он таври ки бад буд, хамон тавр бад монд. Ин хукумат на пешравии иктисоди, на фархангиву ичтимои ва на сиёсиву демократиро барои миллати мо оварда натавонист. Акнун, аз нотавонбиниву кутохандешиаш вазъияти кишварро худ бо дасти худ ноорому хароб намуда истодааст.

    Мирзо Зиёевро куштан чи хочат буд? Марде, ки омад сулх кард, барои ободии Ватан кор намуд, вазифаро супориду рафт бо кору бори худ машгул бишавад. Хатман чи максади неку баде, ки дар сари хукумати рахмони набошад, бояд аз халоки чунин шахсон ва умуман, аз куштори хар як фарди миллат, бояд пешгири мекард. Дар ин рузу соат барои кишвари мо куштору фитнабози раво нест, балки аз неруи наву тоза истифода намудан аст то нихоят вазифахо ба коршиносони чавонону шахсони боинсоф ва миллатдуст гузаранд ва бехбудихо насиби мардуми бечораи Точик хам гардад.

    Рудакии бузургвор фармудааст:

    Ангушт макун ранча ба дар куфтани кас,

    То кас накунад ранча ба даркуфтанат мушт.

    Мардумро ба холаш мон, кумак кун бо чойи кор сохтан ва таъмини зиндаги, хукумати рахмони! Панди бузургонро фаромуш насоз:

    Хар шаб зи худат бипурс, агар марди,

    Ки имруз чи хидмате ба мардум карди.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: