Роҳро пулакӣ кардед, ҳаво фаромӯш шуд?

Парлумони Тоҷикистон ягона роҳи Марказ –Шимоли кишварро пулакӣ кард, ки сабаби коҳиши ҳаракати афрод ва молу коло дар ин масир хоҳад шуд.

Ҳамагӣ чанд вакили ангуштшумори Маҷлиси Намояндагон ба ин қарор эътироз карданд, зеро он зидди Қонуни асосии Тоҷикистон аст, вале аксарияти кулли аъзои парлумон аз он тарафдорӣ карда, нишон доданд, барояшон на Қонуни асосӣ аҳамияте дорад ва на манфиатҳои миллии мардуми Тоҷикистон.

Гузашта аз ин онҳо ҳатто зидди ормону орзу ва барномаҳои президенти Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон раъй доданд, ки пеш аз даври охири интихоб шуданаш гуфта буд, сохтани роҳҳои кишвар яке аз барномаҳои асосии ӯст, ки барои пешрафти иқтисодиёт, густариши рафтуомад, тиҷорат ва муомилаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ хидмат хоҳад кард.

Ҳоло бояд мунтазир буд ва дид, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон манфиатҳои миллиро боло хоҳад гузошт ва ё шахсию гурӯҳии як дастаи хурдро, ки барои гузарондани ин қонуни зиддиқонунӣ парлумонро ба зону шинонд.

Ин як лаҳзаи муҳиму таърихӣ на танҳо барои Раҳмон, балки тамоми миллат хоҳад буд. Агар Раҳмон қонунро имзо накунад, маълум мешавад, вай дарвоқеъ ғами мардумро мехӯрад ва президенти мардум аст. Аммо агар имзо кард, рӯшан мешавад, ки кайҳо ба гаравгони як дастаи хурди одамони бемиллат  ва баднафс табдил ёфтааст.

Вагарна, дуздии рӯзи равшан будани кори парлумон ҳеҷ ҷои шубҳа надорад. Агар Маҷлиси Намояндагон дар бораи умуман тартибу низоми роҳҳои пулакӣ қарор ё қонун мебаровард, гапе набуд. Парлумон дар тамоми кишварҳо қонунҳои ҳамагонӣ ё универсал қабул мекунад, то ниҳодҳои иҷроии давлат дар чаҳорчӯби онҳо мушкилотро ҳал кунанд.

Як саволи оддӣ раиси ин порлумон ва ё ҳамаи тарафдорони қонуни навро мулзам мекунад, ки чаро роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хум, Душанбе — Ҷиргатол — Уш ё роҳи Мурғоб — Қулма — Қароқурум пулакӣ нашуд, вале роҳи Душанбе — Хуҷанд — Бӯстон — Чаноқ пулакӣ шуд? Оё метавон гуфт, парлумони Тоҷикистон аҳолии кишварро ба як чашм мебинад? Магар роҳҳои дигар низ бо қарзи байнулмилалӣ сохта нашудаанд?

Парлумон як роҳи мушаххас аз байни даҳҳо роҳи дигарро интихоб карда, онро пулакӣ эълон кард, аммо чаро ба таври шаффофу ошкор намегӯяд, ки чаро ин гуна шуд ва ин пешниҳоди кӣ буд?

Коре ки парлумон амалӣ намуд, аз мунфаҷир кардани пули Фондарё дар соли 1992 чӣ фарқ дорад? Он вақт раҳбари вилояти Ленинобод Абдуҷалил Ҳомидов ин пулро аз байн бурд, то робитаи вилоят бо пойтахт қатъ шавад.

Чӣ фарқ дорад, кори парлумон аз фишори Узбакистон дар марз, ки сабаби коҳиши сафари сокинони шимол ба марказ ба воситаи Узбакистон шудааст?

Агар қарзи Чин баҳона аст, қарздиҳанда нагуфтааст, ки ин пул бояд дар кӯтоҳтарин фурсат баргардонида шавад. Ба дарозо кашидани пардохти он мумкин аст, давраеро пеш орад, ки Чин қарзи худро монанди миллионҳо долларе, ки ба Замбия дода буд, лағв кунад ва ё монанди чунин сармоя, ки ба Нигерия дода буд, қариб ним баробар кам кунад.

Чӣ шуда, ки парлумони ва ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи ҳамин шеваи африқоии қарзгирй васеъ истифода мекарданд, ин дафъа ҳанӯз роҳсозӣ тамом нашуда, ин қадар шитобзада дар ғами қарзи Хитой афтоданд?

Балки онҳо, тавре мегӯянд, барои аз селу харобй ҳифз кардан ва сари вақт тармим кардани роҳ ин қадар саросема шудаанд? Аҷаб вакилони ғамхор! Бояд гуфт, Чин дар бисёр кишварҳои африқоӣ роҳ сохт ва месозад, аммо ин роҳҳо вобаста ба аҳамияти стратегияшон аз 12 то 25 сол давраи кафолатӣ (гарантия) доранд ва дар ин муддат ҳама гуна харобие, ки сар мезанад, Чин худаш онро дуруст мекунад.

Чаро қонунгузорони «тоҷик» намeгӯянд, ки мӯҳлати хидмати гарантиявии ин роҳ чанд сол аст ва чаро намешавад, то он вақт роҳ бепул боқӣ бимонад?

Агар қарзи зормондаи Хитой 381 миллион доллар аст, ин роҳ бояд то чанд сол пулакӣ бошад, ки ғун шудани чунин сармояро таъмин кунад? Вақте пулакӣ шудани он абадӣ бошад, пули ҳангуфти роҳ ба кисаи кӣ хоҳад рафт.

Оё онҳое, ки пули ин роҳро медиҳанд, аз андози роҳ, ки солона таги 40 миллион доллар мешавад, озод хоҳанд шуд? Магар даромади мардуми Тоҷикистон чӣ қадар аст, ки боз бояд пули роҳ бидиҳад? Ҳукумат дар сарватманд шудани мардум чӣ хидмате кардааст, ки ба пули кисаи онҳо чашм песонад? Пас беҳтар нест, ҳаво ва нафаскашӣ аз ҳаворо низ пулакӣ кунеду ягон хеши президент ин пулҳоро ҷамъоварӣ намояд?

Бисёриҳо медонанд, ки дар таги ин косаи парлумони кисагӣ, даҳшат хоҳад буд, агар боз ҳам мардум ҳаминҳоро вакил интихоб кунаyд, нимкосае ҳаст. Вале бидонед, сирре нест, ки як рӯз шармандавор ошкор нашавад.

Ба ҳар ҳол дар ҳаёти ҳар шахс лаҳзаҳое мешавад, ки як тараф пули калон намудор мешавад ва дар тарафи дигар виждони инсонӣ ва кас бояд интихоб кунад. Хоҳем дид, ки президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон кадомеро интихоб хоҳад кард.

Advertisements

9 Responses

  1. tahlili khele khub,

    ajab, kase az Porlumon in blogro mekhonda boshad?

  2. хонан хам фоидае надорад кошки вайхо дар ин бора фикр е як сухбате дошта бошан. Хами ай боло гуфтан мекнан хохан нахохан ин аст парлумони мо )))

  3. Хеч сарфахм нарафтам шлагбаумро дар кучо мегузоранд? Яке дар Чанаку дигаре дар Душанбе? Ё сари хар кадам шлагбаумхо мешавад? Ё касе, ки хохад аз Душанбе ба Хучанд ё баръакс равон шавад бояд роххат ё чипта харад?

  4. ба Follower
    Бародари мехрубон, Додочони Атовулло дар яке аз шуморахои «Чароги руз» дар зери унвони «Мертвые души»акси 63 депутати парлумони Точикистонро чоп мекунад.
    Дар парлумон бо сарварии Сайдулло Хайруллоев бахс сар мешавад, ки ба Додочон фотохои моро фурухтааст? Дар миёни мо чосуси у хаст, бояд дастгир кард, касе набшад миллатфуруш аст, бахси калоне радду баддал мешавад…
    Як нафар аз депутатхо, ки каме аз интернет хабар доштааст, аз дар даромада шохиди бахс мешавад. Мегуяд, бародарон аксхои мо дар сайти парлумон хаст, аз хамон чо гирифтааст.
    Пас як депутати пиртар, ки то ин дам хап шишта буд, мегуяд, оооо лаънатии Додочоне вай аз кучо ба сайти мо рох ёфтааст? Набошад он чосуси миёни моро хатман ёфтан даркор аст, ки Додочонро ба сайт рох додааст!!!

  5. Ба Додочон фотохои моро ки фурухтааст?

  6. Рашодчон, ба депутатхоят бирасон ки суратхояшонро аз сайти парламон бардоранд ва ба чояш сурати чаноби оли ва бачахояшро чо бикунанд.
    Додочон дигар ба депутатхоят даст намерасонад.

  7. Бародарон, дар байни депутхо баъзе одамони бовиждон хам хастанд, хамаро якбора сиёх накунед.

    Масалан, чанд вакт пештар як вакил баромада гуфт, ки савганд мехурад, ки ними вакилони порлумон дузданд.

    Кумитаи регламент ва одоби депутатй талаб кард, ин вакил баромада узрхохй кунад. Вакте аксари кулли депутхо имзо карданд, ки вай бояд узр пурсад, ин вакили нотарс дубора ба минбар баромад ва гуфт:

    Савганд мехурам, ки ними вакилони порлумон дузд нестанд!

    Депутхо охи сабук кашиданд ва он вакилро бахшиданд.

  8. Чаноби Afshin ту хуштакбойи чизи нафахмидам???
    Ту маънои он сухани болорофахмиди??? Ё холо хам хушток кашида истодаи???

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: