Порсиён дар ҳар сурат пирўзанд

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Ду ҳафтаи ахир анзори ҷаҳониён ҳамагӣ мутаваҷҷеҳи кишвари Ирон буд. Амрикову Англису Фаронсаву куллан тамоми ғарбиён, мушкилоту душвориҳои дохилии хеш аз бўҳрони иқтисодиву ғайраву золикро канор зада, тамоми нерўҳои расонаияшон аз Би-би-сиву Си-эн-эну Фокс-нюзу ғайраро, машғули таҳлилу баррасиҳои вазъи интихоботӣ ва пас аз интихоботии Ирон намуданд, ки гўи шуғле ҷуз Ирону иронӣ надошта бошанд.

Ҳатто кишварҳои арабӣ, ки мардумонаш ҳатто аз алифбои иҷрои интихобот маҳруманд ва ҳазорон сол зери султаи ҳокимоне аз як хонавода ба сар мебаранд, ба худ ин ҷасоратро доданд, ки роҷеъ ба дурустӣ ё нодурустии раванди интихобот дар Ирон, ибрози назар намоянд.

Ҳамаи ин таваҷҷўҳ ба хотири чӣ буд?

Дар ин бора ҳар касе, бо таваҷҷўҳ ба масолеҳ ва манофее, ки дорад, интизоре мушаххас аз натоиҷи ин интихобот дошт. Амрикоиҳо ва куллан ғарбиён, ки бешак масолеҳе барои худ дар Ирон мебинанд, мунтазири ин буданд, ки бубинанд чӣ касе бар маснади риёсати Ирон хоҳад нишаст ва чӣ барномаҳое дар робита бо музокирот перомуни барномаи ҳастаии Ирону машокили Ховари миёна барояшон пешкаш хоҳад кард.

Сардамдорони ҷаҳони араб, ки аз нуфузи камназири Аҳмадинажод дар назди мардумонашон ранҷ мебаранд, даст ба даргоҳи илоҳӣ ёзида, дуо мекарданд, ки Худо ин падидаро аз миён бубарад. Бар хилофи мардумонаш, ки дуо мекарданд то Худо ин падидаро аз нав бар сари қудрат биншонад, то аз шиорҳои ўву пеш кашиданаш масъалаи Ҳолокостро лаззат бубаранд.

Роқими сутур, дар ин масъала, қасд надорад на ба диди ғарбиён ба он бингарад ва на ба диди ҳукумату мардумони Ховари миёна. Ва ҳамчунин коре надорад, ки чӣ касе дар ин интихобот баранда шудааст ва чӣ касе бозанда. Ва низ барои худ ин иҷозаро ҳам намедиҳад, ки бигўяд оё тақаллубе дар он сурат гирифтааст, ё на? Зеро мўътақид аст, ки ин кор, кори худи ирониҳост, ва аз боби “Аҳлул-байт адро би мо фил-байт”, онро ба худашон вомегузорад то худ ҳал кунанд.

Балки мехоҳад ба ҳақиқате ишора намояд, ки аз диди хелеҳо пинҳон аст; ҳақиқате, ки дарки он, марҳуни шинохти амиқи порсиён аст.

Касе ки бо фарҳангу таърихи ирониву порсигўён ошноӣ дорад, медонад, ки ин мардумон, мардумони озодихоҳ, сарбаланд, зулмситез ва аз ҳама муҳим, мустақил ҳастанд. Агар пеш аз зуҳури ислом, ҳукумати подшаҳӣ дошт, подшаҳонаш аз худаш буд, на бегона. Ҳамчунин баъд аз ислом, агар кишваре буд исломӣ, исломӣ буданаш ба сурате буд, ки худ мехост, на ба он сурате ки аъроб барояш мехостанд.

Дар замони пеш аз инқилоби исломӣ низ, ҳарчанд подшаҳоне қавӣ надошт, вале мустақил буданд, на сарсупурдаи бегона. Замоне ки инқилоби исломӣ барпо карданд, худашон хостанд ва ба воситаи раъйпурсӣ онро баргузиданд, на ин ки касе аз берун барояшон онро таҳмил карда бошад. Албатта қишре аз мардумонаш бо ин тарзи ҳукуматдорӣ мувофиқ набуданд, вале аксарият ҳаминро хост.

Ин падида, яъне падидаи истиқлолият ва сарбаландӣ, дар ин интихоботи ахир бештар таҷаллӣ намуд. 85 дар сади ин мардум пои сандуқҳо рафта, раъйи худро доданд. Ҷаҳониён аз ширкати ин теъдод, ки назире дар ҷое дигар надорад, буҳтзада шуданд.

Аммо достон ин ҷо поин напазируфт. Иттифоқе афтод, ки ҳаргиз мо назири онро дар миёни мардумони кишварҳои дигар, ҳатто ғарбиён, ки муддаии демокросӣ ҳастанд, суроғ надорем.

Дар ҷоҳои дигар, вақте интихоботе баргузор мешавад, маъмулан баъд аз эътои раъй, ҳар касе дунболи кори худ меравад ва дигар коре надорад, натоиҷ ба чӣ сурат анҷом хоҳад ёфт. Аммо иронӣ чунин нест. Ў барои раъйи хеш, ҳатто баъд аз иҷрои интихобот, арзиш қоил аст. Ҳозир нест касе бо раъйи ў бозӣ кунад. Ў раъйи худро, номуси худ мешуморад, ки агар эҳсос кунад бо раъйи вай касе бозӣ кардааст, то пои марг, аз раъйи хеш дифоъ мекунад.

Оё сарбаландие болотар аз ин ҷое суроғ дорем? Шояд касоне, аз вақоеии кунунии ҷорӣ дар Ирон, ки мутаассифона хунҳое дар он рехта мешавад, эҳсоси нороҳатӣ кунанд. Аммо чунин нест.

Дарси озодӣ ва истиқлолхоҳие, ки имрўз ирониён барои ҷаҳониён меомўзанд, басе арзхишмандтар аз он аст. Дарсе, ки шояд касоне бо мушоҳидаи он, аз худ ба хиҷолат оянд. Дарсе, ки мегўяд: Инсони озода, касест, ки на фақат мехоҳад барои рақам задани ояндаи кишвараш раъй медиҳад, балки то охирин нафас аз раъйи худ, ки номуси ўст, дифоъ менамояд.

Комёб бошед.

Advertisements

8 Responses

  1. Сайидюнус, чаро нанавиштед, ки эронихо аз такаллуботи мутааддиди хокимони худ ба дод омада, ба хиёбонхо рехтанд ва додхохй карданд.
    Хоричихо ба ин чи дахл доранд?

  2. Фозили азиз,
    Мақоларо аз нав бихонед.

  3. Сайидюнуси гиромй. Тахлили зебову пурмагзе буд. Сипосгузорам. Комилан мувофикам, ки мардуми Эрон дар холи сохтани торихе навин хастанд ва азму дироятеро ба намоиш гузоштаанд, ки ситоишбарангез аст.

  4. Сепоси фаровон, бародари азиз, Сайидюнуси Усрувшанй!

  5. Сайидюнус хондам.
    Навиштаед: Дар ин бора ҳар касе, бо таваҷҷўҳ ба масолеҳ ва манофее, ки дорад, интизоре мушаххас аз натоиҷи ин интихобот дошт. Амрикоиҳо ва куллан ғарбиён, ки бешак масолеҳе барои худ дар Ирон мебинанд, мунтазири ин буданд, ки …
    Ва боз: Ҷаҳониён аз ширкати ин теъдод, ки назире дар ҷое дигар надорад, буҳтзада шуданд.

    Чаро гарбиён интизор ва хохише дигару самимитар таметавонистанд дошта бошанд? Масалан, ба сари кудрат омадани як ислохталаб, ки ба Эрон тавонад демукросиро биёрад – хосса вакте, ки бештари эронихо аз султаи чандинсолаи охундхо аслан безор шудаанд.
    Ин мо, точиконем, ки султаи нопайдоканори ЭР-ро токат мекунему, гузашта аз ин, бешармона шохаш мегуем ва дар назди вай думу дунба мечунбонем. Кучо расад ба талабм хакки инсонии худ ва интихоботи озоду шаффоф!
    Дар ин бора нависед. Лутфан.

  6. Фозили азиз,
    Рўшан аст, ки ғарбиён интизороте аз натоичи ин интихобот доштанд. Ҳақ ҳам доранд. Ҳар кишваре, дар навбати аввал ба масолеҳ ва манофеи худ меандешад. Ва агар ғайр аз ин бошад, аслан мантиқи нест. Ва албатта сиёсат ҳам чуз ин нест, ки ҳар кишваре, дар дарачаи аввал ба манофеи кишвар ва мадуми худ бошад. Муроди ман ин буд.
    Ҳоло, ирониҳо ҳам бешак толибу хостори ислоҳот ҳастанд. Дар ин маврид ҳам шакке нест. Ҳар миллати пўёе бояд чунин бошад. Рукуд ва истои дар ҳар кишваре, аломат ва нишонаи ақибмондагии сиёси ва ичтимоии он аст.
    Хулоса ва усораи мақола, ки роқими сутур дар садади баёни он аст, ин аст, ки ирониён ва куллан порсиён, на танҳо дар андешаи пўёи ва ислоҳанд, балки болтар аз он, ин корро то охир дунбола мекунанд. Манзури ман, баёни хамин нукта аст. Шумо дар чое дидаед, ки мардум баъд аз интихобот бигўянд: «Раъйи ман кучост?» Коре надорем, ки тақаллуб шудааст ё нашудааст. Ин кор, кори худи онҳост, ки бояд пайгири кунанд.
    Аммо ин ки дар Точикистон, чи гуна аст, дигар ниёз ба баёну тавзеҳ надорад. Ба қавли мо точикон, «Одаму ақлу гўсолаву дум». Худи хонанда хулоса барорад.
    Албатта таваччўҳ дошта бошем, ки мо низ порси ҳастем, ва ҳеч камие аз ирониён надорем, балки дар бархе маворид, фарҳанге болотар ва волотар аз онон дорем. Агар ин имкон барои точикон фароҳам гардад, ки худ сарнавишти кишварашро рақам бизанад, айнан ҳамин ҳамосаву шўрро хоҳад дошт, ки ирониён аз худ нишон медиҳанд.

  7. Дуруд бар ҳамандешон!

    Бародари арҷманд, Сайидюнус, дастат дард накунад аз барои навиштани ин таҳлили хубу андешабарангез. Навиштаи Шумо бо дидаҳои ман бисёр наздик аст.

    Хушбахтона ман бо ҳамкоронам як ҳафта, аз 6 то 13 июн, дар Теҳрон будам ва он интихоботро пӯшиши хабарӣ медодем. Ман он рӯзҳову шабҳо дар кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон мардумеро дидам озодихоҳ, сарбаланд, зулмситез ва озод. Ҳам тарафдорони Мусавӣ ва ҳам тарафдорони Аҳмадинажод – ҳар кадом яке аз онҳоро шуурмандона интихоб карда буданд на кӯр-кӯрона. Борҳо дар майдонҳо дидам ки ду гурӯҳ аз тарафдорони Мусавӣ ва Аҳмадинажод рӯ ба рӯ мешуданд аммо ҳаргиз аз касе нашунидам ки дигареро душном диҳад ва ё носазо гӯяд.

    Номзадҳоро мегуфтанд ва ончунон ҳам мегуфтанд аммо нашунидам ки мардум ҳамдигарро бад гӯяду носазову душном. Адабу фарҳанги сиёсии теҳрониён росто рост сутуданист. Бештар аз он озодихоҳӣ ва шууру иродаву муборизаи эрониён барои зиндагии шоиста дар меҳани худ ва бо оину қонуни худ сутуданӣ ва омӯхтанист.

    Ине ҳам ки мардум аз мушту тиру камону хунрезии ҳукумат ва марг натарсиду аз барои раъйи худ бархосту аз гиребонаш гирифту такон дод – беҳтарин дарсест барои тоҷикон ки худро эронӣ мешуморанду озоду озодазода.

  8. cалом устоди азиз Саидюнус!
    Курбони навиштахот. вале хеле кам менависи.
    моён мунтазири маколахот хастем. бинавис окои ман бинавис.
    бинавис то чашми кур бино шавад. бинавис то мардум аз хоб бедор шаванд. бинавис то калбхои мурда аз нав зинда шаванд. бинавис бародари исломи бинавис.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: