Худкушии вазири пешина?

Мегӯянд, дурӯғ вақте боварбахш аст, ки калон бошад. Дурӯғи майда сабаби шубҳа мешавад.

Собиқ вазири корҳои дохилӣ, Мамадназар Солиев, магар дар кисаи либоси варзишияш таппонча дошт?

Ягон бор нашунидем, ки вай “чапана” ё “чаппа” бошад, ки бо дасти чап аз чаккаи чапи сар худашро парондааст.

Чӣ хел ва аз куҷо таппончаро ба даст гирифт, ки гурӯҳи боздошткунандагон ва оқои Бузмаков инро надидаанд. Магар вай чашмбанд буд?

Сабаб чӣ буд, ки ӯро шабошабакӣ бурда гӯронданд? Собиқ раиси дастгоҳи президентро? Чаро акси захми тир ва хулосаи тиббии кумиссиони мустақили тиббиро нашр накарданд?

Ҳамсояҳояш мегӯянд, вақтҳои охир вай ба варзишу давидан сахт дилбастагӣ нишон медод. Касе ки зиёд варзиш мекунад, шаробро чандон намепазирад. Наход одам варзиш карда ояду арақ хӯрад?

Додситони кулли Тоҷикистон, Бобохон Бобоҷонов, ки боварӣ дорам, пас аз чанде ба истеъфо ки рафт, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз мешавад, мегӯяд, Солиев маст буд ва аз тарс худро паронд.

Одам аз устувории рӯҳ ва ирода худашро мепаронад ва ё аз тарс? Дар мактаб моро ёд медоданд, ки аксарони шӯравӣ дар ҷанг асир наафтам гуфта худро мекуштанд. Бобоҷонов мумкин дар мактаби дигар хондааст.

Вазир ва яке аз шахсони дар гузашта наздики президенти Тоҷикистон худашро кушт ё ӯро куштанд, номаълум мемонад. Монанди захмӣ шудан ё мурдани Ҳасан Асадуллоҳзода. Зеро мақомоти давлат натавонистанд, исбот кунанд, ки Солиев худашро куштааст ва Асадуллоҳзода зиндааст.

10 Responses

  1. barodar tu in gaphoro az kujo meyobi kandta zan

  2. Марги Салихов чанд нуктаи назарро ба вучуд овард:
    1. Ин худкуши буд, худкушии махз! Зеро ин режиме, ки вучуд дошт, пеш аз хама худи Салихов яке аз асосгузоронаш буд. Яъне худкардаро даво нест…
    2. Набудани оппозитсиун пеш аз хама боиси марги у шуд. Зеро агар мухолифини кави вучуд медоштанд, ба эхтимоли комил у ба онхо мепайваст ва бар зидди Рахмон мубориза мебурд.
    3. Ин марги як нафари дар собик калидии хукумати Рахмон маънии онро дорад, ки дигар хар аъзои хукумати кишвар метавонад такдири уро дошта бошад. Яъне вазифа барои онхо як имунитети муваккатист! Аз вазифа ки рафтанд, хатман айбе доранд ва акнун “чавоб” хоханд гуфт.
    4. Дигар заррае хам мустакилиятро дар фаъолияти аъзоёни хукумат чашмдор набошед. Зеро ба кавле як андоза мустакилии Салихов буд, ки ба ин руз гирифтор шуд.
    5. Ва дар нихоят ба дасти ки хам ки набошад, як нафаре, ки дар пойдории як режими палид сахим буд, чазояшро дид.

  3. 6. Дигар касе дар ояндаи наздик даъвои курсии Рахмон намекунад ва у хадди акал то зинда буданаш дар сари курси боки хохад монд.
    7. Бо марги Салихов обруи хукумат рехт. Зеро андешае исбот шуданист, ки ин хукумат аз кихо иборат будааст.

  4. Як Дарвеш дар бораи казияи марги Солехов:

    http://dariussthoughtland.blogspot.com/2009/06/end-of-trust.html

  5. Иловаи банда ин аст, ки таври маълум таппончаи Макаров як чизаке дорад бо номи “предохранитель”, ки барои тирандозй аввал онро бояд поён овард, бе ин пистолет кор намекунад. Агар ин кадар нафар дар болои сараш Солиеховро нигох мекарда бошанд, чи гуна вай тавонист, таппончаро гирад, предохранители онро поён фарорад ва ба худаш тир занад? Магар дар ин фурсат уро боздошт кардан номумкин буд? Хулоса, бисер шубханок аст.

  6. Барои истикболи раиси Чумхур дар шахри Хучанд ва гузаронидани Иди Вахдат хонандагони мактабхои миёна ва оли ичборан чалб карда шуда буданд. Имруз 23 июн ба пешвозгирандагон бо худ гирифтани обро дар зарфхо манъ карда буданд (”барои амният…”). Як корманди ёрии таъчили мегуяд, ки имруз духтаракони бисёр ба шифохона оварда шудаанд ва яке аз онхо, ки аз фурудгох оварда шудааст, бо диагнози пневмония буда ахволаш вазнин аст. Касе дар бораи ин холатхо маълумот дошта бошад, хохиш мекардем бинависанд…

  7. Бори дигар исбот шуд, ки дарвокеъ Точикистон кишвари хурдакак аст. Чор вазиру кабир дар он намегунчанд (хонда шавад сер намекунанд).

  8. ШЕВАИ ДИГАРИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ХУКУМАТИ ИМРУЗАИ ТОЧИКИСТОН ТАХТИ САРВАРИИ “ХИРАДМАНДОНАИ” ЭШР

    http://www.khovar.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=7365&Itemid=13

    ИН МАКОЛА БИДУНИ РИЗОИЯТИ ЧАНОБИ РАХМОН НАВИШТА НАШУДААСТ

    ЧАНОБИ РУСТАМ! ИН МАКОЛАРО ДАР ТОРНАМОЯТОН НАШР КУНЕД ТО БАРРАСИ КУНАНД МАРДУМ

  9. Бародари азизу гиромикадр Рустам!!! Ин гуна маколахои бемагзу фачу сохтаву дуругинро, ки Айнуддинхон пешниход намудааст, дар ин торнома чой мадихед!!!!

  10. Намояндаи додситонй, ки барои хабси Солехов омада буд ва шохиди вокеа будааст, дар нишасти хабарй гуфт, Солехов аз тарафи чапи сараш худро паронд. Намояндаи ВКД Точикистон ба Азия-Плюс гуфт, Солехов аз тарафи рости сараш худро парондааст.

    Кадоми ин гапхо рост бошад?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: