Фардо — интихоботи Точикистон?

Аз раъйдиҳй дар торнигори мо маълум шуд, ки ҳизби аз ҳама машҳуру маҳбуб дар Тоҷикистони имруза — Ҳизби Сотсиал-Демократи Точикистон бо рахбарии Рахматилло Зоиров аст. Ба тарафдорй аз ин ҳизб имрӯз 33 дарсади хонандагони мо омодаанд, ки 61 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон бо хариду фурушхои пасипардагияш бо хукумат охирин резахои обруяшро аз даст додааст, ки ба он омодаанд, имруз танхо 19% (36) нафар раъй диҳанд.

Аз ҳама тааччубовар ин аст, ки ба тарафдорй аз Ҳизби Халқию Демократии Эмомалй Раҳмон 11% ё 20 нафар овоз доданд. Инхо мехоханд, дар Точикистон хеч тагйире руй надихад ва хукумате, ки вазъи мардуму обруи кишварро ба поинтарин сатхи мумкин фуровардааст, коррупсияи худро давом дода гаштан гирад.

Хулоса, натиҷахои раъйдиҳии 187 нафар ба ин суратанд:

ҲСДТ — 33% (61 раъй)
ҲНИТ — 19% (36 раъй)
ҲХДТ — 11% (20 раъй)
ҲКТ — 5% (10 раъй)
ҲИИ — 2% (3 раъй)
ҲСТ — 1% (раъй)

Бо пешниҳоди яке аз хонандагони мо бахши нав илова шуд, ки «Бар зидди хамаи онхо» ном дошт ва дар он 26% (49 нафар) раъйи мусбат доданд, яъне онхо мехоханд бигуянд, ки хеч яке ах ҳизбҳои сиёсии Точикистонро чашми дидан надоранд.

Аз ин 49 нафар ягон кас метавонад, бинависад, ки агар зидди ҳама раъй дихем чи чизе иваз мешавад ва дар он холат рохи начот аз вазъият чист ва оё ин рафтор хиёнат ба тамоми миллат аз тарики бетарафй намешавад?

9 Responses

  1. whats up with «Ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон бо хариду фурушхои пасипардагияш бо хукумат охирин резахои обруяшро аз даст додааст»? did i miss something

  2. Бо арзи салом
    Яке аз он нафароне, ки ба мукобили хамаи онхо раъй додаам ман мебошам. Худамро як чавони фаъоли ин чомеа медонам. То чое аз ин хизбхо огохи низ дорам. Ягоне аз ин хизбхо хостахои мардумро бароварда наметавонанд. Андозае ман хам ба Рахматилло Зоиров некбин хастам, вале ахиран у хам исбот кард, ки ба коре даст занад он кор чомаи амал намепушад. Фикр мекунам, дар хизбаш у танхо аст. Худашро хар гох нишон медихад, вале муваффак намешавад.
    Мухиддин Кабири бошад, яке аз дигар сиёсатмадорони точик аст, ки бехадафу максад ба пеш меравад. Агар у ва хизбаш тавоне медоништанд, сиёсатмадори аз кор монда, аъзои ХНИТ ва собик узви парлумон Мухаммадшариф Химматзодаро барвактар аз парлумон берун мекашиданд, то Мухаммадалии Хайит чойгузини у мешуд ва то даври навбатии интихобот тачрибаи кори мегирифт. Чун имруз худогохии мардум боло гирифта истодааст ва озодихое барои шинохти Ислом фарохам аст, дигар ба ХНИТ бовар надоранд.
    ХХДТ хамон коммунистхои пешина хастанд, якинам, ки баъди чанде ин хизбро низ ба хотири мансаб мефурушанд…
    Боки хизбхои Точикистон мурчаяконанд, ки худро аз зери борон химоя карда наметавонанд.
    Мардум бояд худ фаъол бошанд, зеро ин хизбхо барои боло бардоштани фаъолияти сиёсии мардум таъсире нагузоштаанд.

  3. Бародари азиз! Вакте дар нисбати ХНИТ чизеро гуфтани мешави, хохиш, ки ба гузаштаи ин хизб аввал назари хуб андоз. Зеро кореро, ки ин хизб барои миллату давлати точикон анчом додааст, хеле бузург аст. ХНИТ имруз марди баркамоли 36 солаест, ки неку бадро ба хуби чудо карда метавонад. Барои ба хам овардани миллати парешонгаштаи точикон чи корхое анчом нашуда…, ки забон аз гуфтани онхо монда мешавад. Ба фикри ман умуман ягон хел хариду фуруш бо хукумат вучуд надорад. Нахзатихо худро масъули пуштибони аслии сулху осоиш дар кишвар медонанд, барои хамин онхоро тухмат задан, кори хирадмандона нест. ХСДТ хануз тифли чандсолаеро мемонад, ки то хол баду некро надидаву тачрибае дар сиёсат хам надорад. Дар ин синну сол барои наврас факат фалфалу шалшал даркор аст. Барои хамин бародари азиз, бояд чойгох ва макоми нахзатихоро аввал хуб бояд донист ва баъд казоват кард.

  4. Дуруд! Хеч кас дуги худро «туруш» намегуяд бародари азиз!
    Хизбхои сиеси хох бошад, хох набошанд, барои мардуми одди ахамият надорад. Зеро аслан намедонанд, ки хизб чист ва чи корхоеро анчом медихад. Хатто нафароне хастанд ки фарки байни ХХДТ аз ХДТ надоранд. Пас чигуна метавонанд фардо раъйи худро дуруст тасмим бигиранд?!

  5. Рустамчон Рустамов!
    Шояд ХХДТ муйсафеди фартути 100 солаест, ки онро бояд ба кариби ба хок супурд? :)))

  6. Dusti azizam, Rustamjon.
    Banda rosti ba qazowati shumo nisbati HNIT muwofiq nestam. Ba fikram, xelo qazowati kalon karded.. Durustast ki HNIT dar ba’ze holatho va mawqif-giriho susti mekunad va onham bo sababhoi zerin:
    1. HNIT hejgoh namexohad sulhe ki bo zahmathoi ziyod va xuni shahidon omadaast va hukumati feli ki dar qissai on nest, az dast narawad.
    2. In hizb ba xubi dark mekunad ki agar xudro bo in hukumati fasod-zada dargir kunad awoqibi bade (misli rakhna kardani safi doxili hizb, habsi mas’ulin wai bo tuhmathoi bepoya va ghaira) xohad dosht va az on xidmathoe ki ba millat mekunad dur xohad mond.
    3. Ba fikram mawqifhoi in hizb agar chi dar zohir bisyor jasurona ham naboshand lokin bisyor oqilona va daroz-muddat xohand bud.
    4. Ammo HSDT yak hizbi nawe meboshad ki tajribai ziyod nadorad va chand nafare meboshand. Va qiyos kardani in hizbro bo hizbi SDT dar mawrid naxohad bud.
    Umedvoram ki mo, tojikon, hamesha dar pai digargunandeshi buda va xidmathoi yakdigarro nodida nagirem..
    Dusti azizam, Rustamjon, man hamesha somonai shumora mekushoyam va bo bisyor shawq mexonam.. Baroyaton burdbori va ruzi xush orzumandam.
    Bo ihtirom:
    Yak Nahzati az xorij.

  7. Baxshish boshad, dar sababi awwal dar oxirash yak xatoi imloi shudaast: durustash az dast rawad.

  8. Аз он 49 нафар суол дорам, ки ба ХСДТ мушаххасан ё дакикан чй эроде доранд?
    Лутфан, акаллан, як нафари эшон дар инчо фикрашро нависад.

  9. Барои истикболи раиси Чумхур дар шахри Хучанд ва гузаронидани Иди Вахдат хонандагони мактабхои миёна ва оли ичборан чалб карда шуда буданд. Имруз 23 июн ба пешвозгирандагон бо худ гирифтани обро дар зарфхо манъ карда буданд («барои амният…»). Як корманди ёрии таъчили мегуяд, ки имруз духтаракони бисёр ба шифохона оварда шудаанд ва яке аз онхо, ки аз фурудгох оварда шудааст, бо диагнози пневмония буда ахволаш вазнин аст. Касе дар бораи ин холатхо маълумот дошта бошад, хохиш мекардем бинависанд….

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: