Агар фардо интихобот мебуд…

Сар аз имруз ҳар чанд гоҳ мехоҳем, назари хонандагони сомонаро озмоиш кунем, зеро интихобот бо гузашти ҳар руз наздиктар мешавад. Лутфан, чанд сония вақти худро сарф кунед ва ба ин саволҳо посух диҳед. Аз пеш сипосгузорем!

8 Responses

  1. Як варианти дигар хам илова кунед: мукобили хама!

  2. ако – рустам ман хаёл мекардам шумо одами обективи хастед. ин хаммааш дуруг будаст. чаро коментарияхои маро нест кардед?

  3. зохирчон-додар, агар шумо худ одами объективи мебудед, дар номаатон бар пояи як хатои чопй маро ба гуноххои зиёд айбдор намекардед. Вакте номаи шуморо гирифтам, хатои чопиро ислох кардам ва ба фикрам, максадатон хамин буд. Ё чизи дигар?

  4. Шахрвандони Чумхурии Точикистон , ки дар ягонагй халки Точикистонро ташкил медихад!
    Ин паём ба калбу хиради хар кадоми Шумо равона карда шудааст.
    Хизби Сосиал-демократи Точикистон (ХСДТ) – ин хизби шахрвандони новобаста аз чинсияту дин ва миллияту фаркиятхои дигар озоду мустакил ва дар шаъну хукукхои худ баробархукуки кишваре мебошад, ки ВАТАНИ ЯГОНАИ БО НОМИ ТОЧИКИСТОН ДОРАНДУ НОМИ ЯГОНАИ ПУРИФТИХОРИ ТОЧИКИСТОНЙ!
    Агар ту шахрванди озоду мустакил ва бо дигарон баробаре ба номи пурифтихори Точикистони ва дорои Ватани ягона хастй ё мехохй хамингуна бошй, пас ХСДТ хизби туст!
    ХСДТ ба халки Точикистон, ба шахрвандони кишвар рохи алтернативии Сосиал-демократии тараккиётро пешниход мекунад, ки асоси онро ташкил медиханд:
    – Хадафи асоси – ташаккули Точикистони Сосиал-демократи бо давлатдории Хукукбунёд ва чомиаи шахрвандии бар принсипхои озодй, баробарй, хамраъйи ва адолати ичтимой бунёдёфта;
    – Андешаи асоси – адолати ичтимой ва давлати ичтимой, иктисодй, ки дар он одамони аз чихати ичтимой химоятшуда зиндагй мекунанд ва дар назди конуну суд баробаранд;
    – Субъекти асосй – инсон ва шахрванди аз чихати ичтимой, иктисодй ва сиёсй озоду дорои маърифати фархангй, ки бе он на чомиаи шахрвандй ва на давлати кавй вучуд дорад;
    – Омили асосй – ташаккули кишри миёнаи дар низоми ичтимой бартаре, ки асоси кобили зист будани чомеа аст;
    – Сармояи асосй – неруи инсониву зехние, ки бояд мавриди талаб карор гирифта шуда ва барояш шароити мусоид фарохам шудааст;
    – Акидаи асосй – демократия шарти асосии рушд, на натичаи он мебошад, яъне, бе демократия рушди одилонаи ичтимой имконнопазир аст, зеро махз демократия нерухои созандаро озод мекунад, тахаюлро илхом мебахшад, ба дигаргуниву навоварихои барои тараккиёти иктисодй ва харгуна рушди зарур мусоидат мекунад.
    Ва баръакс. Рушди иктисодй бидуни демократия ин беадолатии ичтимой, коррупсия ва тафаккури мутлакгарост.
    Хулоса, ХСДТ – ин Хизби демократияи ичтимой ва давлати ичтимой дар доираи чомиаи ичтимоиву фархангии шахрвандист, ки арзандаи хотираи таърихии мо мебошад.
    Мо мутмаинем, ки хукуки асосии инсон ва чомиа ин дастрасии баробару озодона ба имконот буда, ва маънои асосии вахдати миллй, табаъияти сидкии аклонист, ки бар имконоти баробару рушди озоди хар фард, оила, кавму миллат ва ниходхои чомиаи шахрвандй асос ёфтааст.
    Махз барои хамин хам шиори ХСДТ «Хирад, Адолат, Тараккиёт» мебошад.
    Бо хамин паём мо бо камоли ифтихор эълом мекунем:
    ХСДТ хизби шахрвандонест, ки якчояву бидуни тарсу харос барои адолати ичтимоиву авлавияти конун ва рохи тараккиёти Сосиал-демократии Точикистон мубориза мебаранд.
    Мо аз мухолифат ба худ ва ё аз карор гирифтан дар мухолифат ба хокимият харос надорем. ХСДТ хамеша тарафдори мухолифати созанда мебошад.
    Ва махз барои хамин хам онхое, ки аз принсипхои демокративу авлавияти конун ва эхтиромгузорй ба хукуки инсону адолати ичтимой дуранд, аз мо метарсанд ва моро сиёх мекунанду махдуд месозанд.
    Мо аллакай хаштуним хазорем, ки дар катори мо зиёда аз 80 доктор ва номзадхои илм мавчуд буда 75% аъзохои мо чавонони то 35 сола мебошанд.
    Дар охир гуфтанием, ки имруз узви Хизби Сосиал-демократ будан, матонат талаб мекунад ва аъзо будан шараф аст. Мо ояндаи Ватани дустоштаамон, ки Точикистон ном дорад хастем!

  5. Forsage!!
    Илтимос, боре навиштахоятро аз назар гузарон, ин кадар сахву хатогихои имлови… Ба рости, аз ин хизб ин гуна бесаводиро интизор набудам…

  6. Олимон аз паи нукат нараванд, ба мохияти масъала бояд мутаваччех шуд.

  7. Олимон аз паи нукот нараванд…. Аммо… ин чо хазорон нафаре аз чумлаи дустону душманони ин хизб навиштахои ин бародарро мехонанд…
    Мебоист пеш аз дарч маротибе навиштахоро аз назар гузаронид… Обруи хизб аз ин, кам бошад хам, вобастаги дорад…

  8. Ba fikri man, yagon hizb aslan manfiathoi xalqro himoyat namekunad, hamaash nisbist, barxe az hizbho kamtra, ba’ze ziyodtar , ammo dar asl hamagi hizbho tanho asosan bahri ba dast ovardani HOKIMIYAT muboriza mebarand!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: