Нигаронӣ аз вазъи маҳбусони Тоҷикистон

Умедҷони САЪДУЛЛО «Озодагон» №22 04.06.09.

ВАЗЪИ кунунии зиндону маҳбусони Тоҷикистон. Таҳти ин ном дар пойтахти Тоҷикистон 26-27 май ҳамоиши вижае сурат пазируфт. Ширкатдорони нишаст аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хостори қабули протоколи иловагӣ оид ба бартарафсозии азобу шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон шуданд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилали, Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳо, ҷомеаи шаҳрванди, гурӯҳҳои ҳукуматӣ, коршиносону таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ, намояндагони давлатҳои Арманистону Қазоқистон, Қирғизистон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ширкат доштанд. Қабули протоколи иловагии бартарафсозии зидди азобу шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии нишаст буд. Гуфта шуд, аксари кишварҳое, ки ин протаколро имзо кардаанд, аллакай аз натиҷаҳои мусбие бархурдоранд.

Тоҷикистон ҳам протоколи мазкурро қабул кардааст, аммо намояндагони ҳифзи ҳуқуқи СММ ва САҲА аз роҳандозӣ нашудани протоколи иловагии «бартарафсозии зидди азобу шиканҷа» дар Тоҷикистон изхори нигарони мекунанд.

Адвокати маркази ҳуқуқи инсон Татяна Хатюхина, ки дар ин маврид пажуҳишеро анҷом додаст гуфт: аксари ҷавононе, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, беасос нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин дар бештари ҳолатҳо ноболиғон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бе ҳузури волидону муаллим ва ҳимоякунандаҳо мавриди пурсиш қарор гирифта шиканҷаву озор мебинанд. Номбурда ин амалҳоро нақзи ҳуқуқи инсон арзёбӣ кард:

«Як гурӯҳи ҷавонон ҳангоми баргузории ҷашнвораи арчаи солинавӣ бо ҳамдигар задухӯрд кардаанд ва дар ниҳоят аз гуноҳи якдигар даргузаштаанд. Дар чунин ҳолат қонун муқаррар кардааст, ки вақте тарафҳо миёни ҳам сулҳ мебанданд. қазия қагь мешавад. Аммо дар Тоҷикистон қазия дар ин маврид қатъ карда намешавад. Сарфи назар аз он, ки баъзе ҳукуқвайронкуние, ки аз ҷониби кӯдакону наврасон ба монанди авбошӣ содир мешавад, онро метавон ҷарима карда, раҳо намуд. Бе ин ҳам волидони чунин ноболиғон маблағи ҷаримаро месупоранд. Вале зиндон кардан чй зарурат дорад?»

Паём Фуруғӣ, намояндаи ҳуқуқии САҲА вобаста ба пиёда намудани протоколи иловагӣ ва ё ихтиёрии «бартарафсозии азобу шиканҷа дар Тоҷикистон» панҷ пешниҳод кард.

Ҷаноби Фуруғӣ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳеч як нафар аз намояндагони парлумони Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ширкат наварзиданд, ҳарчанд даъват шуда буданд. Вай гуфт, наход масъалаи азобу шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон он қадар масъалаи ҷиддие набошад, ки намояндаго ни порлумонро ба ташвиш наовардааст. Паём Фуруғӣ гуфт:

«Мо-мехохем бидонем, ки иллати аслии имзо нашудан протоколи мазкур аз сӯйи масъулoни Ҳукумати Точикистон дар чист? Имзо кардани протоколи зидди азобу шиканҷа дар маҳбасхонаҳо чизи баде нест. Дар ин ду рӯз ҳама шоҳиди он будем, ки ин протоколро ҳафт кишвар имзо кардаву ба муваффақиятҳо ноил шудаанд. Бо имзо кардани он шумо як сол вақт доред, ки аз шиканҷа дар зиндонҳо ҷилавгирӣ намоед».

Аммо намояндаи дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Абдулло Солиев гуфт, масъалаи пиёда намудани протоколи мазкурро дар оянда ба назар хоҳанд гирифт. Дар ҳамин ҳол Ҷумъахон Алимӣ, коршиноси мустақил мегӯяд, дар сурати имзо шудану мавриди амал қарор гирифтани протоколи мазкур метавон гуфт, ки тамоми шахсони воқеиву ҳуқуқй бо вазъи зист ва шароити маҳбусон шинос шуда, мулоқоту дидорбинӣ бо онҳо низ беҳтар мешавад.

«Бояд зикр кард, ки ин хуҷҷат тавъам бо қонуни обудсмен ё шахси ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст ва конвенсияи зидди азобу шиканҷа бо шахси салоҳиятнок ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар робитаи зич дорад».

Ҷумъахон Алимӣ ҳамчунин қайд кард, дар шароити феълӣ боздоштгоҳу зиндонҳои кишвар шароити дурусте надоранд, ки бойис ба афзоиши ҳар гуна бемориҳо миёни маҳбусoн мегардад.

Ӯ гуфт, ҳатто ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандон аз болои ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон вобаста ба азобу шиканҷа ва беасос ба пушти панҷара кашида шудани пайвандонашон ба Кумитаи зидди азобу шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид шикоят бурданд. Аз ин рӯ роҳандозии протоколи мазкур зарурӣ ва сари вақтӣ аст.

Ёдовар мешавем, феълан, дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад, ки аз ин миён 62 нафарро наврасон ва беш аз 30 дарсади дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Advertisements

3 Responses

  1. Вазъи зиндониёнро факат касе тасаввур карда метавонад, ки дар он чо бо амри такдир рузхо, моххо ё солхо гузаронида бошад…
    Мисол ба каси мансабдор, ки бо мошини шахси ва ё хизмати ба кор меравад гуед, ки сахари дар вакти «час пик» бо «маршрутка» ба кор рафтан азоби сангин аст, у мумкин аст рози шавад. Вале у хамон вакт дархакикат бо тамоми вучудаш дарк мекунад, агар рузе худ бо маршрутка ба кор равад…
    Бовар кунед азоби зиндониёни Точикистон дар ягон филм тасвир нашудааст (ба хар хол 2-3 сол пеш хамин хел буд)
    Бовариат намеояд, ки инсон бо хамкавми худ чунин рафтор кунад…

  2. Шахрвандони Чумхурии Точикистон , ки дар ягонаги халки Точикистонро ташкил медихад!
    Ин паём ба калбу хиради хар кадоми Шумо равона карда шудааст.
    Хизби Сосиал-демократи Точикистон (ХСДТ) – ин хизби шахрвандони новобаста аз чинсияту дин ва миллияту фаркиятхои дигар озоду мустакил ва дар шаъну хукукхои худ баробархукуки кишваре мебошад, ки
    ВАТАНИ ЯГОНАИ БО НОМИ ТОЧИКИСТОН ДОРАНДУ
    НОМИ ЯГОНАИ ПУРИФТИХОРИ ТОЧИКИСТОНИ
    Агар ту шахрванди озоду мустакил ва бо дигарон баробаре ба номи пурифтихори Точикистони ва дорои Ватани ягона хасти ё мехохи хамингуна боши, пас ХСДТ хизби туст!
    ХСДТ ба халки Точикистон, ба шахрвандони кишвар рохи алтернативии Сосиал-демократии тараккиётро пешниход мекунад, ки асоси онро ташкил медиханд:
    – Хадафи асоси – ташаккули Точикистони Сосиал-демократи бо давлатдории Хукукбунёд ва чомиаи шахрвандии бар принсипхои озоди, баробари, хамраъйи ва адолати ичтимои бунёдёфта;
    – Андешаи асоси – адолати ичтимои ва давлати ичтимои, иктисоди, ки дар он одамони аз чихати ичтимои химоятшуда зиндаги мекунанд ва дар назди конуну суд баробаранд;
    – Субъекти асоси – инсон ва шахрванди аз чихати ичтимои, иктисоди ва сиёси озоду дорои маърифати фарханги, ки бе он на чомиаи шахрванди ва на давлати кави вучуд дорад;
    – Омили асоси – ташаккули кишри миёнаи дар низоми ичтимои бартаре, ки асоси кобили зист будани чомеа аст;
    – Сармояи асоси – неруи инсониву зехние, ки бояд мавриди талаб карор гирифта шуда ва барояш шароити мусоид фарохам шудааст;
    – Акидаи асоск – демократия шарти асосии рушд, на натичаи он мебошад, яъне, бе демократия рушди одилонаи иxтимои имконнопазир аст, зеро махз демократия нерухои созандаро озод мекунад, тахаюлро илхом мебахшад, ба дигаргуниву навоварихои барои тараккиёти иктисоди ва харгуна рушди зарур мусоидат мекунад.
    Ва баръакс. Рушди иктисоди бидуни демократия ин беадолатии ичтимои, коррупсия ва тафаккури мутлакгарост.
    Хулоса, ХСДТ – ин хизби демократияи ичтимои ва давлати ичтимои дар доираи чомиаи ичтимоиву фархангии шахрвандист, ки арзандаи хотираи таърихии мо мебошад.
    Мо мутмаинем, ки Хукуки асосии инсон ва чомиа ин дастрасии баробару озодона ба имконот буда, ва маънои асосии вахдати милли, табаъияти сидкии аклонист, ки бар имконоти баробару рушди озоди хар фард, оила, кавму миллат ва ниходхои чомиаи шахрванди асос ёфтааст.
    Махз барои хамин хам шиори ХСДТ «Хирад, Адолат, Тараккиёт» мебошад.
    Бо хамин паём мо бо камоли ифтихор эълом мекунем:
    ХСДТ хизби шахрвандонест, ки якчояву бидуни тарсу харос барои адолати ичтимоиву авлавияти конун ва рохи тараккиёти Сосиал-демократии Точикистон мубориза мебаранд.
    Мо аз мухолифат ба худ ва ё аз карор гирифтан дар мухолифат ба хокимият харос надорем. ХСДТ хамеша тарафдори мухолифати созанда мебошад.
    Ва махз барои хамин хам онхое, ки аз принсипхои демокративу авлавияти конун ва эхтиромгузори ба хукуки инсону адолати ичтимои дуранд, аз мо метарсанд ва моро сиёх мекунанду махдуд месозанд.
    Мо аллакай хаштуним хазорем, ки дар катори мо зиёда аз 80 доктор ва номзадхои илм мавчуд буда 75% аъзохои мо чавонони то 35 сола мебошанд.
    Дар охир гуфтанием, ки имруз узви Хизби Сотсиал-демократ будан, матонат талаб мекунад ва аъзо будан шараф аст. Мо ояндаи Ватани дустоштаамон, ки Точикистон ном дорад хастем!

  3. 5-6 руз пеш дар зиндони-7 будам хостам бо яке аз наздиконамон дидор кунем бо машакати зиёд вориди ончо шудем, вакте ки мо хонааи мунтзиршави ва мулокоткуни шудем ки он хона микдори як синфхон буд аммо дохилаш кариб сад нафар бо овозхои пасту баланд сухбат мекарданд ки шахсан ман асабхоям набардошту ба берун баромадам ва аз берун нигхбон боз манро ба дарун даро гуфта мисли ки аз касе метарсида мегуфт гуфтам худат даро пас мебини ки токат карда метавони ё не ?? Каме бад значоки калонтардораш омаду боз манро ба дарун рв гуфта ба монанди зиндонишудагон сухан мекард, Рости бисер номусам омаду чи кор кардахам мешуд, баъде каме боз нашуд аз сару садохои аз бозорхам пурхароштар буд токат накарда баромадам индафъа як нафаре бо либоси одди омаду ману нафарони берун баромадаро дароед! ДАРОЕД ! одамкушон гуфта сиёсат карда хамаро даровард ман хостам чизе гуям ру ба руяш истодам аммо манро гуфтан чизе нагуи ки ин Начальник турма хаст вагарна наздикатро метавонад азоб кунад! Ана бинед бародарон Зиндонхои моро бо зиндениен яктараф истад наздиконашонро хам одамкуш гуфта меранчонанд Худо лаънаташон кунад ки ингуна берахм хастанд,

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: