Хонадомод мегирад ин хонаро охир

Ҳукумати Қирғизистон бо мақсади ҳимоят аз мардуми худ андозро барои фурӯшандагони хориҷӣ дар қаламрави хеш 2 баробар зиёд кард ва бо ин эътирози тоҷирони хитоиро ба миён овард. Дар идомаи ин Қирғизистон бозори “Қарасу”-и шаҳри Ушро, ки ахиран қариб пурра ба дасти хитоиҳо гузашта буд, баст.

Ян Тсу Пин — раиси иттиҳоди соҳибкорони хитоӣ дар ҷануби Қирғизистон гуфтааст, ҳукумати Қирғизистон фаъолияти тоҷирони хитоиро то рафт маҳдудтар мекунад ва ин сабаб мегардад, ки ҳазорон нафар аз онҳо тадриҷан ба Тоҷикистон бикӯчанд. Ба гуфтаи вай андоз барои чиноиҳо дар Қирғизистон дар як соли охир 500% зиёд шудааст. Шароити кору иқомати хитоиҳо дар Узбакистон ва Қазоқистон низ хуб нест ва дар натиҷа Тоҷикистон ба меҳмонсарои роҳаттарини чиноиҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Дониёл Толонов, раиси Кумитаи муҳоҷират ва шуғли шаҳри Уши Қирғизистон гуфтааст, қоидаҳои нав ба ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишвар равона шудаанд. “Ягон тоҷири мо бо чиноиҳо рақобат карда наметавонад, зеро онҳо бо моли тамоман арзон мустақиман аз Чин таъмин мешаванд ва ҳукумати Чин аз онҳо андоз нагирифта, бо ин роҳ ташвиқ мекунад, ки бозори кишварҳои Осиёи Марказиро ба даст оранд. Мо наметавоанем, ба ин вазъият нигоҳ карда шинем.”

Ба гуфтаи Ян Тсу Пин дар ним соли гузашта зиёда аз 5 ҳазор тоҷири хитоӣ Қирғизистонро тарк карда, ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Дар Тоҷикистон муносибат ба хитоиҳо бадхоҳона нест. Ба ғайр аз тоҷирон наздик ба 10 ҳазор хитоӣ дар сохтмони роҳҳои ин кишвар кор мекунанд. Тоҷикон хитоиҳоро дӯст доштаанд ва пас садҳо духтари тоҷик бо онҳо издивоҷ кардааст. Дар чандин минтақаи Тоҷикистон хитоиҳо хонадомод мебошанд ва падарарӯсу модарарӯсони тоҷик аз онҳо хеле хушнуданд.

Дар ду соли гузашта се занозании калонмиқёс миёни ҷавонони тоҷик ва коргарони хитоӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар ҳамаи онҳо мақомоти давлат ва додгоҳ аз хитоиҳо ҳимоят карданд.

Вале дар ҳамин ҳол ҳукумати Чин шароити сафари тоҷирони тоҷик ва овардани мол аз Чин ба Тоҷикистонро барои онҳо мушкил кардааст. Қаблан агар садҳо соҳибкори тоҷик метавонист бе мушкил ба Чин сафар карда мол биёрад, аз 15 майи соли 2009 мақомоти Чин танҳо ба онҳое иҷозаи сафари Чин медиҳанд, ки аз Утоқи бозаргонии Чин даъватнома дошта бошанд ва ҳам далели он ки дар расмулҳисоби бонкияшон на камтар аз 800 доллар доранд.

Намояндагони Утоқи бозаргонии Чин ҳангоми додани даъватнома ба тоҷирони тоҷик хӯрдагирӣ мекунанд ва бо камтарин баҳона аз додани чунин даъватнома сар мепечанд. Инчунин бо сабаби бӯҳрони молиявӣ соҳибкорон дигар наметавонанд, аз бонкҳо ба андозаи зарурӣ қарз бигиранд. Ба гуфтаи шоҳидон мақсади мақомоти Чин ин аст, ки сафари тоҷирони тоҷикро коҳиш диҳанд. Ин ба навбаи худ ба афзоиши фаъолияти тоҷирони чиноӣ дар масири Чин–Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Моҳи гузашта мақомоти Чин ба даҳҳо тоҷири афғон, ки миёни Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон кор мекунанд, иҷозаи сафари Чинро надоданд, аниқтараш онҳоро аз посгоҳи марзии Қулма ақиб гардонданд.

Вазъи тоҷирони афғон, ки бахши умдаи онҳо аз тоҷикони афғонистонӣ мебошанд, бо вазъи хитоиҳо дар Тоҷикистон аз замин то осмон фарқ мекунад. Сари чанд вақт дар бозорҳои Тоҷикистон маъракаҳои “афғонқаппӣ” ҷараён гирифта, садҳо нафари онҳо боздошт ва ихроҷ мешаванд ва моли онҳо мусодира мегардад.

Муносибати мақомоти бозорҳо ба тоҷирони тоҷик низ ҳамвор нест, аммо хитоиҳо барои онҳо мисли писартағо ё хонадомод азизу мӯътабаранд. Бо ин ҳол аз эҳтимол дур нест, ки баъди қариб пурра зери бори тавлиди Чин мондани бозору фурӯшгоҳҳо, худи Тоҷикистон зери бори муҳоҷирони чиноӣ афтад. Зеро бо ташвиқу барномарезии ҳукумати Чин ин тоҷирону соҳибкорон ва роҳсозону ошпазҳо на танҳо мақсад доранд, фоидаи молӣ ба даст оранд, балки бо ҳар роҳ ки бошад, дар кишварҳои дигар боқӣ бимонанд ва муқим шаванд.

Тоҷикистон шояд ба муқобили малахи марокашӣ доруву даве дорад, аммо дар баробари малахи чиноӣ гумон аст, истодагарӣ карда тавонад. Сабаби асосӣ ин аст, ки чиноиҳо дар додани ришвати бузург ҳамто надоранд ва барои мақсадҳои дури хеш имрӯз қодиранд, ба қурбониҳои бештаре тоқат кунанд.

One Response

  1. Муборак бошад, точикони ориёйи!
    Заминхоятонро хам президентатон ба Хитой фурухт, акнун мардумаш духтаронашро ба хитойихо мефурушад.
    Муборак точики рахмонови!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: