Маликшо Неъматов: Мо аз Рустами Эмомалй кумакy мусоидатро мунтазирем

Зафар СӮФӢ «Озодагон» №20 21.05.09.

Суҳбати ихтисосӣ бо раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон

-Дар аввал мехостам арзёбии шуморо аз нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи имрӯз пурсон шавам. Яъне ба назари шумо оё як ҷавон имрӯз шоистаи тавоноӣ, дониш ва истеъдодаш дар ҷомеа ҷойгоҳ дорад?

-Вақте мо насли ҷавон мегӯем беш аз 70 фоизи аҳолии кишварамонро дар назар дорем. Инҳо ҳамон насле ҳастанд, ки дар замони соҳибистиқлолй таваллуд шуда ба воя расиданд ва ҳамаи он гирудор ва рӯзгоре, ки дар аввали солҳои навадуми асри гузашта доштем, инҳо шоҳид буданд. Имрӯз қариб дар ҳамаи соҳаи зиндагии ҷомеа аксари корҳо ба дӯши ҳамин ҷавонҳо мебошад.

Албатта мо имконияти кишварро хуб медонем ва дар кадом ҳолат ба истиқлол расидем онро ҳам фаромӯш накардаем. Торикй буд, ранҷ буд, хотирҳои озурда буд ва инҳо ҳама аз байн рафт, равшанӣ омад, умед омад. Имрӯз ҳатто қиёфаҳо ҳам, чи ҷавонон ва чи калонсолон, нисбат ба солҳои 199-‘2000 фарқ мекунад. Албатта ин ҳамаро бояд дид. Аз ин назар имрӯз мақсаду мароми сиёсати давлатии ҷавонон аз тариқи барномаҳои мушаххас, яъне «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи ватанпарастӣ» ва ҳамчунин «Барномаи саломатии ҷавонон» амалӣ мешавад. Албатта бо дар назар доштани имконияти моливу иқтисодии мамлакат маблағҳои муайян дар ин самт ҷудо карда мешавад, ки ба ҷуз ин се барнома даҳҳо корҳои дигари фарҳангӣ, илмӣ, техникй, солшгардонию варзишӣ низ анҷом мегирчд. Мақсад ҷалби ҷавонон ва ҳидоят ба роҳи дурусти ҳаёт аст. Албатта иқрор бояд кард, ки фарогирии тамоми ҷавонони ҷомеа кори ношуданист, аммо ҳар миқдор, ки тавонистем дар марказ ва зерсохторҳои кумитаи ҷавонон бо соҳибони фардои мамлакат бештар кор кунем, ба нафъи ҳамагон хоҳад буд. Гузашта аз ин имрӯз бояд ҷомеа худ манфиатдор аз ҷалби ҷавонон ба тарзи зиндагии солим бошад. Охир ҷавон кист? Албатта бародари мо, фарзанди мо аст. Пас, мо вазифа дорем дар ӯ руҳияи ватандӯстӣ, меҳрубонӣ, ифтихор ва дигар арзишҳои волои иҷтимоӣ ва ахлоқиро тақвият бахшем.

-Фарохони ҳама барои ҳидояти ҷавонон албатта як бахш аз кор аст ва мутмаинан як таҷрибаи санҷида шуда ҳам ҳаст. Аммо аз сӯи дигар биёед мушаххастар ба мавзӯъ назар андозем. Вазъи иқтисодии кишвар ба мову шумо маълум ва ин буҳрони молии фарогири ҷаҳонй имрӯз гиребонгири мо ҳам шуда. Баъзе коршиносон дар чунин ҳолат бештар шудани мушкилоти ҷавононро матраҳ мекунанд. Аз ин дидгоҳ кумитаи ҷавонон дар роҳи бурунрафти қишри ҷавони ҷомеа аз буҳрон чи барнома ва иқдоми амалие дар назар гирифтааст?

-Ҳамон тавре, ки гуфтед, вазъи иқтисодии кишварро мову шумо хуб медонем ва мо ҳам як сохтори таблиғотӣ ҳастем, яъне кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ихтиёри худ имконияти зиёди молӣ ё корхона ва заводу фабрика надорад. Аммо новобаста аз ин дар паи иҷрои вазифаи худ аст ва ҳамаи чорабиниҳое, ки доир менамояд, барои раҳнамоӣ ва ҳидбятгарӣ аст. Яъне мақсаду мароми мо пеш аз ҳама фаҳмонда додани ҳамин ҳолати пешомада аст. Маҳсулоте, ки кишвари мо истеҳсол мекарду барои пур кардани буҷа манбаи асосӣ буд, мутаассифона дар таъсири буҳрон имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо нархи арзонтар фурӯхта мешавад ва табиист, ки аз ин ҳисоб мо даромади камтар мегирем. Албатта ин ҳолат фақат ба насли ҷавон не, балки ба ҳамаи қишрҳои ҷомеаи таъсир мерасонад. Аз ин дидгоҳ ҳамон барномаҳое, ки роҳбарияти олии кишвар амалӣ мекунанд, ба қишри ҷавони ҷомеа низ тааллуқ мегирад ва албатта дар ростои сиёсатҳову мароми мо аст. Кумита дар назди ҳукумат таъсис дода шудааст ва имрӯз аз ҳисоби буҷаи ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ мешавад. Ба ҳар ҳол мо дар самти ҷалби ҷавонон ба ҷои кор ва фароҳам овардани имкониятҳои корӣ талош дорем, ки дар самти коҳиши таъсири буҳрон ба ҷавонон фаъолият намоем. Намехоҳам иллюзия бисозем, балки бояд бар асоси имкониятҳои воқеии мавҷуд ва корҳои мушаххас ҳаракат кунем. Ҳал кардани мушкилоти ҳамаи ҷавонони мамлакат бе ҳеч шаку шубҳа дар доираи имконияти мо нест. Аммо мо ба оянда хушбин ҳастем ва бовар дорем, ки ҳатман фардо аз имрӯз беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Хабар доред, ки чандйн сол аст дар назди кумита биржаи кор амал мекунад ва ҳамроҳ бо сохторҳои дахлдор, мисли вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохила баъзе корҳои мушаххас анҷом гирифт. Дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумат бо пешниҳодисарвари давлат қарор шуд, ки ҳар ҳафта намоишгоҳи ин биржа ташкил гардад. Новобаста аз он, ки ҳар кас аз баргузории намоишгоҳи биржаи меҳнат бардоштҳои гуногун дорад, яъне ба қавле ҳар кас хулосаи худашро мегӯяд, муҳим он аст, ки ин намоишгоҳҳо баргузор мешаванду чанд тан аз ҳамватонони мову шумо соҳиби ҷои кор мегарданд.

-Аз сӯи дигар шояд вақти ҷалби неруи кории ҷавонон дар дохили кишвар расида бошад? Охир то кай мо бояд мунтазир бишавем, ки як рус, ё як эронӣ, як турк ва ё як чинӣ биёяду барои мо роҳ созаду нақб биканад…

-Албатта мо ҳам инро мехоҳем. Ман ҳатто дар конфронси матбуотии охирин ишораҳо ба ин масъала доштам ва баъзеҳо навиштанд, ки раиси куматаи ҷавонон ҳамаро ба Бадахшон даъват мекунад. Охир ин даъват беҳуда набуд. Он ҷо ба неруи кор эҳтиёҷ ҳаст, моҳона то 1000-1200 сомонӣ имкони гирифтани маош вуҷуд дорад.

Илова бар ин мо бояд ватанамонро худамон обод кунем. Ҳеч кас онро ба ҷои мо обод намекунад ва дар ин ҷаҳон, ки зӯрҳову абарқудратҳо камзӯрҳоро фурӯ бурдан мехоҳанд, мо бояд худ дар фикри ободии худамон бошем, ҳуввияти худамонро ҳифз кунем. Доштани нангу номус ва дидани ҳамин рушаниҳо мухдом аст. Мо медонем торикӣ чи буду сиёҳӣ чи буд, имрӯз мо банд ба банд ҳамонро сафед мекунем ва бояд бидонем, ки агар як микдор сиёҳ аст микдори дигар сафед аст ва мо бояд ба сӯи сафедӣ равем. Имрӯз бо кофтани чирку камбудиҳо ба ҷое намерасем. Дар соҳаи мо ҳам мушкилиҳо зиёданд, аммо муҳим он аст, ки мо худ ин мушкилиҳоро медонем ва дар паи ислоҳаш ҳам ҳастем. Аммо агар имкониятҳо намерасанд ин набояд тавре талаққӣ шавад, ки мо аз ин норасоӣ бехабар ҳастем. Имрӯз дил бисёр мехоҳад, ки дар ҳар гӯшаи сарзамини мо варзишгоҳҳои ободу замонавӣ бошад, марказҳои ҷавонон бошад. Вале имкони имрӯзӣ ба он намерасад. Аз сӯи дигар ҳамасола раҳбари давлат ҳангоми сафарҳояш ба минтақаҳо ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва корҳои муҳиме дар ин самт анҷом гирифтаанду анҷом мегиранд.

-Шумо суҳбат аз торикиву равшанӣ кардед ва ин ҳарфҳоятон муҳаррике шуд то он пурсишро, ки дар зеҳнам мечархид, баён дорам. Зеро дудила будам, ки назди як шахсе, ки худро сиёсатмадор мешиносад, шояд матраҳ кардани ин пурсиш хеле ҷолиб набошад. Бо ин вуҷуд, ба назари шумо як шахси рушанфикр кист ва нақши рушанфикрро дар ҷомеа шумо чи гуна арзёбӣ мекунед?

-Ман дар суҳбат бештар калимаи огоҳро ба кор будам. Ба назари ман равшанфикр касест, ки огоҳ аст. Вақте дар бораи ватандӯстӣ мегӯем, вақте дар мавриди тарбияи дурусти насли имрӯз мегӯем ва мехоҳем, ки ифтихорот дошта бошад, аз арзишҳову муқаддасоти кишвар ҳимоя кунад, бояд сатҳи огоҳии онро боло барем. Бояд одам бидонад, ки ба кадом миллат тааллуқ дорад, гузаштаҳояш чи ифтихорот доштанд, имрӯзаш чи дорад ва фардо бояд чи гуна бошад, яъне аз ҷойгоҳи миллаташ дар ҷаҳони дирӯзу имрӯзу фардо ба хубӣ огоҳ будан равшанфикрӣ аст. Аз сӯи дигар ҳар кореро агар огоҳона анҷом бидиҳӣ фикр мекунам пу шаймон намешави Ҳатто агар ба мушкилиҳо ҳам гирифтор шавӣ чун медонӣ, ки роҳат дуруст аст, пушаймон нахоҳӣ шуд. Шояд ҳатто аксарият туро нафаҳманд, аммо худ пеши виҷдони худ ҳисобот медиҳӣ, ки роҳат рост буд ва сарбаландона то охир рафтӣ. Мехоҳам ҳамин ҷо як масъалаи дигарро ҳам зикр кунам. Мавқеи устувор доштан ва шукргузор будан низ як вижагии равшанфикр аст. Бибенед, баъзан гувоҳи он мешавем, ки бархе ҷавонони мо агар як бегонае сухан аз як падидаи нохуш ё як норасоӣ ба миён орад, фавран дутои дигар низ ҳамроҳ мекунанд. Бо ин кор гӯё он бегонаро хурсанд мекунем, ҳол он ки бо бад гуфтани худамон чунин корро кардем.

-Ин падидае, ки шумо фармудед дар равоншиносии иҷтимоӣ зери мафҳуми худкамбинӣ матраҳ аст, ки мутассифона дар кишварҳои ҷаҳони севвум бештар мушоҳида мешавад. Таври мисол як зуҳури онро чи дар байни ҷавонҳо ва чи калонсолҳо дар ибораи «тоҷикияш кардем» ё «тоҷикияш бикун» метавон мушоҳида кард. Яъне, агар як кор бад анҷом бигирад ё бихоҳем кореро сар-сарӣ анҷом диҳем аз ин тавсифи «тоҷикӣ» истифода мекунем. Яъне худамон хоста ё нахоста миллатии худро таҳқир мекунем. Ба ҳар ҳол аз дидгоҳи шумо барои аз байн бурдани ин ҳисси худкамбинӣ чи корҳое бояд анҷом бигиранд?

-Наслҳо дар боғчаҳову мактабҳо ва оила тарбия мешаванд. Пас тақвияти дарси ватандорй, ватандӯстӣ, ифтихор бо миллати худ, эҳтироми арзишҳову муқаддасоти кишвару миллат ва таҳкими ахлоқу суннатҳои воло ва сарбаландӣ метавонад дар коҳиши ин ҳисси худкамбинӣ таъсиргузор бошад. Боло бурдани сатҳи огоҳии ҳамагон низ метавонад дар ростои аз байн бурдани ин падида корсоз гардад.

-Шумо болотар ба шукргузор будан ишора доштед ва қаблан ҳам дар як суҳбат ба яке аз вазифаҳои кумитаи ҷавонон будани тарбияи насли шукргузор таъкид доштед, ки албатта дар бархе доираҳои хабариву таҳлилӣ ба ин таъкиди шумо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳол мехостам бибинам, ки аз назари шумо вижагӣ ё хусусияти ин насли шукргузор аз чиҳо иборат аст?

-Шукргузор… Ман фикр мекунам ҳар нафаре, ки соҳибақл аст, шукргузор аст. Медонед, ин ҷо як дид, як нигоҳ аст. Барои шакл додани ин дидгоҳ ҳам боз ҳамон таълуму тарбия лозим аст, мактабу маориф даркор аст. Як мисоли оддй меорам. Вақте ман пештар ба ҷои кор меомадам як қисмати роҳ ноҳамвор буд. Аммо як чорабинии сиёсй сабаб шуд ва дуртар аз идораи мо як меҳмонхона бунёд ёфту роҳ ҳам қиррезӣ гашт. Ман ҳар вақте ҳамин роҳи ободро мебинам шукр мекунам. Яъне шукргузор будан ҳар кори хуберо, ки анҷом мешавад, дида тавонистан.

-Хуб огоҳ ҳастед, ки аз назари ҷомеашиносӣ таҳким ва бақои арзишҳои ҷомеа бар мабнои ормонҳову идеалҳост ва барои пешбурди идеяҳо ва амалӣ кардану ҳифзи арзишҳо будани идеал хеле муҳим аст. Аз ин дидгоҳ пурсиши навбатӣ ин аст, ки оё идеали шумо кист ва ба унвони раиси кумитаи ҷавонон барои насли ҷавон чи гуна шахсеро ба унвони идеал муаррифӣ менамоед?

-Барои ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон, ман фикр мекунам, ки барои кушодани мушаххасоти фардӣ ва ном бурдани шахсияте ба сифати идеал кори душвор нест. Вақте як шахси огоҳ пайдо мешавад, миллатро аз вартаи нобудӣ, аз паҳну парешонӣ раҳо мебахшад. Вақте ки ба миллат сулҳ меорад…

-Биёед, ҳамин ҷангу сулҳро меъёри идеал қарор надиҳем…

– Вақте нафаре ҳаст, ки саропои вуҷудаш ба хотири миллаташ бувад ва ягон фарди ҷомеаро бегона намешуморад, вақте ки ба ҳам омадани минтақаҳоро ва ба ҳам омадани тамоми дунёро матраҳ мекунад, нафаре ҳаст, ки саропои вуҷудаш ба хотири пеш рафту шукуфои аст, аз шодии кучактарини фарзандони миллат ва умуман миллат самимона шодӣ мекунад, фикр мекунам барои мо дигар ҷустани идеал зарурате надорад. Беш аз ин нафаре метавонад идеал бошад, ки барои фардои ҷомеа новобаста аз мақому мансабаш талош мекунад, корҳоро бо завқ ва фарзандона анҷом медиҳад. Идеал барои ман ҳамон шахси наҷотбахши миллат, ҳамон шахсест, ки Худованд беҳтарин хислати бахшиданро ба ӯ додааст, ин вижагиҳо барои ман, ки худ парвардаи мактаби сиёсати сарвари давлат ҳастам, намунаи ибратанд, мактабанд, дарсанд. Умуман ҷавонон ва насли имрӯз идеал доранд. Аммо чунон ки гуфтем барои шинохти он фурсат даркор аст, вақт лозим ки дар муқоиса дарёбад.

-Шумо ҳамзамон раиси Иттифоқи ҷавонон низ ҳастед ва ахиран писари раиси ҷумҳурро муовини раиси ин Иттифоқ интихоб карданд. Мехостам бидонам, ки аз назари шумо интихоби Рустами Эмомалӣ ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонон дар ростои талош барои боло бурдани имиҷи ин ташкилот аст ва ё сохтани имиҷи сиёсӣ барои Рустами Эмомали?

-Ба фикри ман на ину на он. Ба хотири он ки ман шахсан Растамро хуб мешиносам ва рафтору кирдори ӯро хуб медонам. Ӯ дар оилае таваллуд шудаву бузург шуда истодааст, ки тамоми пастиву баландии ҳаёти ҷомеаи моро медонанд. Ӯ таҳсилкардааст, маълумот дорад. Ҳама шӯру шавқи ҷавониро дорад. Ва мо медонем, ки аз ҳамон имкониятҳои мавҷуда истифода бурда бачаҳоро гирди ҳам овард, як дастаи футбол сохт. Имрӯз ин даста муваффақ амал мекунад ва дигар онҳоро кӣ ба ҳам оварданаш не, балки фаъолияташон муҳим шуда. Шояд дар байни онҳо шахсоне буданд, ки дилмонда шудаанд ва ё берун аз кишвар бозӣ мекаданд. Рустам ҳаминҳоро ба ҳам овард ва имрӯз натиҷаашро мебинем. Яъне дар вуҷуди ӯ як истеъдоди ташкилотчигӣ ҳаст. Вақте мо ӯро даъват кардему машварат намудем, ба ӯ гуфтем, ки ҳамин шавқу шӯрат, ҳамин имкониятҳои мавҷудаатро дар як самт равона бикун. Вай имрӯз дар кумитаи сармоягузорӣ машғул ба фаъолият аст. Кор дар Иттифоқи ҷавонон як вазифаи ҷамъиятӣ аст. Ба назари мо дар самти ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ӯ метавонад корҳои муфиде анҷом диҳад. Дар ин ҷо фикр мекунам ягон мушкилие пеш намеояд ва то чи андоза муваффақ мешавад аз ҳунар, аз шавқу ҳаваси у, аз талоши ӯ вобаста аст. Мо ҳам аз нигоҳи худ ба ӯ кумак мекунем, чунки ӯ ҳам як фарди ҳамин ҷомеа аст. Беш аз ин ӯ шоҳиди пастуву бадандиҳои рӯзгор ва он сӯхтанҳову сохтанҳои падараш ҳаст ва фикр мекунам аз аксарият дида ӯ бештар дарк мекунад, ки ҳамин ҷомеа бояд пешрав бошад, ифтихор офарад…

-Бубахшед, шумо фикр мекунед ё мутмаин ҳастед?

-Не ман мутмаин ҳастам. Чунки ӯ дастпарвари мактаби сиёсии рахбари давлат аст. Мо, ки худ аз ин мактаб гузаштаем, ҳар ҳаракате, ки ба сӯи пеш мешавад бо шукргузорӣ, бо як меҳр қабул мекунем. Чаро шодӣ накунем, вакте як гӯшаи диёр зебо шавад, обод шавад. Чаро хурсанд нашавам вакте дар як гӯшаи диёри ман як беморхона пайдо шавад, як мактаб сохта шавад, як варзишгоҳ бунёд ёбад. Ман борҳо бо Рустам дар ин мавридҳо суҳбат доштам ва мутма инам ки у чунин як шахсест. Аз сӯи дигар ӯ дар байни ҷавонон нуфуз дорад, ҷавонон ӯро эътироф мекунанд. Ӯ мушкилоту масъалаҳои ҷавононро медонад ва фикр мекунам ин мушкилотро метавонад ҳамчун фарзанд дар сатҳи раҳбарияти олии кишвар матраҳ намояд. Агар кореро ба хотири пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, ба хотири хубтар шудани рӯзгор пешниҳод кунаду ин пешниҳод дастгирӣ ёбад, оё ба зарари кор аст? Албатта не, барои ҳамин ман фикр мекунам ва марому мақсадам ҳамин аст, ки дар тарбияи ӯ, дар пешрафти ӯ агар мо созгор ҳастем, имконе дорем, ҳатман анҷом медиҳем, чунки сохтор дар як давраи муайян як каме хомӯш шуда буд ва барои аз нав эҳё кардани Иттифоқи ҷавонон ҳар ҷавоне, ки ҳамин сиёсати дурусти пешгирифтаро дастгирӣ кунад ва фаъол бошад, мо ҳам ӯро дастгирӣ хоҳем кард.

Иттифоқи ҷавонон аз будани Рустами Эмомалӣ бурд мекунад, мо бо пешниҳоди ӯ чандин чорабинӣ гузарондем ба қарибӣ ба аёдати собиқадорони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ рафтем. Ӯ чанд барномаву нақшаҳо дорад, аз ҷумла таъсиси як клуби варзишии «Истиқлол», ки метавонад аз давраи мактаб ба тарбияи футболбозону варзишгарон шароит фароҳам оварда мусоидат кунад. Боз ҷалби сарпарастон низ як ҷиҳати дигари масъала аст. Яъне имконияти давлатӣ ҳаст ва мо агар битавонем имкониятҳои ҷамъиятиро низ истифода барем бештар муваффақ хоҳем шуд…

-Бубахшед, ман ин пурсишро ба он хотир матраҳ кардам, ки Иттифоқи ҷавонон як созмони ҷамъиятист, ки метавонад дар замони интихоботи президентӣ номзади худро пешниҳод намояд. Хабар доред, ки ҳамзамон бо интихоб шудани Рустам ба симати муовини раиси Иттифоқ ҳадсу гумонҳо ва тахминҳо дар ин бора падид омаданд…

-Бигзор ҳар касе тахмину гумон ва мавқеи худро дошта бошад. Зеро вақте сиёсат ҳаст ҳар кас тахмину гумони худашро дорад ва ба таврҳои гуногун шояд масъалагузорӣ ҳам мешавад. Аммо барои мо имрӯз Рустам пеш аз ҳама ҳамчун шахсияти ҳамин ҷомеаи навин матраҳ аст, вай як ҷавони серғайрат, ҷаҳондида аст, ҷаҳонбинии васеъ дорад, масъала ҳоро дарк мекунад. Бар болои ҳамаи ин тарбияи дуруст гирифтааст, дар ҷое тарбия ёфтааст, ки саропо ғамхории миллат аст, шабу рӯз фикри миллат аст ва дар сафарҳои сарвари давлат ба минтақаҳои мамлакат ӯро ҳамроҳӣ мекунад, яъне аз рӯзгори мардум огоҳ аст. Ҳамчунин ӯ имрӯз имкони васеъ дорад, ки ҳамон мақсаду маромҳо ва нақшаҳоеро, ки дорад, амалӣ бисозад. Оянда дар дасти худи ӯ аст ва ҳар қадар муваффақ мешавад, ҳар қадар дар ин ҷода пешрав мегардад, ба зарар нест ва худо кунад, ки комёб бощад, нафъаш бештар ба ҷомеа бирасад. Аз ин набояд касе тарсу ҳарос дошта бошад ва овозаҳои беҳуда насозад. Баракс, агар таври мисол, фарзанди ман аз ҳама талошҳои ман огоҳ бошад, мақсаду мароми маро бидонад ва дар ҳар мавқеъе, ки ҷойгир шуд, аз рӯи ҳамин мақсаду маром кор кунаду нияташ нек бошад, пас чаро мо ба ӯ имкон надиҳем, ки мақсадҳояшро амалӣ кунад?!

Мо аз Рустам фақат мусоидату кумакро мунтазир ҳастем, зеро чизҳои дидаву омӯхтаашро агар дар пешбурди мақсадҳо дар ихтиёри мо гузорад, ба нафъи ҷомеа хоҳад буд. Мо ба ӯ барори кор мехоҳем, худо ку над, ки як ҷавони банангу номуси миллат ва барои пешбурди ҷомеамон муфид бошад. Мо аз ӯ умедҳои калон дорем. То замоне, ки фикр ҳаст, имконият ҳаст, тавоноӣ ҳаст, бояд талош кунем, набояд корҳоро ба фардо гузорем ва агар ба фардо гузоштем ин тарс дорад, пушаймонӣ дорад…

-Муваффақ бошед ва сипос барои сӯҳбати самимӣ ва шумову ҳамкоронатон дар кумитаи ҷавонону Иттифоқи ҷавонон ва дар симои онҳо ҳамаи ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон шодбош мегӯем.

Advertisements

8 Responses

  1. шумо чуфт кардед акнун рустам омада мекорад.
    руятон сиех ба хамон рустаматаону эмомалиатон.
    мисли ин ки инхо аз сари кудрат рафтани нестанд. акнун писарашро мондааст ки ду сол пас раисиро ба у дихад.
    хок бар саратон. худованд насибатон нагардонад.
    вой бар точику ватан бо доштани чунин каллахархо.

  2. Bisyor ajib ast ki in farzandoni rushanfikri millati mo bo hissi iftikhor az forigh budan az «maktabi siyosii raisi jumhur» borho ta’kid mekunad. Man ba andesha merawam ki komyobi va dastovardhoi in «maktab» kadomand… oyo in «maktab» yagon khususiyathoi barjastae ba ghayr az besalohiyati, rishvatkhuri va ba mahbas andokhtani tamomi raqiboni haqiqi va gumonbarshuda dorad?

    Afsus ki ba zammi on mardumi tojik imruz dar ki imruz dar mushkilihoi ziyode qaror dorad, vakte ki ba vaz’i ta’limu tarbiya (maorif), tandurusti va siyosathoi peshgiriftai davlatamon nazar meandozem, yagon shu’lai umed namoyon namerasad…

  3. Бародарони гироми!!!
    Рустам писари Президент шуда гунахгор шуд? Магар бечора бача бо кушиши худ ба мувафакият ноил шавад чаро уро бо ин суханони бад ба забон мегирем. Агар бача аз чавони бо сиёсат сару кор гирад, аз кудаки часми серу пур дошта бошад, ин албатта ба фоидаи кор аст. Баъд чизи дигар Президент марди ачиб аст, сайъу кушиш дорад ба фоидаи мардум кор карда истодааст, гар чанде гумон мебаред у факат худаш ва наздиконашро фикр мекунад

  4. Бародарони Азиз!!!
    Чалб шудани Рустами Рахмон ба сиёсат ё корхои чаъмияти ин хуб аст. Худ фикр кунед. Аз чавони ба сиёсат машгул шуда нозукихои сиёсатро хуб аз они худ мекунад. Рафту Президентхам шуд, бачаи чашмаш аз хама чиз сер кушиш мекунад ба манфияти халк кор кунад. Дигараш мо бояд курнамак нашавем. Худ як чашмонатонро пушида дастро ба сари сина монда фикр кунед чи хол доштем 19 сол пеш ва холо ба чи ноил шудем. Албатта хастанд камбудихо. Ин ислохпазир аст. Медонам шахсоне хастанд, ки аз Рахмон норозиян, сабаб онхо бо сабаби бе гайратиашон худро «дар таги офтоб» чой карда натавонистанд.

  5. Фочиаи мо хамин аст, ки мегуем ха хамин кадар хурд (горат кард) бас аст, акнун фикри мардум мекунад. Ягон мансабдора гирифтани шаванд мегуянд, биё мон, хозир дигараша монанд то сер шуданаша бо чанд вакти дигар мегузарад. Ё мегуянд то хурданаша хурад баъд фикри мардума кунад…
    Хой мардум! Нафси инсон хадду канор надорад!
    Мо худ пешаки чиноятро дар майнаи худ дастгири мекунем, ба чои он, ки тамоман нахурад, горат накунад, мегуем, ки кунад. Одами бовичдон наметавонад дар давлати факирон сарватманд бошад. Дар давлати камбагал бой будан айб аст, дар давлати бой камбагал будан.
    Дар мо касе бо оилааш моххо гушт намехурад, касе бошад гушти ду рузиная ба сагаш намедихад…
    Бехтарин гулом он гуломе, ки гуломиша намефахмад…

  6. Фарсаж
    Шояд ягон кандидат дори, мо намедонем бародар? Пешниход мекарди, мукоиса мекардем. Анализ макардем, ки чи кор метавонад. Ман медонам дар айни хозир ягон кандидати хубтар ё бехтар ёфтан имконнопазир аст.

  7. Ба Зохирчон
    Точикистон ду касофати асоси дорад:
    1. Фасод
    2. Махалгарой
    Вакте, ки мо тавонистем ин ду чизро аз байн барем, барои рушди хаматарафаи Точикистон рох кушода мешавад.
    Вагарна Точикистон ба нобудшавй мерасад. Мисол ба ягон провинсияи Хитой табдил меёбад. Бояд таъкид кард, ки ин раванд
    аллакай дида мешавад (98 хазор гектар замини Бадахшон аз они Хитой шуд). Мувофики хисоботи ЦРУ то соли 2025 харитаи Осиёи Маркази
    тагйир меёбад. Мумкин аст ин нодуруст бошад, лекин худо медонад…
    Мо аллакай аз бисёр мамлакатхои чахон зиёда аз 300 сол кафо мондаем. Мисол мукоиса мекунем бо Белгия:
    Точикистон: ахолй – 7,2 млн нафар, масохат такрибан 143 хазор км/кв- 98 хазор гектари ба Хитой фурухта, ММД – такрибан 5 млрд доллар.
    Белгия: ахолй – 10,5 млн (40% зиёдтар аз мо), масохат – 32,5 хазор км/кв (4 маротиба хурдтар аз мо), ММД – 398 млрд доллар (80 маротиба аз мо зиёд)
    Акнун худ казоват кунед бо 6-7% афзоиши ММД ба мо чанд сол лозим аст, ки ба холати хозираи Белгия расем (бо фоизи мураккаб хисоб кунед хам
    аз 500 сол изофа) ба шарте, ки Белгия дигар пеш наравад…
    Чй хеле, ки мегуянд танкиди холй ба ки лозим. Танкид мекуни бояд таклиф хам куни.
    Мо чунин таклиф дорем:
    1. Бояд интихоботи соли 2010 шаффоф ва озод гузаронида шавад. Ба хамаи хизбхо имконияти якхела дода шавад то барномаи
    худро ба мардум муаррифи кунанд. Телевизион ва радио вазифадор карда шавад, ки ба хамаи хизбхо вакти якхела дихад.
    2. Чи хеле, ки Хизби хоким захирахои давлатиро ба ташвикоти худ равон мекунад, ба дигар хизбхо хам маблаг ва имконоти баробар
    таксим шавад, то, ки хизбхои мухолиф ба ёрии хоричи мухточ нашаванд, ки паёмадхои бад доред.
    3. Интихобкунандагон пурра бо номзадхо шинос шаванд, то, ки кур-курона барои ду кило шакар ё равган, баъзан ба ваъдаи холй
    овози худро нафурушанд.
    4. Синни номзадхо бояд аз 60 боло набошад, зеро пиронсолон бисёртар ба навовари (инноватсия) зиддият нишон медиханд ва онхо
    тамоман раванди муосири иктисодиро намефахманд. Тадбиркор нестанд, Яъне фантазия надоранд..
    5. Вакте, ки Парлумони ба кадри имкон муносиб интихоб мешавад, ба он ваколатхои харчи бисёртар дода шавад.
    Яъне парламентаризм чорй карда шавад. Вакилон хар се мох бо интихобкунандагон вохурда хисобот дихад. Халк имконият дошта бошад,
    ки хангоми гайриканоатбахш будани вакил бо чамъ кардани имзохо уро сабукдуш кунанд.
    Парламент тавонад хамаи ниходхоро ба чавобгари ба суд кашида тавонад.
    Натичаи парламентаризми вокеи он мешавад, ки хамаи ниходхо назди халк (бо воситаи намояндааш) чавобгар ва хисоботдех мешаванд.
    натичаи дуюм: вакте, ки кудрат дар дасти як нафар намешавад, махалгарой низ охиста нест мешавад. Гайр аз ин хар як кароре, ки бо талошу бахс
    ба вучуд меояд бисёртар ба манфиати халк мешавад. Холо бошад вакилон намояндагони гуруххои алохида на халк аст.
    Вакте, ки кабули карор дар дасти як кас аст – ин на хама вакт ба фоидаи халк аст. Зеро хато кардани як кас осон аст.
    Карори дастачамъона бисёртар вокеи мешавад. Мисол: дар бозии «Кто хочет стать миллионером» дар 99% «помощь зала» чавоби дуруст аст…
    Боз як пешниходи дигар- бояд хукуматхои нохия бархам дода шавад. Ба чои ин ба хукуматхои чамоати бисёртар ахамият дода шавад.
    Ин хам боиси бархам додани махалгарой шуда метавонад. Албатта ин хама бо тези натича намеорад, лекин бо гузашти вакти самараи
    онро бояд фахмем. Вагарна баъд аз 20-30 сол хам бадтар мешавад, ки бех не…
    Мо аллакай дер мондем.
    P.S. Парламентаризм – аз кадим дар кавми мо мавчуд аст. Чи хеле, ки аз таърих медонем хангоми ягон муаммо окилони деха
    чамъ мешуданду карори вокеан ба фоида хамон махал кабул мекарданд.

  8. Is there anything about this particular subject in English. Thank you very much. Or Russian will do. I just wanted to know to what extend Rustam Rahmonov is active in the social and political life of his country?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: