Оё сиёсати хоричии Точикистон комёбона аст?

«Нигох» №08 14.05.09.

Имсол ба таъсиси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 65 сол пур мегардад. Гуфта мешавад, ки давоми фаъолияти беш аз нимасраи хеш ин ниҳоди сиёсӣ тавонистааст, ки дар самти пиёда кардани сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба муваффақиятҳо ноил гардад. Фаъолияти ин ниҳод ба замонҳои ду сохти давлатдорй – Тоҷикистони сотсиалистии тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол рост меояд ва назарот атрофи муассир будани фаъолияти ин вазорат мухталифанд. Аксарияти таҳлилгарон ба он назаранд, ки вазорати мазкур замони Шӯравӣ иҷрокунандаи супоришҳои сиёсати Кремл буд, аз ин рӯ то соли солҳои навадум дар густариши сиёсати давлат нақщи назаррас надошт. Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳам сиёсати хориҷии ҷумҳуриро чандон чашмрас ҳисоб намекунанд. Таҳлилгарон фаъолияти солҳои охири вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунанд. «Нигоҳ» аз таҳлилгарон пурсид:

Рустам ҲАИДАРОВ, таҳлилгари сиёси:

Солҳои охир, агар мушоҳида кунем, дар қиёс бо солҳои пеш дар самтҳои сиёсати хориҷӣ муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Саммитҳое, ки дар шаҳрҳои Маскав ва Алмаато гузаштанд, нишон доданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мустақил гаштааст. Эмомалй Раҳмон ҳамчун президенти давлати мустақил баромад мекард ва мавқеъгирии шадид нишон медод. Ин таҷриба дар 18 соли давлатдории Тоҷикистон маротибаи аввал аст. Президенти Тоҷикистон манфиатҳои миллй ва давлатиро дар минтақа дар авлавият мегузарад. Паҳлӯи дигар, Тоҷикистон сарфи назар аз бархӯрдҳои сиёсии бархе кишварҳои ИДМ дар мавриди сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа сиёсати худро тағийр доданй нест. Ин ҳам муваффақияти сиёсати хориҷӣ аст. Фикр мекунам, ки дар оянда низ манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ ҳифз карда мешаванд. Имрӯз, ки дар ҷаҳон бӯҳронӣ молиявӣ мавзӯй рақами як гардидааст, албатта, таъсири он низ ба сиёсати хориҷии кишвари мо дида мешавад ва бояд Тоҷикистон омода бошад, ки дар қиболи ҳар як пайомади он акси садо нишон диҳад. Ҳоло мо дар бахши сиёсати хориҷӣ ба ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории беруна сахт ниёз дорем. Консепсияи нави стратегияи сиёсати хориҷӣ бояд манфиатҳои миллатро дар мадди аввал қарор диҳад.”

Абдунабӣ САТТОРЗОДА, корманди Маркази тадқиқоти стратеги:

Агар дар маҷмӯъ гӯем, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳақиқат муваффақаст. Ин фикрро ҳамеша таъкид мекунам. Яке аз муваффақиятҳое, ки Тоҷикистон дошт, ин сиёсати пухта, озмудашуда ва воқеии сиёсати хориҷаш буд. Вале, агар самтҳои гуногунро дар назар бигирем, ин ҷо масъалаҳои мухталиф, мушкилиҳо ва каму костагиҳо вуҷуд дорад. Мушкилоти умда дар бахши сиёсати хориҷии иқтисодӣ мебошад. Масалан, хеле кӯшишҳо доштем, президент ҳам ташаббус нишон дод, ки мушкилоти иқтисодӣ тавассути сиёсати хориҷӣ ҳал шавад. Аз он ҷумла, тавассути дастгоҳҳои сиёсати хориҷие, ки дар дохил ва хориҷ дорем. Хушбахтона, муваффақ шудем, аммо мутаассифона, ба дараҷаи матлуб не. Ҳол он ки ҳалли онҳо хеле барои Тоҷикистон муҳим буд. Агар воқеиятро гӯем, ҳанӯз дар самти сиёсати хориҷии кишвар мушкилоти иқтисодӣ дорем. Ин мушкилот яке аз фарзияҳо дар самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва бубинед, ки феълан ба яке аз рукнҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Тасодуфӣ нест, ки соли 2007 дар назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ оид ба робитаҳои иқтисодӣ таъсис ёфта буд. Ин гурӯҳ бояд фаъолияташро назаррас кунад ва саҳми бештар дар рушди сиёсати иқтисодии Тоҷикистон гузорад, зеро имрӯз зарурати ривоҷи ин бахш хеле зарур аст. Таҷрибаи давлатҳои дигар ҳам қобили истифода мебошад. Дар шароити имрӯза дипломатияи иқтисодӣ аз соҳаҳои бисёр муҳим ва ояндадори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

2 Responses

  1. Бубинед ва хулоса бароред…

  2. Badi didani in navor man haminro guftaniyam man bo chi fahram, bo murdahoi hamvatanonam,ki az pushti yak burda non joni hudro vahshiyona az dast dodaast lanat bo in tarzi vatandorivu zindagi.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: