Эрон аз Рустами Эмомалй пуштибонй мекунад

reНоиб-президенти Эрон Хочиалии Акбарй бо муовини раиси Иттиходи чавонони Точикистон Рустами Эмомалй мулокоти расмй мекунад ва хафтае пеш хукумати Точикистон тачрибаи президенти собики Озарбойчон Гейдар Алиеврро ба таври васеъ таблиг кард. Алиев аввалин президети Шуравии собик мебошад, ки тавонист, писараш Илхомро ба курсии худ бинишонад ва хукуматро меросй кунад.

Имсол монанди солхои пеш хукумати Точикистон ба тагйироти зиёди кадрй рубару нашуд. Чунин тагйиру чойивазкунихо ба дилхохи як нафар — раиси чумхури Точикистон Эмомалй Рахмон амалй мешаванд. Агар дили у хост, вазиреро аз кор мегирад ё ба кори дигар мегузаронад, агар нахост на. Албатта, накши мушовирони вай хам мухим аст, хадамоти махсусе мавчуд аст, ки “доля”-хоро чамъ меорад ва пулдорони навро ба Рахмон мешиносонад. Агар ба подшох маъкул шуд, пулаш кабул ва вазифааш таъин мегардад.

Тагйири бузургтарин имсол ба сахна по мондани писари президент буд, ки баробари тамоми тагйироти пешина аст. Мумкин барои хамин тагйироти зиёд нашуд, ки баланс бокй бимонад. Аз тарафи дигар президент барои он вазирону раисонро дигар акнун зиёд аз чо намечунбонад, ки дар оянда ба бачааш халал нарасонанд ва ранчиши онхо сафи душманони “оила”-ро зиёд накунад. Рустам гулаки навчавон аст, се-чор вазири азкоррафта уро шикаста метавонанд. Барои ин ба “оила” даркор нест, тагйироти зиёде кунаду сари навчавонро ба бало бигузорад.

 Холо хам бисёре аз мардум бовар надоранд, ки Рустами Эмомалй президенти ояндаи Точикистон аст ва аз руи накшаи “оила” дар соли 2020 ба тахт нишаста, то соли 2070 хокимият хохад кард. То он вакт падараш мемурад ва писараш ба воя мерасад ва аз соли 2070 то 2110 писари Рустами Эмомалй — мумкин номаш Эмомалй хохад буд, президенти Точикистон мешавад.

Аломатхои тайёрии Рустам ба президентй зиёданд. Баъд аз муовини аввали раиси Иттиходи чавонони Точикистон шуданаш, кучагардй, махсусан “гонка” бо мошинхои киматбахоро бас кард ва бо чанд рафикаш, ки кам-кам уро ба нашъамандй чалб мекарданд, алокаашро буридааст. Ба футбол хам камтар эътибор медихад ва бештари вакташро ба китобхонй сарф мекунад, зеро дигар дар борааш нагуянд, ки бесавод аст. Дар рафтораш хам мочарочуй ва чангарагй камтар шудааст ва шабона ба тарабхонахо кариб ки намеравад. Ба наздикй як дусти бизнесменаш аз Кургонтеппа ба вай мошини “Ягуар”-и аз Дубай овардаро тухфа кард ва Рустами Эмомалй ин хадияро кабул накард.

Рустам то рафт ба одами чиддй ва калонсол монанд мешавад. Ба рафиконаш акнун хамчун одамоне муносибат мекунад, ки дар оянда дар рахбарй ба вай кумак кунанд. Хамаи чавонони дангарагй ва аксари кулли чавонони кулобй уро химоят мекунанд ва дигар мутмаинанд, ки Рустам президенти ояндаи Точикистон аст ва дар хама чо дар бораи вай сухани хуб гуфта, уро химоят мекунанд.

Муносибати вай бо Хасан Асадуллохзода хам акнун бехтар шудааст ва дигар бо якдигар мочаро намекунанд. Бархе аз расонахо дар гузашта хабар дода буданд, ки Рустам пас аз як мочаро ба тарафи тагааш аз таппончаи “Макаров” тир кушода уро аз нохияи гарданаш захмй кардааст ва кариб куштааст. Аксари расонахо хабар дода буданд, ки Хасани Саъдулло кушта ва дар Кумсангир гуронда шудааст. Холо Хусейн роли акаашро бозй мекунад. Хакикати хол маьлум нашуд, чунки “оила” тавонист, ин мочароро махфй нигох дорад, зеро дар он сурат чунин шахсе монанди Рустам наметавонист ба олитарин мансаби Точикистон муддаъй шавад.

13 Responses

  1. Ман гумон мекунам, ки сарлавхаи ин мавзуъ ба матни он мувофик нест. “Эрон аз Рустами Эмомалй пуштибонй мекунад”: чи маъно дорад ин? Чаро ба номи Эрон тухмат мезанед? Эрон безор аз Рустаму Хасану ва гайраву ва хоказохо аст. Максадатон чист нафахмидам.

  2. Бародар Шодй, як савол. Чаро муовини президенти Эрон ба Душанбе сафар мекунад, ки бо баччаи Рахмон мулокот кунад?

    Чаро бо раиси Иттиходи чавонон нею, бо чонишини он. Магар Рустамча (намехохам номи маро харом кунад) раиси чумхур аст аз нигохи Эрон?

    Тамоми бадбахтихои мулки мо аз дасти Эрон аст!

  3. Илтимос, ба эхсос дода нашавед. Точвар шудани бошед аввал андеша кунеду баъд гуфтор. Агар ягон бадбахтие хаст, бо чурми мост ва бо казои илохист. Эрон дар Точикистон, бешак, думболи манофеи сиёси ва иктисодии худ аст (на танхо Эрон). Вале ин гунохи мост агар аксуламали мувофик нишон дода натавонем. Вокеан, намояндаи Точикистонро барои иштирок дар ягон вохури на чониби Эрон, балки чониби Точикистон муайян мекунад. Он бечораи муовин шояд аслан надонад, ки бо кй вомехурад.
    Ман намедонам ин бадбинии Шумо нисбат ба Эрон аз кучо сарчашма мегирад, вале агар ягон факту далелу хуччате доред, муфассал дар шакли ягон макола тахлил кунед, то мо хам дустро минбаъд аз душман фарк карда тавонем.
    Зимнан бояд гуфт, ки ном хам халолу харом карда наметавонад.

  4. бародар Рустам
    бо салом
    ман хили вағтҳо навиштаҳоӣ шуморо мехонам .хуб менивисид. Вали нимедонам чиро нисбат би Эрон ин ҳами бадбин ҳастид. Баъзи вағтҳо ҳарфҳой мигуийд ки одам ҳиярон мимонад!!!
    Дидори муовини раиси чумҳури Эрон бо раиси Иттиходи чавонони Точикистон (Ниматов) ки дар ончо Рустам Эмомалй ҳам буди чи далили мишавад бар ҳимояти Эрон аз Рустам? Эрон аз Рустам ҳимоят кунад ки чи шавад? Эрон биштар аз онки бо давлати Точикистон дуст бошад бо мардуми ин кишвар дуст аст.
    Эрон би думболи чи манофеи сиёси ё иктисодии дар Точикистон аст? Эрон чи бадбахти барои Точикистон оварди аст? Бигу то мо ҳам бидонем…
    Аз шумо биштар интизор меравад ки ҳамчун як нухбий Точик биҳтар таҳлил кунид.
    Мо бо ҳам бародар, ҳамзабон ва ҳам фарҳанг ҳастим.магар чанд кишвари форси забон дар дунё ҳаст? Агар мо бо хам хуб набошим бо ки хуб бошим? Шумо Туркхо ро бибен…
    Дар паноҳи ҳағ

  5. Бачахо бахси Эронро монеду бубинед, ки бо Точикистон чи мешавад. Кош Точикистон Эрон мешуд. Интихобот медошт. Сабакти интихоботи мешуд, Демократия медошт.
    Вой бар холи миллат, ки ба шохигариву сулолахо расид. Ин бадбахтии бузург аст, агар Рустам президент шавад. Ба ин набояд рох дод. Миллати бузургро ин кадар хор карданд. Боз шикастани миёнаш чаро? Кадрхои оянда чи мешаванд? Бигзор арзандатарин ва бо рохи интихобот президент шавад. Миллатро Рахмон гулом кардани аст.

  6. Бародар Шоди дуруст мефахмонанд. Саломат бошед!

    Рустами арчманд ин дафъа мохияти масъаларо каме дакиктар дарк ва баён нанамуданд. Албатта, аз сарлавхаи макола ман хам хушбин нашудам, вале умуман ин сомона ба чунин холатхо хеле кам рох медихад. Захматашон бешак бенихоят бузургтар аст. Дастатон дард накунад.

    Ба бародар аз Ирон расониданиам, ки аслан аз Точвар ва Рустам ман хис накардаам, ки бадбиние ё муносибати сарду ноодилонае нисбати кишваре, ки ба хамаи Точикон азиз аст, зохир ёфта бошад. Баръакс, хамеша аз таъриху фархангу забони муштараки мо пуштибони мекунанд. Лутфан, боре навиштахояшонро аз назар гузаронед.

    Умедворам, ки кишвархои хамзабони мо (ТЧ, ИР, АФ…) барои хамгирои васеътар кушиши бештар мекунанд, то ки миллатхои иронинажод ояндаи хубтару ободтар дошта бошанд, на чун имрузхо, ки яке ба дингаро шуда, дигари гарки чангу куштор ва сеюми фасодзадаву фарсудаву кашшок.

    Худо мададгоратон!

    — Ботур Косими

  7. Ин чӣ тоҷикии шикастаест?
    Ба қавли Парвиз Нотили Хонларӣ, “забони Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ” аст.

  8. Бародар “Фирдавси”, шумо аниктар бигуед, ки чиро ё кадомеро дар назар доред “точикии шикастаест”? Шояд бо рушани андохтани шумо мо хатогихоро бифахмем ва ба ислохи онхо бикушем?

    Муваффак бошед!

    — БК

  9. bkosimi!
    Маъзарат.
    Навиштаи “Хомид аз Эронро” дар назар дорам.

  10. Максад чист?

  11. Дар инчо ягон зарра гунохи Эрон нест!
    Балки ин як амалиёти аз Рустам сиёсатмадори “барчаста” сохтани хукуматдорони мо аст.
    Агар мо гуспанд барин ба ин чизхо беахмиятона назаркунему айбро аз хорича кобем фардо хатман ин чондор Президенти Точикистон мешавад.

  12. Бетамизихои мардум аз сухан пайдо шавад ,
    Пистаи бемагз агар лаб во кунад расво шавад.
    Гапхои пучу холи максади шумо нофахмо аст агар тавонед фахмотар нависед вагарна рафта 11- соли дигар дар мактаб хонед.
    Ман хайронам ки кариб хаммаи фикрхои дар боло кайд шуда яканд ва аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки муаллифи хаммаи инхо як нафараст.
    Ин аник аст………….

  13. салом!агар огои Рустами Эмомали президенти ояндаи миллат боша(худо накунад)ояндаи як миллати бузург аз ин талхие,ки холо хаст талхтар хохад шуд.мо бояд ба ин хатогие ки карда будем рах набояд дихем.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: