Хукумат аз оламиён мадад металабад

Технократхоро мехохед ё лампахои каммасраф ё гадой?

Бархе аз хизбхои Точикистон, ба монанди Хизби демократии чинохи Махмадрузй Искандаров пешниход карданд, ки барои начоти кишвар як хукумати зиддибухронй иборат аз технократхо ва кадрхои шоиста таъсис ёбад.

Президенти Точикистон ЭШР пешниход кард, ки барои рахой аз бухрон тамоми кишвар ба истифодаи лампахои каммасраф гузарад. Бубинед, ки «чооболй» бухронро ба таври худаш чй хел мефахмад. Агар чарогхои каммасраф чойи кори бештар месохтанд, шиками кудаконро сер мекарданд, гапуш кок буд. Ба чои калла лапмаро гирифта мегаштем.

Пешниходи раиси чумхуриро пизишкони байнулмилал танкид карданд, зеро ин лампахо дар худ моддахои захрнок доштаанд ва ба саломатии одамон зарари чиддй мерасонанд. Ман хайронам, ки кадом мушовири бесавод ин фикрро ба лампаи, э мебахшед, каллаи президент чой кардааст? Чаро як чизро наомухта, нафахмида ин сухан аз минбари баланд гуфта шуд ва хато шакли як фармони мачбуриро гирифт.

Ба назар мерасад, тамоми буду шуди Барномаи зидди бухронии хукумати Точикистон аз хамин лампаи холй иборат аст. Лампакаллахои телевизюни Точикистон шабу руз дар таблиги фармони «чооболй» хастанд. Гап дар хакикат кок шуд. Аз лампагуира дахани баъзе лаганбардорон муй баровард, аммо халк ахмак нест, худаш расму оинхояшро «танзим» мекунад.

Азбакси ба лампа шикам сер намешавад, акнун хукумати Точикистон боз хамон либосхои даридаву эзори почакандаашро пушида, ба хар дари дунё меравад ва гадой мекунад. Агар 200 миллион доллар надихед, ахволи мо хеле бад мешавад, аз чунин ахвол террористони нав ба дунё меоянд ва он вакт мачбур мешавед на 200 миллион, балки 200 миллиард сарф бикунед.

Шояд пул не, акл даркор бошад. Бист сол боз пул металабед, як бор акл талабед, чй мешавад? Аввал аз мардумони худ пурсед, ки одамони боакле дар байни онхо хастанд ё не? Буданд — хуб, набуданд, аз оламиён хохиш кунед ягон 200 тонна акл бароятон бифиристанд. Охир ягон кишвари дигари дунё ин гуна кореро мекунад, ки шумо мекунед? Шарму хаё ва гурру фишши шумо кучо шуд? Даъвои сарварии шумо факат хамин гадой будааст-де? Ягон кори дигарро хам медонед?

Хулласи калом, хамаро ба раъйпурсй даъват мекунем, ки хамчун шахрванди Точикистон аз ин ду пешниходу як илтичо кадомашро интихоб мекунанд, лутфан ин чо назар бидиханд. Агар шархеро зарур донистед, дар поён бинависонед. Рохи сафед ва ташаккур!

 

5 Responses

  1. Шумо албатта гапи дурустро навистаед. Лек ман шунидам ки ин масъалаи лампа бехуда нест. Шояд духтари гизалааш дар Вилояти сугд заводи лампабарори сохтааст-у бояд мо вай дневной лампахоро харид карда ба бизнеси духтари чаноби оли ёри мерасондем !!!

  2. Gadoiro az kujo omuhtand?.
    Az hamon gadohoi nazdi kasri prezident. Agar hamon gadohoro az shahr berun mekardand mumkin,ki in kadar gadoi moda nameshud.Ana in gado bo in roh farzandonashro ser mekunadu man ne, man ham metavonam gufta boz dari hamsoya davlatho meravand.In kor ba nazari hukumat yak kahramoni ast ,dided man chi chel pul mepursam baroi shumoyon,shikami shumo ham ser meshavad (bo nonu choy)az oni mo ham.
    Sholi az pushti kurmak ob hurdeast.

  3. э бародари азиз!
    мо точикон дар тули таърихи башарият хама вакт корамон гадои буда. мо гадоиро наомухтем. мо гадо тарбия карда ба чомеъа пешкаш менамоем. худи рахмон бо хукуматаш гадо. тамоми мардуми точик гадо. 2 миллион одам дар россия гадо. такрорам шавад боз мегуям ки рахмон бо хонаводааш мардумро хар карда савор шудааст. факат пордум надорад. акла бинед а мардум нони хурдан надорад у бошад лампа иваз мекардааст. хатто указ хам додааст. худо лаънатат кунад ту барин раиси чумхура

  4. Кадоме аз хакимон гуфта буд: хар як халк хамон хукуматро, хамон президентро доро мешавад, ки сазовораш бошад.
    Такдири мо беаклон хамин будааст.
    Бехтарин гулом он гуломе, ки гуломиша намефахмад ва бо занчирхои худ фахр мекунад.
    90% ахолии Точикистон гулом аст – барои хурокхури, чи хеле, ки бародар боло гуфтанд барои нону чой захмат мекашад. Гулом дар таътили худ барои сайру-гашт, дунёбини намеравад, дар курорт истирохат намекунад, у факат кор мекунад ва нону чой мехурад ва аз махалли худ (кафас) берун набаромада мурда меравад…

  5. Ман фикр намекунам, ки хамаи мардуми мо ё 90 дарсади ахолии Точикистон хамагй гулом бошанд.

    10%-и онхо гуломанд, вале азбаски хукумат дар дасташон аст, моро мехоханд ба гулом табдил диханд, локин окибати кори онхо нек нахохад буд, бисер бад хохад буд.

    Худоё азоби онхоро сабук намо.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: