Чаро аз хубиҳои он даврон нагўем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

istaravshaniSДар робита бо масъалаи “худшиносии миллӣ”, ки ҳамагӣ қабул дорем яке аз муҳимтарин авомили водоркунанда ва руҳиябахшандаи афроди ҷомеа ба сўи гом ниҳодан барои тараққӣ ва пешрафти ҳамаҷониба ба шумор меравад, бештар баҳсҳои назарӣ матраҳ шуда, ва дар бораи намунаҳои зиндаи он, ки чӣ чизе масалан аз масодиқи худшиносӣ ба шумор меравад, то ба он таваҷҷўҳ дошта бошем, хеле кам баҳс ба амал омадааст. Дар бораи рамзи миллӣ, ки бешак яке аз масодиқи боризи таваҷҷўҳ ба худшиносист, тавассути устод Адаш Истад баҳсҳои ҷолибе матраҳ шуда буд ва воқеан ҷои ташаккур дорад.

Камина дар ин мақола ба яке дигар аз масодиқи худшиносии миллӣ ишора хоҳам намуд. Ва он, таваҷҷўҳ ба таърих ва гузаштаи мо тоҷикон ва ин ки тоҷикон дар таърихи башарият чӣ ҷойгоҳе доштаанд мебошад. Албатта на таърихи чанд ҳазорсолаи пеш, балки ҳамин таърихи чанд сад солаи ахирамон. Зеро дар бораи таърихи кўҳан ва ин ки тоҷикон кӣ буданду чӣ карданд, баҳсҳои ҷолибе шудааст. Феълан коре ба он надорем. Кори мо феълан, ҳамин таърихи чанд сад соли ахири мост.

Мутаассифона, таърихи 200 ё 300 соли ахири мо чунон торик ва зулмонӣ нишон дода шудааст, ки ба сароҳат метавон гуфт, ки агар касе худро тoҷики бошараф биҳисобад, бо хондани он, ҷуз лаъну нафрин ба ниёкони наздикаш намефиристад. Аз назари сиёсӣ, ҳокимон як мушт афроди лоуболӣ ва бемоя ва худбохта ба намоиш гузошта шудаанд. Сохтори сиёсии ҳукуматҳо, хусусан ҳукуматҳои 300 соли ахир, дорои бадтарин шакли сохтори сиёсӣ нишон дода шудаанд. Аз назари иқтисодӣ ҳам, хондани авроқи ин марҳала аз таърих, ҷуз aфсўс чизе дигар бароямон намебахшад. Аз назари фарҳангӣ ва динӣ ҳам, ки дигар ҳар чи носазо барои бадбахтии миллат дар ин бурҳа аз замон бигўем, кам аст. Аммо…

Оё каме ҳам, ки бошад, бо худ андешидаем, ки шояд ин бурҳа аз даврони таърихи мо, чунон ки бароямон ба тасвир кашида ва то ҳанўз мекашанд, ба ин дараҷа аз бадбахтиву замони торику зулмонӣ набуда бошад?

Ҳарчанд сафаҳоте ғамангез дорад, чунон ки таърихи ҳар миллате аз вуҷуди чунин сафаҳоте холӣ нест, аммо ҳатман сафаҳоти дурахшоне ҳам доштааст. Магар қарор аст мо фақат ба сафаҳоти торики таърихамон таваҷҷўҳ намуда, ва билкулл сафаҳоти дурахшони онро нодида гирем?

Агар охирин Амири сулолаи манғитиҳо яъне Олимхон, одами лоуболие буда, оё маънояш ин аст, ки даврони ўро ба куллӣ афроде мисли ў ташкил медоданд? Магар дар замони вай афроди шоистае набудаанд? Феълан коре надорем, ки ин фард мутааллиқ ба кадом нажоду миллат буда, то бигўянд ў, ки тоҷик набуд, балки ўзбак буд. Ҳар чи буд, дар бурҳае аз замон, вай Амири Бухоро ҳисобида шуда, ва ин Аморат ҷузъе аз таърихи сиёсии мо тоҷиконро ташкил медиҳад. Фаромўш накунем, забони расмии ин Аморат, забони тоҷикӣ буд ва тамоми муоҳидоти расмӣ ба забони тоҷикӣ анҷом мепазируфт.

Ҳоло, агар Олимхонро намепазирем, лоақалл падараш Абдулаҳадхон мисли ў набуд. Дар замони вай ислоҳоти калоне дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ ва иқтисодӣ ба анҷом расида буд, ва ба шаҳодати таърих, мардум дар даврони ў дар осоишу рафоҳи нисбатан хубе ба сар мебурданд.

Чаро аз хубиҳои ин даврон ба фарзандонамон нагўем? Чаро фарзандонамон бо хондани таърихи ин даврон, дар вуҷуди ниёконашон ҳеҷ хубие набинанд? Набояд фаромўш кунем, ки инҳо таъсир доранд; таъсири бевосита дар ташакккули руҳияи фарзандон ва ояндагонамон доранд.

Чаро милали дигар, кўшиш мекунанд ҷуз аз ифтихороташон сухан ба миён наёваранд, вале мо ин ҳақро надошта бошем? Ҳамин русҳо, агар аз подшоҳони гузаштаи худ чизе мегўянд ва ё чизе менависанд, ҷуз таърифу тамҷиди онҳо, чизе дигар ба забон намеоваранд. Корашон ба ҷое расидааст, ки имрўз ҳатто аз амсоли Сталини хуношом ба унвони як абармард ёд мекунанд.

Набояд фаромўш кунем, ки китобҳои таърихи чандсад соли ахири мо, бештар дар замони Шўравии собиқ ба нигориш даромадаанд. Табиӣ буд, ки он давронро сиёҳу торик нишон диҳанд. Ин шеваи ҳар инқилобест. Яъне вақте ин инқилоб – инқилоби октябр – ба вуқўъ пайваст, магар таваққўъ мерафт даврони пеш аз вуқўи ин инқилобро зебо нишон диҳанд?

Таърихнигорони мо бояд таҷдиди назар кунанд. Бо як ҷиддияти томм ин сафаҳотро аз нав варақ бизананд.

Камина бо овардани фақат як намуна иктифо мекунам, то бубинем оё ин марҳала аз таърихи мо ба ҳамон сурати каҷе, ки нишон медиҳанд будааст ё на?

При эмире Абд алАхаде в ханстве были отменены пытки и ограничены смертные казни, а самые жестокие виды из них (например, когда осужденного сбрасывали с самого высокого в Бухаре минарета Калян) были запрещены. При нем в ханстве была начата промышленная добыча меди, железа, золота, были проложены железные дороги и телеграфных линии, активно развивалась торговля. Сам эмир деятельно участвовал в торговле каракулем, занимая третье место на мировом рынке по объему торговых операций с этим ценным сырьем…

Эмир был почетным членом Туркестанского благотворительного общества. На особом месте для эмира стояла забота о делах мусульманской веры. Так, переданные им в вакф в пользу святынь Мекки и Медины владения приносили до 20 тысяч рублей годового дохода, а в начале 30-х г.г. Абд ал-Ахад пожертвовал несколько тысяч рублей золотом на постройку Хиджазской железной дороги (тогда же его ближайшие придворные выделили для этой же цели по 150 тысяч рублей). При нем количество улемов в Бухаре выросло от 500 до 1500 человек, причем для их содержания предназначались доходы от особых вакфов.

Наконец, совершенно исключительную роль сыграл эмир в строительстве мусульманской мечети в Санкт-Петербурге – крупнейшей мечети в Европе. – Абд ал-Ахад не только добился у царского правительства разрешения на постройку мечети, но и пожертвовал 350 тысяч рублей на выкуп земельного участка для строительства и еще 100 тысяч – на само строительство. Кроме этого, он организовал сбор средств для этой цели среди бухарских купцов (всего было собрано более 200 тысяч рублей). Еще один довольно неожиданный штрих к портрету эмира – Абд ал-Ахад серьезно увлекался поэзией. Он был не только большим почитателем изящной словесности, но и составил «Диван» собственных стихотворений, в которых описывал пережитые им события и настроения, особенно во время поездок в Россию. Стихи эмир писал под псевдонимом Оджиз (слабый, беспомощный)/// Манбаъ: http://nedvetsky.boom.ru/books/bukhara.htm

Ин буд танҳо гўшае аз таърихи яке аз Амирони он даврон. Камина муаррих нестам, ин таърихнигорон ҳастанд, ки бояд камари ҳиммат баста, бештар дар ин замина кор кунанд, то хондани сафаҳоти дурахшони он, мояи иззати мо тоҷикон бошад, на мояи нанг.

Албатта дар поён такрор мекунам, ки муддаӣ нестам ҳар чи дар он даврон гузашта, ҳама хуб буда. На, чунин нест. Танҳо он чи мегўям, ин аст, ки ҳамаи он сафаҳот торик набуда.

Комёб бошед.

Advertisements

15 Responses

  1. Saidyunus,

    bisyor yak mavsui jallob. Bigirem hamon russhoro, okhirin imperatori rus 85 foisi khunash olmoni bud, ammo russiya olomon nashud ku? Bukhoro davlati Tojikon bud, ammo sarvarash manghit.

    Samak

  2. Сайидюнус,

    Оё ҳамин ду-се кори ба гуфтаи шумо «дурахшон» ё «хубиҳои он даврон»-и Амир Абдулаҳад дарвоқеъ сазовор аст, ки ба он ифтихор кунем?

    Калдоме аз ин корҳо корҳои бузург маҳсуб мешаванд?

  3. Фаромарз,
    Таърихи кадом миллат аз фарозу нишебҳо холи буда? Ҳар миллате дар сафаҳоти таърихии хеш, сафаҳоти дурахшоне дорад, ва аҳёнан нохушоянде ҳам дорад. Даврони Аморати Бухоро низ аз ин мустасно нест. Чаро бархе исрор доранд, ки фақат тарафи манфии ин давронро ба намоиш бигузоранд. Магар чуз ин аст, ки мехоҳанд бароямон талқин кунанд, ки шумо «касе» набудед ва «чизе» аз дастатон сохта набуда?
    Он чи аз мову шумо ба унвони як точик хоста мешавад, ин аст, ки дар ин марҳала аз замони сарнавиштсоз, дар бораи хубиҳо ва дастовардҳои мусбати он даврон сухан бигўем, на аз бадиҳои он.
    Ҳоло, агар нахоҳед ба онҳо ифтихор кунед, ихтиёри шумост, касе шуморо мачбур намекунад.
    Комёб бошед.

  4. Дуруд!
    Он чи Саидюнус менависад шоистаи тахсин аст..Бале чунин як масъала вучуд дорад. Сухан дар бораи ифтихор кардан ё накардан намеравад. Сухан дар бораи ба таври объективи бахо додан ба таърихи мову Шумо меравад..
    Дигар хеч!

  5. Шояд мояи ифтихори Сайид ин аст, ки дар Аморати Бухоро (ки шомили мо хам мешуд) танхо ду дарсади мардум босавод буданд. Барои хамин хам хама пайрави хурофоти исломй шуда буданд ва мафхуми «миллат»-ро дарк намекарданд ва курбонии понтуркхо шуданд. Оё ин хам чузъи «хубихои он даврон» аст?

  6. Табар,
    Аввалан, баҳс рўи ин нест, ки дар сади гароиши мардум ба ислом дар он даврон чи андоза буда. Шояд имрўз, гароиши точикон ба ислом беш аз он даврон аст. Дар ин замина, шояд фарқ танҳо дар ин бошад, ки чомеъаи мусалмони он даврон, лоақалл уламо ва донишмандоне чун Аҳмади Донишро дошта, на мисли ин замон ки ҳама чо аз муллоҳои чаласавод пур аст.
    Ҳамчунин баҳс рўи дар сади босаводи ва ё бесаводии мардум ҳам нест. Ба шаҳодати таърих, дар сади мардуми босаводи Аморати Бухоро, ба маротиб аз дар сади мардуми босаводи Русияи замони ачдоди Николай 2, (албатта аз руи дар сад, на аз руи теъдод) бештар буда. (Ручуъ кунед: Вамбери, «История Бухары или Трансоксании» (перевод Павловского, СПб., 1873)).
    Балки некў медонед, ки баҳс рўи ин аст, ки оё лозим аст мо ба фарзандони худ, перомуни гузаштаи хеш бад гўем?
    Ҳоло, фарз кунед сафаҳоти нохушоянде ҳам дошта, вале оё инсоф аст, ки сафаҳоти дурахшонеро, ки дошта нодида ангорем? Аз рўи инсоф гўед, оё воқеан чунин буд, ки барои мо дигарон ин давронро нақл кардаанд?
    Ин ки дар замони Абдулаҳадхон фақат теъдоди олимон то 1500 нафар расида, ба чи маъност? (Вожаи «олим» дар он даврон, фақат ба мулло итлоқ намешуда, балки шомили олими диниву дунёви мебошад).
    Ин ки Аморати Бухоро сохтани роҳи оҳан дар сарзамини Арабистонро бар ўҳда дошта-ро чи хел метавон тафсир кард?
    Ин ки Аморати Бухоро барои аввалин бор дар Аврупо бузургтарин масчид бино ниҳода-ро чи гуна тафсир кунем?
    Оё шумо медонед, ки зеботарин кохҳое, ки дар шаҳри Ялта сохта шуда, тавассути бинокорон ва устоҳои бухорои ва ба фармони Абдулаҳадхон бино гардида, ки то ҳануз зеботар аз он дар Ялта касе суроғ надорад?
    Ва аз ҳама муҳим, ин ки Аморати Бухоро дар бархе аз соҳаҳои иқтисод дар он замон, макони сеюм дар чаҳонро дошта. Инро чи гуна тафсир кунем?
    Ва бил-охира, ин ки Амир Абдулаҳад худ шахси фарҳанги ва аз саводи болое бархўрдор буда, ба чи маъност?
    Ман боз такрор мекунам, ки иддао надорам ҳар чи дар он даврон буда ва гузашта, сад дар сад хуб буда. Чунин нагуфтам. Балки танҳо суханам ин аст, ки оё хубиҳо ва дурахшандагиҳои он давронро нодида гирифтан, аз рўи инсоф аст?
    Оё маҳзи шунидани ҳамин матлаб, ки Аморати Бухоро, яке аз давлатҳои муқтадир дар замони Абдулаҳадхон буда, худ мояи иззату ифтихори фарзандони мову шумо намешавад?
    Ҳоло, худ некў тааммул кунед ва инсоф ба кор гиред.
    Комёб бршед.

  7. Сайидюнус,

    Ин ифтихори миёнтихии шумо ба чи дарди мову фарзандони мо мехурад? Бигзор дарсади босаводони даврони Абдулахад 100 буда бошад ва теъдоди олимонаш 500 000. Аммо чи чизе ба ёдгор гузоштанд, ки монеъ аз фурурезии девори Бухоро шавад? Масчидхои сохтаи у дар Аврупо кадом аст ва дар чи хол аст ва ба чи дарди мо мехурад? Сохтмонхои у дар Ялта чихо хаст ва ба чи дарди мо мехурад? Оё рохи оханро дар саросари Бухоро сохта буданд, ки ба фикри рохи охан кашидан дар сахрои араб афтоданд?

    Ачаб аморате будааст, ки ба фикри Ялтаву Аврупову Арабистон меафтода, аммо ба фикри мардуми худаш набуд, ки дар нихояти бадбахтй ва бесаводй дар холи пажмурда шудану мурдан буд. Имрузи шуму нагунсори моро хамон амирхои узбаки мангит поягузорй карданд. Ва нанг бар онхо бод.

    Иноят ба ислом имруз акнун огоз шудааст ва ба хеч вачх шумо наметавонед иддао кунед, ки мизони иноят ба ислом дар он даврон камтар будааст. Магар ин ки дастгохи иноятсанч ихтироъ карда бошед. Ё шояд аз он 1500 «олим»-е ки дар даврони Абдулахад буданд, яке ихтироъ карда бошад. Аз он олимхо чи сохта буд? Чи чизе ба ёдгор монд? Ва аслан кй

  8. Идома:

    Иноят ба ислом имруз акнун огоз шудааст ва ба хеч вачх шумо наметавонед иддао кунед, ки мизони иноят ба ислом дар он даврон камтар будааст. Магар ин ки дастгохи иноятсанч ихтироъ карда бошед. Ё шояд аз он 1500 “олим”-е ки дар даврони Абдулахад буданд, яке ихтироъ карда бошад. Аз он олимхо чи сохта буд? Чи чизе ба ёдгор монд? Ва аслан кй мегуяд, ки онхо донишманд буданд? Агар буданд, шояд дар хадди шумо аз ислом ду-се дуругро канори хам мебофтанду сари мардумро гич мекарданд ва боиси бадбахтихои бештар мешуданд. Рохкушо набуданд, ройзан набуданд, балки умдатан рохзани зехнй буданд ва рохи рушдро мебастанд.

    Хар чи буданду набуданд, акнун ба мо чй??? Имруз чй хастем? Чаро ба чои ин ки ба пеш нигох кунед, харгиз чашматон аз пуштатон канда намешавад? Ба пеш нигох кунед, чаноб, ба пеш.

  9. Табар,
    Бо камоли маъзарат, аммо шумо ё қасд доред гузаштаи моро торик нишон диҳед, ки дар ин сурат душмани миллати мо хоҳед буд. Ё худ намедонед чи кор мекунед.
    Чаро, баҳсро ба сўи дину диёнат мекашонед?
    Чаро ин бемори дар шумо ба ҳадде нуфуз карда, ки ҳатто агар касе гўшае аз хубиҳо ва дурахшандагиҳои гузаштаро ба ёд оварад, зуд баҳсро ба чои дигар кашонида, сухан аз дину ислому аз ин қабил чизҳо мезанед?
    Ман қаблан бо шумо дар заминаи ислом, баҳсе кофи ба амал оварда будам. Ин чо сухан аз «худшиносии милли» меравад.
    Яъне оё шумо таваччўҳ надоред, ки гуфтан аз хубиҳо ва дурахшандагиҳои сафаҳоти таърихамон, аз масодиқи худшиносист?
    Гуфтам, ки ман иддао надорам, ки ҳар чи дар он даврон гузашта, ҳама хубу нек буданд, балки танҳо гуноҳе, ки муртакиб шудам, ин аст, ки гуфтам, биёед аз хубиҳои он даврон ҳам чизе бигўем.
    Чаро одат кардаед, ки чуз сиёҳи ва торики набинед?
    Аслан, ба назар мерасад шумо қасд дошта бошед, ки мисли бархе аз душманони миллати мо, тамоми сафаҳоти таърихи баъд аз вуруди исломро сиёҳ нишон диҳед.
    Аммо, бубахшед, шумо иштибоҳ мекунед. Ин кор, на танҳо беинсофи аст, балки ночавонмарди ҳам ҳаст.
    Набояд то ин ҳад ночавонмард буд. Набояд, ба хотири душманиятон бо ислом, ҳар падидаеро, ки марбут ба даврони баъд аз вуруди ислом ба кишвари азизи мо бошад, амдан ва қасдан сиёҳ нишон диҳед.
    Ин кор нописанд аст.
    Комёб бошед.

  10. Сайидюунус,

    Ниёзе ба ин хама дуди чигар дар посухи ахиратон набуд. Инчониб танхо коре, ки кардам, посух ба иддаъои шумо мабнй бар 1500 олим (!) доштани Аморати Бухоро дар ахди Абдулахад буд, ки сухани пуче беш нест. Ва ишораи ман ба ислом хам ба хамон иддаъои бепоя бармегардад. Донистани чанд сураву тафсири он касеро то кунун донишманд накардааст ва нахохад кард. Бехтар буд ба чои чегу вовайло номи чанд тан аз он садхо «олим»-ро хамрох бо иктишофоту ихтироъоташон меовардед, то бурхони котеъе барои гуфтахоятон шавад. Ва бехтар аз он мефармудед, ки чи чизе аз неъматхои фанноварии имрузй мутааллик ба он «донишмандон» аст.

    Дигар ин ки нишони махуфе аз бемории махуфтарро инчониб дар навиштахои шумо мебинам. Пеш аз хама пойбандии шумо ба усули сангвораии ислом боис шудааст, ки хар он чизеро, ки марбут ба давраи исломй (чи равшан ва чи торик) мешавад, такдис кунед. Хатто амрони фосиди мангити Аморати Бухороро, ки боиси нобудии «худшиносии миллии» мо шуданд. Ва он гох дам аз «худшиносии миллй» мезанед, ки мазхака аст.

    Нишони дигари беморй ин аст, ки шумо дар мухолифони андешахои кухнаи худ «душмани миллат»-ро мебинед, ки буи нохушоянди иедологияи коммунистиро медихад. Яъне харчанд шумо мекушед вонамуд кунед, ки аз идеологияи коммунистй тушае набурдаед, огох нестед, ки он магз андар магзи шумо реша давондааст. Бо хамон исрори бемантики мустабидонаи идеологй дод мезанед, ки мухолифони андешаи шумо бояд чузъи «душманони миллат» каламдод шаванд, ки амри носавоб ва ношоист аст.

    Сару гуши миллатро бо афсонахо шира намолед. Тилло дар хар сурате медурахшад, хатто агар аз зери сад ман пору хам берун оваредаш. Агар «дурахшандагй»-е дар давраи мангитхои Бухоро буд, то кунун ба чашми мо меафтид. Меросе, ки аз мангитхои узбак ба мо расида, ба нахви ахсант гуёи вокеиятхои он даврон аст. Даврони мангит давраи катли худшиносии миллии мо буд.

    Агар ошуфтаед, ки «чаро дар хама чиз чуз сиёхй ва торикй» намебинам, иллат дар чашмони ман аст. Бо маъзарат, иллат дар куррангии чаноби олй аст, ки хар чиро, ки сиёх аст, сафед вонамуд мекунед ва бо ин вокунишхои ногузир рубару мешавед. Ва гумрох кардани хонандагон, чуноне ки бояд бидонед, камоли ночавонмардй аст.

    Сарфароз бошед.

  11. Ислох:

    Агар ошуфтаед, ки «чаро дар хама чиз чуз сиёхй ва торикй» намебинам, иллат дар чашмони ман аст? Бо маъзарат, иллат дар куррангии чаноби олй аст, ки хар чиро, ки сиёх аст, сафед вонамуд мекунед ва бо ин вокунишхои ногузир рубару мешавед. Ва гумрох кардани хонандагон, чуноне ки бояд бидонед, камоли ночавонмардй аст.

  12. Табар,
    Ҳоло, ки исрор доред он замон ҷои ҳеҷ гуна ифтихор надорад, ҳама торик андар торик ва зулмат андар зулмат аст, бигузор бо чунин андешае ба сар баред. Аммо наметавон ҳақиқатро бо дидгоҳи яке ду нафар таҳриф намуд.
    Аз аввал гуфтам, ки иддао надорам ҳар чи дар он даврон буда, сад дар сад некў ва хуб буда, балки хубиҳо ва дурахшандагиҳое ҳам дошта. Ва рисолати мову шумо ин аст, ки аз хубиҳои он даврон барои насли оянда гўем, на аз бадиҳояш.
    Комёб бошед.

  13. Сайидюнус,

    Исрор аз ман нест. Исрор аз торихи сиёхи он даврон аст, ки сари хами моро ошкоро ба намоиш гузоштааст. Ба андозае хам, ки то имруз баланд намешавад.

    Иштибохи шумо хам дар хамин чост, ки мегуед «рисолати мову шумо ин аст, ки аз хубиҳои он даврон барои насли оянда гўем, на аз бадиҳояш.»

    Агар мову шумо рисолате дорем, он гуфтани хакикат ба имрузиёну фардоиён аст, на афсонахое, ки диламон мехохад ба он бовар кунем. Пас хам аз хубихо бояд гуфт, то биомузем ва хам аз бадихо, то пархез кунем. Аз даврони Оли Мангит чизи хуби бисёр кам ба ёду ёдгор мондааст. Чун даврони Мангит даврони тирае буд.

    Сарфароз бошед.

  14. Дустон,

    Таърихи Аморати Бухоро ҳеч ҷойи ифтихор надорад ва ин дақиқ аст ва агар дар тарозу баркашем бадиҳои он бештар аз хубиҳои он аст.

    Дастовардҳои майда-чуйда далеле барои ифтихор намешаванд. Аз тарафи дигар, танҳо ба хотири миллатгароиву миллатхоҳӣ ё мазҳабзадагиву мазҳабхоҳӣ наметавон як давраи таърихиро пурифтихор ҷилва дод.

    Воқеъият ин аст, ки аморати Бухоро вопасмондатарин нуктаи руи замин буд, Офрико дар он замон багоят пешрафтатар аз ин чо буд ва имруз низ кишварҳои Точ ва Узб хамон андоза акабуфтодаанд.

    Тарихро бояд бетарафона нигох кард ва бетарафона омухт. Ва касе ки бетарафона ба таърих нигох мекунад, набояд ӯ ахмакона душмани миллат хонд.

  15. Тарихро бояд бетарафона нигох кард ва бетарафона омухт. Ва касе ки бетарафона ба таърих нигох мекунад, набояд чунин касонро баъзехо ахмакона душмани миллат хонанд!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: