Маааан-фиииии-аааатттт!!!

Зафари СӮФӢ «Озодагон» №16 23.04.09.

То кай дороиҳои кишварро медузданд ва ин дуздиҳо ба суди кист ва чаро касе посухгӯ нест?

Як назорат ё бозрасии як ширкати хориҷи дар бонки миллӣ собит намуда, ки собиқ раиси он ва имрӯз муовини сарвазири кишвар Алимардонов наздик ба як миллиард доллар маблағро ба қавле обу лой кардааст. То замони ин бозрасӣ ҳама муҳри сукуи ба даҳон зада буданд. Мо ин қадар ба худ бовар надорем ё ин қадар дар фасод ғарқ шудаем, ки ҳатто дуздии ин ё он мансабдорамонро низ бояд хориҷиҳо бигӯянд. Ё ин ҷо тарсу бими ғуломонаест, ки дар ниҳоди аксари мо решаи жарф давонда сади роҳи ҷустани адолат ва гуфтани адолат мешавад?

Охир қазияи Алимардонов аввалин нест ва фикр намекунам, ки охирин низ бошад. Пеш аз ин баҳои чандин миллионро бо худ бурдани Абдуқодир Эрматов, Аваз Назаров ва Ҷаҳонгир Рӯзиев ва чанде дигар матраҳ буд. Идораҳои дахлдор гӯе алайҳи онҳо парвандаи ҷиной боз кардаанд, аммо то чи ҳад ин парвандаҳо ба натиҷа расидаанд? Беш аз ин қариб дар аксари ҳол баъд аз берун рафтанашон аз хоки кишвар хабардор мешавем, ки онҳо дороии ин сарзаминро аз они худ кардаанду бо худ бурдаанд. Аммо баъд аз ин хабардор шудан ҳам боз ҳамчунон ҳушёр намешавем ваба назар мерасад мо як кӯри фаромӯшхотирем, ки гаштаву баргашта асоямонро гум мекунем.

Аз сӯи дигар дар пушти пардаи чунин сурат гирифтани корҳо, яъне ба яғмо рафтани дороиҳои мардуми ин сарзамин, ба назар мерасад манфиати баъзе аз роҳбарони воломақом хобида бошад. Охир магар мешавад дар як кишвар, ки тамоми буҷааш наздик дуву ним миллард доллар аст як мансабдор наздик ба 40 дарсади ин буҷетро (наздики як миллиард доллар) соҳиб шаваду дигар болонишинҳо аз он хабардор нагарданд? Воқеан ин амал хеле шубҳаовар ва хабардор набудани дигарон аз ин қазия боварнакарданӣ мебошад.

Ба ҳар ҳол шояд ягона қазияи аз худ кардани дороии мардум дар ҳаҷми калон ҳамин кори мӯҳрабизнеси Ҷамшед Сиёев буд, ки омилони он боздошт ва равонаи зиндон шуданд. Аммо дар дигар ҳолатҳо афроде, ки чандин миллион доллар маблағро мисли мероси падарашон аз они худ кардаанд ба як тариқе аз панҷаи қонун халос мешаванд. Тоҷикистон як кишвари кучак бо як ҷамъияти ҳафтмиллионӣ чандин ниҳодҳои қудратӣ дорад, ки вазифаашон пешгирӣ ва муборизаи бар зидди ғорат шудани дороии кишвар аст. Ниҳодҳои қудратӣ боз ҳар кадом дар дохил идораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ доранд. Дар ҳамин ҳол кам рух дода, ки ҷиноятҳои калонҳаҷми иқтисодӣ то охир ҳал шуда бошад. Ҳамин қазияи Алимардонов, ки охирин намуна аст, мисоли равшан метавонад бошад. Прокуратураи генералӣ мегӯяд, ки таҳқӣқи ин қазия кори агентии, мубориза бо коррупсия аст. Агентӣ ҳанӯз мушаххас дар ин маврид дидгоҳашро эълом накарда ва умуман парвандае, ки дар мавриди фасод ба миқдори беш аз як миллион доллар бошад, ҳанӯз аз ҷониби агентӣ ташкил нашуда ва ё ҳадди ақал барои афкори омма эълом нашудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ва кумитаи амнияти миллӣ низ аз ниҳодҳои қудратии кишваранд, ки идора ё шуъбаҳои вижаи мубориза бо ҷароими иқтисодӣ доранд, аммо мебинем, ки чунин миқдори ҳангуфти маблағи мамлакат ба ҳисоби кадом ширкату корхонаҳои хусусии шахсе ё чанд шахсе мераваду вокуниши онҳо ба шакли возеҳ эҳсос намегардад.

Бо ин ҳисоб саволи матраҳ ин аст, ки вақте пеши роҳи ғорати дороиву маблағҳои давлат ва мардумро наметавонанд ба ҳади лозим бигиранд, оё зарурат дорад, ки ҳукумат миллионҳо доллар маблағро барои нигоҳ доштани чунин ниҳодҳо ва ё идораҳо харҷ намояд? Ё дар асл ин ҷо манфиати касе ё гуруҳе ҳаст, ки Эрматову Назарову Сиёеву Рӯзиеву Алимардоновҳо фақат миёнараве беш нестанд ва ба қавли маъруф ҳар вақт лозим шуд ошкор мешаванду аз бозӣ берун мераванд?

3 Responses

  1. бале бародарамон хакро мегуяд. вале банда дар ин хусус гумони дигар дорам. миллате ки мисли подаи гусфанд мехобад ва мебинад ки дороихояшро мебаранд ва парвое надорад, рузаш аз ин хам бадтар мешавад.
    банда боварии кулли дорам ки хамсояямон узбекистон соли дигар ба кишвар хамла мекунад. казияи рогунро фаромуш накунед. намедонам ин калрахмонхо ба кадом мардуму кадом аскаре метавонанд кишварро дифоъ намоянд. ба худо касам агар кишвар як таконе хурад хамаи ин аъзои хукуматро дар ландан е худ дар изроил мебини. ва ин такон имсол е соли оянда мешавад. кишвар майдони тохтутози мугул мегардад. худое миллати мусалмони точикро аз дасти ин касофатхо халос гардон. омин.

  2. Kushodu ravshan malum ast,ki in hama duzdon az yak tabak mehurand.Yakero dorand boyad hama az pasi on kas ravand.
    Hama azoni hudi boyad ki javob dihad?…
    Halki kambagal,mardikoru,avsaroni nimjon bo jonashon javob dodaistodaand.
    Mo kur nestem,duzdoni pulmast kurand boyad hotirason kard.
    Hayoti zeboi serivu puriro tnho bo rohi duzdi sohta meshavad,agar donishi kofivu mafkurai vase medoshted,shabho az hej kas natarsida hob merafted

  3. … оё зарурат дорад, ки ҳукумат миллионҳо доллар маблағро барои нигоҳ доштани чунин ниҳодҳо ва ё идораҳо харҷ намояд?
    Посухи суол аз худи суол бармеояд. Зиёда аз ин маслихат медодам, ки ба нуктаи зерини Сарконуни кишвар моддаи 74 диккат дода шавад. “Хукумат дар мавриди гайри имкон донистани ичрои фаъолияти
    мўътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Хар
    як узви Хукумат хукуки истеъфо дорад.”
    Эй бехукукон, мархамат, аз хукукатон истифода баред, охир…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: