Кист, ки аз Алимардон натарсад?

Одат шудааст, ки додситони кулли Точикистон Бобочон Бобохоновро ба Шери жаён монанд кунанд ва раиси Ожонси мубориза бо фасод Шерхон Салимзодаро, харчанд дар таркиби номаш “шер” дорад, ба рубохи сафед.

Валекин ин дафъа акаи Бобочон, ки лакаби дигаре бо номи “худо” дар таркибаш низ дорад, 100% монанди лакаби акаи Шерхон амал кард ва масъулияти пресс-конфаронси идораашро ба гардани чонишинаш Абдусамеъ Додобоев гузошт. Вай аз руи тачриба медонист, ки дар ин пресс-конфаронс хатман ягон кас дар бораи аудити Банки миллй ва “нагмабозихо”-и раиси собики он Муродалй Алимардон суол хохад кард.

Чавоби чонишини додситони кулл хандаовар буд: ба мо хич хел мурочиат нашудааст, ягон хуччат нагирифтаем ва баррасии корхои Алимардон кори Ожонси мубориза бо фасод аст.

Ду руз баъдаш раиси ин ниход — Шерхон Салимзода ба ин гуфтахо посух дод, ки ба мо хам хич гуна хуччате ворирд нашудааст ва натичахои аудит (сарнавишти номаълуми зиёда аз 1 миллиард доллари кишвар!) барои кушодани парвандаи чиной кофй нест.

“Ба мо хич гуна хуччат ворид нашудааст” маънояш ин аст, ки аз боло хич гуна телефон нашудааст. Мохи июли соли гузашта бо телефон аз боло додситонии кулл эълон кард, ки ба зидди Додочони Атовулло парвандаи чиной кушодааст. Сабаб — чанд изхороти онвактаи Атовулло, ки президенти кишварро шадидан танкид карда буд.

Бубинед, ки барои чанд сухани Додочон зуд парвандаи чиной кушоданд, аммо далелхои як ширкати тафишотии мустакили хоричй, ки Банки миллии Точикистон онхоро агар нодуруст мешумурд, нашр намекард, барои боз кардани чунин парванда кофй набудааст!

Канд занед додситонхои мустакилу бомасъулият ва муборизони бефасоди зидди фасод! Хайр мумкин аст, онхо аз Алимардон метарсанду аз Атовулло на? Охир хатто президент Рахмон худ аз Алимардон, махсусан аз хуччатхои дар 5 нусха ва дар 5 шахр пинохонкардаи у  метарсад, чаро ин бечорахо натарсанд?

Алимардон медонад, ки агар уро ба махбас кашиданй бошанд, чанд каси дигари аз у болотар хам бояд хамрохаш ба зиндон раванд. Барои хамин аз эхтимол дур нест, ки ба зудй натичахои аудит дуруг бароварда шаванд, зеро вазифаи худро  ичро карданд — Бунёди байнулмилалии пул аз нав ба пулдихй ба хукумати Точикистон сар кард, парвандаи чиной чй даркор?

2 Responses

  1. Оре, сари алимардон як сар нест – бо сари у чандсад сари дигар хам хохад парид.

  2. на азизони ман. хич саре нахохад парид. хатто сари алимардон. муродали дастнишондаи маскав аст ва манофеи маскавро дар точикистон дифоъ мекунад. гузашта аз ин миллати точик тудаи гусфанде беш нест ки гургоне мисли алимардон, рахмон, хасанча ва дигарон як як хурда истодаанд. аз дасти миллати бемасъулият чи меояд. чи кабл аз ин нахурда буданд. хуб халки гусфандмаоб каме мммммбеъ мегуяду халос. чуноне ки мегуянд саг мечакаду корвон ба рахаш рафтан мегирад. рости аз точик буданам шармам меояд. хок бар сари хамин гуна точик ки мардум як бурида нони кок надоранду у 865 миллион долларро бо хешу табораш хурда аст. хок бар сари чунин хукумат. худованд лаънататон кунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: