Президенти нав муборак боша-е!!!

Эмомалй Рахмон 17 сол кишварро хурд, сер накард. Вай мехохад то соли 2020 дар курсии гарми президенти Точикистон шимашро бифарсояд. Хамаи хешу табор ва хамдехаву хамдиёрхояшро ба мансабхои баланди давлат шинонд.

На Мугулистон монду на Таиланд — аз хисоби халки кашшоки точик руи чахонро гашт. Сер нашуд, ки акнун писарашро ба чои худаш омода мекунад. Як чавони муштзур ва беахлок бо иттифоки оро муъовини раиси Созмони чавонони Точикистон «интихоб» шуд. Ин кадам аввал ва номубораки Рустами Эмомалй ба сиёсат аст.

Охиста-охиста мо шохиди ин хохем шуд, ки баъд аз 1 сол ин чавонаки чаласавод раиси ин созмон мешавад ва пас аз 2 сол узви Мачлиси Намояндагони Точикистон. Боз каме нагузашта, вазири ягон вазорат мешавад ва телевизионхову нашрияхои тамаллукзада сиккаву сурати уро ба хама шинос мекунанд, он тарафаш, как говорят, дело техники.

Ба хотири амалй кардани ин накша бо фармони президенти кишвар тамоми кор карда мешавад, ки халки точик сар бардошта натавонад, дар кашшокй ва бечорагй гарка бошад ва вакте ки раиси чумхури навро пешниходаш мекунанд, гуломвор дуъои нек кунаду нухтаи худро ба дасти ин шахс бисипорад. Шумо инро мехохед? Ман, масалан, мачбур хастам, ки аз бахри номам бароям, харчанд номи пахлавони бузург аст, ин бача ин номро касиф хохад кард. Шумо?!

 

7 Responses

  1. Монархия чист? Монархия он аст, ки дар кишваре роҳбари якуми давлат аз 8 сол (ду бор 4-солӣ) бештар интихоб шавад ва агар ин ахвол аз 12 сол бештар шавад, ин маънои диктаторӣ ва авторитаризмро дорад, ки Тоҷикистони мову шумо ҳоло дар марҳилаи авторитаризми (сохти худкомагӣ) монархисти тоталитарӣ қарор дорад. Бадтар аз инаш диктатураи ҳарбӣ, диктатураи политсиягӣ ва диктатураи фашистӣ аст. Имрӯзҳо иддае шикамашон сер аст ва ҳар руз лагману кабоб мехуранд, вале милёнҳо тоҷикистонӣ ҳастанд, ки ғайр аз чою нон ва каме меваву сабзавот чизе намехуранд, вале аз тарси ҷон ин ҳама сахтиро таҳаммул мекунанд. Мо на танҳо дар бораи худ балки дар бораи дигарон ҳам каме фикр бояд кунем. Бани одам аъзои якдигаранд!!! Бояд дар оянда рақобати солим ва интихоботи озоду одилона таҳти роҳбарии Созмони Милал ташкил карда шавад. Ҳар кас ки дар чунин интихоботи таҳти роҳбарии Созмони Милал баранда шавад, қандаша занад, хоҳ вай Рустам бошад ва хоҳ Суҳроб ва хоҳ Коваи Оҳангар! Вале интихобот воқеӣ ва мардона бошад!!!

  2. both of them will be gone long before the elections.

  3. Rustami Emomali, the son of present president Emomali Rakhmona. The president consider as the richest person of the country. And though at it two sons and seven more daughters, the most part of the inheritance for certain it will appear under the control of the senior. First, the tradition of the East is those: the senior son is considered the first applicant for continuation of business of the father and families; secondly, it, on a recognition of people especially approached, goes at the parent in favourites. The successor who is the student of one of local high schools, does not show any ambitions, and early while? In fact the father does not get tired to repeat, that itself is still young and ready to operate the country the nearest years twenty. Rustam in the meantime conducts a life of the dandy: plays bowling, goes for a drive on abrupt foreign cars accompanied by protection and friends, but in a policy or business does not climb. Can, therefore the society a bad word does not remember it.

  4. I hope after this Emomali Team will have more enemies then before.

  5. Фикр намекунам, ки хонаводаи Рахмон фарзияи гузариши хокимият аз падар ба писарро чидди ба назар гирифта бошад, чун ин хеле кори хатарнок аст ва пеш аз хама ба худи онхо. Нахуст, худи чаноби Рахмон худро хамчун рохбари касби, коршинос, корбаро ва одил нишон дода натавонист ва норозияти миллат аз ноухдабароихои хукумати у дар авч аст. Дуюм, писараш Рустам аз имконоти фаровон истифода набурда, сохиби ягон донишу хунари арзандаи рохбари нашудааст. Эхтимоли зиёд аз он сабаб, ки истеъдод ва тавоноии табииро (ирси) ба ин чиз надорад. Сеюм, хастанд дигар шахсон ва гуруххои кувватнок хам дар дохил ва хам беруни атрофи рохбарияти имруза, ки худ талош доранд рохбариятро ба дасти худ гиранд ва ба хар рох намегузоранд, ки раисчумхур писарашро ба чояш гузорад. Кори аблахонае хохад буд. Сабабхояш бисёр.

    Аз дигар су, фикр мекунам ва умедвор хам хастам, ки чаноби Рахмон дарк менамояд, ки рохи бехтарини ояндаи худаш ва хонаводааш ин омодаги гирифтан ба тарки вазифа намудан дар охири давраи конунии раисчумхурии худ, яъне соли 2013. То 4 соли бокимонда, агар у тавонад вазъияти кишварро каме пешрафт дихад ва замонати шарту шароитхои мувофикеро барои зиндагонии баъди истеъфои худ конунан ба даст биёрад, метавонад ба озоди ва рохат хаёти худро дар Ватан бо обруву арзанда давом бидихад. Дар холати акс, кораш парешону вайрон хохад гашт ва дар таърих аз у ёди неке нахохад монд, гарчанде ки як катор натичахои хуберо хам дар давоми хокимияти худ ноил гаштааст.

    Хулоса, хакикат дар он аст, ки хар чи аз меъёр бештар давом кард, зарар дорад. Дар хама кор меъёр хуб аст, гуфтаанд бузургон.

    Сарбаладу обод бошед, азизон!

    — Ботур Косими

    П.С.: Аз Рустам ва Точвари гироми пурсиданиам, ки магар аз идораи торнигор дур шудаанд, ки 4-5 руз аст чизе наменависед ё чоп намекунед? Лутфан, хабар дихед, ки асли хол чи аст, то мо хама ба серкории худ нигох накарда, дасти хамдигар бигирем. Торнигори Андеша хеле мухим аст, ки давом дошта бошад ва чун пештара хонандагони худро ба бахсу андешахои рушанфикронаву рохкушо ба хотири химояти манфиатхои милли фаъолона чалб намояд. Худо хофизатон!

  6. Dear Tojik,
    In your comment you were saying that the senior son is the first in line to inherit the business and whatever? Is running Tajikistan a business or a call? I would like to see more comment on that from young Tajikistanies. How do they feel about that one family considers Tajikistan and its ppl only as a mean of generating a wealth, personal wealth, and make look the entire population look stupid. Any comments on that? Also, I wanted to know to what extend this guy is active. Thank you

  7. Сделайте русскоязычную версию сайта, ведь вся интеоегенция таджикистана по русски лучше поймет, да еще много локайцев и узбеков в стране, которые по русски лучше почитают нежели по таджикски…

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: