“Ё Алимардони балогардон!..”

2alimardonМафияи Дангара зери номи рамзии “Хукумати Точикистон” ба курбон кардани аввалин гусфанди фарбехи худ икдом кард. Тибки ин санад, ки дар сомонаи Банки Миллии Точикистон нашр шудааст, тамоми дуздию гургии пахтаи кишвар дар дасти як шахс — Муродалй Алимардон буда, дар ин кор ба вай падару бародараш ва писари сарвазири собик Иззатулло Хаёев — Исмат (не путать с Исматча и Исмат Хабибуллаев) будааст.

Э.Рахмон ва Хасан Асадуллохзода дар ин чо дахле надоштаанд. Касоне ки асноди марбут ба додгохи Талко-ро дида бошанд, медонанд, ки Алимардон дар навбати аввал аз пули пинхонии давлат ба хамсари президент тиллову нукра мехарид ва ба худи у хадихои гаронбахо мекард. Акнун гуё хама горатро барои худаш мекардааст.

Президент Рахмон вакте ки Алимардонро аз вазифаи раиси Банки Миллй озод карду ба вазифаи баландтари муовини сарвазир гузошт, магар аз ин хама корхое, ки акнун гуё фош шудаанд, бехабар буд? Холиё акнун сарнавишти Алимардон чй мешавад? Аз руи ин тафтишу хуччатхо чунин шахс бояд хукми хабси абад гирад. Лекин хохед дид, ки хеч чиз намешавад. Дар Точикистон конун танхо барои бечорагон ва ракибони Рахмон вучуд дорад. Дар Точикистон танхо Рахмон конун аст, дигар хама беконунй!

Аз суи дигар Алимардон Рахмону зану бачахояш ва Хасану атрофиёни Хасанро ин кадар хурондааст, ки ягон додситони кулл хам бо у чизе карда наметавонад. Охир, агар вай ба махбас равад, тамоми сирру асрори оила фош мешавад. Ду рох беш бокй намемонад: яке — бояд ба у мансабхои баландтар доду оромаш нигох дошт, ду — халокати ходими давлатй дар садамаи автомобилй. Аммо мушкили дигар пеш хохад омад, ки чаноби олй бехтарин кассири шахсй ва оилавияшро аз даст медихад. Шарт мебандем, ки вай чё хеле ки буд, хамин хел кор карда гаштан мегирад. Ё мумкин сарвазир мешавад. Агар шумо фикри дигар доред, доштан гиред. Рахмон ба фикри шумо туф кардааст.

Факат мумкин аст, акнун Алимардон орзуи дар оянда президент шуданро бояд фаромуш кунад. Мумкин орзуяш чиддй хам набуд, сипари эхтиётй буд ё мухрае дар шатранчбозии дарбор?

16 Responses

  1. Janobi tojvar Shumo chitavr metavoned az berun havoi khonaro muyyan namoed??
    Khona biniyu tu, man khona Khudo mebinam.

  2. Барои он ки дили ман он чост…

    Манзуратон изхори андеша аст ё неш задан. Он ки додситони азизи шумо гуфтааст, мо, онхое, ки берун аз ватан хастем, беватан нестем. Точикистон ватани мо хам хаст!

  3. In vatani moro boyad Tojikiston ne, balki Absurdiston nomid.

    Samak

  4. Дӯстон:

    ВВС гузориш дар ин бора навиштааст:

    Ифшои аъмоли “маҳрамонаи” Бонки Миллӣ

    Гузориши бозрасони байналмилалӣ ҳокӣ аз тахаллуфоти густарда дар фаъолияти Бонки Миллӣ дар байни солҳои 2004 ва 2008 будааст
    Бонки Миллии Тоҷикистон иттилоъотеро аз натоиҷи бозрасии вижаи фаъолияти худ интишор додааст, ки ба тахаллуфоти густардае дар фаъолияти ин бонк дар байни солҳои 2004 ва 2008 ишора мекунад.

    Аз мулоҳизоти гурӯҳи бозрасони байналмилалӣ чунин бармеояд, ки Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ки ҳоло муъовинати нахуствазири Тоҷикистонро ба уҳда дорад, дар фаъолиятҳои “маҳрамона ва машкуки” ин бонк нақши калидӣ доштааст.

    Бозрасии вижаи Бонки Миллии Тоҷикистон тавассути ширкати бритониёии “Ernst & Young” дар пайи ифшои гузоришҳои носаҳеҳи ин бонк ба Сандуқи Байналмилалии Пул дар баҳори соли гузаштаи милодӣ, анҷом шуд. Ин бозрасӣ аз моҳи августи 2008 то авоили имсол идома дошт.

    Натоиҷи бозрасии байналмилалии фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон ва ширкатҳои сармоягузор дар арсаи кишоварзӣ барои ҳазорон нафар аз сокинони ин кишвар, ки наздик ба 70 дарсади онҳо дар арсаи кишоварзӣ иштиғол доранд, бағоят муҳимм арзёбӣ мешавад.

    Зимнан, қарз ё бидеҳиҳои муҷтамаъҳои кишоварзии панбакори Тоҷикистон аз ширкатҳои сармоягузор, ки ба гунаи эътибори молӣ аз Бонки Миллӣ ва муассисоти молии вобаста ба он гирифтаанд, аз 500 милюн дулор гузаштааст ва гуфта мешавад бисёре аз кишоварзон тайи солҳои дароз аз заҳамоти худ дар ин арса суде ба даст наовардаанд.

    Идомаи гузориши ВВС:

    http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/04/090410_ea_bank_audit.shtml

    Гузориши аудиторҳо дар ин ҷост:

    http://www.nbt.tj/files/docs/annual_report/rep_rus.pdf

  5. Радиои Озодӣ низ гузориш додааст

    Натиҷаҳои тафтиши фаъолияти Бонки миллӣ

    10.04.2009
    Аслами Мӯъминзод
    Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои аудит ё тафтиши молии фаъолияташ аз сӯи ширкати бритониёии “Ernst and Young”-ро нашр кард.

    Бонки миллӣ гузориши ин ширкати аудиториро дар сомонаи расмии худ пас аз се моҳи анҷомёбии амалиёти бозрасӣ нашр кард.

    Бозрасии анҷомдодаи ширкати Ernst and Young ошкор кардааст, ки Муродалии Алимардон, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки феълан муовини сарвазири Тоҷикистон аст, дар замони раҳбари Бонки миллӣ буданаш ба истифодаи нодурусти маболиғи давлатӣ роҳ додааст. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки раиси пешини Бонки миллӣ бо сӯиистифода аз мансаби худ пулҳои давлатро ба ширкатҳои хусусии худ ва падару бародараш, ки раҳбар ва ҳамшарики ширкатҳои сармоягузори соҳаи пахтакорӣ будаанд, интиқол дода, аз истифодаи онҳо манфиат бардоштааст.

    http://www.ozodi.org/content/article/1606000.html

  6. Audit reveals huge fraud in Tajikistan

    http://www.google.com/hostednews/ap/article/ALeqM5jSNVaySagl0yNjskdFFAL0nYaPEQD97HIHMG6

    DUSHANBE, Tajikistan (AP) — Tajikistan’s Central Bank has published an independent audit revealing that its former chairman diverted huge sums of public funds to a company run by his family.

    The Ernst & Young audit released Monday says that under Murodali Alimardonov’s stewardship, the Central Bank gave his Center-Invest company more than $850 million.

    According to the audit, a further $221.5 million allocated for investment in the cotton industry in 2004-2007 remains unaccounted-for.

    Gross financial irregularities are common in the former Soviet nation. The International Monetary Fund last year demanded repayment of $47 million in loans amid charges that Tajik authorities doctored data on national reserves.

    However, the sums of money allegedly appropriated by Alimardonov, who has served as deputy prime minister since last year, are enormous for the impoverished Central Asian economy.

    Copyright © 2009 The Associated Press. All rights reserved.

  7. Ачиб аст, ки акнун чаноби Рахмон баъди ба чомеаи чахони ва Ватани фош шудани ин дуздиву бедодгарии “кадри боваринокаш” бо у чи хохад кард?

    Агар ба ин хам чашм пушида, магар хам Алимардонро боз ситоиш намояд ё ба вазифаи сарвазир таъин намояд, пеши мардуми худ ва хоричиён чи тавр баромад хохад кард? Дигар ки ба касами шири модараш ва адлу инсоф доштани у бовар хохад кард?

    Валекин, агар аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба зуди атрофи худро як-як аз чунин шахсони беинсофу “хунхурони” миллат тоза намояд, шояд боз хам ба боварии мардум каме баргардад, ки ин рузхо хеле барояш мухим аст, то битавонад кори саркардаи худро наку анчом дода, ба солори арзандае супорида, бо ному обруи нек дар таърихи Точикон бимонад.

    Оре, такдири инсон дар дасти худи уст. Коре карда бошем, ки бо ёди нек бимонем, чун бузургон фармудаанд, ки хеч чиз абади нест, ба чуз аз ному ёди нек.

    Ба хар хол, мунтазир хохем буд.

    Пируз бошед!

  8. Алимардонов захрат бод пуле ки хурди!

  9. Davlati mo oyanda nadorad😦 Oyandai mo hozirai davlati Zimbabwe meshavad.

  10. Holo ham der nashudaast.Anaknun moned,ki javonon kor kunand.Javononi vatandust , boinsof,bovijdon dar vatani azizamon ziyodand.Oyandai davlat dar dasti javonon.Davlathoi peshraftaro ki pesh burdaast?Albatta bosavodon,adolatparvaron va javonon tozafikr,na on,ki makkoronu duzdon.

  11. Dar aini hol dar Tojikiston fakat dar rohi gusfand kurobni kuni ba sur’at megirad. Lokin on gusfandhoe hast ki da hakikat az nazdi Bukai kalon nest. Yo bukaro namekhuronad. Mo umedvorem ba sharti ba bolo ovarda va dida meistem chi khel in kor okibat megirad. Mumkin misli Hasanboi nestu nobud shavad, okhir in kadar duzdiro boyad bar sari yak kas zada onro nobud sozand. Digar rohi digar nest.

  12. Алимардони балогардон дар ягонаги ин пула нахурдааст, чаро бесораки вай бояд чавоб дихаду захраш шавад?
    Номхои хамтабакони вай ба хама ва аз чумла ба аудиторхо маълум аст, тамоми макомоти чумхури бо сарварии ЭШР.
    Ана акнун ки дуздиаашон ба руи об баромад, чаро хеч кас эътироз намекунаду додситони кулл (ки бидуни шубха хурдае низ аз ин халяваро бурдааст) ба кавлаш дела боз намекунад?
    Додочон ки хасеро аз ватан нааровард дар тамоми дунё кофту коб мекунаду дар нишастхояш дашном медихад. Кани гурда кунаду “ойлаву” “кошелеки” ойларо яъне Алимардона ба чавобгари кашад?! Факирак Алимардон гуфтааст ки хабар надорад ки ин пулхо ба кучо рафтанд ва ягон зарра аз ин пулхо манфиате надидааст. У карру фаррашу, чандта зану, хонаву аспу корхонаву гайра аз оташ мерос гирифтааст?

  13. Як хабари хуш
    “Гражданин Таджикистана объявлен в международный розыск за убийство скинхедов в Подмосковье. Националисты отлавливали гастарбайтеров в электричках и избивали, но встретили неожиданный отпор. 26-летний Саиджон Раджабов зарезал троих скинхедов и уехал на родину.”
    http://www.gazeta.ru/social/2009/04/16/2975176.shtml

    ба худо Йгитай – ана точики асил!

  14. Тожики йигит будай тугри, лекин то имруза сенафар тожики дигарро куштаанд (www.ozodi.org) – ва хамаи ин ходиса дар Москав ба амал омаадаст. Мумкин ин ходиса бо амали Саиджон Раджабом ягон алокамандие дошта бошад!?…

  15. Бо 840 000 000 Доллар як бор ба Хитой рафта бори бесифат биёри ва онро бо нархи 3 карат зиёд фуруши 2 520 000 000 доллари америкои мешавад… Алимардонов пулхоро бо осони бармегардонад, бо ёрии ману шумо, чунки он моли бесифатро ману шумо аз бозорхо харидори мекунем…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: