Конуни дин боз коршиносони тоҷикро ба баҳс кашид

Умедҷони САЪДУЛЛО(Бознашр аз «Озодагон» №13 02.04.09.)

БАЪДИ аз ҷониби президенти кишвар имзо шудани қонуни ҶТ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қонуни мазкур дар ВАО мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо дарназардошти муҳокимаҳои расонаҳои давлативу мустақили кишвар имрӯз дар маҷмааи Коҳи Ваҳдат мизи мудаввар доир гардид, ки ҳадафи аслии он шарҳу тафсири бандҳои қонуни мазкур буд.

Мизи мудаввар дар мавзуъи “ВАО ва қонунгузории ҶТ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро Сайидалӣ Сиддиқов мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон оғоз намуда, аз намояндагони ВАО-и кишвар даъват ба омаловард, ки бештар кӯшиш намоянд баҳсро ба ҷанбаи воқеӣ ва ҷамъиятии қонун карор диҳанд. Сиддиқов нишастро тариқи васоити ахбори омма ба шаҳрвандон фаҳмонидани ҳукуқу ӯхдадорӣ ва мӯҳтавои қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои дини унвон намуд. Дар мизи мудаввар вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи иҷроияи президент Абдураҳим Холиқов, директории маркази исломшиносӣ дар назди президент Муродулло Давлатов, раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ва дигар роҳбарони. ВАО-и кишвар ҳузур доштанд. Сайидмурод Фаттоев, мушовири давлатии президент гуфт, ки мақсад аз қабули ин қонун баланд бардоштани маърифати диннии шаҳрвандон ва танзими фаъолияти ташкилотҳои динӣ аст. Дар рафти муҳокимаи қонун дар мизи мудавваре вакилони маҷлиси намояндагон, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони дохиливу хориҷии соҳа, олимону ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносону намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва дигар созмонҳои чамъиятӣ аз ҷумла ташкилотҳои динӣ иштирок доштанд, афзуд мавсуф. Дар давраи нихоӣ бошад, илова намуд, Фаттоев лоиҳа дар кумитаву комисияҳо, сипас дар ҷаласаи васеи раёсат ва ниҳоят дар ҷаласаи маҷлиси намояндагон муҳокима гардида ки дар давраи баррасии он аз ҷониби вакилон 152-пешниҳод ироа гардид, ки аз онҳо 77-тоаш пурра ва 29-тоаш қисман пазируфта шуданд. Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар васоити ахбори умум мавриди баҳсу муҳокимаҳо қарор гирифтанд, ки гӯё қонуни мазкур дар баъзе мавридҳо мухолиф ба меъёрҳои байналмилалӣ будааст. Ба гуфтаи номбурда ин иддао ягон асоси воқеӣ надоштааст, зер қонуни мазкур дар радифи талаботи моддаи 18-и паймони байналхалқи оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ аз соли 1966, моддаи 18 ва 19-и эъломияи ҳуқуқи башар ва талаботи эъломия оиди рафъи ҳамагуна хушунат аз ҷумла хушунати динӣ ва эътиқодӣ омода гардидааст.
Мушовири давлатии президент ҳамчунин қайд намуд, ки намоз гузоштан дар корхонаҳои давлатӣ мувофиқи қонун манъ карда мешавад. Ин дар ҳоле гуфта мешавад, ки қайд намуд Сайидмурод Фаттоев гӯё дар қонун озодиҳои ибодатии шаҳрвандон маҳдуд шуда бошад. Бояд зикр намуд, ки дар корхонаҳои давлатӣ тибқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, шахсон бояд ба меҳнат машғул шаванд. Ба дигар кор машғул шудан ва дур шудан аз вазифаи хизматӣ ин вайрон намудани талаботи қонунузорӣ мебошад, иброз дошт номбурда. Аз ин рӯ ташкили намозгузорӣ ва тоату ибодат дар корхонаҳо мардумро аз иҷрои вазифаҳои мехнатй дур мекунад ва хилофи қонунҳои амалкунанда мебошад. Баъзе руҳониёни кишвар имрӯз дар мавъизаҳояшон гуфта истодаанд, ки гӯё давлат ба мардум имконият намедиҳад, ки дар ҷойҳои кориашон тоату ибодатро ба ҷо оранд. Аммо онҳо афзуд, мушовири давлатии президент, намояндагони динҳои дигар ҳам дар ташкилоту корхонаҳо ҳастанд ва онҳо ҳам талаб кунанд, ки барои онҳо ягон “Калисо ва ё монанди ин дигар ибодатгоҳҳо” бунёд намоянд. Дар ин сурат мо гуфта наметавонем, ки онҳо ҳақ надоранд. Бинобар ин аз баски давлати мо давлат дунявӣ аст ба ҳар ҳол мо бояд ба нормаҳои мутамаддини байналмилалӣ риоя кунем ва ҳуқуқи ҳамаро баробар донем, иброз дошт Фаттоев.
Шариф Ҳамдампур сармуҳаррири ҳафтаномаи Тоҷикистон низ андешаҳои Сайидмурод Фаттоевро ҷонибдори намуда гуфт, тақозои коргузорӣ аст, ки бояд кормандони давлати дар корхона намоз нагузоранд. Зеро ба гуфтаи вай, намоз гузоридан дар корхона монеи фаъолияти кормандон ва корхона мешудааст. Барои ӯ пайдо кардани кормандонаш дар рӯзҳои ҷумъа мушкилии рақами як будааст, чунки анқариб ҳамаи коргаронаш ба адои намози ҷумъа мерафтаанд. Номбурда ҳамчунин қайд намуд, ки намоз ба ҳеч куҷо парида намеравад ва дар корхона коргар бояд ба кор фарогир бошад на бо намозхонй. Ба гуфтаи Ҳамдампур имрӯз мардуми деҳот то ба ҳадде ба “фанатизм” дода шудаанд, ки ҳар коре, ки надошта бошанд вақти намозгузорӣ фаро расидан пас, аз хонандаи мактаб сар карда то ба мӯйсафедонаш сӯи масҷид мешитобанд. Агар ин ҷомеа воқеан ҷомеаи демократии бошад, пас ин гуна рафторҳоро ба танзим даровардан лозим аст, афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, Саймиддин Дӯстов, раиси бунёди ҷамъиятии “Индем” бо ҷонибдорӣ аз хондани намоз дар корхонаҳо, гуфт, ки бояд роҳбарони корхонаҳо монеи намозгузории кормандонашон нашаванд. Номбурда аз аъзои ҳукумат пурсон шуд, ки бигзор барои таъсис додани як масҷид 100-нафар муқаррар гардидааст, аммо барои таъсиси як мағозаи арақфурӯшӣ ва гирифтани иҷозатномаи он барои фурӯхтани арақ чанд нафар аҳолӣ ва чанд нафар арақнушонро талаб мекунад? Ин ҳоло як пахлӯи масъала аст. Дуввум дар масъалаи танзими фаъолиятҳои иттиҳодияҳои динӣ. Ба ақидаи Дӯстов танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ яке аз бахшҳои хеле кам коркардашудаи ин қонун будааст. Дигар ин ки ҳаққи намозгузорон дар назди корфармоён, ки ҷаноби Ҳамдампур мисоли хеле диққатҷалбкунанада овард, дар қонунгузорӣ ин масъала дида нашудааст. Намоз барои мусалмонон вақт дорад ё аз ҷониби дигар махдудиятҳои дигари диние ҳастанд, дар назди яҳудиҳо қонунгузор вазифадор аст, ки тибқи конститутсия аз озодиҳои динии онҳо ҳифз кунад. Агар рӯзи ҷумъа соати 13-00 як нафар мехоҳад намоз пузорад, корфармо вазифадор аст, ки барои ӯ чунин шароит муҳайё бикунад. Инро ҳам қонунгузор бояд ба назар бигирад, иброз дошт, раиси бунёди ҷамъиятии Индем.
Дар робита ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, ки қонуни мазкур қонуни шахшуда нест, балки ҳар гоҳе зарурат пеш омад ва пешниҳодҳо шуданд, тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Вай ҳамчунин гуфт, ки феълан нашрияеро пайдо кардан аз имкон берун аст, ки дар мавриди ин қонун гузориш ва ё мусоҳибае анҷом дода бошад. Номбурда аз он хотир ба ташвиш афтодааст, ки ҳама гуна расонаҳои хабарии кишвар якбора ба ин мавзӯъ рӯ овардаанд. Ба гуфтаи Асрорӣ дар аксар маврид шахсоне дар ВАО ибрози андеша мекунанд, ки аз соҳаи дин дуранд. Вазири фарҳанг баъзе журналистонро ҳатто муттаҳам намуд, ки бо такя ба фикри шахси сеюм ё чорум, ки ақидаи онҳо ягон асоси воқеӣ нисбат ба қабули ин қонунро надорад, истифода бурда, дар ин мавзӯъ мавод таҳия намудаанд. Қонун ҳанӯз дар матбуот ба таври расмӣ интишор наёфтааст. Яъне нав ба тасвиб расид ва то пурра ба тасвиб расидан ё ба ҳукми қонунӣ даромадани он мо бояд ҳадди ақал дар сӯҳбат ва ё маслиҳат бо он ташкилотҳое, ки ин қонунро таҳия кардаанд мақолаҳои худро пешниҳод мекардем. Мутаассифона аллакай натиҷа ё тахлили он мақолаву гузоришҳое, ки дар воситаҳои ахбори умум дарҷ гардидаанд аз он шаҳодат медиҳанд, ки бисёре аз журналистони мӯҳтарами мо ба баъзе хатоиҳо роҳ додаанд, ки онҳо метавонанд натиҷаҳои номатлуб диҳанд. Масалан ҳангоми таъсиси масҷидҳо дар қонун зикр шудааст, ки он ҷое, ки агар 100-нафар аҳолӣ дошта бошад, метавонанд бо ариза муроҷиат кунанд ва масҷидтаъсие диҳанд. Аммо мақолаҳое чоп шуданд, ки дар он ҷо ба ҷои аҳолӣ намозгузорон зикр кардаанд, ки ин фарқияти бисёр калон дорад. Намозгузорон метавонанд дар байни 10-ҳазор нафар 10-нафар бошанд, аҳолии бошад ҳамаро фаро мегирад, афзуд, Мирзошоҳрух Асрорй вазири фарҳанги кишвар. Дар ҷавоб ба эроду муттаҳамсозии журналистон муассиси ҳафтаномаи Миллат Адолати Мирзо гуфт, ки журналистон вакте ба тайёр кардани матлабе оғоз мекунанду онро ба анҷом мерасонанд ақидаи масъулини давлатиро пайдо кардану дар матлаб ҷой кардан амри маҳол мешавад. Номбурда изҳор дошт, ки вакте, аъзои ҳукумат барои журналистон омӯзондани мешаванд, ки рӯзноманигорон вазифаи худро сидқан иҷро намоянд, чаро масъулини ҳукумат худ робитаи хуб бо журналистон надоранд? Яъне дар сурати мавриди танқид қарор гирифтанашон ҳимояе аз давлат намекунанду айбро ба дӯши хабарнигорон мемонанд. Номбурда бо мисол овардан мегӯяд, вақте, ки Ҳимматзода барои ҳафтаномаи Миллат мақола мефиристад аз бистари бемориаш, дар ин сурат чаро вазорати фарҳанг ва ё дигар мақомоти давлатӣ дар баробари мақолаи Ҳимматзода мақола наменависанд. Имрӯз расонаҳои мустақил ба ақидаи мавсуф ба меъёри дигарандешӣ ва риояи он расидаанд, ки ба онҳо ҳам ҷавоб намефиристанд. Шояд мӯҳтарам масъулини давлати тавони ҷавоб гуфтан ба нафарони дигарандешро надоранд ва ё танбалӣ мекунанд. Ба ақидаи Адолати Мирзо баррасии лоиҳаи қонун, ҳаққи шаҳрвандӣ ва ҳаққи озодиҳои баёни журналистон мебошад.
Номбурда ҳамчунин қайд нат муд, ки рӯзе фаро мерасад, ки барои ислоҳи қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва зарурати тағйиру иловаҳо ба он чомеа домангири муаллифони қонун мешавад.
Аммо Муродулло Давлатов, директори маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон гуфт, ки ҳеч кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки моҳияти қонуни қабулшударо ахлоқану мазмунан зери шубҳа қарор диҳад. Мо вақте қонун қабул мекунем онро иҷро мекунем, мардумро мегӯем иҷро бояд кунанд, чунки қонунро парламент қабул кардааст, Давлатов қабул накардааст. Агар қонун ба фикри Давлатов қабул мешуд, дигар хел қабул мегардид. Вале ба ҳар сурат ба назар гирифтан даркор, қонунро боз такмил додан даркор, афкори ҷомеаро фаҳмидан даркор қонун таҳия, ки шуд, афкори ҷомеа дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳо баён карда мешавад. Намешавад, ки ҳар нафарро гӯем, ки ҳуқуқҳои шумо чи хел асту мо чихел кунем, иброз дошт, директори маркази исломшиносӣ дар назди президент.
Аъзои ҳукумат ва намояндагони ВАО ба хулосае омаданд, ки дар қонуни имзошудаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон танҳо баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо мавриди иҷро қарор гирад. Аммо дар робита ба ин ки кай ва чи гуна ин тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ сурат мегирад, дар нишасти Кохи Ваҳдат гуфта нашуд. Гуфта мешавад, қонуни ҶТ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз 8-бобу 36-модда иборат мебошад. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор мегирад.

2 Responses

  1. Ташаккур Рустами азиз, ки маводхои “Озодагонро” нашр мекунед. Дар айни замон ин газет пас аз “Азия плюс” бехтарин рузномаи Точикистон аст.
    Мухлисони зиёд дорад.

  2. In qonun ba konstitutsiya rost namegira😦

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: