Чаро Турачонзодаро ин кадар бад мебинанд?

Кадом масъалае бахс шавад, окибат ё ба ислому исломгарой меорад ё ба шахсияти чаноби Хочй Акбар Турачонзода. Агар бовар намекунед, чанде аз матолиби ахир ва бахси атрофи онхоро бихонед.

Албатта, худи чанобашон хам дар ин сахм доранд. Дар ин замонаи нотинч намешавад, ки хомуш биншинад ва кори худро пеш барад? Ба Талко чй кор дорад?

Шояд хар руз вазъи мардумро мебинаду кайфу сафои як мушт худобехабарро ва зачр мекашад, дилаш месузад?

Аммо барои як кисмат аз мардум номи Хочй Акбар мисли тикаи кирмиз дар баробари чашмони букка аст. Дидан замон дардашон хуруч мекунад, девона мешаванд. Дархол шиор мезананд, ки хамин набуд, як чашмакй зад, чанг сар шуд? Хуни мардум дар гардани уст.

Афсус, додгохе нашудааст, ки сахми хар шахсро дар чангу хунрезй ошкор ва исбот кунад. Вагарна худи чаноби Эмомалй Рахмон набуд, ки аввалин гурезахоро аз Дангара ба Душанбе сур кард ва молу маноли онхоро ба горат кашид? Накши дигарон магар дар ин чанг камтар буд?

Чаро дар чунин холатхо мо тарозуи адлро фиреб кардан мехохем? Мисоли оддй. Холо бархе аз нашрияхо тамоми талошро мекунанд, ки аз Адолат Рахмонова фаришта созанд. Магар хамин набуд, ки бардуруг эълон кард, ки митингчиёни «Шахидон» ба номусаш тачовуз кардаанд? Ин сухани дуруг набуд, ки хуни хазорон хазор чавони сарбаланди Кулобро ба чуш овард?

Ё барои мисол, имрузхо бисёр талош мешавад, аз Акбаршо Искандаров мусичаи бегунох дуруст кунанд. Магар чавобгарии вай дар назди миллат аз чавобгарии Рахмон Набиев камтар аст? Магар бадтарин чангхо ва фочиахо дар давраи рахбари чумхурй будани вай ба амал наомад? Бозихои дутарафаи вай сабаб нашуд, ки чанг ба дарозо кашад ва хазорон нафари дигар кушта шаванд?

На. Инхо мусичаи бегунох. Номи онхоро ба забон оред, касе парво намекунад. Вале хамин ки Турачонзода гуфтед, дархол ба ёдашон мерасад, ки занашон дар хона танхост. Марди хушгил, доно, боадаб, заковатманд, ростгу, пулдор ва каме бохилла. Чем не противник?

Ин суханхо навишта шуд пас аз хондани номахои зиёде, ки як кисми онхо нашр нагаштанд ва кисми дигаре ин чо дар бахсхо чоп шудааст.

Advertisements

6 Responses

  1. Boboi Rustam,

    sathi mo boyad inguna puch naboshad, pushtiboni az yak Shakhs naboyad rui in tornoma surat girad. Turajonzoda khub ast yo bad ta’rikh baho medihad na manu shumo. Biyoed boloi yagon mavsui dogh suhbat kunem va na ustukhoni hamdigarro khoem.

    Samak

  2. Барои чи мо точикон хамеша хоидани якдигарро дуст дорем? Ман шахсан Турачонзодаро хамчун як сиёсатмадори варзида мешиносам, катъи назар аз кози ё мулло буданаш. Агар бихохем бо инсоф сухан гуем, дар миёни точикон, дар дах бист соли ахир, мисли Турачонзода сиёсатмадор намебинем. Шумо тахлилхояшро бихонед. Мавзегирихояшро дида бароед. Дар чанги бародаркуши хам, дигарон мусичаи бегунох нестанд. Шояд танхо нафаре ки аз миёни онхо дасташ ба хун олуда набошад, хамин шахс аст.
    Агар пулдор бошад, ин хам айб нест. Дониста бошем, ки ба пулдор бо чашми нафрат нигох кардан, як фарханги ба мерос монда аз замони коммунисти аст. Бигузор одамони мо пулдор шуда, гадои дигарон нашаванд. Агар пулдор намебуд, бад буд. Зеро мисли дигар одамон, зархариди русхо ё дигарон мешуд. Аммо хозир пул дорад, ба хеч кас хам мухточ нест.
    Точикони азиз! Вакти он расидааст, ки мо хам мисли дигар миллатхо бузургони худро химоя кунем, обруи худро пеши дигар миллатхо нарезем.
    Имруз хамаи мо вазифа дорем, ки аз Турачонзода, Мухиддин Кабири, Рахматулло Зоир, Мухаммадрузи Искандар, Султони Кувват, ва дигар сиёсатмадорон химоят кунем. Хатто дар чои худаш, аз раиси чумхур Имомали Рахмон низ химоят намоем.
    Миллатхо, обруяшон, бо обруи бузургонашон хаст.

  3. Дар кучо дидаед, ки одамони сусту фулуст одамони зуру аз худашон бехтарро дуст дошта бошанд? Дар хеч кучо ин чиз нест.

    Максади чанги Точикистон хамиин буд, ки Турачонзода аз байн бурда шавад, зеро дар симои вай лидери хакикии мамлакат ва хатто минтакаро дида буданд.

  4. Турачонзода буд, ки имруз дар маркази шахр Масчиди чомеъ дорем, дар дехааш хам масчиди бузургу зебое сохт, ба кадом ру мегуи ки хеч коре накардааст?

    Вай доим дасти бечораву мустамандонро гирифтааст, ба даххо оила мадад мефиристад. Сухани у дар бораи Талко на барои русхост, балки барои он аст, ки даромади ин завод ба фоидаи халк равад, на ба фоидаи як оила!

  5. О мардум инсоф кунед! Нархи пиёзу сабзиро напурсида мардака чосуси рус баровардед (?!). Дар кадом асос? Кани факту ракамхои шумо домулло Чамшед? Аз гуфтахои шумо буйи дасиса меояд. Хич вакт сухани бедалел нагуед ва аз он зиёда нанависед. Вагарна конун хаст, ки мувофики он ба чавобгарии чинои кашида хохед шуд.
    Турачонзода олими доно, ки аз илми сиёсат бохабар аст. Инро эътироф кардан даркор. О хамаро инкор кунем, нобуд кунем, ба махкама кашем, беватан кунем… пас ки мемонад дар ин харобот. Аввал андеша баъд гуфтор. Ва дигар, «Пиндори нек, гуфтори не, кирдори нек»-ро фаромуш накунед. Хамин гуфтахоро хамеша пеши назар доред, илтимос!

  6. Бародарони гироми! Рахмону Турачонзода – хуб хастанд ё бад – лидерхои моянд, бародари моянд, фарзанди точиканд. Бедордил дуруст мегуяд «миллат бо фарзандонаш обру дорад». Аммо намедонам кадом касхое хастанд, ки хамеша тагкоби мекунанд, як кас ки ном баровард, уро мехоянд. Намедонам инхо киянд. Аник ки точик нестанд, агар хастанд, пас хуни мугуливу арабиашон боло гирифтааст. Ба точик бахили намезебад.
    Мо бояд хакикатро гуем. Турачонзода дар бораи Талко хакикатро гуфт. Инро бояд эътироф кард. Русияро дастгири кард. Оё ин чи маъно дорад? Рахмон ба русхо тан намедихад – мо бояд бо у бошем! Хаст манфиати гуруххо, хаст манфиати миллат. Бояд дар хакикат бинем, ки оё бо Русия чи гуна муносибат кунем. Дидан даркор ки то кучо бояд бо Русия ва то кучо бо дигарон бошем. Биёед гапу харфи худро гуем. Кофта нагардем, ки Турачонзода чи кадар пахта дорад. Хасан чи? Ними пахтаи Точикистон аз уст ва барои яхудихо синагога мехарад. Оё ин кораш дуруст аст ё на? Агар ба нафъи миллат аст, рахмат бар падараш, агар бар зидди ислом аст, не! Бачахо хирадро кор фармоем. Он кадар проблема дорем, ки хисобамон гум.
    Ватанро бояд обод кард, гуру охирати худро.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: