Эхтиёт! Президент медонад…

Далери ҒУФРОН (Бознашр аз «Озодагон» №13 02.04.09. )

Ин ки атрофиёни раисҷумҳури кишвар ӯро дар ҳалқаи худ қарор дода аз иттилоъи сареъ дар мавриди вазъияти воқеии кишвар маҳрум сохтаанд, як иддаои маъмулист. Аммо дар ниҳоят иттифоқ афтод, ки бори нахуст дар ҳузури бевоситаи Эмомали Раҳмон ин мавзуъ матраҳ гардад.

Дар дидори ахири президенти кишвар бо зиёиён дар арафаи рӯзҳои наврӯзӣ нависандаи тоҷйк Саттор Турсун хитобан ба раиси ҷумҳур арз кард, ки дар мавриди вазъияти воқеии кишвар атрофиёнаш ба ӯ иттилоъи дуруст намедиҳанд.

Аммо тавре шоҳидон мегӯянд, бо он ки нависандаи муҳтарам дар суханронии худ мавзуъоти гуногунро фаро гирифт, ин масъалаи хело муҳим мутаасифона зуд аз мадди таваҷҷӯҳ дур монд ва ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон низ дар баробари ҳушдори ин адиб вокунише нишон надод.

Аввалин суоле, ки дар баробари баррасии ин мавзӯъ пеш меояд ин аст, ки дар шароити ҷомеаи муосир – яъне асри иттилоот чи гуна метавон сарвари як давлатро аз ин ё он вазъият, ки дарвоқеъ ташвишовар бошад, маҳрум сохт?

Ба андешаи ҷомеашиноси тоҷик Масрури Абдуллоҳ, дар шароити имрӯза чиновникҳои мо агар қасд кунанд ҳам, наметавонанд, ки президентро дар инзиво (изолятсия) қарор бидиҳанд. Зеро ба гуфти ӯ, роҳҳои алтернативии иттилоърасонй дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа зиёданд:

– Аз ҷумла, дар рафти суханрониҳои худ раисиҷумҳур на як бор ишора кардаанд, ки телевизиони машҳури Евронюз тамошо мекунанд, ба Интернет дастраси доранд. Дар ин сурат ҳеч мумкин нест, ки сарвари давлат аз асли воқеияти кишвар огаҳ набошанд.

Аммо аз ҷониби дигар, воқеияти имрӯзаи бархурди масъулин ба мушкилоти мавҷуда андешаеро ба вуҷуд меорад, ки гуё дарвоқеъ раҳбарияти кишвар иттилоъи зарурӣ дар баробари мушкилоти ҷомаеро дар ихтиёр надоранд. Ҷомеаи кишвар ба ин гуна шубҳаҳо ҳақ ҳам дорад. Мардум ба он боваранд, ки раҳбари кишвар аз асли мушкилоти ҷомае огаҳ нест, вагарна, чиновникҳои ноуҳдабаро ва корношоямро кайҳо аз сари кор дур мекард.

Ба гуфти коршиноси мо М. Абдулло, далели ин гуфта чопи мактубҳо ва муроҷиатномаҳои ҳамарӯза ба номи президенти кишвар мебошад. Ва ин маънои онро дорад, ки агар аз як ҷониб институт ва шахсияти президент имрӯз ҳамчун ягона умед – даргоҳи қабули қарори лозима тасаввур шавад, аз ҷониби дигар, далели аёнии таасуроти аҳли ҷомеа аз дараҷаи иттилоънокии раҳбарияти кишвар дар баробари мушкилоти рӯз мебошад.

Аз ҷониби дигар, агар раисиҷумҳур аз асли воқеияти кишвар огаҳ аст, пас чаро ин огаҳӣ ба ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидат намекунад, ки дар ниҳоят мардум аз ночорӣ ба ӯ рӯ наоранд? Коршиноси мо М. Абдулло, ин мавзуъро -масъалаи баҳси дигар дониста, илова намуд, ки воқеан, ба ҳайси маркази ягонаи қабули қарор пазируфта шудани президент, дар ҳар сурат ба манфиати кор нест.

Дуруст аст, ки аз як ҷониб ин муроҷиатҳо – ифодакунандаи эътимоди мардум ба президент – ҳамчун кафили ҳуқуқҳояшон, мебошад. Зеро дар ин сурат, моҳияти мавҷудияти ҳукумат ва дар алоҳидагӣ аъзоёни он коста гардида, аз ҷониби дигар, дар сурати беҷавоб мондани муроҷиати шаҳвандон ба президент, онҳо аз ягона умеди охирин низ дилсард шуда, дар ниҳоят рӯҳияи нобоварӣ эшонро фаро хоҳад гирифт. Магар тасаввури ин ки мардум ҳатто ба сарвари давлаташ низ эътимод надорад, ташвишовар нест???

Ва мерасем ба нуктаи меҳварии баҳс. Чаро масъулин суханеро ва ё воқеиятеро мехоҳанд дар назди раҳбари давлат фош насозанд? Дар инҷо ҷавоб ҳамонест, ки аҳли ҷомеа тасаввур мекунанд. Яъне мабодо, ки бо фош шудани воқеият эшон аз курсӣ маҳрум шаванд. Воқеан ҳам ба андешаи М. Абдулло, ҳама мушкилот сари он аст, ки масъулин аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ намебароянд, ба мушкилоти мардум расидагӣ намекунанд, зеро бештар дар ғами худ ҳастанд. Ва бигирем, ки агар аз ин воқеият раҳбари давлат огаҳ аст, пас чаро пишшаки масъулинро касе пишт намегӯяд? Шояд ин аст мағзи сухани Саттор Турсун?

Барои шарҳи ин масъала мо ба мушовири калони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иртибот бо ҷомеа Мансур Сайфиддинов муроҷиат кардем. Ба гуфти ӯ, иддаои он ки сарвари давлат иттилоъи заруриеро дар мавриди вазъи вокеии кишвар дар ихтиёр надорад, комилан ботил аст:

– Оё мантиқан имкон ҳаст, ки ҳамчунин як нафари фавқулода фаъолро аз асли воқеияти кишвар маҳрум созӣ? Президенти кишвар каналҳои алтернативии кифояе дорад, ки дар мавриди вазъияти воқеъӣ на танҳо кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон низ иттилоъи васеъеро дар ихтиёр дошта бошад. Ин қаналҳои расмӣ, хадамоти махсус ва Маркази тадқиқоти стратегӣ мебошанд, ки вазифадоранд ҳамарӯза ҳисоботро дар мавриди ҳодисаҳои хусусияти таъҷилӣ ва стратегӣ дошта, пешкаш намоянд.

Зиёда аз ин, ба гуфти М. Сайфиддинов, ҳамарӯза фаъолияти президенти кишвар аз мутолиъаи Интернет ва умуман шиносоӣ бо васоити ахбори омма -шурӯъ мешавад. -Ҳамчунин, аллакай аз соли 2005 инҷониб сайти интернетии роҳбари давлат фаъолият дорад, ки он ҳамчун воситаи иловагии иртибот бо ҷомеа мардуми кишварро бевосита бо президент мепайвандад, – иброз дошт мувовиши раисиҷумҳур.

Ба гуфти ӯ, ҳамзамон иртиботи доимии сарвари давлат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, бигирем мулоқоти ҳамасолаи раисиҷумҳур бо зиёиёнро, ки метавонад як воситаи шиносоии бевоситаи сарвари давлат аз мушкилоти мавҷуда дар соҳҳаҳои гуногун бошад.

– Ман намедонам дигар сарвари давлатеро, ки ин қадар ба таври доимӣ ба маҳалҳо сафар кунад, ҳатто баъзан амнияти шахсии худро сарфи назар карда, бевосита аз наздик аз вазъияти мардум огаҳ гардад. Ин аст, ки сарвари давлати мо – Эмомали Раҳмонро президенти мардумй мегӯянд,

– иброз дошт М. Сайфиддинов.

Таъкиди Сайфиддинов ба ин масъала, ки раисиҷумҳур аз вазъияти мавҷуда дар кишвар комилан огаҳ аст, метавонад барои мо бовар бахшад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки то кадом андоза ин огаҳӣ ба ҳалли мушкилоти муҳими рӯз мусоидат кардааст?

Ба гуфтаи ин мушовири калони раисиҷумхур ҳама мушкилоте, ки дар ҷомеа матраҳ мешавад, раҳбарияти кишвар аз он ҳаддалимкон ҷилавгирӣ мекунанд. Ӯ, аз ҷумла, аз имзо шудани фармони президенти кишвар аз 7 феврали 2009 дар мавриди вокуниши масъулин ба маводи танқидӣ ва таҳлилии матбуот ёдоварӣ кард, ки далели ҳавасманд будани раҳбарияти кишвар барои ҳалли мушкилоти ҷомеа мебошад.

14 Responses

  1. Эхтиёт! Президент медонад…
    Медонист, медонад ва хоҳад донист!!!!!!
    Хайр чӣ?

  2. Савол ба Мансур Сайфиддинов:Агар донад чаро ба мушкили мардум расидаги намекунад???

  3. Президент албатта аз вокеият то ба кадри имкон огох аст. Пас барои чи ба гуфтаи Саттор Турсун вокунише нашуд. Ба фикри ман ин маънои нотавонии у дар назди мушкилоти давлатро мефахмонад…

  4. Рахмон хама чиро медонад, аммо як одами комилан бехабар аз шеваи сарварист ва рахбар буданро факат дар сафасаттагуиву чашмпесониву калонигарй мебинад.

    Барои хамин донад хам, хохад хам, хеч кор карда наметавонад. Саводу фарханг ва саликаи сарварй дар хуни у нест.

    Мебахшед, аммо ягар як хари куча ин кадар сол агар рахбари давлат мебуд, аллакай коре мекард ва вазьиятра ба ин дарча намерасонд.

  5. В центре Москвы убит таджик
    В центре Москвы был убит гражданин Таджикистана. Об этом агентству «Интерфакс» сообщил источник в правоохранительных органах столицы.

    По словам собеседника агентства, тело таджика было обнаружено около трех часов утра понедельника под мостом в районе пересечения Серебрянической набережной с Яузской улицей.

    Судебная медэкспертиза установила, что смерть мужчины наступила в результате удара тупым предметом по голове.

    Как считают в милиции, скорее всего речь идет об ограблении. Об этом свидетельствует тот факт, что денег и ценностей при убитом не было. Тем не менее, отметил источник, на месте происшествия был обнаружен разорванный паспорт гражданина Таджикистана, принадлежавший убитому.

  6. ачаб суоле матрах месозем. президент медонад, е намедонад. бахудо хандаи кас меояд. ин суол ахмак будани мо – чомеъаи точикистонро нишон медихад.
    бо додани ин суол мехохем рахмонро аз хар чи имруз дар чомеъа рух медихад, пок созем.
    уст сардафтари хамаи бадбахтихои ин мардуми бечора. вале бовар кунед агар банда хам ба чои у мешудам – хамин корро мекардам. зеро мардуме ки хакку хукуки хешро намедонад ва илова ба ин донистан низ намехохад, рузаш аз ин бадтар мешавад.
    нух фарзанди рахмон имруз точикистонро макида истодаанд. чи вай магар инро намедонад?
    international crizis groop инро донисту у намедонад?
    бозори зарнисор кариб духазор мардумро мехуронд, бастанд, намедонад? тангемхоро манъ карданд, панчхазор одам бекор монд, намедонад?
    биед бародарон худро фиреб насозем. то ин марди бесаводу пуч сарвари давлат ин мардум аст, холаш бад мешавад ки хуб не. ин аст хулосаи ман. сарфароз бошед

  7. Президент медонад, аммо забонкутох аст. Не? Ин савол ва посуххо киссаеро ба ёди ман меорад, ки соли 2003 Косим Косимов ба унвони раиси вилояти Сугд дар мачлиси солонаи ин вилоят суханрони карда ва аз рахбарияти ширкати «Оби Зулол» хост, ки андозро супоранд. Агар насупоранд, вайсирри ин ширкатро фош мекунад. Космов бо забон хол мегуфт, ки ин ширкат оби ношафферо барои сокинон мепишниход мекнуад. аммо агар андозро супорад, ин сир гуфта нахохоад шуд. Президент хам хамин холро дорад. МСедонад, аммо дар илочи корночор аст.

  8. Президент медонад, аммо забонкутох аст. Не? Ин савол ва посуххо киссаеро ба ёди ман меорад, ки соли 2003 Косим Косимов ба унвони раиси вилояти Сугд дар мачлиси солонаи ин вилоят гуфта буд. Вай дар суханронияш аз рахбарияти ширкати «Оби Зулол» хост, ки андозро супоранд ва агар насупоранд, сирри ин ширкатро фош мекунад. Косимов бо забон хол мегуфт, ки ин ширкат оби ба меёрхо номувофикро барои сокинон мефурушад. Аммо агар андозро супоранд, у ин сирро пинхон нигох медорад. Вай медонист, ки ширкатхо бо мардуми тобеъи у чи мекунанд. Вале ба хотири пул ин хамаро фурухта буд. Бо суханфурушихояш ба чашми мардум хок мепошид. Президент хам хамин холро дорад. Медонад. Шояд бисёр чизро медонад. Аммо дар илочи кор ночор аст: дасти кутах, забони кутах ва ким-чихои дигар…

  9. Сармад,

    Ин хабарро аз кучо гирифти? Боз дуруғ нанависӣ, ки дурӯғнависӣ ҷиноят аст.

  10. Президент медонад, аммо дар кисааш дгар кадр надорад. Ин посухро худаш кайҳо дода буд.

  11. Додочони Атоуллох зиндаву солим саргарми корхои худ аст. Хабари Сармад аз беху бунёд галат аст ва решаи ин хабар ба хиёбони Рудакии шахри Душанбе бармегардад. Нафрин бар шоеасозон.

    Д

  12. Сармаду

    Не дождетесь ! Он еще живее всех Вас!

  13. Сармад ин орзуи ту ва амсоли ту ба гур хохад рафт. Атовулло саломат аст. Ва ба ту барин аблаххо чавоб намедихад.

  14. Кас хайрон мешавад, ки матбуоти кишвар ва торномахо хабари дар баъзе идорахо бофтаи «фавти Д.Атовулло»-ро нашр кардаанд. На ахлоки рузноманигори мондаасту на инсофу на вичдони инсони дар ин рамае, ки як вакт миллат ном дошт. Аз хама аламовараш ин ки нашрияи «Фараж», ки худро рузномаи озод медонад, аз пайи овозаи идораи маълум меравад.
    Худоё, тавба! Хама мисли президенташон шудаанд, аз ин рамаи бесохиб дигар чи интизори кашид?!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: