«Девонагй. Соли 93»

Раҷаб МАРАИМОВ (Бознашр аз «Нигох» №01 26.03.09.)

Чаро мансабдорони тоҷик бояд ба театр нараванд?
Чанд сол пеш яке аз мунаққидони ҷавони театрро дидам, ки аз тамошои кадом як намоишномаи Театри ҷавонон меомад. Ҳамон шабу рӯзҳо тамоми кӯшишҳои ман барои идомаи чопи «Рӯзи нав» бесамар анҷом меёфтанд. Мунаққидиҷавон аз таассуроташ дар бораи намоишномаи нав бо ҳарорат сӯҳбат мекарду ба ман низ таклиф намуд, то ин намоишномаро тамошо кунам. Баъдан, пас аз таваққуфи андаке гуфт:
– Медонӣ чӣ, ҳоло баҳсҳое идома доранд, ки мансабдорон ба театр намераванд. Аммо бовар кун, ба фикри ман, нарафтанашон ҳазор бор беҳтар аст.
– Чаро? – ҳайрон шудам ман.
– Шояд театрҳоро низ бастанӣ мешаванд… Охир, онҳо дар симои ҳар қаҳрамон нақши худро хоҳанд дид, – гуфт ӯ бо ҳасрат.
Ахиран ин фарзия исботи пурраи худро дарёфт. Ҳафтаи гузашта Мирзошоҳрух Асрорӣ – вазири фарҳанги Тоҷикистон намоишномаи «Девонагӣ. Соли 93»-и Барзу Абдураззоқовро манъ намуд. Ин намоишнома аз рӯи асари драмматурги олмонӣ Петер Улрих Войс «Таъқиб ва куштори Жан – Пол Марат дар пешниҳоди гурӯҳи ҳунарпешагони беморхонаи шаратон зери роҳбарии ҷаноби де Сад» таҳия шуда, сухан дар он дар бораи ҳодисаҳои инқилоби Фаронса меравад. Ин пиеса бо номҳои гуногун қариб аз ҷониби тамоми театрҳои бузургу шинохтаи ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст.
Инак масъулон дар нақши кадоме аз персонажҳои ин асар худро дидаанд?
Воқеан, дар намоишнома сардухтури беморхонаи рӯҳӣ маҳз ҳамин гуна рафтор мекунад. Ӯ мехоҳад баъзе аз ҳолатҳои намоишномаро «қайчӣ» кунад. Сардухтур Кулме ба таҳиягарони намоишномае, ки барои беморхонаи рӯҳӣ спектакл омода мекунанд, ҳушдор медиҳад:
– Фаромӯш накунед, ин ҷо девонахона аст….
Бори дигар хотиррасон мешавам, ки сухан дар бораи ҳодисаҳои миёнаҳои солҳои шастуми асри 19-и Фаронса меравад. Аммо баъди муаррифии намоишномаи Барзу Абдураззоқов, ки аз ҷониби тамошобинону мунаққидон баҳои баланд гирифт, онро Асрорӣ манъ намуд. Воқеан, вазорати фарҳанг қабл аз ин гурӯҳи таҳлилие низ таъсис дода буд, ки ба он профессор Иброҳим Усмонов роҳбарӣ мекард. Гурӯҳ намоишномаро тамошо карда, ба он иҷозат дод. Инак рӯзи муаррифӣ вазиру муовинаш Миралӣ Достиев ба он мӯҳри «мумкин нест!» заданд.
Ин чӣ маънӣ дорад?
Сардухтури беморхонаи рӯҳӣ – Кулме ҳам ахиран ба шӯр омада буд:
– Чӣ гуна шумо – девонаҳо аз ҳукумати худ интиқод мекунед?! Охир, рӯзгори шуморо ҳукумат таъмин мекунад-ку… ва ҳам зиндагиатон бисёр хуб аст!
Воқеаҳои намоишнома ба Тоҷикистон умуман иртибот надоранд. Пас Асрорӣ барои манъи намоишнома чӣ далел дорад?
Ва болотар аз ин, бо амалкарди худ оё ба ҳукумат таъриф меорад ё танқид?
Ҳукумате, ки нав аз танқид дар бораи бастани рӯзномаҳои мустақил халос шудан мехоҳад!
Пас ин чӣ сиёсати фарҳангист, ки вазири фарҳанг пиёда кардан мехоҳад? Ва чаро дар ин бора муовини ӯ – Достиев вокуниши булаҷаб нишон медиҳад, на худи вазир? Яъне вазири фарҳанг бисёр одами бофарҳанг асту…?
Ҳамин?!
Баъдан, вазорати фарҳанг ҳоло ягона макони ба қайд ғирифтани нашрияҳои Тоҷикистон ҳам шудааст. Пас чаро вокуниши масъулини ин вазорат чунин андешаро ба вуҷуд наорад, ки манъи ин намоишнома ҳушдорест ба нашрияҳои Тоҷикистон, ки нав каме ҷуръат пайдо кардаанд: аз ҳад нагузаронед!
Воқеан, ҷаноби Асрорӣ дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар бораи он, ки оё омодааст ба истеъфо биравад ва истеъфояшро, агар сурат бигирад, чӣ гуна хоҳад пазируфт, чунин посух дода буд:
– Ман ин гуна ҳодисаро оромона қабул мекунам. Ман аз рӯи ихтисос журналистам. Меравам ва дар ягон расона кор хоҳам кард.
Аммо акнун суол ба муассисону сардабирони нашрияҳои Тоҷикистон:
– Чунин хабарнигори беҷуръатро кӣ ба кор қабул хоҳад кард?

Advertisements

107 Responses

  1. Эй бародар максади ту химоят аз Барзу ва озодии гуфтор аст ё неш задан ба Асрорй нафахмидам. Мардак будаст, ки гуфтааст ба истеъфо омода аст.

    Як аз вазири маориф пурс, ки ин кадар дар кишвар бую тафф андохт, омодааст, ба истеъфо равад?

    Дар посух ба суолат мегуям, ки магар дар кишвар ягон хабарнигори бочуръат хам хаст? Аз худат сар карда?

  2. Дустон,

    Касоне, ки намоишномаи Барзуро надидаанд, биштобед, фардо низ (31 март) соъати шаши бегоҳ дар театри маяковский намоиш дода хоҳад шуд.

    Ин беҳтарин асари ҳунарист, ки ман дар чанд соли ахир дидам. Ин намоишнома дар бораи ҳаводиси инқилоби Фаронса аст, инқилобе, ки бисёре аз дастовардҳои тамаддуни имрӯзии башар ҳосили он аст. Вале дар баробари ин, ин асар вазъияти Тоҷикистони имрӯзро нишон медиҳад, вазъияте, ки ба тимористоне мемонад ва маҷмӯъе аз арвоҳи куру кавдан дар он макон доранд.

    Дар як чо мегуяд, ки «дидан, андешидан ва мубориза карданро ёд бигиред!» ва ин паём ба мардуми гуломтабиъатест, ки ҳарчи аз боло мегуянд бечуну чаро фармон мебаранд ва ба бадтарин рӯзгоре ки доранд шукргузоранд ва мегуянд, ин «ҳама чиз, ки мо дорем, ба шарофати ҷоноболист».

    Ҷойи дигар мегуянд, ки ба истилоҳ рушанфикрон ва нависандагон ва шоъирон ва рузноманигоронро бояд мунҳадим кард, зеро инҳо ҳастанд, ки гуломакони ҳалкабаргуш, ки ёрои роҳ намудан ба мардумро надоранд ва саропои навиштаҳояшон васфу ситоишҳои бедалел ва чоплусонаи ҳуккоми давр аст. Инҳо рушангари роҳи мардум нестанд ва мардумро ба гуломи ва гуломтабиъатӣ одат додаанд ва медиҳанд.

    Дар ҷое мегуяд, ки руҳоният бо ҳукком даст ба дасти ҳам додаанд ва аз руҳоният аз давлат ҳимоят мекунад, дуруст ҳамин вазъи имрузии Тоҷикистон аст ва мо шоҳидем, ки чи гуна «пешвоёни дин» дар чоплусӣ ба фармонравоёни худкома доди сухан додаанд.

    Дар саҳнае аз он фарде меояд ва ҳамаги мардумеро, ки сухан мекунанд кайчи мекунад, ва ин бастани даҳону гушу мардум аст, чунончи имрӯз ҳам мо шоҳиди он ҳастем ва намоишнома низ бо ҳамин сарнавишт рӯбарӯ будааст.

    Ба ҳар ҳол, намоишномаи Барзу асаре бисёр инкилобист ва ба шумо шахсияти шуморо хоҳад намуд ва ҳувияти шуморо эҳё хоҳад кард.

    Муҳиммтарин вижаигии ин асар рӯҳи инқилобии он аст ва бонги озодӣ, ки дар саросари асар такрор мешавад ва тамошочиро низ вориди худ мекунад ва тамошочи низ бахше аз ин асар мешаванд ва худ вазъияте инкилобиро тачруба мекунанд.

    Бояд гуфт, нависандагон ва ҳунармандон ва рушанфикрони моро лозим аст ин намоишномаро бубинанд ва ба ҷойи чоплусӣ ва тамҳиду ситоишҳои бечо иззат ва ҳайсияти хешро дарёбанд бо офаридани осоре аз ин даст дар бедории миллат бикӯшанд.

  3. Хуш ба чонат, Фаромарз!

    Дарего, ки мо аз ин бенасибем. Оё касе ин намоишро ба видео гирифтааст, ки дар Ютюб гузорад ва хама онро бубинем?

    Накунад, баъд аз ин тафсирхоят мансабдорон намошро мамнуъ бикунанд?

    Агар чунин часорат кунанд, инкилоби хакикй сар нахохад зад?

    Ташаккур аз Фаромарз, ки гушае аз ин намоиши бузурги Барзуро ба мо намоён кард. Дастат дардро набинад, азизам.

  4. Ин ва ҳар намоишномаи Барзу қобили ситоиш аст. Аммо чи кунем, ки у ва мисли у барин афроди сазовор ва миллатдӯст миёни мову ту, ки дар ботлоки худхохи ва чоху бесаводи гутидаем, чой намешаванд. Аз сад Асрори ва аз сад Рахмонов дида химмати Барзу барои ин ватану миллат кобили дастгирист. Вай, дарвокеъ, истеъдод аст. Дунболи мансаб намегардад ва хар он чизеро мегуяд ва руйи сахна меоварад, ки дилаш мехохад. У хар он чи ошкоро мегуяд, мо гуфта наметавонем. Дасту пои мо баста аст. Мо аз худ метарсем. Аз сояи худ метарсем. Аз хонаводаи худ метарсем ва аз калонхо метарсем. Мо метарсем. Ё наметарсем? Ба Худо, ганда метарсем! Ин хама аз нотавонбини ва нотавонии мост. Вагарна, то ин саргахи бадбахти намерасидем ва миёни некиҳо ва бадиҳо гумроҳ намешудем. Ҳалоли Барзу бод, ки марде озоду озодапараст аст ва мисли ману ту азоби алими тарсро намекашад.

  5. Рустами арҷманд,

    Агар фурсат доред, лутфан ин мақоларо баргардон кунед ва дар сафҳае чудо мунташир кунед, бисёр омӯзанда аст:

    کدام زرتشت: انديشه ورز يا پيام آور؟

    فرارسيدن ششم فروردين، زادروز خيالی (تصوری، قراردادی اما بجا و خجسته) ی زرتشت، يکی از شخصيت های افسانه ای شده و جهانگير ايرانزمين، فرصتی يگانه را برای پرداختن به برخی از نکات قابل بررسی فراهم می سازد که من نيز می خواهم مقالهء اين هفته ام را به چند نظر گذرا در همين زمينه اختصاص دهم؛ بی آنکه مدعی باشم «زرتشت شناس» ام و نيز بی آنکه قصدم طرح مسائل مربوط به نوانديشی های مذهبی باشد؛ چرا که نوانديشی مذهبی کار اهل مذهب است، کار مؤمنان به عالم غيب، واقعی بودن رسالت و پيامبری و وجود داشتن کلام قدسی و هدايت آسمانی؛ و من ـ خوشبختانه يا بدبختانه ـ مدت هاست که از اين همه بکلی بری شده ام. پس، آنچه که مطرح می کنم صرفاً نگاهی است پديدارشناسانه و جامعه شناختی به آنچه که می توان «معمای زرتشت» خواند ـ «معما» بدان خاطر که دربارهء اين چهرهء تاريخی / افسانه ای که حدود 3500 سال پيش در خراسان بزرگ می زيسته (و من نيز با آنها که معتقدند «مزار شريف» در افغانستان آرامگاه اوست هم عقيده هستم) حرف ها و حديث های گوناگون و متضادی مطرح می شود.

    اما قبل از پرداختن به اصل موضوع، لازم می دانم به اين واقعيت اشاره کنم که «معمائی شدن» چهره های تاريخی به دو صورت انجام می پذيرد. نخستين صورت به «معمائی بودن» خود شخصيت مورد نظر بر می گردد و اين صورت ما را بيشتر به حوزه های روانشناسی و روانکاوی شخصی می کشاند تا به حوزهء بررسی های جامعه شناختی. کارهای زيگموند فرويد، مثلاً دربارهء لئوناردو داوينچی و موسای پيامبر، نمونه ای از اينگونه کوشش های علمی است برای شکافتن روان پيچيدهء آدميانی در دو سوی مسير واقعيت تا استوره. اما صورت دوم به «ما» ی سخن گوينده دربارهء شخصيت های برجستهء تاريخ بر می گردد و اين ما هستيم که، با عقايد بی منطق و باورهای بی پايه، می توانيم از يک شخصيت هموار و روشن، انسانی پيچيده و معمائی بسازيم. و از نظر من، معمائی شدن چهرهء زرتشت درست به اين دليل دوم رخ داده است و در شکافتن چرائی اين «معما سازی» است که قصد دارم نکاتی را مطرح کنم.

    هنگامی که، در حوزهء تفکر، دربارهء شخصيت های تاريخی سخن می گوئيم آنها را می توانيم حدوداً در چهار چهره ترسيم کنيم: انسان انديشه ورز، انسان انديشه ورز ديندار، انسان انديشه ورز مذهبی، و پيامبران دينی. و «معما سازی» از زرتشت درست بخاطر بکار بردن همهء اين وجوه در مورد او پيش می آيد.

    «انسان انديشه» ورز کسی است که می کوشد از طريق «انديشيدن آگاهانه» به چگونگی و چرائی هستی به يک «هستی شناخت» منسجم برسد و بتواند، از طريق آن، پرسش های خود و ديگران دربارهء هستی را پاسخ گويد. او جز عقل و منطق، و زمينه های عينی کار آنها همچون آزمايش و خطا و مشاهده و تجربه، و نيز اجزاء ذهنی آنها همچون قياس و استقراء و صغری و کبری و استنتاج، وسيلهء ديگری در دست ندارد و می داند که اين مجموعه را هموارهء مجموعهء ديگری مرکب از وهم و خيال و نتيجه گيری سريع و بی پايه و نياز و ميل و شهوت و عاطفه و احساسات و نظاير آنها، بشدت تهديد می کند و اين مجموعهء اخير چنان قدرتی دارد که می تواند، در هر مرحله از تعقل، در نتايج انديشه ورزی دستکاری کرده و آنها را دگرگونه و معوج سازد. اين انديشه ورز را در يونان باستان «فيلوسوف» به معنی «دوست دار حقيقت» می خواندند و فلاسفهء يونان می کوشيدند تا روش درست راه بردن عقل و اعمال اصول منطق را مدون سازند.

    يکی از اشتباهات امروز ما آن است که فکر می کنيم «فيلسوف» آدمی فاقد دين است؛ يعنی لزوماً به عالم غيب و وجود آفريدگار جهان اعتقادی ندارد. حال آنکه نگاهی به شرح احولات فلاسفه نشان می دهد که چنين نيست و اتفاقاً ـ بخصوص تا پيش از جا افتادن دست آوردهای عصر روشنگری در غالب انديشهء علمی ـ بيشتر فلاسفه کسانی بوده اند که به غيب و آفرينش اعتقاد داشته اند، اما برای اثبات اعتقاد خود، بجای توسل به آيه و حديث و اعتقادات دستگاه های مذهبی، به انديشهء آزاد روی آورده و از آن طريق دستگاه های «خداشناسی» خويش را بر پا می داشته اند. بدين سان، تعبير «انديشه ورز ديندار» تعبير غلط و دور از واقعيتی نيست، حتی اگر اين «دينداری» موجب شود که انديشهء شخص انديشه ورز از يافته های علمی به دور بيافتد و جنبهء شبه علم بخود بگيرد. بهر حال آنچه او می گويد حاصل انديشه ورزی خود اوست.

    اما از آنجا که پيدايش «مذهب» های مختلف از دل اديان نشانهء پيدايش سازمان های مذهبی و کارکنان آنها (مذهبکاران) و «ثابت و لايتغير شدن» (Fixation) منابع و مفروضات پايه ای انديشه است، به سختی می توان تعبير «انديشه ورز مذهبی» را معتبر شناخت چرا که شخص انديشه ورز در اين وضعيت از شک آغاز نمی کند (آنگونه که، مثلاً، دکارت آغاز کرده است) تا به آزادی بيانديشد و از دست آوردهای انديشه اش به يک «جهان بينی» ی خداشناسانه (نظير دکارت) يا منکرانه (نظير مارکس) برسد.

    صورت چهارم نيز به «پيامبران» و آورندگان اديان مربوط می شود. در اين حوزه ديگر اساساً بحثی از انديشه ورز بودن «پيامبر» وجود ندارد. در داخل خود آموزه های دينی دخالت دادن شخصيت پيامبر در صورت بندی آيه های واصله از عالم غيب نوعی کفر محسوب می شود. خدا به رسول خويش اجازهء دخل و تصرف در پيامش را نمی دهد و به مؤمنان، و نيز به خود او، سفارش می کند تا از ياد نبرند که آيات مورد نظر به پيامبر تعلق ندارند. «پيامبر»، بنا بر تعريف دينی، حکم يک پستچی را دارد که نامه های فرستنده را به دريافت کننده می رساند و خود حق دخل و تصرف در پيام را ندارد.

    اما، گاهی نيز (چه بوسيلهء مؤمنان و چه از جانب منکران) ادعا می شود که «آيه» های نازله از آن خود پيامبرند و او آنها را در حالت های شيدائی و بی خبری ناشی از ايمان و اشتياق از درون «ناخودآگاهی» خويش دريافت کرده و بر زبان می راند (سخنی که مثلاً امروزه از جانب نوانديشان مذهبی شيعه، همچون سروش و گنجی، مطرح شده)، باز روشن است که در اينجا سخن از «انديشه ورزی آگاهانهء پيامبر» نيست و او را به خاطر بيان آنچه گفته نمی توان «انديشه ورز» دانست.

    حال، با توجه به اين دسته بندی می توان ديد که وقتی ما زرتشت را به صفاتی گوناگون و متضاد (از انديشه ورز گرفته تا پيامبر) متصف می کنيم، چگونه به آفرينش معمائی به نام زرتشت دست زده ايم. من البته آگاهم که آنچه در اين مقاله می نويسم نيز تنها يکی از اين نظرها می تواند باشد، با اين تفاوت که خواهم کوشيد گفته هايم را، در حد توانم، بر بنياد موازين پذيرفته شده و علمی ی انديشه ورزی امروز، قرار دهم. هدفم هم آن است که نشان دهم چرا اعتقاد دارم زرتشت «انديشه ورز ديندار» بوده است و نه آدمی مذهبی يا پيامبری الهی.

    هميجا نيز بگويم که قصد من مخالفت با «دين زرتشتی» و مذهب «مزديسنا» ـ که آئين رسمی ايرانيان در قرون نزديک به حملهء اعراب نومسلمان به ايران بوده ـ نيست، يعنی، در عين ناباوری شخصی به مذاهب گوناگون، اين واقعيت را می پذيرم که اکثر آدميان نيازمند اعتقاد به عالم غيب و رهنمودهای ذات باريتعالی هستند و اين نياز را نه فقط در ايمان به مبداء و نيايش و ستايش او، که در تجلی های مختلفی که تصور می کنند از آن او باشد متجلی می سازند. از امامزاده و مقبره و زيارت و دعانويسی و ختم کتاب مقدس گرفتن و نذر و نياز کردن و کتاب بر سر گرفتن و استغفار و توبه کردن، واقعيت اين همه را می فهمم و بنظرم می رسد اينکه مردمان رو به کدام قبله نماز بخوانند يا رو به آتشکده به نيايش زانو بزنند تفاوتی در ماهيت کارکردی اين اعمال ندارد. يعنی، من اينها را بعنوان واقعيت های گريز ناپذير جوامع کنونی بشری پذيرفته ام و با آنها سر ناسازگاری و دعوا ندارم، مگر آنجا که يکی شان ـ به مدد دينکارانش ـ خيال حاکميت و يکسان کردن مردمان را در سر داشته باشد.

    اما، در اين ميان، سعی در نپرداختن، يا پرهيز از پرداختن، به واقعيت آموزه های يک انسان انديشمند ـ که خداشناس و خداپرست و مبادی آداب هم بوده ـ را خيانت به نسل جوانی می دانم که از ميانش ممکن است آدميانی هم باشند که حقيقت را از نيازهای روانی خويش برتر بدانند و برای خود آزادی از خرافه و استوره را آرزو کنند. من، برای اينگونه آدميان است که می نويسم ؛ آدميانی که پذيرفته اند انسان برای شناخت هستی، و درک چند و چون آن، وسيله ای جز خرد خويش و توانائی انديشيدن متکی بر منطق ندارد؛ و حاضر نيستند راه تعبد پيش گيرند، و تحقيق نکرده سر به آئين و مذهب و مسجد و خانقاه و کنيسه و کليسا بسپارند؛ آدميانی که بی دليل (آن هم دليل خرد پذير قابل بيان و نمايش، و نه اشراق های موصوف به «قلبی» که تنها بر محور تجربه های منفرد آدميانی اسير وضعيت های مضطرب کننده ساخته می شوند) ـ آری، آدميانی که بی دليل نمی پذيرند عيسی پسر خدا بوده باشد، موسی دريای نيل را شکافته باشد و محمد، سوار بر اسبی آسمانی، تا طبقهء هفتم افلاک رفته باشد؛ آدميانی که از خود می پرسند که چرا و چگونه است که «معجزه» از «عجز» و «عاجز بودن» می آيد و آنجا که پای خرد و اراده و قدرت آدمی در گل فرو می رود نياز به معجزه حدت و شدت می يابد؟

    می خواهم بگويم که اگر کسی دل در هوای تغيير افق های ايمانی و عاطفی خويش دارد و، در عين حال، نمی تواند جز بر خرد خود اعتماد کند، بايد که فرصت زادروز مفروض زرتشت را به روز آگاه سازی خود نسبت به واقعيت آموزه های او مبدل نمايد؛ چرا که اکنون، از پس ابری سه هزار و پانصد ساله، ديگرباره فرصتی پيش آمده است تا شعاعی از نور واقعيت تاريخی بر ما بتابد و ما حداقل اطلاعات را نسبت به اين شخصيت گمشده در هايهوی مذاهب به دست آوريم. اينگونه است که، از نظر من، زادروز زرتشت «روز ملی انديشيدن» ما است نه «روز امتی ی تسليم» شدن مان آن هم به خرافه هائی شکل عوض کرده و غوطه خورده در بی منطقی شورانگيختهء روان های بيمار.

    و برای چنين کاری، فکر می کنم، که مهمترين قدم در افتادن با تصورات و مفروضات سنتی است دربارهء شخصيت هائی تاريخی که به مقام استوره ای «پيامبری» صعود می کنند. چرا که اگر ما انديشيدن به زرتشت را با اين فرض و يقين آغاز کنيم که او نيز خدائی داشته و اين خدا او را برگزيده و مأمور ساخته است تا پيام هايش را به ديگر آدميان ابلاغ کند، آنگونه که پيامبران بنی اسرائيل و پيغمبران اولاعظم اسلامی داشته اند و عمل کرده اند؛ آنگاه هرگز به زرتشت نخواهيم رسيد و کاری که می کنيم شبیه آن است که فقط اسم آن پيامبران را عوض کرده و «زرتشت» شان بخوانيم.

    نيز برای آغاز يک «تحقيق خردمدار» و «خردپذير»، بايد آگاه باشيم که ما هرگز قادر نخواهيم بود به آسانی با زرتشت واقعی روبرو شويم چرا که برای ديدار او دوربينی به دست داريم که سراسرش را ديگران از «لنز» های ساخت خود پر کرده اند؛ لنزهائی که نه برای روشن تر و دقيق تر کردن چهرهء زرتشت، که برای معوج ساختن و بدلخواه خويش در آوردن آن چهره، در دوربين ما کار گذاشته شده اند. ما بايد بتوانيم اين لنزهای منحرف کننده را يکی يکی از پيش چشمان خود برگيريم تا به آن انسان نابغه ای برسيم که چهار هزاره پيش در خراسان بزرگ می زيست و با ارائهء افکارش به جهان خويش آن جهان را برای هميشه با گذشته متفاوت ساخت. يعنی، برای شناخت او لازم است که نخست ما خود را و علائق و پيشداوری های خود را بشناسيم و کنار بگذاريم و، در عين حال، از موانع پيشاروی خويش آگاه باشيم. بقول حافظ: «پاک شو اول و، پس، ديده بر آن پاک انداز». اين، براستی شرط اول تحقيق در مورد شخصيت ها و حوادثی است که در دور دست تاريخ زيسته و اتفاق افتاده اند و خبرشان تا به ما برسد از هزار فيلتر و لنز تحريف کننده گذشته است. مثلاً، کسی که کتاب «اوستا» را بدست می گيرد و تصور می کند که آن کتاب نسخه بدل «قرآن» است و اين يکی محمد بن عبدالله آورده و آن ديگری را زرتشت، بايد بداند که تنها بخش اندکی از اوستا سرودهء شخص زرتشت است (و «گاثا» ها نام دارد) و بقيه را دينکارانی که از آموزه های او دين و مذاهب گوناگون ساخته اند فراهم کرده اند.

    باری، کسی که به تحقيق در مورد چهره هائی می پردازد که در طول تاريخ تبديل به قديسين مذهبی شده اند، همواره در اين خطر قرار داد که «ريسمان محکم» خردپذيری انديشه را از دست بدهد و در يکی از دامچاله هائی که جاعلان مذاهب در پيش پايش کنده اند سرنگون شود. مثلاً، همانطور که گفتم، اگر ما از گام نخست بپذيريم که زرتشت نيز «پيامبری مرسل» و يکی از «انبياء منتخب» است، بهتر است در همانجا متوقف شويم چرا که ـ بر خلاف پيامبران بنی اسرائيل و اسلامی و حتی خود پيامبر اسلام ـ هرگز از او نخواهيم شنيد که خدای او (همانکه «اهورا مزدا» يش می خواند) با او ـ با واسطه يا بی واسطه ـ سخن گفته و او را به انجام مأموريتی «برانگيخته» باشد. هرچند که در طول تاريخ تک گوئی های ستايش آميز او خطاب به اهورمزدا و ايزدان تبديل به «گفتگو» او با آنان شده است؛ می گويد و می پرسد و می گويند و پاسخ می دهند!

    اگر زرتشت را فقط در همين زمينهء گفتگو و پيامبری، مثلاً، با پيامبر اسلام؛ و جهان بينی اش را با جهان بينی اسلامی (که ريشهء اسرائيلی دارد) مقايسه کنيم در می يابيم که:

    1. زرتشت، به خويشتن خويش، و از طريق انديشيدن به هستی، وجود خدا را «کشف کرده است» (در اينجا به درست يا غلط بودن اين کشف کاری نداريم) و، پس از آن، مشغول سخن گفتن «يک طرفه» با او شده و توانسته است که ـ در زبان شعر و نيايش ـ يک «جهان بينی منسجم و توضيح دهندهء هستی» را بوجود آورد که اگرچه ممکن است با منطق علمی انسان امروز نخواند اما، در آن چهار هزاره پيش، «علمی ترين» نظريه در مورد هستی و آفرينش محسوب می شد و از آنجا که مبانی اش بر بنياد خرد و منطق استوار بود بسياری از توضيحات کاربردی اش هنوز هم به قوت خود باقی است.

    پيامبر اسلام اما فقط در وصف خدايان و خدای واحد «شنيده بود» و قصد تحقيق و تفکر در مورد آنها را هم نداشت. الله برای او چنان ناشناس بود که وقتی از «ديدارش با جبرائيل» در کوهستان فرود می آمد، بجای شادمانی از اينکه برگزيدهء محبوب خويش شده است، تب کرده و عرق زده و لرزان به خانهء خديجه بازگشت و شرح داد که در غار حرا فرشتهء خدا را ديده که با او سخن می گفته است. محمد کاشف آگاه و انديشه ورز الله نيست، برگزيده و پيام بر اوست. زرتشت اما کاشف اهورمزدا و دلبستهء اوست.

    2. زرتشت از هيچ کجا پيامی دريافت نمی کرد بلکه حاصل تفکرات خويش را خطاب به خدائی که می پنداشت خالق هستی است در ميان می گذاشت. پيامبر اسلام اما از خود انديشه ای نداشت. در قرآن در موارد متعدد بر اين نکته تأکيد شده است که او نه علم غيب دارد، نه از آينده خبر گرفته و نه شخصاً خوب و بد را می شناسد. قرآن می گويد که او از روی «هوا» (خواست ها و استنتاجات شخصی) سخن نمی گويد بلکه آنچه را خداوند بوسيلهء جبرائيل به او ابلاغ نموده برای ديگران بازگو کرده و تنها حکم حلقوم خدا را دارد (اين همه آوازها از شه بود / گرچه از حلقوم عبداله بود).

    3. مهمترين اصلی که زرتشت در نيايش هايش مطرح می سازد اصل «قانونمندی هستی» و عدم امکان تخطی از آن است. او اين قانونمندی را «اشا» می خواند و معتقد است که ذات پروردگارش نيز از همين اشا ساخته شده و لذا نمی تواند خلاف آن عمل کند. اما عالمی که بدست الله آفريده شده عالمی بی قانون است و نه تنها خود الله می تواند با ارادهء خود هر کاری را در آن صورت بخشد بلکه «اولياء» او نيز قادرند در قوانين هستی دخل و تصرف کنند. يکی دريا را می شکافد، يکی عصايش را به اژدها مبدل می کند، يکی به اشارهء انگشت اش ماه را به دو نيمه می کند و يکی به مرده می گويد زنده شو و می شود. اينها آن عمليات ضد «اشا» ئی هستند که انسان عادی از انجامشان «عاجز» است و چون از اولياء الله سر بزند «معجزه» خوانده می شود. زرتشت دارای هيچ معجزه ای نيست و، بالاتر از آن اينکه، در جهان بينی مبتنی بر «اشا» ی او اساساً حدوث معجزه ممکن نيست.

    4. يکی از استوره های ساخته شده بدست ايرانيان مسلمان آن است که زرتشت نخستين «موحد» بوده و همچون پيامبران بنی اسرائيل و نسخه بدل های عربی شان به «وحدانيت» اعتقاد داشته است. بنظر من، صرف نظر از اينکه جز بخاطر دلبری از اعراب فاتح معلوم نيست که اصلاً چرا بايد اعتقاد به خدای واحد يک ارزش بحساب آيد تا، بر اساس آن، بکوشيم تا ثابت کنيم که ايرانيان، قرن ها قبل از اسلام، «موحد» بوده اند، من هرگز نتوانسته ام تصور واحد بودن خداوند را، آنگونه که در بين النهرين بوجود آمده و ساخته و پرداخته شده، در انديشه های زرتشت بيابم. درست است که او «اهورمزدا» را خدای برتر و آفريدگار اعظم، می داند. اما اين يکتائی و وحدانيت بهيچ روی ربطی به آفرينش هستی ندارد و هستی، در گيتی شناخت زرتشت، تنها با آغاز يک «ديالکتيک کيهانی» وجود می يابد. و همين ديالکتيک است که به موجب آن برخی از حکما زرتشت را اهل «ثنويت» (دو گانه مداری يا پنداری) دانسته اند. اهورمزدا، تا آن زمان که اهريمن بوجود نيامده، توانائی ظهور ندارد و در اثر «تقابل» اين دو است که همهء هستی بر تصوری که امروزه از آن با نام «ديجيتال» (اعداد صفر و يک، بود و نبود، شب و روز…) ياد می کنند متعين می شود؛ و همين انديشهء «علمی» است که در عصر هگل در فلسفه سر بر می کشد و در عصر ما به تکنولوژی کامپيوتری سر ريز می کند. در اديان بنی اسرائيلی و عربی اما چنين دوگانگی آفرينشگری وجود ندارد و خدائی منفرد و خودکامه بر جهان آفريدهء خويش حکم می راند. انديشهء ديالکتيکی هم تنها زمانی به داخل اسلام نفوذ می کند که اين دين، از طريق ملل نومسلمان، و بخصوص ايرانيان، با انديشه های زرتشت در می آميزد تا «عرفان» ايرانی را جانشين خداشناسی اسلامی کند. به آن گفتهء لاعلاج شبستری بر گرديم که به مفاخره می گفت: «ظهور جملهء اشيا به «ضد» است / ولی حق را نه ضد است و ند است» و از تضاد ناممکن سخن خويش غافل بود.

    5. در انديشهء زرتشت آفرينش دارای معنا، منظور و مبداء و مقصدی است و حرکت هستی در اين مسير است که از طريق تقابل های ديالکتيک انجام می پذيرد. در نتيجه انديشهء «رستاخيز» ی زرتشت حاصل قائل بودن او به وجود يک «هدف» است. اما رستاخيز اسلامی و باور داشتن به روز قيامت (که يکی از اصول دين اسلام است) ربطی به وجود مقصودی در آفرينش ندارد. خدا جهان را می آفريند و هرگاه بخواهد نيز به عمر آن پايان می دهد. اينکه در داخل اسلام می بينيم «انديشهء مهدويت» ظهور يافته است خود حاکی از رخنهء بی قاعده و ناآگاهانهء انديشهء رستاخيزی زرتشت در برخی از فرقه های اسلامی است. در گيتی شناخت زرتشت جهان چون آغاز گشته است، بر حسب ايجابات گريزناپذير «اشا» ئی اش، بايد پايانی درخورد مقصود آفرينش بيابد، حال آنکه در مهدويت اسرائيلی ـ اسلامی دليل وجود مهدی نه روشن است و نه منطقی. مثلاً، مهدی موعود شيعيان امامی از يکسو می آيد تا زمين را «برای هميشه» از بيداد و طلم بروبد و عدل الهی را بر آن مستقر سازد و از سوئی ديگر خود بدست بيداد «پيرزنی ريشو» کشته می شود تا به صف شهداء بپيوندد. «سناريو» ی مهدويت اديان اسرائيلی ـ اسلامی اغلب از ساختار درست عاری است.

    6. نگاه زرتشت به انسان ـ در آن گيتی شناخت واجد معنا برای آفرينش او ـ نگاهی سرشار از حماسه و زيبائی است. اهورمزدا، در نبرد خود با اهريمن، انسان را می آفريند تا به دست او بهشت را در همين جهان آباد شونده بسازد و در آن مخلد شود. اما انسانی که بدست الله آفريده می شود «ظلوماً جهولا» ست، ظالم است و جاهل، نادان و حريص و شکمباره، که خدا بايد به ضرب تعزيز و تازيانه و شکنجه ـ هم در اين دنيا و هم در آخرت ـ او را سر جای خويش بنشاند. نه معنا و هدف از افرينش اش روشن است، نه در آنچه می کند اختياری دارد، و نه می تواند به خدايش بگويد که اگر تو چنين خواسته ای که من می کنم پس حسابرسی روز جزايت از سر چيست؟

    7. خدای زرتشت خدای جان و خرد است. انسان را جان می بخشد و در وجود او گوهر خرد را کار می گذارد تا به مدد آن يار و ياور و دستيار خدا در سازندگی و آبادانی جهان باشد. و، در نتيجه، «فلسفهء تاريخ» مندرج در انديشهء زرتشت چيزی جر «انکشاف و فتح جهان به مدد خرد» نيست. روشن است که امروزه سخن گفتن از اين «اصل» حکم بيان امری بديهی را دارد. بقول ماکس وبر آلمانی، مضمون تحولات تاريخ انسان «عقلائی» شدن نگاه و عمل و محصولات فکری و دستی اوست. بعبارت ديگر رشد روز افزون و کاربردی عقل (يا همان خرد زرتشتی) موجب شده است که روز بروز تاريکی ها و ابهام ها و خرافه ها از ميان بر داشته شوند و جايشان انديشهء خردمندانه و باور به ممکنات علمی بنشيند.

    خدای مذاهب اسرائيلی ـ اسلامی اما خرد را دارای ذاتی شيطانی می داند و آدم و حوا را از بهشت خويش می راند چرا که آنان از سر کنجکاوی (يا «فضولی» که «فضل» و «فاضل» از آن می آيند) از ميوهء درخت «دانش» خورده اند. به موعظه ها و منبرخوانی های دينکاران گوش دهيد تا ببينيد که آنان چگونه همواره در تحقير عقل می کوشند و چيزی ساختگی و خيالی به نام «دل» را جانشين آن می کنند، و به ما توصيه می فرمايند که «چشم سر» را کور کنيم تا «چشم دل» مان باز و روشن شود.

    باری، اينها همه را گفتم تا بتوانم اين نکته را تکرار کنم که با تصوری که ما از «پيغمبر» و «نبی» داريم نمی توانيم به سراغ زرتشت برويم. هيچ يک از مشخصات او با آن تصور نمی خواند و در همهء جهات برعکس آن است.

    اما اگر بخواهيم و بتوانيم ـ با تصوری که از يک فيلسوف، متفکر و انديشه ورز ديندار داريم ـ به سراغ زرتشت برويم می بينيم که او در واقع نخستين فيلسوف جهان بوده است و مقدار دهش او به تفکر غير مذهبی (نه «دينی») ی بشری بسيار بيشتر از کسانی همچون ارسطو و افلاطون است، آنگونه که آنها خود گوشه هائی از انديشهء او را برگرفته و به کمال رسانده اند.

    بقول زنده ياد، خانم ماری بويس، اين زرتشت شناس بنام آمريکائی، «زردشت بزرگترين انديشمند اخلاقي، با پيام هائی انساني، است كه هيچ فلسفه و جهان نگري، يا حتی ديني را در جهان سراغ نداريم كه از بار و بر اين درخت تنومند انديشه، شاخه ای نچيده و بهره اي نبرده باشد».

    و اينگونه است که دريغم می آيد ملتی، در آستانهء خروج از ظلمات بيهوشی تاريخی خود، به دامچالهء اين وسوسه دچار آيد که از «زرتشت روشن بين» پيامبری بی اختيار و تکرار کنندهء سخن «ارباب آسمانی» (با نام مستعار «اهورا مزدا») بسازد.

    با اين همه، برای من نيز زرتشت يک پيام آور است، اما نه آن پستچی آورندهء نامه ای از اعماق کهکشان عالم غيب، که بازگويندهء پيام های ريشه کرده در انديشه هائی آگاهانه و برآمده از اندورنهء تحول يابنده و دگرديسی پذير ذهن انسانی خويش. او پيام آور گوهر خردمدار وجود انسان منتشر است، برای آن انسان های منفردی که ـ اگر بخواهند ـ می توانند به مدد گوهر بالقوه ای که جهان در جانشان نهاده، خود را مرکز هستی ببينند، کرامت بی بديل خويش را درک کنند، و عليه همهء بت های ذهنی انسان ظلوماً جهولا برخاسته و، در اين راستا، به آزادی خويش و ساختن بهشتی بر خاک واصل شوند. اين آفتابی است که ـ در ميان ابرهای سوء تفاهم های ساخته شده به دست مذهب سازان و دينکاران ـ آتش انديشهء زرتشت را همچنان زنده، روشنائی بخش و گرما آفرين نگاه داشته است
    http://www.newsecularism.com/2009/03/27.Friday/032709-Esmail-Nooriala-Zoroastra.htm

  6. Рости гумон намекардам ки бисере аз хамватанони ин чо бахсгустурда оини зартушти дошта бошанд. вале баъд аз мулохизоти навиштахо бароям маълум гашт ки дар майдони бароям бегонае дорам сайру гашт менамоям. биед зартуштро бо оташаш як су гузошта домани расули бархакки худованди рахмонро ба даст гирем. ин ягона рохи хак ва устувор аст. танхо ин чодда метавонад моро ба максуд бирасонад.
    аз бародарон илтимос ин торномаро барои таблиги дини оташпарасти истифода набаред. танхо шумо хастед ки каме аз дарди якдигар хабардор мегардем. агар шумо хам оташи бошед пас аллох хидоятатон кунад.
    мо дигар бо шумо нестем.
    рустами азиз! худо ва расулаш аз ту рози бошанд . ин корро накун то дар назди худованд хушнуд боши. мо ки рафтем ки рафтем….

  7. Бандаи Аллох, ки хануз ба бахсгох по нагзошта точиконро ба оташпарасту сангпараст таксим кардй. Агар маздаяснихо барои ту оташпараст бошанд, туи мусалмон барои маздаяснихо сангпараст хастй, ки Худоро гирди Санги Сиёх мечуи. Аммо бо вучуди ин туро хам бародари худ медонам, чун зохиран точикй. Дин андеша аст ва андешаро метавон иваз кард. Аммо миллатро харгиз намешавад тагйир дод. Пас одамонро бо андешахову акидахояшон осуда бигзор. Сарфароз бошй.

  8. Дустони азиз, бори дигар мехохам, ки сари дин ва оин бахс накунед. Ин мавзуъест, ки бо бахси хушку холи ба анчом намерасад. Хар касе бояд ба бовари худ содик бимонад. Ба бовари хар кас дахл накунед ва хотироташро хам барои хифзи дини худ магшуш надоред. Бигзор, зартуштиён бо оини худ бимонанд ва мусулмонхо бо Худояшон. Мо бештар аз ин ва фаротар аз ин мушкилоте дорем, ки дар сурати халл шуданаш, мушкили мазхаб ва бахси мазхабии мо хам поин мейобад. Худо нигахдор!

  9. Дӯстон,

    Решаи ҳамаи мушкилот аз андеша сар мезанад. Баъдан аз андеша ба гуфтор ва кирдор табдил мешавад.

    Мазҳаб ё дин ё идеулужӣ маҷмуъе аз андешаҳо, назарҳо, эътиқодот, эҳсосот ва ғайра аст, ки агар мо натавонем инҳоро дар ҳар яке аз худамон мавриди суол ва тардид қарор надиҳем, ба ҷое нахоҳем расид. Чун иқтисод ва иҷтимоъ низ бар асоси ин андешаҳо шакл мегиранд, ва агар андешаи дурусту саҳеҳ ва созанда вуҷуд надошта бошад, андеша ва идеулужиҳои мухарриб ва вайронгар инсонро ба бодӣ ва озодӣ намерасонад.

    Ба ин далел ҳеч ниёзе нест, ки баҳсҳо дар бораи мазҳаб ва дин поён дода шаванд, ҳамин мушкили беш аз ҳазорсолаи тоҷикон аст, ки имрӯз ба вазъияту ногувор гирифтор шудаанд. Агар мо дар андеша ва эътийодоте, ки то имрӯз доштаем ё дорем ба чашми интиқод ва бознигарӣ нигоҳ накунем, иқтисод ва иҷтимоъ ва сиёсате пешрафта нахоҳем дошт.

  10. Дӯстон,

    Решаи ҳамаи мушкилот аз андеша сар мезанад. Баъдан аз андеша ба гуфтор ва кирдор табдил мешавад.

    Мазҳаб ё дин ё идеулужӣ маҷмуъе аз андешаҳо, назарҳо, эътиқодот, эҳсосот ва ғайра аст, ки агар мо натавонем инҳоро дар ҳар яке аз худамон мавриди суол ва тардид қарор бидиҳем, ба ҷое нахоҳем расид. Чун иқтисод ва иҷтимоъ низ бар асоси ин андешаҳо шакл мегиранд, ва агар андешаи дурусту саҳеҳ ва созанда вуҷуд надошта бошад, андеша ва идеулужиҳои мухарриб ва вайронгар инсонро ба ободӣ ва озодӣ намерасонад.

    Ба ин далел ҳеч ниёзе нест, ки баҳсҳо дар бораи мазҳаб ва дин поён дода шаванд, ҳамин мушкили беш аз ҳазорсолаи тоҷикон аст, ки имрӯз ба вазъияте ногувор гирифтор шудаанд. Агар мо дар андеша ва эътиқодоте, ки то имрӯз доштаем ё дорем, ба чашми интиқод ва бознигарӣ нигоҳ накунем, иқтисод ва иҷтимоъ ва сиёсате пешрафта нахоҳем дошт.

  11. Фаромарз,
    Камбудии асосие, ки гиребонгири динпажўҳони муосири ғарбӣ ва косалесони онон аз шарқиён, дар робита бо арзёбии онҳо аз дин ва маорифи исломӣ шудааст, ва зоҳиран чунин камбудӣ гиребонгири шумо низ мебошад, ин аст, ки онҳо ба ҳар дине, бо диде воҳид нигоҳ мекунанд.
    Ин ки мегўед: ///Мазҳаб ё дин ё идеулужӣ маҷмуъе аз андешаҳо, назарҳо, эътиқодот, эҳсосот ва ғайра аст, ки агар мо натавонем инҳоро дар ҳар яке аз худамон мавриди суол ва тардид қарор бидиҳем, ба ҷое нахоҳем расид///
    сухане савоб ва интизоре дуруст аст. Аммо, шумо – ҳамонанди он динпажўҳон – бидуни иттилои кофӣ ва огоҳии лозим, ҳамон ҳукмеро дар мавриди ислом ҷорӣ медонед, ки дар робита бо дини масеҳият (масалан) ё оине дигар ҷорист.
    Дар воқеъ, зуд натиҷа мегиред. Пеши худ эҳтимол намедиҳед, ки шояд як дин бо дини дигар, аз реша тафовут дошта бошад.
    Тамомии навиштаҳои шуморо – аз оғози баҳсҳо то ин ҷо – ки диққат мекунам, танҳо як матлаб аз онҳо ҳувайдост. Ва он, беиттилоии шумост аз маорифи исломӣ.
    То ҳанўз дар ҳеҷ баҳсе дида нашуда, ки роҷеъ ба маорифи ислом, сухане гуфта бошед, ки “дарун”-и ислом чунон бошад. Иттилои шумо аз баҳсҳои берундинӣ бештар аз огоҳиҳои дарундинии шумост. Ҷое дида ё хондаед, ки масалан “фалон падида бо ақл созгор нест”, ё “пояҳои ақлӣ надорад”, аммо бидуни он ки назари ислом роҷеъ ба он “падида”-ро дониста бошед, зуд ҳукм мекунед. Дар воқеъ, ҳамон ҳукме, ки масалан дар дини масеҳият ҷорист, дар ислом ҳам ҷорӣ медонед.
    Мо муддаӣ ҳастем, ки ислом динест комилан мантиқӣ ва тамоман бо ақлу хиради инсонӣ ҳамоҳанг. Албатта барои ин муддао далелу бурҳони кофӣ аз ақлу мантиқ дорем.
    Ҳеҷ асле аз усули исломии мо, хилофи мантиқу хиради инсонӣ нест.
    Бинобар ин, беҳтар аст шумо, нахуст мисдоқе аз додаҳои исломиро ёдовар шавед, ки масалан бо ақлу хирад созгор набошад, сипас ҳукм кунед. На ин ки аз ибтидо муддаоро рўи курсӣ нишонда, ва он гоҳ ки касе аз шумо далел хост, мусодара ба матлуб карда, айни муддаоро аз нав тарҳ кунед.
    Комёб бошед.

  12. tabaraxe.
    шояд ин вожа хам дар дини зартушт маъное дошта бошад.

    азизи ман!!!! дин андеша аст. андеша дар фалсафаи офариниш. ва якин овардан ба кудрати холики яктое, ки хамаро минчумла зартушт ва низ оташеро, ки шумо мепарастед, офарида. ва ин якинро иваз насазад. шумо зуд аз якини худ баргашта имон ба обу гилу оташу хок овардед. барои фарди мусалмон, худшиноси танхо бо рохи худошиноси муяссар мегардад. шумо азизони оташпараст гумон доред танхо шумо бедор хастед? на бародарон. иштибох мекунед.
    аз он ки маро бародар нахондаи, ихтиер дори. бародаре мисли ту гусолапарастро лозим надорам.
    хас кам ва чахон пок. барои он мегуям, ки дилам барот месузад, чунки медонам дар гузашта мусалмонзодаи. ВАЛЛОХИ медонам ки ба хотири кадом коре акидаат, динат ва худоятро иваз кардаи.
    ВАЛЛОХИ медонам, ки медони худованд як аст ва мухаммад расули уст. вале шикамакат азобат медихад. боз хам андеша намо. хануз каме бокист. шояд дареби.

  13. Сайидюнус,

    /////Ҳеҷ асле аз усули исломии мо, хилофи мантиқу хиради инсонӣ нест.
    Бинобар ин, беҳтар аст шумо, нахуст мисдоқе аз додаҳои исломиро ёдовар шавед, ки масалан бо ақлу хирад созгор набошад, сипас ҳукм кунед. /////

    Бубин, ман аз ҳамон аввал ба усул (яъне бунёдҳо)-и ислом ишора карда ва вориди ҷузъиёти дигари он нашудаам ва ҳамон бунёдҳоро мавриди тардиди қарор додаам.

    Албата инҳо ҳама аз назари худат ва чандин нафари дигар мантиқӣ аст, вале ончи шумо мебинед ва имон доред, лузуман мантиқӣ нест.

    Ман пештар ишора кардам ва боз ишора мекунам, ки аз ҳамон оғоз асли оғозини ислом заъфи онро нишон медиҳад: калимаи шаҳодат.

    Ман ҳеч намефаҳмам, ки чаро худое ки ин қадар коиноти бекаронро офарида (тибқи имони шумо) ва инсонҳо назди вай аз зарроти кучаке низ кучактар ҳастанд, меояд инсонҳоро маҷбур мекунад, ки калима арза кунанд ва ислом оваранд, вагарна кофир хоҳанд мурд ва дар оташи дузах хоҳанд сухт. Худое, ки тавоност ва эътимод ба нафс дорад, чи ниёзе дорад, ки офаридаҳои кучаки назарноигири худро маҷбур кунад, ки ягонагии у ва паямбари уро ба расмият бишносанд ё ба он имон оваранд?

    Оё масхарабозӣ бештар аз ин мешавад?

    Аз инҳо, ки бигзарем, мабонии дигари ислом низ мавриди тардид ва ботил аст, масалан намоз гузоридану рӯза доштан ва тавофи каъба кардан ва закоти мол супурдан.

    Инҳо ҳеч кадом зиндагии инсонро лаззат намебахшад, чунонки шумо пештар гуфти, ки ҳадаф аз неку бади ҷаҳон маъни додан ва лаззат бахшидан ба зиндагии инсонҳо ва имтиҳони бандагон кардан аст. Масалан Худо кори беҳтаре наёфта, ки бандагонашро ба василаи он имтиҳон кунад ё ба зиндагишон маъни диҳад ё лаззат бахшад?

    Аслан ҳадаф аз ин усул – калимаи шаҳодат, намозу рӯза, тавофи каъба ва закоти мол ва… чист? Чи тур мешавад ки худо барои худ кунче аз Заминро интихоб кунад ва он ҳам дар Арабистон ваонро хонаи худ номад. Шояд он резиденсия ё дачаи зимистонӣ ё тобистонии Худост, ки ҳар вақт хост, барои саёҳат ва дамгири ончо фуруд меояд???

    Барои ин мардуми зиёдеро сарсону саргардон накунад ва ба биёбони Араб нафиристад барои тавофи каъба, магар Худо наметавонист дар ҳама ҷойи замин яктогӣ аз ин каъбаҳо ё дачаҳои тобистонии худ созад то мардум ниёз надошта бошанд ба ончо бираванд?

    Худо ба закот чи ниёз дорад? Худо ки нон намехурад, пулро намешиносад (агар мешинохт, пули Эронро, ки муҳиммтарин кишвари исломӣ ва вафодор ба Худост, ба ҷои дулор пули чаҳонӣ мекард, ё шояд акси Хумайни писандаш нест!), худо ба иктисоду бозору дигар чизхо ниёз надорад, чаро мефармояд, ки чаҳониён закот чамъ кунанд ва ба байтулмоли халифахои араб ё ҳуккоми турк бифристанд ё ба шайхи масчид бидиҳанд?

    Худо чаро мардумро мачбур мекунад, ки як мох рузи дароз чизе нахуранд ва меъдаҳои худро бемор кунанд? Барои чи худо ба ин корхо алока дорад? Чун агар дарвокеъ Худое ба ҳамон сурате, ки ислом тавсиф карда, бояд ба ин гуна корхои масхара ниёз надошта бошад.

    Ҳоло ки ҳамин чанд асли ислом мавриди тардид аст, дигар ниёз нест вориди чузъиёт шавем, зеро аз назари ман чун аз реша ислом иддаъо мекунад, ки конуни илоҳист, ман ҳеч василае барои исботи ин иддаъо намебинам, ва дар баробари ин иддаъояш ки гуё комил аст, вале мебинам, ки саросар иштибох дорад ва нокис аст, ман наметавонам ба ин мачмуъа аз эътикодот ва назароти бемантик бовар кунам.

    Дигар маъорифи хубу бади исломӣ, ки дар паси инҳо меояд, чи тафовут дорад, ки дарвокеъ хуб бошад ё бад бошад, чун ҳарфи аввалаш дуруг аст ё лоакалл ҳакикат нест.

    Ман баракс ба конунҳои заминӣ бовар дорам, чун медонам онхоро одами барои осонии кори худ ва танзими ичтимоъ сохта ва албатта бенукс нест ва нуксашро ҳам эътироф мекунад ва агар лозим шавад бо гузашти замон тагйир медиҳад ва беҳтар мекунад. Конуни замини аз зехни инсон бархоста ва худаш ҳам муддаъист, ки аз зеҳну андешаи инсон бархостааст, вале конуни ба истилох осмони, гарчанде ман мутмаинам, ки зоидаи зеҳни инсон аст, вале аз ҳамон огоз иддаъо мекунад, ки фиристодаи худост ё нозилшуда аст ва каломи осмонист ва боз иддаъо мекунад, ки конуне комил ва бенукс аст, дар холе ки мо навокиси онро бармало мебинем ва боз намегузорад ки касе онро ислох кунад, чун ислохи он куфр махсуб мешавад ва ислохкунанда ба мучозоти мухталиф, хатто марг махкум аст.

    Ман тарафдори онам, ки инсон, ки бахше аз табиъат аст худаш бояд барои худаш конун ва коъида таъйин кунад ва бар тибқи замону макон онро битавонад тагйир диҳад ё иваз кунад ё ислох кунад ё беҳтар кунад ё лагв кунад ё конуни дигаре вазъ кунад.

    Кавонини инсони мантики ҳастанд ва ба ҳамин далел чавомеъи инсонӣ, ба чуз ду се чомеъаи нобихрад ва хурофотгародар чахон дигар ҳеч кишваре ба кавонини ба истилох осмони такия намекунад. Агар кавонини осмони мантики буд, кишвархои чаҳон, бахусус кишварҳои пешрафта, ба он такия мекарданд.

    Чун аз ҳамон оғоз иддаъохои ислом аз назари мантик ва илм бепоя ва бемантик аст, дигар маъорифи он чи хуб чи бад чандон аҳаммияте надорад.

  14. Бандаи Аллоҳ менависад:

    //////азизи ман!!!! дин андеша аст. андеша дар фалсафаи офариниш. ва якин овардан ба кудрати холики яктое, ки хамаро минчумла зартушт ва низ оташеро, ки шумо мепарастед, офарида. ва ин якинро иваз насазад. шумо зуд аз якини худ баргашта имон ба обу гилу оташу хок овардед. барои фарди мусалмон, худшиноси танхо бо рохи худошиноси муяссар мегардад. шумо азизони оташпараст гумон доред танхо шумо бедор хастед? на бародарон. иштибох мекунед.
    аз он ки маро бародар нахондаи, ихтиер дори. бародаре мисли ту гусолапарастро лозим надорам.//////

    Ҳамоқат аз ин бештар намешавад, ки мегӯӣ «ОТАШЕ, КИ ШУМО МЕПАРАСТЕД» ва «ШУМО ЗУД АЗ ЯҚИНИ ХУД БАРГАШТА ИМОН БА ОБУ ГИЛУ ОТАШУ ХОК ОВАРДАЕД» ва боз ШУМО АЗИЗОНИ ОТАШПАРАСТ» ва «МИСЛИ ТУ ГУСОЛАПАРАСТ».

    Оё барои ин харзахое, ки аз дахон берун карди ва дар ин сафха рехти, чи далоил ва мадорике дорӣ, ки ин дигаронро оташпараст мехонӣ?

    Ҳамоқатро канор гузор ва ба худ нигар, ки рӯзе чанд бор ба суйи чи чизе сачда мекунӣ?

    Дар ойини Зартушт на ибодат ҳаст ва на сачда ва зартуштиён на бандаи худо ҳастанд ва на чизеро ба номи худо ё оташ ё обу гил ё хар чизи дигаре парастиш мекунанд.

    Оташ назди зартуштиён рамзи зиндаги ва рушноии маърифат ва човидонаги ва энержӣ ва рушандили ва рушанфикрӣ аст. Вале санге сиёҳ чуз нишонаи сангиниву мусибат ва накбат ва зулму ситам чи рамзе метавонад дошта бошад?

    Албатта агар парастиш ба маънии мурокибат ва хифзу бони кардани оташ бошад, пас зартуштихо на танҳо оташпарастанд, ки хоку бод ва обро низ мепасрстанд ва ба хадди имкон ин аносири чахоргонаро аз олудаги нигох медоранд, ки ин беҳтарин фалсафаи хифзи муҳити зист аст ва холо чахони имруза дубора ночор шудааст ба ҳамин фалсафа баргардад.

    Аммо агар парастиши ту ба маънии ибодат бошад, иштибох карди, дар ойини зартушт чунин навъи парастиш, яъне ибодат аслан вуҷуд надорад ва инсон бандаи худо маҳсуб намешавад ва мантикан ин суханони ту бечо ва нобихрадона аст ва ба худат бармегардад.

  15. ФАРОМАРЗ!!!!!!!!!!

    Наметавонам бародарат хонамат зеро бародари имонию исломиам нести.

    билохира сирратро ки зартушпараст хасти маълум карди ва аз он ки санге дар багал барои партоб кардан ба суи ислом дошти партоб карди. холо дигар урени. худованд дар курон мефармояд ки хар киро ман хидоят намоям хеч кас уро наметавонад гумрох намояд. албатта у худованди касоне хаст ки ба у имон доранд. на худованди оташпарастону гусолапарастону дигархо. аз он ки гусолапараст гуфтамат кахр карди. бале чони ман зеро ки он чизе ки аклаки ту гумон мекунад ки худост (зартушт) дар асл офаридаи АЛЛОХ аст. нишонаи бехаради асли хасон чавоб худат хаст. яъне ту ва ту баринхо арзиши онеро надоред ки битавонед банда холики якто бошед. шумохо танхо метавонед арзиши гусолапарастиро дошта бошед.
    аз он гамгинам ки имруз аблое болои сари мардуми бечораи точики мусалмон бо ин зартуштатон биеваред. ту кучову моли киемидин кучо. хар чи донад хурдани канду набот, турбаи ках бошаду кунчи работ.
    пас ту инкор мекуни ки авлоди саъдию хофиз, умару мавлави хасти дуруст? охо бале шумо пешрафтаед авлодони шерлок хомс , шопенгауер, марксу энгелсхо. касоне ки имруз чомеъахояшон аз фиск дар холати таркиш хаст. ба худ бие око. бубин чи мегуи бо ки мечанги. сар то сари дунедоранд ислом мебиеранд ту боши хатман мусалмонзодаию аз ислом дур. боз хам дуо мекунам ба он худое ки ману ту ва низ зартуштро офарида ки хидоят еби.

  16. Бо дуруд,
    Ҳар инсоне – гузашта аз гароиши ў ба ин ё он кешу оин – нахуст бояд хештанро эҳтиром кунад. Иҳонату носазогўӣ нисбат ба муқаддасоти ҳар дине – новобаста аз ҳаққоният ё адами ҳаққонияти он дин – кори одами оқил нест. Кори оқил он аст, ки агар дид оине ба назари ў ҳақ нест, далелу бурҳон бар адами ҳаққонияти он дин меоварад, на ин ки носазо гўяд.
    Бародари азиз “Бандаи Аллоҳ”,
    Агар дигарон нисбат ба оини муқаддаси мо, исломи азиз, иҳонат раво медоранд, ин нишонаи бехирадии онҳост, аммо аз шумо интизор меравад мисли онон набошед. Қуръони мо иҷоза намедиҳад ҳатто ба худоёни дурўғини бутпарастон сухане нораво ба забон оварем. Он чи аз як мусалмон интизор меравад, агар дид оине ноҳақ аст, далелу бурҳон бар нодурустии он биёвараду бас. Ва ҳамчунин агар дид, касе исломи моро зери суол мебарад, бурҳон бар бутлони он иддао иқома кунад, на ин ки носазо гўяд. Қуръон мефармояд:
    “Худоёни мушриконро, ки ба ҷои Худои якто мехонанд, дашном мадиҳед, ки онон низ Худойро аз рўи ситаму душманиву бедонишӣ дашном мегўянд. Ин гуна барои ҳар гурўҳе кирдорашонро оростаем, сипас бозгашташон ба сўи Парвардигорашон аст. Пас ононро бад-он чи мекарданд, огоҳ месозад” (Сураи Анъом, ояти 108).
    Фаромарз,
    Дар номаи ахири хеш ба камина, чанд иддао тарҳ кардаед, ки ҳамон тавр ки таъкид карда будам, парда аз чеҳраи адами огоҳии лозими шумо аз маорифи исломи азиз бармедорад. Агар шумо бо алифбои Ислом – чи ба он мўътақид бошед, ё набошед – ошно будед, чунин иддаоҳои пучу бепояро тарҳ намекардед.
    Дар чанд номаи баъдӣ, ба тамоми ин иддаоҳои беасоси шумо посух хоҳам дод. Вазифаи инсонӣ ва исломии хеш медонам, ки посухи онҳоро бидиҳам.
    Комёб бошед.
    http://www.kemyaesaadat.com/

  17. Бо дуруд,
    Ҳар инсоне – гузашта аз гароиши ў ба ин ё он кешу оин – нахуст бояд хештанро эҳтиром кунад. Иҳонату носазогўӣ нисбат ба муқаддасоти ҳар дине – новобаста аз ҳаққоният ё адами ҳаққонияти он дин – кори одами оқил нест. Кори оқил он аст, ки агар дид оине ба назари ў ҳақ нест, далелу бурҳон бар адами ҳаққонияти он дин меоварад, на ин ки носазо гўяд.
    Бародари азиз “Бандаи Аллоҳ”,
    Агар дигарон нисбат ба оини муқаддаси мо, исломи азиз, иҳонат раво медоранд, ин нишонаи бехирадии онҳост, аммо аз шумо интизор меравад мисли онон набошед. Қуръони мо иҷоза намедиҳад ҳатто ба худоёни дурўғини бутпарастон сухане нораво ба забон оварем. Он чи аз як мусалмон интизор меравад, агар дид оине ноҳақ аст, далелу бурҳон бар нодурустии он биёвараду бас. Ва ҳамчунин агар дид, касе исломи моро зери суол мебарад, бурҳон бар бутлони он иддао иқома кунад, на ин ки носазо гўяд. Қуръон мефармояд:
    “Худоёни мушриконро, ки ба ҷои Худои якто мехонанд, дашном мадиҳед, ки онон низ Худойро аз рўи ситаму душманиву бедонишӣ дашном мегўянд. Ин гуна барои ҳар гурўҳе кирдорашонро оростаем, сипас бозгашташон ба сўи Парвардигорашон аст. Пас ононро бад-он чи мекарданд, огоҳ месозад” (Сураи Анъом, ояти 108).
    Фаромарз,
    Дар номаи ахири хеш ба камина, чанд иддао тарҳ кардаед, ки ҳамон тавр ки таъкид карда будам, парда аз чеҳраи адами огоҳии лозими шумо аз маорифи исломи азиз бармедорад. Агар шумо бо алифбои Ислом – чи ба он мўътақид бошед, ё набошед – ошно будед, чунин иддаоҳои пучу бепояро тарҳ намекардед.
    Дар чанд номаи баъдӣ, ба тамоми ин иддаоҳои беасоси шумо посух хоҳам дод. Вазифаи инсонӣ ва исломии хеш медонам, ки посухи онҳоро бидиҳам.
    Комёб бошед.

  18. Посух ба Фаромарз (1)
    Аввалан, усул ва мабонии исломӣ, ки иддао доред онҳоро “мавриди тардид қарор додаед”, иборат ҳастанд аз: мабдаъ (худошиносӣ), маод (охиратшиносӣ) ва нубувват (роҳшиносӣ). Ҳеҷ мусалмоне аҳкоме чун намоз, рўза, тавофи Каъба ва пардохти закоти молро, аз усул ва мабонии ислом намедонад, ки иддао кунед: ///Аз инҳо, ки бигзарем, мабонии дигари ислом низ мавриди тардид ва ботил аст, масалан намоз гузоридану рӯза доштан ва тавофи каъба кардан ва закоти мол супурдан///
    Ин аъмол, ки аҳкоми динӣ ба шумор мераванд, аз фурўоти динанд, на усулу мабонии он.
    Зоҳиран, шумо миёни “мабонии исломӣ” ва “заруриёти исломӣ” – дониста ё нодониста – халт мекунед. Ин аҳком, ки баршумурдед, заруриёти динанд, на мабонии он.
    Сониян, ҳарчанд шумо дар гузиниши ҳар ақидаву андешае, ки барои худ баргузидаед, озод ҳастед ва касе ҳаққи дахолат дар онро надорад, вале агар қарор бошад, роҷеъ ба ислому маорифи он сўҳбат ба амал оваред, нахустин шарти он, огоҳии лозим ва кофии шумост. На ин ки ҳар чи ба зеҳнатон омад, бидуни огоҳӣ аз воқеияти матлаб, онро ба ислом нисбат диҳед.
    Ҳоло, дар ин ҷо низ шумо, бидуни огоҳӣ аз дидгоҳи ислом – ва ҳамчунин воқеияти худоии Худо ва бандагии Инсон аз манзари фалсафа – як силсила суханоне номарбут мезанед.
    Ин ки масалан мегўед ///Ман ҳеч намефаҳмам, ки чаро худое ки ин қадар коиноти бекаронро офарида (тибқи имони шумо) ва инсонҳо назди вай аз зарроти кучаке низ кучактар ҳастанд, меояд инсонҳоро маҷбур мекунад, ки калима арза кунанд ва ислом оваранд, вагарна кофир хоҳанд мурд ва дар оташи дузах хоҳанд сухт. Худое, ки тавоност ва эътимод ба нафс дорад, чи ниёзе дорад, ки офаридаҳои кучаки назарноигири худро маҷбур кунад, ки ягонагии у ва паямбари уро ба расмият бишносанд ё ба он имон оваранд?///
    Албатта иддаоҳои баъдии шумо низ такя бар ин чунин диде нодуруст аз воқеияти матлаб дорад.
    Ин суханон, аввалан ношӣ адами иттилои шумо аз воқеияти худоии Худо ва низ бандагии Инсон аз манзари фалсафӣ (на динӣ) аст, ва сониян, ба куллӣ огоҳ нестед, ки Қуръону суннат роҷеъ ба ин маориф чӣ назаре дорад. Коре надорам, ки имон ба ислом доред, ё надоред, мегўям ҳатто агар нимаисломшинос ҳам ки будед, чунин намегуфтед.
    Барои рўшан шудани воқеият дар ин мавзўъ, камина дар ду ҷиҳат баҳс ба амал хоҳам овард:
    1. Воқеияти “худоии Худо” ва “бандагии Инсон” аз манзари фалсафа;
    2. Назари Қуръону суннат дар ин мавзўъ, яъне “худоии Худо” ва “бандагии Инсон”.
    Идома дар баҳсҳои баъдӣ

  19. Посух ба Фаромарз (2)
    Камина талош хоҳам намуд ба гунаи мухтасар, ду мавзўи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор бидиҳам, чун агар ба тафсил роҷеъ ба онҳо баҳс шавад, яке ду нома басанда нест.
    1.Воқеияти “худоии Худо” ва “бандагии Инсон” аз дидгоҳи фалсафа
    Фалосифа (ба вижа фалосифаи исломӣ) баъд аз исботи вуҷуди Худо ба воситаи далоил ва бароҳини мутқани ақлӣ (ки дар гузашта ба порае аз онҳо ишора карда будам мисли “бурҳони сиддиқин”-и Бўалӣ (р), “бурҳони назму ҳидоят”), ва низ баъд аз исботи ин матлаб, ки Худо зоти комил аст, ва ҷамии камолотро, ба гунаи бениҳоят, дорост, ва ин ки яке аз камолоти Ў, илми бепоёни Ўст, ва лозимаи ин илми бепоён, вуҷуди офариниши мумкинот (аз инсону ҳайвону наботу ҷамоду хулоса кулли олами имкон) аст, суолеро матраҳ карда, сипас ба воситаи далелҳои ақлӣ, ба он посух мегардонанд.
    Мегўянд: Ҳадафи Худо аз офариниш, хусусан инсон, чист?
    Дар посух мегўянд: Нахуст бояд донист, ки ҳар инсоне, агар коре мекунад, ба хотири ҳадафест, ки аз он кор дар назар дорад. Мехоҳад ба он ҳадаф бирасад. Инсон бо расидан ба ҳадаф, худро комилшуда мебинад. Масалан, агар илм меомўзад, бе ҳадаф нест. Инсон бо омўхтани дониш, камол пайдо мекунад. Яъне ў, пеш аз омўхтан, вуҷуде буд ноқис, аммо баъд аз фарогирии дониш, вуҷудаш комилтар мегардад.
    Сипас мегўянд: Агар чунин бошад, ки мо ҳеҷ кореро бе ҳадаф анҷом намедиҳем, ва бо расидан ба ҳадаф комил мегардем, ва ба иборати дигар, ба расидани ҳадаф ниёз дорем, маънояш ин аст, ки фақат мавҷуди ноқис метавонад кори ҳадафманд анҷом диҳад, зеро ў, бо расидан ба ҳадаф, мехоҳад нақси хешро бартараф созад. Аммо Худо, ки вуҷуди комил аст ва ҳеҷ нақсу камбуде дар Ў нест, чаро мо ва куллан олами мумкинро офарида? Оё бо офариниши ҳастӣ, мехоҳад ба камоле, ки надорад бирасад? Ин ки бо “худоии Худо” носозгар аст.
    Дар посух мегўянд: (масалан Бўалӣ (р) дар баҳси “Инояти илоҳӣ”-и Наҷот, с. 284): Агар мавҷуд, мавҷуде ноқис бошад, ҳадафи ў аз кораш, ба худаш бармегардад. Яъне ин ўст, ки бо расидан ба ҳадаф, камоле меёбад, ки қаблан надошт. Фалосифа номи иннро “ҳадафи фоилӣ” меноманд.
    Аммо ҳамеша чунин ҳам нест, ки ҳадафи фоил (анҷомдиҳандаи кор) аз кор, фақат ба худаш баргардад. Гоҳе мавҷуд худ дар он ҷиҳат, ки анҷом медиҳад, комил аст ва ҳадафе барои камоли худаш намехоҳад, балки ҳадаф, ин камоли феъл аст, на худи фоил.
    Масалан (албатта мисоли расое нест, фақат барои наздик кардан ба зеҳн меоварам), агар муаллим ба шогирдон дарс меомўзад, масалан матолиби физикро барои онҳо тавзеҳ медиҳад, ҳадафи ў ин нест, ки чизе бар дониши вай афзуда гардад, балки ҳадаф, камоли шогирдон аст.
    Мегўянд: Худо, чун зоти комил аст, ҳадаф аз ҳар коре ки мекунад, ва ё аз ҳар дархосте ки анҷоми онро аз бандагон мехоҳад, чунин нест, ки ба худаш баргардад, балки ҳадафи Ў, камоли бандагон аст. Чунин нест, ки Худо масалан аз анҷоми намозу рўзаю ҳаҷҷу закоту ин қабил корҳое ки аз бандагон хоста ва эшон онҳоро ба амал меоваранд, ҳадафе барои хеш бихоҳад. Балки ҳадаф, ин ба камол расидани бандагон аст.
    Фалосифа номи чунин ҳадаферо, “ҳадафи феълӣ” меноманд.
    Идома дорад.

  20. Посух ба Фаромарз (3)
    Пас, аз дидгоҳи фалсафӣ, ҳадафи Худо аз офариниш ва низ аъмоле ки анҷоми онҳоро аз бандагонаш мехоҳад, ин набудааст, ки бо анҷоми он аъмол тавассути бандагон, Худо фоида ва суде бурда бошад, балки суду фоидаи он корҳо, ба гуфтаи фалосифа, ба худи бандагон бармегардад. Ва гуфтем, ки фалосифа, он суду фоидаҳоро, камол барои бандагон медонанд.
    Дар ин ки инсон мавҷудест камолҷў ва бо расидан ба камол, лаззат мебарад ва вусул ба камолро саодат медонад, ҳеҷ касе ихтилоф надорад. Диндору бедин инро қабул доранд. Балки агар ихтилофе миёни онҳо тасаввур шавад, ихтилоф дар ташхису таъйини камол аст, ки чӣ чизе барои инсон камол аст, ва чӣ чизе барои ў камол маҳсуб намегардад?
    Фалосифаи исломӣ бар онанд, ки чун инсон мавҷудест мураккаб аз руҳу ҷасад, на ҷасади танҳо, ва ин руҳ аст, ки асолат дорад, на ҷасад, (Албатта асолат дар ин ҷо ба он маъное, ки бархе аз идеалистҳои ғарбӣ мегўянд нест. Тасаввури фалосифаи исломӣ аз асолат, аслан чизе дигар аст, ки бояд дар ҷои худаш ба он пардохт), аз ин рў, камоли матлуб барои инсон, ин камоли руҳи ўст, на камоли ҷасади ў. Камоли ҷасад ҷуз дар хўрдану хобидану алоқаи ҷинсиву ин қабил чизҳо мутасаввар нест. Агар ҳам ҷое камоли ҷасад матлуб бошад, он низ ба хотири кўмак ба камоли руҳи ўст.
    Ҳоло, фалосифаи исломӣ, дар ин ҷиҳат иттифоқи назар доранд, ки камоли ниҳоии руҳи инсон; яъне он қуллаи авҷе ки руҳ бо расидан ба он, оромиш пайдо мекунад ва ба лаззати абадӣ ва поённопазир даст меёбад, ин тақарруб ва наздикӣ ба зоти илоҳист. Албатта на тақарруб ва наздикии ҷасадӣ, балки тақарруби маънавӣ ва руҳӣ.
    Фалосифаи исломӣ, ва албатта бештар аз онҳо, урафои исломӣ, роҳи вусул ва расидан ба мақоми тақарруби илоҳиро, ишқ медонанд, ва мўътақиданд, ки ҳатто ишқҳои маҷозӣ (мисли ишқи Лайливу Маҷнун масалан ё Фарҳоду Ширин), сарчашма дар ишқи ҳақиқӣ, ки руҳи одамӣ ба ҷамолу камолу парвардигор дорад, бармегардад. (Руҷўъ шавад ба баҳси “Аҳволул-орифин”-и Бўалӣ (р) дар китоби “Ишорот ва танбеҳот”, с. 810-841, чопи Қоҳира).
    Сипас, ишқварзиро танҳо дар анҷоми он чи Маъшуқ аз Ошиқ мехоҳад медонанд. Яъне агар Ошиқ, корҳое ки Маъшуқ аз ў мехоҳад, мухлисона анҷом бидиҳад, саранҷом ноил ба мақоми тақаррубу наздикии Маъшуқ хоҳад гардид.
    Идома дорад.

  21. Посух ба Фаромарз (4)
    Инак, баҳси дуюм, ки бубинем назари Қуръон дар ин мавзўъ чист?
    Оё Худо аз аъмоле ки аз бандагон анҷоми онҳоро хостааст, суд ё фоидае мебарад? Оё ниёзе ба онҳо дорад, ва ба гуфтаи муддаӣ: ///Худо чаро мардумро мачбур мекунад, ки як мох рузи дароз чизе нахуранд ва меъдаҳои худро бемор кунанд? Барои чи худо ба ин корхо алока дорад? Чун агар дарвокеъ Худое ба ҳамон сурате, ки ислом тавсиф карда, бояд ба ин гуна корхои масхара ниёз надошта бошад.///
    Дар посухи ин пурсиш Қуръон мегўяд:
    “Ҳар кӣ амали неку солеҳе кунад, ба суди худи ўст, ва ҳар кӣ кори баду ношоист кунад, ба зиёни худи ўст, ва Парвардигори ту, ба бандагон ситамгар нест» (Сураи Фуссилат, ояти 46)
    Ва низ мефармояд:
    “Ҳар кӣ кори нек ва шоиста анҷом диҳад, бу суди худи ўст, ва ҳар кӣ кори баду нописанд анҷом бидиҳад, ба зиёни худи ўст, сипас ба сўи Парвардигоратон бозгардонида мешавед” (Сураи Ҷосия, ояти 15).
    Ва низ мефармояд:
    “Бигў (эй Муҳаммад!): Сухани росту дуруст, аз Парвардигори шумост, пас ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад, ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад…” (Сураи Каҳф, ояти 29).
    Камоли ниҳоии инсон, аз дидгоҳи ислом кадом аст?
    Қуръон мегўяд:
    “Огоҳ бошед! Танҳо ба ёди Худост, ки дилҳо ором мегирад” (Сураи Раъд, ояти 28).
    Яъне Худо, оромиши комили инсонро, танҳо дар зикру ёди Худо медонад.
    Ҳадафи Худо, аз намозу рўзаю пардохти закоту анҷоми ҳаҷҷу ғайраву золик чист? Оё фоида ва суде мебарад, ё ин ки суди он, оиди худи бандагон аст?
    Қуръон, зайли тамоми оятҳое, ки дар онҳо анҷоми аҳкоми илоҳӣ аз бандагон хоста шудааст, мегўяд: Анҷоми ин аъмол, ба ин ҷиҳат аст, ки то шумо – бандагон – парҳезгор гардед, касби тақво намоед. Масалан дар мавриди ибодати бандагон мефармояд:
    “Эй мардум! Парвардигори хешро ки шумо ва пешиниёни шуморо офарида аст, бипарастед то шояд тақвопеша ва парҳезгор шавед” (Сураи Бақара, ояти 21)
    Ва ё дар мавриди рўзаи моҳи Рамазон мефармояд:
    “Эй касоне ки имон овардаед! Бар шумо рўза фарз гардид чунон ки бар касоне ки пеш аз шумо буданд фарз буд, то шояд тақводор ва парҳезгор шавед” (Сураи Бақара, ояти 183).
    Дар мавриди маносики Ҳаҷҷ, ки анҷоми онҳо бар мусалмони тавонманд фарз аст мефармояд:
    “Гўшту хуни қурбониҳое, ки дар Ҳаҷ анҷом медиҳед, ҳаргиз ба Худо намерасад, балки парҳезгории шумо аст, ки ба Ў мерасад…” (Сураи Ҳаҷҷ, ояти 37).
    Ҳоло, чаро парҳезгории Мо бандагон барои Худо аҳамият дорад? Оё агар мо парҳезкор будем, Ў суде мебарад?
    Посух рўшан аст. Ҳамон тавре ки ишора шуд, камоли ниҳоии инсон, тақарруб ва наздикӣ ба Худост, ва бо расидан ба ин мақом, инсон ба лаззати поённопазир даст хоҳад ёфт.
    Аз назари Ислом, ҷуз парҳезкорон ба ин мақом намерасанд.
    Роҳи касби тақвову парҳезкорӣ кадом аст?
    Ислом мегўяд, тақво ба воситаи анҷоми ҳамин аъмоле ки Худо аз мо хостааст ҳосил меёбад.
    Ин буд хулосаи дидгоҳи фалосифа ва урафои исломӣ, ва низ назари Қуръон роҷеъ ба он масоиле, ки шумо – аз рўи адами огоҳӣ – матраҳ кардед.
    Албатта, дар қисмати дуюми баҳс, яъне он ҷо ки назари Қуръон дар ин бора баррасӣ гардид, камина баҳсе комилан дарундинӣ анҷом додам, на ин ки фалсафаи ин аъмолро аз беруни дин, баррасӣ карда бошам. Зеро, аслан ишколи шумо мутаваҷҷеҳи маорифи исломӣ аст, ва дар ин мақом, чорае ҷуз посух аз дохили дин надорем.
    Комёб бошед.

  22. Эй бародарон , аз мавзуъ берун наравед! Хотиррасон мекунам, мавзуъ, намоишномаи » Девонаги. Соли 93″-и Барзу Абдураззкоков аст. Бахсхои пучи ба хеч кас нолозиматонро хотима гузореду ба мавзуъи асли баргардед.

  23. бандаи АЛЛОХ

    Ба Tozatalab

    бародари азизи ман! бахсхои око саидюнус «пучи ба хеч кас нолозим» нестанд. сухан гуфтан ва андеша намудан дар зоти акдаси илохи махорат мехохад. окосаидюнус махорати беандеша доранд. чаро барои оташпарастон ичозаи гуфтан хасту барои окои мо не? агар дар назари шумо ин суханхо пуч менамоянд пас мебоист худро ба дуктур нишон бидихед.

    УСТОДИ АЗИЗ САИДЮНУС!!!!!!!!

    АЛЛОХ маро курбони суханхо ва далелхои овардаат гардонад. хеле захмат кашида ва дарс хондаву инхоро навиштаи. дастат дард набинад. худованд хайрат бидихад. метарсам захмати кашидаат тибки фармудаи худованд ки мегуяд: «суммун букмун ъумюн фахум ло юъминун» бар ъабас наравад.

    фикр мекунам онхое ки гайри исломро мепарастанд танхо мехоханд масъулиятро аз гардан берун андозанду халос. чуноне ки худи бародари азизи мо ФАРОМАРЗ мефармояд: » зарутштихо ба хеч худое коил нестанд ва хеч касеро ибодат наменамоянд».
    албатта барои мо ки шукр менамоем ки ахли ислом хастем на гарму на сард аз оне аст, ки эшон мисли материалистон побанди хеч мукаддасоте нестанд. вале фахшгуихо аз худи онхо шуруъ шуд.
    окосаидюнус! аз ин бахсхоро зиедтар мебояд карду навишт. на барои бединхо, на. барои худамон, ки якинамон зиедтар гардад. курбони илму фаросатат гардам устоди азиз. барои бандаи шармандаву гунахкор дуо талаб дорам. дар намозхоят моро фаромуш накун.

  24. Ба бандаи ОЛЛОХ

    Бародар, ин бахсхои дини тули беш аз як мох идома доранд. Устод Саидюнусро ман хеле хуб мешиносам , хамчунин Фаромарзро. Вале аз рузе ки ин бахсхои дини шуруъ шудаанд, хеле норохаткунанда ва хастакунандаанд. Бехтар аст, ба мавзуъи эътикодв а дин кордор нашавем, чун дин интихоби инфиродии хар як шахс аст ва набояд хамдигарро тахкиру норохат кунем. Пеш аз хама набояд фаромуш кунем, ки новобаста ба эътикодотамон мо як миллат-точикем.

    Дар мавриди саломатиам бошад , бародар Бандаи ОЛЛОХ нигарон набошед!

    Саломат бошед!

  25. бародар Tozatalab!

    сухани дурушт гуфтам , узри бисер.
    пешниходи шумо дуруст аст вале бингаред ки онхо чи кор мекунанд. медонанд ки дар ин торнамо чахор нафар чамъ мегарданд, зуд аз окои рустам хостаанд то таблиги зартушт намояд. шумо худ матни чандсахифагии болоро хондаед. ва инчунин ишора ба сойти зартуштхо шудааст. хуб ин маънои чиро дорад? банда бо окои дилшод ки торномаи ба номи «чавонони худшинос» дорад низ ошнои дорам. эшон низ такя ба хамон куруши бузург ва оташи алангаро доранд. охир кучои инхо худшиносанд? мо бояд аз он бифахрем ки авлоди сомониен хастем на курушу пурушу кусуруш. дар зимн авлоди ину он будан хеч маъное надорад агар худамон кас набошем. кушиш ба харч дихем то ояндагонамон бо мо бифахранд. ва нагуянд ки гузаштахои мо дар замоне ки дигархо дар болои мох рох мераванд дар асри 21 дар хунукии 30 дарача ларзида бебарк мешинанд. вой бар ахволи мо агар ин таври бошем. боз хам узр мехохам.

  26. Ба бандаи Оллоҳ:

    //////Наметавонам бародарат хонамат зеро бародари имонию исломиам нести./////

    Ман аз чунин бародаре безорам, лутфан, бо бародар хондани худ маро таҳқир накун.

    ////билохира сирратро ки зартушпараст хасти маълум карди ва аз он ки санге дар багал барои партоб кардан ба суи ислом дошти партоб карди.////

    Сирр? зартушпараст? Ин калимае бемаънист, ки ту худат сохтаӣ ва баёнгари ҷаҳлу нодонии ту дар бораи ойини Зартушт аст.

    Бубин, ман сирр надорам, виҷдон дорам ва виҷдони ман бо ман аст, ба ман чи ки ту аз он чи бардошт мекунӣ. Хоҳӣ затушпараст хон, хоҳӣ буддоӣ, хоҳӣ масеҳӣ, хоҳӣ мулҳид, бехудо, кофир, ҳарчи мехоҳӣ бихон, то ҷое, ки бар ман душном надиҳӣ ва осебе бар ман ворид накунӣ, вале ман барои худам як инсони одӣ ҳастам, баробари ҳар инсони дигаре озодӣ ва ихтиёр ва андешаи худро дорам, ва касе наметавонад маро бо эътиқодоти пучу ҳарзаолуди худ гумроҳ кунад.

    ////бале чони ман зеро ки он чизе ки аклаки ту гумон мекунад ки худост (зартушт) дар асл офаридаи АЛЛОХ аст. /////

    Лутфан, ҳамоқатро аз худ ба дур андоз ва бигӯ, ки ман кай гуфтам, ки Заштушт худост?

    //////аз он гамгинам ки имруз аблое болои сари мардуми бечораи точики мусалмон бо ин зартуштатон биеваред. ту кучову моли киемидин кучо. //////

    Мутмаинан, агар афроде ифротӣ мисли ту ба сари ин мардум бало наоранд, каси дигаре нахоҳад овард. Ин ибораи «моли киемидин» чи маънӣ дорад? Яъне моли домулло Қиёмадини Ғозӣ? Лутфан тавзеҳ бидеҳ.

    ///////хар чи донад хурдани канду набот, турбаи ках бошаду кунчи работ.////

    Васфи худро аз забони шоъир хуб баён кардӣ, офарин!

    //////пас ту инкор мекуни ки авлоди саъдию хофиз, умару мавлави хасти дуруст? охо бале шумо пешрафтаед авлодони шерлок хомс , шопенгауер, марксу энгелсхо. касоне ки имруз чомеъахояшон аз фиск дар холати таркиш хаст. /////

    Ту худат шояд ҳам авлоди Саъдию Умару мавлавӣ ҳастӣ ва ҳам авлоди Шурлок Холмс ва Марксу Энгелсҳо бошӣ, вале мутмаин бош, ман ба инҳо ҳеч иртиботе надорам. (Мабод, ки боз ба иштибоҳ маро бародар гӯӣ!)

    /////бубин чи мегуи бо ки мечанги. сар то сари дунедоранд ислом мебиеранд ту боши хатман мусалмонзодаию аз ислом дур.////

    Агар ҳамин суханат воқеъист, пас чаро ин қадар гулӯ медаронӣ ва бонги изтиробу тарс аз баргаштани дигарон аз ислом мезанӣ, бо ҳамин сухан худро лоақалл таскин бидеҳ, эҳсоси муваффақият кун, ҳарчанд беҳуда аст ва сабру қарор аз даст мадеҳ ва ба Аллоҳ умедвор бош, ки ҷазои ман ва ҳар бедини дигареро худаш бидиҳад! Ҳа ҳа ҳа!!! 🙂

  27. Ба бандаи Оллоҳ:

    //////Наметавонам бародарат хонамат зеро бародари имонию исломиам нести./////

    Ман аз чунин бародаре безорам, лутфан, бо бародар хондани худ маро таҳқир накун.

    ////билохира сирратро ки зартушпараст хасти маълум карди ва аз он ки санге дар багал барои партоб кардан ба суи ислом дошти партоб карди.////

    Сирр? зартушпараст? Ин калимае бемаънист, ки ту худат сохтаӣ ва баёнгари ҷаҳлу нодонии ту дар бораи ойини Зартушт аст.

    Бубин, ман сирр надорам, виҷдон дорам ва виҷдони ман бо ман аст, ба ман чи ки ту аз он чи бардошт мекунӣ. Хоҳӣ затушпараст хон, хоҳӣ буддоӣ, хоҳӣ масеҳӣ, хоҳӣ мулҳид, бехудо, кофир, ҳарчи мехоҳӣ бихон, то ҷое, ки бар ман душном надиҳӣ ва осебе бар ман ворид накунӣ, вале ман барои худам як инсони одӣ ҳастам, баробари ҳар инсони дигаре озодӣ ва ихтиёр ва андешаи худро дорам, ва касе наметавонад маро бо эътиқодоти пучу ҳарзаолуди худ гумроҳ кунад.

    ////бале чони ман зеро ки он чизе ки аклаки ту гумон мекунад ки худост (зартушт) дар асл офаридаи АЛЛОХ аст. /////

    Лутфан, ҳамоқатро аз худ ба дур андоз ва бигӯ, ки ман кай гуфтам, ки Заштушт худост?

    //////аз он гамгинам ки имруз аблое болои сари мардуми бечораи точики мусалмон бо ин зартуштатон биеваред. ту кучову моли киемидин кучо. //////

    Мутмаинан, агар афроде ифротӣ мисли ту ба сари ин мардум бало наоранд, каси дигаре нахоҳад овард. Ин ибораи «моли киемидин» чи маънӣ дорад? Яъне моли домулло Қиёмадини Ғозӣ? Лутфан тавзеҳ бидеҳ.

    ///////хар чи донад хурдани канду набот, турбаи ках бошаду кунчи работ.////

    Васфи худро аз забони шоъир хуб баён кардӣ, офарин!

    //////пас ту инкор мекуни ки авлоди саъдию хофиз, умару мавлави хасти дуруст? охо бале шумо пешрафтаед авлодони шерлок хомс , шопенгауер, марксу энгелсхо. касоне ки имруз чомеъахояшон аз фиск дар холати таркиш хаст. /////

    Ту худат шояд ҳам авлоди Саъдию Умару мавлавӣ ҳастӣ ва ҳам авлоди Шурлок Холмс ва Марксу Энгелсҳо бошӣ, вале мутмаин бош, ман ба инҳо ҳеч иртиботе надорам. (Мабод, ки боз ба иштибоҳ маро бародар гӯӣ!)

    /////бубин чи мегуи бо ки мечанги. сар то сари дунедоранд ислом мебиеранд ту боши хатман мусалмонзодаию аз ислом дур.////

    Агар ҳамин суханат воқеъист, пас чаро ин қадар гулӯ медаронӣ ва бонги изтиробу тарс аз баргаштани дигарон аз ислом мезанӣ, бо ҳамин сухан худро лоақалл таскин бидеҳ, эҳсоси муваффақият кун, ҳарчанд беҳуда аст ва сабру қарор аз даст мадеҳ ва ба Аллоҳ умедвор бош, ки ҷазои ман ва ҳар бедини дигареро худаш бидиҳад!

    Ҳа ҳа ҳа!!! 🙂 🙂 🙂

  28. Сайидюнус,

    /////Аввалан, усул ва мабонии исломӣ, ки иддао доред онҳоро “мавриди тардид қарор додаед”, иборат ҳастанд аз: мабдаъ (худошиносӣ), маод (охиратшиносӣ) ва нубувват (роҳшиносӣ). Ҳеҷ мусалмоне аҳкоме чун намоз, рўза, тавофи Каъба ва пардохти закоти молро, аз усул ва мабонии ислом намедонад, ки иддао кунед: ///Аз инҳо, ки бигзарем, мабонии дигари ислом низ мавриди тардид ва ботил аст, масалан намоз гузоридану рӯза доштан ва тавофи каъба кардан ва закоти мол супурдан/// Ин аъмол, ки аҳкоми динӣ ба шумор мераванд, аз фурўоти динанд, на усулу мабонии он.
    Зоҳиран, шумо миёни “мабонии исломӣ” ва “заруриёти исломӣ” – дониста ё нодониста – халт мекунед. Ин аҳком, ки баршумурдед, заруриёти динанд, на мабонии он./////

    Ин ман нестам, ки иштибоҳ мекунам, дар бархе кутуби исломӣ омада, ки БИНОИ мусалмонӣ бар панҷ навъ аст ва боз УСУЛИ ДИН бародар ҳашт навъ аст.

    Ин се «мабонии» ислом ҳам, ки худат мегӯйӣ монанди мабдаъ (худошиносӣ), маод (охиратшиносӣ) ва нубувват (роҳшиносӣ) оё ҷуз ҳамон панҷ мабно ва ҳашт усусл чизи дигареро баён мекунад?

    Мабдаъ ё худошиносӣ аз назари ислом ҳамон шинохти ягонагии худо ва паямбари уст ва шаҳодат овардан ба он аст.

    Охиратшиносӣ ҳамон имон овардан ба дузаху биҳишт ва рӯзи қиёмат ва … аст, ки боз ҳамон аз ҳамон мабонӣ ва усуле, ки ман баршумурдам берун нест.

    Нубуват низ ҳамон имон овардан ба паямбарони худост, чунонки мусамонон бовар доранд.

    Оё ин се мабонии шумо аз он чанд аслу мабонӣ, ки ман гуфтам, магар берун аст?

  29. Сайидюнус,

    //////Мегўянд: Худо, чун зоти комил аст, ҳадаф аз ҳар коре ки мекунад, ва ё аз ҳар дархосте ки анҷоми онро аз бандагон мехоҳад, чунин нест, ки ба худаш баргардад, балки ҳадафи Ў, камоли бандагон аст.//////

    Бубин, ин ки фалосифа ё ҳар каси дигаре аз номи Худо барои ӯ ҳадаф таъйин мекунад, бад-он маънӣ нест, ки инҳо ҳама ҳаққ аст ва набояд мавриди тардид бошад. Инҳо ҳама фарз аст, ва ҳадафи Худоро (агар дарвоқеъ вуҷуд дорад) касе ҷуз худи ӯ намедонад. Фалосифа дар ин ҷо фарзу гумонҳои худро матраҳ кардаанд ва инҳо ба ҳеч ваҷҳ ҳақиқати илмӣ нест ва ба ҳамин далел ботил аст!

  30. Сайидюнус,

    //////“Эй мардум! Парвардигори хешро ки шумо ва пешиниёни шуморо офарида аст, бипарастед то шояд тақвопеша ва парҳезгор шавед” (Сураи Бақара, ояти 21)////

    Ҳоло шумо ва фалосифаи исломӣ бар ин назаред, ки ҳадаф аз фармудаҳои Худо расидан ба камол аст, ва намозу рӯзаву маносики ҳаҷ ва ғайра инсонро тақвопеша ва парҳезгор мекунад.

    Аммо оё ту худат шахсан мутмаин ҳастӣ, ки ин чизҳо инсонро дарвоқеъ парҳезгору тақвопеша мекунанд?

    Оё дарвоқеъ ин чизҳое, ки ҳадаф аз онҳо гӯё расидан ба камол аст, инсонро ба камол мерасонад? Агар чунин буд, чаро мо инсонҳои зиёдеро мебинем, ки ҳамеша ин аҳкомро иҷро мекунанд, вале ба ҷои расидан ба камол ва тақвову парҳезгорӣ ба пастию дунҳимматӣ ва моли мардумхурӣ мегароянд?

    Магар ин худ нишон намедиҳад, ки ин чизҳо, ки фармуда шудаанд, дарвоқеъ роҳи расидан ба камол нест ва Худо ба иштибоҳ ин чизҳоро роҳи расидан ба камол таъйин кардааст????? 🙂

    Пас ҳеч далели илмӣ вуҷуд надорад, ки намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот инсонро ба роҳи росту дуруст раҳнамун мекунанд, ба ин далел ин,ки гӯё ҳадафи илоҳӣ аз муқаррар кардани ин аҳком расидан ба камол бошад, ҳарза аст ва нишон медиҳад фалосифае, ки ин фарзияро пеш овардаанд, ба бероҳа рафтаанд.

  31. Фаромарз,
    Комилан рўшан аст, ки шумо иттилое аз маорифи исломӣ надоред. Он чи ба унвони “бинои мусалмонӣ” матраҳ аст, ҳамон “заруриёти дин” аст, на мабонӣ ва усули он, ҳарчанд нафси шаҳодат ба Худо ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с), аз як назар, “бинои исломӣ”-ро ташкил медиҳад. Чаро? Чун касе ки воқеан ба Худо имон надорад, вале ба забон калимаи шаҳодат оварад, аз назари ислом мусалмон маҳсуб мегардад, ҳарчанд имон наёварда аст. Ба ҳамин ҷҳат аст, ки калимаи шаҳодат гуфтан-ро, дар зимни “бинои исломӣ” зикр кардаанд.
    Аммо он чи мабно ва усули исломро ташкил медиҳад, ҳамон ҷаҳонбинии ислом аст, ки мутакаллимин дар мабоҳиси каломӣ-эътиқодӣ онро матраҳ мекунанд.
    Меъёри тамйизи мабно (ҷаҳонбинӣ)-и исломӣ аз фаръ (шоха), ин аст, ки ҳар он чи аз мақулаи “бовар” бошад, мабнои диниро ташкил медиҳад, ва ҳар он чи аз мақулаи “амал” бошад, аз фурўи он аст. Масалан, мабдаъ (худошиносӣ), аз мақулаи “бовар” аст яъне имони мўъмин ба вуҷуди Худо, аммо намоз ё рўза, чизе нест, ки бар мўъмин бовар ба он воҷиб бошад, балки бояд ба он амал мекунад, ва ба иборати дигар, онро анҷом медиҳад.

  32. Фаромарз,
    Он чи фалосифа дар боби худошиносӣ матраҳ кардаанд, фарзу гумону хаёлу ин қабил чизҳо нест, ки касе – агар онро нафаҳмад – бипиндорад, ки онҳо мутобиқ бо воқеъ нестанд.
    Ҳар чи фалосифа (ба вижа Бўалӣ (р) дар осори фалсафияш) дар ин боб матраҳ кардаанд, барои он, далелу бурҳон иқома кардаанд.
    Фарзу гумоне, ки мегўед, аз куҷо мегўед?
    Оё воқеан иттилои кофӣ доред, ки масалан Бўалӣ (р) дар баҳси “Инояти илоҳӣ” дар ин маврид, ба кадом бароҳин такя кардааст?
    Радди масоиле, ки дар фалсафа матраҳ ҳастанд, ҷуз ба василаи далелҳои ақлӣ, ва он ҳам қонеъкунанда, муяссар нест.
    Чунин нест, ки агар мавриди писанди касе набошад, ё нафаҳмад, бигўяд: Инҳо ҷуз хаёлу гумону фарз нестанд.
    Инкори масоили қатъии фалсафӣ (аз ҷумла ҳаққонияти вуҷуди Худо ва сифоту камолоти Вай, ки мавриди иттифоқи назари фалосифаи ақлист), монанди инкори инро монад, ки масалан агар касе мабдаи “истиҳолаи иҷтимои нақизайн”-ро нафаҳмад, онро инкор намояд.
    Тамоми мабоҳиси ақлии Бўалӣ (р) дар боби худошиносӣ, муттакӣ бар асли “истиҳолаи иҷтимои нақизайн” мебошанд. Ҳоло, агар мавриди инкори шумост, ба ҷои он ки шиор сар диҳеду достон бароямон таъриф кунед, далели ақлӣ бар бутлони он масоил биёваред.

  33. Сайидюнус,

    Бубин, аввалан бинои мусалмони ва усули динро ман аз пеши худ насохтаам, онро пешвоёни мазоҳиби исломӣ мушахас кардаанд.

    Ин ман нестам, ки аз маъорифи исломӣ бехабарам, балки ин маъориф худ аз дохил мутаноқиз аст. Масалан ту аз дидгоҳи мутакаллимин ва ё шиъаи асноашарӣ ва оятуллоҳҳои эронӣ ҳарф мезанӣ, каси дигар меояд ва аз дидгоҳи дигаре мегӯяд.

    Дигар, ки усуле, ки ту мегӯӣ дар бораи имон ба Худо, паямбар ва рузи киёмат ва гайра шомили замон асли аввали калимаи шаҳодат мешавад.

    Дар ҳар сурат, ин мабноҳое, ки худат низ баршумурдӣ, ҳарфи туро собит намекунанд, балки ҳамон чизҳое ки ман гуфтам боз дар марвиди инҳо низ сидқ доранд ва инҳо низ иддаъоҳои туро собит намекунанд, чун ҳамагӣ масхараборанд! 🙂

  34. Сайидюнус,

    /////Тамоми мабоҳиси ақлии Бўалӣ (р) дар боби худошиносӣ, муттакӣ бар асли “истиҳолаи иҷтимои нақизайн” мебошанд. Ҳоло, агар мавриди инкори шумост, ба ҷои он ки шиор сар диҳеду достон бароямон таъриф кунед, далели ақлӣ бар бутлони он масоил биёваред.////

    Далели ақлӣ барои радди идаъоҳои ту кӯдакона будани онҳост. Чи тур ақл метавонад бипазирад, ки Худое ҳаст ва он Худо инсонро сохта ва уро бандаи худ эълом карда ва барои расидани бандагон ба камол намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот офаридааст?

    Инҳо ҷуз содалавҳӣ нест!

  35. Фаромарз,
    Ин ки аъмоле чун намозу рўзаву ҳаҷҷу пардохти закоту ғайраву золик, инсонро тақвопеша ва парҳезгор месозанд, шакке нест. Ва ҳам ин ки ин танҳо тақво ва парҳезгорӣ аст, ки инсонро – аз дидгоҳи як худобовар – ба камоли матлубаш мерасонад низ тардиде нест. Агар касе бовар надорад, таҷруба кунад. Чун ин қабил чизҳо, гуфтанӣ нест, балки карданӣ, ва ба қавли урафо, чашиданӣ аст. Касе ки масалан, дар ҳаёташ меваи пуртуқол нахўрда аст, ва маззаи онро начашида аст, оё метавон бо гуфтану навиштан, барои ў маззаи пуртуқолро расонид?
    Аммо ин ки инсонҳои зиёде ҳастанд, ки ҳарчанд намозу рўзаву ҳаҷҷ анҷом медиҳанд, вале мебинем, одамони пасту палид мебошанд, ин ки далел бар нодурустии матлаб нест.
    Агар мо дидем, пизишке, ҳарчанд мадорики илмии пизишкиро дорост ва дар Донишгоҳҳои олӣ омўзиш дидааст, дар пизишкӣ муваффақ набошад, ба ҷои муолиҷаи мардум, ононро ба куштан диҳад, оё мо метавонем бигўем, ки пас, пизишкӣ, аз реша хароб аст, илме дурўғин аст ва ғайраву золик?
    Касоне ки ҳарчанд намозу рўза мегиранд, вале ба ҷое намерасанд, ба хотири он аст, ки шарти бандагиро некў адо намекунанд. Ё риёкоранд, ё аз тарси муҳит ин аъмолро анҷом медиҳанд, ё ба хотири тамаъ ин корҳоро мекунанд ва ё ба сабабе дигар.
    Ва аз ҳама муҳим, асоситарин шарти қабулии аъмоли банда, ин шарти ихлос аст. Хеле андаканд касоне ки дар амал мухлис бошанд. Худо аъмоли бандаашро – то модоме ки холисона барои Ў набошад – намепазирад.
    Ба иборати дигар, шарти вусул ба камол, парҳезгорӣ аст, ва шарти касби тақво, фақат ва фақат ихлос дар амал аст. Кучактарин риё, амали инсонро хароб мекунад.
    Комёб бошед.

  36. Фаромарз,
    Камина, ки нагуфтам бинои мусалмониро шумо сохтаед. Гуфтам мурод аз “бинои мусалмонӣ”, заруриёти дин аст, на мабонӣ ва ҷаҳонбинии он.
    Сониян, иттифоқан тамоми мазоҳиби каломӣ – чи шиа ва чи суннӣ, чи зоҳирӣ ва чи ботинӣ – иттифоқи назар доранд, ки мабонии дин, мабдау маоду нубувват, ва фурўоти он, аъмоле чун намозу рўзаву ҳаҷҷу ин қабил маносик аст.
    Аз ин рў, дигар ваҷҳе надорад, ки шумо баҳси мазҳабу маслакро матраҳ кунед.
    Ҳамчунин, он ҷо ки арз шуд: “Он чи ба унвони “бинои мусалмонӣ” матраҳ аст, ҳамон “заруриёти дин” аст, на мабонӣ ва усули он, ҳарчанд нафси шаҳодат ба Худо ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с), аз як назар, “бинои исломӣ”-ро ташкил медиҳад. Чаро? Чун касе ки воқеан ба Худо имон надорад, вале ба забон калимаи шаҳодат оварад, аз назари ислом мусалмон маҳсуб мегардад, ҳарчанд имон наёварда аст…”
    дар китоби “Кимёи саодат”-и Абўҳомиди Ғазолӣ (р), ки суннимазҳаб ва шофеист, айнан вуҷуд дорад. Метавонед барои иттилои бештар, ба он руҷўъ намоед.
    Комёб бошед.

  37. Намефахмам, ин сафха оё танхо барои бахсхои динии Сайидюнус ва Фаромарз аст? Вагарна, ин харду чи хакк доранд, ки бо тахкири якдигар ва эътикодоти мо ин чо бахс кунанд. Фаромарзе, ки мехохад чомеъаро ба Зартуштпарасти даъват кунад ва Сайидюнусе, ки мехохад аз Ислом дифоъ намояд. Ман ба ин назарам, ки интихоб ва пазириши дин озод аст ва аз ин ру ба эътикоди хар кас пашша нашавед. Хохиш мекунам.

  38. Qur’an Can’t Have Been Written By A Human

  39. Бо пешниходи дустони пешина хамандеш хастам. Бисёр хуб мешуд, торнигори «Андеша» (Рустами Субхони) бикушад то андешаи хонандагонро (моро) дар бораи чи гуна ба пеш бурдани бозору иктисоди Точикистонро гирд оварад. З-ин пас, метавон фарчоми хамаи андешахоро поён овард. Доштани донишу хиради бозаргони низ бисёр ниёзманд аст, ба вижа барои моён, Точикон.

  40. Хар лукма ки мехури бигу бисмиллох
    Хар як нафасе фуру бари ё Аллох
    Хар кор ки мекуни Худо хохад гуй
    Корат ба ривоч мешавад Иншоаллох

  41. Анис, холо ин мавзуъ чи рабте ба бисмиллоху иншопллох ва дар кулл, Аллохи ту дошт?

  42. Сайидюнус,

    //////Агар мо дидем, пизишке, ҳарчанд мадорики илмии пизишкиро дорост ва дар Донишгоҳҳои олӣ омўзиш дидааст, дар пизишкӣ муваффақ набошад, ба ҷои муолиҷаи мардум, ононро ба куштан диҳад, оё мо метавонем бигўем, ки пас, пизишкӣ, аз реша хароб аст, илме дурўғин аст ва ғайраву золик?/////

    Ташбеҳи шумо ноқис аст, зеро шумо касбу корро бо ахлоқ ташбеҳ мекунед. Касбу кор ва пеша ё профессия дигар аст ва агар пизишке дониши хуб надошта бошад, пизишк намешавад ва мадрак наметавонад дарёфт кунад (магар дар кишварҳои фасодзадае монанди Тоҷикистон, ки системи таълим ва донишгоҳ қобили эътимод нест)

    Дувум, агар пизишке мардумро ба куштан диҳад, батадриҷ маълум мешавад ва системи дурусти санҷиш вуҷуд дорад ва додгоҳ метавонад муқассир будани пзишкро собит кунад. Ё агар пизишке хуб набошад баудӣ мардум ӯро хоҳанд шинохт ва ба ӯ дигар муроҷеъа нахоҳанд кард.

    Аммо дар мавриди тақводорӣ ва парзеҳгорӣ, ҳеч системе барои мушаххас кардани тақво ва парҳезгорӣ нест ва ин мафоҳим мафоҳими нисбианд ва бинишҳо фарқ мекунад.

    Дигар ин ки боз ҳам бо ҳамин мисол худат собит кардӣ, ки намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот тазминкунандаи ё ба истилоҳ гарантияи тақвдорӣ ва парҳезгорӣ нест. Ва агар инсон худаш аз ботин хуб набошад ва ахлоқи хуб надошта бошад, намозу рӯза кумак намекунад, ки ӯ тақводору парҳезгор шавад.

    Пас худ андешаи худро бакуллӣ ботил кардед! Офарин! 🙂

  43. Фаромарз,
    Шумо зоҳиран ваҷҳи ташбеҳ дар ин мисолро нафаҳмидед. Камина дар мақоми ташбеҳи ахлоқ бо пизишкӣ нестам. Ваҷҳи ташбеҳ дар ин мисол, рабте ба он чи мегўед надорад. Чаро мутаваҷҷеҳ нестед?
    Камина дар садади баёни ин матлаб ҳастам, ки кирдору рафтори шахсе, ки мансуб ба як падида аст (ҳоло, ин падида, ҳар чи бошад, як илм бошад мисли физик, ё як ҳунар бошад, ё як мактаби фалсафӣ бошад, ё як дину оин бошад, ҳар чи бошад, коре надорем), рафтори вай, лузуман намоёнгари воқеияти он падида, ё дурустӣ ва ё нодурустии он нест.
    Як мухлис ҳам метавонад намозхон бошад ва ҳам як мунофиқу риёкор ҳам. Аммо намози мухлис, бо намози мунофиқи риёкор, аз замин то осмон фарқ мекунад.
    Намози мухлис, ўро ба боло мебарад, вале намози мунофиқ чи басо ўро, аз ҳадди чаҳорпоён низ поинтар бубарад.
    Аз ҳама муҳим, таҷрубаи касоне ки аз тариқи намозу ниёшу дуо, ба мақомоти маънавии воло расидаанд, худ шоҳиду гувоҳи зиндаи ин муддао аст.
    Агар шумо, ҳадди ақалл, бо алифбои ирфони исломӣ – чи назарӣ ва чи амалӣ – ошно будед, чунин сухани беасосе намезадед.
    Комёб бошед.

  44. Каюмарс!
    Кадом шахс «пашша» нашавад? Касе ки динашро химоят мекунад ва ба бухтону тухматхои бе асос чавоб медихад? Ё касе ки дини мубини исломро нафахмида ба ислом чизхои ки аз ислом нест бухтон мезанад?
    Агар мухтарам Истаравшани ба он тухматхо чавоб медиханд вазифаи диниашонро ба чо меоранд.
    Дар ин сомона касоне ки факат барои хондани ин чавобхо дохил мешаванд зиед хастанд.
    Назари худатон барои шумо мухтарам, локин дигарон хам дар ин масала райи худро доранд.
    Саломат бошед!

  45. Домулло Сайидюнус,

    Бубинед, шумо аввал иддаъо кардед, ки Худованд инсонро офарида ва барои ин ки инсон ба камол бирасад, роҳе барои расидан ба камол таъйин кардааст. Ва ин роҳро гуфтед, тақвову парҳезгорӣ аст, ки танҳо ба василаи намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот… ба даст меояд.

    Ҳоло худатон меоед ва ҳамин роҳро зери суол мебаред ва мегӯед, ки ин роҳ боз бастагӣ дорад ба шахси инсон, ки хуб бошад ё набошад. Агар инсон хуб бошад ва холисона намоз гузорад ба тақвову парҳезгорӣ ва ҳамин тур ба камол хоҳад арсид, агар на пас ин роҳ аз бурдани як инсони баду бало ба сӯйи тақвову парҳезгорӣ ва ҳамин тур камол оҷиз аст.

    О чигуна аст, ки худо роҳе мушаххас мекунад, ки мардуми баду бало ва нокисро ба камол ва хубӣ бирасонад, вале ин роҳ ё шева коромадӣ надошта ва аз расондани инсонҳои баду бало ба камол оҷиз бошад? Дар ҳоле, ки ин роҳ танҳо инсонҳои хуб ва холисро ба камол расонад, худ мантиқан маълум аст, ки инсонҳои хуб дигар алакай хубанд ва ҳеч роҳе ниёз надоранд.

    Пас маълум мешавад, ки Худо роҳе дуруст барои расидан ба ҳадаф (камоли бандагон) наёфта ва роҳи нокисеро интихоб кардааст, чун он боз ҳам вобаста ба худи инсон ва сиришти он мешавад ки!

    Ҳоло инсонҳое вуҷуд доранд, ки мумкин аст аз роҳи намозу рӯза ба тақво бирасанд, ба шарте ки хуб бошанд ва аз таҳти дил намоз хонанд.

    Дар канори ин инсонҳое ҳастанд, ки мумкин аст рузаву намоз накунанд, вале хубу порсо ва парҳезгор бошанд.

    Боз инсонҳое ҳастанд, ки мумкин аст рӯзаву намоз кунанд, вале ба тақво ва парҳезгорӣ ва порсоӣ нарасанд.

    Аз ин ҷо чунин натиҷа метавон гирифт, ки роҳи расидан ба тақвову парҳезгорӣ на намозу рӯза, балки сиришти хуби худи инсон аст, вай чи намоз гузорад ё нагузорад, чи имон дошта бошад чи надошта бошад.

    Пас ин ҳама иддаъои шуморо ботил мекунад, ки гӯё намозу рӯза роҳи расидан ба камол бошад.

  46. Дар ин морпече, ки Мухаммад сохтааст, як чиз мушаххас аст: кулох гузоштан бар сари уммати бечора. Аз як су мегуяд, ки намоз рохи растагорист. Аз суи дигар мегуяд, агар инсони бад бошй, намоз хам дардеро бароят даво намекунад ва растагор намешавй. Ин коъидаи бозй ки нашуд мардй! Ду дасту ду пои касро бастану лату куб кардан сода аст. Ин корест, ки ба гумони Мухаммад, Худо мекунад, ки нихояти бехирадист. Аз ин чост, ки Хайёми бузургвор мегуяд:

    Ё раб, ту гилам сириштаи, ман чи кунам?
    Пашму касабам ту риштаи, ман чи кунам?
    Хар неку баде, ки аз ман ояд ба вучуд
    Ту бар сари ман набиштаи, ман чи кунам?

  47. Фаромарз,
    Иттифоқан масъала аз ҳамин қарор аст. Аз дидгоҳи ислом, танҳо касоне шоистагии расидан ба камоли матлуб (камоле, ки мавриди назари ислом аст)-ро доранд, ки аз фитрат ва сиришти солим бархўрдор бошанд.
    Ислом, ин гавҳари бебаҳо, насиби ҳар бадсиришту бадфитрат намегардад, балки лаёқату шоистагӣ мехоҳад. Қуръон ба сароҳат мефармояд:
    “Ин китоб (Қуръон), ки дар ҳаққонияташ тардиде нест, роҳнамо барои парҳезгорон аст” (Сураи Бақара, ояти 2).
    Аз дидгоҳи ислом, иллати адами гароиши бархе аз мардум ба ислом, ин нест, ки масалан ақлу хирадашон барояшон бигўяд, ки дар ислом айбе ҳаст, хирадписанд нест, балки ин руҳи хабиси онҳост, ки аз бас ба гуноҳу корҳои нораво олуда гардида ва қалбашон ба андозае занг зада, ки дигар қобилияти пазириши сухани ҳаққро аз даст медиҳад:
    “Ва он (Қуръон)-ро дурўғ наянгорад магар ҳар таҷовузгари гунаҳпешае, ки ҳар гоҳ Оятҳои мо бар ў хонда шавад, мегўяд: “Афсонаҳои пешиниён аст”. Ҳаргиз чунин нест, балки гуноҳоне, ки инон мекарданд, бар дилҳояшон чира шуда ва зангор баста аст” (Сураи Мутаффифин, оятҳои 12-14).
    Аз ин рўст, ки нобино ва кўр, дар истилоҳи Қуръон, касе нест, ки чашмони сараш набинад, балки касе аст, ки қалбаш нобиност:
    “Оё (кофирон) дар замин ба гардишу тамошо нарафтанд то дилҳое дошта бошанд, ки бо он (ба ҳушёрӣ пандро) дарёбанд, ё гўшҳое, ки бо он (андарзро) бишнаванд? Зеро чашмҳои сар нобино нест, балки чашми дилҳое, ки дар синаҳост кўру нобиност” (Сураи Ҳаҷҷ, ояти 46).
    Аммо дар посух ба ин пурсиш, ки агар ислом танҳо касонеро, ки аз фитрати солим бархўрдор бошанд роҳнамо бошад, дигар бо доштани фитрати солим, чӣ ниёзе дорем ба худи ислом?
    Посух ин аст, ки аз дидгоҳи ислом, маҳзи доштани фитрати солим, барои расидан ба камоли матлуб, кофӣ нест. Фитрати солим, шарти лозим аст, аммо шарти кофӣ нест. Ислом мегўяд: Фитрати солим, танҳо заминасози роҳёбии банда аст, на расонандаи он.
    Аз назари ислом, он чи инсони солимро ба мақсад мерасонад, ин амал ба дастуроти илоҳӣ – яъне он чи дар Қуръону суннат омадааст – мебошад, на чизе дигар. Аз ин рў, риёзати амсоли муртозони ҳиндӣ, ҳар чи бошад ҳам, вале аз дидгоҳи ислом, расонанда ба мақсад нест. (Феълан, мо коре надорем, дигарон чӣ назаре доранд, шояд камол, назди дигарон чизе дигар бошад. Ин ҷо дар мақоми баёни назари исломем).
    Ҳоло, аагар касе бипурсад: Пас, касоне ки ба назари ислом, бадфитрат ҳастанд, чӣ кор кунанд? Айби онҳо чист, ки чунинанд?
    Посух: Аз дидгоҳи ислом, ҳеҷ инсоне бо фитрати баду хабис зоида намешавад, балки ин падару модар, ҷомеа, муҳит ва гуноҳони худи ў ҳастанд, ки фитрати солими ўро бад мекунанд. Дар ривояте аз ҷаноби паёмбар (с) мехонем:
    “Ҳеҷ тифле нест магар ин ки ў бар фитрати солим зоида мешавад. Сипас, ин падару модари ўст, ки ўро ё насронӣ, ё яҳудӣ ва ё маҷусӣ месозанд…”
    Яъне аз дидгоҳи дини мубини мо, ҳар инсоне бо фитрату сиришти солим ба дунё меояд, ки агар волидайн ё муҳит ўро хароб накунанд, ва ў бар ҳамон фитрат боқӣ монад, ҳатман ислом мепазирад.
    Ба ҳар ҳол, ин аст дидгоҳи мо мусалмонон. Ҳар кас, ҳар ақидаву андешае дошта бошад, соҳибихтиёр ва озод аст, коре надорем, ки ин дидгоҳ мавриди писанди ў ҳаст ё нест. Исломи мо мусалмонон, ба мо чунин меомўзад. Албатта фалосифаи исломӣ аз қабили марҳуми Суҳравардӣ ва Садрои Шерозӣ, бар ин масъала, далели ақлӣ низ иқома кардаанд, ки дар ҳоли зарурат, онро низ барои хонанда хоҳам овард.
    Комёб бошед.

  48. УСТОДИ АЗИЗ САИДЮНУС!!!!!!!!!!

    бигзоред ин мулхидонро ба холи худашон бираванд.

    касе ки офаридгори худро намешиносад у наметавонад касе ва е чизеро ба расмият бишносад. худованд чахли онхоро зиед кардааст.

    дидед ки хар чи далел наевари боз хам бовар надоранд. инхо хамон авлодони Дарвин ва Ленину Сталинхо хастанд. сухан барои инхо хайф хаст.

    хазрат мефармоянд
    гову хар аз огахи одам нахоханд гашт лек,
    одами гар андаке гофил шавад хар мешавад.
    инхо хамон хароне хастанд ки огахи лозим надоранд.
    ташаккур устоди азиз истифода бурдем.

    tabaraxe

    худованд лаънатат кунад ту бедини малъунро.
    агар ба дастат биерам ба хотири он ки расули худоро тахкир карди саратро аз танат чудо мекунам ВАЛЛОХИ.

    ТУ МАЛЪУН ХАТТО БА ПАШМИ ЗЕРИ НОФИ ХАЗРАТИ БАРОБАР НАХОХИ ШУД. УМЕДВОРАМ ЧАСАДИ БУГИРИФТААТРО МИСЛИ ЧАСАДИ САНГАКУ ЛАНГАКУ ВА ДИГАР КАСОНЕ КИ ЗИДДИ ДИНИ ХУДОВАНД ЧАНГ ЭЪЛОН КАРДАНД МЕБИНАМ.

  49. Сайидюнус,

    Ҳоло мутмаинӣ, ки дигар роҳи расидан ба камол на намозу рӯза ва ҳаҷҷу закот, балки фитрати солим аст? Пас мантиқан чунин нест, ки Худо барои ин ки намозу рӯза ва ҳаҷҷу закоташ иҷро шавад, ба инсонҳои дорои фитрати солим, яъне инсонҳои комил, ниёз дорад.

    Пас рузаву намоз нест, ки инсонро ба камол мебарад, балки камол аст, ки инсонро ба рӯзаву намоз мебарад. Дар чунин сурат ҳадафи худованд чи мешавад, ки гуфта будӣ, ҳадаф камоли банда аст?

    Яъне Худо барои ин ки бандагонаш уро намоз баранд ва руза гиранду ҳаҷҷу закот иҷро кунанд, ба фитрати солим ниёз дорад, на ин ки намозу руза ва ҳаҷҷу закот ба инсон фитрати солим ато мекунад.

    Ҳоло маълум мешавад, ки фарзияи офариниш бар асоси ислом бо мантиқ ва ақл таноқуз дорад.

  50. Бародари гиромӣ “Бандаи Аллоҳ”
    Камина, агар чизе менависам, қатъан барои инон нест. Аз оғози баҳс, ки тақрибан ду се моҳ тўл мекашад, ба хубӣ медонистам, ки ин ду, мантиқе ҷуз иҳонат ба исломи азиз надоранд.
    Аз ҳамон аввал гуфта будам ва боз ҳам гўшзад мекунам, ки бигузор инон ва амсолашон, ҳар чи мехоҳанд бигўянд, то маълум гардад, дар ҷомеаи мо чӣ шубаҳоте перомуни исломи азиз пароканда аст. Бигузор инон бигўянд, то маълум гардад, оё мантиқе пушти суханонашон ҳаст, ё аз рўи нодонӣ ва ҷаҳолат чунин мекунанд?
    Худоро шукр, ислом сухани гуфтан дорад. Ислом, ба андозае аз такягоҳи мантиқӣ бархўрдор аст, ки то имрўз, ба шубаҳоте муҳкамтар аз ин шубаҳоти кўдаконае, ки ин ду матраҳ мекунанд, посух дода ва ҳамаи шубҳаафканҳоро замин зада.
    Ҳатман, хонанда, бо хондани ин баҳсу мунозираҳо, худ доварӣ хоҳад намуд, ки ислом чӣ мегўяд, ва душманонаш дар баробари мантиқи расои ислом чӣ мегўянд.
    Комёб бошед.

  51. Сайидюнус,

    //////Бигузор инон бигўянд, то маълум гардад, оё мантиқе пушти суханонашон ҳаст, ё аз рўи нодонӣ ва ҷаҳолат чунин мекунанд?
    Ҳатман, хонанда, бо хондани ин баҳсу мунозираҳо, худ доварӣ хоҳад намуд, ки ислом чӣ мегўяд, ва душманонаш дар баробари мантиқи расои ислом чӣ мегўянд.//////

    Лутфан, суханони музахраф ва тавҳину таҳқир аз ин дастро канор гузор ва аз душмантарошӣ бипарҳез.

    Ман шахсан ҳеч душмание ба ислом ва мусалмонон надорам, ва агар дар фармудаҳову додаҳои он шубҳа мекунам, ин ба маънии душманӣ нест, ин як равиши илмӣ ва дурусту саҳеҳ аст.

    Ҳеч чизе дар назди илм аз шубҳа ва интиқод гурез надорад, ва ислом низ роҳе ҷуз ин надорад, ки шубҳаву тардидҳо ва интиқодоти ба истилоҳи худат «душманонашро» бипазирад ва бо таҳаммул ва мадоро бо онҳо муъомила кунад.

    Агар ислом ва мусалмононе монанди худат ва бандаи Аллох ёрои шунидани ин шубҳаву тардидҳоро надоранд, пас ин заъфи онҳо ва шумост ва албатта ҳар ойин ё мафкурае, ки дар баробари тардиду интиқод нолаву шеван сар медиҳад ва пайравонаш аз дари ҷангу ситез ва ифротигарӣ дармеоянд, маълум аст, ки пояҳои мантиқии қавие надорад.

  52. Фаромарз,
    Ҳаққо, ки шумо на танҳо бо маорифи исломӣ ошно нестед, балки ба он чи тарафи муқобили шумо мегўяд, дуруст мутаваҷҷеҳ намешавед.
    Чӣ касе гуфтааст, ки “дорои фитрати солим будан, яъне инсони комил будан аст”?
    Камоле ки мавриди назар аст (яъне он чи ки ислом онро камол медонад), ин тақарруб ба Худост, ва ба иборати дигар, вусул ба камолу ҷамоли бепоёни Худост.
    Оё ислом гуфтаааст, ки инсоне, ки фитрати солим дорад, дигар ба камоли матлуб расида?
    Чунин суханро, ин шумоед, ки инак ба ислом нисбат дода, сипас чунин хулоса мебароред, ки пас, ///фарзияи офариниш бар асоси ислом бо мантиқ ва ақл таноқуз дорад.///
    Он чи камина арз кардам, ин буд, ки “Ислом, фитрати солимро заминасози расидан ба камол медонад, на расонандаи инсон ба камол”. Расонандаи инсон ба камол, ин анҷоми тоату ибодате, ки мавриди назари ислом аст буд.
    Аз ин ба баъд, ибтидо гуфтаи тарафи муқобили хешро, дуруст бихонед ва некў бифаҳмед, сипас ишкол тарҳ намоед.
    Комёб бошед.

  53. Фаромарз,
    Ҳеҷ касе монеи шумо аз тарҳи “шубҳаву тардидҳо” перомуни маорифи ислом намебошад. Оё шумо, то ин ҷо, масъалае ба ҷиддият тарҳ кардаед, ки номи онро “тардид” номем, ҷуз иҳонату суханони нораво задан ба ислом?
    Агар бипазирем, ки “тардиде” матраҳ мекунед, қатъан муҳимтарин “тардид”-и шумо, перомуни вуҷуди Худо аст, ки зоҳиран вуҷуди Ўро бовар надоред.
    Ҳоло, ҳалли тамоми масоили баъдӣ низ, мубтанӣ бар ҳалли он масъала аст. Дар ин замина, яъне дар заминаи исботи вуҷуди Худо, камина “бурҳони сиддиқин”-и Бўалӣ Сино (р)-ро овардам, ва аз шумо хостам, бо такя бар мабонии ақлӣ, он бурҳонро ботил созед.
    Оё ҷавобе аз шумо шунида шуд? Оё далели ақлие бар радди “бурҳони сиддиқин” иқома кардед? Ҷуз аҷзу нотавонӣ дар ин замина, аз шумо намоён нашуд.
    Ҳоло, чун тамоми масоил, бар ҳалли он масъала устувор аст, аз шумо хоҳиш мешавад, сухани хешро матраҳ кунед, то бубинем, чӣ касе аз ақлу мантиқ бархўрдор аст, ва чӣ касе фақат шиор сар медиҳад?
    Комёб бошед.

  54. Сайидюнус,

    Хуб, фарз кардем, ки фитрати солим камол нест ва танҳо замина месозад, ки инсон ба намозу рӯза рӯй оварад, то ба Худо наздик шавад ва камол ёбад.

    Ҳоло агар фитрати солим набуд, намозу руза ба танҳои инсонро ба камол намерасонад.

    Акнун Худое, ки ҚОДИРУ ТАВОНО ва БЕНАЗИР аст, ин қадар оҷиз аст, ки инсонро меофарад, вале фаромуш мекунад уро комил офарад, ва баъдан ин иштибоҳашро пай мебарад ва мехоҳад ки ислоҳ кунад аммо наметавонад ба осонӣ ин корро кунад ва ниёзманди фитрате солим аст.

    Ҳарчанд худаш барои инсонҳо фитрате солим офаридааст, вале падару модаронашон онҳоро аз роҳ задаанд (яъне тавонотар аз қудрати худо будаанд!) ва фитрате, ки худо офарида, аз миён бурдаанд ва ниме аз ҷамъияти ҷаҳон бефитрати солим мондаанд.

    Ҳоло худо наметавонад афроди дорои фитрати солимро мустақиман ба камол расонад ва барои онҳо рузаву намоз ва муқаррароти дигар эъмол мекунад то ба камол бирасанд.

    Онҳо, ки фитраташон солим нест, ва рузаву намоз намегузоранд, ба камол намерасанд. Пас бахши аъзаме аз ҷамъияти ҷаҳон, ба ҷуз мусалмонҳо, ба камол намерасанд. Пас оё Худованд ба ҳадафи худ, ки камоли инсонҳост, расидааст ё на? Агар на, ҳадаф аз чунин ҳадафи бемаъно чист?

    Аз инҳо ки бигзарем, агар камоли инсонӣ аз дидгоҳи мусалмонон тақарруб ба Худост, ку шоҳид ва мадраке, ки то имрӯз як мусалмон ба Худованд тақарруб ёфта ва аз ин ҳол ба заминиён хабар дода бошад?

    Агар камол танҳо барои мусалмонон ва ба шеваи мусалмонӣ матраҳ аст, чаро мусалмонон ин қадар ақабмонда ва камдонишу ифротӣ ва хурофотитарин мардуми ҷаҳонанд? Шояд бен Лоден ва Мулло Умар дар пуштакуҳҳои Ҳиндукуш ба дидори Аллоҳ мушарраф шудаанд?

  55. Бародар ФАРОМАРЗ!

    Маъзарат мехохам, ки миени мубохисаи шумо бо Саидюнус хамрох гаштам, вале мехостам аз чаноби оли пурсон шавам ва барои худ маълум бинамоям, ки – мурод аз хилкат чист? ин хама коинотро, ки офарида ва барои чи офарида? Гумон намекунам, ки танхо барои хурдан нушидан ва маъзарат мехохам (хочатхона) рафтану ахлот баровадан. Яъне равшантар агар баен намоям, чаноби оли вазифаашонро дар дуне гайр аз он чизхое, ки номбар кардем дар чи мебинанд? Ташаккур.

  56. Сайидюнус,

    Бурҳони сиддиқини Ибни Сино, ки овардӣ ва гӯё вуҷуди Худо ва паямбариро собит мекунад, куҷо хондӣ ки ин бурҳон воқеъияти илмӣ дорад?

    Ман ҳамон замон ба ту ҷавоб навишта ва бепоягии онро собит карда будам. Ин ки чунин иддаъоеро Сино матраҳ карда, далел намешавад, ки сухани вай рост аст ва ҳақиқати илмист.

    Сино дар қарни 10 мезист ва тасаввуроти ӯ аз ҷаҳон бар асоси донишҳои замони худаш шакл гирифта буд ва тайи ҳазор сол илм ҳарзагию пучӣ ва бемантиқии дин, бахусус исломро, на як бору ду бор, ки борҳо собит кардааст.

    Ҳамон ки навиштӣ Худо занбури асалро офарида то ба мардум шифо диҳад, собит мекунад, ки на танҳо эътиқодоти ту, ки тамомии бунёди фалсафаат бемантиқ ва хароб аст.

    Илм мегӯяд, ки ҳадаф аз занбури асал шифо додани мардум нест, балки мардум дар тӯли қарнҳо ва ба ҳукми тасодуф онро пайдо карда ва ба далели он ки дар таркиби он ширинӣ зиёд аст, хурдаанд ва иртиботи байни асал ва дарди мардум, ки шифо меёбад, танҳо тасодуф аст.

    Инҳо ба хосият ва кайфияти чизҳо ё аносири шимиёӣ бастагӣ дорад, ки дар ҳамдигар чи таъсир мекунанд, ва чизе, ки кайфияти шабеҳи асалро дорад, низ ба ҳамон андоза дар шифо додани инсон таъсир мекунад.

    Ҳоло иртибот доданҳои ту миёни офаридаҳо ва офаридгор ҳамин тур иртибот доданҳои кӯдакона аст ва масалан моҳро барои он Худо офарида, ки гуё шабҳангом пеши роҳи мардумро рӯшан кунад ва аз ин гуна музахрафот…

    Инҳо магар ҳама исботи Аллоҳ мекунад?

  57. Дӯсти азизи Ҷуянда,

    /////ин хама коинотро, ки офарида ва барои чи офарида? Гумон намекунам, ки танхо барои хурдан нушидан ва маъзарат мехохам (хочатхона) рафтану ахлот баровадан. /////

    Мутмаинан, дуруст фикр мекунӣ, ин ҳама коиноти бузургу бекарон танҳо бо ҳадафи инсон, ва бо ҳадафи хурдану нушидану пушидану ахлот кардан ва ҳамчунин намоз гузоридану руза доштану ҳаҷ рафтану закот додани инсон сохта нашудааст.

    Чунончи он се кор, ки баршумурдӣ корҳои инсонист, ба ҳамон андоза корҳои дигари инсон низ, чи хондану, навиштану, намозу рузаву, ҳар кори дигари инсонӣ низ ҳадафи офариниш набуда ва нест.

    Инсон худ ҳадафи офариниш нест, чи расад ба корҳое, ки инсон мекунад. Дар коиноти бекарон бо ҳазорон галактикаву сайёроту ситораҳо ва аҷроми дигар, ки инсон назди онҳо зарраи багоят кучаке беш нест, чаро бояд инсон ва ба камол расидани он ҳадафи ин ҳама офариниши бузург бошад?

  58. Ҷуянда,

    Дар мавриди вазифа:

    Албатта вазифае, ки ман пеши худ мегузорам ва иҷро мекунам ё барои иҷрои он талош мекунам, ба ҳадафи Худо ва мурод аз офариниш ҳеч иртиботе надорад.

    Ҳар инсоне, бавижа инсони бохирад, худаш барои худ вазифа таъйин мекунад ва ҳадафашро мушаххас мекунад ва барои расидан ба он талош мекунад, ва инҳо бо аҳдофи офариниш ҳеч иртиботе надоранд.

  59. Аблахтарин одам дар асри 21 мардумро ба парастиши оини Зардушт даъват мекунад. Зеро ин амалест имконнопазир. 1400 сол боз ислом дар магз андар магзи тоик чой шудааст. Худо тавфик ба хар яки мову шумо дихад.

  60. Аблахтарин одам дар асри 21 мардумро ба парастиши оини Зардушт даъват мекунад. Зеро ин амалест имконнопазир. 1400 сол боз ислом дар магз андар магзи точик чой шудааст. Худо тавфик ба хар яки мову шумо дихад.

  61. Бародарон ба блоги Як дарвеш натавонистам, ин матлабро бифиристам.
    Он чо аблахе дар мавриди С.Бурхонов дуруг навистааст, ки гуё дар нишасти матбуотии Барзу у аз мавкеи хукумат дифоъ карда бошад. Ин Сафват буд, ки ин нишастро ташкил намуд ва журналистонро даъват намуд. Ва ба туфайли у ин спектакл умри дубора дид. Биёед ба чои ташаккур тухмат назанем. Аз худо битарсед!

  62. Фаромарз,
    Ҳамон тавре ки пештар арз карда будам, шумо навиштаҳои каминаро некў намехонед. Ло ақалл барои посух додан ҳам, ки бошад, онҳоро бихонед, вагарна мояи шармандагии шумост, ки бо касе дар мақоми баҳсу мунозара буда, вале намедонед тарафи муқобили шумо чӣ гуфта ва чӣ мегўяд.
    Чӣ касе гуфтааст, ки ба камол расидани бандагон, ҳадафи Худост?
    Агар пештар хонда будед, медонистед, ки камина гуфта будам: “Ба камол расидан, ҳадафи худи бандагон аст, на ҳадафи Худо”. Ва ба таъбири фалосифа, ҳадаф аз камол, “ҳадафи феълӣ” аст, на “ҳадафи фоилӣ”, ки суду фоидааш ба Худо баргардад.
    Худо вуҷуди комили алал-итлоқ аст, ва ниёзе ба “ба камол расидани бандагон” надорад, балки ин бандагонанд, ки хоҳони ба камо расидан мебошанд.
    Аслан, дар мавриди Худо, ҳадаф гузоштан маъно надорад.
    Сониян, ин ки мегўед: ///Акнун Худое, ки ҚОДИРУ ТАВОНО ва БЕНАЗИР аст, ин қадар оҷиз аст, ки инсонро меофарад, вале фаромуш мекунад уро комил офарад, ва баъдан ин иштибоҳашро пай мебарад ва мехоҳад ки ислоҳ кунад аммо наметавонад ба осонӣ ин корро кунад ва ниёзманди фитрате солим аст///.
    Тарҳи ҳамон шубҳаи кўдаконаи қаблии шумост, ки Худо инсонҳоро як навохт, ба гунае ки дигар ҳаракат ба сўи камол надошта, балки аз ибтидо комил офарида шуда бошанд, аст.
    Посухи онро бароятон дода будам, ки агар Худо мехост, инсонҳоро мисли фариштагон комил меофарид. Аммо иродаи илоҳӣ чунин аст, ки инсонҳо, худ бо талош ба камол бирасанд, ки маъно дорад ва лаззат дорад. Ва аслан, ҳамин нукта аст, ки Худо инсонро – на фариштагонро – ҷонишини худ дар рўи замин қарор дода.
    Оё арзиш он ҷост, ки инсон, аз оғоз комил бошад, ё он ҷост, ки худ бо талоши хештан ба камол бирасад.
    Комёб бошед.

  63. Фаромарз,
    Ҳамон тавре ки пештар арз карда будам, шумо навиштаҳои каминаро некў намехонед. Ло ақалл барои посух додан ҳам, ки бошад, онҳоро бихонед, вагарна мояи шармандагии шумост, ки бо касе дар мақоми баҳсу мунозара буда, вале намедонед тарафи муқобили шумо чӣ гуфта ва чӣ мегўяд.
    Чӣ касе гуфтааст, ки ба камол расидани бандагон, ҳадафи Худост?
    Агар пештар хонда будед, медонистед, ки камина гуфта будам: “Ба камол расидан, ҳадафи худи бандагон аст, на ҳадафи Худо”. Ва ба таъбири фалосифа, ҳадаф аз камол, “ҳадафи феълӣ” аст, на “ҳадафи фоилӣ”, ки суду фоидааш ба Худо баргардад.
    Худо вуҷуди комили алал-итлоқ аст, ва ниёзе ба “ба камол расидани бандагон” надорад, балки ин бандагонанд, ки хоҳони ба камо расидан мебошанд.
    Аслан, дар мавриди Худо, ҳадаф гузоштан маъно надорад.
    Сониян, ин ки мегўед: ///Акнун Худое, ки ҚОДИРУ ТАВОНО ва БЕНАЗИР аст, ин қадар оҷиз аст, ки инсонро меофарад, вале фаромуш мекунад уро комил офарад, ва баъдан ин иштибоҳашро пай мебарад ва мехоҳад ки ислоҳ кунад аммо наметавонад ба осонӣ ин корро кунад ва ниёзманди фитрате солим аст///.
    Тарҳи ҳамон шубҳаи кўдаконаи қаблии шумост, ки Худо инсонҳоро як навохт, ба гунае ки дигар ҳаракат ба сўи камол надошта, балки аз ибтидо комил офарида шуда бошанд, аст.
    Посухи онро бароятон дода будам, ки агар Худо мехост, инсонҳоро мисли фариштагон комил меофарид. Аммо иродаи илоҳӣ чунин аст, ки инсонҳо, худ бо талош ба камол бирасанд, ки маъно дорад ва лаззат дорад. Ва аслан, ҳамин нукта аст, ки Худо инсонро – на фариштагонро – ҷонишини худ дар рўи замин қарор дода.
    Оё арзиш он ҷост, ки инсон, аз оғоз комил бошад, ё он ҷост, ки худ бо талоши хештан ба камол бирасад.
    Комёб бошед.

  64. Фаромарз,
    Масъалаи дигар он ки аз ин ки мегўед: ///Бурҳони сиддиқини Ибни Сино, ки овардӣ ва гӯё вуҷуди Худо ва паямбариро собит мекунад, куҷо хондӣ ки ин бурҳон воқеъияти илмӣ дорад?///
    Рўшан аст, ки шумо ҳатто бо ҳарфи “с”-и ин бурҳон ошно нестед, ва аслан тасаввуре аз он дар зеҳн надоред, то навбат ба он расад, ки онро инкор ё мавриди тардид қарор бидиҳед.
    Чаро ки “бурҳони сиддиқин”-и Бўалӣ (р) фақат роҷеъ ба исботи вуҷуди Худо ва ин ки Ў дорои сифоти камол аст, сухан мегўяд, ва ин бурҳон нозир ба исботи нубувват ва паёмбарӣ нест. Бўалӣ (р) исботи нубувватро дар баҳси “Зарурати ҷомеа ба қонун” матраҳ кардааст.
    Аз ин рў, қабл аз доварӣ, беҳтар аст нигоҳе ба он баҳсҳо андозед, то бидонед аслан “бурҳони сиддиқин” чӣ мегўяд.
    Сониян, ин бурҳон, ки тавассути Бўалӣ (р) нахустин бор дар арсаи илми фалсафа матраҳ шудааст (зеро то он замон, такягоҳи фалосифа дар исботи вуҷуди офаридгор, фақат “бурҳони имкон” ва низ “бурҳони ҳаракат”-и Арасту буд), Бўалӣ (р) дар истидлоли хеш бо ин бурҳон, ҷуз бар бадеҳиёти ақлӣ, ки ҳар инсоне заруратан онро меёбад, такя накардааст. Ва ба таъбири фалосифа, мабодии ин бурҳонро, ҷуз мабдаи “истиҳолаи иҷтимои нақизайн” ташкил намедиҳад.
    Аз ин рў, онро марбут ба қарни 10 донистан, ва дар натиҷа кўҳна ангоштан, басони он аст, ки масалан касе бигўяд: Ман “маҳол будани иҷтимои нақизайн”-ро қабул надорам, чун инро Суқрот, ки қабл аз мелод мезист, дар баробари суфастоиён матраҳ карда буд, ва инак ки ҳазорон сол аз он мегузарад, кўҳна шуда аст.
    Солисан, намедонам баҳси занбўри асалро ин ҷо чаро матраҳ кардед? Ин баҳс чӣ рабте ба “бурҳони сиддиқин” дорад? Камина баҳси занбўри асалро, зимни баёни “бурҳони ҳидоят” бар вуҷуди Худо матраҳ карда будам, ва аз ҳама муҳим, ин бурҳон ба Сино (р) марбут нест.
    Ҳоло, гузашта аз ҳамаи ин, шумо ки пурмуддаоед, лутфан ботил будани “бурҳони сиддиқин”-ро боре дигар гўшзад кунед, ки бубинем далели шумо бар бутлони он чист?
    Албатта, ибтидо асли бурҳонро тарҳ, ва сипас бо далелҳои ақлӣ, ботил будани онро собит кунед, баъд бубинем чӣ мешавад?

  65. Али менависад:

    «Аблахтарин одам дар асри 21 мардумро ба парастиши оини Зардушт даъват мекунад. Зеро ин амалест имконнопазир. 1400 сол боз ислом дар магз андар магзи тоик чой шудааст. Худо тавфик ба хар яки мову шумо дихад.»

    Чи касе аблахтар аз он ки мардумро ба пайравй аз ойинхои роич дар 1400 сол пеш кунад? Мухаммад моли карни 21 нест. Ойини у бар хилофи ойини Зартушт руи санг хаккок шудааст ва онро наметавон хатто заррае тагйир дод. Аз ин чост, ки кишвархои исломй дар нихояти бадбахтй ва балохату хамокат ба сар мебаранд. Рох дар чахон якест ва он рохи ростист. Ростй хам ин аст, ки тилисми сукут дар баробари исломи чинояткор шикаста шавад ва ин ойини ахриманй, ки занро инсон намедонад ва донишро барои инсон зиёнбор медонад, ба сахрои худаш баргардад ва даст аз сари мардуми озода бардорад. Ислом марг аст ва Хирад рохи рахоист.

  66. Сайидюнус менависад:

    «Агар Худо мехост, инсонҳоро мисли фариштагон комил меофарид. Аммо иродаи илоҳӣ чунин аст, ки инсонҳо, худ бо талош ба камол бирасанд, ки маъно дорад ва лаззат дорад. Ва аслан, ҳамин нукта аст, ки Худо инсонро – на фариштагонро – ҷонишини худ дар рўи замин қарор дода.»

    Кадом лаззат? Барои чй? Барои кй? Чаро фариштагон мустахакки ин лаззат набуданд? Ман мутмаиннам, ки дар шуъури номакшуфи маймунхову хархову махлукоти дигар хамин хисси ашрафи махлукот будан ба гунае вучуд дорад. Тасаввури ин ки Худо тамоми дунёро барои мову шумо халк кардааст, дар чахони имрузй

  67. Сайидюнус менависад:

    “Агар Худо мехост, инсонҳоро мисли фариштагон комил меофарид. Аммо иродаи илоҳӣ чунин аст, ки инсонҳо, худ бо талош ба камол бирасанд, ки маъно дорад ва лаззат дорад. Ва аслан, ҳамин нукта аст, ки Худо инсонро – на фариштагонро – ҷонишини худ дар рўи замин қарор дода.”

    Кадом лаззат? Барои чй? Барои кй? Чаро фариштагон мустахакки ин лаззат набуданд? Ман мутмаиннам, ки дар шуъури номакшуфи маймунхову хархову махлукоти дигар хамин хисси ашрафи махлукот будан ба гунае вучуд дорад. Тасаввури ин ки Худо тамоми дунёро барои мову шумо халк кардааст, дар чахони имрузй хандаовар аст ва чи басо, ки гиряовар. Офаридахои Худо танхо Сайидюнусу Мухаммаду чор-панч яхудию араби дигар нестанд. Он басе фаротар аз курраи Замин меравад ва шомили кайхоне мешавад, ки дар акли кучаки шумо намегунчад. Чаро бояд фикр кунед, ки хама чиз барои шумо офарида шуда, барои осудагии хотири шумо? Аслан шумо кй хастед, ки Худоро дар хидмати худ бигуморед? Шумо ва мо кучактарин зарраи як укёнус хам нестем. Худбузургбинии курбоваронаи шумо бехтарин далели хибти ислом ва дигар динхои сомй аст.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  68. Табар,
    Зоҳиран шумо, ки ҳанўз дар колбади инсонӣ ҳастед ва таҷрубаи доштани “шуури номакшуфи маймунҳову харҳову махлуқоти дигар”-ро накардаед, аз куҷо бо ин итминони комил мегўед, ки ин мавҷудот, “ҳисси ашрафи махлуқот будан”-ро доранд?
    Сониян, худ бузург дидан, дар ин нест, ки инсоне бандагии хеш дар баробари офаридгори ин ҳама коиноти бепоён ва ба андозае бузург, ки ҳатто дар ақли ў намегунҷад, эътироф карда, ва мутавозеона бо эътироф ба аҷзу нотавонии худ дар баробари ин офаридгор, сар ниҳад.
    Балки худ бузург дидану такаббуру лаҷоҷату ҷаҳолат, дар он аст, ки инсоне – бо ин ки ҳанўз ношинохтаҳояш беш аз шинохтаҳояш мебошад – фикр кунад, ў “ҳама чиз медонад”. Ў, чун ақлаш натавониста ҳанўз офаридгорашро биёбад, Ўро инкор кунад, ва балки исрор бар инкор намояд. Ҳатто эҳтимол надиҳад, ки шояд иштибоҳ мекунад.
    Солисан, шумо ва он дўстатон Фаромарз, ки пурмуддаойед, беш аз ду моҳ аст, ки ба як пурсиши камина, перомуни “бурҳони сиддиқин”-и Бўалӣ Сино (р), ки дар исботи вуҷуди Худо ва камоли сифотро доштани Ўст, посухе рўшан надодаед.
    Чун посухи тамоми муддаоҳои пучи Фаромарз, мубтанӣ бар рўшан шудани ин масъала дорад (яъне масъалаи он ки Худо ҳаст, ё нест? Агар буд, бо инсонҳо дар иртибот ҳаст ё нест?), аз ин рў, хоҳиш мешавад, бутлони ин бурҳонро барои мо собит кунед.
    Комёб бошед.

  69. Сайидюнус дар посух ба навиштаи ман менависад:

    //////Чӣ касе гуфтааст, ки ба камол расидани бандагон, ҳадафи Худост?
    Агар пештар хонда будед, медонистед, ки камина гуфта будам: “Ба камол расидан, ҳадафи худи бандагон аст, на ҳадафи Худо”. Ва ба таъбири фалосифа, ҳадаф аз камол, “ҳадафи феълӣ” аст, на “ҳадафи фоилӣ”, ки суду фоидааш ба Худо баргардад./////

    Ҳоло, ки ҳарфи худашро такзиб мекунад, бубинед, пештар чи навишта буд:

    /////Сайидюнуси Истаравшанӣ, on April 1st, 2009 at 8:02 pm Said:
    Посух ба Фаромарз (2)
    Мегўянд: Худо, чун зоти комил аст, ҳадаф аз ҳар коре ки мекунад, ва ё аз ҳар дархосте ки анҷоми онро аз бандагон мехоҳад, чунин нест, ки ба худаш баргардад, балки ҳадафи Ў, камоли бандагон аст. /////

    Ҷумлаи «Ҳадафи Ӯ камоли бандагон аст» чи маънӣ дорад? Акнун бар хилофи ин навиштҳо дубора менависад:

    /////Худо вуҷуди комили алал-итлоқ аст, ва ниёзе ба “ба камол расидани бандагон” надорад, балки ин бандагонанд, ки хоҳони ба камо расидан мебошанд. Аслан, дар мавриди Худо, ҳадаф гузоштан маъно надорад.//////

    Аслан баҳс дар мавриди ҳадаф аз офариниш оғоз шуда буд, ки Сайидюнус он гоҳ чунин навишт:

    ///////Мегўянд: Ҳадафи Худо аз офариниш, хусусан инсон, чист?
    Дар посух мегўянд: Нахуст бояд донист, ки ҳар инсоне, агар коре мекунад, ба хотири ҳадафест, ки аз он кор дар назар дорад. Мехоҳад ба он ҳадаф бирасад. Инсон бо расидан ба ҳадаф, худро комилшуда мебинад. Масалан, агар илм меомўзад, бе ҳадаф нест. Инсон бо омўхтани дониш, камол пайдо мекунад. Яъне ў, пеш аз омўхтан, вуҷуде буд ноқис, аммо баъд аз фарогирии дониш, вуҷудаш комилтар мегардад.///////

    Ҳоло маълум шуд, ки худи вай аз оғоз ҳама чизро дарҳам омехта ва чун дид, ки мантиқаш ба ҷое нарасаид, акнун аз гуфтаҳои худ сарфи назар мекунад. Вале барои чи?

  70. Сайидюнус менависад:

    /////Аслан, дар мавриди Худо, ҳадаф гузоштан маъно надорад.////

    Ҳамин сухан тамомии бунёди дин, бавижа исломро ботил мекунад, зеро Худо ҳеч ҳадафе надошта ва офариниш беҳадаф аст ва дину паямбарӣ ва ин ҳама хурофоти дигар низ чуз хурофот нест, бахусус ин ки ҳама ҷо дар дин аз «ХОСТИ ХУДО» сухан мгуянд.

    Агар Худо чизе мехоҳад пас бояд ҳадафе дошта бошад, чун хостан ба маънии талоши расидан ба ҳадафест, ва дар сурате ки Худо ҳадафе надошта бошад, пас тамомии иддаъоҳои дин ботил аст, чун барои ҳар коре ҳадафе қоил аст, масалан ҳадаф аз фиристодани паямбарон, ҳадаф аз дузаху биҳишт ва ҳадаф аз китоби осмонӣ ва ғайра.

    Дар сурате, ки ҳамаи инҳо беҳадаф анчом шуда бошад, пас пайравии инсон азонҳо низ беҳадафаст ва маънӣ надорад ва ботил аст.

  71. Фаромарз,
    Ба гуфтаи ҳаким, агар касе чизе “надонад”, ва бидонад, ки “надонад”, метавонад ба мақсад бирасад, чун ба “надонистан”-и хеш мўътариф аст. Аммо мусибат гиребонгири касе аст, ки “надонад”, ва надонад, ки “надонад”. Чаро? Чун фикр мекунад медонад:
    Он кас ки надонад ва бидонад ки надонад
    Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад
    Он кас ки надонад ва надонад ки надонад
    Дар ҷаҳли мураккаб абадуд-даҳр бимонад
    Барои ин ки дар номаи ахири худ, рўшан сохтед, ки аз он навистаҳо “чизе” нафаҳмидаед, камина боре дигар айни он навистаро меорам, то бубинед шумо куҷоед?
    Фалосифа (ба вижа фалосифаи исломӣ) баъд аз исботи вуҷуди Худо ба воситаи далоил ва бароҳини мутқани ақлӣ (ки дар гузашта ба порае аз онҳо ишора карда будам мисли “бурҳони сиддиқин”-и Бўалӣ (р), “бурҳони назму ҳидоят”), ва низ баъд аз исботи ин матлаб, ки Худо зоти комил аст, ва ҷамии камолотро, ба гунаи бениҳоят, дорост, ва ин ки яке аз камолоти Ў, илми бепоёни Ўст, ва лозимаи ин илми бепоён, вуҷуди офариниши мумкинот (аз инсону ҳайвону наботу ҷамоду хулоса кулли олами имкон) аст, суолеро матраҳ карда, сипас ба воситаи далелҳои ақлӣ, ба он посух мегардонанд.
    Мегўянд: Ҳадафи Худо аз офариниш, хусусан инсон, чист?
    Дар посух мегўянд: Нахуст бояд донист, ки ҳар инсоне, агар коре мекунад, ба хотири ҳадафест, ки аз он кор дар назар дорад. Мехоҳад ба он ҳадаф бирасад. Инсон бо расидан ба ҳадаф, худро комилшуда мебинад. Масалан, агар илм меомўзад, бе ҳадаф нест. Инсон бо омўхтани дониш, камол пайдо мекунад. Яъне ў, пеш аз омўхтан, вуҷуде буд ноқис, аммо баъд аз фарогирии дониш, вуҷудаш комилтар мегардад.
    Сипас мегўянд: Агар чунин бошад, ки мо ҳеҷ кореро бе ҳадаф анҷом намедиҳем, ва бо расидан ба ҳадаф комил мегардем, ва ба иборати дигар, ба расидани ҳадаф ниёз дорем, маънояш ин аст, ки фақат мавҷуди ноқис метавонад кори ҳадафманд анҷом диҳад, зеро ў, бо расидан ба ҳадаф, мехоҳад нақси хешро бартараф созад. Аммо Худо, ки вуҷуди комил аст ва ҳеҷ нақсу камбуде дар Ў нест, чаро мо ва куллан олами мумкинро офарида? Оё бо офариниши ҳастӣ, мехоҳад ба камоле, ки надорад бирасад? Ин ки бо “худоии Худо” носозгар аст.
    Дар посух мегўянд: Агар мавҷуд, мавҷуде ноқис бошад, ҳадафи ў аз кораш, ба худаш бармегардад. Яъне ин ўст, ки бо расидан ба ҳадаф, камоле меёбад, ки қаблан надошт. Фалосифа номи иннро “ҳадафи фоилӣ” меноманд.
    Аммо ҳамеша чунин ҳам нест, ки ҳадафи фоил (анҷомдиҳандаи кор) аз кор, фақат ба худаш баргардад. Гоҳе мавҷуд худ дар он ҷиҳат, ки анҷом медиҳад, комил аст ва ҳадафе барои камоли худаш намехоҳад, балки ҳадаф, ин камоли феъл аст, на худи фоил.
    Масалан (албатта мисоли расое нест, фақат барои наздик кардан ба зеҳн меоварам), агар муаллим ба шогирдон дарс меомўзад, масалан матолиби физикро барои онҳо тавзеҳ медиҳад, ҳадафи ў ин нест, ки чизе бар дониши вай афзуда гардад, балки ҳадаф, камоли шогирдон аст.
    Мегўянд: Худо, чун зоти комил аст, ҳадаф аз ҳар коре ки мекунад, ва ё аз ҳар дархосте ки анҷоми онро аз бандагон мехоҳад, чунин нест, ки ба худаш баргардад, балки ҳадафи Ў, камоли бандагон аст. Чунин нест, ки Худо масалан аз анҷоми намозу рўзаю ҳаҷҷу закоту ин қабил корҳое ки аз бандагон хоста ва эшон онҳоро ба амал меоваранд, ҳадафе барои хеш бихоҳад. Балки ҳадаф, ин ба камол расидани бандагон аст.
    Фалосифа номи чунин ҳадаферо, “ҳадафи феълӣ” меноманд.
    Пас, аз дидгоҳи фалсафӣ, ҳадафи Худо аз офариниш ва низ аъмоле ки анҷоми онҳоро аз бандагонаш мехоҳад, ин набудааст, ки бо анҷоми он аъмол тавассути бандагон, Худо фоида ва суде бурда бошад, балки суду фоидаи он корҳо, ба гуфтаи фалосифа, ба худи бандагон бармегардад. Ва гуфтем, ки фалосифа, он суду фоидаҳоро, камол барои бандагон медонанд.
    Дар ин ки инсон мавҷудест камолҷў ва бо расидан ба камол, лаззат мебарад ва вусул ба камолро саодат медонад, ҳеҷ касе ихтилоф надорад. Диндору бедин инро қабул доранд. Балки агар ихтилофе миёни онҳо тасаввур шавад, ихтилоф дар ташхису таъйини камол аст, ки чӣ чизе барои инсон камол аст, ва чӣ чизе барои ў камол маҳсуб намегардад?
    Фалосифаи исломӣ бар онанд, ки чун инсон мавҷудест мураккаб аз руҳу ҷасад, на ҷасади танҳо, ва ин руҳ аст, ки асолат дорад, на ҷасад, (Албатта асолат дар ин ҷо ба он маъное, ки бархе аз идеалистҳои ғарбӣ мегўянд нест. Тасаввури фалосифаи исломӣ аз асолат, аслан чизе дигар аст, ки бояд дар ҷои худаш ба он пардохт), аз ин рў, камоли матлуб барои инсон, ин камоли руҳи ўст, на камоли ҷасади ў. Камоли ҷасад ҷуз дар хўрдану хобидану алоқаи ҷинсиву ин қабил чизҳо мутасаввар нест. Агар ҳам ҷое камоли ҷасад матлуб бошад, он низ ба хотири кўмак ба камоли руҳи ўст.
    Ҳоло, фалосифаи исломӣ, дар ин ҷиҳат иттифоқи назар доранд, ки камоли ниҳоии руҳи инсон; яъне он қуллаи авҷе ки руҳ бо расидан ба он, оромиш пайдо мекунад ва ба лаззати абадӣ ва поённопазир даст меёбад, ин тақарруб ва наздикӣ ба зоти илоҳист. Албатта на тақарруб ва наздикии ҷасадӣ, балки тақарруби маънавӣ ва руҳӣ.
    Фалосифаи исломӣ, ва албатта бештар аз онҳо, урафои исломӣ, роҳи вусул ва расидан ба мақоми тақарруби илоҳиро, ишқ медонанд, ва мўътақиданд, ки ҳатто ишқҳои маҷозӣ (мисли ишқи Лайливу Маҷнун масалан ё Фарҳоду Ширин), сарчашма дар ишқи ҳақиқӣ, ки руҳи одамӣ ба ҷамолу камолу парвардигор дорад, бармегардад.
    Сипас, ишқварзиро танҳо дар анҷоми он чи Маъшуқ аз Ошиқ мехоҳад медонанд. Яъне агар Ошиқ, корҳое ки Маъшуқ аз ў мехоҳад, мухлисона анҷом бидиҳад, саранҷом ноил ба мақоми тақаррубу наздикии Маъшуқ хоҳад гардид.
    Комёб бошед.

  72. Бародар Фаромарз
    Ту сухани Домулло Истаравшаниро дуруст нафахмида истодаи. Бинобар ин ман онро кутохтар ва ба шакли мантики, хамон тавре ки дар суханони Абуали ибни Сино дар Ишорот дида мешавад, ташрех мекунам.
    1. Хадаф ки дар истилохи фалсафа ба он гоят мегуянд, ду хел тасаввур мешавад: гояти фоили, гояти феъли.
    2. Худо гояти фоили дошта наметавонад, зеро мутлако комил аст. Аз ин назар, мо мегуем: Худо гоят (хадаф) надорад.
    3. Нисбати инсонхо гояти феъли тасаввур надорад, зеро хамаи корхояшон гояти фоили дорад.
    4. Худо аз хастиро ба вучуд овардан, хадаф (гояти фоили) надорад.
    5. Худо хамаи хастиро /на факат инсонхоро/ ба ин хотир халк намудааст ки хамаи онхо /на факат инсон/ ба камоле ки шоистаи он хастанд расанд.
    6. Хамаи махлукоти дар замин буда ба гайр аз инсон, ба воситаи гаризаи табии ки дар онхо вучуд дорад ба тарафи камоли худашон харакат мекунанд.
    7. Инсон мебояд ба воситаи ирода ба тарафи камолаш равона шавад. Бинобар ин инсон ба камол метавонад нарасад.
    Чаноби Истаравшани
    Ба назари ман Абуали ибни Сино ки мегуяд /Худо гоят надорад/ ва /Дар бораи Худо гоят донистан маъни надорад/, ба назари ман максадаш /Худо гояти фоили надорад/ мебошад. Бинобар ин шумо ки ба таври мутлако гуфтед /Аслан, дар мавриди Худо, ҳадаф гузоштан маъно надорад/, шояд дуруст набошад. Бинобар ин агар мегуфтед /Аслан дар мавриди Худо ХАДАФИ ФОИЛИ гузоштан маъно надорад/ бехтар ва фахмотар буд.
    Саломат бошед.
    Равшан Камолов, номзади илми фалсафа

  73. Сайидюнус,

    Бурҳони сиддиқини Ибни Сино, ки тибқи он он гӯё исботи Худо ба зоти худи ӯ бармегардад аз ишколоте барӣ нест ва ишколоти онро худи ҳамон фалосифаи исломӣ, масалан мулло Садро ва дигарон башумурдаанд ва ҳарчанд ин бурҳонро пазируфтаанд вале онро такмилу тағйир кардаанд, то дидгоҳҳои худро бар хилофи Ибни Сино собит кунанд.

    Дуруст монанди «воҷиб-ул-вуҷуд» ва «иллат-ул-ъилал» бурҳони сидиқини Ибни Сино талош мекунад вуҷуди Худоро на бар мабнои офаридаҳои он, балки бар мабнои зоти худи ӯ исбот кунад.

    Масалан, мегуяд ки ҳар вуҷуде ё воҷиб аст ё мумкин. Ҳар вуҷуди мумкине имкон дорад ва ба ғайри худ вобаста аст, вале вуҷуди воҷиб ба ғайри худ вобаста нест. Ва чун ба ғайри худ вобаста нест, пас вуҷуди он воҷиб аст.

    Ҳамин тур ҳар вуҷуде иллате дорад ва азбаски тасалсули илал ғайримаъқул аст, иддаъо мекунад, ки пас иллат-ул-илале вуҷуд дорад, ки ҳамаи иллатҳо аз он маншаъ мегирад.

    Дар ҳоле ки бисёре андешамандон ва ҳатто адён махлуқотро шоҳид ва далеле барои исботи холиқ медонанд, Сино фаротар меравад ва мекӯшад вуҷуди холиқро на бар мабнои махлуқот, балки бар мабнои худи ҳамон холиқ собит кунад.

    Вале Мулло Садро эрод мегирад, ва мегуяд, ки дар ҳар сурат Сино ба василаи мумкиналвуҷуд аст, ки воҷибулвуҷудро мехоҳад собит кунад ва худи ӯ аз мафҳуми ҳақиқати вуҷуд истифода мекунад то аз ин роҳ вуҷуди худоро собит кунад.

    Аммо дар ҳар сурат ин бурҳон чи ҳамоне ки Сино мегуяд ва чи он дигаре ки Садро ва дигарон мегуянд, худ ишколоте дорад.

    Муҳиммтарин ишколи ин он аст, ки ин бурҳон қотеъ нест ва имкон дорад, ки дуруст бошад ё набошад. Имкони дурустӣ ва нодурустии он 50 ба 50 аст ва ба ҳамин далел мо боз ҳам аз баҳси «аввал мурғ аст ё тухм» фаротар нарафтаем.

    Зеро боз ҳам, Сино агарчи иддаъо мекунад, ки вуҷуди Худоро ба зоти худи он бояд собит кард, вале касе то имрӯз ба Худо ё зоти он дастрасӣ наёфта ва касе намедонад он чист ва чигуна аст. Сино ҳам бо тасаввури мумкин-ал-вуҷуд аст, ки ба воҷибулвуҷуд мерасад, ва он чизе, ки мегуяд воҷибул-вуҷуд, ҳамон чизе аст, ки ғайр аз мумкин-ал-вуҷуд бошад.

    Мумкин-ал-вуҷуд ҳар вуҷуд ё мавҷудест, ки дар давру бари мо аст ва вуҷуди он мумкин маҳсуб мешавад. Вале ҳеҷ далеле барои воҷиб-ал-вуҷуде дар даст нест ва танҳо ҳамин мумкин-ал-вуҷудҳо аст, ки мо мегуем, вуҷуде низ бояд бошад, ки ғайр аз ин бошад ва ба ин вуҷуд ё ҳеч вуҷуде вобаста набошад. Масалан мо рушаниро мебинем ва мегуем ончи ғайри рӯшанист, торикӣ ё соя аст, вале касе то кунун табиъат ва сиришти сояро натавонистааст бисанҷад ва бигуяд, ки он чист.

    Дигар, ин ки ин назария дар бораи ҳастист ва воҷиб-ул-вуҷуд ҳастии мутлақ маҳсуб мешавад. Дар сурате, ки чунин бошад, мумкиналвуҷуд аз воҷибулвуҷуд чудо нест, балки аҷзои хамон аст. Яъне вочибулвуҷуд ҳастӣ ё ҷаҳон ба маънии куллист, ки маҷмуъи мумкиналвуҷудҳост ва халлоқе хориҷ аз худ надорад.

    Дар ин сурат, ин назария вуҷуди чизе ба номи Худоро зери суол мебарад. Бавижа Худо аз дидгоҳи исломро, ки гӯё холиқи ҳастӣ маҳсуб мешавад, на худи ҳастӣ, зеро як мусалмон наметавонад бигуяд, ки ҳастӣ (ё воҷибулвуҷуд) худост.

    Назарияи Сино то ҳадде ба дидгоҳҳои зартуштӣ шабеҳ аст ва масалан худи ҳамин мафҳуми Вочибалвуҷуд бо мафҳуми Аҳуро (Маздо), ки ба маънии ҳастӣ ё ҳастибахш аст, созгор аст, вале аз миёни номҳои Аллоҳ ҳеч кадоме далолат ба ҳастӣ ё вуҷуд намекунад (то ҷое, ки ман медонам).

    Мафҳуми «Иллатулилал» низ, бо асмоалҳснои Аллоҳ созгорӣ надорад, дар ҳоле, ки дар миёни номҳои Аҳура Маздо басароҳат дида мешавад:

    Аху – яъне ҳаст, буванда
    Бунастӣ – яъне «бунҳастӣ» ё оғози ҳастӣ
    Ачем – яъне бечем ё бесабаб, беиллат, яъне воҷиб-улвуҷуд
    Чамоно – яъне чеми чемҳо, ё сабаби ҳамаи сабабҳо, иллати иллатҳо ё иллатулилал
    Абада – беоғоз ё қадим
    Абианҷом – беохир ё ҷовид
    Азамон – яъне безамон, фаротар аз замон

    Инҳо нишон медиҳад, ки Сино то чи ҳадд аз фарҳанг ва боварҳои тоисломӣ илҳом гирифта буд.

    Аз инҳо, ки бигзарем, агар ба фалсафаи воҷибулвуҷуд бовар кунем, пас назарияи тавҳид ё ваҳдонияти худо, онгуна ки дар ислом бар он таъкид мешавад, низ зери суол меравад, зеро ягонагӣ ё дугонагӣ хосси мумкиналвуҷуд аст. Ин мумкиналвуҷуд аст, ки қобили шумор аст ва воҷибалвуҷуд дар шумор намегунҷад, чун дар шумор нагунҷад, пас он на воҳид аст ва на касир.

  74. Посух ба Фаромарз (1)
    Боз ҳувайдо кардед, ки чизе аз “бурҳони сиддиқин”-и Бўалӣ (р)-ро нафаҳмидаед. Ҳарчанд пештар – дар номанигориҳои пешин – дар бораи ин бурҳон ба тафсил сухан ба миён оварда будам, вале маълум мешавад шумо дар фаҳми он диққати лозим ба харҷ надодаед. Агар диққат мекардед, ҳаргиз намегуфтед, ки:
    ///Бурҳони сиддиқини Ибни Сино, ки тибқи он он гӯё исботи Худо ба зоти худи ӯ бармегардад…///
    ///Дуруст монанди “воҷиб-ул-вуҷуд” ва “иллат-ул-ъилал”, бурҳони сидиқини Ибни Сино талош мекунад вуҷуди Худоро на бар мабнои офаридаҳои он, балки бар мабнои зоти худи ӯ исбот кунад///
    ///Сино фаротар меравад ва мекӯшад вуҷуди холиқро на бар мабнои махлуқот, балки бар мабнои худи ҳамон холиқ собит кунад///
    ///Вале (Садро ва дигарон) онро такмилу тағйир кардаанд, то дидгоҳҳои худро бар хилофи Ибни Сино собит кунанд…///
    Чаро ки:
    1. Ҳаргиз чунин нест, ки Бўалӣ (р) дар ин бурҳон, вуҷуди Худоро, аз тариқи зоти худи Ў исбот карда бошад;
    2. Дуруст аст, ки Садро онро такмилу тағйир додааст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи онро собит накардааст.
    Барои беҳтару некўтар фаҳмидани ин бурҳон, боре дигар, ҳам асли тақрири ин бурҳон тавассути Бўалӣ (р), ва низ тақрири Мулло Садро (р) аз онро ёдовар мешавам:
    Идома дар номаи баъдӣ

  75. Посух ба Фаромарз (2)
    Қабл аз ҳар чиз бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ дошта бошем, ки муҳимтарин чизе ки такягоҳи Бўалӣ (р) дар ин бурҳон қарор гирифта аст, ин асли “воқеияти вуҷуд” аст, на “воқеияти вуҷуди Худо”. Фарқ аст байни қабули асли “воқеияти вуҷуд” ва асли пазириши “воқеияти вуҷуди Худо”. Зеро аввалӣ, мавриди қабули тамоми инсонҳои воқеъбин буда ва танҳо суфастоиён ҳастанд, ки дар он тардид раво дидаанд, вале дуюмӣ, мавриди қабули худонобоварон нест.
    Ҳар касе, асли “вуҷуд воқеият дорад”-ро қабул карда бошад, чорае аз қабули ин бурҳон надорад.
    Ва аммо асли тарҳи ин бурҳон тавассути Сино (р) (тарҷума аз арабӣ):
    “Мавҷуд ё воҷибул-вуҷуд аст ва ё мумкинул-вуҷуд. Агар воҷибул-вуҷуд аст, матлуби мо (ки исботи офаридгор аст) собит мешавад, ва агар мумкинул-вуҷуд аст, вуҷуди мумкин барои мавҷуд шудан эҳтиёҷ ба чизе дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст. Ҳол, агар ин чиз худ мумкинул-вуҷуд бошад, ду бора худ эҳтиёҷ ба чизе дигар дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст ва ҳамин тавр то бениҳоят идома дорад. Ва чун давру тасалсул ботил аст, бояд ба чизе бирасем, ки дигар мумкинул-вуҷуд набошад, балки воҷибул-вуҷуд бошад, ва ин воҷибул-вуҷуд ҳамон Худост”. (Ишорот ва танбеҳот, с. 66)
    Ва аммо тавзеҳи ин тақрир:
    1. Бар хилофи пиндори суфастоиён, асли ҳастӣ қобили инкор набуда ва дар ҷаҳони хориҷ аз андешаи мо, ҳастӣ, воқеияти ғайри қобили инкор аст;
    2. Мавҷуд – аз он назар ки мавҷуд аст -, ё воҷиб аст ё мумкин, қисми сеюме надорад;
    3. Ҳар мумкинул-вуҷуде, дар вуҷуди худ ниёзманди иллате аст, ки онро падид оварда;
    4. Мумкинул-вуҷуд, илова бар ин ки дар пайдоиши худ, мўҳтоҷ ба иллат аст, дар бақо низ ниёзманди иллат аст;
    5. Чун давру тасалсул дар силсилаи иллатҳо маҳол аст, силсилаи мумкинот бояд ба воҷибул-вуҷуд мунтаҳӣ шаванд.
    Натиҷа: Ҳар силсилае бил-охира ба воҷибул-вуҷуд мунтаҳӣ мегардад.
    Агар инсони дурандеш дар ин бурҳон диққат кунад, некў мефаҳмад, ки ҳар касе агар ба воқеияти ҳастӣ бовар дошта бошад (яъне бипазирад, ки дар хориҷ аз андешаи мо, ҳастӣ воқеият дорад ва он, пуч нест), он гоҳ ночор бояд бипазирад, ки мавҷудоти ин ҳастӣ, ё вуҷудашон аз худашон аст, ё аз ҷое дигар.
    Аммо медонем, ки мавҷудоте ки мешиносем, ҳама мавҷудоти мумкин ҳастанд, яъне вуҷудашон аз худашон нест. Пас, ночор ин вуҷудро аз ҷое дигар гирифтаанд.
    Агар касе (мисли пантеистҳо) бигўяд: чаро напазирем, ки ҳар чи ҳаст, ҳамин мавҷудот аст, ва асли онҳо, воҷибул-вуҷуд аст (яъне вуҷудашон оғозу поён надорад), посух он аст, ки ин мавҷудот, ҳар чи бошанд, мумкин ҳастанд, яъне қонуни ҷорӣ дар бораи онҳо, ҳамон қонуни модда аст, ки ҳамвора дар ҳаракату такопў ҳастанд. Ва ҳар чи дар ҳаракату такопў бошад, наметавонад вуҷудаш аз худаш бошад, ва ин барои ҳар андешманде рўшан аст ва ниёз ба далел надорад.
    Пас, ночор ақлу хирад қабул мекунад, ки дар ин васат, вуҷуде ҳаст, ки вуҷуд ва ҳастии ў воҷиб аст яъне заруратан онро дорост, ва касе онро ба ў набахшида, ва ин ўст, ки бар бақияи мавҷудот ҳастӣ бахшида.
    Пас, ин бурҳон аз тариқи тааммул дар худи воқеияти ҳастӣ аст, ки зоти Худоро исбот мекунад, на аз тариқи зоти Худо ҳамон тавре ки бархе ноогоҳон мепиндоранд.
    Ва аммо Мулло Садро, тақрире дигар аз ин бурҳон дорад, на ин ки онро ботил дониста бошад, ки дар номаи баъдӣ ба он ишора хоҳем намуд.

  76. Посух ба Фаромарз (3)
    “Бурҳони сиддиқин” бар асоси тақрири Мулло Садро, бар муқаддимоте уствор аст, ки бояд онҳоро ёдовар шуд:
    1. Он чи дар хориҷ воқеият дорад, ин “вуҷуд” аст, ва моҳиятҳо (инсон, ҳайвон, дарахт, санг ва ғайра) агар вуҷуд доранд, ба баракати вуҷуд аст, ва худ асолате надоранд. (Асолати вуҷуд);
    2. Ҳақиқати “вуҷуд” – дар муқобили мафҳуми он – ҳақиқати воҳиде аст, ки дорои дараҷаҳо ва мартабаҳои мутафовит аст, ва ҳаргиз дар хориҷ, “касрат” надорем. (Асли ваҳдати вуҷуди ташкикӣ);
    Ҳоло, асли тақрири Мулло Садро (р) (тарҷума аз арабӣ):
    “Ҳамон тавр ки рўшан аст, вуҷуд ҳақиқате аст айнӣ ва ғайри қобили инкор. Вуҷуд воҳид ва басит аст ва ҳеҷ таркибе дар он мутасаввар нест. Тафовути мавҷудот, ё ба камолу нақсу шиддату заъф дар мартабаҳои он аст, ва ё ба хотири умуре зоид бар ҳақиқати вуҷуд монанди ихтилофе ки дар байни афроди навъ. Ниҳояти камоли ин маротиб ки дигар аз он болотар ва комилтар нест, он мартабае аст, ки вобаста ба ғайр набуда ва аз он комилтар қобили тасаввур набошад…” (Асфор, ҷ 8 с 14-15).
    Фарқ байни тақрири Сино (р) ва Мулло Садро (р) ин аст, ки Мулло Садро мўътақид аст, дар тақрири Сино, чанд масъаларо бояд аввал мабно қарор диҳем (мисли иллият, бутлони давру тасалсул), аммо бар асоси тақрири Садро, ҳатто ба восита қарор додани ин мусалламот низ ниёз нест, балки танҳо таваҷҷўҳ ба худи ҳастӣ кофӣ аст, ки мо пай ба вуҷуди Худо бубарем.
    Ва аммо ин ки исми “воҷибул-вуҷуд” дар миёни асмои илоҳӣ нест, ишколи хандадоре аст.
    Фаромарз, мушкили мо бо шумо дар лафз нест, ки бигўем оё ангур дуруст аст ё узум ё виноград?
    Баҳс, рўи маъност. Пас, оё маъное дар байни асмои илоҳӣ ҳаст, ки воқеияти воҷибул-вуҷудро бирасонад?
    Сино (р) (Ишорот, с. 67) мегўяд: Шояд беҳтарин исме ки барои зоти воҷибул-вуҷуд гузошт, ин исми “Ғанӣ” (Бениёз) аст. Зеро – ба гуфтаи Сино (р) – шояд вожаи “воҷибул-вуҷуд”, ҳақиқати он чиро ки маънои он мерасонад, дар бар надошта бошад, аммо вожаи “Ғанӣ” ба дурустӣ онро мерасонад.
    Комёб бошед.

  77. Табар
    Агар ту ки аблахи, бош! Аммо сари мардуми маро гаранг накун! Аз мухокимаронихоят бармеояд, ки онкадар дониши казои надори! Яъне мо даст аз оини Мухаммад бардорем ва оташе, ки худ афрухтаем, бипарастем? Ё офтобро , ки худои мо офаридааст парастиш намоем? Ё дини ислом бар хилофи рости мегуяд? Озодии зан чист? Таннамоиву танфуруши? Ба ту ва тубаринхо бахшидем!

  78. Сайидюнус,

    //////Қабл аз ҳар чиз бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ дошта бошем, ки муҳимтарин чизе ки такягоҳи Бўалӣ (р) дар ин бурҳон қарор гирифта аст, ин асли “воқеияти вуҷуд” аст, на “воқеияти вуҷуди Худо”. Фарқ аст байни қабули асли “воқеияти вуҷуд” ва асли пазириши “воқеияти вуҷуди Худо”./////

    Ба назар мерасад, ки ту мавзӯъро дарк намекунӣ ва ончи мекунӣ, нусхабардорӣ аз китобҳост аз таҳлили онҳо оҷизӣ. Қориазёд кардан ё аз китобҳои фаровон иқтибосҳоро пайи ҳам чидан равиши дурусти илмӣ нест.

    Ҳоло бигу, ки манзури Сино аз вуҷуд чи аст?

    Онгуна, ки худат ишора кардӣ, Сино вуҷудро ба ду тақсим кардааст, воҷибулвуҷуд ва мумкиналвуҷуд.

    Мумкиналвуҷуд ҳамин мавҷудоте аст, ки дар олам ҳаст ва асли онҳо ба худашон барнамегардад, балки ношӣ аз маншаъи дигаре ҳастанд, ки он воҷибулвуҷуд аст.

    Вакте, ки гуфтем, мумкиналвуҷуд ҳамин мавҷудоти давру бари мо ҳастанд, яъне онҳо офаридаҳо ҳастанд, ва воҷибулвуҷуд он ҳастӣ ё вуҷудест, ки ҳамаи мавҷудоти дигар аз он ношӣ мешаванд ё ба иборати дигар, ҳамон Худост. Ва ин вуҷуд, ба зоти худ бастагӣ дорад ва ба чизе ғайр аз зоти худ вобаста нест ё аз он маншаъ намегирад.

    Аз нигоҳи назарияи иллият ё сабабият низ, ҳар ҳодисае иллате дорад ва иллати ҳамаи ҳаводис ҳамон Иллатулиллал аст. Ба иборати дигар Иллатулилал ҳамон Воҷибулвуҷуд аст, ки Сино онро мегуяд ҷуз Худо нест ва худат низ онро пештар дар баҳсҳоят ёдрас шудӣ.

    Ҳоло бояд, дид, ки ҳадафи Сино аз асли «воқеияти вуҷуд» мумкиналвуҷуд аст ё воҷибалвуҷуд. Маълум аст, ки у воҷибулвуҷудро дар назар дошт, зеро мумкиналвуҷуд ё офаридаҳо ҳастияш ба иллате ҷуз аз худаш вобаста аст. Ва вақте, ки ӯ Воҷибулвуҷудро дар назар дорад, манзураш боз ҳамон худост.

    Ба иборати дигар мешавад гуфт, ки Сино вуҷуди Худо (Воҷибулвуҷуд)-ро бо такия ба зоти худи он мехоҳад собит кунад, на бо такия ба вуҷуди мумкиналвуҷуд ё офаридаҳои худо. Пас дар ончи ман навиштам, ҳеч иштибоҳе нест ва навиштаҳои ту ҳамончизеро, ки ман навиштам собит мекунад.

  79. Сайидюнус,

    /////Ва аммо Мулло Садро, тақрире дигар аз ин бурҳон дорад, на ин ки онро ботил дониста бошад, ки дар номаи баъдӣ ба он ишора хоҳем намуд.////

    Ман куҷо навиштам, ки Мулло садро бурҳони Синоро ботил донистааст?

    Ончи ман навиштам, ин аст:

    «Бурҳони сиддиқини Ибни Сино, ки тибқи он он гӯё исботи Худо ба зоти худи ӯ бармегардад аз ишколоте барӣ нест ва ишколоти онро худи ҳамон фалосифаи исломӣ, масалан МУЛЛО САДРО ВА ДИАРОН БАРШУМУРДААНД ва ҳарчанд ИН БУРҲОНРО ПАЗИРУФТААНД, ВАЛЕ ОНРО ТАКМИЛУ ТАҒЙИР КАРДААНД, то дидгоҳҳои худро бар хилофи Ибни Сино собит кунанд.»

  80. Сайидюнус менависад:

    /////Ва аммо ин ки исми “воҷибул-вуҷуд” дар миёни асмои илоҳӣ нест, ишколи хандадоре аст.
    Фаромарз, мушкили мо бо шумо дар лафз нест, ки бигўем оё ангур дуруст аст ё узум ё виноград?
    Баҳс, рўи маъност. Пас, оё маъное дар байни асмои илоҳӣ ҳаст, ки воқеияти воҷибул-вуҷудро бирасонад?/////

    Ҳар гоҳ мехоҳӣ, аз мавзӯъ фирор кунӣ, мегӯӣ фалон мавзӯъ хандадор аст.

    Бубин, асмои илоҳӣ баёнкунандаи сифоти ӯст ва аз тариқи ин сифот аст, ки тасаввури чиӣ ва чигунагии худо пайдо мешавад.

    Худо аз дидгоҳи ислом ё масеҳият ё ҳар ойини дигаре сифоти мухталифе дорад ва ҳар кадоме аз ин адён ва ҳатто мактабҳои фикрӣ худоро ба гунаҳое тавсиф кардаанд, ки аз дигарӣ бо сифоти худ тафовут дорад. Ин тафовутҳост, ки ин ҷаҳонбиниҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, вагарна ҳамаи онҳо диди ягона медоштанд.

    Ҳоло агар сифоти Аллоҳ бар мабнои ислом бо сифоти Худо онгуна, ки Сино шарҳ медиҳад, агар тафовут дорад, пас ин ду дидгоҳ аз ҳам ҷудост ва намешавад гуфт, ки Сино ҳамон худоеро дар назар дорад, ки Аллоҳ номида мешавад.

    Аммо онгуна, ки дидем, диди Сино бо сифоте аз Худо, ки дар ойини зартуштии аҳди Сосонӣ зикр шуда, мушобеҳ аст. Ва ин мушобеҳат ба эҳтимоли зиёд реша дар фалсафаи Юнон ва пайванди он бо фалсафаи Зартушт дорад. Чун Сино аз пайравон ва муфассирони фалсафаи Юнон, бахусус Афлотун ва Арасту буд ва онҳо низ таъсироте аз фалсафаи эронии қадим бардоштаанд.

    Аз сӯйи дигар, фалсафа ва ҳикмати Юнон қабл аз он ки дар миёни мусалмонон мунташир шавад, дар замони Сосониён низ дар Эрон ривоҷ дошта ва бисёре аз мактабҳои фикрию фалсафӣ низ аз он асар бардоштаанд.

  81. Фаромарз,
    Одатан касоне тўҳмати “нусхабардорӣ” барои дигарон раво медоранд, ки дигаронро ба худашон қиёс мекунанд, дуруст монанди он тўтии кал дар достони машҳури Мавлавӣ, ки бар асари рехтани хуми асал, ба дасти соҳибаш бар сари худ зарба хўрда, кал шуда буд, ва он гоҳ ки дарвеши калеро мебинад, мегўяд: ту кадом хуми асалеро резондаӣ, ки сарат кал аст?
    Ба ҳар ҳол, дар номаи ахири хеш, ба яқин собит кардед, ки на Бўалӣ (р)-ро шинохтаед, ва на аз “бурҳони сиддиқин”-и ў, чизе фаҳмидаед.
    Камина, бо камоли итминон арз мекунам, ки агар касе аз синошиносони мусалмон ё ғайри мусалмонро пайдо кунед, ки мўътақид бошад, Сино (р) “аз тариқи вуҷуди воҷибул-вуҷуд, вуҷуди воҷибул-вуҷудро собит мекунад”, камина даст аз тамоми муддаоҳои хеш бармедорам.
    Яъне Сино (р) то ин ҳадд “нодон” будааст, ки мехоҳад “вуҷуди чизеро ба худи он чиз собит кунад”. Ин ки камоли “ҳамоқат” аст. Дар истилоҳи фалсафа, ба ин “мусодара ба матлуб” мегўянд. Дуруст мисли он ки касе бихоҳад барои исботи вуҷуди (масалан) ин ки “инсон руҳ дорад”, чунин истидлол кунад: “Инсон руҳ дорад. Чаро? Чун инсон руҳ дорад”.
    Боре дигар, гўшзад мекунам, ки “асли воқеияти вуҷуд”, ғайр аз “воқеияти вуҷуди Худо” аст. Бархе фикр мекунанд, асли воқеияти вуҷуд, агар онро ба воҷиб ва мумкин тақсим кунем, яъне ҳамин. Дар ҳоле ки чунин нест, зеро “асли воқеияти вуҷуд”-ро ҳама қабул доранд, вале дуюмиро бархе қабул надоранд. Ҳоло, Сино (р) мехоҳад барои онон, собит кунад, ки воҷиб ҳаст.
    Бинобар ин, ин ки мегўед ///Он гуна ки худат ишора кардӣ, Сино вуҷудро ба ду тақсим кардааст, воҷибулвуҷуд ва мумкиналвуҷуд///
    натиҷаи аз дуруст нафаҳмидани матлаб аст.
    Шумо, лоақалл, дар гуфтаи худи Бўалӣ (р) диққат кунед:
    “Мавҷуд ё воҷибул-вуҷуд аст ва ё мумкинул-вуҷуд. Агар воҷибул-вуҷуд аст, матлуби мо (ки исботи офаридгор аст) собит мешавад, ва агар мумкинул-вуҷуд аст, вуҷуди мумкин барои мавҷуд шудан эҳтиёҷ ба чизе дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст. Ҳол, агар ин чиз худ мумкинул-вуҷуд бошад, ду бора худ эҳтиёҷ ба чизе дигар дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст ва ҳамин тавр то бениҳоят идома дорад. Ва чун давру тасалсул ботил аст, бояд ба чизе бирасем, ки дигар мумкинул-вуҷуд набошад, балки воҷибул-вуҷуд бошад, ва ин воҷибул-вуҷуд ҳамон Худост”. (Ишорот ва танбеҳот, с. 66).
    Ин ки мегўяд: Мавҷуд ё воҷибул-вуҷуд аст, ё мумкинул-вуҷуд…. маънояш ин нест, ки мехоҳад ҳатман вуҷуди ин дуро мавҷудбуда ангорад. Чун ки ў аслан дар садади исботи он аст, пас чӣ гуна онро мафрузул-вуҷуд ангорад. Ин ки маъно надорад. Балки Сино (р) дар ин ҷо, мехоҳад як ҳасри ақлӣ матраҳ кунад. Яъне гуфтанӣ аст: вуҷуд аз ин ҳолот хориҷ нест: ё ин аст, ё он аст, ё ҳар ду аст. (Намегўяд: ҳатман ин аст ва он аст).
    Сипас, (яъне баъд аз ҳасри ақлӣ), онҳоро яке-яке мавриди диққати ақлӣ қарор медиҳад.
    Масалан, ин ки мегўяд, “Агар воҷибул-вуҷуд аст, пас…”, яъне мегўяд: агар қабул дорӣ, ки чунин аст, матлаби мо собит аст. Вале агар қабул надорӣ, пас чунон асту чунин… (то охири суханони Сино (р)).
    Ба ҳар ҳол, надонистан айб нест. Камина надонистани шуморо айб намедонам, балки айб он ҷост, ки инсон надонад, вале иддаои донистан кунад.
    Барои шумо тавсия мекунам, барои беҳтару некўтар фаҳмидани суханони Сино (р), ба шарҳи “Ишорот” тавассути Хоҷа Насируддини Тўсӣ (р) муроҷеа кунед, ки ҳам бар маълумотатон изофа мегардад, ва ҳам посухи рўшани хешро дар он пайдо хоҳед намуд.
    Комёб бошед.

  82. Фаромарз,
    Ва аммо дар мавриди асмои илоҳӣ, ки оё дар миёни асмои илоҳӣ, исме ҳаст, ки маънои воҷибул-вуҷуд-ро некў бирасонад? Дар посух, кофист ба гуфтаи худи он касе ки “бурҳони сиддиқин”-ро барои нахустин бор дар арсаи илми фалсафа матраҳ кардааст, муроҷеа кунем.
    Сино (р) (Ишорот, с. 67) мегўяд: Шояд беҳтарин исме ки барои зоти воҷибул-вуҷуд гузошт, ин исми “Ғанӣ” (Бениёз) аст. Зеро – ба гуфтаи Сино (р) – шояд вожаи “воҷибул-вуҷуд”, ҳақиқати он чиро ки маънои он мерасонад, дар бар надошта бошад, аммо вожаи “Ғанӣ” ба дурустӣ онро мерасонад.
    Комёб бошед.

  83. Фаромарз,
    Ҳатто Баҳманёр, шогирди Сино (р), ки зардуштимаслак буд, нагуфтааст, ки вожа ё маънои “воҷибул-вуҷуд”, беш аз ҳар чиз, бар маънои “Аҳура Маздо” татбиқ дорад. Агар чунин мебуд, ин файласуф ҳатман ба он ишора мекард. Чун, аз ў маъруф аст, ки мехост ҳар матлаби фалсафиро, ба асли додаҳои оини Зардушт баргардонад, на Юнон. Балки, баръакс, ў дар китоби “Таҳсил”(с. 87) перомунаи “воҷибул-вуҷуд”, ки бо кадом як аз исмҳои худоӣ бештар татбиқ дорад, сухани устоди хеш Сино (р)-ро таъйид мекунад.
    Комёб бошед.

  84. Сайидюнус,

    ////////Камина, бо камоли итминон арз мекунам, ки агар касе аз синошиносони мусалмон ё ғайри мусалмонро пайдо кунед, ки мўътақид бошад, Сино (р) “аз тариқи вуҷуди воҷибул-вуҷуд, вуҷуди воҷибул-вуҷудро собит мекунад”, камина даст аз тамоми муддаоҳои хеш бармедорам../////

    Ба назари ман, ту иштибоҳ мекунӣ. Албатта ман мисли ту аз худ донотарошӣ намекунам, ин хислати худат аст, ки ба ман нисбат медиҳӣ. Ман то инҷо бардоштаҳои худро дар бораи назароти Ибни Сино ё ҳар мавзӯъи дигаре матраҳ кардаам, ва ҳаргиз иддаъо накардаам, ки ман ҳарфи охирро гуфтаам ё ончи ман гуфтаам.

    Дар мавориде то ҷое, ки акли ман иҷоза медиҳад, чи дар назароти Сино чи дар мавзӯъоти дигар тардидҳои худро матраҳ кардаам, ҳамонгуна, ки ман худам онҳоро мебинам ва дарк мекунам.

    Баракс, ин худат ҳастӣ, ки чандин бор иддаъо кардӣ, ки вуҷуди худову паямбариву дигару дигар чизҳоро собит кардаӣ, вале ҳаргоҳ ба ҷое нарасидаӣ.

    Гузашта аз ин чанд бор шуда, ки ҳатто савганду касамхо хурдаӣ, ки агар фалону беҳмон набошад ман фалон хоҳам кард, вале навиштаҳои зидду нақизатро ман дар баробари руят барчидаам, вале боз аз мавзӯъек ба мавзӯъи дигар фирор кардаӣ.

    Ҳоло ман мисли аҳмақон қасам намехурам, ки ончи ман мегуям сад дарсад ҳақиқат аст, вале то ҷое, ки ман иттилоъ дорам ва омухтаам, бархе муфассирон дар тавзеҳи «бурҳони сидиқин» ба ин мисраъи Ҷалолиддини Румӣ ишора кардаанд, ки «Офтоб омад далели офтоб». Яъне барои исботи офтоб, ҷуз худи офтоб ниёз нест дунболи шавоҳиди дигар бигардем.

    Бурҳони сидиқин низ бар ин аст, ки барои исботи вуҷуд дар нафси вуҷуд тааммул кунад, ба ҷойи ин ки аз нафси падидаҳо кумак бигирад. Чун падидаҳо ҳамон офаридаҳо ё чизҳое аст, ки ҳодис ҳастанд ё мутаҳаррик ҳастанд ва ба иборати дигар мумкинулвуҷуд ҳастанд, ки ба иллате ниёз доранд.

    Азбаски ҳар мумкиналвуҷуде ба иллате ниёз дорад ва метавонад беш аз як иллат дошта бошад, пас аз маълул ба иллат истидлол кардан дуруст нест ва мумкин аст ба иштибоҳ бубарад.

    Аз ин ру, Сино бурҳони сидиқинро танҳо шеваи муҳкам барои дарк ё исботи вуҷуд (ё Худо) медонад ва дар ин бурҳон, ба қавли Асадуллои Ҷаъфарӣ, аз шайъ ба худи шаъй ё аз иллат ба маълул истидлол мекунанд:

    «Бурҳони сидиқин бурҳоне дар исботи вуҷуди Борӣ, ки дар он бо баҳс аз ҳақиқати ҳастӣ ба вуҷуб ва зарурати азалии он сулук кунанд. Дар ин бурҳон аз шайъ ба худи шайъ истидлол мекунанд ва дар он роҳ айни мақсуд аст. Дар бароҳини дигар, аз ғайри Ҳақ пай ба Ҳақ мебаранд, масалан аз мумкин ба воҷиб ё аз ҳодис ба мабдаъи қадим ё аз ҳаракат ба муҳаррики муназзаҳ аз ҳаракат, аммо дар ин бурҳон ҷизе ҷуз Ҳақ ҳадди васати бурҳон нест.» (Асадуллоҳи Ҷаъфарӣ. Бурҳони Сидиқин ва нақдҳояш)

    Худи Ибни Сино дар бораи ин бурҳон мегӯяд:

    «تامل كيف لم يحتج‏بيانا لثبوت الاول و وحدانيته و براءته عن الصمات الى تامل لغير نفس الوجود ولم يحتج الى اعتبار من خلقه و فعله و ان كان ذلك دليلا عليه، لكن هذا الباب اوثق و اشرف، اي اذا اعتبرنا حال الوجود يشهد به الوجود من حيث هو وجود و هو يشهد بعد ذلك على سائر ما بعده في الواجب والى مثل هذا اشير في الكتاب الالهي «سنريهم آياتنا في الافاق و في انفسهم حتى يتبين لهم انه الحق‏». اقول: ان‏هذا حكم لقوم ثم يقول:«او لم يكف بربك انه على كل شي‏ء شهيد» اقول: ان‏هذا حكم للصديقين الذين يستشهدون به لا عليه‏».

    Тарҷумаи фаорсияш низ ин аст:

    تامل كن كه چگونه در اثبات مبدا اول و وحدانيت و يكتايى وى و پاكيش از عيبها بيان ما به تامل چيز ديگر جز خود وجود نياز نداشت؟و چگونه بيان ما در اين باب به ملاحظه مخلوق و فعل او محتاج نشد، و اگر چه آن هم بر وجود او دليل است؟ و لكن اين روش محكمتر و شريفتر است‏يعنى ملاحظه كردن حال هستى از آن روى كه هستى است، بر وجود واجب تعالى گواهى مى‏دهد چنان‏كه هستى او بر ساير هستيها كه بعد از او قرار گرفته‏اند گواهى مى‏دهد.

    «Тааммул кун, ки чигуна дар исботи мабдаъи аввал ва ваҳдонияту яктоии вай ва покияш аз айбҳо баёни мо ба тааммули чизи дигар ҷуз худи вуҷуд ниёз надошт? Ва чигуна баёни мо дар ин боб ба мулоҳизаи махлуқ ва феъли ӯ муҳтоҷ нашуд, ва агарчи он ҳам бар вуҷуди у далел аст? Валекин ин равиш муҳкамтар ва шарифтар аст, яъне мулоҳиза кардани ҳоли ҳастӣ аз он рӯй, ки ҳастӣ аст, бар вуҷуди воҷиби Таъоло гувоҳиӣ медиҳад чунонки ҳастии ӯ бар сойири ҳастиҳо, ки баъд аз ӯ қарор гирифтаанд, гувоҳӣ медиҳад.» (аз Асадуллоҳи Ҷаъфарӣ. Бурҳони Сидиқин ва нақдҳояш)

    Акнун ин сухани зер аз Сайидюнусро бо суханони болои Сино қиёс намоем, басароҳат маълум мешавад, ки чи касе аҳмақ аст:

    //////Яъне Сино (р) то ин ҳадд “нодон” будааст, ки мехоҳад “вуҷуди чизеро ба худи он чиз собит кунад”. Ин ки камоли “ҳамоқат” аст. Дар истилоҳи фалсафа, ба ин “мусодара ба матлуб” мегўянд. Дуруст мисли он ки касе бихоҳад барои исботи вуҷуди (масалан) ин ки “инсон руҳ дорад”, чунин истидлол кунад: “Инсон руҳ дорад. Чаро? Чун инсон руҳ дорад”.//////

    Шод бошед,

  85. Фаромарз,
    Тавозўъ ва фурўтанӣ, аз некўтарин фазоили инсонист чи барои диндор ва чи барои бедин. Инсон, ҷое ки иштибоҳ мекунад, сазовор аст ба иштибоҳи хештан эътироф намояд. Ин беҳтар аст аз он ки аввал иштибоҳ кунад, сипас дид чун иштибоҳ кардааст, ба хотири хўи такаббур, омода набошад ба хатои хеш эътироф кунад, в-онгаҳе шурўъ кунад ба тавҷеҳи он чи аз рўи иштибоҳ ба забон овардааст.
    Ба ҷиҳати рўшан шудани матлаб дар ин мавзўъ, камина, ба тартиб, иддаои шумо ҳамроҳ бо гуфтаҳои худро меоварам, то бубинед, иштибоҳ куҷо рух додааст:
    ФАРОМАРЗ:
    ///Бурҳони сиддиқини Ибни Сино, ки тибқи он он гӯё исботи Худо ба зоти худи ӯ бармегардад, аз ишколоте барӣ нест///
    ///Дуруст монанди “воҷиб-ул-вуҷуд” ва “иллат-ул-ъилал”, бурҳони сидиқини Ибни Сино талош мекунад вуҷуди Худоро, на бар мабнои офаридаҳои он, балки бар мабнои зоти худи ӯ исбот кунад///
    ///Сино фаротар меравад ва мекӯшад вуҷуди холиқро на бар мабнои махлуқот, балки бар мабнои худи ҳамон холиқ собит кунад///

    САЙИДЮНУС:
    ///Ҳаргиз чунин нест, ки Бўалӣ (р) дар ин бурҳон, вуҷуди Худоро, аз тариқи зоти худи Ў исбот карда бошад///
    ///Муҳимтарин чизе ки такягоҳи Бўалӣ (р) дар ин бурҳон қарор гирифта аст, ин асли “воқеияти вуҷуд” аст, на “воқеияти вуҷуди Худо”. Фарқ аст байни қабули асли “воқеияти вуҷуд” ва асли пазириши “воқеияти вуҷуди Худо///
    ///Ин бурҳон аз тариқи тааммул дар худи воқеияти ҳастӣ аст, ки зоти Худоро исбот мекунад, на аз тариқи зоти Худо ҳамон тавре ки бархе ноогоҳон мепиндоранд///

    ФАРОМАРЗ:
    ///Ҳоло бояд, дид, ки ҳадафи Сино аз асли “воқеияти вуҷуд” мумкиналвуҷуд аст ё воҷибалвуҷуд. Маълум аст, ки у воҷибулвуҷудро дар назар дошт, зеро мумкиналвуҷуд ё офаридаҳо ҳастияш ба иллате ҷуз аз худаш вобаста аст. Ва вақте, ки ӯ Воҷибулвуҷудро дар назар дорад, манзураш боз ҳамон худост///
    ///Ба иборати дигар мешавад гуфт, ки Сино вуҷуди Худо (Воҷибулвуҷуд)-ро бо такия ба зоти худи он мехоҳад собит кунад, на бо такия ба вуҷуди мумкиналвуҷуд ё офаридаҳои худо. Пас дар ончи ман навиштам, ҳеч иштибоҳе нест ва навиштаҳои ту ҳамончизеро, ки ман навиштам собит мекунад///

    То ин ҷо иддаои шумо ва худро, овардам, аммо барои рўшан гардидани ҳақиқати матлаб дар ин мавзўъ, ҳамон шоҳидеро, ки шумо аз забони Абдуллоҳи Ҷаъфарӣ овардаед, ёдовар мешавам:
    ///Бурҳони сидиқин бурҳоне дар исботи вуҷуди Борӣ, ки дар он бо баҳс аз ҳақиқати ҳастӣ ба вуҷуб ва зарурати азалии он сулук кунанд. Дар ин бурҳон аз шайъ ба худи шайъ истидлол мекунанд ва дар он роҳ айни мақсуд аст///
    Бубинед, эшон чӣ мегўяд: Бурҳони сиддиқин, бурҳоне дар исботи вуҷуди Худо, ки дар он бо БАҲС АЗ ҲАҚИҚАТИ ҲАСТИ, ба вуҷуб ва зарурати азалии он сулук кунанд.
    На ин ки гуфта бошад, ки «дар он бо баҳс аз вуҷуди Худо, ба…»
    Шояд, ҷумлаи «аз шайъ ба худи шайъ», барои шумо чунин пиндор оварад, ки мурод аз «шайъ» ба «худи шайъ», яъне аз «вуҷуди Худо» ба «вуҷуди Худо»…
    Барои ҳеҷ як аз касоне ки бо алифбои фалсафаи синавӣ ошноӣ доранд, пўшида нест, ки мурод аз «шайъ» дар ин ҷо вуҷуд аст, на вуҷуди Худо.
    Аммо агар суол шавад, ки пас маънои «ба шайъ» чист? Посух ин аст, ки пештар (яъне қабл аз Сино), фалосифа моҳиятро воситаи исботи вуҷуди Худо қарор медоданд, ва худи «воқеияти вуҷуд» нодида гирифта мешуд.
    Ҳоло, Сино (р), моҳиятро канор зада, аз тариқи худи «воқеияти вуҷуд» истидлол мекунад. Хоҷа Насир (р) дар шарҳи Ишорот некў бар ин матлаб ишора карда. Бинобар ин «шайъ» дар ин мақом, вуҷуд аст, ва дигар ниёзе нест даст ба сўи «моҳият» дароз кунем, балки бевосита аз тариқи тааммул дар вуҷуд, ба ин ки оё воҷибул-вуҷуде ҳаст ё нест, истидлол мекунем. Ва ё ба қавли худи ҳамин шоҳиде, ки овардед, «аз ҳақиқати ҳастӣ, ба вуҷуб ва зарурти азалии он сулук мекунем».
    Комёб бошед.

  86. Сайидюнус мегуяд:

    «Яъне Сино (р) то ин ҳадд “нодон” будааст, ки мехоҳад “вуҷуди чизеро ба худи он чиз собит кунад”.

    Ва боз менависад:

    «Ин бурҳон аз тариқи тааммул дар худи воқеияти ҳастӣ аст, ки зоти Худоро исбот мекунад, на аз тариқи зоти Худо ҳамон тавре ки бархе ноогоҳон мепиндоранд.»

    Зохиран Сайидюнус ба ин порахо аз навиштаи Пури Сино, ки Фаромарз накл карда, таваччух накардааст:

    «Тааммул кун, ки чигуна дар исботи мабдаъи аввал ва ваҳдонияту яктоии вай ва покияш аз айбҳо баёни мо ба тааммули чизи дигар ҷуз худи вуҷуд ниёз надошт?»

    «Валекин ин равиш муҳкамтар ва шарифтар аст, яъне мулоҳиза кардани ҳоли ҳастӣ аз он рӯй, ки ҳастӣ аст, бар вуҷуди воҷиби Таъоло гувоҳиӣ медиҳад чунонки ҳастии ӯ бар сойири ҳастиҳо, ки баъд аз ӯ қарор гирифтаанд, гувоҳӣ медиҳад.” (аз Асадуллоҳи Ҷаъфарӣ. Бурҳони Сидиқин ва нақдҳояш)»

  87. Фаромарз,
    Аз навиштаҳои шумо чунин бармеояд, ки дар мавзўи мавриди назар, нуктае, ки дар он шумо ба иштибоҳ роҳ медиҳед, ин халте аст, ки шумо байни «вуҷуди ба шарти шайъ» ва «вуҷуди на ба шарти шаъй» халт мекунед.
    Бовар кунед, бо камоли садоқат, бароятон ин матлабро мегўям, ва Худо гувоҳ аст, ки ҳеҷ манзуре надорам. Лутфан, таваҷҷўҳ бифармоед, гиреҳ боз мешавад.
    Як вақт ҳаст мо мафҳуми «инсон»-ро дар зимни фарди муайяне дар назар мегирем, ва як вақт ҳаст мо ин мафҳумро бидуни ин ки ба фарде мушаххас муқайяд бошад, дар назар мегирем.
    Дар сурати аввалӣ, онро «инсон ба шарти шайъ», яъне инсоне ки дар зимни ин фард (масалан Аҳмад) ҳаст дар назар гирифтаем, аммо дар сурати дуюмӣ, онро бидуни ҳеҷ қайде мавриди назар қарор медиҳем, яъне мафҳуми «инсон», қатъи назар аз он ки Аҳмад бошад ё Раҳмат, коре надорем. Ба иборати дигар, ба масодиқ коре надорем.
    Дар баҳси мавриди назари мо ҳам, чунин аст. Вақте Сино (р) мегўяд «воқеияти вуҷуд», яъне «вуҷуд на ба шарти шайъ», яъне ишорае ба масодиқи он надорад. Коре надорад, ки ин «вуҷуд», оё воҷибул-вуҷуд аст, ё мумкинул-вуҷуд.
    (Агар муроди ў, «вуҷуд ба шарти шайъ» бошад, бардошти шумо сад дар сад дуруст аст. Яъне мо наметавонем вуҷуде дошта бошем, ки на воҷиб бошад, ва на мумкин. Бил-охира, ҳар чи ҳаст, ҳамон аст, ки мебинем).
    Он гоҳ Сино (р) мегўяд: Ҳар инсоне қабул дорад, ки фил-ҷумла, вуҷуде ҳаст, коре надорем, ки мисдоқи ин вуҷуд, мумкин аст, ё воҷиб. Ҳатто касоне ҳам, ки ба Худо (воҷибул-вуҷуд) бовар надоранд, қабул доранд, ки вуҷуд – аз он назар ки вуҷуд аст – воқеият дорад (хоҳ воҷиб бошад, хоҳ мумкин, коре надорем, чун кори мо исботи мисдоқ аст. Диққат кунед!)
    Сипас, мегўяд, маҳол аст, ки ҷаҳони ҳастӣ, фақат аз мумкинҳо ташкил ёфта бошад. Чаро? Чун ҳамаи онҳо, вуҷудашон аз худашон нест. Аз ҷое дигар гирифтаанд.
    Ҳоло, он ҷои дигар чӣ? Агар онро ҳам мумкинул-вуҷуд донем, суол аз нав мутаваҷҷеҳи ў мешавад, ки вай вуҷудашро аз куҷо гирифтааст. Ва ба ҳамин тартиб, то ин ки ночорем, воҷибул-вуҷуде дошта бошем. Чун аввалан, ба ҷиҳати бутлони давру тасалсул, наметавон бовар кард, ки ҷаҳон, яъне силсилае аз мумкинҳо. Ин ки маҳол аст.
    Ин ҷост, ки Сино (р) ба ин маъно мегўяд: Агар қарор бошад, ду зарб дар ду чаҳор бошад, ҳатман инро бояд қабул кард, ки намешавад ҷаҳон, бе он ки бар шаъйе, ки вуҷудашро аз Ў гирифтааст такя кунад, аслан падид омада бошад.
    Комёб бошед.

  88. Табар,
    Феълан шумо бо Карим сўҳбат кунед, фузулӣ да кор нест. Чун шумо, ҷуз беадабӣ, чизе намедонед.
    Мо бо Фармарз, масъаларо худ ҳалл мекунем.

  89. Табар,
    Лутфан бифармоед, чӣ тафовуте байни ин ду баён мебинед?
    – “Ин бурҳон аз тариқи тааммул дар худи воқеияти ҳастӣ аст, ки зоти Худоро исбот мекунад, на аз тариқи зоти Худо ҳамон тавре ки бархе ноогоҳон мепиндоранд.”
    – “Тааммул кун, ки чигуна дар исботи мабдаъи аввал ва ваҳдонияту яктоии вай ва покияш аз айбҳо баёни мо ба тааммули чизи дигар ҷуз худи вуҷуд ниёз надошт?”

  90. Сайидюнус,

    //////Барои ҳеҷ як аз касоне ки бо алифбои фалсафаи синавӣ ошноӣ доранд, пўшида нест, ки мурод аз «шайъ» дар ин ҷо вуҷуд аст, на вуҷуди Худо./////

    Лутфан булбулӣ накун ва як бори дигар ба ин навиштаи Сино нигоҳ кун:

    «Валекин ин равиш муҳкамтар ва шарифтар аст, яъне мулоҳиза кардани ҳоли ҳастӣ аз он рӯй, ки ҳастӣ аст, бар вуҷуди воҷиби Таъоло гувоҳӣ медиҳад чунонки ҲАСТИИ Ӯ бар СОЙИРИ ҲАСТИҲО, ки баъд аз Ӯ қарор гирифтаанд, гувоҳӣ медиҳад.”

    Дар инҷо Сино дақиқан мегуяд, ки ҳастии Бори Таъоло бар сойири ҳастиҳо гувоҳӣ медиҳад. Яъне Сино пеш аз он ки назараш ба сойири ҳастиҳо (яъне мумкинвуҷудҳо) биюфтад, Бори Таъолоро (Вуҷуди мутлақ ё воҷиб) мебинад ва аз ин ҷост, ки дигар ҳастиҳо барояш маънӣ пайдо мекунанд.

    Бар хилофи ончи иддаъо мекунӣ, бурҳони сидиқин аз иллат ба маълул истидлол мекунад ва аз воҷиб ба мумкин, на баръакс. Яъне ин равиш мавҷудот ё офаридаҳоро восита барои шинохти Худо қарор намедиҳад, ҳарчанд мегуяд, ки албатта махлуқот низ нишонае аз вуҷуди Худост, вале бар он аст, ки роҳи наздиктар ва содатаре дар исботи Худо ҷуз исботи он ба зоти худи он нест.

    Бубин, нуктаи дигаре аз Асадуллоҳи Ҷаъфарӣ, ки аз қавли Сино чунин мегуяд:

    بوعلی سینا در در انتهای نمط چهارم برهان صدیقین چنین تعریف می کند: تأمل کن که چگونه بیان ما دربارة ثبوت اول تعالی و وحدانیت او در برائتش از نقصها نیازمند به چیزی جز تأمل در نفس وجود نبود و به بررسی مخلوقات و افعال او نیاز نداشت اگر چه آنها نیز دلیلی بر او هستند ولی این نوع استدلال محکمتر است و مقام بالاتری دارد. یعنی وقتی حال وجود را در نظر بگیریم خود وجود از آن جهت که وجود است ابتدا بر وجود واجب و سپس بر سایر موجودات شهادت می دهد و به مثل آنچه گفتیم در کتاب خدا اشاره شده است آنجا که می فرماید: «آیات و نشانه های خود را در جهان و انسان بزودی ارائه خواهیم داد تا برای شان روشن گردد که تنها او حق است .» البته اینگونه حکم و استدلال مخصوص طایفه ای است . سپس کتاب خدا چنین می فرماید: «آیا پرودگار تو که بر هر چیز گواه است خودش بس نیست ؟» اینگونه حکم و استدلال از آن صدیقین است که خدا را بر وجود خدا گواه می گیرند نه غیر خدا را

    «Тааммул кун, ки чигуна баёни мо дар бораи субути аввали Таъоло ва ваҳдонияти ӯ дар бароаташ аз нуқсҳо ниёзманд ба чизе ҷуз тааммул дар нафси Вуҷуд набуд ва ба баррасии махлуқот ва афъоли ӯ ниёз надошт агарчи онҳо низ далеле ба Ӯ ҳастанд, вале ин навъи истидлол муҳкамтар аст ва мақоми болотаре дорад. Яъне вақте ҳоли вуҷудро дар назар бигирем, худи вуҷуд аз он ҷиҳат, ки вуҷуд аст, ибтидо бар вуҷуди воҷиб ва сипас бар сойири мавҷудот шаҳодат медиҳад ва ба мисли ончи гуфтем, дар китоби Худо ишора шудааст, онҷо ки мефармояд: «Оёт ва нишонаҳои худро дар ҷаҳон ва инсон базудӣ ироа хоҳем дод, то барояшон рӯшан гардад, ки танҳо Ӯ Ҳақ аст.» Албатта ингуна ҳукм ва истидлол махсуси тоифаест. Сипас китоби Худо чунин мефармояд: «Оё парвардигори ту ки бар ҳар чиз гувоҳ аст, худаш бас нест?» Ин гуна ҳукм ва истидлол аз они сидиқин аст, ки Худоро бар вуҷуди Худо гувоҳ мегиранд на ғайри худоро.» (аз Асадуллоҳи Ҷаъфарӣ. Бурҳони Сидиқин ва нақдҳояш)

    Ҳоло дубора ба ин ҷумла нигоҳ кун:

    СИНО: «Тааммул кун, ки чигуна баёни мо дар бораи субути аввали Таъоло ва ваҳдонияти ӯ дар бароаташ аз нуқсҳо ниёзманд ба чизе ҷуз тааммул дар нафси Вуҷуд набуд ва ба баррасии махлуқот ва афъоли ӯ ниёз надошт агарчи онҳо низ далеле ба Ӯ ҳастанд,..»

    Вақте мегуяд, ки ба баррасии махлуқот ва афъоли ӯ (мумкиналвуҷуд) ниёз надошт, пас манзур аз Вуҷуд, ки дар боло ёд шуд, ҳамон Воҷибулвуҷуд (худо) нест?

    Акнун ин гуфтаи маро ҷумлаи поёнӣ таъйид мекунад:

    СИНО: «Яъне вақте ҳоли вуҷудро дар назар бигирем, худи вуҷуд аз он ҷиҳат, ки вуҷуд аст, ИБТИДО БАР ВУҶУДИ ВОҶИБ (Худо-Воҷибулвуҷуд) ва СИПАС БАР СОЙИРИ МАВҶУДОТ (Мумкинулвуҷуд) шаҳодат медиҳад.»

    Ҳоло идомаро бихон:

    СИНО: «…дар китоби Худо ишора шудааст, онҷо ки мефармояд: «Оёт ва нишонаҳои худро дар ҷаҳон ва инсон базудӣ ироа хоҳем дод, то барояшон рӯшан гардад, ки танҳо Ӯ Ҳақ аст.» Албатта ингуна ҳукм ва истидлол махсуси тоифаест.

    Сино дар истинод ба Қуръон, ки худат бар он бовар дорӣ, ишора мекунад, ки бархе Худоро ба воситаи оёт ва нишонаҳои Ӯ (яъне офаридаҳояш) мешиносанд. Ин равишест, ки тибқи он аз маълул ба иллат истидлол мекунанд, яъне тавассути махлуқот ё офаридаҳо худорог мешиносанд.

    Вале дар баробари ин Сино мегуяд, ки роҳи баракси он низ ҳаст:

    СИНО: «Сипас китоби Худо чунин мефармояд: «Оё парвардигори ту ки бар ҳар чиз гувоҳ аст, худаш бас нест?» Ин гуна ҳукм ва истидлол аз они сидиқин аст, ки Худоро бар вуҷуди Худо гувоҳ мегиранд на ғайри худоро.»

    Инҷо бо ишора ба Қуръон таъкид шудааст, ки Худо худ гувоҳи худ аст. Ва равиши бурҳони сидиқини Ибни Сино низ ҳамингуна аст, ки шайъ, вуҷуд, ё ҳар чизеро бо такия ба худи ҳамон чиз ба исбот мерасонад. Яъне Воҷибулвуҷудро на аз роҳи мумкиналвуҷуд балки ба воситаи худи он мехоҳад собит кунад ва Иллатулилалро бо такия ба худи Иллатулилал, на аз тариқи маълул ё силсилае аз маълулҳо. Азбаски Сино ҳамон Воҷибулвуҷудро Худо медонад, ҳамонро (ки мумкиналвуҷуд ҷузъи он ё ношӣ аз он аст) гувоҳи ҳастии Худо қарор додааст.

    Ба ин тартиб, рӯшан аст, ки тавҷеҳоту тавзеҳоте, ки овардӣ, ҳарфҳои туро таъйид намекунанд. Беҳтар аст бар тибқи савганди хеш, аз муддаъои худ даст бардорӣ, чун ман на танҳо аз пажӯҳишгаре мусалмон дар бораи назароти Сино далел овардам, ки аз худи Сино низ далел овардам ва ҳатто аз Қуръон.

    Бубин, ончи ту ҲАМОҚАТ хондӣ, Қуръон, яъне ҳамон китобе, ки бовар дорӣ, ба ҳамон таъкид кардааст: «ОЁ ПАРВАРДИГОРИ ТУ, КИ БАР ҲАР ЧИЗ ГУВОҲ АСТ, ХУДАШ БАС НЕСТ?»

  91. Сайидюнус дар дарки тафовути гуфтаи худ ва фармудаи Пури Сино очиз аст. Аммо он чи Сайидюнус мегуяд, дар вокеъ, нишони равшане аз нокомии у дар дарки суханони Синост. Вай мегуяд:

    “Яъне Сино (р) то ин ҳадд “нодон” будааст, ки мехоҳад “вуҷуди чизеро ба худи он чиз собит кунад”.

    Дар холе ки дар суханони Сино ба вузух мехонем, ки вокеъан манзури у хамон будааст, ки Сайидюнус онро «нодонй» мехонад:

    “Тааммул кун, ки чигуна дар исботи мабдаъи аввал ва ваҳдонияту яктоии вай ва покияш аз айбҳо баёни мо ба тааммули чизи дигар ҷуз худи вуҷуд ниёз надошт”»

  92. Фаромарз!
    Ту худат ба исбот расонда истодаи ки сухани мухтарам Истарвашни дуруст будааст.
    Аввал гуфти ки
    /Сино вуҷуди Худоро бо такия ба зоти худи он мехоҳад собит кунад, на бо такия ба вуҷуди мумкиналвуҷуд ё офаридаҳои худо/
    Мухтарам Истравшани гуфтанд ки
    /Муҳимтарин чизе ки такягоҳи Бўалӣ (р) дар ин бурҳон қарор гирифта аст, ин асли “воқеияти вуҷуд” аст, на “воқеияти вуҷуди Худо”/
    Акнун аз сухани Чафари мегуи ки
    /Бурҳони сидиқин бурҳоне дар исботи вуҷуди Борӣ, ки дар он бо баҳс аз ҳақиқати ҳастӣ ба вуҷуб ва зарурати азалии он сулук кунанд/
    Ва ё аз сухани мегуи ки
    /Яъне вақте ҳоли вуҷудро дар назар бигирем, худи вуҷуд аз он ҷиҳат, ки вуҷуд аст, ИБТИДО БАР ВУҶУДИ ВОҶИБ (Худо-Воҷибулвуҷуд) ва СИПАС БАР СОЙИРИ МАВҶУДОТ (Мумкинулвуҷуд) шаҳодат медиҳад/
    Хаёл мекуни ки чамии одамон ахмак, намефахманд. Садхо одамон мехонанд.
    Одамоне ки фалсафа мутолиа мекунанд медонанд ки Абуали ибни Сино дар бурхони сидикин чи мегуяд.

  93. Ба Табар,

    Сайидюнус, аслан ин фармудаи Қуръонро низ ҳамоқат хондааст:

    “ОЁ ПАРВАРДИГОРИ ТУ, КИ БАР ҲАР ЧИЗ ГУВОҲ АСТ, ХУДАШ БАС НЕСТ?”

    Оҳ аз ин мусалмонӣ!

    🙂 🙂 🙂

  94. Он кас ки надонад ва бидонад ки надонад
    Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад
    Он кас ки надонад ва надонад ки надонад
    Дар ҷаҳли мураккаб абадуд-даҳр бимонад

  95. Зафар Карим,

    Агар ту ба ҳарфҳои ман бовар надорӣ, онҳоро канор гузор ва ба навиштаҳои Сино ва худи Асадуллоҳи Ҷаъфарӣ таваҷҷуҳ кун, ки дар бораи бурҳони сидиқин гуфтаанд:

    “Сипас китоби Худо чунин мефармояд: “Оё парвардигори ту ки бар ҳар чиз гувоҳ аст, худаш бас нест?” Ин гуна ҳукм ва истидлол аз они сидиқин аст, ки Худоро бар вуҷуди Худо гувоҳ мегиранд на ғайри худоро.»

    Ту агар ақл ва мантиқ дорӣ, биё ҳоло тавҳеҳ бидеҳ, ки ҷумлаи «Худоро бар вуҷуди Худо гувоҳ мегиранд» чи маънӣ дорад?

    Оё ин ҷумла ба ҳамон маъно нест, ки ман гуфтам ва онро ту овардӣ:

    «Сино вуҷуди Худоро бо такия ба зоти худи он мехоҳад собит кунад, на бо такия ба вуҷуди мумкиналвуҷуд ё офаридаҳои худо.»

    Агар ҷавонмардӣ, бояд рост бигӯйӣ, ки миёни ончи ман гуфтам ва Сино оварда чи таноқузе ҳаст?

    Комёб бош,
    🙂

  96. Бахше аз бахсхои исломй бар сари вочиби вучуд бад-ин шарх аст:

    Точиддини Шахристонй менависад, ки Ибни Сино исрор дорад, ки барои ин ки чизе зотан вучуб дошта бошад, он чиз бояд мутлакан басит бошад. Таркиб, хатто ба шевае «тасаввурй», мутазаммини имкон аст. Чун шайъи мавриди бахс дар ин сурат вобаста хохад шуд ба аносири фаръии худ ва ё шояд вобаста ба омиле шавад, ки ин аносирро ба хам пайванд медихад. Билахас, мохияти Худо мураккаб аз ду унсур хохад шуд:

    1. Вучуди шибхи чинсй, ки мумкинот низ дар он шарик хастанд.
    2. Мушаххасае, ки Худоро аз мумкиноти вучуд мутамоиз мекунад.

    Ба ин тартиб, бино ба акидаи Шахристонй, тасаввури Ибни Сино аз Худо ба унвони вочиб-ул-вучуд ба тарзи фохише бо исрори у дар басотати илохй мунофот дорад.

    Кутохи сухан, ислом дар таъйини вучубу вучуди Аллох дучори махмасае будаву хаст, ки поёни он нопайдост.

  97. Фаромарз,
    Ҳоло ки пурмуддаойед, лутфан, ба ин чанд пурсиш посух диҳед:
    1. Сино (р) аз овардани “бурҳони сиддиқин”, дунболи исботи чӣ чизе ҳаст, агар тибқи бардошти шумо, вуҷуди Худоро, восита дар ин истидлол қарор дода бошад?
    2. Магар, тибқи бардошти шумо, вуҷуди Худо, восита дар ин бурҳон қарор надорад?
    3. Оё восита метавонад, худ айни муддао бошад? (Исботи вуҷуди Худо, аз тариқи вуҷуди Худо).
    4. Чаро Хоҷа Насир (р) ва дигароне мисли Суҳравардӣ (р) ва Садро (р) “бурҳони сиддиқин”-ро муҳкамтарин далел бар вуҷуди офаридгор қаламдод кардаанд, агар тибқи бардошти шумо ва он дўстатон, бурҳони Сино (р), нахустин шарти истидлол, ки “восита” набояд айни муддао қарор бигирад-ро надошта бошад?
    5. Оё фарқе байни “ҳақиқати ҳастӣ” (ки восита дар ин истидлол аст) бо “ҳақиқати воҷибул-вуҷуд” (ки бояд исбот гардад) мебинед?

  98. Сайидюнус,

    Бехтар аст хамин ду байтро, ки овардаед, бехтару бештар бихонеду гавр кунеду замзама кунад, то Худо кунод, ки чахли мураккаб чанголашро аз шумо дур кашад ё шояд худи шумо чахли мураккабро рахо кунед:

    Он кас ки надонад ва бидонад ки надонад
    Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад
    Он кас ки надонад ва надонад ки надонад
    Дар ҷаҳли мураккаб абадуд-даҳр бимонад

    Дар ин бахс, ки ман аз огоз пайгираш набудам, нокомии шумо мусаллам аст, чун истидлоли Фаромарз бо такя бар Куръон тамоми гуфтахои шуморо накш бар об кард. Сарфароз бошед.

  99. Фаромарз!
    Ман худам факултети фалсафаро тамом кардаам ва хело хуб медонам ки бурхони сидикин чи мегуяд. Айни суханони мухтарам Истаравшаниро устод Акбар Турсун хам дар сари дарс гуфта буданд. Ман то хозир навистагиямро аз он дарс дорам.
    ***Хасти /вучуд/ метавонад билошарт бошад, метавонад башарт бошад. Дар бурхони сидикин, хасти билошарт гирифта шуда истодааст. Локин худи хастии худо, хасти башарт аст***
    Хар одами окил агар дар ин сухан тафаккур кунад, хело равшан мефахмад ки далели Абуали Ибни Сино, чи мегуяд.
    Саломат бошед!

  100. Фаромарз,
    Аммо роҷеъ ба ояти мавриди назар, ки Сино (р) онро гувоҳ ва шоҳид бар истидлоли хеш овардааст, барои ҳеҷ як аз фалосифа пўшида нест, ки мурод аз ин оят – бар мабнои андешаи синавӣ – ин аст, ки ҳар мавҷуде (аз он назар ки мавҷуд аст), худ шоҳид бар вуҷуди воҷиб аст. Чаро? Чун мумкинот, ба худии худ оинаи зоти воҷиб ҳастанд. Аммо на ин ки мумкинотро, аз он назар, ки моҳият ҳастанд мавриди таваҷҷўҳ қарор бидиҳем, балки аз он назар, ки вуҷудот ҳастанд.
    Хоҷа Насир (р) мегўяд (тарҷума аз арабӣ): «Мавҷудоти мумкин, саропо ниёз ҳастанд. Ҳар андешманде, агар дар вуҷуди мумкиноти саропо ниёзманд некў тааммул кунад, зоти аҳадиятро дар вуҷуди онҳо рўшан мебинад, фақат ин ки бояд чашми бино дошта бошад. Ояти «Оё Худоятро ҳамин басанда нест, ки Ў бар ҳар чизе шоҳид аст» ҷуз инро намерасонад. Бурҳони Шайх (р) ҳам, ки ба номи сиддиқин маъруф аст, на ин аст, ки моҳияти мумкинотро восита дар исботи зоти аҳадият қарор дода бошад, балки восита дар истидлоли Шайх (р), ин вуҷуди мумкинот аст. Касе ки байни «моҳият» ва «вуҷуд» натавонад фарқ бигузорад, ҳаргиз ноил ба фаҳми бурҳони мутқану муҳками сиддиқини Шайх (р) нахоҳад шуд» (Шарҳи Ишорот, с. 192).

  101. «Оё Худоятро ҳамин басанда нест, ки Ў бар ҳар чизе шоҳид аст»

    Ин ояи Куръон хеч паёми пушидае надорад, ки барои он Сайидюнус ин хама каламфарсоихои бехуда кунад. Тафсири онро дар посухи Фаромарз ба хубй фаро гирифтем ва дигар ниёзе ба сиёх кардани ин хама сафха нест.

    Чизе, ки бояд мавриди бахс бошад, исботи вучуди Аллох аст. На ин оя ва на оёти дигари Куръон ва на хеч тафсири тулои он оёт то кунун натавонистаанд бо такя бар донистахои куръонй вучуди Аллохро ба таври мантикй собит кунанд. Такрори ин иддаъо, ки «зоти ахадиятро метавон дар вучуди мумкинот дид» дардеро даво намекунад, чун субути аклонии вучуди худое хамонанди Аллох худ чузъи мумкинот нест. Хамаи талошхои Сайидюнус, ки то кунун вакти фаровонеро дар ин росто хадар дода, ин хакикатро собит мекунад.

    Худо Хиради Бузург аст, ки чахонро офарида ва бар мабнои конуни ростию эътидол онро идора мекунад ва сарфи назар аз эътидол дар хар заминае мавчиби бадбахтй буда ва хаст. Он Хиради Бузург шоху дум надорад ва коре хам ба Сайидюнусу Фаромарзу ман бишшахса надорад. Чун дар ин гайхони фароху гушоди бепоён мо як катраи укёнус хам ба шумор намеоем ва тасаввури мавчудияти Аллохе, ки бо якояки мо сарукор дорад, як акидаи ибтидоии башарист ва муддат-замони истифодаи он ба сар расидааст. Танхо пайравй аз Хирад ва донишу мантик аст, ки рохи рахоиро ба руи офаридагони он мекушояд. Ислом як дини бадавй ва бемантик ва хирадситез аст, ки башариятро ба бероха мекашонад. Агар динозаврхо зинда монда буданду ба ин мархилаи пешрафт расида буданд, касеро аз миёни худ паёмбар мехонданду худои динозавргунае барои худ месохтанду худро ашрафи махлукот медонистанд. Холо ки кору дониш башариятро ба ин мархила расонда, аз марохили пешини пешрафт бояд дарс гирифт, аммо андак-андак бояд ба суи марохили баъдй харакат кард. Ислом ва динхои пиндории дигар хамагй мутаъаллик ба гузаштаи башарист ва чи бихохеду чи нахохед ба фардо нахохад расид. Хуни зиёдеро хадар хохад дод, магзхои зиёдеро хохад фусурд, пеш аз ин ки ба монанди динхои ибтидоии юнонию гайра ба торих бипайвандад.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  102. Сайидюнус менависад:

    //////Ҳоло ки пурмуддаойед, лутфан, ба ин чанд пурсиш посух диҳед:
    1. Сино (р) аз овардани “бурҳони сиддиқин”, дунболи исботи чӣ чизе ҳаст, агар тибқи бардошти шумо, вуҷуди Худоро, восита дар ин истидлол қарор дода бошад?/////

    Посух ба ин суол аз худи Синост, ки мегуяд:

    «Тааммул кун, ки чигуна дар ИСБОТИ МАБДАЪИ АВВАЛ ВА ВАҲДОНИЯТУ ЯКТОИИ ВАЙ ва покияш аз айбҳо баёни мо ба тааммули чизи дигар ҷуз худи вуҷуд ниёз надошт?»

    ё ин як:

    «Тааммул кун, ки чигуна баёни мо дар бораи СУБУТИ АВВАЛИ ТАЪОЛО ва ваҳдонияти ӯ дар бароаташ аз нуқсҳо ниёзманд ба чизе ҷуз тааммул дар нафси Вуҷуд набуд ва ба баррасии махлуқот ва афъоли ӯ ниёз надошт агарчи онҳо низ далеле ба Ӯ ҳастанд,…»

    Ба суолоти дигар базудӣ посух хоҳам дод.

    Ба умеди рӯзҳои нек,

  103. Фаромарз,
    Пас, он чи қаблан бароятон арз карда будам, дуруст будааст, ки:
    «Муҳимтарин чизе ки такягоҳи Бўалӣ (р) дар ин бурҳон қарор гирифта аст, ин асли “воқеияти вуҷуд” аст, на “воқеияти вуҷуди Худо»

  104. Бо дуруд,
    Дар тўли таърихи башарият, ҳамвора ақаллияте будаанд ва ҳам инак низ вуҷуд доранд, ки ба ҷаҳони перомунашон, бо айнаке хосс нигоҳ мекунанд, бар хилофи ҳукми ақлу хиради инсонӣ доварӣ менамоянд, ва он чи хилофи фитрати солим аст ба забон ҷорӣ мекунанд.
    Қабл аз Суқроти ҳаким, гурўҳе дар Юнон падид омаданд, ки мегуфтанд: Ҷаҳон ҳеҷу пуч аст, воқеияте надорад, ҳар он чи мо инсонҳо ҳақиқат меангорем, ҷуз пиндору хаёл нест. Ин ҷамоати бехирад, барои чунин иддаоҳои бепояи худ, “истидлол” ҳам мекарданд. Ин гурўҳ ки ба “суфастоиён” маъруф буданд, афкори пучашон замоне на чандон кўтоҳ, бар андешаи мардуми он замон тасаллут ҳам пайдо карда буд. То ин ки Суқроти ҳаким ба миён омад, ва бо такя бар мантиқи дурусти андешидан, тамоми иддаоҳои он ҷамоатро аз реша хушконид. Кори Суқротро, Афлотун ва шогирди ў Арасту низ идома доданд.
    Оё имрўз низ афроде шабеҳи суфастоиён дорем?
    Посух ин аст, ки оре, дорем. Ба кадом далел?
    Далели мо ин аст, ки агар шахсеро дидем, ки масалан мункири аҳкоме бадеҳӣ чун “Тасалсул ботил аст”, “Давр ботил аст”, “Ҷамъи ду амри ба ҳам мутаноқиз, дар як ҷо, маҳол аст”, “Қонуни иллият воқеият дорад” ва ин қабил бадеҳиёти ақлӣ шавад, оё метавонем номи чунин шахсеро ҷуз суфастоӣ, чизе дигар бигузорем?
    Муқаддимоти тамоми бурҳонҳои фалосифа дар исботи вуҷуди Худои Таоло, ҷуз ҳамин чаҳор асли бадеҳӣ (бутлони тасалсул, бутлони давр, қонуни иллият, ва истиҳолаи иҷтимои нақизайн) нестанд. Яъне агар касе ин аслҳоро пазируфта бошад, чорае ҷуз таслим дар баробари бурҳони фалосифа надорад.
    Барои ҳамин аст, ки дар мағрибзамин, касоне ки бурҳони фалосифа бар вуҷуди офаридгорро радд кардаанд мисли Ҳюм, далелашон ҷуз ин нест, ки масалан мегўянд: “Иллият воқеият надорад”.
    Чаро ба чунин роҳе рафтаанд? Чун қабули қонуни иллият (масалан) ононро водор мекунад вуҷуди Худоро бипазиранд.
    Албатта коре ба материалистҳо надорем. Онҳо аз фалсафаву улуми ақлӣ, ҷуз номашро намедонанд. Феълан, инкори он бехирадон, мавриди ҷиддият қарор надорад.
    Бинобар ин, инкори вуҷуди Худо, басон инкори хуршед дар рўзи рўшан аст.
    Комёб бошед.

  105. Ҳоло бубинем, он ақаллияти имрўза, ки давру бари мо қарор доранд, перомуни Худо чӣ мегўянд?
    Аввалан, миёни алфоз раҳгуманд. Аз тарафе мегўянд: “Худо Хиради бузург аст, ки ҷаҳонро офарида ва бар мабнои конуни ростию эътидол онро идора мекунад”. Аз ин сухан, чунин вонамуд мешавад, ки гўяндааш фил-ҷумла “худое”-ро қабул дорад.
    Аз тарафи дигар мегўянд: “Чизе, ки бояд мавриди бахс бошад, исботи вучуди Аллох аст. На ин оят ва на оёти дигари Куръон ва на хеч тафсири тулои он оёт то кунун натавонистаанд бо такя бар донистахои куръонй вучуди Аллохро ба таври мантикй собит кунанд”.
    Магар баҳс дар атрофи вуҷуди офаридгор, марбут ба лафз аст, ки агар номи онро “Хиради бузург” биномем, мавриди қабул, аммо агар номи онро “Аллоҳ” бигузорем, мавриди инкор бошад?
    Магар фалосифа, дунболи исботи лафз буданд, ё дунболи исботи маъно?
    Магар маънои воқеии “Хуршед”, ки моён номи онро “хуршед”, русҳо “солнце», ўзбакон “қуёш”, арабҳо “шамс” меноманд, ба тағйири лафз, дигаргун мешавад?
    Чӣ бехирадист агар шахсе, бо тағйири лафз, маъноро дигаршуда пиндорад?
    Комёб бошед.

  106. Худое, ки ислом мунодии он аст
    Ҳоло, бубинем, Худое, ки Қуръону суннат муаррифӣ мекунанд, чӣ вижагиҳое дорад:
    1. Худои Қуръон, якто ва беҳамтост:
    “Бигў: Ҳақ ин аст, ки Худо якто ва беҳамтост. Худо, танҳо бениёзест, ки ниёзҳо бад-ў баранд. На зояд ва на зоидаи касест. Ҳеҷ кас мар Ўро ҳамто ва ҳамонанд набуда ва набошад” (Сураи Ихлос);
    2. Худои Қуръон, дар тамомии мавҷудот зуҳуру таҷаллӣ дорад:
    “Мо нишонаҳои худро дар офоқи ҷаҳон ва нуфуси бандагон нишон медиҳем, то маълум гардад, ки Ў (Худованд) ҳақ аст” (сураи Фуссилат, ояти 53);
    3. Дине ки Худои Қуръон ба сўи он мехонад, реша дар фитрат ва сиришти одамон дорад:
    “Рўи худ ба сўи дини поку холиси парвардигор кун; ин фитратест, ки Худо инсонҳоро бар он офарида, ва дигаргунӣ дар офариниши Худо нест. Ин аст дини муҳкаму ҷовидонӣ…” (Сураи Рум, ояти 30);
    4. Худои Қуръон, ҳамон худоест, ки тадаббуру тафаккур дар хилқати осмонҳову замин, хирадмандонро ба сўяш мекашонад:
    “Ҳамоно дар офариниши осмонҳо ва замин, омаду шуди шабу рўз, нишонаҳое барои хирадмандон аст” (сураи Оли Имрон, ояти 190);
    5. Худои Қуръон, худоест, ки офариниши ҳастиро ба некўтарин шакл биёфарида:
    “Он Худое, ки ҳар чизро ба беҳтарин шакл офарид” (Сураи Саҷда, ояти 7);
    6. Худои Қуръон илми бепоён дорад ва чизе барои Ў пўшида нест:
    “Калидҳои ғайб танҳо назди Ўст, ва ҷуз Ў касе онҳоро намедонад. Ҳар он чи дар хушкӣ ва дарёст медонад. Ҳеҷ барге (аз дарахте) намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст, ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин, ва ҳеҷ тару хушке вуҷуд надорад, ҷуз он ки дар китобе ошкор (дар илми Худо) сабт аст” (Сураи Анъом, ояти 59);
    7. Худои Қуръон дорандаи тамоми сифоти камолу ҷамол аст:
    “Худорост ҷамии асмо ва сифоти некў” (сураи Аъроф, ояти 180);
    8. Худои Қуръон, дар айни пинҳонӣ чунон пайдост, ки аз фарти пайдоӣ, мавриди инкори кўрдилон аст:
    “Худо оғозу поён, пайдову ниҳон аст, ва Ў ба ҳар чиз огоҳ аст” (Сураи Ҳадид, ояти 3);
    9. Худои Қуръон, одил аст, ва ба касе ситам раво надорад:
    “Ва Мо бар онон ситам накардем, балки онҳо худ бар хештан ситам карданд” (сураи Наҳл, ояти 118);
    10. Худои Қуръон, ҷисм нест то маҳаллеро ишғол карда бошад, балки Ў ҳама ҷо зуҳур дорад:
    “Машриқу мағриб азони Худост, ва ба ҳар сў рўй оваред, Худо он ҷост. Худованд ҳамаро фаро гирифта ва доност” (сураи Бақара, ояти 115);

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: