Иқбол ва “фалсафаи худӣ”-и ў

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

pic_iqbal_23Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар таърихи 22 феврали соли 1873 дар яке аз шаҳрҳои иёлати Панҷоб (Ҳинди пеш аз тақсим) зода, ва 21 апрели соли 1938 дунёи фониро тарк гуфтааст.

Ў пас аз дарёфти дараҷаи фалсафаи ахлоқ аз донишгоҳи Кембриҷ, вориди донишгоҳи Мюнехи Олмон шуд ва рисолаи доктории худро бо унвони «Сайри фалсафа дар Юнон» тадвин намуд, ва муддате дар донишгоҳи Лондон ба тадриси забону адабиёти араб пардохт. Ў аз миёни мутафаккирони ғарб ба осори Ҷон Лок, Кант, Ҳегел, Гёте, Толстой, ва аз шарқиён ба ашъори Мавлавӣ дилбастагии хоссе дошт.

Дар айёми таҳсил дар Аврупо таҳаввулоти умдае дар вай падидор шуд. Ў дар айни он ки комилан бо фарҳангу фалсафаи мағрибзамин ошноӣ дошт, аммо бар он буд, ки Ғарб фоқиди як идеоложии ҷомеи инсонӣ аст. Ў мўътақид буд, ки мусалмонон танҳо мардуме ҳастанд, ки аз чунин идеоложӣ бархўрдор ва баҳраманданд.

Аз ин рў, Иқбол дар айни даъват ба фарогирии улуму фунуни ғарбӣ, аз ҳар гуна ғарбгароӣ ва шефтагӣ нисбат ба фарҳанги ғарбӣ, мусалмононро бар ҳазар медошт. Ў мегўяд:

Мисолигарии Аврупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он дарнаёмада, ва натиҷаи он пайдоиши «ман»-и саргардонест, ки дар миёни демукросиҳои носозгор бо якдигар ба ҷустуҷўи худ мепардозад, ки кори мунҳасири онҳо баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст. Сухани маро бовар кунед, ки Аврупои имрўз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият аст. Аз тарафи дигар, мусалмонон молики андешаҳо ва камоли матлубҳои ниҳоии мутлақи мубтанӣ бар ваҳйе мебошанд, ки чун аз дарунитарин жарфои зиндагӣ баён мешавад, ба зоҳирӣ будани он ранги ботинӣ медиҳанд» ((Эҳёи фикри динӣ, с. 204).

Иқбол фалсафае дорад, ки онро «фалсафаи худӣ» меномад. Ў мўътақид аст, ки шарқи исломӣ ҳувияти воқеии худро, ки ҳувияти исломӣ аст, аз даст дода ва бояд онро бозёбад. Иқбол мўътақид аст ҳамон тавр ки фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва ё гум кардани шахсият мешавад, аз худ фосила мегирад ва бо худ бегона мегардад, ғайри худро ба ҷои худ мегирад, ва ба қавли Мавлоно «дар замини дигарон хона месозад», ва ба ҷои он ки кори худ кунад, кори бегона мекунад, ҷомеа низ чунин аст.

Ҷомеа монанди фард, руҳу шахсият дорад, монанди фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият мегардад, имон ба худ ва ҳисси эҳтиром ба зоту каромати зотро аз даст медиҳад ва яксара суқут мекунад. Ҳар ҷомеае, ки имон ба хештан ва эҳтиром ба киёни зоту каромати зоти хештанро аз даст бидиҳад, маҳкум ба суқут аст.
Иқбол мўътақид аст, ки ҷомеаи исломӣ дар ҳоли ҳозир дар бархўрд бо тамаддуну фарҳанги ғарбӣ дучори бемории тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият шудааст.

«Худ»-и ин ҷомеа ва «хештан»-и асили ин ҷомеа ва рукни ракини шахсияти ин руҳи ҷамъӣ, ба қавли Иқбол, ислом ва фарҳаги исломӣ аст. Нахустин кори лозиме, ки ислоҳгароён бояд анҷом диҳанд, бозгардондани имону эътиқоди ин ҷомеа ба «худ»-и воқеии ў яъне фарҳангу маънавияти исломӣ аст. Ва ин аст «фалсафаи худӣ» назди Иқбол.

27 Responses

  1. ИСФАРА:ЧТО СВЯЗЫВАЕТ МЭР ГОРОДА С МЕСТНЫМ БАНДИТОМ-2
    или о том, как подрывает авторитет Президента Таджикистана его представитель- Председатель города Исфары, член Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (парламента) Республики Таджикистан Мухиба Якубова
    http://tajmigrant.com/

  2. Сайидюнус,

    Бехтар аст навиштахои парешони худро дар пойгохи интернетии худатон мунташир кунед. Андеша-ро то кунун бисёр олуда кардед. Дар натича, ба гуфтаи Рустам, хонандагони Андеша аз Точикистон камтар шудаанд. Аз ин ба баъд риъояти одоб бифармоед ва хадди худро бидонед. Сарфароз бошед.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  3. Табар,
    Пеш аз ҳар чиз, бароятон умеди он дорам, фарҳанги таҳаммул ва тоби шунидани дидгоҳҳои мухолифони хеш дар ақидаро биёмўзед, ва сипас доди сухан аз озодии андешаву ин ки дигарон дар ибрози «ақида» таассуб доранд диҳед.
    Ба ҳар ҳол, то он чо ки камина огоҳам, «Андеша» мутааллиқ ба ҳамаи точикон аст, на ба қишре хосс аз онон.
    Ҳар чи ҳаст, изҳори назар дар ин майдон, ба соҳиби ин пойгоҳ яъне Рустами Субҳони бармегардад. Камина на эшонро мешиносам, ва на дар ин чиҳат, ки мақолоти ирсолии каминаро дар пойгоҳи хеш чой диҳанд, талош мекунам.
    Комёб бошед.

  4. Бародар Табар!
    Ту хечгуна хак надори ки ба дигар одамон тахмил куни ки андешахошро дар кучо нависад.Ту факат бигу ки намехохи чавонони точик хакикатро бишунаванд.
    Аз вакте ки мухтарам Истаравшани дар сомонаи озодбаёни Андеша, макола нависта ва ба иддиохои пучи ту посухи мантики ва равшанкунанда медоданд ва андешахои фалсафии возех тарх менумуданд, садхо чавонон муштоки хондани он навистахо хастанд.
    Ман намегуям ки хамаи одамон аз он хушхол шуда бошанд ва онхоро хонанд, локин одамони хонандаи хело зиед хам дорад.
    Дар вакти хозир, авалин дарсе ки хамаи точикон ба омухтани он эхтиечманд хастанд ин тахамул карда гуш додан ба нукта назархои гуногун аст. Ин худаш дарси бузург аст.
    Саломат бошед!!!!

  5. табар
    аз кай ту хучаини ин вебблог шуди ки амру фармон мекуни ки устод Саидюнус ва точикои дигар хам бошад дар бори дини ислом назари худашро ба точикои дигар нагуяд.
    ё ки бо акаи Рустам гапа якта карди!!!
    агар мо вебблоги АНДЕША ро хар руз мехонем барои маколаи устод мехонем. магар ягон одам ту ба этироз карда истодаст ки ту «навиштахои парешони худро» дар вебблоги худат навис гуфта??? ё ки ягон одам ту ба гуфтааст ки «Андеша-ро то кунун бисёр олуда кардед»???
    хама худашба яраша мухтарам мебошад. бояд ки ба хама ту хам эхтиром куни.
    зинда бошад озодии баён!!!

  6. Ба Табари беадаб,
    Якеро пурсиданд адаб аз ки омухти?
    Гуфт аз беадаб.

  7. Табар,
    Бехтар аст шумо масъули «олуда нашудан»-и сайти интернетии худатон бошед, на ин сомонаи озод дар тархи андешахои мухталиф.
    Шумо, ки хамеша шиори дигарандеши ва озодии баён медихед ва дигаронро ба яккаандеши муттахам менамоед, ин навбат чи шудааст, ки як бора 180 дарача андешаи худро дигаргун сохта, ба дигарон таклиф муайян мекунед?
    Шояд ин изхори андеша аз тарафи шумо дар зери маколаи «Икбол ва фалсафаи худи»-и вай, ба ин сабаб бошад, ки шумо сахт аз масъалаи «ба асли худ» баргаштани мусулмонхо харосон бошед.
    Назари ман ин аст, ки ба миён омадани бахсхои ширину дилкаше, ки аз тарафи устоди мухтарам Истаравшани дар «Андеша» тарх шуда истодаанд, ин сомонаро зинат бахшид, на «олуда» кард.
    Бародароне, ки ин бахсхоро «дилгиркунанда» медонанд, ба назари ман ба сабаби амик будани ин бахсхо мебошад. Агар барояшон «дилгиркунанда» бошад, бахсхои дигарро мутолиа кунанд. Шукри Худо, дар миёни точикон нафархое хастанд, ки аз ин бахсу мунозирахо истифодахои хубе мебаранд. Ман худам баъзе аз ин бахсхоро ба руси тарчума мекунам ва агар устод Истаравшани ризоят диханд, онхоро дар сайти худамон мегузорам.
    Саломат бошед!

  8. Табариахс, то хол фарки байни калимаи «такия» ва «такво»-ро немедониву,боз дар Куръон «хатохоро кашф мекуни». Он чиро Кабул надори – нахон ва зардапартои накун.
    Хатто саги куча аз «туборинхо» бехтар аст , пир шудан гирад – ба рахгузарон камтар аккас мезанад…
    ту баръакс.

  9. Аз хама дархост мекунам, одоби суханро нигах доранд.

    Бовар кунед, хама гуна мазмунро мешавад, бе тахкиру тавхин баён кард.

    Боре хам гуфта будам ва холо такрор мекунам, ин торнигор чои матрах кардани андешахои гуногун ва хатто часурона аст БА ХОТИРИ РУШДИ МИЛЛАТ ВА МАМЛАКАТИ МО. Аз ин лихоз барои ман бисёре аз навиштахои чаноби Истравшанй ва хамингуна бисёре аз акидахои часуронаи Табаракс мухим ва боарзишанд.

    Шахсан аз хеч яки онхо тараф намегирам, локин аз хардуяшон сипосгузорам ва хамчунин аз якояки шумо, ки ба рушди андеша дар байни мардуми худ хидмат мекунад.

    Хадафи олии мо набояд паст задани якдигар, балки баланд бардоштани дониш ва обруи миллати озоди мост.

    Комёб бошем!

  10. Сайидюнус,

    Шумо, то дилатон мехохад, фармудахои худро метавонед дар торнигори худ мунташир кунед. Мухотаби ман Рустами азиз аст, ки ахиран дар интишори дидгоххои яктарафа ва мугризонаи Сайидюнус, ки хамагй аз исломи арабй ва вопасмонда бармеояд ва харфи тозае дарбар надорад, бидуни таносуби лозим амал кардаанд. Хамон гуна ки худи шумо хам мушохида фармудед, навиштаи ахири Сайидюнус таваччухеро чалб накард, чун хастакунанда шуда. Танхо бахсе, ки дар паи он дар гирифт, дар бораи шахси Сайидюнус ва жожхоихои бепоёни у буд.

    Сарфароз бошед

  11. Сайидюнус, баротарамон Табар гапи хакро мегуяд ва хеле мулоим. Ростй, бехтар мебуд жожу можхоятонро лутфан дар дигар чо, масалан, дар сайти «Кимиёи саъодат» нашр кунед ва мухлисони амрхои маъруфатон (Зафар Карим, «Бедордил», Равшан Камолов ва м.и.) онхоро дар он ҷо хамрох бо дигар асархои «бузург» мутолиъа кунанд. Бошад, ки ба чое биоасанд.
    Бо маъзарат, Сафаралй.

  12. Дӯстон,

    Дар бораи Муҳамад Иқбол нахустин сухане, ки мешавад, гуфт ин аст, ки агар Ғарб набуд, Иқбол Иқбол намешуд.

    Ва на танҳо Иқбол, ки бисёре дигар аз пешгомони андеша ва сиёсат дар авохири қарни 19 ва авоили қарни 20 дар Осиё, монанди Отатурк, Гандӣ, Моу ва дигарон таъсироти амиқе аз андешаҳои Ғарб бардошта буданд ва нигариши онҳо ба Ғарб онҳоро водошта буд, ки дар фарҳанг ва идеулужиҳои шарқии худ бознигарӣ кунанд.

    Ҳатто Аҳмади Дониши бухороӣ низ дар пайи сафарҳое ба Урупо (Сан-Питерзбург) чашмаш бозтар шуда ва андешаҳои интиқодии худро нисбат ба ҷомеъаи рукудкардаи Аморати Бухоро баён мекард. Ба Эрон низ таъсири андешаҳои ғарбӣ аз тариқи касоне монанди Мирзо Малкумхон ва Мирзо Фатҳъалӣ Охундов ва дигарон ворид шуд.

    Ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки чаро Иқбол дар баробари дастпарвари мактаби Ғарб буданд аз Ғарб интиқод мекард, ё ба истилоҳи дигар ғарбситез буд?

    Фаромӯш набояд кард, ки Иқбол дар замоне мезист, ки бахши аъзаме аз сарзаминҳои ҷаҳон, ва аз ҷумла кишварҳои исломӣ, мустамлика ва мустаъмараи Ғарб буданд ва дар ҳоле, ки Ғарб ҷаҳонро таҳти тасаллут дароварда буд, андешамандони шарқӣ, монанди Гандӣ ва Иқбол, ки худ дастпарварони мактаби Ғарб буданд, шурӯъ карданд ба андешидан, ки чаро Ғарб ба ин ҳама пешрафт даст ёфта ва авомили ҷаҳонгирии Ғарб чист. Албатта андешаҳои онҳо мухталиф буд ва ҳамгом бо муборизоти озодихоҳонаи мардуми ҷаҳон барои раҳоӣ аз истеъмор буд ва табиъист, ки инон ҳам берун аз воқеъиятҳои рӯзи худ набуданд ва аз ҷараёни озодихоҳӣ наметавонистанд берун бимонанд.

    Албатта, бисёре аз андешаҳои онон дар бораи Ғарби замонаи худашон дуруст буд ва пештар аз онон худи фалосифа ва донишмандони ғарбӣ низ системи иҷтимоъии мавҷуд дар Ғарб, яъне сармоядориро ба боди интиқод мегирифтанд, ки намунааш Маркс ва марксистон буданд.

    Вале намешавад гуфт, ки Гандӣ ва Иқбол ва бархе дигарон дар нигариш ба Ғарб аслан бетараф ва беғараз будаанд. Чун онҳо башиддат таҳти таъсири андешаҳо ва ё муборизоти озодихоҳӣ буданд, осори онҳо низ дар сояи ин ҷунбишҳо ба вуҷуд омада ва табиъист, ки онҳо аз мавқеъи носиюнолизми худашон суҳбат кардаанд.

    Онҳо аз як сӯ ночор буданд мардум ва иҷтимоъоти худро тағйир бидиҳанд, вале аз сӯйи дигар барои ин ки ба ингуна тағйир даст ёбанд, боистӣ миллатҳои худро, ки дар баробари Ғарб ҳақир шуда буданд ва эътимод ба нафси худро аз даст дода буданд, тармими шахсият ва ҳувият медоданд. Ва барои ин, ифтихорот ба гузашта муҳимм буд, чунонки имрӯз низ бархе давлатҳои Осиёи Миёна ба ифтихороти гузашта паноҳ бурдаанд. Нерӯи худӣ имкон медод, ки мардум дар баробари истеъмор ба мубориза бархезанд.

    Дар ин миён Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки тамомии сарзаминҳои мусалмониро дар баробари Ғарб залилу нотавон медид, гумон мекард, ки бозгашт ба андешаҳои ноби исломӣ ва давроне, ки фалсафа ва ҳикмат дар сарзаминҳои исломӣ ривоҷ дошт, вале Ғарб дар ҷангал мезист, рӯҳи худиро дар мусалмонон бедор хоҳад кард.

    Бо такия ба ҳамин бардоштҳо, Иқболи Лоҳурӣ то андозае ба як андешманди ғарбситез, ва агар дақиқтар бигуем, истеъморситез табдил шуда буд. Ва ҳадафи ӯ расидан ба озодии кишварҳои мусалмонӣ аз истеъмор буд. Ва бисёре аз андешаҳои Иқбол ва Гандӣ бо поён ёфтани истеъмори Ғарб аҳаммияти худро аз даст доданд, ҳарчанд андешаҳои дигари онон ҳамчунон барои кишварҳои ақабмондаи мусалмонӣ ва шарқӣ дорои аҳаммият ҳастанд.

    Камбуди Иқбол ҳамин буд, ки танҳо ба сарнавишти ҷомеъаи мусалмони ҷаҳон меандешид, то ба сарнавишти инсоният. Агар инсоният дар меҳвари андешаҳои ӯ қарор мегирифт, мумкин буд вай ба як файласуфи сатҳи ҷаҳонӣ бирасад, вале ӯ худро маҳдуд карда буд ба ҷаҳони ислом. Ва аз ҷумлаи паёмадҳои андешаи вай вазъи имрӯзии ҷаҳони ислом аст, ки дар ғарбситезии бемантиқ ва бедалел худро ғарқ кардааст.

  13. Фаромарз,
    Шумо, чун пештара, аз худ касеро ба намоиш мегузоред, ки барои “хештан” ҳеҷ арзише қоил нест. Бузургӣ ва азамат ҷуз дар чеҳраи “Ғарб” намебинад. Агар дар ҷое, ҷалоле дар чеҳраи фарзанде аз фарзандони мусалмонон намоён гардад, ногузир ба дунболи он мешавад, ки дар пушти он чеҳра ҳатман “Ғарбе”-ро пайдо кунад, вагарна ба назари ў, фарзандони ин сарзамин аз худ чизе дошта наметавонанд, ва маҳол аст, ки миллати ислом касе чун Иқболро барои башарият таҳвил диҳад.
    Оё ин сухани шумо, ки мегўед: ///Дар бораи Муҳамад Иқбол нахустин сухане, ки мешавад, гуфт ин аст, ки агар Ғарб набуд, Иқбол Иқбол намешуд///, ҷуз инро мерасонад?
    Матлаби дигаре ки ёдоварии он лозим ба назар мерасад, ин аст, ки таваҷҷўҳи Иқбол ба худшиносӣ аз хилоли баргашт ба усули исломӣ, чунон нест, ки шумо мепиндоред, ки навъе таваҷҷўҳ ба сарнавишти инсоният набошад, ҳамон тавре ки мегўед: ///Камбуди Иқбол ҳамин буд, ки танҳо ба сарнавишти ҷомеъаи мусалмони ҷаҳон меандешид, то ба сарнавишти инсоният. Агар инсоният дар меҳвари андешаҳои ӯ қарор мегирифт, мумкин буд вай ба як файласуфи сатҳи ҷаҳонӣ бирасад, вале ӯ худро маҳдуд карда буд ба ҷаҳони ислом. Ва аз ҷумлаи паёмадҳои андешаи вай вазъи имрӯзии ҷаҳони ислом аст, ки дар ғарбситезии бемантиқ ва бедалел худро ғарқ кардааст.///
    Чун, ба инсоният нигаристан ва инсониятро меҳвари андеша қарор додан, масъалае аст, ки метавон аз дидгоҳҳои мухталиф ба он нигарист, ва ҳар мактаби фалсафӣ дидгоҳи ба хусусе дар ин бора дорад. Чунин нест, ки танҳо ин либерал-секулорҳо бошанд, ки меҳвари андешаҳояшон инсоният бошад. Мактаби ислом бар он аст, ки танҳо мактаб ва оинест, ки сарнавишти инсоният – аз он назар ки инсон аст, на аз он назар ки масалан араб аст ё аҷам аст ё ғайра – мавриди андешаҳои дурусти ў қарор гирифта аст, ва танҳо оини ислом аст, ки тавониста ба инсонҳо – аз он назар ки инсонанд – инсонияташонро баргардонад.
    Комёб бошед.

  14. Сафаралӣ,
    Лозимаи дигарандешӣ, гўш супурдан ба андешаҳои мухталиф аст, на ин ки инсоне, ки муддаист дигарандеш асту дигарон “такандеш”, эълом дорад ман тавони шунидани ҷуз он чи мавриди писанди ман аст надорам. Хуб, агар касе чунин аст, метавонад аслан чизе аз афкореро, ки хушоянди ў намебошад нахонад, ва аслан маҷбур нест бихонад. Аммо дар айни ҳол, ҳаққ надорад ба дигарон таҳмил кунад, ки эй мардум! Шумо низ нахонед. Ин навъ нигариш дигар кўҳна ва пўсида рафтааст. Дар асри ҳозир, нахустин нишонаи фарҳанг доштан, ин эҳтиром қоил будан ба афкору андешаҳои дигарон аст, ҳарчанд мавриди писанди ў нест.
    Аз ин рў, аз шумо ва амсоли Табар хоҳиш ба амал меояд барои дигарон низ озодии баён қоил бошед, ҳарчанд дарунатон шуморо таҳти фишор қарор дода, водоратон кунад чунин иброз доред, ки мардум набояд ҷуз он чиро шумо меписандед гўш бисупоранд.
    Барои шумо ва амсоли Табар таманнои сиаи садре бештар мекунам.
    Комёб бошед.

  15. Ба Сайидюнус.
    Озодии баён ин жожу мож нест, домулло.

  16. Сайидюнус мегуяд:

    «Мактаби ислом бар он аст, ки танҳо мактаб ва оинест, ки сарнавишти инсоният – аз он назар ки инсон аст, на аз он назар ки масалан араб аст ё аҷам аст ё ғайра – мавриди андешаҳои дурусти ў қарор гирифта аст, ва танҳо оини ислом аст, ки тавониста ба инсонҳо – аз он назар ки инсонанд – инсонияташонро баргардонад.»

    Ва инро касе мегуяд, ки муътакид аст сиаи садри басанда дорад ва тавоноии тахаммули дигаронро дорад. Агар дигарандешоне дар ин бахс хастанд, мулло, мутмаиннан он шумо нестед. Шумо ба монанди аксарияти мардуми авоми кишвар як мусалмони мутаъассиб беш нестед. Таъассуб ба андозае бар магзатон чангол афкандааст, ки ёрои андешидан ба чизе чуз исломро надоред ва бо чи адои хандаоваре исломро танхо мактаби инсонй дар чахон медонед. Бо ин ки пур огохед, ки ислом имруза аз гайриинсонитарин ойинхои чахон ба шумор меояд ва хуни милюнхо тан зери сари хамин ислом аст ва хамаруза даххо тани дигарро ба коми оташини худ дар мекашад. Тозатарин намунааш руйдодхои хунини Покистон аст, ки мустакиман аз сахрои араб, яъне ислом нашъат мегирад. Ислом дини вахшиёнест, ки хозир нестанд ба тачаддуд ва инсоният тан диханд.

    Каблан хам гуфтам ва боз мегуям, танхо ба суханоне бояд эхтиром гузошт, ки ба чомеъа осеб нарасонад. Ислом кобили эхтиром нест, чун динест ба шиддат зиддибашарй ва бефарханг. Ислом хакикатро нодида мегирад, Заминро хамвор медонад, сангро худогуна мепарастад, занро инсон намедонад ё фавкаш нисфи мард медонад, Худояш мард аст ва факат бо мардхо гап мезанад… Ислом динест, ки Аллохаш мегуяд, вежаи арабхо аст. Дине, ки танхо барои арабхо «нозил» шуда, бояд дар махдудаи арабхо бимонад ва дигар бахшхои чахонро олуда накунад. Аз ин ру сухбатхои шумо харгиз мавриди пазириши як шакхси солимфикр вокеъ нахохад шуд. Пас бехтар аст кашки исломатонро ин чо насобед. Ба бахонаи озодии баён гуши фалакро бо музахрафоти исломиатон пур кардаед. Дар холе ки веблоги шумо муносибтарин чой барои худозорони зехнй аст. Ин торнамо мутаъаллик ба Точвару Рустам аст ва пайванде бо Кимиёи Саъодат надорад. Зимнан, интихоби номи китоби Газолй ба унвони номи веблогатон хокй аз акидахои вокеъии шумост, ки барои имрузиён бисёр ибтидои, тангназарона ва гайри кобили кабул аст. Сарфароз бошед.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  17. Сайидюнус менависад:

    /////Мактаби ислом бар он аст, ки танҳо мактаб ва оинест, ки сарнавишти инсоният – аз он назар ки инсон аст, на аз он назар ки масалан араб аст ё аҷам аст ё ғайра – мавриди андешаҳои дурусти ў қарор гирифта аст, ва танҳо оини ислом аст, ки тавониста ба инсонҳо – аз он назар ки инсонанд – инсонияташонро баргардонад.////

    Ин ҳарфҳо ҷуз жожхойӣ, чунончи бархе ҳамвандон инҷо гуфтанд, нест. Ҳеч сухане газофтар аз ин нест, ки бигуем ИСЛОМ ТАНҲО МАКТАБ ё ОЙИНЕСТ, ки сарнавишти инсонҳоро дар меҳвар қарор додааст.

    Аввалан ин ки ҳазорон мактаб ва ҷараёни фикриии дигар дар бораи инсоният сухан гуфтаанд, ва ислом ТАНҲО мактабе нест, ки ба сарнавити инсон меандешад, чунончи ту иддаъо мекунӣ.

    Дигар, ин ки ислом ба ҳеч ваҷҳ ба инсоният дар маҷмӯъ наандешида ва марнавишти инсоният дар маҷмӯъ дар меҳвари он нест. Ислом ойинест, ки худ қадами аввалро пеш мегузорад дар ҷудо кардани инсонҳо ва ононро ба мусалмон, зиммӣ ва кофир тақсим мекунад ва ҳарчи мегуяд барои мусалмон мегуяд ва агар дар ҷоҳое аз калимаи инсон дар Қуръон истифода шуда, ё мухотаб қарор гирифта, манзур ҳамон инсонест, ки ислом овардааст ё инсонест, ки қарор аст ислом оварад на беш аз он.

    Ислом танҳо барои мусалмонон аст ва худаш дақиқан таъриф ва чорчубҳое барои онҳо сохта ва ба сарнавишти инсоният дар маҷмӯъ намеандешад, вагарна мегуфт, ки «эй инсонҳо, шумо ҳама, чи мусалмону чи кофар баробаред, ва эй мусалмонон бо кофарон аз дари дусти дароед.»

    Вале ба воруни ин мебинем, ки ислом инсонҳоро тақсим мекунад ва барои онон ҳувиятҳои ҷудогонае қоил аст ва қолаб месозад ва инсонҳоро дар қолабҳои худ мегузорад ва ба мусалмонон меомӯзад ки фалонӣ муъмин аст, фалонӣ кофар, беҳмонӣ ҳам аҳли китоб аст ва ун яки дигар кофар, ва ун севумӣ мулҳид ва он чаҳорумӣ муртад ва барои ҳар калдоме аз ин табақоти инсонӣ, ки худаш таъриф карда ба мусалмонон дастур медиҳад, ки бо онон чигуна рафтор кунанд.

    Агар ислом ойине барои инсоният буд, барои ғайримусалмонон ҷизя ном молиёти ғайриинсонӣро таҳмил намекард.

    Дар бораи Иқбол, дуруст аст, агар Иқбол дар Ғарб таҳсил накарда буд, Иқболи Лоҳурӣ намешуд. Ин барои ҳамагон рӯшан аст. Касе инро нодида мегирад, ё гараз меангорад, роҳи хато рафтааст. Аммо ин бад-он маънӣ нест, ки ин сухан Иқболро беарзиш бигирем, на, ин танҳо назари интиқодӣ ба шахсифт ва осори Иқбол аст, чи басо андешаҳои хубе, ки вай дар осораш гуфтааст ва чи басо шеъри хубе, ки вай ба забони форсӣ гуфта ва адабиёти форсиро ғанӣ сохтааст ва барои ин андешаҳои хуб ва он шеъри хуб сазовори ситоиш аст ва у албатта аз фарзандони бузурги Эрон маҳсуб мешавад.

  18. Табар,
    Ман аз аввал бахсу мунозираи устод Саидюнус бо шумо ва низ Фаромарзро, бо диккат мехондам. Шумо иддио доред, ки “Агар дигарандешоне дар ин бахс хастанд, мулло (яъне устод Саидюнус), мутмаиннан он шумо нестед».
    Лекин фикр надорам касе ки аз аввал бахсу мунозираро мехонад, ин хел хулоса барорад. Шахсан ман, аз шумо ва Фаромарз ба гайр аз лачочату таассубу хисси шовинисти нисбат ба як миллат (арабхо) чизи дигаре надидам. Баръакс, навиштахои устод Саидюнусро ки мутолиа мекунам, ба гайр аз мантику истидлоли акли аз ишон хеч сухани нолоике намебинам.
    Мутаассиб касе нест, ки як акидаи муаянеро дорад, мутаассиб касест, ки хозир ба гуш додан ба акидаи дигарон намебошад. Шумо, дакикан, аз ин назар, як шахси мутаассиб ва диктаторе мебошед, ки намехохад сухани дигарон ба самъу назари хонандагон бирасад.
    Тавсия мекунам, чунон ки дигарон хам таъкид карданд, дили васе дошта бошед.
    Саломат бошед!

  19. Табар ва Фаромарз,
    Агар шумо мутаассиб набошед, пас дар дунё хеч мутаассиб нест. Шумо киро метарсонед? Устод Саидюнусро?
    Гапи гуфтан надоред…..
    Ха ха ха ха…..
    Маконатон дар оташи дузах аст!!!!
    Устод Саидюнус дар чаннат!!!!
    Ха ха ха ха ха….
    Очахоятонро…….

  20. Саидюнуси пуч,
    Ту хеч чиз намедони, факат жожу мож мегуи.
    Суханони парокандаатро ба холаат бигу.
    Устод Табар, донои доноён аст, хунар дори ба саволхои устод Табар чавоб гардон.
    Агар натавони, охиста рафта дар хамон сайти худат суханонатро бизан.
    Ха ха ха ха

  21. Ман Фаромарз хастам, аз хама огох ва аз хама доно!!!!
    Агар Саидюнус заиф намебуд, ба саволхои ман чавоб медод, вале у заифу нотавон аст.
    Бародарам Табар хам аз хама доно аст, ба гайр аз Ман.
    Ха ха ха ха

  22. Як латифаи хаётй, ки ба хазати Икбол хам дахл дорад.
    Президенти рахматии Точикистон Рахмон Набиев хангоми як сафараш ба Покистон хамрохи сарвари онвактаи Покистон дар сари гуре гулчанбар мегузорад. Чун хуруфи урду-форсии руи кабрро хонда натавонист, охиста ах хампахлуяш пурсид, ки инҷо гури кист. Сарвари Покистон мутахаййирона гуфт, ки магар намедонед, дар ин чо хазрати аллома Икболи лохурй хуфтааст.
    Набиев мегуяд: «Ха, медонам ин тирмизакро: аз хоби гарон хез, гуфта як халки калонро дар Точикистон бехоб кардаасту худаш дар инҷо кайф карда хобидааст…»
    Ха-ха
    Лекин ин барои шухй буд ва шумоён онро чиддй нагиред.

  23. ///////Ман Фаромарз хастам, аз хама огох ва аз хама доно!!!!
    Агар Саидюнус заиф намебуд, ба саволхои ман чавоб медод, вале у заифу нотавон аст.
    Бародарам Табар хам аз хама доно аст, ба гайр аз Ман.
    Ха ха ха ха//////

    Ончи дар боло мехонед, касе навишта ва номи худро Фаромарз ниҳодааст. Лутфан ба ёд дошта бошед, киин навиштаҳо ба ман мутаъаллиқ нестанд.

  24. Бо дуруд,
    Номаҳое, ки дар боло бо таърихи
    March 30th, 2009 at 5:23 pm Said:
    ва
    March 30th, 2009 at 5:40 pm Said:
    бо номи Сайидюнуси Истаравшани мундарач хастанд, марбут ба камина намебошад. Ҳар ки ин корро кардааст, шаръан ва қонунан бояд масъули кори худ бошад.
    Аз бародар Рустами Субҳони хоҳиш мешавад онҳоро пок созанд.
    Комёб бошед.

  25. Навиштаи пучи зер, ки бо номи ман дар боло мунташир шудааст, мутаъаллик ба ман нест. Умедворам Рустам ин навиштахои такаллубиро хазф кунанд. Сипосгузорам.

    «tabaraxe, on March 30th, 2009 at 6:17 pm Said:

    Саидюнуси пуч,
    Ту хеч чиз намедони, факат жожу мож мегуи.
    Суханони парокандаатро ба холаат бигу.
    Устод Табар, донои доноён аст, хунар дори ба саволхои устод Табар чавоб гардон.
    Агар натавони, охиста рафта дар хамон сайти худат суханонатро бизан.
    Ха ха ха ха»

  26. Бародарони азизу гироми шуморо чи шудааст?

  27. Рустами азиз,
    Бори сеюм аз шумо хохиш мешавад он чи аз навиштахо, ки ба камина тааллук надорад бардоред. Номахои зерин навиштаи камина нестанд:

    March 30th, 2009 at 5:23 pm Said:
    ва
    March 30th, 2009 at 5:40 pm Said:

    Комёб бошед.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: