Номаи саркушода ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

01Адаш Истад, нависанда, шаҳри Самарқанд

Ҷаноби олии мўҳтарам!

Камина солиёни зиёдест, ки дур аз Тоҷикистон зиндаги мекунам. Бисту панҷ сол дар матбуоти Тоҷикистон дар бахши иникоси санъати нафиса кор кардам. Солҳои охир аз телевизион оиди кушода шудани роҳҳои нав, корхонаҳо, сохта шудани биноҳои зебо хабарҳоро шунида аз комёбиҳои Тоҷикистон шод мешавам. Аммо ҳоло оиди як масъала, ки маро бисёр сол боз ором намегузорад ва гумон мекунам, ки мисли ҳар як фарди миллатдўст нисбати он шумо низ бетараф нестед, сўҳбат ва машварат кардан мехоҳам.

Герби ҳар давлати ҳар як кишвар мазмуну мўҳтавою мақсадҳои асосии давлати он кишварро ифода мекунад.

Агар давлати исломие бошад ба мисли Эрон ҳатман шаклу мазмуни исломӣ дорад.

Герби Иттиҳоди шўравӣ бо досу болғаи худ рамзи иттиҳоди коргару деҳқон буд. Сипас Маскав ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба пунбакориву гандумкорӣ ихтисос дод ва тасвири онҳоро дар гербҳои давлатии онон ҷовидонӣ гардонид.

Мо аз он тасвирҳо дар эҷоди герби нав даст кашидан нахоста ба тасвири пунбаву гандум маъноҳои амиқтаре доданӣ шудем. Масалан гуфтем, ки пунба рамзи покии дили мардуми ҷумҳурӣ шуда метавонад. Ҳол он ки пунба на танҳо сафед, балки хели зард низ дорад. Баъд гуфтем, ки гандум рамзи аз қадимзамон кишоварз будани мардуми мост ва ғайра.

Сипас кишварамон офтобист гўён сурати хуршеди тулўъкунандаро, кишвари кўҳистонием гўён сурати кўҳро вориди герб намудем.

Ҳеҷ фикр намекардем, ки ҳафтод дар сади кишварҳои дунё офтобианд ва марзи ҷумҳурӣ танҳо аз кўҳ иборат нест, аз нисф зиёди теъдоди мардуми Тоҷикистон дар ҳамвориҳо зиндагӣ ва кор мекунад.

Касе садо дод, ки китоби нахустини тоҷик Авеcто аст, мо аз қадимтарин миллатҳои китобдор ҳастем. Сипас китобро ба ивази сурати шер ба герб ворид намудем. Ҳол он ки дар китобхониву китобнависиву китобчопкунӣ пешқадам ҳам нестему миёнаҳол ҳам.

Ҳамин тавр аз рамзҳои бостонии давлатдории халқамон танҳо сурати тоҷ, ки болои офтоб муаллақ истодааст, баёнгари давлат бимонд. Аммо ин тоҷ ҳам тоҷи подшоҳист ва мазмуни давлати демокративу ҳуқуқбунёд мувофиқате надорад. Чаро болои он ҳафт ситора насб шудааст, устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки аз ёдам рафтааст. Эҳтимол мазмуни хотирмоне надоштааст.

Сурати чунин тоҷи ҳафтситорадорро агар ягон археолог аз ягон шаҳраки бостонӣ пайдо карда бошад ё ягон муаррих дар китоби қадимае дида бошад, пас бигўяд ва ман хоҳам пазируфт. Даъвои асосии ман дар арафаи қабули лоиҳаи герб чунин буд, ки тоҷикон давлатдории бисёр қадим доштанду рамзҳои давлатдориро низ, ба ҳамин сабаб ба эҷоди рамзҳои нав зиёд набояд кўшид.

Эҳтимол касе фикр кунад ё бигўяд: Адаш Истад, аз он ки мо масалан ба герб сурати шерро ворид кунем дар зиндагӣ ягон чиз тағйир меёбад? Магар ҳоло вақти чунин корҳост?

Посухи ман чунин хоҳад буд: Дар олам ҳама чиз дар таҳаввул, тағйирот аст. Фикри одамон бар асари донишҳои нав дигар мешавад ва онҳо тибқи фикри нав амал хоҳанд намуд. Агар мо ба фикрҳои кўҳна маҳдуд шавем, навандешиву навсозиро пеша накунем, дар вартаи қафомондагӣ боз садҳо сол хоҳем монд.

Вазифаи асосии давлати худкома пеш аз ҳама ҳимояи дастгоҳи худ аст, аммо дар давлати демократӣ ҳимояи озодиву ҳаёти шаҳрвандон аст. Магар хуб нест, агар ин мазмун дар герби давлат ифодаи рамзии худро дошта бошад?

Ман узви комиссиюни гимни нав будам. Оҳангсозони тоҷик бисёр кўшиданд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол гимни наве нависанд, корашон ҳеҷ омад намекард ва аз гимни Сулаймон Юдаков беҳтаре эҷод карда наметавонистанд. Медонед чаро? Зеро ки дар оҳанги он гимн, ки имрўз низ кўҳна нашуда хизмат мекунад, даъват ҳаст. Даъват инсонро ба по мехезонад.

Дар замони шўравӣ ба Даҳаи маданияти Ўзбекистон дар Тоҷикистон бо дигар адибону ҳунарпешаҳои ўзбек Сулаймон Юдаков низ ба Душанбе омад. Ман, ки дар «Адабиёт ва санъат» кор мекардам, ўро дар меҳмонхона пайдо намуда сўҳбате оростам. Пурсидам, ки оҳанги дилангези гимни Тоҷикистонро чӣ тавр ёфтааст. Ў ҷавоб дод: аз шеъри Лоҳутӣ ёфтам, ки бо мисраи «Бародарон, бародарон, ба модари ватан вафо кунем!» оғоз меёфт.

Герб низ андаке ҳам бояд аз чунин вижагӣ бархурдор бошад. Ва ҳар як мансабдори идораҳои маъмуриро бояд вазифадор кунад, ки ҳимояи ҳаёти шаҳрвандон кори муҳимтарин ва дараҷаи авали ҳар як идораву маъмури давлатист. Герби ҳозира бошад, касеро ба чизе масъул намекунад.

Акнун сурати герби ҳозираро гиреду ба тоҷи он бо диққат нигоҳ кунед. Ба чӣ далел онро тоҷи ориёӣ метавон номид? Ку ҳамон нишона?

Коргардон Борис Кимёгаров, ки дар наворгирии «Шоҳнома» аз маслиҳати донишмандони торих баҳрабардор буд, бар сари шоҳ тоҷи болдор ниҳодааст. Чунин болҳо, ки рамзи фариштаи муҳофизи ҳаёти инсонанд, то ба рўзҳои мо дар каллапўшҳои тоҷикии чустӣ омада расидаанд.

Дар герб тоҷро метавон ҳар хел тасвир кард, аммо он набояд торихияташро гум кунад. Ҳатман бояд чизе дошта бошад, ки ба бисёрҳазорсолагии давлатдорӣ ишора намояд.

Агар гебрҳои давлатҳои дигарро бинед, ҳатман як унсури он асосӣ ва бузургтар аст. Дар герби Русия чунин мақомро уқоби дусара дорад. Дар табиат уқоби дусара нест, ин рамз аст. Рамзи провославӣ. Зеро то оини провославӣ Русия оини ягона надошт, ки мардумашро дар атрофи давлати мутамарказ муттаҳид кунад. Русҳо тавлиди давлати бузурги Русро ба густариши оини провославӣ вобаста медонанд, ки дуруст аст.

Ё ки герби Ўзбекистонро бинед, аз рамзиҳои бостонӣ мурғи ҳуморо мешиносед, ки қисми азими гербро фаро мегирад. Ин рамзи хушбахтист. Ин герб гўё аз номи давлат гуфта истодааст: Ман рамзи таъмини бахти шумоям!

Дар герби кунунии Тоҷикистон набудани ҳамин гуна як сумболи зинда, ки ба қавли мардум, «агар бубинӣ дилат қувват гирад», хеле таассуфовар аст.

Дар герби собиқи Тоҷикистон дар чунин мақом шер истода буд, ки давлати муҳофизи ҳаёти шаҳрвандонро ифода мекард.

Вақте ки ин сурати ин шерро берун андохтанд, ҳама унсурҳои дигари герб хурду баробар шуданд.

Ҷаноби олӣ!

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди фарҳанги мардуми Тоҷикистон моҳи феврали соли 2008 дар Интернет веблоги худро бо номи Герби шердор боз намудам. Дар қатори дигар асарҳо то кунун чанд мақола оиди масъалаи герби Тоҷикистон низ навишта ба ин веблог гузоштаам. Аммо аз рўшанфикрони тоҷик садое барнахост. Ба ин сабаб фикрҳои пасинро дар ин бобат дар сурати нома ба унвони роҳбари давлати Тоҷикистон даровардам.

Бо орзуи комёбиҳои бештари Шумо ва мардуми Тоҷикистон муассиси веблоги Герби шердор нависанда Адаш Истад.

ш.Самарқанд
22 марти с.2009

Advertisements

74 Responses

  1. niyati khub ast, Shoyad dar Dushanbe ovozi ustod Istadro shunavand.

  2. Ба аввали матлаб нигаристам: «Ҷаноби олии мўҳтарам!»
    Ба ба чумлаи охир: «Бо орзуи комёбихои бештари шумо…»
    Дилам вайрон шуд, нахондам. Агар миллатдустон хам ин ЭШРро «чаноби олй» ва «мухтарам» гуянд…
    Хай-хай!!!!!

  3. Далери азиз,
    Вақте хитоб ба касе номае ё паёме мерасонед, хоҳ он тараф аз бадтарин душманонатон бошад, ё ситампешатарин ҳоким, бо адаб сўҳбат кардани шумо, нишонаи бузурги ва волоии фарҳанги шумост, на бузургии тараф. Бинобар ин, агар чаноби Адаш Истад, бо адаб сўҳбат ронда аст, ин нишонаи фарҳанги ўст.
    Агар дар муҳтавои нома диққат карда бошед, барои ҳар оқиле ҳувайдост, ки эшон дар мақоми таърифу тамчид нестанд, балки баръакс аз чойгоҳи интиқод сўҳбат мекунанд. Ва чунин коре яъне бо суханони муаддабона расонидани интиқод, некўтарин ҳунари ҳунарманд аст, на баръакс.
    Комёб бошед.

  4. Bisyor pesnihodi olijanobe kardaast, ustodi giromi Adash Istad. Dar haqiqat sher ramzi buzurgist, waqto ki sherro mebini dilat quwwat megirad. Gerb boyad sherdor boshad.

  5. Дӯстон,

    Аслан бояд, ҳам герб, ҳам парчам ва ҳам президентро иваз кард.

    Инҳо ҳама куҳна шудаанд! 🙂

  6. Чаноби Адаш Истад, Шумо, ба фикам, ба бозихои чаноби олй, ки як сол ориёй мешаваду соли дигар ханафй, аммо на н асту на он бовар кардаед ва ба ин суханхои ширин дода шуда, ба эшон мурочиат кардед.

    Инхо хама барои гул задани мардум аст. Магр хамин хукумати чаноби олй набуд, ки корашро аз куштани шер дар герби миллй сар кард? Фаромуш кардед, ки зани тоторе аз тарафдорони шадиди Эмомалй гуфта буд, «какие мы львы, мы — мокрые курицы» ва аз Эмомалй сар карда, хама ба ин гуфтахо кафкубй мекарданд.

    Онхо шери болдорро «оппозися» меномиданд ва барои хамин аз герб берун андохтанд. Акнун Шумо аз онхо илтичо мекунед, ки шерро баргардонанд. Онхо, ки «мокрые курицы» бошанд, чаро бояд шерро дуст доранд?

    Бехуда умедвор мешавед. Ин кор баъд аз 100 сол хохад шуд, вале мо нахохем дид.

  7. Сипосгузорам аз устод Адаш Истад, ки ин номаро ба мо фиристоданд ва самти баҳсҳои торнигори моро иваз мекунанд.

    Агар аз дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин номаи саркушода посух бирасад, бе ҳеч гуна таъхир ба нашр хоҳад расид. Ҳарчанд гумон надорам, фарҳанги ин ҳукумат ба чунин поя расида бошад.

  8. Бо хурмат аз баёни устод Адаш Истад.
    Оё бо иникос шудани шер дар рамзи давлат, халки точик дар як лахза шерчигар шуда мебарояд? Аввал хамчун давлат, халк шер шудан даркор. Авлодони мо, ки шери даври худ буданд ба ин рамз хак доштанд.
    Бародарон, бар чашми хакикат нигаред, ба тарихи 1000 соли охир нигаред. Агар мо холо хам шер мебудем, тули садсолахо таги истилои мугул ва тули 100 соли охир таги истилои рус мезистем? Хакикати талхи имруза хамин аст, ки бародаре дар боло нутк кадааст “какие мы львы, мы — мокрые курицы” . Дигар хакикати талх: герби имрузаи Точикистон шароити хазорсолаи охири халки точикро акс мекунад, ки ба гайр аз кишоварзи дар коре фаол набуд. Чамбари герб аз як чихат чамбари 1000 истолои бегонагонро рамз мекунад.
    Максади имрузаи мо хамчун халк бояд ба по хестан бошад. Аввал шер шавем, бад аски худро шер кунем.

  9. Муроҷиат ба иштирокчиёни баҳси герб

    Ман аз ин мавқеъ ва маврид истифода карда касеро гунаҳкор карданӣ нестам, ки фалонӣ ту фалон вақт фалон корро карда будӣ. Яке аз гунаҳкорон худам ҳастам, ки ҳамон вақт дод назадам: – Мо ба таълифи герби нав тайёр нестем, ба он сабаб ки дар матбуот оиди рамзҳои торихии давлатдории тоҷикон ва гузаштагони мардуми тоҷик – суғдиён, бохтариҳо баҳс ташкил накардем. Яъне ҳоло мо рўшанфикрон сари ин масъала ба ҳамфикрӣ ноил нашудаем.

    Чанд мақоае, ки дар «Адабиёт ва санъат» чоп кардем, масъаларо камтарак равшан карду халос баъзе аносири лоиҳаи герби нав баҳсангез буданд. Масалан тасвир шудани кўҳ тақозо мекард, ки мо мардуми кишварро кўҳнишину ҳамворнишин тақсим накунем.

    Сурати китобе, ки болои китобмонаки чўбӣ тасвир шудааст, низ баҳсангез аст. Агар ин китоб бошад, кадом китоб? Бештар ба китоби амборхона (конселярӣ) монанд аст, чун ягон хате надорад. Агар хат тасвир ёбад, кадом хат бояд бошад? Мардуми тоҷик ва гузаштагони ў хатеро эҷод кардаанд?

    Магар дар он «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек»-ро навиштан мумкин аст?

    Герби ҳозираи давлати тоҷик дар муқоиса бо гербҳои давлатҳои дигари дунё чи бурду чӣ бохте дорад?

    Бо орзуи комёбиҳои бештари Шумо – Адаш Истад.

  10. Фирдавси азиз,
    Чунин ҳам нест, ки чигунагӣ ва кайфияти гербу аз ин қабил румуз, дар сохтани ҷомеа, ва ё лоақалл дар барангехтани ҷомеа ба сўи он чи он рамз ба он ишора дорад, нақше надошта бошад. Яъне барои он ки герби давлати мо, рамзи шер дарбар дошта бошад, чунин ҳам нест, ки ибтидо худи мардуми ҷомеа, ба қавли шумо “шерҷигар” бошанд. Балки баръакс, ҳамин рамз худ метавонад ҷомеаро ба “шерҷигар” гардидан кашонад. Аз назари равонӣ, ин матлаб дар ҷои худ собит аст.
    Бисёр иттиифоқ афтода, ки шунидан ё ба фикр супурдани як маънои шеъре масалан (ки худ рамзе аст), ошўб ва шўришҳое дар ҷаҳон барпо карда, ва ё сарнавишти як миллатеро ба куллӣ тағйир дода.
    Барои исботи ин матлаб, намунае ёловар мешавам; он ҳам аз гузаштаи худамон.
    Дар “Чаҳор мақола”-и Арўзии Самарқандӣ менависад, ки “Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, ки воситаи ақди Оли Сомон буд, замистон ба Дорул-мулки Бухоро мақом кардӣ ва тобистон ба Самарқанд рафтӣ ё ба шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон. Як сол навбати Ҳиро (ҳамин Ҳироти имрўза) буд. Наср ибни Аҳмад рўй ба Ҳиро ниҳод. Он ҷо лашкар баросуд ва ҳаво хуш буд, ва бод сарду нон фароху меваҳо бисёр ва машмумот фаровон, ва лашкаре аз баҳору тобистон бархўрдории тамом ёфтанд аз умри хеш. Меҳргон даромад ва асир даррасид, инсоф аз наими ҷавонӣ бистуданд. Чун Амир Наср меҳргону самароти ў ба диди азимаш хуш омад, замистон он ҷо мақом карданд ва чун тобистон даромад меваҳо даррасид, Наср ибни Аҳмад гуфт: Тобистон куҷо биравем, ки аз ин хуштар мақомгоҳ набошад, меҳргон биравем. Чун меҳргон даромад гуфт: Меҳргони Ҳиро бихўрему биравем.
    Ҳамчунон фасле ба фасле андохт то чаҳор сол. Лашкар малул гаштанду орзуи хонумон бархост. Подшоҳро сокин диданд, ҳавои Ҳиро дар сари ў, ва ишқи Ҳиро дар дили ў. Пас сарони лашкар ба наздики устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ рафтанд, гуфтанд: Панҷ ҳазор динор туро хидмат кунем агар санъате кунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, ки дилҳои мо орзуи фарзанд ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебаромад.
    Рўдакӣ қабул карду қасидае бигуфт ва ба вақте ки Амир сабуҳ карда буд даромад ва ба ҷои хеш биншасту чун мутрибон фурў доштанд, ў чанг баргирифт ва дар пардаи ушшоқ ин қасида оғоз кард:
    Бўи ҷўи Мўлиён ояд ҳаме
    Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме
    Оби Ҷайҳун аз нашоти рўи дўст
    Ханги моро то миён ояд ҳаме
    Эй Бухоро шод бошу дер зӣ
    Мир, зеи ту шодмон ояд ҳаме
    Мир, моҳ асту Бухоро осмон
    Моҳ сўи осмон ояд ҳаме
    Мир сарв асту Бухоро бўстон
    Сарв сўи Бўстон ояд ҳаме
    Чун Рўдакӣ бад-ин байт расид, Амир аз тахт фууруд омаду бе мўза пой дар рикоби ханг навбате овард ва рўй ба Бухоро ниҳод чунон ки ронину мўза ду фарсанг дар пайи Амир бурданд ба “Баруна” ва он ҷо дар пой кард ва инон то Бухоро ҳеҷ ҷой бознагирифт”.
    Дар таърихи ҳамаи миллатҳо аз ин қабил достонҳо, ки нишондиҳандаи арзиши румузе чун абёту ашъору алоими давлату ғайра аст зиёд ба чашм мехўрад. Таъсири румуз дар руҳия ва ахлоқ ва авзои зиндагонии башар ва дар таҳаввулоти таърихӣ, ки дар ҷомеаи башарӣ рух дода агар бештар аз таъсири сипоҳу зўру пулу аз ин қабил чизҳо набошад камтар нест.
    Гоҳ иттифоқ меафтад, ки як рамз, ки фақат арзиши маънавӣ дорад, як пояи руҳияи миллатеро ташкил медиҳад.
    Комёб бошед.

  11. Ба акидаи ман хам герби имруза, хосияти тамсили халки точикро ва хадаф будан ба халки мо надорад, на аз чихати тарихи на аз чихати маънави. Вале хатои хукумати солхои 1990-1992 ро такрор набояд кард (ки асос сабабгори кабул шудани ин рамзро дар саросемавории хукумати он давраи Точикистон мебинам). Чун устод Адаш Истад нутк кард, мо холо таёр нестем, пеш аз кабули як рамз олимони соха асос, сабаб, максад ва хадафи он рамзро муаян кунанд.
    Ба мисол, Русия суруди милии бад аз шуравии худро на соли 1991-92 кабул кард, балки бад аз истишорахои зиёд соли 2000.

  12. Агар ягон чондор ба рамзи герби точикистон арзанда бошад, ин факат хамон ХАР аст,ки сифат ва шароити зисти мардуми моро хеле хуб иинъикос мекунад, хатто дар лафзу хакоратхои мардум «худй» шудааст. Чун Хар кор мекунанд дар Руссия , дар ин чо хам чени Хар кадр надоранд ,ин паст задан нест-
    чунки хакикати замона аст.

  13. Ман имруз нишони миллй, яъне герби бисер кишвархоро дар Википедия дидам ва ба як хулоса омадам, ки герби мо бадтарин ва пучтарин герб дар чахон аст.

    Нафрати худову халк бод ба онхое ки ин хел гербро фикр карда баровардаанд!

  14. Дӯстон,

    Ҳоло фурсатест, ки на танҳо герб, балки ҳамаи нишонаҳои мо иваз шавад, ва дар канори он диди мо ба таърих ва зиндагии оянда, ҳувияти миллӣ ва бисёр чизҳои дигар низ иваз шавад.

    Чаро касе намепурсад, ки мо масеҳӣ нестем, вале солшумории масеҳиро барои худ меъёр қарор додаем?

    Ман бар ин назарам, ки мо бояд моҳҳои миллии худ (Фарвардинмоҳ, Ардибиҳишт,..)-ро зинда кунем ва солшумории худро низ аз таърихи нашри эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Бузург, ки санае дарвоқеъ на мазҳабист ва на бегона, балки миллист ва секулор ва ҳамчунин рамзи инсонгароист, оғоз кунем.

    Дар канори инҳо, бояд герб ва парчами мо иваз шавад, ва дар сохтани герби тоза бояд аз рамз ва нишонаҳои миллию бостонӣ, ки баёнгари озодӣ ва истиқлоли ин миллат ҳастанд, истифода шавад. Масалан рамзҳои хубе монанди рамзи фраваҳар (дарвоқеъ Хварена ё фарри каёнӣ), ки нишонаи фармонравоии миллии мост, ва рамзи симург (Саена) ва рамзи шер ва ва ғайра бисёр баҷост.

    Парчами мо бояд се ранги Дирафши Ковиёниро дошта бошад: СУРХУ ЗАРДУ БУНАФШ! Ин рангҳои сабзу сапеду сурхи имрӯзӣ ҳам аз нигоҳи рамзӣ хуб нест ва ҳам аз нигоҳи зебоишиносӣ бад аст.

    Зимнан дар парчами Ҳахоманишиён нақши Симурғ (Саена – Шоҳин) ё уқоб вуҷуд дошт, ки бисёр бамаврид аст агар он дар герби имрӯзини мо нақш ёбад. Нақше аз шуълаи ҷовидон низ рамзи оташниҳод будани мо ва ишора ба зинда доштани нур дар хонадон хоҳад буд.

    Сипас бояд дар таърихнигорӣ ё нигариш ба таърихамон таҷдиди назар кунем. То кунун бисёре бехудӣ ва нобихрадона таърихи моро аз Сомониён оғоз мекунанд ва бар гузашта аз он хатти бутлон мекашанд, ки ғалат аст. Дигар ин ки Сомонӣ нишонаи истиқлоли миллати мо нест, чун давлати Сомониён давлате мустақил набуд, он аморате аз хилофати араб буд.

    Ҳанафия ё мактаби Абуҳанифаро набояд ба идеология табдил дод, зеро ин бар хилофи таърих ва фарҳанги милли мост, баракс бояд ба асли гуногунфарҳангӣ дар қонуни асосии мо таъкид шавад, чун таърихан миллати мо ба мазоҳиб ва макотиби гуногун такя мекарданд ва аз мактаби хоссе пайравӣ накардаанд.

    Зимнан бояд қонуни асосӣ ва тамоми дигар қавонинро тағйир дод, зеро бисёре аз ин қавонин тарҷумаҳои ҳарф ба ҳарфи қонунҳои Русия ва Қазоқистон ҳастанд ва дар забони мо маънӣ надоранд, ба ҳамин далел мардум қонунхон ва қонундон нестанд. Аслан бояд истилоҳоти сиёсиро низ иваз кард масалан ба ҷойи раиси ноҳияву шаҳру вилояту…. бояд истилоҳоти милли худро, назири шаҳрдор, устондор, дехбуд, сипаҳбуд, сипаҳсолор, девондор, додвару додситон, додҷуву додхоҳ, деҳистон (ба ҷои шурои деҳот ё чамоъати деҳот, ки як истилоҳи русии бемантик аст), канкош ба ҷойи шуро, анчуман ба чойи чамъият, меҳистон ба ҷои мачлиси милли, ва гайра…..

    Дар ниҳоят номи Тоҷикистон низ сохтаи русҳост, беҳтар буд агар ба чойи он номи Хуросон (ё Эрони ховарӣ) пазируфта шавад….

  15. Ман зидди акидае хастам, ки бо иваз кардани рамзхои миллй чизе тагйир намекунад ва ё холо вакти ин корхо нест.

    Баракс, айни пайт аст ва рамзхои хакикй дар насли чавони мо хисси ифтихори решадор ва талошварзй барои ояндаро ба вучуд меоранд.

    Чанги тахмилй ва ончй баъд ба миён омад, рухияи мардуми моро шикастааст. Бе рухияи кавй дар ягон кор, хатто дар хурдтариин кор комёб шудан номумкин аст.

    Агар ин президент ва хукумати у мутахиддй ва сарчамъии халкро мехоханд ва дар андешаи ин хастанд, ки чй тавр аз давраи бухрон бе шикасту рехт ё катлу куштору дуздию рахзанй берун шавем, рохи дигаре ба гайр аз такия ба хисси миллй ва ангезаи кавй нест.

    Дар холе ки мо иктисодиёт надорем ва давлату кишвар охиста-охиста ба коми бало меравад, ин корхо даъвате хохад шуд ба дубора зинда шудан ва дар пайи оянда шудан.

    Таърих гувох аст, ки кавмхои зиёдеро сухан ва намо ба корнамой кашондааст. Барои точикон ин шояд охирин шанс аст!

  16. Шрек,
    Инсонро нашояд, ки хештанро то ин ҳад бикоҳад. Ҳеч инсони оқиле дар бораи рамзи кишвари худ, чунин дидгоҳе, ки шумо иброз медоред, изҳор намекунад.
    Агар чанд соле душвори гиребонгири мардуми мо шуда, ва ҳамватанони мову шумо ночор барои ба дастоварии қути лоямути хеш ба Русия ё чоҳое дигар паноҳ мебаранд, ва шояд ба гуфтаи шумо воқеият ҳамин бошад, ки мавриди таҳқир ҳам қарор гиранд, аммо бо вучуди он, ҳамаи инҳо сабаб намешавад, ки мо хештанро кам шуморем.
    Ин чанд сабоҳ хоҳад гузашт, ва иншоаллоҳ рўзе фаро хоҳад расид, ки ҳама чиз ба чои аслии хеш бархоҳад гашт.
    Ҳар миллате, ки пояҳои қави дар фарҳангу гузаштаи худ дорад, рўзе ба пои худ хоҳад истод.
    Гўянд: Инсони шариф, шарофаташ ба нерў ва иззате, ки ба таври муваққат дорад нест, балки шарофати инсон, ба фарҳангу гузаштаи ғании ўст, ки мардуми мо аз гузаштаву фарҳангии ғание бархўрдоранд, ҳарчанд дар мавқеи кунуни заъфу нотавони гиребонгири онҳост.
    Вазифаи мову шумо, руҳия додан ба мардумон хусусан чавонон аст, на навмед кардани онҳо.
    Имрўз муҳимтарин рисолати рўшанфикрони чомеаи мо, ёдовари ва тазаккури фарҳанги ғани, дине мантиқи, гузаштаи дурахшон ва аз ин қабил умур, ки барои чомеаи мо ҳувияти худашро ба ёд оварда, ва бо ҳамин нигоҳ, ба оянда назар меафканад аст, на муждаи навмеди, камбини, бегонаро сутудану хештанро кам шумурдан.
    Комёб бошед.

  17. Посух ба як хонанда

    Шер дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи хосеро доштааст. Оиди дар дарафш истифода шудани нақши шер ин байти Анварӣ далел шуда метавонад:

    Ҳар самт ғуборе, ки зи ҷавлони ту хезад,
    Чун бод хўрад шери алам шери жаёнро.

    Мавлоно низ гуфтааст:

    Мо ҳама шерем, вале шери алам,
    Ҳамламон аз бод бошад дам ба дам.

    Ин байтҳо гувоҳи онанд, ки нақши шер дар дирафшҳо аз қадимзамон ҳамчун нишони давлатдорӣ истифода гардидаанд.

    Ба забони тоҷикӣ шуҷоъ ва далерро шердил, паҳлавонони зўрро шербозу, шермард, шерзўр, шертан мегўянд.

    Фирдавсӣ нисбати Рустам сифати шермардро истифода кардааст:

    Ваз-ин рўй чун Рустам шермард,
    Биёмад бари шоҳи Эрон чу гард.

    Яке гуфт, ки магар мардуми мо шер аст, ки месазад дар герб ин сифати ўро ҷовидонӣ намуд?

    Посух медиҳам: дар герби ягон давлат сифати мардум мунъакис нашудааст. Танҳо он арзишҳое тасвир шудаанд, ки ё волоянд ё қудсиянд ва метавонанд рамзи давлатдорӣ бошанд.

    Рўдакӣ гуфтааст:

    Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
    Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷад.

    Ин ҷо ба ифтихори дурўғини мардумони гуногун Рўдакӣ тамасхур мекунад. Ҳамин тавр бо кўҳҳои Тоҷикистон фахр карда онро ба герб ворид намудан ба Нил фахр кардани мисриро мемонад. Чаро бо он ифтихор мекунӣ, ки онро бо дастони худ насохтаӣ?

    Маълум, ки нишони давлатӣ ҷои чунин ифтихороти дурўғин нест.

    Албатта як пораи ватан аст, азизаш медорем, чун пораҳои дигари он.

    Мо агар ба сухани як бефарҳанг бовар карда мардуми худро шер нею «мокрая курица» бишморем, албатта чунин хоҳад шуд. Вале мо рўҳбаландкунандаи халқ, аз шердилонем, байрақбардори пешсафи он ҳастем. Бозор гуфтааст:

    Шоиру шеъре агар бошад –
    Дар сари дасти баланди халқ чарме ҳаст,-
    Парчаме аз домани оҳангаре ҳаст
    Коваи оҳангарею сангаре ҳаст.

    Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ «мокрая курица» набудааст, мисли мурғи самандар чандин бор сўхта хокистар шуда боз аз нав зинда гардидааст.

    Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест
    Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст
    Он, ки месўзад, вале аз тўдаи хокистараш
    Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст

    Мана яке аз рамзҳои мардуми тоҷик!

    Бубинед, ки халқ ба ҷои шермард ягон бор гургмард, говмард, аспмард, палангмард, филмард ё девмард мегўяд?

    Аз ҳамин худатон хулоса бароред!

    Агар ба баъзе халқҳои дигар диққат диҳед, мебинед, ки хирс ё гург арзиши бештаре доранд.

    Дар байни тоҷикон аз ҳайвоноти дарранда танҳо шер мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳатто саги вафодори инсон ҳаромтарин ба шумор меравад.

    Агар дар дигар забонҳо масалан бо Медведев, Волков, Лисицын барин номҳои хонаводагӣ, ки маънояш хирсу гургу рўбоҳ аст, дучор шавед, дар байни тоҷикон ба ғайри Шермуҳаммад, Шералӣ ё Алишер исмеро пайдо намекунед, ки аз номи ҳайвоне дарак диҳад. Шерак, Ҷавоншер ва Гулшер низ аз номҳои тоҷикианд.

    Пас боз суол ин аст: Чаро танҳо шер дар фарҳанги мардуми мо ин қадар мақоми баланд дорад? Инҳо магар шерони қудсӣ – митроӣ нестанд? Ва ҳамон шерони тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт нестанд?

    Бе шинохти чунин арзишҳо худшиносии миллӣ нахоҳад буд.

  18. Man waqto ki, surati pakhtaro dar gerbi Tojikiston mebinam ba khayolam yak chiz merasad, guyo ki dar Tojikiston sokhti dawlatdori ghulomdori boshad, bisyor ghamgin meshawam. Dehqononi pakhtakor hamchun ghulomonand baroi dawlati mo. Dehqoni bechora 6-7 moh monandi ghulom bo araqi jabin dar bayni kishtzori pakhta mehnat mekunadu wale befoida. Agar rahbaroni mo dar Tojikiston fabrikawu minifabrikho mesokhtand ki, pakhtaro hamchun aшёи хом namefurukhtem wa dar dokhili Tojikiston mahsuloti 100% karda ba`d mefurukhtem, dar on holat man az surati pakhtae ki, dar gerbi most fakhr mekardam!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! ROSTI, DILAM BA IN GHULOMONI PAKHTAKOR MESUZAD!

  19. Ман пешниход мекунам, ки дар герби Точикистон хатман сурати ароба (рамзи як навъ ба сар бурдани точикон) бошад.
    Шер рамзи бузургй аст ва ба точикони имруза дахле надорад, чунки точик имрузхо БУЗУРГ нест (аз хамон «бузург» ба фикрам «ург»-аш паридагй.
    Шояд баъдтар, як замоне вокеан бузург шаванд. Ана он вакт мумкин. Вале инро бояд исбот кард.

  20. Мухтарам чаноби огои Сайидюнус! Шумо навиштед, ки одам (одами дурусту бомаърифат) бояд хар касро масалан Мухтарам гуфта мурочиат кунад, новобаста аз он ки он кас чи хел аст (Вақте хитоб ба касе номае ё паёме мерасонед, хоҳ он тараф аз бадтарин душманонатон бошад, ё ситампешатарин ҳоким, бо адаб сўҳбат кардани шумо, нишонаи бузурги ва волоии фарҳанги шумост, на бузургии тараф. )
    Хуб, агар фатвои Шумо дуруст (сахех) бошад, пас агар як одам (фархангй, намозхон, бамаданият) агар (боз хам ба мисол) дар хонааш бо дузде ё бадтар аз ин бо бойфренди занаш рубару шавад, ба вай «мухтарам» ва «шумо» гуфта мурочиат кунад?!
    Оё агар дар рубаруятон як одами ба гуфтаи точикони имруза натуралний хар ё ягон масту беадаб бошад, чи магар ба онхо хам «мухтарам» ва ё «Чаноби Олй» гуён мурочиат бикунем? Агар ба худи хар Мухтарам Харчони азиз бигуем, ин нишони боадабй мешавад?
    Мухтарам Сайидюнус, Шумо боз дар як амри маъруфатон мегуед: «Гоҳ иттифоқ меафтад, ки як рамз, ки фақат арзиши маънавӣ дорад, як пояи руҳияи миллатеро ташкил медиҳад». Бале иттифок меафтад – гохе, хар аз гохе. Дуруст мисли он ки як одами пулдор аз куча пул меёбад. Вале камбагали бепул чун хамеша ин иттифоки хуш руй намедихад. Хатто агар дар герби кишвари аз вай камбагалу берузитар акси шер, Офтоб, пул, нон ва г-хо мехкуб шуда бошад.
    Боз Шумо худатон хубтар медонед, Мухтарам Сайидюнус.

  21. Дуруд бар ҳамандешон!
    Дуруд ва сипос бар Устод Адаш Истад ки ҳамвора нигаҳбони ному нишони тоҷикон буда ва ҳаст.
    Устоди арҷманд, аз посухе ки 18 декабри 2008 ба пурсиши ман дар бораи нишони шердор дода будед бисёр сипосгузорам. Чандин сол аст ки дар бораи нишону парчам дар фарҳанги тоҷикон ҷустор дорам ва Худоро шукр ки навиштори Шумо маро ёриву раҳнамоӣ мекунанд.

    Устод орзу кардаанд ки “рўзе мерасад ва герби собиқаро барқарор мекунанд”. Он шери болдор ҳаминак Нишони Раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар Дарафши Раисҷумҳур нигошта шудааст.
    Дар бораи ин дарафш гуфтанӣ бисёр аст аммо дар ҷои худ хоҳам гуфт ва дар нн навиштаро нишони Тоҷикистонро баррасӣ мекунам.
    Устод дуруст гуфтаанд ки “герб асосан нишони вазорати кишоварзӣ” гардида аст. Нишони кунунии Тоҷикистон ҳамкарде аст аз нишони замони шӯравӣ (чанбари пахтаву гандум бо офтоб) ва нишони шердор (тоҷи ҳафтахтар бо кӯҳи сешоха).
    Ин нишон афзун бар он ки вижагиҳои миллату кишвари Тоҷикистонро наменамоёнад, чанд камбуди дигар ҳам дорад. Яке аз он камбудҳо надоштани бахши аслии ҳаргуна нишон, яъне сипар аст. Сипар дар нишонасозӣ (геральдика) заминаест ки ҳама намодҳову нишонаҳое ки дорандаи нишонро мешиносонанд, дар дарун ва гирдогирди он нигошта мешаванд. Чунончӣ, нишони шердор сипари гирде буд ки дар миёнаи он шери заррини болдор дар заминаи фирузаранг ва дар партави нурҳои офтоби бароянда аз пушти кӯҳи сешоха нигошта шуда буд ва бар болои он тоҷи заррини ҳафтахтар гузошта шуда буд. Ду паҳлӯи сипарро чанбаре аз гандум фаро гирифта буд ки бо навори серангаи сурху сафеду сабз печонда шуда буд.

    Бояд гуфт ки офтоб дар нишони шердор нодуруст нигошта шуда буд зеро дар пушти кӯҳ пинҳон буд ва танҳо нурҳояш аз пушти кӯҳ мебаромаданд. Чунин тасвир дар нишонасозӣ “офтоби ғурубкарда” хонда мешавад ва маънои заволи қудрату ҳукуматро дорад. Чунон ки дидем, давлату ҳукумате ки дорандаи нишони шердор буд, дер напоист.

    Дар нишони кунунии Тоҷикистон ин сипар (замина) дуруст нигошта нашудааст ва чунин ба назар мерасад ки тоҷ “по дар ҳаво” аст. Ин тоҷ дар нишони кишварамон намоди гӯёест ки номи миллатро мерасонад, яъне тоҷ = тоҷик. Агар тоҷ бар сари сипар гузошта мешуд (чунон ки дар нишони шердор буд), онгоҳ намоди озодӣ ва соҳибистиқлолияти кишвар мешуд, чунон ки дар нишони бештари кишварҳои ҷаҳон аст. (Имрӯз тоҷ дигар рамзи ҳукумати подшоҳӣ ва давлати шоҳаншоҳӣ нест, балки нишондиҳандаи озодӣ ва истиқлоли кишварҳост). Аммо тоҷ бо чунин намуде ки дар нишони Тоҷикистон дорад, дар ҳунару фарҳанги тоҷикӣ бесобиқаву беназир аст. Тасвири тоҷҳои шоҳони ариёии Эрон (Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён) ва Турон (хоразмиёну суғдиёну балхиёну сакоҳо ва Кушониёну Ҳайтолиён) дар сиккаву тангаву деворнигораву сангнигораҳои бешуморе боқӣ мондааст ва ҳеҷ кадоме аз онҳо чунин намуде надорад. Ин тоҷҳо бештар чанбаре аз зар будаанд ки чаҳор кунгураи чаҳорзина ва андарунашон кулоҳи махмалин ва бар сарашон нишоне аз хуршеду моҳу болҳои заррин ва ё дигар намодҳо доштаанд. Тоҷе ки бар сари тандиси Амир Исмоил Сомонӣ дар Душанбе гузоштаанд, шабеҳи он тоҷҳои бостонӣ ва таърихӣ аст, аммо ин “тоҷгузорӣ” аз назари таърихӣ нодуруст аст зеро Сомониён ҳаргиз тоҷ надоштаанд.

    Шер яке аз куҳантарин намодҳои тоҷикист ва аз гаҳи бостон то кунун замон нишонаи зӯру тавону нируву далериву паҳлавонӣ будааст. Аз ҳамин рӯст ки мо ҳануз ҳам мардони далеру зӯру тавоноро “шер” мехонем ва Шери Панҷшер – шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд яке аз онҳост. Дар баробари ин шер ҳамчунин намоди кишвардорӣ ва подшоҳӣ низ будааст. Ин мавзӯъро Устод Адаш Истад дар торнигорашон бисёр хубу дақиқ баррасӣ кардаанд ва ниёзе ба такрор нест. Танҳо ҳаминро гуфтан бас аст ки акнун шер ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат Нишони Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. (Хоҳишмандам истилоҳи “Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо номи Эмомалӣ Раҳмон баробар ва яксон гумон накунед. Вай дер ё зуд як рӯзе аз раёсат меравад, аммо низоми раёсати ҷумҳурӣ бояд поянда ва пойдор бошад).

    Худо нигаҳдоратон бод!

  22. Ҳамандеши арҷмандам Фаромарз, ки хостори дигар кардани парчами Тоҷикистон шудаанд, бояд дониста бошанд ки коршиносони нишону парчамсозӣ парчами сурху сафеду сабзранги тоҷиконро яке аз зеботарин парчамҳои ҷаҳон донистаанд.
    Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ариёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.Дар ҷомеаҳои ариёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var- «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоъӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоъӣ. Вожаи “пеша” ба маънои “шуғл” дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.
    Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар парчами Тоҷикистон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.
    Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён ки онҳоро осрунон (Авесто: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомае сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳануз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.
    Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд.
    Востриюшон (Авесто: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони соддаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомае нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт.
    Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (Авесто: ahura.mazdā-; паҳлавӣ: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (Авесто: vayu-/vayaw-; паҳлавӣ: way – ба маънии фазо, – эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (Авесто: θwāša; паҳлавӣ: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.
    Бо ҳама пешинаи бостонӣ ва маънову мафҳуми таърихӣ чигуна метавон парчами Тоҷикистонро дигар кард?

  23. Дӯстон,

    Ин вебсайт нишон медиҳад, ки парчами Сосониён, ки Дирафши Ковиёнӣ номида мешуд, чигуна аст:

    http://www.derafsh-kaviyani.com/

  24. Саидюнус , ташаккури зиёд барои огохномаатон…
    як мусафеди калра сурат мегиреву ,мефоратон
    да суратш чигити сермусар бутова…
    сурати ХАР ба замонамо рост буд хозира, бад ивазаш мекардем … леки ин як шухй буд.

    домулло Сайдюнус баротон як суоол дорам :
    охи ай президент то мактабхона бояд ин рамза хурмат куна, сар хам куна , бад чи хели мешавад
    сурати хайвоно дар рамзи давлат,
    ба конунхои исломй рост меоя ё не?

  25. Орёрами арчманд,

    Кадом коршиносони парчаму нишоншинос гуфтаанд, и ин парчам зеботарин парчам аст?

  26. Фаромарз, on March 25th, 2009 at 2:22 pm Said:
    Ин вебсайт нишон медиҳад, ки парчами Сосониён, ки Дирафши Ковиёнӣ номида мешуд, чигуна аст:
    http://www.derafsh-kaviyani.com/

    дарак дори ,ки парчамакот 14 аср шуд ,ки ба зери пои лашкарони ислом афтоданд, ку мард шаву бардор!

  27. Кутайба!

    Парво накун, базудӣ мебардорем ин парчамҳои бузургро ва парчамҳои шумо сарнигун хоҳанд шуд!

    Мутмаинан!!! 🙂

  28. Холо баргаштем ба он ки ё бояд Фаромарзу Куруш бошем ё Кутайбаву Салмон.

    Ин аст инхироф!

    Чаро намешавад, чое дар васат пайдо кунем?

    Чаро хатман кори мо ифроту тафрит аст.

    Ин худ тасмим ва рохест ба будан ё набудан.

    Парчами мо зери пойи аспхои мугул хам буд, аммо онро ки бардоштем! Ин бор хам хохем бардошт.

    Ислом дини мост, вале миллати мо — ТОЧИК аст!

  29. Рустам,

    Бехтар аст бигуед, «ислом дини ман аст», на «дини мост». Чун ислом дини мо нест ва хамаи точикон мусалмон нестанд.

    Сарфароз бошед

  30. Табар дуруст мегуяд, Тоҷикон ба ислом маҳдуд нестанд, онҳо замоне зартуштӣ, буддоӣ, митроӣ, зарвонӣ, монавӣ, масеҳӣ, баҳоӣ, кришноӣ будаанд ё ҳастанд.

    Ислом метавонад ба вуҷуди худ дар миёни тоҷикон мисли дигар адён идома диҳад, вале ин ҳаққро надорад, ҳамаро араб кунад ва ба номҳои арабӣ мусаммо кунад ва теша бар решаи миллат ва фарҳанг занад.

    Агар метавонад ба ин фарҳанг чизе бияфзояд хуб, ва гар на, беҳтар аст хомуш биншинад ва бархе аз пайравони ифротияш бояд аз ифротгарои даст бардоранд ва ба ҳамагон, аз ҷумла ғайримусалмонон эҳтиром қоил шаванд.

  31. Бо дуруд,
    Ҳамватани азизу гиромӣ Шрек, аввалан худи вожаи “рамз” мерасонад, ки вай ишора, ва ё ба иборати дақиқтар, аломате аст, ки ба “маъное” далолат мекунад. Аз ин рў, он ишора ё рамз, ҳар чи бошад, чи сурати ҳайвон ё чизе дигар, ба худии худ матлуб нест, балки матлуб, он маъноест, ки ба он ишора дорад. Ҳоло, агар сурати шер, аввалан рамзи қудрат, ва сониян унвоне бошад, ки ҳикоят аз давлату давлатдории мо тоҷикон кунад, чӣ чизе беҳтар аз он?
    Аз дидгоҳи ислом низ, ҳеҷ ишколе надорад, ки сурати шер дар парчам ё герби давлате қарор гирад. Албатта ин дар сурате аст, ки касе муддаии ин бошад, ки ҳатман он парчам ё герб, ҳовии унвони исломият бошад, ҳол он ки касе – на мо ва на дигарон – муддаии ҳамчунин чизе нест.
    Ҳамватани азиз Қутайба, иллате надорад, ки шумо ин ҷо – ки баҳс аз нишони давлати тоҷикон аст, ки омили ваҳдатбахш байни тамоми шаҳрвандони он мебошад – баҳси чӣ касе дар ин миён зўру асту чӣ касе камзўр-ро пеш кашед. Аввалан, исломи азиз парчами гузаштагони моро зери по накарда, балки баръакс онро болотар бурда.
    Аслан, рў дар рў қарор додани ислом бо фарҳангу суннатҳои гузаштаамон, ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест. Ҳарчанд камина бо амсоли Фаромарз, дар ақидаву андеша, аз реша ихтилоф дорам, ва дар ҷои худаш, аз ақидаи хештан дифоъ мекунам, ва мўътақидам, ки танҳо андешаи исломӣ, андешаи ҳаққ асту бас, аммо, ҳамон тавре ки пештар ҳам гуфта будам, ва инак ҳам ёдовар мешавам, мо дар Тоҷикистон, дар матни сиёсат ва умури иҷтимоӣ, дунболи омили муштарак, ки ҳамаи шаҳрвандонаш, чи мусалмон ва чи ғайри мусалмон-ро дар атрофи худ гирд меоварад ҳастем. Мо чи бипазирем ва чи напазирем, Тоҷикистон, кишварест муташаккил аз афроди мухталиф дар андешаву дину мазҳаб.
    Рўшантар бигўям, ва пештар ҳам гуфта будам, ки дар матни ҷомеа, мо бояд такассургаро бошем, яъне ба ақида ва андешаи ҳар шаҳрванде эҳтиром қоил бошем, чи диндор бошад ва чи бедин. Дар матни ҷомеа, дар мавқеи кунунӣ, тоҷик будан, меҳвар аст, на чизе дигар. Дар акси ҳол, мутмаин бошед, мо тоҷикон, дар мавқеи кунунӣ, на аз давлати пешрафта бархўрдор хоҳем шуд ва на аз истиқрору амнияти лозим.
    Шояд касоне бо камина дар ин замина мухолиф бошанд, вале ба ҳар ҳол, ин дидгоҳи шахсии худам аст, ва ибое ҳам аз ибрози он надорам.
    Комёб бошед.

  32. Фаромарз, on March 25th, 2009 at 2:43 pm Said:
    Кутайба!
    Парво накун, базудӣ мебардорем ин парчамҳои бузургро ва парчамҳои шумо сарнигун хоҳанд шуд!
    Мутмаинан!!!

    Э, Фаромарз то хести,ки Киёмат меояд!
    сипас бо арвохакои мубад-бобохои оташпарастат парачамакотона мебардореду катор-катор ба оташи Дуззах медароед… Иншаллох.

  33. Аз хондани номахое баъзе аз бародарон дар ин бахс фахмида мешавад ки, ингуна афрод Худое нохста агар сари кудрати Точикистон биёянд, ё ин ки, спонсорашон ягон душманони миллати Точик бишаванд, дар Точикистони азизи мо чанги Бародаркуши аз сари нав шуруъ мешавад. Мо Точикем бояд Точик бимонем ва миллати азизамонро бояд дуст бидорем ва якдигарро бахшидан хам битавонем, вагар на….

  34. Точики азиз!

    Точик мондан гир мисли гулом, душманкоби ва миллати азизатро дуст доштан гир, зиндагиат хуб аст, чаро ту сар бардори?! Ту бояд гулом шуда ба хонаводаи чаноби олиат хизмат куни, кариб 20 сол боз хизмати уро карда гашти, боз 100 соли дигар гулом шав. Касе, ки дар бораи адолат, миллатдустии вокеи сухан мекунад онхоро душман эълон намоед. Шумо дар ин 20 сол хеле ёд гирифтед. Бо кадом миллатат фахр мекуни? Гулом, гадо дар метрохои Маскав, сарбурида, нимгушна, бе барк, бе газ, бе мактаб, бе муаллим, дар кишлокхоят мардина намондааст, ки мурдаатро гур кунад!
    Давлату истиклолат дар когаз мондаасту халос! Бо ин хукумати палиди пагох бе давлату бе истиклоли муфтат мемони! Хамин тавр мисли ту хомуш истодан гир, ба дарачае мераси, ки узбаку хитои, афгону эронихои мазхабпараст, русу покистони сарзаминатро таксим карда мегиранд.
    Хисоб кун, хар сол ба хисоби миёна 1000 точикро дар Русия кушта мешудаанд, дар 20 сол 20 000 точик мешавад. Агар хамон 20 000 точик хуввияту вичдон медошт хакки худро аз хукумати авбошиаш суол мекарду сарнавишташро худаш ба даст мегирифт, бехтар набуд??? Аз дасти скинхедову фашистони рус мурдан наметарсед, чаро аз хукумати як авлоди авбоши чинояткор метарсед? Дар 20 сол чони худхоро аз даст додед, барои хакку хукуки худ чаро мубориза намебаред???

    Точик!

    Бо чанги бародаркуши асосан авлоди чаноби олиат метарсонад ту баринхоро, ки хомуш гуломона дар Русия аз дасти скинхедхо кушта шави. Шояд худат хам аз хамон авлод боши? Ту бо чанг метарсони, агар магз дошта боши як бор фикр кун: ки ба дифоъи хамин оилаи авбоши мехезад? Ба чони хама задаанд ин 15-20 нафар!

    Аз ин хел зиндаги дар зери юги як лакайоила мури бехтар нест?!

    Бо ин ноадолатихое, ки ин гурухи чинояткор дар зарфи 20 сол анчом дод, Худо мезанад ин харомавлодро!

    Иншааллох!

  35. Кутайба менвисад:

    ////сипас бо арвохакои мубад-бобохои оташпарастат парачамакотона мебардореду катор-катор ба оташи Дуззах медароед////

    Албатта, агар ту бо мо ҳамроҳӣ накунӣ ва ба биҳишти хаёлии худат равӣ, мо худро дар оташи Дузах хушбахт ҳис мекунем. 🙂

  36. Охир чаноби Адаш Истад хамин герби бемаъниро вакте,ки сохтанд чаро наздики накардед?
    Чаноби оли расми шер не гов мондани буданд !

  37. Ҳамандеши арҷмандам Фаромарз,
    Даҳ сол пеш рӯзномаи русии «КоммерсантЪ» аз намодшиносон хоста буд ки парчами ҷумҳуриҳои Ҳамсудистонро (СНГ) баррасӣ кунанд ва онҳо парчами Тоҷикистонро яке аз зеботарин парчамҳо донистанд.
    Пештар гуфтам ки рангҳои сурху сафеду сабз барои ҳама мардуми ариёнажод ва эронитабор, аз чумла тоҷикон, рангҳои миллӣ ҳастанд. Ин рангҳо ё чанде аз онҳо дар парчами ҳама кишварҳо ва сарзаминҳои ариёнишин ҷой доранд. Рангҳои зарду бунафш низ аз рангҳои арҷманд ва писандидаи ин мардумон ҳастанд. Дар бораи онҳо дертар хоҳам гуфт.
    Дирафши Ковиёниро «парчамсозони» мо сӯзанивор бар рӯи парчами Тоҷикистон дӯхта ва ин «чакан»-ро Ливои Президент (штандарт) номидаанд. Ин «чакандӯзӣ» хилофи қоидаҳои парчамсозӣ мебошад зеро як парчамро ба рӯи парчами дигар набояд дӯхт. Фарки Дирафш ки аврупоиён онро Штандарт мехонанд, бо парчам (флаг) дар он аст ки шакли дирафш мураббаъ (квадрат) аст (чунон ки Дирафши Ковиёнӣ буд) ва парчам росткунчашакл аст. Он чизе ки барои кишвардори Тоҷикистон сохтаанд на дирафш асту на парчам ва аз назари парчамсозон латтапорае беш нест. Бино бар қоидаҳои парчамсозӣ, Дирафш метавонад якранга бошад ва рангхои парчами расмӣ ё миллӣ бояд шероза ё ҳошияи заминаи аслии он бошанд. Дар ин замина Нишони Раёсати ҷумҳурӣ ё худи раисҷумҳур бояд нигошта шавад. Барои намуна Дирафши Раёсати ҷумҳурии Италияро дар Википедия нигоҳ кунед.
    Дирафш ҳамчунин метавонад аз Нишон ва Парчами ҷумҳурӣ сохта шавад, яъне Нишонро бар рӯи Парчам нигоранд ё дӯзанд. Аммо Парчами Раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон на чунон аст ва на чунин. Беҳтар ва дурусттар мебуд агар ҳамон Дирафши Ковиёниро ба танҳои ва бе Парчами Тоҷикистон ба кор мебурданд ва ё Нишонро бар рӯи Парчам менигоштанд. Барои намуна Дирафши Раёсати ҷумҳурии Русияро дар Википедия нигоҳ кунед.
    Сохтани нишону парчам осон нест ва душвортар аз он дигар кардани нишону парчамест ки солҳо пеш намоди кишваре гаштаанд. Парчами Тоҷикистон камбуде надорад ва бисёр зебову ҳаяҷонбарангез аст. Ман зери ин Парчам бар душманон тохтаам ва ин эҳсосро хуб медонам. Аммо нишонамон чандон зебо, дуруст ва маънидор нест. Ман Нишони Тоҷикистонро сипаре мебинам ки дар он ҷанги Рустам бо аждаҳо нигошта шуда бошад. Рустам савор бар Рахш бо шамшер ва ё найза аждаҳоро мезанад ва Рахш онро поймол мекунад. Ҷанги Рустам бо аждаҳо дар хони севумаш дар деворҳои Панҷиканд нигошта шудааст ва мо метавонем ва бояд онро ба кор барем. Рустам дар ҳама давру замон, чи дар замони зардуштӣ ва чи дар замони мусулмонӣ, намоди меҳандӯстӣ ва ростиву дурустӣ буда ва ҳаст ва пирӯзии ӯ бар аждаҳо намоди пирӯзии некӣ бар бадӣ буда ва ҳаст.
    Комёбу сарфароз бошед!

  38. Домулло Сайдюнус нависте ки
    *******
    Аз дидгоҳи ислом низ, ҳеҷ ишколе надорад, ки сурати шер дар парчам ё герби давлате қарор гирад.Албатта ин дар сурате аст, ки касе муддаии ин бошад, ки ҳатман он парчам ё герб, ҳовии унвони исломият бошад, ҳол он ки касе – на мо ва на дигарон – муддаии ҳамчунин чизе нест.*********

    аз ин гапо соз нафахмидем дуруст боша ё не
    як осон карда фамонед , бахшиш домулло . .

  39. Шрек,

    Мегуянд номе, ки дар огоз барои миллат гузошта будй, барои худат бисёр муносибтар аст. Ёдат хаст? Он хам ёри Шрек буд, иттифокан. Хушном бошй.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  40. Посухи дуввум

    Штандарт, яъне ливои президентӣ чизест вижагӣ, яъне мутааллиқ ба як мансабдор, на тамоми давлати тоҷик. Ин штандарт ва муҷассамаи шерҳое, ки назди пайкараи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар Душанбе мебинед, далел бар он аст, ки президент Э.Раҳмон бо намоди шерӣ ихтилоф надорад ва зиёда аз он ба он арҷ мегузорад.

    Баҳс сари ин масъала нест, балки сухан аз ҳар як рамзи бостонии тоҷикро шинохтану онро ба мақому мартабаи арзишмандаш гузоштан меравад. Сухан аз худшиносии миллист.

    Оиди шеру хуршед ҳамчун намодҳои ориёӣ аз ҷониби донишмандони эронӣ чанд китоб навишта шудааст, ки Ризо Фозилӣ низ аз Каноли Як онҳоро тарғиб мекунад, ки бихонанд.

    Мақсад ин аст, ки агар мо тоҷикон дар кадимзамон намоди шеру хуршедӣ доштем, он дар чи шаклу сурате буд. Ҳар як намоди бостонии ниёгони тоҷикон номаи онон ба оянда, яъне ба мост. Вазифаи мо онро ёфтан, хондан, ба дигарон фаҳмондан ва агар аз мақоми волояш афтода бошад, ба он мақоми волояш гузоштан аст.

    Намоди шер аз замони тоавестоию тозардуштӣ меояд, мутааллиқ ба меҳрпарастӣ – оини митраизм будааст. Аммо ин оин аз байн рафта сумболи он – шеру хуршед ҳоло чизеро аз дини он замон бозгўӣ намекунад. Касе ҳам дар хаёли парастиши онон нест. Ба ин ваҷҳ сурати офтобро дар герби кунунӣ акси офтоб медонанд. На рамзи ягон оин.

    Дар боби он ки вақти муроҷиат ба сардори давлат вожаи «мўҳтарам»-ро ба кор бурд ё не, ман муътақидам, ки ҳатто вақте ки ин мансабдор як нафар ройдиҳанда дорад, ўро бояд «мўҳтарам» гуфт.

    Шумо ба мўҳтарам гуфтани президент эҳтироми худро ба халқе баён мекунед, ки ўро интихоб кардааст ва ба онҳое низ, ки интихоб накардаанд. Зеро тибқи қонун ў президенти мардуми ўро интихоб накарда низ маҳсуб мешавад.

    Сиёсатшиносони эронии мухолифи ҳукумати исломии Эрон ҳамдигарро «ту-ту» мегўянд, вале вақти сухан аз ягон мансабдори калони Эрон рафт, нисбаташ «шумо-шумо» мегўянд. Тақозои одоби муошират чуни наст ва доим чунин хоҳад буд.

    Барои як нафар ғайритоҷике, ки муқобили шери герб сухан мегўяд, он сурати шер ҳамагӣ сурати як гурбаи хеле бузурги ваҳшист. Аммо барои тоҷик арзиши волоест. Асоси асосҳо, рамзи решаю ҷавҳари миллати ўст

    Дили миллати тоҷик аз дохил бо риштаҳои ноаён бо сурати ин шер пайванд гардидааст. Ин шер ўро аз бисёр корҳои носазо боз медорад.

    Тоҷик вақте ки ин рамзи асолати худро гум кард, дигар гўё ҳама чизашро гум кардааст, дигар ў ба ҷонвари сияҳгўше, ки аз паси шер гашта сарқути ўро мехўрад, монанд мешавад, яъне ба мақоми поёнтаре мефурояд.

    Посухи саввум

    Ҳеҷ фикр кардаед, ки чаро беъзеҳо бачаҳоро дар аксар маврид Шерзод ва Шербой ном мегузоранд?

    Рўи суханам бо президенти Тоҷикистон низ ҳаст, вале асосан бо мардуми тоҷик аст.

    Баъзе фикрҳоямро оиди ин масоил дар мақолаҳои
    «Байрақи Тоҷикистон чигуна бошад?» («Адабиёт ва санъат» №36, 1991, 5 сентябр)
    «Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?» (Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №2, 27, 1992)
    «Байрақи манқуртҳо ё тоҷикон?» («Адабиёт ва санъат» №35, 27 август, 1992)
    баён карда будам.

    Дар сурати шер чизе ҳаст, аз қудрат, тавоноӣ, ҷасорат, шуҷоат, шукўҳ, ғуруру сарбаландӣ, ки ягон сурати ҷонвари дигар ин гуна маъноҳои зиёди мусбатро дода наметавонанд.

    Образи мурғи самандар образи шоиронаи хубест, ҳатто Самандар низ ном мегузоранд. Аммо касе ба худ мурғи самандарро тасаввур карда наметавонад ва самандар мисли шер он қадар густарда ва амиқ ба хаёти мардуми тоҷиик ворид нашудааст. Симурғ аз ин ҷумла аст.

    Шерзоди зиёде ҳастанд, вале касе фарзандашро Самандарзод ном намегузорад. Ва он маъноҳои мусбате, ки мо аз дидани тасвири шер бармедорем, ҳатто уқоби кўҳӣ дода наметавонад. Сари баланди пурғурури шер – сумболи озодиро он тавре ки мехоҳем дода метавонад.

    Тасвири шер такид ба тафаккури шоиронаи мардум низ мебошад. Агар кўҳро дар герб ба маънои аслиаш ҷой дода бошем, шер он ҷо ифодагари мазмуни худ ҳайвони даранда нест.

    Хеле афсўс мехўрам, вақте ки герби ҳозираи Тоҷикистонро мебинам, ки ҳама унсурҳояш фақат маънои аслии худро таъкид мекунанд, на ягон маънои маҷозии волотареро. Айби аз ҳама бузурги унсурҳои герби кунунӣ адами образҳои муассиру неруманди ангезандаи ҳиссиёти баланд аст.

    Ҳар сол шанбеи пеш аз Наврўз шанбегӣ гузаронида ҷойҳои ҷамъиятиро тозаю озода ва обод мекунанд. Дар ин рўз аз назди мактаби деҳа гузаштам, як гурўҳ шогирдони мактаб гул мекориданд.
    Гуфтам: – Монда набошед, шербачаҳо!
    Онҳо ҳама хурсанд шуданд, ки шербача гуфтамашон.

    Агар шербачаҳо нею гургбачаҳо ё палангбачаҳо меномидам, президент бошам ҳам аз гиребонам мегирифтанд, ки «чаро моро дашном мекунӣ?».

    Ин шери ифтихорӣ бо шири модар аз сина ба сина интиқол ёфта меояд. Дар ягон миллати дигар бачаҳоро шербачаҳо гуфта метавонанд? Не, танҳо дар мо боқи мондааст, зеро ҷавҳари миллии мост.

    Идроки шер ба маънои қудсияти миллӣ барои тоҷикон на бо роҳи ақлонӣ, балки интуитивӣ яъне гувоҳи дил ва инстинкт – савқи табиӣ будааст.

    Чизе будааст болотар аз сухан, болотар аз шеър, болотар аз Авесто. Робита низ бо ин образ аз роҳи хирад не, аз роҳи дил будааст.

    Посухи чорум

    Гералдика, ки тамғашиносӣ, гербшиносӣ фаҳмида мешавад, кори ҳирфаии мусаввирон аст. Онҳо бо дарки ин ҳунар тасвирро барои он ки вақти аз он дар марка, сикка задан ё чопҳои сиёҳу сафед ва ранга боз ҳам барҷастатару равшантар мазмунро ифода кунад, омода месозанд. Болои герби кунунӣ рассомони касбӣ кор кардаанд, таносубро риоя намудаанд.

    Аммо сурати тоҷ коҳиш ёфтааст, на ҳар кас пай мебарад, ки ин тасвир тоҷ аст. Сипас байни ситораҳо ва тоҷ пайванде нест. Рассомони Ўзбекистон дар ороиши майдонҳои бузург ё идҳо рамзи асосии гербашон мурғи ҳуморо чун рамзи давлати бахтовар истифода мекунанд.

    Аммо мусаввирони тоҷик, вақте ки пеш аз чунин корҳо ба герби Тоҷикистон менигаранд, дар он чунин унсури асосиро надида ҳайрон мемонанд.

  41. Aфшини мухтарам! навистаед ки, «Касе, ки дар бораи адолат, миллатдустии вокеи сухан мекунад онхоро душман эълон намоед.» не бародар шумо маро нодуруст фахмидед! Ман касеро душман эълон накардаам, маънои навистахои ман ин аст ки, мо Точикон мардуми бисёр тез хастем мисли алмос. Аз тезиву алмосии мо, душманони миллати мо хамеша истифода мебаранд, бадбахти дар он аст ки, Точикро бар зиди Точик! Бовари дорам ки, агар барои Точики имуза шароити чанг пайдо шавад, ё мухаё кунанд, Точикистона у миллатхое ки, Афшини азиз дар боло номбар кардааст, таксим карда мегиранд. Точики имрузаро шароит чанг мухаё куну бигу ки, рафта саларо биёр у рафта саларо хамрохи калла меорад. Зинда бошед!

  42. Halqi tojik yagon problemai digar nadorem? 90% halq bekor Hudo medonad dar kujoan mo ija dar borai bairaqu gerb gap mezanem rosti gap namedonum ai bekorira halq vairon shida bosha ?

  43. Ариёроми азиз, андешаатро дар мавриди гербу парчами ватан бисёр фасехона ва донишмандона баён кардаи. Бисёр хушам омад.
    Афсус, ки гербу нишони Точикистон чун хамеша бе шумо барин донишмандон тахия мешавад ва онро боз хам хамон «мокрая курица»-хои атрофи президент омода мекунанд.

  44. KOrgari Cirk дуруст мефармояд – Чй, мо магар ягон проблемаи хаётй надорем???!!!!
    Герб, герб – э, аз сарашон ин хукуматгосибонро монад хамин гербашон. Чуноне ки мегуянд, атояшонро ба ликояшон бахшидем.
    Бародар Рустам, бехтараш, дар хусуси машруияти президентии ЭШР нависед ё фармоед, ки нависанд (тарафдорон ва мухолифонашро). Баъд дар атрофи он бахс шавад, чунки проблемаи асосии Точикистон хамин президент аст.

  45. Посухи панҷум

    Аз оини меҳрпарастӣ то ба имрўз ягон матни хаттӣ, ягон ривоят омада нарасидааст, ки мо оиди мақоми намоди шерӣ байни ниёгони тоҷикон тавонем бештар сухан ронем. Ба мо танҳо тасвирҳо омада расидаанд, ки онҳо низ мутааллиқ ба даврони меҳрпарастӣ нестанд, баъдинаанд.

    Мо дар бораи оташе, ки дар мағзи кураи Замин ҳаст, чизеро намедонем. Зеро ягон дастгоҳи фаннӣ имкони ба он расида тадқиқ карданро надорад.

    Аммо гармии онро ҳис метавон кард, вулқонҳо баъзан гувоҳи медиҳанд. Намоди шер низ дар фарҳанги тоҷик ба мисли ҳамон мағзи хеле тафсони Замин аст. Мо танҳо гармии онро, ки аз замонаи хеле дур меояд, ҳис мекунем.

    Мо медонем, ки ин шер дар маркази марказҳои фарҳанги ниёгони мо қарор дошт, дарун мояи онро ташкил мекард, аммо маълумоти пурра надорем. Ба мисли он ки чархи аробаро аз ниёгони мо кӣ кай ихтиро карда буд, маълумоте нест, намоди шерӣ низ айнан ҳамин гуна аст. Ба ақидаи файласуфи олмонӣ Гердер ҳар як миллат маркази бахти худро дар дохили худ дорад, ба мисли курае, ки маркази вазнинаш дар мағзаш ниҳон аст.

    Агар ба масал мафҳуми миллат иборат аз чунин курраи чун пиёз аз қабатҳо иборат бошад, вақте ки ҳама қабатҳои онро берун мекунеду ба мағзаш мерасед, мебинед, ки сурати шер истодааст. Тоҷдор ё болдор дар ҳимояи дарахти ҳаёт.

    Асоси асосҳои руҳи миллӣ ҳамин шер аст, он барои ташаккули фарҳанги мо таъсири бузурге расонидааст.

    Чаро Рўдакӣ дар шеъраш амири сомониро шермард мегўяд, чаро Фирдавсӣ Рустамро шермард мегўяд, чаро Рўдакӣ «Модари озодагон кам зояд» (шер кам зояд) мегўяд?

    Чаро мо ба аз худ хурдсолтар «шери ако!» гўён муроҷиат мекунем? Чоро хурдсолонро ситоиш кунем «офарин шербачаҳо!» мегўем?

    Агар пажуҳишгарони адабиёти мумтоз ва фолклоршиносон, мардумшиносон сари ин масъала фикр кунанд, мисолҳои бештаре пайдо карда ҳатман ба он хулосае, ки ман расиидам, хоҳанд расид.

    Агар бостошиносон кўшиш намоянд, чун шерҳои Панҷакенти қадим тасвирҳои ҷолибтари шерро аз таҳхонаҳои торихи тоҷикон хоҳанд ёфт.

    Халқҳои ба мардуми тоҷик ҳамсоя них Алишер, Шермуҳаммад, Шералӣ барин номҳо доранд.

    Чун пешгузаштагонашон оини меҳрпарастиро аз сар гузаронидаанд. Аммо дар онҳо ҷойгоҳи шер он қадар густардатар нест, чунон ки дар байни мардуми тоҷик зиёд мушоҳида мешавад, нест.

    Дар онҳо Бўриев, Қўзиев, Чориев барин номҳо зиёд вомехўранд, ки ба сабаби ҳамзистӣ дар як марз ба тоҷикон низ гузаштааст. Яъне дар байни қавмҳои турк гургу гўсфанд низ ҷойгоҳи худро дорад.

    Барои баъзе қавмҳо гург, гўсфанд, саг, паланг дар замонҳои меҳрпарастию томитроӣ тотем буданд, яъне ҳомии ҳамон қабила аз балову қазоҳо буданд. Решаи чунин номҳо аз он ҷост. Аммо барои ниёгони давраи тоавестоии мо шер аллакай тотеми як қавме аз қавмҳои мардуми ориёӣ набуд. Он аллакайҳо дар оини митроӣ мақоми баландтару густардатареро касб намуда ба муҳофизи аҳуроии дарахти ҳаёт мубаддал гардида буд.

    Агар шер барои ниёгони мо танҳо тотем мебуд, ҳатман то ба имрўз одате аз он аз қабили он ки дандонҳот гургро шадда карда ба гардан меовезанд, омада мерасид. Аммо барои як не, балки чандин қавм замоне тотем будани шер, чун шоҳи ҳайвонот ва пурзўр як падидаи табии бояд шинохта шавад.

    Агар ба сайри торихии тасвири шер дар фарҳанги худамон назар андозем, мебинем, ки аз ду шери тоҷдор ё болдори муҳофизи дарахти ҳаёт танҳо яке мондааст, ки аз тахтапушти он хуршед тулўъ мекунад. Ин ҷо хуршед ҷои дарахти рамзиро гирифтааст. Дарахти ҳаёти рамзӣ ба нақшҳои меъморӣ кўчидааст, ки намунаҳояш дар шаклҳои гуногун то ба имрўз расидааст ва тасвир намудани онро устоҳои наққошу гочкору кандакори тоҷик идома медиҳанд. Дар табақаи дари қадимае сурати барқади шерро дидаам, ки аз он донишмандони торихи ҳунар хабардор будагистанд. Аммо чунин кор фардист.

    Дар он тасвирҳои намоди, ки хуршед аз паси шер тулўъ мекунад, шер на тоҷ дораду на бол. Тоҷу болҳо дар кадом замона афтодаанд, эҳтимол донишмандони торих бидонанд, аммо ман чизе намедонам ва он китобҳоеро, ки донишмандони эронӣ оиди намоди шеру хуршед чоп кардаанд, нахондаам. Агар фикри шахсии маро бипурсед, бароям ҳамон сафолпора, ки дар он ду шери дар сар тоҷдошта аз ду ҷониб дар ҳифозати дарахти ҳаёт истодаанд, хуштар аст. Эҳтимол ба он сабаб, ки ин мазмун шарҳу тафсир намехоҳад, ҳатто барои кўдак низ фаҳмост. Шерҳои болдору тоҷдор намоди оҳуроианд, ба ин шак надорам.

    Бо омадани ислом ба сарзаминамон гум шудани ин унсурҳои аҳуроӣ низ фаҳмост.

    Шакли шер низ дар шеру хуршеди пештоқҳои мадорис намуди аморфӣ ба худ гирифтааст, на палангу на шер, як шери рамзист. Аммо хуршед митроӣ аст бо чеҳраи зебои зан.

    Пас суол ин аст? Мо кадоми инҳоро асоси намодӣ қарор дода метавонем?

  46. KOrgari Cirk дуруст мефармояд – Чй, мо магар ягон проблемаи хаётй надорем???!!!!
    Герб, герб – э, аз сарашон ин хукуматгосибонро монад хамин гербашон. Чуноне ки мегуянд, атояшонро ба ликояшон бахшидем.
    Бародар Рустам, бехтараш, дар хусуси машруияти президентии ЭШР нависед ё фармоед, ки нависанд (тарафдорон ва мухолифонашро). Баъд дар атрофи он бахс шавад, чунки проблемаи асосии Точикистон хамин президент аст.

    Адаш Истад хамоно мегуяд: «Асоси асосҳои руҳи миллӣ ҳамин шер аст, он барои ташаккули фарҳанги мо таъсири бузурге расонидааст».

    Миллате, ки номус надорад, агар дар парчамаш шер он тараф истад, акси хатто динозаврро мехкуб кунанд, бефоидааст.

    Ин миллатро дар парчами зехнаш хамеша мушти зури ЭШР тасвир шудааст. Магар шумо намефахмед: дар парчами зехнаш! Ва зудудани он…

  47. Ҳамандешони арҷманд Далер ва Коргари сирк шояд фаромӯш карда бошанд ки “ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”. Мавзӯъи ин баҳсу гуфтор нишону парчам аст. Дигар мавзӯҳо ва мушкилоти ҷомеаи моро бояд ҳукумат ва давлат баррасӣ ва ҳаллу фасл кунанд зеро барои ҳамин кор интихоб ва масъул шудаанд. Шумо бояд аз Эмомалӣ Раҳмон ва давлаташ нону барқу кору бор талаб кунед зеро ӯ ба шири модараш савганд хӯрдааст ки кишварро обод ва миллатро хушбахт хоҳад кард. Ин ҳаққи ҳалоли мову шумост ки аз ӯ амалисозии ваъдаҳояшро талаб кунем. Агар аз талаб кардан метарсед пас таваккулатонро ба Худо кунеду дар ғами нону ҷони худ бошед.
    Як нуктаи дигарро ҳам фаромуш накунед ки дар ин андешагоҳ ҳар касеву ҳар нокасе гирд намеояд. Он суханҳоеро ки шумо мегӯед, дар сари ҳар кӯчаву бозор метавон шуниду гуфт. Ҳар касе метавонад президентро дар паноҳ дашном диҳаду давлатшро носазо гӯяд. Аммо ин гуфтаҳои устод Адаш Истад, Рустам, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигаронро дар ҷои дигаре нахоҳед шунид. Инҳо дар ғами ҷони миллатанд ва дар паи зиндасозии ному нанги мову шумо ҳастанд. Пас ин фурсатро ғанимат донед ва донистаниҳоятонро дар бораи ному нишонатон бештар гардонед.
    Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоъии мардумро касе ҷуз худаш наметавонад осон кунад. Ман бар ин боварам ки ҳар касе бояд нон аз амали худ хӯраду миннати ҳар касу нокас набарад. На устод Адаш Истад бояд ғами нони ману шуморо хӯраду на Рустам на Саидюнус, зеро ҳар касе метавонад шикамашро сер кунад. Аммо ғизои маънавие ки онҳо пешкаши мову шумо мекунанд, дар ҳар дасторхоне ёфт намешавад.
    Миллати тоҷикро ҳам аз ин пас дашному носазо нагӯед зеро то замоне ки модари тоҷик адаш истадеву саидюнусеву рустамеву тоҷваре мезояд ин миллат зиндаву ҷовидон хоҳад буд. Аммо замоне ки дар ҷомеа худкушону бегонапарастоне чун бархе аз мову шумо бисёр шуданд, на тоҷике хоҳад монд ва на Тоҷикистоне. Аз ин рӯ бадгумониву бадбиниву рӯҳафтодагиятонро канор гузореду ояндаро ба чашми хирад ва хушбинона нигоҳ кунед. Раҳмону давлаташ Заҳҳок нестанд ки ҳазорон сол ҳукумат кунанд. Худо хоста бошад ва мову шумо хоста бошем рӯзе аз рӯзҳо Фаридуне аз модари тоҷик зода хоҳад шуд ва ин заҳҳокҳоро барканор ва кишварамонро озоду обод хоҳем кард. Иншааллоҳ таъоло!
    З-ин “раҳбарони” сустаносир дилам гирифт,
    Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.

  48. Посухи шашум

    Баъди ҷанги ҷаҳонии дуввум миллатҳои Аврупо ҳама ба муҷассама сози часпиданд. Рўзноманигорони хориҷи суол мекарданд: ҳама ҷо вайрону шумо пайкарасози мекунед? Онҳо ҷавоб медоданд: мо такягоҳҳои халқамонро дуруст мекунем

    Сипас онҳо ҳама миллатҳои дигарро оқиб гузошта пеш рафтанд. Намодҳои миллӣ такягоҳи асосии миллат ҳисоб мешаванд.

  49. Aryaram: «Шумо бояд аз Эмомалӣ Раҳмон ва давлаташ нону барқу кору бор талаб кунед зеро ӯ ба шири модараш савганд хӯрдааст ки кишварро обод ва миллатро хушбахт хоҳад кард. Ин ҳаққи ҳалоли мову шумост ки аз ӯ амалисозии ваъдаҳояшро талаб кунем. Агар аз талаб кардан метарсед пас таваккулатонро ба Худо кунеду дар ғами нону ҷони худ бошед».
    ———————————————————————-
    Ман нафахмидам, ки хатто дар ин торнигор хам аз ЭШР шикоят кардан ночо будааст. Хуб…
    Ку, бубинем, ки ин шикоят-пешниходи фархангии Адаш Истадро худи Чаноби Олияшон ба кадри пашизе арзиш медихад. Шояд соли ояндаро Соли Герби шердор эълон мекунад. Шояд, вале на беш аз ин!

  50. Ba Aryaram!!!!!

    Kutoh karda menavisum magar Hudovand maro hamchun shumo vore gapdon nakardast. Fikri man hamin ast ki vaqte Tojikiston davlati baquvat az jihati iqtisodiyot shavad va va sharhvandonash ba monandi manu shumo dar onjo kor biyovand va oilahoi hudro hurondavu pushonda tavonem dar onjo halq dar fikri bairaqu gerbu surudi milli meshavad. Dar hole ahvoli halq ruz az ruz bad shidaistodast bovari doram yagon bandai ba hirad dar fikri in chizho nameshavad. Baroi hamin dustoni aziz biyoyed hama kasa avval yak fikri kunem ki chi hel Tojikistonro az zonu bardorem bad fikri gerbu bairaqa meknem odamo da asri 21 zindagi doran mo boshem dar fikri tarihu savsata gashtem gashn qaid karda tuyu maraka karda :((((((

  51. Фикри чигунагии гербу байрак дар хамин гуна шароит? Ба ин русхо мегуянд «пир во время чумы».
    Точикияш мешавад «туй дар замони тоъун» ё дар замони вабо.
    Окои Адаш Истад, оё Шумо ба гайр аз гербу байрак дигар мавзуъ надоред? Метарсам, ки пагох мавзуъи гулу булбулро набардоред. Барои ин миллат шудан мегирад! Бубинед, як сол пеш ин миллат соли фарханги ориёиро «чашн» гирифт. Акнун имсол бошад, боз хамон миллат соли Имоми Аъзамро «чашн» гирифта истодааст. Хам дар Душанбе бо иштироки хормейстер ЭР ва хам дар Хучанду Кулобу Рашту Хоруг ва Хисору Регару Вахдат.
    Чанд сол пеш ин миллати гуломтабиат соли оби тозаро ид кард ва мехмонони зиёдеро аз тамоми дунё ба ин ид даъват намуд.
    Ин «сол»-хо мегузаранд, Устод, вале ин миллат бо хамон проблемахояш мемонад. Биёед, ана дар бораи онхо бахс кунем.
    Ё шумоён зид-мй?

  52. Далер, оё аз ин ки шумо дар ин торнигор ва ё ҷои дигаре аз Эмомалӣ Раҳмон шикоят мекунед, чизе дигаргун мешавад? Ва ё ӯро парвоест ки мову шумо инҷо аз ӯ шикоят мекунем? Агар шикояте дошта бошед, дар торнигори худи Раҳмон нависед. Шояд хонаду дилаш сӯзаду коре кунад. Агар инро натавонед пеши Худо аз ӯ шикоят кунед то ин “соя”-ашро аз сари мо дур кунад.
    Ба ҷуз аз шикоят шумо дигар чӣ коре метавонед кунед? Оё зӯри шумо мерасад ки ӯро аз тахт барканор кунед? Оё нируе ҳастед ки тавониста бошед Раҳмонро бо ҳама ёронаш аз сари қудрат барканор кунед?
    Шумо ки хуб медонед ки ин ҳукуматро ки бо хун бар тахт нишастааст, бе хун намешавад аз тахт барканор кард. Пас бояд бархосту бо ҳукумат ва нируҳояш даст ба гиребон шуд? Оё омода ҳастед дар ин шӯриш кушта шавед? Агар омода нестед, дигаронро ҳам бо шикоятҳоятон дилгир накунед. Аз шикояти беҳуда мурод ҳосил намешавад. Бояд бархосту гиребони ин ҳукумат гирифт ва сахтакак такон дод. Чунон ки чанд рӯзе пеш Барзу Абураззоқ кард. Ба умеди чархи фалак ҳам нашавед ки инҳо чархро ҳам чунон “сварка” кардаанд ки дигар аз ҷояш намеҷунбад.
    Инро ҳам бояд дониста бошед ки “Tojikiston vaqte davlati baquvat az jihati iqtisodiyot меshavad” ки ҳар Коргари сирке нангу номус дошта бошад ва ба ҷои шикоят аз чархи фалаку давлати Раҳмон, аз дигароне пуштибонӣ кунад ки барои бедории нангу номуси тоҷикон ҷон мекананд. Ҳамеша дар ғами нон ҳам намебояд буд. Боре ҳам аз нангу ном бояд андешид. Агар шумо ноне надоред ки шоматонро хӯред, дар ғами нонатон бошед. Аммо дигаронро ки аз ғами як бурда нонашон гузаштаанд ва дар андешаи ному нишони миллат ҳастанд, сарзаниш накунед. Агар Фирдавсӣ ҳам танҳо дар ғами нони шомаш мебуд, мо имрӯз “Шоҳнома” ва Рустам надоштем.
    Зиндаву шодком бошед!

  53. Сафаралӣ, нишону парчам намоди миллат ва кишвар ҳастанд, на ҳукумат ва давлат. Шумо ин миллатро бо давлате ки бар кишвари мо ҳукумат медонад, яке надонед. Ин давлат аст ки ҳаргуна “ҷашну ҷашнвора” мебофаду мардумро ба “сол”-ҳои фарҳанги ариёӣ, Румӣ, Рӯдакӣ ва забони тоҷикӣ ва Имоми Аъзам саргарм мекунад. На мардум ва на Румиву Рӯдакиву Абуҳанифа ниёзе ба ин ҷашну ҷашнвораҳо надоранд. То рӯзе ки тоҷике ба забони тоҷикӣ сухан хоҳад гуфт ва намоз хоҳад хонд, Рӯдакиву Румиву Абуҳанифа зиндаву ҷовиданд.
    Мардум ва кишвари Тоҷикистон айбе надоранд, ҳар айб ки ҳаст дар ҳукумати Тоҷикистон аст. Шумо бо ҳукумат даъво кунед, на бо миллат ки ғуломтабиаташ хондаед.

    Агар русиро беҳтар медонед ин нуктаро ҳамеша дар ёд дошта бошед: тот режим, который правит страной, и вот эта территория, которой он правит, – это не одно и то же».

  54. Бо дуруд,
    Яке мегўяд: “Миллате, ки номус надорад, агар дар парчамаш шер он тараф истад, акси хатто динозаврро мехкуб кунанд, бефоидааст…”
    Дигаре мегўяд: “Baroi hamin dustoni aziz biyoyed hama kasa avval yak fikri kunem ki chi hel Tojikistonro az zonu bardorem bad fikri gerbu bairaqa meknem odamo da asri 21 zindagi doran mo boshem dar fikri tarihu savsata gashtem gashn qaid karda tuyu maraka karda…”
    Сеюме мегўяд: “Фикри чигунагии гербу байрак дар хамин гуна шароит? Ба ин русхо мегуянд “пир во время чумы”. Точикияш мешавад “туй дар замони тоъун” ё дар замони вабо…”
    Изофа мекунад: “Ин “сол”-хо мегузаранд, Устод, вале ин миллат бо хамон проблемахояш мемонад. Биёед, ана дар бораи онхо бахс кунем…”
    Хеле хуб. Ҳамин ки инсон дарди миллат бар сар дорад ва аз онҳо ранҷ мебарад, худ арзише воло дорад. Дар ин масъала, ҳар кӣ то ҳоло андешае рондааст, савоб гуфта, ва ҳамагӣ иттифоқи назар доранд.
    Масъала дар асли эҳсоси дард нест.
    Масъала дар чигунагии муолиҷаи он дард аст.
    Ин ҷост, ки шояд яке аз моён ба иштибоҳ афтем.
    Касе ки изҳор медорад ислоҳи вазъи иқтисодӣ дар авлавият қарор дорад, бе тардид савоб гуфта, аммо пурсиш ин ҷост, он нуқтае, ки ҳатто дар ҳамин майдон яъне майдони иқтисодӣ, нуқтаи шурўъ маҳсуб мегардад кадом аст?
    Нуқтае, ки на танҳо оғозгоҳи ҳаракат ба сўи ислоҳи иқтисодӣ, балки ҳаракат ба сўи як ислоҳи ҳамаҷониба дар ҷомеа, чи сиёсӣ, чи иқтисодӣ, чи фарҳангӣ ва ғайраву золик.
    Ин ҷост, ки сайри таърихи башарият дар робита бо ҳаракатҳои ислоҳгароёна дар ҳар ҷомеае нишон медиҳад, ки он нуқтае, ки бояд аз он оғоз кард, ва ба иборати дигар, оғозгоҳи ҳаракат ба сўи ислоҳ, ин руҳия додан ба афроди ҷомеа аст, ва ин ки барои хештан шахсият қоил бошанд, хештанро некў бишносанд, ва бидонанд, ки аз кадом усул ва решаҳое шоха баровардаанд, худро эҳтиром кунанд, ҳаргиз дигаронро тавоно ва хештанро нотавон ҳисс накунанд, бовар ҳосил кунанд, ки метавонанд. Ин ки мегўянд “Хостан, худ тавонистан аст”, сухане беҳуда ё шиоре холӣ нест.
    Ҳамаи ин аносир, бармегардад ба руҳияи афроди ҷомеа.
    Ҳоло, оё ба андешаи гербу парчам ё ҳар рамзе, ки нишондиҳандаи ҳувияти миллати мост, магар аз аносири руҳиябахш барои афроди ҷомеа нест?
    Чаро ин нуктаро намефаҳмем? Ё аслан намехоҳем бифаҳмем.
    Шумо ба ёдовариҳои мукаррари устод Адаш Истад, чи дар ин сомона ва чи дар сомонаи шахсии эшон таваҷҷўҳ кунед. Масалан дар яке аз онҳо ба ин мазмун гуфтаанд: Ҳамин ки ба навҷавонон бигўям: Шербаччаҳо, хушҳол мешаванд, руҳия мегиранд, ҳисс мекунанд шахсияте доранд.
    Пас, таъсир дорад. Чаро ба ин нуктаи хеле боаҳамият таваҷҷўҳ надорем?
    Комёб бошед.

  55. Посухи ҳафтум

    Ду сурати шер аз марзи Тоҷикистон

    Пажуҳишгари намодҳои бостонии Осиёи Миёна Л.И.Ремпель дар китоби худ «Занҷири замонаҳо» навиштааст, ки сурати шер дар рўи ғилофи устухони филии аз Тахти сангин (Тоҷикистони ҷанубӣ) мутаалиқ ба асри панҷи то солшумории мелодӣ – яъне дуним ҳазор сол пеш беҳтарин тасвир дар санъати нафисаи Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Зеро ин шер ба пойҳои оқиб ба тарзи гералдикӣ рост истодааст, ки хоси талаботи услуби бошукўҳи санъати дарбории ҳахоманишист.

    Ба ҷои дарахти ҳаёт оҳу тасвир шудааст. Дар бораи сурати дар чўб кандакоришудаи шер (Панҷакенти асри ҳашт) гуфтааст, ки ин ҷо шер нишонаи ҳукумати шоҳон аст.

    Ҳоло ин ду суратро манзури шумо мекунам. Дар бораи суратҳои дигар аз бозёфтҳои археологӣ ба мақолаҳои камина дар моҳи март ба веблоги Герби шердор гузошта муроҷиат кунед.

    Президент Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (китоби якум, саҳ.26) оиди ин бозёфти нодир навиштаанд:
    «Куҳантарин бозёфти маъбади Вахши ғилофи оҷии ханҷари бохтарисохтаи акинак аст… Шер дар қисми болоии ғилоф акс ёфтааст, ки бо пойҳои пеш оҳуеро дошта, бо пойҳои ақиб одамвор рост истодааст. Шер то андозае қиёфаи инсонӣ дошта феълан ба асотири ривоятии ифодаи тавоноиву қудрати шоҳон асос ёфтааст.»

    Яъне худи Ҷаноби олӣ таъкид кардаанд, ки ин ҷо рамзи давлатдорӣ ҳаст.

  56. Хазарти Адаш Истад ва хаводорони у. Як захмат бикашеду аввал ин наворро тамошо кунед ва сипас боз як захмати дигар бикашеду амри маъруф кунед, ки дар герби миллии ин «миллат» акси чй бошад.

    Баъзе одамони ин наворро дида бар ин акидаанд, ки акси чинор бехтарин рамзест барои гербу парчами мардуми ин кишвар.

    Шумо чй мегуед?

  57. Адаш Истад дар поёни посухи хафтумаш менависад: «…худи Ҷаноби олӣ таъкид кардаанд, ки ин ҷо рамзи давлатдорӣ ҳаст».
    Устод. Намедонам, ки дар посухи 25-атон чй боз чй менависед, яъне дар гушхоямон боз чи лапшае меовезеду дар доманхои чашмдоштамон боз чанд дона чормагзи пук, вале, бовар кунед, то хамин Чаноби олиятон аз сари кудрат дафъ нашавад, на зиндагии ин мардум хуб мешаваду на акси шер (бархак) ба руи герби Точикистон бармегардад.

  58. Сафаралй!

    Барои ин чучаи хукумат чанд барги чанор зарур аст?

    Устод Истад!

    Азонро одатан ба гуши кй мехонанд?

    Фикри ман:

    Герби навро президенти нав меорад! Президенти хозира бояд он видеоро бинад ва дасташро лапар карда ба чои барги чинор истифода кунад!

  59. Посухи ҳаштум

    «Пир во время чумы?» мегўед?

    Магар барқарор кардани арзишҳои волои миллӣ базму зиёфатхўрӣ аст?

    Ин кор аст, ранҷ кашидан аст, билохир мубориза аст. Ман ба нармӣ фаҳмонидам, ки баъди ҷанги ҷаҳонии дуввум, вақте ки нон набуд, гуруснагӣ ҳукмрон буд, манзилҳо ва корхонаҳо ба хок яксон шуда буданд ва давлатҳояшон дар хазина як пайса надоштанд, миллатҳои Аврупо сараввал ба муҷассамасозӣ ва эҳёи намодҳояшон шурўъ карданд. Зеро онҳоро такягоҳи халқ меҳисобиданд. Ба ҳамин сабаб ба комёбиҳои азим расидаанд.

    Ва масъалаи ору номус низ меҳисобиданд. Шумо бошед, масъалаи ору номусро «пир» яъне базму тараб меҳисобед? Оё мефаҳмед, ки фарқ аз куҷо то куҷост?

    Ба шумо агар бигўянд, ки аввал нон мехўрӣ ё номусатро ҳифз мекунӣ, пас аввал ба нонхўрӣ метозед? Ҳол он ки имрўз вазъ дар Тоҷикистон он қадар нест, ки касе бе нон монда бошад ё ки вабо ҳукмрон бошад.

    Боз як касе суол карда буд, ки ҳамон солҳо оқои Адаш Истад куҷо буданд?

    Агар веблоги Герби шердорро аз оғозаш – моҳи феврали соли гузашта кушода то ба имрўз бихонед, хоҳед донист, ки барои ба лоиҳаи герби Тоҷикистон даровардани намоди шери чи корҳое кардаам.

  60. Адаш Истад, on March 29th, 2009 at 11:35 am Said:

    Посухи ҳаштум
    «Пир во время чумы?» мегўед?
    ******************************
    Агар хохед -«Мурдаро монда тутхури»!

    Руз то руз дар кучаву хиёбонхо занону кудакони талбанда зеёд шудаистодаанд… чугй не-точиканд.
    Ба онхо ТАЪЧИЛИ «герби шердор» лозим?
    як пурсида биёед … аммо афсус
    «Сер кай парвои, гурустнаро дорад».

  61. Чаноби Адаш Истад. Чй хап кардед? Овози тарафдоронатон хам намебурод. Хуб, хафа нашавед, агар Чаноби олиятон ЭШР (дурусташ – Чуволи холй) пешниходатонро пазируфт, моро хабар кунед, хатман шод хохем шуд.
    Лекин метарсам, ки Шумо ва ин пешниходи хубатонро вай чун дигар пешниходхои барои рушди чомеъа мусбат подальше посылат накунад.

  62. Посухи нўҳум

    Камина ҳаргиз нияте надорам, ки ба гўши касе «лапша» овезам. Бисту панҷ сол вазифаам дар матбуоти Тоҷикистон аз инъикоси фарҳанг иборат буд ва дар ин боб хеле чизҳоро омўхтаам. Яъне мутахассиси ин соҳа ҳастам.

    Мутахассиси соҳаи иқтисоди Тоҷикистон нестам, ба ин сабаб оиди масоили нон ҳарф намезанам.

    Муқаддасоте ҳастанд, ки онҳоро бо будану набудани нон вобаста намекунанд. Чанд сол пеш ҳукумати Эрон барои як қавми навмусулмони африқоӣ масҷид сохтааст ва азбаски мардуми қашшоқ будаанд, ҳафтае як ё ду бор ба тариқи ёрдам ғизо мефиристодааст. Боре ба чӣ сабабе таъхир рух медиҳад ва ҳавопаймо бо маводи ғизоӣ парвоз карда наметавонад. Имомхатиби он масҷиди африқоӣ телеграмма фиристодааст, ки ба намоз касе наомад, ҳама талаб доранд, ки аввал нонашон диҳед, баъд ба худо саҷда мекунем.

    Рўшану возеҳ гуфтам, ки герби ҳозира ягон унсури намодӣ надорад, тасвирҳои он танҳо баёнгари ҳамон предметҳо ҳастанд, ки тасвир шудаанд. Намод нест. Ягон унсури зинда нест. Ҳатто офтоб баёнгари сарчашмаи ҳаёт нест. Барои намуна акси хуршеди пештоқи мадрасаи Шердорро пешниҳод мекунам, ки симои инсонии митроӣ дорад.

    Магар иқтибос овардан аз китобе лапша ба гуши шумо овехтан аст?

    Ман ягон ақидаро ба касе зўран бор кардан намехоҳам. Мисолҳоро оварда истодаам, ки худатон хонда худатон хулоса бароред.

    Андеша кунед, ки беҳтарин донишманди намодҳои торихи Осиёи Марказӣ Л.Ремпель, ки худ рассоми чирадасте низ буд ва тамоми умри худро сарфи омўзиши санъати Осиёи Марказӣ кардааст, оиди сурати шери аз Тахти сангин пайдогардида баҳои баландтаринро медиҳад. Ин тасвири намодӣ бо сабки рўшани гералдикӣ беҳтарин асари бадеӣ дар санъата Осиёи Миёна аст, – мегўяд ў. Ва таъкид мекунад, ки дар он шукўҳ ва шаҳомати хоси шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ дарҷ аст.

    Сипас бо иқтибос аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ман гуфтани ҳастам, ки намоди давлатдорӣ доштани ин шерро президент низ таъкид кардаанд.

    Яъне хулосаҳои як донишманди соҳа бо фикри сардори давлат мувофиқ афтодааст. Шумо бошед, ба ҷо он ки аз чунин баҳои баланди як донишманди номӣ ба ин осори ҳунарии ниёгони мо хурсанд шавед, онро лапша меномед? Пас куҷост худшиносӣ ва миллатдўстии Шумо?

    Баъзеҳо бовар надоранд, ки президент ба навиштаҳои камина эътибор медиҳаду барои таъсиси лоиҳаи герби нав комиссиюн ташкил мекунад. Ва ин баҳсро як баҳси беҳуда мешуморанд.

    Медонед, ман ин чизҳоро фикр намекунам. Пеш аз ҳама онро меандешам, ки ҳамчун як нависандаи тоҷик, ки мутахассиси маънавиёт маҳсуб мешавам, карзи виҷдонии худро адо кунам.

    Он тарафашро, ки ягон мансабдор ба ин навиштаҳо эътибор медиҳад ё не, ба виҷдони ҳамонҳо ҳавола мекунам.

  63. Мукаддасоте хастанд азонихуди, асил ва бостонии халки худамон. Ин мукаддасот чанд хазор сол пеш ба вучуд омада хуввияти ниёгони моро ташкил додаанд. Сипас дар замони исломи мукаддасоти дигаре омад, ки реша ба фарханги мо надошт. Мардуми атрофи Маккаву Мадина пеш аз ислом барои худои борон одам курбони мекарданд. Зеро чорводор, ки буданд зиндагиашон ба борон ва руидани алаф дар даштхои беоб сахт вобаста буд. Сипас бо киссаи кушиши курбон кардани Исмоил курбон кардани чорво ба чои одам расм гардид.
    Медонед ин чизхо реша дар фарханги мардуми мо надоштанд, бо чори гардидани ислом, бо зарби шамшер ба кишвари мо тахмил гардиданд. Холо мо онро азони худ мешуморем, иди курбон аз идхои миллии халки мост.
    Оё аз руи инсоф аст, ки арзишхои тахмилшударо гироми дорему ба арзишхои миллии аз ислом пештар вучуддоштаи халкамон беэътибори кунем?
    Халки мо дар гузашта мисли арабхои нимавахши барои борон одам курбони намекард, аммо ба мисли хама кавмхое, ин корро мекарданд, Иди Курбонро ид мекунад.
    Аммо иди Шаби Ялдоро фаромуш кардааст. То хануз Мехргону Сада эхё нашудааст.
    Номи ман Ардашер аст, аз номхои хеле бостонии ориёи. Маънои ин ном шери бузург аст. Ташаккури зиёд ба устод Адаш Истад, ки кудсияти номи маро ба ман фахмониданд. Чунин маънои бузург доштани номамро акнун фахмидам.

  64. Офарин бар Ардашер ва шуъури миллиаш!

    Албатта, номи зебои ту решаи дигар дорад Artaxshathra ба маънии Шахриёри Фазилатхо ё Шахриёри Ростй аст. Xshathriya решаи калимахое чун шахр, шох ва Ардашер аст. Сарфароз бошед.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  65. Устод Адаш Истад,

    Ман шахсан аз пешниҳодҳои Шумо ҳимоят мекунам ва умедворам, ки зимомдорон дигар ба беҳвиятии худ ва бемаънигии нишонаҳои сохтаашон пай баранд ва ҳарчи зудтар пешниҳодҳои Шуморо бипазиранд.

    Ман хадамоти Шумо дар шиносондани фарҳанг ва таърихи бостониро медонам ва талошҳои Шумо сазовори ситоиш аст. Лозим ба ёдоварист, ки навиштаҳои Шумо дар бораи Борбади Марвазӣ ва дигар бахшҳои фарҳанги гузашта нақши муассире дар бедории мо, кӯдакони гузашта ва ҷавонони имрӯз дошта ва дар оянда низ хоҳанд дошт.

    Пешниҳоди ман ин аст, ки аз навиштаҳои ҳамоқатбори бархеҳо дар инҷо ва дар ҳар ҷойи дигар дилсард нашавед ва ба кори худ, ки коре дарвоқеъ дуруст ва ситоишбарангез аст, идома диҳед. Умедворам дар оянда китобҳое бештаре аз Шумо дар бораи фарҳанги бостонии Эрон ва эрониён бихонем ва аз онҳо илҳоб бигирем.

    Агар касе ба Шумо имрӯз гӯш намедиҳад, фардо мутмаинан навиштаҳои Шумо аз арзиш ва аҳаммияти болое бархурдор хоҳанд шуд ва агар имрӯз нобиноҳое ба пешниҳодҳои Шумо таваҷҷуҳ намекунанд, фардоҳо ҳатто худашон ба ҷустуҷӯйи китобҳо ва навиштаҳои Шумо хоҳанд пардохт ва андеша ва пешниҳодҳои Шуморо амалӣ хоҳанд кард.

    Ба умеди комгорӣ ва сарафрозии Шумо,
    Фаромарз

  66. Салом ва дуруд бар ҳамандешон.

    Устод Адаш Истад,
    Бо сипоси фаровон аз заҳматҳои бедареғатон дар роҳи бедории тоҷикон, аз Шумо хоҳишмандам дар бораи нишону парчами Узбакистон низ бароямон огоҳие диҳед. Медонам ки ҳамакнун нишони ин ҳамсоякишварамон Ҳумо аст. Ман матолиберо инҷо (http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1190273760) хондаам ки ин мурғро Симурғ хонда ва сахт носазо гуфтаанд. Оё ин мурғ бо узбакҳо пайванде дорад?

  67. Посухи даҳум

    Яке аз хонандагони Интернет ишора кард, ки посухи биступанҷум ҳам хоҳад шуд. Шумо гумон мекунед, ки ман пажуҳишгару донишманди ин соҳа ҳастам? Ҳамагӣ як рўзноманигор ва адибам, ки доир ба ин мавзўъ аз рўи чанд китоби барои худам дастрас чанд мулоҳизае навиштам. Пажуҳишгар дар ин боб чанд рисолаи докторӣ навишта метавонад. Ў ҳама маводро оиди ин масъала гирд меорад ва нисбат ба ман хеле амиқтару васеътар тадқиқ хоҳад кард.

    Агар ба географияи намодҳои шерӣ эътибор диҳед, хоҳед дид, ки онҳо аз ҳама маҳалҳое, ки дар он ҷо давлатдории ниёгони тоҷикон будааст, ёфт шудаанд, дар ҳама маконе, ки дар он замоне тахте будаасту дар он ҳокиме нашастааст.

    Ба ҳамин ваҷҳ як пораи тахти нимсўхтаи ҳокими Панҷакент, ки дар он сурати шер кандакорӣ шудааст ё сурати шере, ки аз қасри ҳокими Тирмиз ёфтаанд, ҳама чун шери устухонии Тахти сангин аз ҷиҳати арзиш бебаҳоянд.

    Ман аз ин пеш оиди суратҳои бостонии шерҳои болдору тоҷдор ва беболу бетоҷ сухан ронда будам. Дар боби сурати офтоб гуфтам, ки он чеҳраи инсонӣ ё худ митроӣ гирифтааст. Зарфҳое ҳастанд, ки дар онҳо шерҳо симои инсонӣ ё худ митроӣ доранд. Ба ғайри ин оиди шерҳои мармарии кохи Ситора ва Мохи хосса чизе нагуфтаам, аморати Бухоро низ як пора торихи халқи мост.

    Акнун акси як оинаи биринҷиро (Тирмиз) ва ду лаълии филизии мудавварро (Самарқанд, Фарғона), ки ба асрҳои XI-XII мутааллиқанд, пешниҳод мекунам. Дар ин тасвирҳо каллаҳои шер симои инсонию занона (митроӣ) доранд.

  68. Кутайба, чуноне, ки аз Хуталони бостони ронданд Кутайба ибни Муслимро, хамчунон аз точикзамин туро хохем ронд.
    Парчами мо хуб аст. Мухим нест, хамаи нишонахои мусалмониро дар парчам ва нишонии худ ворид созем.

  69. Барои ман ягона рамзи давлатии Точикистон ин герби устодон Исхоки ва Латифи буд ва хамеша хохад буд. Агар стенограммаи суханронихои онхоро дар мачлиси парлумон хангоми баррасии ин масала мехондед, аксарияти саволхое ки холо матрах аст сарфи назар мешуд. Сад дар сад мутмаъинам ки Шери болдори точики холо бозпас мегардад.
    Аз зиндаги дар болои зону бо комати рост мурдан бехтар аст!!!

  70. Ба фикриман бояд дар парчами точикистон на сурати шер балки сурати Чаноби Олй Эмомали Рахмон ояд. Ё шумо огои Адаш Истад ба ин ин пешниходи дуруст зид-ми?

  71. Сафаралй мегуяд, ки: Ба фикриман бояд дар парчами точикистон на сурати шер балки сурати Чаноби Олй Эмомали Рахмон ояд. Ё шумо огои Адаш Истад ба ин ин пешниходи дуруст зид-ми?

    ……Бехтараш каллаи хар монда шавад. Ба ин миллат фаркаш чй?

  72. Rosti gap avvalashro xondam diga xush nadod to oxir xonam )

  73. салом ба иштирокдорони ин бахси мухим. бА БАРОДАРОНЕ, КИ ДАЪВО ДОРАНД, КИ МО БА ЗАРБИ ШАМШЕР ИСЛОМРО КАБУЛ КАРДЕМ. хУБ ХОЛО АРАБХО НЕСТАНД МЕТОНИ ЗАРДУШТ ШАВИ КАСЕ ТУРО ЧАЗО НАМЕДИХАД. оЁ МЕДОНИ КИ КОРЕ, КИ ДАР ДИНИ НИЁГОНИ МО АСТ ДАР ЯГОН ДИНУ МАЗХАБ НЕСТ, ИН ХАМ БОШАД ИЗДИВОЧ БО МАХРАМИ ХУД. ЯКБОР АНДЕША КУН ИМРУЗ КОНУНИ ТОЧИКИСТОГ ИЗДИВОЧИ ХЕШУТАБОРИРО РАД МЕКУНАД, ХОЛО ОН КИ ДАР ДИНИ НИЁГОН БО ДУХТАРУ ХОХАРИ ХЕШ ИЗДИВОЧ МЕКАРДАНДУ БОЗ ЧАНД ЧИЗИ ГАЛИЗА………-РО

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: