Баракати Имоми Аъзам ва Наврузи ниёкон

Яке аз хонандагони хуби мо ин аксро аз фарози хиёбони Душанбе бардошта, ба мо фиристодааст. Шояд ин посухи расмй ба навиштаи пешинаи блоги “Андеша” аст?

1aks

Бародари дигари мо аз Кулоб ва дусте аз Душанбе навиштаанд, ки яке дар гузоштани вокунишаш ва дувумй умуман дар боз кардани торнамои мо ба мушкил рубару гаштаанд. Хамзамон теъдоди истифодабарандагони блоги мо дар Точикистон босуръат ру ба кохиш дорад. Агар ин дахолати макомоти давлат аст, шадидан хушдор медихем, ки “Андеша” моли мардуми точик аст ва хеч кас хак надорад, ин мардумро аз дастрасй ба блоги мардумии “Андеша” махрум кунад.

Аз хамаи дустону ёрони гиромй дархост мешавад, бар зидди монеагузорй дар рохи “Андеша” ба мардум ва мардум ба “Андеша” бо навиштани назари худ садо баланд кунанд.

Агар тасбит шавад, ки хукумати Точикистон дар мукобили блоги мардумии “Андеша” аз шевахои номашруъ истифода мекунад, мо ба Додгохи хукуки башари Кумисюни Аврупо мурочиат мекунем. Ин хукуматро, ки бе ин хам обру ва эътибори зиёде надорад, нашояд, ки бо чунин аъмоле камтарин обруи бокимондаи худро низ бирезад!

19 Responses

  1. Наврузи навбахорон бар шумо муборак!
    Наврузи оламафруз бар мо хам муборак!

    Орзумандем, ки ин Навруз, ин соли нави ачдоди ба вазъи мардум ва кишвари азизи мо бехбудихои назаррас оварад. Нафакат тинчиву ороми, балки пешрафти сатхи зиндагони ба мо зарур аст. Умедворем, ки торномаи Андеша дар ин чодда сахмгузории худро идома медихад ва боиси хамкории бештари сохторхои гуногуни кишвар, махсусан хукумат, бахри рушди Ватан хохад гашт.

    Паёми раисчумхури Амрико Борак Убомо бахшида ба Иди Навруз. Хеле фикрхои хуб гуфтааст.

    Обод бошед,

    — Ботур Косими

  2. Дустон,

    Фарорасии Наврӯз ва Соли Навро ба ҳамаи бинандагони ин торнигор ва ҳаммеҳанон дар саросари ҷаҳон хучастабод мегуям!

    Наврӯзатон ҳамеша сабз бод!

  3. Дар як чои дигар навиштагй, ки “Наврузи давлати сохибистиклол безавол бод!”

    Хай-хай!

  4. Кариб фаромуш шавад.
    Навруз барои хамаи шумо ва ахли хонаводаву наздиконатон хучиста бод!!!

  5. Наврузи фархундапайкро ба хамаи ёрон самимона табрик мегуям ва барои хамаи шумо ва ахли хонаводахои шумо соли неку хуш орзу мекунам.

    Хушбахту саршор аз неруи зиндагии нав бошед!

  6. Дустам Рустам. Хушбахтонаааст ё бадбахтона, ки ин торнаморо ба чуз ману туву боз чанд бародари дигарамон, ки берун аз хоричанд ва ё дар Точикистон дар расонахои мустакилу хоричи фаъолият доранд, дигарон намехонанд. Бовар кун!
    Ман бо итминон метавонам бигуям ки касе аз аъзои ин хукумат дар бораи Точвар чизе намедонад. Умуман дар Точикистон хам ки ба интернет дастраси дорад.
    Барои ин хавотир нашавед, касе хондани Точивыарро дар хеч чои дунё манъ намекунад.
    Навруз муборак!

  7. Ба Мухаммад.
    Бародар, дар дастгохи президенти Точикистон ин сойтро хуб медонанд ва онро пайваста мехонанд. Ва хатто одами махсус муваззафи хондан ва “тахлил”-и хама сойтхои “анти” мебошад.
    ЭР хам онро пайваста аз назар мегузаронаду тамом.
    Чаро онро дар худуди кишвар манъ накардаанд? Чунки он хануз коре накардааст (мисли Чароги руз), ки мучиби ин амал гардад.
    Навруз бар хамаи мову шумо муборак бошад!

  8. Бародарои азиз илтимос бо ман ердам расонед. Як шиносам бо ман гуфт ки дар фатвохои Имоми Абу Ханифа он кас кайд кардани Наврузро умуман дастгир намекардаст. Ончо я фатво будаст ки дар он зикршудаст ки, агар як тухумро ба нияти Навруз одам бишиканад он кас муртад мешавад яне аз Ислом мебарояд. Ин дуруст ас ё на ? Илтимос бо ман чавоб дихед ?
    Бо эхтиром,
    Азиз

  9. Рустами азиз! Навиштаед “Хамзамон теъдоди истифодабарандагони блоги мо дар Точикистон босуръат ру ба кохиш дорад”. Ва инро мучиби дахолати давлат медонед. Аммо Андеша кардаед, ки метавонад сабабе дигар чой дошта бошад? Замоне банда хангоме сахар компутарро гирон мекардам, аввалин сахифае ки боз мекардам “Андеша” буд. Аммо инак онро гох-гохе боз мекунам. Намехохед бидонед, чаро?

  10. Ман бо Фарид комилан мувофикам, чун вактхои охир дар Андеша танхо бахсхои дини ва он хам бо иштироки ду нафар Саидюнусу Фаромарз матрах мешаванд, ки ин хеле дилгиркунанда аст. Кас аз хондани ин сахифа чунин фикр мекунад, ки муаллифаш аз ин пас гуё Саидюнуси Истаравшани шуда бошад.

  11. Ба назари ман, баракс хаводори Андеша бештар шудааст, махсусан пас аз бахсу мунозираи Сауидюнусу Фаромарз.

  12. Фикр намекунам хукумати мо мучиби чизе шуда бошад, балки ман худ медонам, ки дар дастгохи хукумати мо хонандагони Андеша кам нестанд. Дилатон пур бошад, хукумати мо ба андозае ба худаш бовар дорад ва такягоху тарафдор дорад, ки аз касе харос дошта бошад.
    Илова ба он, имруз дар Точикистон озодии баён вучуд дорад. Магар намебинед садхо хафтаномахо хар руз дар Вазорати Адлия сабт мешавад ва хар кас хостаи дилашро менависад? Касе садди рохи онхо намешавад.

  13. Ба хамин наздикихо ба Чаноби Оли масъалаи пурмочарои Гербро, ки устод Адаш Истад пешниход кардаанд, баъзе аз мушовиронашон иблог карданд.
    Ман хушбинам, ки назари бисёр мусбатро дар бораи ин масъала доранд. Умед меравад посухе хам дар сайти расмии Чаноби Оли дар ин хусус матрах гардад.
    Сарафроз бошед Рустам!

  14. Бале мухтарам Бедордил, мебинем, ки озодии сухан дар Точикистон бисер пеш рафтааст, то ба андозае ки бархе аз мансабдорони шумо мехоханд намоишномаи Виктор Гюгоро хам тахрир ва ба завки чаноболй мувофик гардонанд.

  15. Самандар,
    Агар бовар надоред, ки озодии баён дар Точикистон барои хафтаномахо вучуд надорад, ва хукумат садди рохи касе намешавад, худатон биёед ва бубинед. Ман аз касе дифоъ намекунам, хакикати хол хамин аст.
    Дар бораи камбудихое, ки гуфта мешавад, ман хам кабул дорам. Камбуди хаст. Вале намешавад, ки хамаи ин камбудихоро ба сари Раиси Чумхур бор кард. Худи Раиси Чумхур аз баъзе корхои атрофиёнаш сахт ранч мебарад. Ман инро медонам. Дар холи хозир, оё алтернативи дигаре дорем?
    Мехохед чи шавад? Бигузорем каме бо хамин фазои озодии нисби пеш равем. Дар оянда бо роххои демократи хукуматро мешавад дигаргун кард. Аммо на бо рохи ошуб. Агар ошубе шавад, хавфи суистифодаи ифротгароён ва радикалхо хаст. Агар бовар надоред, ба дохили Точикистон омада бинед.
    Хизбхои сиёси хозир дар Точикистон озодона раъйи худро баён мекунанд. Хеч кас садди рохи онхо нест. Умед меравад дар оянда бо роххои демократи хукуматро дигар кард.
    Дар бораи намоишномаи устоди хунарпеша Барзу Абдураззок, ки дар расонахо хабари он мунташир шудааст, бовар кунед хеч алокае ба Раиси Чумхур надорад. Ин вазири фарханг, ки ба чои салла, гохе калла бардошта меояд, ин хел амалхоро нахустин бор намекунад. У, ба гуфтаи эрониён «Косаи догтар аз ош аст». Ба назари ман, бояд ба чои у каси дигар ин вазорати мухимро сарпарасти кунад.
    Сарфароз бошед!

  16. Ислох:
    “Агар бовар надоред, ки озодии баён дар Точикистон барои хафтаномахо вучуд дорад, ва хукумат садди рохи касе намешавад, худатон биёед ва бубинед. Ман аз касе дифоъ намекунам, хакикати хол хамин аст.”
    Пузиш мехохам.

  17. Бедордил, карочи ин гапоба хозир хеч касе бовар намекунд. Ту Бедордил не, курдил мебоши.
    агар “чаноби оли” ин хел мусичи бегунох” бошанд, авал хамун вазири фарханга кани дигар кунанд!!!
    ин афсонахоятро хубтар мешуд ба одамони гулу гаранг мегуфти.
    ту одами хамуно боин метоби. факат ки бо забони хушру мехохи дигархоро фиреб дихи.
    бо хам дар инчо аз устод Саидюнус химоят мекуни.
    устод Саидюнус ба химояти ту барин падхалимхо эхтиечманд нестанд!!!
    хубтар рафта худат барин одамхои падхалимро химоят кун.
    сарафроз набоши.

  18. Ба “Хакшинос” и хакношинос,
    Якеро пурсиданд адаб аз ки омухти?
    Гуфт аз беадаб.

  19. Ба Бедордил,

    ////Худи Раиси Чумхур аз баъзе корхои атрофиёнаш сахт ранч мебарад. Ман инро медонам. Дар холи хозир, оё алтернативи дигаре дорем?////

    Агар ҷоноболӣ “як бор мард шуда ҷояшонро холӣ кунанд” ҳазорон алтернатива пайдо мешавад.

    Замоне ҳам ки ҳамин раис ба курси нишаст, касе ӯро прехидентшав намеҳисобид. Оҳиста-оҳиста кастумбруки нав пӯшид, муҳояшро шона кард, шикамаш ҳам каме берун дамид ва бисёр прехидентзеб шид!

    Селоби таърих гоҳо касонеро ё чизҳоеро пеш меорад, ки касе таваққуъ надорад!🙂

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: