Аробаи холии «тоҷик будан»…

Диловари МУСТАФО (Бознашр аз «Фараж» №10 12.03.09)

Дар ҳошияи мақолаи Марат Мамадшоев, «Онҳо ва мо» («Азия-плюс», №9, 4 марти соли 2009)

Барои банда Марат Мамадшоев, рузноманигори русзабони тоҷик ва муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» маҳбубтарин муаллиф дар мабуоти Тоҷикистон аст. Он кас бо он вуҷуд ки бо забони русӣ менависад, як рӯзноманигори-воқеан миллӣ, ҳйрфай, воқеъбин ва боиси ифтихори банда аст.

Ҳоло ки дар матбуоти Тоҷикистон сӯйистифода аз тоҷик будану миллӣ будан ба дараҷаи ифрот расидааст, Мамадшоев ягон маротиба ин гуна ифтихори пучашро ба намоиш нагузошта, балки дар мақолаҳояш симои воқеан миллӣ ва ҳирфаияти таърихан хос ба як тоҷикро ба намоиш мегузорад. Бале, шарт нест, ки ба забони тоҷикӣ нависад, муҳим он аст, ки тоҷикона нависад. Бас тоҷикони тоҷикинависро мебинем, ки мағзи русиву муғуливу темурӣ доранд ва дар навиштаҳояшон ба ҷуз шовинизму ҳарфҳои баланду боло аз ифтихори бемаънии миллатгароёна заррае аз тоҷикият нест.

«Онҳо ва мо» – мақолаи охирони Марат Мамадшоевро хонда, натавонистам хомӯш нишинам. Бори дигар ба ин инсони бузург, классики зиндаи журналистикаи тоҷик аҳсант мегӯям. Илоҳо садсола шавед, Мамадшоев!

Хонандаи арҷманд, умедворам ин мақоларо шумо ҳам хондаед. Барои рӯшан шудани сӯҳбатам ба шумо мазмуни онро, тавре ки худ фаҳмидаам, ва баъзе нуктаҳои муҳими онро пурра меорам. Мамадшоев менависанд, ки шоҳони даврашон аз Имоми Аъзам, Ибни Сино ва Носири Хисрав мехостанд, ки дар дарбор хизмат кунанд, аммо ин тоҷикони бузург хизмати дар борро рад карда, як умр дар маҳрумияту азоб ба сар бурданд, Сӯфӣ Халлоҷ ва Насимиро бо азобу таҳқири зиёд ба қатл расониданд. Ҳамчунон Ҳофизу Рӯдакӣ ва Умари Хайём бо ин қадар бузургӣ дар нодориву қашшоқӣ ҷон ба ҷаббор супориданд.

Мамадшоев менависад: «Маро ҳамеша ин устувории онҳо ба ҳайрат меандозад. Онҳо ин қадар мардигариро дар он даврони вазину хунин аз куҷо пайдо карданд?» Ва суоли посухомези ба мавриде, ки Мамадшоев медиҳад, ин аст: «Шояд воқеан сир дар он аст, ки онҳо хидмат ба ҳақиқат, яъне Худоро қарзи худ медонистанд? Шояд аз ин хотир онхо наздикону хешу ақрабояшонро дӯст намедоштанд?» Мамадшоев хулоса мекунад: «Намедонам чӣ онҳоро ба таҳрик медаровард. Аммо яқин медонам, ки барои онҳо айшу ишрати заминӣ дар макоми охир меистод. Ҳоло ин инсонҳо хазинаи тиллоии миллати мо ва инсониятро ташкил мекунанд. Бо гузашти садсолаҳо барои онҳо муҷассамаву мавзолей месозанд, кӯчаҳову шаҳрҳоро ба номашон мегузоранд, симпозиуму конфаронсҳо меғузаронамд. Аҷиб аст, дар бораи мо ояндагонамон баъд аз сад сол чй фикр хоҳанд дошт? Оё онҳо бо мо ифтихор мекунанд ва кадоме аз моро хазинаи тиллоии миллат ва инсоният хоҳанд шумурд?»

Ин хулосаи воқеан ҳирфаӣ ва мутафаккиронаи Мамадшоев ҳушдори хеле оқилонаи як журналисти огоҳ ва дар хақиқат миллӣ ба мо аст.

Агар матбуоти боқимондаи Тоҷикистонро хонем, сафҳаҳои онро пур аз ифтихороте мебинем, ки моро ба як олами дигар мебарад. Кас фикр мекунад, ки дар ҳақиқат як миллати бузург ва фарзанди бузургони ҳазор соли охир будаем. Кош мебудем, Аммо вақте барои гирифтани як «справка» ин ифтихор ба 10 ё 20 сомонӣ фурӯхта мешавад, вақте дар мактаби тоҷикҳо муаллим нест, вақте ками андар ками тоҷикҳо ба забони модарии худ ҳарф зада метавонанд, вақте устоду мансабдори тоҷик порахӯру коррупсионер ҳастанд, вақте 1 миллион тоҷик дарбадар аст, фарзандонаш бепадар калон мешаванд, вақте дар хонаи тоҷик дар асри 21 барқ нест, вақте фарзандонаш бехатту савод ҳастанд, вақте шоиронаш маддоҳанду ду мисраи шоирона гуфта наметавонанд, вақте ҳарфи «миллат» 100 доллар қимат дорад ва дар хизмати манфиатҳои гурӯҳиву ҷиноӣ аст, «хазинаи тиллоии миллат ва инсоният»-и Мамадшоев аз куҷо пайдо мешавад?

Бале, ин «хазинаи тиллоии миллат ва инсоният» дар батни модари тоҷик аст, дар шахси мисли Мамадшоев рӯзноманигорон аст, ки ҳарфи онҳоро касе гӯш намекунад. Онҳоро мехоҳанд он қадар камранг нишон диҳанд, ки гӯё нестанд. Аммо хонандаи ҳақиқӣ, ки мутаассифона, шуморааш кам мондааст, ин ситораҳоро дар нимашаб мешиносад. Агар замони Имоми Аъзаму Сино мебуд, бешубҳа, ин бузургон аз Тоҷикистон мерафтанд, ба ҳамон Ироқ ё Исфаҳон фирор мекарданд, то барои миллати хеш хизмат кунанд.

Ҳарфи дурӯг ва гумроҳкунанда дар бораи бузурги имрӯзаи миллати тоҷик ба кадом як дастгоҳҳое даркор шудааст, ки мехоҳанд мардумро гӯл занад. Миллати бедор ба худ бо танқиднигоҳ мекунад ва аз худ мепурсад: дар асл ое мо кй ҳастем? Оё тоҷик имрӯз ҳамон Рӯдакиву Мавлавиву Ҳофизу Саъдиву Айниро мешиносад? Кӣ аз онҳо чӣ медонад? Сад дарсад кафолат медиҳам, ки 99 дарсади тоҷикон онҳоро намешиносанд, шерашонро намедонанд ва агар шиносанд ҳам аз ҳарфи дигарҳо; мешунаванд, ки фалонӣ бузург аст, аммо намедонанд, ки чаро?

Якбор навиштаҳои «рӯзноманигорон»-ро хонед. Чӣ қадар ғалатҳои имлоиву сарфиву нахвӣ? Хат ғалат, иншо ғалат, имло ғалат… Ба болои ин андешае дар онҳо нест. Миллатдӯстиҳои обакӣ, қаҳрамонҳои ҳубобӣ. Қаҳрамонҳои асил аз кор берун. Майдон ба ихтиёри чанд беҳунаре гузошта шудааст, ки мехоҳанд аз боду ҳаво барои тоҷикон миллатдӯстӣ омӯзанд. Миллатро на бо сухан, балки бо тафаккур месозанд. Ин миллатсозиеро, ки чанд сол боз мо пеш гирифтаем, бо он вуҷуд ки натиҷаҳояшро имрӯз мебинем, ки чизе нест, фардо ҳам хоҳем дид. Бо ин роҳ дигар тоҷикон ҳеҷ гоҳ Имоми Аъзаму Сино, Рӯдакиву Мавлавӣ ва Айниҳои дигарро тавлид нахоҳанд кард.

Тоҷикистон зиёӣ надорад. Шояд дорад, аммо мо онҳоро намебинем ё ба онҳо имкон намедиҳанд, ки барои хизмат ба миллат саҳм гиранд, Аммо барои зиёиёни дурӯғин майдон фарох аст. Мархамат, чӣ қадаре, ки мақолаи дурӯғ менависад, шеъру суруди «ақлимиёнагй» меофарад, садҳо дурӯги дигар ва ифтихороти пуч аз бузургон мегуяд.

Дар конфаронси Имоми Аъзам, ки бо иштироки президенти кишвар баргузор шуд, як «олиме» баромада гуфт, ки агар Ҳазрати Муҳаммад (с) миллати арабро сохт, Имоми Аъзам (р) миллати тоҷикро сохт. Мазмунан ҳамин тавр гуфт. Ин ҳам «олими тоҷик»! Ин хам андешаи гумроҳкунанда! Чаро? То ин ду бузургвор арабҳо ҳам буданду тоҷику форсҳо ҳам. Воқеан шахсияти паёмбари ислом (с) миллати арабро ба яке аз миллатҳои умдаи башарият табдил дод. Ҳоло кишварҳои арабӣ чӣ вазъ доранд, ба ҳама маълум: онҳо сарватмандтарин кишварҳо ҳастанд ва арабро ҷаҳониён як инсони доро мешиносанд. Аммо миллати Имоми Аъзам чӣ ҳол дорад? Посухашро худатон медонед.

Як ба кишварҳои дигари ҳанафимазҳаб рафта, бубинед, ки онҳо дар кадом сатҳи рушду тараққиёт қарор доранду мо дар кадом сатҳ? Туркияи ҳанафимазҳаб кишвари пешрафтатарини олами ислом аст, ягона кишварест, ки нерӯҳои сиёсии исломӣ дар рушди як ҷомиаи воқеан демократӣ ва исломӣ саҳм гирифтаанд. Бо онҳо тамоми ҷаҳон муроро мекунад. Исломи мазхаби ҳанафӣ яке аз асоеҳои идеологияи истиклолҷӯӣ барои мардуми Косово аст. Косовоиҳо барои сохтани давлати худ аз мусалмон буданашон ҳам истифода карданд, яъне фардо ҳар як сокини кишвари Косово хоҳад донист, ки агар мусалмон будани ӯ намебуд, ҳеҷ гоҳ истиклолро намешинохт. Ин муқовимати рӯҳонии ин мардум бар ғуломӣ аст.

Барои мо мазҳабамон чӣ маъно дорад? Фақат барои паноҳ бурдан аз ифротгароиву терроризм ва салафиҳо? Агар ҳамин тавр аст, даҳ соли дигар дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон дорем ҳам, мазҳабашро ҳеҷ гоҳ наҳоҳем шинохт. Зеро асли ҳадафҳои мо шинохти Имому мазҳабаш нест, балки сӯйистифода аз номи ӯ барои боз як бори дигар ба ҷаҳониён нишон додани он ки «мо ин дорему он». Ҳадафи дигар ҳам пешгирӣ кардани кадом як тарси номаълум аз оянда аст. Идеологҳои мо як фикрро эҷод мекунанд ва миёни ҷомиа мепартоянд, то бубинанд, ки чӣ мешавад. Ҳоло мебинем, ки онҳо Соли Имоми Аъзамро эълом дошта, шояд пушаймон ҳам шудаанд, зеро он ба нафъи Ҳизби наҳзати исломӣ ва рӯҳониёни саршинос шояд тамом шавад. Шояд аз ҳамин хотир аст, ки намедонанд чӣ кор кунанд?

Як ҷумлаи Марат Мамадшоевро на_метавонам ин ҷо дубора такрор накунам. У мегӯяд: «Шояд воқеан сир дар он аст, ки онҳо хидмат ба ҳақиқат, яъне Худоро қарзи худ медонистанд?» Оре! Тамоми бузургони тоҷик «хидмат ба ҳақиқат, яъне Худоро қарзи худ медонистанд». Ҳамагӣ аҳли тасаввуф, шайхҳои бузург, дӯстдоштагони Худо буданд. Ба қавли Сӯфй Оллоҳёри турк «то турк намозро ёд мегирад, форс ба Худо мерасад».

Онҳо – бузургони мо беғараз дар хидмати Худо буданд ва дар хидмати Худо будан ин дар хидмати халқ будан аст. Ҳоло кадоме аз мо – тоҷикон аз ҳама манфиатҳои худ гузашта, ин роҳ – хизмат ба Халқро интихоб кардааст? Кӣ хидмати халқро мекунад бидуни даъвоҳои пучу дурӯғ? Ман ин гуна нерӯ, шахсият ва ҳизбро намебинам. Агар шумо бинед, инсони хушбахтед. Агар набинед, вой бар ману бар шумо ҳам. Ин аробаи холии «тоҷик будан» рӯзе моро ба ҷарӣ хоҳад бурд.

Advertisements

17 Responses

  1. Charo kase injo lab vo namekunad? Dar bahsi Sinovu navruz hama vois, ammo dar yak doghi ruz hama dar dahon ob girifta. Man mantiqi in toifaro nafahmidam.

    Samak

  2. Дуруд ба хамандешон! Бародар Самак хело дуруст кайд карданд ки хама дар бахси Сино ва Навруз воиз буданд вале дар ин бахс хама об дар дахон доранд. Дар бахсхои пешин хама айби онхо (бузургон) ва дини мубини Исломро ёфтанд аммо чун сухан аз айбу нуксонхои худи мо рафт хама хомуш нишастанд зеро ин хакикат аст.

  3. Бародар Самак! Инчо чи мешавад гуфт? Чун парда аз руи мо бардоштанд ва худамон дидем, ки ки хастем! Агар мухотаби Шумо Сайидюнусу Фаромарзу Табар хастанд, мо хам мунтазирем то чизе бигуянд.

  4. In ahvolro yak zarbulmasali inglisi bisyor khub sharh medihad:

    «Ba gusashta binishi hama sad dar sad ast, ammo ba oyanda…»

    Ya’ne raftoru kirdori aloma Sino va Ghasoliro zeri tankid yo ta’rif giriftan oson, ammo yak nigoh (vision) ba oyanda doshtan kori osone nest.

  5. Муаллифи ин матлаб дарди зиёде дорад, аммо дар дидани решаи он очиз аст. Дуруст мефармояд, ки эъломи соли Имоми Аъзам чизе чуз касди муковимат алайхи салафихову вахобихо нест. Дуруст мегуяд, ки Туркияи ханафимазхаб барои дахсолахо аз Точикистони хамкешаш пеш рафтааст. Аммо намегуяд чаро. Пешрафти Туркия ва бархостани он аз зери вайронаи империяи Усмонй танхо замоне сурат гирифт, ки рахбари нави он бо андешаи нисбатан нав омад ва мардумро аз аробаи шалакки исломиашон рахо кард ва ба зур ба катори пешрафти гарбй васл кард. Акнун мову шумо мондему рашку хасодат аз пешрафти туркхо ва санги ислом ба сина кубиданхо. Ва соли Имоми Аъзам эълон карданхо. Ва рондани хар чи бештари мардум ба чохи гумномию бадбахтй ва чахолати ислом. То шиори мо бозгашт ба огуши нопоки ислом аст, пешрафте дар рох нахохад буд. Бояд кабул дошт, ки гузаштахо бебозгашт гузаштаанд. Бояд ру ба оянда ва ба дур аз таассуботи кушандаи мазхабй ба фикри бунёди чомеае озоду мутамаддин бошем.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  6. Самак ва Фарид,

    Шумо хам ба чои дар интизор нишастан ва шикоят кардан, ки чаро ину он гапе намезананд, бехтар аст назари худро дар бораи макола матрах кунед.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  7. Дуруд ба хама! Табари акс хак надоранд ки ин кадар дини Исломро зери танкид бигиранд. Чун мо нисбати дини он кас чезе нагуфтем. Аз чанобашон боэхтиромона хохиш дорам ки хадди хеш нигах дорад. Бо кавли бардар Точвари гироми сарбаланд бошем!!!

  8. Нишон,

    Хар касе хак дорад хар динеро, ки мехохад бо далелхои мубархану муткан зери танкид бигирад. Шумо хак надоред дар ин замина ба касе хак бидихед ё надихед. Ин хакро Худованд ё Хирад замоне ба мо додааст, ки барои мо забону дахоне барои гуфтан ва магзе барои андешидан ато кардааст. Бори дигар хохишмандам, ба чои нола кардан аз ибрози назари нохушоянди ину он талош кунед худ дар мавриди мазуъи матруха назар дихед. Чахони ислом, ки хамвора машгули нолаву гилоя аст, аз кофилаи чахони гайриисломий акиб мондааст. Тафаккур ба харч дихед, на оху нола. Сарфароз бошед.

  9. Ba Tabaraxe,

    Navishtai banda ma’noi shikoyat az Shumoro nadosht, balki ma’noi majosie dosht, ki mo hama dar guzashta zindagi mekunem, goh Sinoro zeri tosiyonai tankid megiremu goh islomro. Musht ba sina mezanemu az oriyovu, sosonivu somoni yodvar maeshavem, ya’ne ba joi ba pesh nigoh kardan ba pusht nigoh mekunem. Dar asl gumrohem, javobgarii ta’rikhiro his namekunem va nigohe ba oyanda nadorem.

    Man kushish mekunam, ki dar korhoyam baroi in vatanu millat khismate kunam, az bad yo khub guftani man injo khase taghir nakhohad yoft.

    Samak

  10. Замоне, ки Раҳмон Соли Ориёӣ эълом кард, бисёре аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ҳамеша масхара мекарданд ва кинояву пичинг мепаронданд ба ориёӣ будану ақабмондагии тоҷикон ва бо ин роҳ давлатро наҳ мезаданд, ки ба гузашта нигоҳ мекунад ва ояндаро фаромуш кардааст.

    Соли ориёӣ ба мавзӯъи масхара ва кинояҳои бемаънӣ ва бедалели онҳо табдил шуда буд ва ҳатто яке аз ин нашрияҳо навишт, ки чаро давлат барои ин гуна ҷашнҳо маблағҳои зиёде сарф мекунад.

    Ҳамин нашрияҳои дурӯя бо сардабирони дурӯяяшон имрӯз дар таблиғу ташвиқи Имоми Аъзамашон доди сухан додаанд ва онро ончунон таблиғ мекунанд, ки гӯё ҳеч миллате ба андозаи Ҳанифа одами бузурге надоштааст. Имруз чаро онон аз давлат намепурсандд, ки чаро ақаб нигоҳ мекунӣ?

  11. Ман ба гуфтахои мубохиси ахир ба андозаи зиёд розиям ва илова мекунам, ки хамаи ин талошхо асосан барои аз мушкилоти хакикй дур кардани фикру зикри мардум аст.

    Мамлакат барномаи зидди бухрон надорад, сарвараш аз зарари телефони мобайл харф мезанад ва пули миллатро ба бод дода, ба сафархои бехудаи хоричй меравад.

  12. Табар. Касе шикоят накардааст. Шумо, ки дар бахсхои гузашта доди сухан медодед, танхо хостем назаратонро дар ин мавзуъ бубинем. Гумон доштам назари чолибе ироа хохед кард. Аммо ба назар мерасад хадафи Шумо аз ширкат дар ин махфил танхо тахкир ва танкиди Ислом аст. Чаро ки муаллифи макола «тут» гуфтаасту Шумо «бед». Диккат кунед, асли маквзуъ ин буд: «Маро ҳамеша ин устувории онҳо (Имоми Аъзам, Ибни Сино ва Носири Хисрав, Сӯфӣ Халлоҷ Ҳофизу Рӯдакӣ ва Умари Хайём ва Насими) ҳайрат меандозад. Онҳо ин қадар мардигариро дар он даврони вазину хунин аз куҷо пайдо карданд? Шояд воқеан сир дар он аст, ки онҳо хидмат ба ҳақиқат, яъне Худоро қарзи худ медонистанд? Шояд аз ин хотир онхо наздикону хешу ақрабояшонро дӯст намедоштанд? Намедонам чӣ онҳоро ба таҳрик медаровард. Аммо яқин медонам, ки барои онҳо айшу ишрати заминӣ дар макоми охир меистод. Ҳоло ин инсонҳо хазинаи тиллоии миллати мо ва инсониятро ташкил мекунанд. Бо гузашти садсолаҳо барои онҳо муҷассамаву мавзолей месозанд, кӯчаҳову шаҳрҳоро ба номашон мегузоранд, симпозиуму конфаронсҳо мегузаронанд. Аҷиб аст, дар бораи мо ояндагонамон баъд аз сад сол чй фикр хоҳанд дошт? Оё онҳо бо мо ифтихор мекунанд ва кадоме аз моро хазинаи тиллоии миллат ва инсоният хоҳанд шумурд?»
    Аммо Шумо менависед: «То шиори мо бозгашт ба огуши нопоки ислом аст, пешрафте дар рох нахохад буд. Бояд кабул дошт, ки гузаштахо бебозгашт гузаштаанд. Бояд ру ба оянда ва ба дур аз таассуботи кушандаи мазхабй ба фикри бунёди чомеае озоду мутамаддин бошем.» Шояд акли банда намерасад, аммо чи иртиботе байни гуфтахои муаалифи макола ва Шумо хаст? Ё Шумо гуфтаниед, ки он бузургон мазхаби набудаанд, ки таассуби кушандаи он кушадашон? Ё хидмат ба Худо, ки гуфта шудааст ба он Худое нест, ки гуфта «Иннад дина ъиндаллохил Ислом»? Ё онхо хам зардушти будаанд? Ман намехохам бо Шумо бахси мазхаби дошта бошам, аммо оё чунин нест, ки хар сухан чое дорад?

  13. Man shak doram, ki dar dar zeri vozhai hakikat hama vakt boyad ismi Khudoro did. Onho dar justujui hakikati komil budand va in hakaikat ba din (Islom) dakhle nadorad. Nigarem ba raftori Hoja Hofizu Kahyom, ki bo dushvori ba chahorchubai Islom durust meoyad. Az Halloju, Attoru Robia man man sukhan nameguyam…

  14. Тибқи гузоришҳо, ба назар мерасад, ки дар қонуни нав дар бораи дин ба нақши Ҳанафия дар фарҳанги миллии тоҷикон бахусус таъкид шудааст.

    Аммо пайравони бархе мазоҳиби дигар бо ин сиёсат мухолифат нишон дода ва гуфтаанд, ки ин тасмим таъодул миёни фирқаҳои мухталиф ва адёни мухталифро ба ҳам мезанад ва аз сӯйи дигар бо таърих ва фарҳанги тоҷикон муғоир аст, зеро ба гуфтаи яке аз ин афрод, фарҳанги тоҷикон дар тӯли таърих ҳамвора гуногун ва пуробуранг будааст ва бузургони фарҳангии гузашта низ ҳамагӣ ҳанафимазҳаб набудаанд. Аз ин рӯ таъкид ба нақши ҳанафия «ба маънии хати бутлон кашидан бар осор ва андешаҳои» бузургонест, ки ба мазоҳиб ва фирқаҳои дигар худро мутаъаллиқ медонистанд.

    Ман бо ин андеша сад дарсад тарафдорам, зеро дарвоқеъ таърихи мо ҳамеша пуробуранг буда, ва масалан агар Носири Хисрав исмоилӣ буда бошад, Рудаки аввал сунни буда ва баъдан тибқи бархе осор ба қарматия гаройидааст. Синоро низ бархе шиъа ва бархе суннӣ гуфтаанд. Бисёр касони дигар гаройишҳои мазҳабиашон то кунун рӯшан нест. Ҳофизро бархе мусалмони комил бархе ориф ва бархе зартшутӣ медонанд. Фирдавси, ки бо ислом чандон хушнуд набуд. Хайём аслан тамоми фармудҳои динро бо рубоъиёти худ зери суол мебарад ва мегуяд касе аз он дунё наомада, ки гуяд биҳишту дузах вуҷуд дорад.

    Пас дар ин миён кадом гӯшае аз фарҳанги мо комилан Ҳанафӣ будааст? Оё бояд дигаронро пас за ин аз феҳристи гузаштагонамон хат зад?

  15. Faromarzi aziz,

    hukumati Tojikiston nametavonad chunin konunro ba roh monad, chun rangi konuni dodan ba harguna mashab siddi konuni asosi va prinziphoi demokratist.

    P.S. Ammo in toifa matavonad kalimai dunyoviro az konuni asosi bartaraf namoyad.

    Samak

  16. Самак,

    Ба угфтаи бархе ҳуқуқдонҳо, ҳукумат ва порлумон бисёр қонунҳое сохта ва тасмимоте гирифтаанд, ки бо қонуни асосӣ мухолиф будааст.

    Ин як низ ҳарҷанд бо қонуни асосӣ хилоф бошад, агар ҷилавгирӣ нашавад, онҳо онро тасвиб хоҳанд кард.

  17. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/03/090325_sq_barzu_interview.shtml
    Ассалому алайкум бародар Рустам. Мехостам як матлабро аз ВВС ба шумо пешкаш кунам ва дар ин мавзуъ сухбат мекардем.
    Мухтарам ташрифгарони торнома хохиш мекунам бихонед ва фикрхои худро баён кунед

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: