Танкиди кобили кабул ё «пи-ар»-и сиёх?

Дар сомонаи Сентразия.ру маколаи нави сиёсатшинос Ачар Куртов нашр шуд, ки дар он равишхои ахири хукумати Точикистон шадидан зери танкид гирифта мешаванд. Бар изофа аз мавкеъи президенти Узбакистон Ислом Каримов дар масъалаи сохтани неругохи обию баркии Рогун хамачониба пуштибонй сурат гирифтааст. Баъид нест, Маскав андак-андак заминахоеро барои эълони тасмимаш омода мекунад ва ё Тошканд бо рохи харидани сиёсатшиносон максад дорад, гапи худро бигузаронад.

Аммо аз танкидхои окои Куртов як чиз ба ман писанд омад, ки онро рад карда наметавонам. Вай менависад, Точикистон на танхо аз лихози моддй ба кашшоктарин кишвархои СНГ табдил ёфт, балки аз лихози маънавй низ. Донишмандони точик ё саросар ватани худро тарк карданд ё бо фишори рузгор ба корхои дигар гузаштанд. Касе намондааст, ки ба хукумати Точикистон рохнамой кунад ва мадад расонад. Аксари кулли аъмоли ахири ин хукумат тахминй ва бе хисобу китоби дакику борикбинона ва окибатандешона гирифта мешаванд. Дар холе ки чунин аст, навиштааст, Куртов, хокимият худро олитарин нуктаи донишу фахмиш мехисобад ва ногузир ба рохи хато меравад.

Магар ин гуна нест? Ин суъол хамчунин ба онхое низ дахл дорад, ки се мох боз дар торномаи ман бахс мекунанд, ки одам аз маймун ба вучуд омадааст ё аз хоку гил. Худ хамин хам то андозае нишондихандаи вазъ  буда метавонад, афсус. Бародарон бехтар нест, ба Куртов посух ёбем?

4 Responses

  1. ///////Донишмандони точик ё саросар ватани худро тарк карданд ё бо фишори рузгор ба корхои дигар гузаштанд. Касе намондааст, ки ба хукумати Точикистон рохнамой кунад ва мадад расонад. Аксари кулли аъмоли ахири ин хукумат тахминй ва бе хисобу китоби дакику борикбинона ва окибатандешона гирифта мешаванд. Дар холе ки чунин аст, навиштааст, Куртов, хокимият худро олитарин нуктаи донишу фахмиш мехисобад ва ногузир ба рохи хато меравад.///////

    Ман албатта маколаи Куртовро нахондаам, вале ҳамин суханон, ки дар боло гуфтааст, дуруст аст. Ва ин як бору ду бор нест, ки собит шудааст, ки тасмимгириҳои ҳукумати Тоҷикистон бидуни ҳисобу китоб аст ва ҳар тасмиме, ки аз боло гирифта мешавад, ҳамагон, бе он ки пурсиш кунанд онро ба унвони кори дурусту ҳаққ мепазиранд.

    Чанде аз иштибоҳоти давлати Тоҷикситон дар чанд соли ахир:

    Русияро аз ҳамон огоз шарик хондан ва аз он кишвар карзҳои зиёд гирифтан ва дар ивази он карзҳо бо ду дасти адаб додани маркази фазошиносии Окно, бидуни як пули пучак ичоза додани пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, ду се соли дароз таблиг кардани ин ки Русал Рогунро месозад ва дер фаҳмидани ин ки ин ширкати руси танҳо бозии сиёси мекунад, корхонаи алюминиюмро дар ихтиёри афроди дузду горатгар гузоштан ва боз дубора пулди зиёдеро сарф кардан ва дар додгоҳи Ландан мочарои беҳуда кардан ва боз аз баҳри даъво гузаштан ва боз ин пулҳои ин корхонаро ба як ширкати офшори дар чазираҳои Вичиния вогузор кардан ва ба ин корхона имтиёзи барк додан, бар хилофи манофеъи умуми, ва…..

    Дар солҳои аввал нагузоштани точирону сохибкорон ба сохтани неругоххои хурд ва боз дубора баъд аз бухрон дарк кардан ки ба ин неругоҳҳо ниёз ҳаст, ва тасвиби қонунҳое содалавхона мисли конуни танзими суннатҳо ва маросими халки ва дарт баробари ин сарф кардани милёнҳо долар дар фасарҳои расмию гайрирасмии худи президент, ки аслан аз онхо хеч гуна хисоботе ба мардум дода намешаванд ва….

    Фароҳам накардани заминаҳои сармоягузори ва руйи ниёз овардан ба кишварҳои мухталиф ва умдатан мустабид барои сармоягузори ва ин ҳзама талошҳо ба чое нарасидан….

    Маҳалгароии густарда дар ҳукумат ва тамоми вазоратҳо ва ниходхои калидиро додан ба дасти ҳамшаҳриёне, ки аз илму дониш буе набурдаанд ва завол додан ба системаи маъорифу тандурусти ва академияро тобеъи президент кардан ва илмро зери пои сиёсат гузоштан ва таблиги муллоёни бемаърифат кардан ва соли имоми аъзам эълон доштан ва ….

    Гузориши дуруг додан ба Сандуки Байналмилалии Пул ва ва ошкор шудани он ва беобру шудан ва нодиди гирифтани тавсияҳои Бонки Ҷаҳони дар бораи ташкили ҳайъати мудира дар корхонаи алуминиюм ва таъмини шафофияти он ва ташкили агентии зидди фасод ки худаш дар фасод даст дорад ва пеши роҳи точирону бозаргонҳои асилро мегирад ва корхонаҳои онҳоро варшикаста мекунад ва фасод ва дуздии мақомоти баланпояро нодида мегирад, дар контроли хешу таӣбори худ гузоштани ҳамаи корхона ва коргоҳҳои пурдаромад ва аз хисоби мардум ташкил кардани ширкатхои хавопаймои ва ба мардум гузориш надодан аз ин ки пулхои будче кучо мешаванд….

    Яъне ин иштибохот беохир аст…

  2. Nigared ba buridae az tarjumai holi in sag, ba fikri man in jumla javoni hamai savolhoi Shumoro medihad:

    «обеспечение внешнеполитических интересов России в современном мире»

    Az ullosi sag moh nameaftad.

    «Историк, политолог и правовед; президент Московского центра изучения публичного права; родился в 1958 г.; сфера исследований: обеспечение внешнеполитических интересов России в современном мире, трансформации политических режимов постсоветских государств, современные политико-экономические процессы в странах Среднего Востока, проблемы конституционного и международного права; специалист в области отношений стран, входящих в Содружество Независимых Государств;»

  3. Русия мавозеъи худро дар Осиёи миёна дар тамомии ҷабҳаҳо аз даст медиҳад ва чорае ҷуз фирефтан ва иръоби раҳбарони худкомаи кишварҳои инҷо надорад.

    Пештар Раҳмонро фирефт, ҳоло Боқиевро мефиребад, ва талош мекунад Каримовро низ фиребад, вале ин гурги борондида Русияро мефиребад.

    Мушкили Ӯзбакистон ин аст, ки чун дар даврони коммунистӣ даштҳои густардаеро панба кишт мекунад, вале неруи корӣ барои об додану ҷамъоварии онро надорад, чун ҳама узбакҳо аз маъоши пасти Каримов ба Русия муҳоҷират кардаанд. Далели кам шудани обёрии заминҳо ё ин ки мегуяд ки майдонҳои пахтарок ам кардааст, ҳамин аст, ки неруи кор барои кишту бардошти онҳоро надорад.

    Чи Каримова чи Раҳмон бо санг андохтан ба суйи ҳамдигар танҳо ва танҳо мехоҳанд норизоятиҳои дохилиро бо бадном кардани душмани берунишон фуру нишонанд ва бо ин роҳ таваҷҷуҳи мардумро ба душмани хоричи ҷалб кунанд ва ба хукуматҳои худкомаи худ идома бидиҳанд.

    Вагарна, на масъалаи об ва на масъалаи неруи барқ масъалаҳои асосӣ ва муҳимм барои кишварҳои минтақа нест. Ҳоло масалан агар марзҳоро боз кунанд ва мардумро озод гузоранд ва дар тиҷорат мудохила накунанд, мардум худашон чунон сарватманд мешаванд, ки дигар ба даву тоз ва ҷангу ситези давлатҳо ниёзе нест.

  4. Агар мардум сарват ва пул доштанд ва неруи барк ва газ низ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба бахши хусусӣ вогузор мешуд, на точикҳо зимистон бебарк мемонданд ва на узбакҳо тобистон беоб.

    Бозори озод ва хусусӣ ҳамаи ин масоилро ба таври автоматики халл мекард.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: