Каримов Медведевро лаби об ташна бурду ташна овард

Давлат УСМОН, бознашр аз «Миллат» №09 05.03.09

Сиёсати бисёруфуқа

Сиёсати бисёруфуқа, сиёсатест, ки ҳар як кишвари мустақил бо дарназардошти вазъияти мавҷуда, асосан дар самти иктисодй барои берун бурдани кишвараш аз бӯҳрони иқтисодӣ пеш мегирад.

Аввалин бор ин сиёсат соли 1899 аз ҷониби котиби давлатии ҳамон вақтаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Геем, ки дар нотаи фиристодааш ба унвони кишварҳои Англия, Фаронса, Олмон, Итолиё, Русия ва Ҷопон пешниҳод гардид.

Ин кишварҳо мехостанд, ки давлати Чинро ба қисматҳои зери нуфузашон тақсимбандӣ намоянд. Ҷаноби Геем пешниҳод намуд, ки тибқи принтсипи «имконоти баробар» барои ҳамаи мамлакатҳое, ки бо кишвари Чин муносибатҳои тиҷоратӣ доранд, амал намоянд. Ин аз як ҷиҳат ба фоидаи Амрико ҳам буд, зеро дар он вактиқтисоди Амрико дар ҳоли рушд қарор дошт.

Дар тӯли бештар аз сад соли мавҷудияти ин сиёсат аз он кишварҳои зиёде истифода бурданд. Метавон аз кишварҳое мисли Брозилиё, ки имрӯз яке аз даҳ кишвари бузурги пешрафтаи иқтисодии дунёст ва аз Малайзиё замони Маҳотир Муҳаммад ном бурд. Бисёр кишварҳо замоне, ки аз як сохти сиёсӣ ба сохти дигар гузаштанд низ аз ин сиёсат истифода бурданд ба монанди кишвари Кампучиё баъд аз барҳам хурдани сохтори комунистиаш ва кишвари Миср баъд аз замони Ҷамол Абдулносир, ки барои касби эътимоди кишварҳои ғарбӣ ва ворид шудани сармояи хориҷӣ, сиёсати дарҳои бозро эьлон намуданд ва аз он хеле бо самар истифода бурданд.

Кишварҳои тозаистиқлоли собиқ Шӯравӣ низ аксаран ин сиёсатро пеш гирифтанд. Дар Осиёи Марказӣ ғайр аз Туркманистон чаҳор кишвари дигар ба шумули ҷумҳурии мо низ қабл аз пеш гирифтани ин сиёсат дар солҳои гуногуни баъд аз истиқлолашон, эълон намуданд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама пештар ҷумҳурии Қирғизистон аз пеш гирифтани ин сиёсат эълон намуд.

Баъд аз воқеаҳои 11-сентябри 2001-ум ва боз шудани минтақаи Осиёи Марказӣ ҳатто барои неруҳои низомии кишварҳои ғарбӣ, ки то он вақт ҳарими хосаи Русия ба шумор мерафт ва дар Қиргизистон ҳатто дар як пойгоҳи ҳавоӣ ҳам неруҳои ҳавоии Русия ва неруҳои ҳавоии Амрико ҷой гирифтаанд.

Борҳо раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон Акаев ва раиси ҷумҳури имрӯзааш Боқиев дар суханрониҳояшон аз ин ба ҳайси сиёсати бисёруфуқаи кишварашон ёдоварӣ менамуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосан дар соли 2007-ум баъд аз он ки итминон ҳосил намуд, ки бо дубора наздик шудани Тошканд ба Маскав дигар иҷрои тархҳои энергетикӣ бе розигии Тошканд аз ҷониби Маскав амалӣ нахоҳад шуд ва Тоҷикистон ҳам наметавонад аз манфиатҳои миллиаш сарфи назар намояд, барои берун рафтан аз ин вазъият ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои иҷрои ин тарҳҳои ҳаётан муҳим дар паёми ҳарсолаи раиси ҷумҳури кишвар ба унвони парлумони ҷумҳурӣ аз пеш гирифтани ин сиёсат эълон намуд, ки дар аввал сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Зеро Тоҷикистон аз замони истиқлолияташ ҳамеша таъкид менамуд, ки шарики стротегии Русия мебешад ва ҳатто дар тамоми умур ба Русия авлавият қойил аст.

Аммо Русия то имрӯз ғайр аз ҳифзи неруҳои низомиаш ва кӯмакҳое дар ин самт ба Тоҷикистон намуда, дигар ягон талошҳои ҷиддие дар робита ба сармоягузорӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ба ҷуз НБО- и Сангтӯдаи-1 нанамудааст. Ҳатто аз замоне, ки раиси ҷумҳури собиқи Русия ҷаноби Путин соли 200Ф-ум бо котъеият изҳор намуд, ки Русия минбаъд дар ҳама ҷанбаҳо хусусан дар самти иктисодии Тоҷикистон ба хусус сохтмони НБО- и Роғун гомҳои бузурге хоҳад бардошт. Аммо баъд аз сипарӣ шудани 5-сол раиси ҷумҳури феълии Русия ҷаноби Медведев изҳор медорад , ки барои сармоягузории Русия дар НБО- и Роғун Тоҷикистон бояд розигии Узбакистонро ба даст биёрад.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки икдомоти роҳбари ҷумҳури дар эъломи сиёсати бисёруфуқӣ ба маврид ва ба манфиати кишвар мебошад. Аммо онро чи гуна амалӣ намуд ва аз он ба манфиати кишвар истифода бурд? Аз нуктаи назари қудратҳои ҷаҳонӣ ва бозигарони саҳнаи геополитикӣ, Осиёи Марказӣ минтақаи ягона ба ҳисоб меравад.

Русия ҳанӯз дар замони ҳукумати подшоҳӣ вақте, ки ин минтақаро истилоъ намуд аз он ба номи Туркистон як минтақаи маснӯъӣ эҷод намуд, барои он, ки минбаъд онро зери контрол дошта бошад. Туркистон дар муддати тӯлонӣ майдони набарди геополитикӣ байни манфиатҳои Чин, Русия ва имперотурии Бритониё буд. Дар замони Русияи Шӯравӣ минтақаи геополитикии Туркистон пешсафи (форпост) барои минбаъд васеъ намудани уфуқи (вектор) шарқӣ ва ҷанубии самти сиёсати хориҷии он буд»- қайд менамояд таҳлилгари рус, доктори илмҳои ҷуғрофӣ Дергачев В. А.

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ ва эҷоди мушкилҳо дар ин минтақа(ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон) Русия дар аввал кӯшиш намуд то муносибатҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шакли нав ба роҳ монад, ки ин ба ранҷиши хотири Тошканд ва сардии муносибаташ ба он гардид.

Баъд аз дубора оддӣ шудани муносибатҳои Тошканду Маскав нишонаҳои барқарории шакли собиқаи контроли минтақаи Осиёи Марказӣ бо бартарӣ додани Тошканд шурӯъ гардид. Нишонаи боризи он махдуд гардидани сиёсати бисёруфуқаи Қирғизистон бо бастани пойгоҳи низомии Амрико ва ба минтақаи зери нуфузи Тошканду Остона тақсим гардидани он аст, ки ин ҳатман сиёсати бисёруфуқии ин кишварро агар аз байн набарад ҳам онро то ҳадди ақал коҳиш хохад дод.

Изхороти ҷаноби Медведевро дар Тошканд бисёр таҳлилгарони тоҷик аз сиёсатҳои токтикии Маскав дар қиболи ба даст овардани манобеъи энержии Узбакистон қаламдод намуданд, ки ин то андозае нодуруст аст. Чунин ба назар мерасад, ки Маскав дубора ба сиёсати худ то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ баргаштааст ва Тошкандро ба ҳайси ҳимоятгари манофеи стратегиаш дар минхақа интихоб намудааст.

Изҳороти Медведев дар Тошканд гӯшзаде буд барои Тоҷикистон, ки он бояд мисли Қирғизистон ба воқеъият тан диҳад ва талабҳои ҳамсояи қудратмандаш Узбакистонро, ки минбаъд ҳимоятгари манофеи стротежии Маскав дар минтақа аст дар назар гирад.

Аммо таҳлилгари рус Иван Преображенский инро пирӯзии Каримов ва мағлубияти дипломатии Русия қаламдод мекунад. Аз он ҷумла ӯ мегӯяд чунин ба назар мерасад, ки дипломатияи Русия ба ғалабаи пурра ноил гардидааст. Зиддиятҳо барҳам хурданд. Узбакистон аз СПАД хориҷ нашуд. Эмомалӣ Раҳмон ба оштӣ шудан розй шуд. Қирғизистон амрикоиҳоро меронад. Вале дар амал ин мағлубияти хеле ҷиддӣ буд. Ва ғолиби асосӣ Ислом Каримов буд, ки геополити-кҳои Русияро хеле зебо гул зад ва ба лаби об ташна бурда ташна овард. «Дудилагии Тоҷикистон яъне дар аввал эълон доштан, ки дар вохӯрии Маскав бо сабаби бӯҳрони энержӣ иштирок нахоҳад кард ва баъдан дар он иштирок намуд, инчунин натоиҷи сафари раиси ҷумҳурии кишвар дар 24-уми феврали соли равон ба Маскав, ки хабаргузориҳо натиҷаи онро танҳо «як шикори моҳӣ» қаламдод намуданд нишон дод, ки Маскав аз ин мавқеаш баргаштанӣ нест.

Маскав бори дигар ба Душанбе то охири соли равон мӯҳлат дод, ки ба ҳамсояаш Узбакистон канор биояд, танҳо дар он сурат тарҳҳои иқтисодии он аз ҷониби Маскав дастгирӣ хоҳад шуд.

Дар ҳақиқат сардии равобити Душанбеву Маскав ва баста шудани пойгоҳи низомии Амрико дар Манаси Қирғизистон пирӯзии сиёсати Каримов дар минтақа аст, зеро Амрико ва кишварҳои ғарбӣ боз ба Тошканд рӯ хоҳанд овард ва Русия ҳам дар тарси он, ки дубора Тошкандро аз даст надиҳад ба Тоҷикистону Қирғизистон фишор хоҳад овард то онҳо мушкилоташонро бо Тошканд ҳал намоянд.

Аммо Тоҷикистон барои рафъи ин вазъият ва нарм сохтани мавқеи шарики стратегиаш Русия чӣ имконот ва кадом роҳро дар пеш дорад? Пас аз вохӯрии сафири феълии Фаронса Анри Зиппер де Фабианӣ 28 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо президенти кишвар дар баёни натоиҷи мулоқоташ бо хабарнигорон нуқтаи ҷолиберо баён намуд. «Фаронса ба Тоҷикистон нигоҳи хосе дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорад, зеро Тоҷикистон дар ин минтақа ягона кишварест, ки ба забони форсӣ ҳарф мезанад ва мавқеи хосе дорад», яъне он Тоҷикистонро аз доираи Туркистони маснӯъӣ ҷудо намуд.

Бо дарназардошти вазъйяти мушкиле, ки барои кишварҳои ғарбӣ ба хусус Амрико дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст ва Тоҷикистон бешубҳа аз лиҳози ҷуғрофиоӣ ва этникӣ дар ин қазия мавқеи муҳимеро дорост, метавонад аз он истифодаи хуберо барад, хусусан дар интиқоли маводи ғайринизомӣ ва ҷалби мутахассисонаш дар эъмори ин кишвари ҳамсоя.

Аммо дар ин самт ҳам бо ағлаби гумон лоббии кишвари ҳамсоя хеле фаъол аст ва мехоҳад то ин луқмаи пурчарбро соҳибӣ намояд. Шаҳодати он дар рӯзи сафари раиси ҷумҳури кишвар 12 феврали соли равон ба Аврупо дар сомонаи интернетии гурӯҳи бонуфузи байналмиллалии «Бӯҳрон» пахш гардидани мақолае таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири шикаст» мебошад, ки дар он ба кишварҳои ғарбӣ тавсия мешавад, ки кишвари Тоҷикистон бо доштани ҳукумати заиф шарики номуносиб аст ва ҳукумати ин кишвар наметавонад барои авлавиятҳои амниятии Ғарб хидмати муносибе кунад,- қайд шудааст дар мақола.

Қаблан ҳам дар паи фишори ҳамсояамон ҳукумати Чин аз сохтмони неругоҳи барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон даст кашид. Ҳамай инҳо шояд моро, ба он водор созад, ки ба такдир тан дода ба тавонмандии ҳамсояи бузургманишамон, ки қаблан дар солҳои 90-уми қарни гузашта бо сабаби зери хатар мондани манофеаш яке аз барпокунандагони ҷанги шаҳрвандӣ буд бовар намуда талабҳояшро қабул намоем ва худро аз ин машаққат раҳо созем.

Аммо таҷрибаи баьзе аз кишварҳо нишон медиҳад, ки пофишорӣ ва ҳимоят аз манофеи миллию бурдборӣ билохира ба мувафақият анҷом хоҳад гардид. Мисоли рӯшани он кишвари Куба ҳаст, ки баъд аз фишору муҳосираи нимасра имрӯз кунгураи Амрико дар садади бекор намудани қарори ноодилонаи муҳосираи иқтисодии он аз ҷониби як кишвари абарқудрат нисбати як ҳамсояи кӯчакаш мебошад.

Имрӯз мо ҳам аз Русия озурда набошем, зеро ҳамчуноне, ки шахсияти маъруф ва сиёсатмадори варзидаи қарни гузашта ҷаноби Черчилл гуфта буд «дар сиёсат на дӯстии доимӣ ва на душмании доимӣ, балки манфиатҳои доимӣ ҳаст». Имрӯз манфиатҳои Русия тақозо менамояд, ки аз нуқтаи назари Тошканд химоят намояд.

Мо бояд дар мавқеи худ устувор бошем ва тибқи сиёсати пешгирифтаи бисёруфуқиамон бо кишварҳое, ки мехоҳанд бо мо алокаҳояшонро тибқи манофеи дутарафа густариш диханд, мустаҳкам созем. Умедворам, ки рӯзе мерасад, ки Русия ҳам мисли собиқа аз мавқеи кишвари мо дар ҳифзи манофеи миллиаш ҳимоят намояд.

Advertisements

2 Responses

  1. in somona fikr mekunam somomonai HNIT ast hamaruz az onho tarif mekunad

  2. Бузаки чаноби оли хам садояшро баланд кард….

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: