Торнигори Салими Аюбзод дар ҷаҳони интернет

tsa

Паёми ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромадани торнигори шахсии Салими Аюбзод чанд рӯз пеш ба дасти мо расид. Ин як хабари хушҳолкунанда аст, зеро Аюбзод яке аз журналистони саршинос ва тавонои тоҷик мебошанд ва бо чанд машварату роҳнамоии муфид дар кори «Андеша»-и мо низ кӯмакҳои бедареғ кардаанд. Мо самимона эшонро ба муносибати таъсиси сафҳаи хусусии худ дар ҷаҳони Интернет табрик мегӯем ва ба он кас комёбиҳои беназир орзу мекунем.

Аз аввалин ҷусторҳои торнигори ҷадид ба мо хотираҳои Салими Аюбзод дар бораи нависандаи шаҳир Муҳаммадзамони Солеҳ ва журналисти фақид Имомназари Холназар, аккос ва журналисти зиндаёд Муҳиддини Олимпур, ҳамчунин муколамаҳои зарифу латифи муаллиф бо шоираи машҳур Фарзона хеле писанд омад. Ду матлаби торнигори хусусии Салими Аюбзод ба забони русӣ навишта шудаанд ва шоҳид будем, ки чанд расонаи русизабон ин ҷусторҳои муаллифро бознашр кардаанд. Ба ақидаи мо, матолиби Аюбзод ба забони русӣ шояд хеле муҳимтаранд, зеро ногуфтаҳои зиёдеро аз тариқи расонаҳои русизабон мунташир мекунад. Зимнан таҳлили ӯро дар бораи вазъи журнализми Тоҷикистон қаблан ба забони англисӣ хонда будем.

Боз ҳам ва боз ҳам муборак бод мегӯем, ҳарчанд як суъоли густохона дар зеҳнамон боқӣ мемонад, ки шояд чаҳорчӯби «Озодӣ» ба ҷаноби Аюбзод тангй карда бошад, ки ба ҳавои кушоди интернет баромадаанд?

Advertisements

15 Responses

  1. Банда низ ба ин табрикот хамрох мешавам ва ба Салими Аюбзод, ки бисёре аз корхояш бобароранд, дар ин кор низ барору тавфик мехохам! Хамаи навиштахои уро дар торнигораш хондам ва ба чуз аз кафкубй ба у харфе надорам. Сатхи навиштахои у факат боло меравад ва андешааш амик. Ташаккур!

  2. Рустами арҷманд.

    Cипосгузорам аз самимияти Шумо. Умедворам, ба пешрафти торнигори шахсии ман мадад мекунед. Пурсиши Шумо густохона нест, мантиқист ва шояд на танҳо пеши Шумо халқ шудааст.

    Дар ҳақиқат, сомонаи http://www.ozodi.tj дар ҳоли ҳозир яке аз пешрафтататрин сомонаҳои интернетии тоҷикист ва тақрибан ғайри қобили рақобат аст. Ҳамчун корманди радио мо ҳамзамон барои сомона низ кор мекунем. Вале сиёсатҳои радио имкон намедиҳад, ки дидгоҳи шахсии кас, эҳсосоти ё фикрҳои баҳсталабу баҳсбарангези хусусии ӯ ва ҳамчунин эҷодиёти бадеии вай аз номи ин расонаи бонуфуз нашр гардад.

    Сониян, дар кори ҳаррӯза, ки асосан хабарнигорист, мавзӯъ ва масъалаҳое дар канор мемонанд, ки пайванди мустақим бо рӯйдодҳои рӯз надоранд ё бештар бардошту хотираҳои шахсиянд. Кӯтоҳи сухан, блоги шахсй барои андешаҳои шахсист. Дасткоре барои дӯстону наздикон ва барои пасовандон.

  3. Бародари арчманд Салими Аюбзод,
    Бароятон коёмби дар фаъолиятхоятон дорам. Худо ёратон!!!

  4. Сайидюнуси азиз.

    Сипосгузорам аз лутфатон. Дар зимн аз хонандагони доимии навиштаҳои Шумо дар «Андеша» ва шоҳиди баҳс дар атрофи онҳо будам. Мутолиаи амиқе доред ва Худованд мададгоратон бод.

    Дареғ, бархе аз мубоҳисон ва ҳам бародар Рустам ҳифзи одоби баҳсро таъмин накарданд.

    Олиме чун Шумо ҳатман онҳоеро бояд бубахшед, ки баҳсро ба моҷаро ва маломат кашиданд. Шоҳид будам, ки аз оғоз то анҷом Шумо бурдборй ва таҳаммул нишон додед.

  5. Бародари арчманд Салими Аюбзод,
    Хатман ин лутфи шумост, ки нисбат ба камина изхор медоред. Хамчунин аз ин ки Чаноби шумо пайгири он мубохисот будед, камоли ташаккури хешро иброз медорам. Худованди Мутаол амсоли шумо ва бародар Рустами Субхони, рушанфикрони дилсузро дар Точикистони азизамон бештар гардонад!
    Комёб бошед.

  6. Аз кушода шудани торнигори шахсии Салими Аюбзод хело хушхолам, умедворам банда табрикоти маро хам кабул намояд.

    Берун аз мавзуъ: Дируз як торнигори навори (бафикрам ба Казокистон талук дорад) дарёфт кардам http://www.stav.tv , ки дар он харруза ягон наворе аз Точикистон дидан мумкин. Пас ба худ суоле додам, чаро мо худ ин кадар дар ин соха акиб мондаем? Зеро дар интернет сахифахои Ховар, ТВТ, ТВ Сафина, Озоди, BBC Форси ТВ ба гайра ин гуна навор-хабархо дидан мумкин нест.

  7. Аз кушода шудани торнигори шахсии Салими Аюбзод хело хушхолам, умедворам банда табрикоти маро хам кабул намояд.

    Берун аз мавзуъ: Дируз як торнигори навори (бафикрам ба Казокистон талук дорад) дарёфт кардам http://www.stan.tv , ки дар он харруза ягон наворе аз Точикистон дидан мумкин. Пас ба худ суоле додам, чаро мо худ ин кадар дар ин соха акиб мондаем? Зеро дар интернет сахифахои Ховар, ТВТ, ТВ Сафина, Озоди, BBC Форси ТВ ба гайра ин гуна навор-хабархо дидан мумкин нест.

  8. Кушода шудани торнигори яке аз журналистони хушбаену боистеъдоди миллат Салими Аюбзод боиси хурсанди буда тухфаи хубест барои зиеиени бедори миллат. Ба Акои Салим муваффакият ва бурдборихо орзу намуда, таманнои онро мекунем,ки ин торнигор ба мисли радиои озоди ва торнигори «Андеша» маълуму машхур шуда барои бедории миллат хизмат мекунад.

  9. salom aleykum
    barodari azizu mehrubon va gamxori millat oghoyi Salimi Ayubzodro tabrik meguyam.
    shaxsan man muxlisi derinayi shumo mebosham.
    insholloh bovari doram ki shumo hamesha dar kori xudaton muvafak meshavd.
    tabrik

  10. Жаль не мое…..

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: