Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Афсонаҳои алюминӣ

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Мӯҳтарам роҳбарияти корхонаи алюминийи тоҷик «Талко»!

Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти ҷиддии мардуми кишвар ва бо хоҳиши зиёди хабарнигорон назари худро дар бораи роҳи ҳалли мушкили бебарқӣ, ки шояд бузургтарин фоҷеаи миллӣ дар солҳои охир аст, баён кардам.

Дар ин мусоҳиба бо нигоҳи воқеъбинона масъалаи ба фурӯш гузоштани ширкати алюминийи тоҷик «Талко»-ро, ки имрӯз бе ягон шак ягон сомонӣ аз фоидаи софи худ ба будчети кишвар ворид намекунад, изҳор намудам. Вале ҷои тааҷҷуб аст, ки агар ин ҳарфи наве набошад ва пеш аз ман ҳам баъзе аз вакилони Маҷлиси намояндагон чунин пешниҳод карда бошанд, чаро фақат нисбат ба пешниҳоди ман ин ҳама сару садо ба роҳ андохта мешавад? Ё Шумо гумон мекунед, ки воқеан Ҷаноби Олӣ пешниҳоди маро қабул мекунаду Шумо аз вазифа ва манфиатҳои худ маҳрум мешавед?

Чун посух ва мусоҳибаҳои Шумо бисёр нуктаҳои норавшан ва мардумфиребона дорад, зарур медонам, ки ба баъзе нуктаҳои он равшанӣ андозам.

ЧАРО ҶАВОБИ СИЁСЙ МЕДИҲЕД?

Шумо хеле беҳтар аз ман медонед, ки ончӣ дар мусоҳибаи банда омада буд, дуруст аст ва имрӯз корхонаи алюминий барои кишвар ва мардум аз фоидааш дида, зарараш зиёд аст. Вале фақат барои он, ки ин ҳақиқатро пардапӯш намоед, ҷавоби худро ранги сиёсию давлатӣ дода, мутаассифона, аз гузориши касбӣ ва воқеии масъала гурехтед. Аз ин рӯ, дар оғоз мехостам дар масъалаҳои сиёсии ҷавоби Шумо посух гӯям:

  • а) Аввалан, Шумо дар ҷавобатон худро Ҳукумат ё давлати Тоҷикистон пиндошта, аз номи давлати Тоҷикистон сухан мегӯед. Оё Шумо ин салоҳиятро доред? Мусоҳибаи ман ба ҳайси пешниҳоди як шаҳрванд буд ва Шумо аз он дар ташвиш нашавед. Зеро сарнавишти «Талко»-ро Ҳукумати Тоҷикистон ҳал мекунад, на ман ё Шумо.
  • б) Шумо аз салоҳияти худ берун рафта, ин мусоҳибаро ба дар пеш будани маъракаи интихоботӣ марбут донистед, ки гӯё ман эҳтиёҷе ба худ муаррифӣ дар ин давра дошта бошам. Дар ин маврид ду нуктаро ба Шумо мерасонам:

Аввалан, ман борҳо эълон кардам ва боз эълон мекунам, ки ман дар ҳеҷ гуна интихобот иштирок карданӣ нестам, на дар интихоботи президентӣ, на дар интихоботи парламентӣ. Ман ҳеҷ вақт худро рақиби ҷаноби Президент намеҳисобам ва баръакс, ман намояндаи он кас дар Маҷлиси Миллӣ ҳастам ва эътиқоди динии ман ба ман иҷозат намедиҳад, ки ба Ҷаноби Олӣ кӯрнамакӣ бикунам.

Дар ин мавзӯъ ман назари худро ҳамчун шаҳрванде, ки аз сардиву торикии рӯзгори мардум ва ояндаи бадшавии робитаи кишварамон бо Русия дар ташвиш ҳастам, изҳор намудам. 

Дуввум, Шумо хуб медонед, ки ман ба ҳеҷ гуна муаррифӣ дар соли интихобот ниёз надорам. Барои исботи ин фақат ҳамин мисол кофӣ аст, ки рӯзномаҳо ҷавоби «Талко»-ро на бо сурати роҳбарони он, балки бо сурати банда чоп кардаанд, ки то мардум сурати маро дида, ҷавоби Шуморо бихонанд. Аз ин рӯ, ин тӯҳмат, ки ман бо ин мусоҳиба худро муаррифӣ карданӣ бошам, як гумони нодуруст аст.

  • в) Шумо боз ҳам ҷавоби худро сиёсӣ намуда, масъалаи ватандӯстию миллатдӯстиро дар миён гузоштаед. Ин низ аз салоҳияти Шумо берун аст, зеро Шумо маро аз наздик намешиносед ва бо мавқеъгирии ман шинос нестед, аз ин сабаб, ҳаққи маънавии онро надоред, ки ватандӯстиву миллатдӯстии маро зери савол гузоред. Дигар ин, ки аз кишварҳои мавриди баҳс, яъне Русия ва ӯзбекистон беш аз ҳама банда зарар дидаам ва падару писари ман маҳз аз бомбаҳои ҳавопаймоҳои ин кишварҳо дар дараи Ромит маҷрӯҳ ва маъюб шудаанд ва даҳҳо нафар хешовандони наздики ман дар қатори даҳҳо ҳазор ҳамдиёронам шаҳид шуданд. Шояд дар он вақт Шумо ҳамчун иттифоқчии Русия ва ӯзбекистон аз «ёриҳои бародарона»-и ин кишварҳо истифода карда, ҳаёти хуб доштед, вале мо зери тиру бомбаҳои ин кишварҳо будем ва шаҳди талхи муҳоҷиратро чашидем. Таҷрибаи талхи солҳои 90-ум моро водор мекунад, ки бо Русия робитаи хуб дошта бошем, то ки ин воқеаҳо дубора такрор нашавад.

То ҷое, ки ман медонам, солҳои 2004 худи Шумо, роҳбарияти корхонаи алюминий, ташвиқгари ба Тоҷикистон омадани «Русал» будед, на ман. Вале ман бо ин мусоҳибаам мехостам ҳамдиёронамон аз торикиву сардӣ, ки ҳашт-даҳ сол боз давом дорад, наҷот ёбанд ва ҳамчунин, пеши роҳи сардшавии робитаҳои Тоҷикистон ва Русия гирифта шавад. Ба назари ман, миллатдӯстӣ ҳамин аст ва ягон миллатдӯст иҷозат намедиҳад, ки худаш дар роҳат зиндагӣ кунаду миллаташ дар сардию торикию маҳрумият бошад.

ҲАДАФИ МУСОҲИБА ЧЙ БУД?

Аз ҷавоби Шумо маълум гашт, ки ё Шумо мақсади ин мусоҳибаро нафаҳмидед, ё фаҳмида бошед ҳам, онро ба манфиатҳои шахсии худатон мухолиф дониста, чунин посухи гумроҳкунандаро навиштед. Аз ин рӯ, бори дигар ҳадафҳои асосии мусоҳибаро баён мекунам, ки шояд ин дафъа фаҳмотар гардад. Пас ҳадаф ва моҳияти ин мусоҳиба чӣ буд?

Ҳадафи якуми мусоҳиба: Фавран таъмин намудани барқ барои тамоми мардуми Тоҷикистон. Агар нақшае, ки ман пешниҳод намудам, беғаразона фаҳмида мешуд ва амалӣ мегашт, мардуми Тоҷикистон аз ин мушкили бузург ҳамин сол озод мешуданд. Бори дигар таъкид мекунам, ки масъалаи нарасидани барқ як масъали техникӣ набуда, он муҳимтарин масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии мост.

Аз ин рӯ, амалан аз барқ маҳрум будани 70% мардуми кишвар оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллӣ низ хоҳад дошт. Имрӯз фақат барои ин, ки корхонаи алюминийи тоҷик кор кунад, як миллатро ба торикиву сардӣ маҳкум кардан магар аз рӯи инсоф аст? Имрӯз синфхонаҳои мактабҳо хунуканд, хонаҳои мардум хунуканд, коргоҳҳо сарданд, мактаббачаҳову муаллимон ларзида-ларзида дарс мегузаранд, ҳазорон мардум аз сардии хонаҳояшон ба бемориҳои мухталифи сармохӯрдагӣ гирифторанд, мардуми деҳот ҳатто ҳафтаҳо наметавонанд ҳаммом кунанд.

Илова бар ин, вақте ки аз тирамоҳ то баҳор лимити барқ ҷорӣ мекунем, зиёиёни деҳот чӣ гуна китоб хонанд, талабаҳо чӣ гуна дарс тайёр кунанд, зеро дар рӯзҳои кӯтоҳи зимистон аз соати 5-и бегоҳ то 8-и саҳар торик аст. Аз ин сабаб, бебарқӣ яъне бесаводии умумӣ, ҷаҳли умумимиллӣ ва бемории умумимиллӣ дар оянда аст. Оё боре дар ин бора меандешем?

Аз сабаби бебарқӣ ҳазорон соҳибкори хурд ва косибон беш аз ними сол наметавонанд кор кунанд. Дар натиҷа онҳо наметавонанд зиндагии оилаашонро таъмин намоянд ва коргаронашонро маош диҳанд ва ҳамчунин, наметавонанд андозҳои давлатиро супоранд. Ҳатто осиёбҳои хусусии барқии мардум, ки дар деҳот бисёр нуктаҳои муҳим мебошанд, аз кор мондаанд ва мардум гандумашон дар хона истода, аз бозор орди қиммат мехаранд. Ман фикр мекунам, ки миллатдӯст касест, ки миллаташро дар чунин фоҷеа намегузорад.

Ҳадафи дуюми мусоҳиба: Беҳтар кардани робитаҳо бо Русия. Тавре ки гуфтам, ман аз Русия беш аз Шумо зарар дидаам ва ҳеҷ алоқамандие ба ин кишвар надорам. Вале ҳамчун шахси воқеъбин ман наметавонам инкор кунам, ки ҳамкорӣ бо Русия барои Тоҷикистон, барои мардуми кишвар ва, аз ҷумла, барои ҳукумати кишвар аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Чаро?

  • а) Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ: Тавре ки маълум аст, зиёда аз як миллион нафар тоҷик дар Русия кор мекунад. Вале агар мо робитаҳоро бо Русия хароб кунем ва Худо накарда, Русия режими визаро ҷорӣ намояд, пайомадҳои он чӣ гуна хоҳад буд? Аввалан, агар ин як миллион муҳоҷир баргардад, оё онҳоро метавонем бо ҷои кор ва маоши муносиб таъмин намоем? Дигар ин, ки онҳо солона фақат аз тариқи банкҳо беш аз 2 миллиард доллар пули нақд мефиристанд ва илова бар ин, ҳамин қадар пули дигар аз тариқи ғайрирасмӣ ва дар шакли мол ё ҳамроҳи худашон оварда мешавад. Аслан, бозори муомилоти Тоҷикистон имрӯз маҳз бо пули муҳоҷирон гардон аст, тиҷорати хурд аз пули онҳо мечархад ва андозе, ки аз тиҷорат ва соҳибкории хурд ба хазинаи давлат ворид мешавад, даҳҳо маротиба аз андози корхонаи алюминий зиёдтар аст.
    Албатта, мо ризқро аз Худо медонем ва иншоаллоҳ, бе Русия ва бе дигарон низ миллати мо аз гуруснагӣ намемирад ва иншоаллоҳ, давлату кишварамон аз байн намеравад. Вале, боз мегӯям, ки Худое накарда, агар миёни Русия ва Тоҷикистон режими визоӣ ҷорӣ шавад ва муҳоҷирини корӣ баргарданд, натанҳо вазъияти иҷтимоӣ, балки вазъияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар низ бисёр бӯҳронӣ мешавад. Пас, имрӯз фақат касе, ки миллатдӯст нест ва фақат касе, ки манфиатҳои ин миллат ва ин давлатро намешиносад, бо Русия мехоҳад равобиташро бад ё қатъ намояд.
  • б) Масъалаи барқи корхонаи алюминий: Агар Ҳукумат ин корхонаро бо нархи хуб ба Русия бифурӯшад (на ба «Русал», чуноне, ки маро муттаҳам кардаанд), Русия метавонад ва имкони онро дорад, ки дар шаш моҳи камбарқии мо барқро барои ин корхона худаш аз кишварҳои минтақа таъмин намояд. Дар шаш моҳи фаровонии барқ бошад, барқро аз мо мехарад. Аммо, вақте Роғунро бисозем, он вақт корхонаи алюминий бояд тамоми сол барқро аз мо бихарад. Ин схемаи таъмини барқро метавон дар қарордоди фурӯши корхона шарт намуд. Ба ин тартиб, мо фавран, аз мушкили бебарқӣ озод мешавем. Дар ғайри ин сурат, мо агар Роғунро аз ҳисоби худ бисозем ҳам, ва иншоаллоҳ месозем, сохтумони он камаш 5-6 сол давом мекунад ва масъалаи бебарқӣ, яъне ин фоҷиаи миллӣ ҳамин муддат идома хоҳад ёфт, ки идомаи чунин вазъият аз назари сиёсӣ ва давлатдорӣ хатарнок аст. Ин ҷо низ мебинед, ки пешниҳоди ман маҳз ба нафъи давлат ва миллат аст.

Ҳадафи сеюми мусоҳиба: Раҳоӣ аз фишорҳои ӯзбекистон. Нақшае, ки ман пешниҳод кардам, як навъ схемаи раҳоӣ аз фишорҳои ӯзбекистон ва безарар кардани мавқеи ин кишвар буд. Вале роҳбарияти корхонаи алюминий бо вуҷуди сиёсӣ кардани ҷавобаш, ин ҷанбаи муҳими сиёсии ин пешниҳодро пай набурдааст. Мақсад ин буд:

  1.  Агар робитаи мо бо Русия ҳарчӣ хубтару наздиктар бошад, шояд фишори ӯзбекистон болои мо камтар мешавад. 
  2.  Агар корхонаи алюминийро Русия бихарад, ӯзбекистон наметавонад барои русҳо дар транзити барқ монеа эҷод кунад. Зеро худи ин кишвар ҳам ба транзит аз тариқи Русия вобаста аст.

Албатта ба сабаби риояти манфиатҳои миллӣ дар ин масъала бештар гуфтан ҷоиз нест, вале умедворам ин нуктаҳоро дарк менамоед.

Ҳадафи чоруми мусоҳиба: Пурра миллӣ боқӣ мондани «Роғун»: Тавре, ки дар мусоҳибаам зикр кардаам, ман ҷонибдори сад дарсад миллӣ боқӣ мондани «Роғун» будам ва ҳастам. «Роғун»-ро бояд Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби худ ва агар лозим шавад, бо ҳимояи миллат бисозад. Вақте мо корхонаи алюминийро мефурӯшем, ду ҳадафи асосӣ амалӣ мешавад: якум, имкони бо пули ҳукумати Тоҷикистон тибқи лоиҳа бо баландии қариб 350 метр (на 140 метре, ки Шумо маро тӯҳмат кардаед) сохтани «Роғун» ба вуҷуд меояд. Дуюм, фоҷеаи норасоии барқ баробари ба Русия фурӯхтани корхона ҳал мешавад.

Масъалаи миллӣ мондани «Роғун» як масъалаи муҳими сиёсӣ ва стратегӣ аст, зеро таҷрибаи НОБ «Сангтуда-1» нишон дод, ки ба ихтиёри хориҷиён гузоштани нирӯгоҳҳо чӣ оқибат дорад. Тавре, ки огоҳед, ҳафтаи гузашта соҳибони хориҷии НОБ «Сангтуда-1» эълон доштанд, ки агар ширкати «Барқи тоҷик» 16 миллион қарзи худро напардозад, ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Ана чунин қарзҳо сармоягузоронро аз омадан ба кишвари мо метарсонанд, на пешниҳоди фурӯхтани корхонаи алюминий.

Ин даъвои судии онҳо ба имиҷи давлати Тоҷикистон ва фазои сармоягузорӣ дар кишвар чӣ зарба мезанад ва чӣ қадар сармоягузорони ояндаро метарсонад, ҷои тасаввур нест?

армоягузори хориҷӣ фикр мекунад, ки агар сармоягузорҳои давлатии русӣ дар Тоҷикистон фоидаи худро гирифта натавонанд, пас мо чӣ тавр метавонем? Шояд агар ширкати алюминий 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарзашро ба «Барқи тоҷик» пардохт мекард, «Барқи тоҷик» имрӯз дар назди «Сангтуда-1» қарздор намемонд ва судбозӣ ҳам намешуд ва ин қадар беобрӯгӣ намешуд.

АФСОНАҲОИ АЛЮМИНЙ: ОЁ КОРХОНАИ АЛЮМИНИЙ БАРОИ ТОҶИКИСТОН МУҲИМ АСТ?

Дар қисми дигари ҷавоби худ Шумо корхонаи алюминийи тоҷикро ҳамчун як корхонаи бисёр муҳим ва ҳатто ифтихори миллӣ номидаед. Умуман, дар солҳои охир дар зеҳни ҷомеа ин фикр ҷой карда шудааст, ки корхонаи алюминийи тоҷик барои кишвар ва миллат бисёр муҳим аст ва алюминий барои мо ашёи стратегӣ аст ва саҳми ин корхона дар будҷаи кишвар калон аст ва ғайра.

Тибқи маълумоте, ки ман дорам, ҳамаи ин як афсона аст ва ин корхона феълан барои кишвари мо як корхонаи сарнавиштсоз нест ва алюминий барои иқтисоди мо ашёи стратегӣ ҳам нест ва саҳми ин корхона дар будҷаи кишвар ҳам ниҳоят ночиз аст.

Афсонаи аввал дар ин масъала ин аст, ки гӯё корхона дорои таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аст. Вале Шумо нағз медонед, ки ин корхона солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст, яъне чил сол пеш, ва дар ин чил сол табиист, ки таҷҳизоти ин корхона ҳам аз назари физикӣ ва ҳам аз назари маънавӣ кӯҳна шудааст.

Барои исботи ин фикр ба мисоли зерин таваҷҷӯҳ намоед: Корхонаи алюминийи Дубай «Дубал» дар соли 2007 бо ҳамагӣ 3 240 нафар корманд 900 ҳазор тонна алюминий истеҳсол намудааст (нигаред ба сайти «Дубал»: http://www.dubal.ae) , аммо корхонаи алюминийи тоҷик бо 13 000 (!) нафар коргар ҳамагӣ 402 ҳазор тонна алюминийи хориҷиёнро коркард карда додааст.

Ё мисоли дигар: агар корхонаи алюминийи тоҷик барои коркарди як тонна алюминий 17-18 ҳазор кВт барқ сарф кунад, корхонаҳои муосири алюминий барои як тонна алюминий камтар аз 13 ҳазор кВт барқ сарф мекунанд. Магар ин нишонаи замонавӣ будани корхонаи мост?

Илова бар ин, корхонаи алюминийи тоҷик солона ҳудуди 7 млрд/кВт барқи Тоҷикистонро истеъмол мекунад. Ин барқро бо нархи имтиёзнок, яъне фақат 5 дирамӣ мехарад. Барои мисол, агар мо ҳамин барқро ҳатто бо нархи дохилии кишвар барои корхонаҳои саноатӣ, яъне 17 дирамӣ, ба хориҷ фурӯшем, он ҳудуди 340 млн долларро ташкил мекунад.

Вале дар ҷавоби Шумо омадааст, ки тамоми пардохтҳои андозии корхонаи алюминий дар як сол 262 млн. сомонӣ, яъне камтар аз 70 млн. долларро ташкил мекунад. Пас, ҳатто агар фақат барқеро, ки корхонаи алюминий мегирад, ба хориҷи кишвар содир намоем, аз фурӯши он панҷ баробар фоидаи бештар мегирем. Ин арифметикаи содда аст.

Афсонаи дуюм ин аст, ки гӯё Тоҷикистон аз тариқи корхонаи алюминийи тоҷик солона зиёда аз 400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад ва онро ҳудуди 3 ҳазор долларӣ фурӯхта, 1 млрд. 200 млн. доллар даромад мегирад. Мутаассифона, ҷомеа аз ноогоҳӣ ба ин афсона бовар дорад ва бадтар аз ин, коршиносони мо ҳам ба ин афсона бовар доранд. Биёед ошкоро бигӯем, ки Тоҷикистон соҳиби он 400 ҳазор тонна алюминий нест, фурӯши он низ дар ихтиёри Тоҷикистон нест.

Корхонаи алюминийи тоҷик фақат хокаи алюминийи ширкатҳои хориҷиро коркард карда, ба ивази коркардаш ҳаққи хидмат мегирад. Агар ба мафҳуми халқӣ гӯем, мо соҳиби гандум ва соҳиби орд нестем, мо фақат осиёб дорем ва аз соҳиби гандум барои коркардамон кавсанг ё ҳаққи корамонро мегирем. Яъне корхонаи алюминийи тоҷик, чуноне, ки директори генералии он ҷаноби С. Шарипов низ дар мусоҳибааш зикр кардааст (ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз 19 феврали 2009), аз рӯи усули ТОЛЛИНГ кор мекунад ва моҳияти усули толлинг ҳамин аст, яъне хокаи алюминийи дигаронро коркард карда медиҳем ва ҳаққи кор мегирем ва дар маҳсулоти истеҳсолшуда ҳаққе надорем.

Аксарияти мардум ва ҳатто зиёиёну коршиносони бомаълумот ҳам фикр мекунанд, ки мо агар 400 000 тонна алюминий истеҳсол намоем, пас он бо нархи 3000 долларӣ ҳудуди 1 млрд. 200 млн. доллар мешавад, пас корхонаи алюминий бисёр даромаднок аст. Ин хел мебуд, бо даромади корхонаи алюминий «Роғун»-ро худамон месохтем. Вале мардум намедонанд, ки ин алюминийи моли Тоҷикистон нест ва мо фақат ҳаққи коркардро мегирем. Мо фақат осиёббони ин осиёби бузургем.

Афсонаи сеюм ин аст, ки гӯё нақши корхонаи алюминий дар будҷаи Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Ва, мутаассифона, бисёриҳо ба ин бовар доранд. Ҳатто баъзе аз зиёиён, «коршиносон» ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар ҳам чунин фикр мекунанд. Вале, биёед ин ҷо низ ошкоро бигӯем, ки корхонаи алюминийи тоҷик дар будҷаи Тоҷикистон чӣ нақше дорад.

Тибқи ҷавоби роҳбарияти корхона тамоми пардохтҳои он ба хазинаи давлат дар соли гузашта 262 млн. 175 ҳазор сомониро ташкил кардааст. Дар ҳоле, ки қисми даромади будҷети Тоҷикистон дар соли 2008-ум 4 млрд. 470 млн. сомониро ташкил дода буд, пас саҳми корхонаи алюминий дар он ҳамагӣ ҳудуди 6% мебошад. Агар ин маблағро бо будҷети соли 2009 қиёс намоем, шояд он ҳамагӣ 3 %-ро ташкил диҳад. Ин аст саҳми воқеии корхонаи алюминийи тоҷик дар будҷети Тоҷикистон. Вале мардуми бечора ин торикию сардиро таҳаммул карда, фикр мекунанд, ки агар корхонаи алюминий набошад, будҷет аз куҷо пур мешавад ва муаллиму духтуру нафақахӯр аз куҷо маош мегирад?

Масъулини корхонаи алюминий дар баёния ва мусоҳибаашон зикр намекунанд, ки ин корхона дар як сол чанд сомонӣ ҳамчун фоидаи соф ба будҷети кишвар ворид мекунад. Фоидаовар будан ё набудани корхона аз миқдори фоидаи софаш маълум мешавад, на аз рӯи пардохтани андозҳои ҷорӣ. Вале чун ин корхона ягон сомонӣ фоидаи соф ба даст намеорад, дар ин бора чизе намегӯянд ва наменависанд.

Афсонаи чорум ин, ки гӯё корхонаи алюминий аз «Барқи тоҷик» қарздор нест. Вале ҳафтаи гузашта котиби матбуотии «Барқи Тоҷик» ҷаноби Н.Ёдгорӣ расман эълон доштааст, ки корхонаи алюминий аз ин ширкат 97 млн. 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст (Ниг.: нашрияи «Азия плюс» аз 04.02.2009, саҳ.2). Илова бар ин, аз сабаби пули барқро напардохтани корхонаи алюминий, ширкати «Барқи тоҷик» наметавонад 8,5 млн доллар пули гази истифодакардаашро ба корхонаи «Тоҷикгаз» супорад. Ин боис шудааст, ки «Тоҷикгаз» барои пардохти пули газ ба ӯзбекистон маблағ наёфта, қарздор шудааст. ӯзбекистон бошад, аз фурсат истифода намуда, интиқоли газро ба кишвар қариб қатъ намудааст.

Ин аст, ки имрӯз дар хонаҳои мардум газ нест ва ҷое, ки бошад, ниҳоят маҳдуд аст ва ҳатто аксари заправкаҳои газӣ баста шудаанд. Хулоса, мардум дар вазъияти боз ҳам мушкилтар қарор гирифтаанд. Ин суханҳо низ сиёсат нест, ин ҳам мантиқ ва арифметикаи оддист.

Афсонаи панҷуме, ки Шумо дар посухи худ онро матраҳ намудаед, ин аст, ки гӯё «Талко» аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ имтиёзе надорад ва корхонаҳои алюминийи кишварҳои дигар низ дар масъалаи нархи барқ аз тарафи давлати худ имтиёзҳои зиёде гирифта бошанд. Ду мисоле, ки дар ин масъала Шумо овардаед, ҳар ду беасосанд.

Ширкати алюминийи «Русал» аз давлати Русия бо имтиёз барқ намегирад, зеро ин ширкат нирӯгоҳи барқии хусусии худро дорад ва барқи худро аз он таъмин мекунад. Корхонаи алюминийи Озорбойҷон бошад, барқро нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ фақат 30% арзонтар мегирад. Сабаби ин имтиёз дар он аст, ки ин корхона худ подстансияи бузурге сохтааст, ки дар баланси худаш аст ва ҳамчунин, ҳамчун харидори умда, барқро бо нархи яклухт мехарад. Вале корхонаи алюминийи тоҷик барқро бо нархи нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ 300% арзонтар мегирад, яъне 5 дирам ба ҷои 17 дираме, ки барои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Ин имтиёзи бесобиқа аст. Муҳимтар аз ин, дар Русия ва Озорбойҷон барои кори корхонаи алюминияшон мардумашон аз барқ маҳрум нестанд.

Афсонаи шашуми Шумо ин аст, ки гӯё фурӯхтани корхонаи алюминий фикри ватандӯстона набудааст. Ман аз Шумо даъват мекардам, ки пеш аз гуфтани чунин суханон андаке андеша мекардед. Барои чӣ қадар ғалат будани ин фикратон ба ду нукта таваҷҷӯҳ намоед ва бубинед, ки Шумо амалан чӣ гуфта истодаед:

  • Якум, оё масъулоне, ки комплекси нодиртарини «Окно», 75% саҳмияҳои НОБ-и «Сангтуда-1», саҳмияҳои корхонаи тиллои «Зарафшон» ва даҳҳо корхонаи дигарро ба хориҷиён фурӯхтанд, миллатфурӯшу ватанфурӯшанд? Оё онҳое, ки базаи ҳарбии Русияро дар Тоҷикистон ҷой дода, дар чандин минтақаи кишвар ҳазорҳо гектар замин ва иншоотро дар ихтиёри ин базаи ҳарбии Русия гузоштанд, миллат ва ватанро дӯст намедоранд? Шумо чӣ гуфта истодаед?
  • Дуюм, дар аксари кишварҳои пешрафта ва мутамаддин бисёре аз корхонаҳои бузург дар моликияти хориҷиён ё саҳҳомони хориҷӣ ҳастанд. Масалан, дар Амрико саҳмияи корхонаҳои бузургтарин моли чиниҳо, арабҳо, ҳиндуҳо, мексикоиҳо ва ғайра аст. Дар кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бошад, беш аз 50% корхонаҳо, биноҳо ва иншоот дар моликияти хориҷиҳо аст. Ба назари Шумо, оё имрӯз ифтихори миллии Амрико ва ё Аморот аз Тоҷикистон камтар аст? Оё ифтихори миллии онҳо зарар дидааст?

Ва афсонаи охирини ҷавоби Шумо ин буд, ки гӯё ман изҳор карда бошам, ки мо бояд корхонаи алюминийро арзон фурӯшем. Чунин чизро ман ҳаргиз нагуфтаам. Барои ман ҳам маълум аст, ки қиммати ин корхона беш аз як миллиард доллар аст.

МАН БО КИЯМ?

Ва ниҳоят, мехостам ба он саволи аслие, ки Шумо гузоштаед, посух бидиҳам, ки ман бо кӣ ҳастам? Ба таври сареҳ мегӯям, ки ман бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва бо давлати он ҳастам.

Ба фаҳмиши ман, дар ҳоле, ки миллат дар хунукию торикӣ маҳкум бошаду мо дидаву дониста барои манфиати шахсии худ ва чанд нафар манфиатдор аз вазъияти мавҷуда ҳимоят намоем, ин ҳеҷ рабте ба миллатдӯстию ватандӯстӣ надорад. Ҳар пешниҳоде, ки дар мусоҳибаам кардам, ба эътиқоди ман маҳз ба нафъи ватан, миллат ва давлат буд. Касе, ки камтарин саводи сиёсӣ ва хиради давлатдорӣ дошта бошад, ба ин шакк надорад.

Хулоса, имрӯз корхонаи алюминий чӣ суду зиён дорад, бо чӣ усул кор мекунад, барои кӣ ва чӣ қадар фоида меорад, на танҳо ман, балки бисёри мутахассисон ва огоҳон медонад. Биёед ҷавоббозӣ накарда, беҳтараш баҳсро дар ин бора давом надиҳем.

Бале, бисёр дӯстон ва бародарон ба ман тавсия доданд, ки дар бораи корхонаи алюминий аслан ҳеҷ чизе нагӯяму нанависам. Гӯё пушти он қувваҳои бонуфуз ҳастанд. Ман ҳам инро дарк мекунам. Лекин, пеш аз ҳама ба Худои Бузург такя дорам, зеро ҳар чӣ мегӯяму менависам, барои Худост ва барои фоидаи давлату миллатамон аст, на бо супориши касеву тарафе ва на ба манфиати шахсиям.

Агар чанде дар мавзӯи корхонаи алюминий сухан гуфтан риск аст, аммо зиндагии сарду торики мардуми кишвар, ки инак солҳост идома дорад ва ҳамчунин, эҳтимоли бад шудани робитаҳои кишварамон бо Русия маро ба ташвиш овард, ки мабодо болои ватани азизамон ва миллати ранҷкашидаамон боз як фоҷеаи дигар ояд. Ва илло, банда ба шахси Шумо ва ба молу дунёи Шумо ва манфиатҳои Шумо коре надорам, фақат бо мушоҳидаи рӯзи сахти мардум, ҳамчун як шаҳрванди ин кишвар бисёр бародарона Шуморо ба инсоф даъват намудам. Боқӣ, паноҳатон ба Худо.

Р.S. Умедворам, дар сафаре, ки охири моҳи феврал анҷом меёбад, Президенти кишвар барои мушкилоте, ки байни Тоҷикистону Русия пеш омадааст, роҳи ҳалли муносибе пайдо мекунанд. Иншоаллоҳ.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,
Узви Маҷлиси Миллии МО ҶТ

Advertisements

51 Responses

  1. Офарин чаноби Турачонзода! Ба як сари танхо кори тамоми армияи журналистони точикро ичро кардед. Кайхо боз ин хел тахкик, мантик ва далелу исботро нахонда будам. Зинда бошед!

  2. oe shumo chashmakzanihoi Turajonzodaro faromush karded joi u boyad dar mahbas boshad

  3. не мо эзори Адолатро фаромуш кардем: ки хамаи ин шумкадамон ва аз чумла шумо хам аз даруни он беромадеду шахрхоро монанди дехахои худ ифлос кардед ва аз нафси бад дуздиро хам аз хадду худуд гузарондед..

    Ба фикри банда, занакаи бечора то холост, ки эзорашро мекобад, намеёбад. Кадомат пушдий уна, бтеша ба сохибаш!

  4. Manzarat chist Samandar?

  5. Bubuned bozihoi harromi in hukumatro! Zaif ast, ki zaif ast! Vagarna harrombozi namekard. Gap sari javobi «Talko» ba Turajonzoda meravad. Bale in hafta «Talko» az nomi muftii durugin ba Hoji Akbar [dar barobari «Afsonahoi alyuminiy»] javob guftaast. Dar hole, ki Turajonzoda ta’kidan khohish mekard, to bahs dar atrofi mavzui matruha boshad, in nomardho boz ham kunakzani karda istodaand. Baroi on ki dar barobari Hazrat nafare nadorand to ba mavrid sukhan guyad. Obro loy mekunand to mohi dorand. Ammo boyad dar nazar doshta boshand, ki az ehtimol dur nest, to Turajonzoda tahti unvoni «Afsonahoi jangi shahrvandi» maqolae khohad navisht, to in benomushoro boz ham sharmandatar kunad.

  6. Az barodaroni «Andesha» ehtiromona khohish meshavad, ki in matlabro bo zabonhoi rusivu inglisi tarjuma kunand va dar sarosari jahon pahn namoyand.

  7. Бародарони азиз.

    Касе агар достони «Эзори Адолат»-ро медонад, ба онхое ки намедонанд, лутфан хикоят бикунад.

    Вагарна дустони ман манзурамро нафахмидаанд.

    Хуш бошед.

  8. Мои апплодисменты чаноби Турачонзода! Хар касе то ин замон бо Козидомулло дар пархоши калом шудааст. Он ки у хохиш кардааст, ки дигар ба бахс идома дода нашавад ба фоидаи хар нафарест, ки мехохад ба бахс бо у бархезад. Вагарна к@и шумову шохи гов, чанобони харомхур!

  9. Додварзи азиз! Аз он ки дараке аз худ додед, хеле шод шудам. Зинда бошед!

  10. Ба назари ман роҳи ҳалл ин аст, ки корхонаи олуминиюмро лоакалл 51дарсади саҳмияаашро бифурушанд, аммо ба ин шарт, ба як ширкат ё гуруҳ на, балки ба чанд нафар. Шояд ин тур беҳтар бошад, ки афроде ки саҳмияҳои онро мехаранд набоад аз 10 дарсад бештар ахридори кунанд.

    Ин имкон медиҳад, ки шаффофият дар фаъоллияти он таъмин шавад. Зеро агар як гурух ё ширкат онро харад боз ҳам бо ҳамин ҳол, ки дорад боки хоҳад монд ва фасодо моли густариш хоҳад ёфт.

    Аз ин ру беҳтар аст чандин нафар дар он манфаъат дошта бошад ва Шурои мудирон дошта бошад ва фаъолияти он дар пеши назари мардум ба атври шаффоф идома ёбад.

    Ҳоло ки танҳо давлат сохиби он аст, ҳар номаъкулие хоҳад бо он мекунад ва касе намедонад. Агар як нафар ё давлати хориҷӣ ё ширкате онро хзаридори кунад боз ҳам бо ҳамин вазъият рубару хоҳад шуд. Аз ин ру боз ҳам таъкид мекунам, ки бояд шумори саҳҳомони он, яъне манфаъатдоронаш бештар бошад, онгоҳ онҳо байни ҳам рақуобат хоҳанд дошт ва ҳамдигарро аз даст задат ба фасод монеъ хоҳанд шуд.

    Дигар, ин чанчолҳои Тураҷонзода ва Талко маъни надорад, чун харду иштибох мекунанд.

  11. Дигар, ин ки ҷаноби Тураҷонзода, ба ҷойи ин ки пешниҳод кунад, ки аз Талко фоидае несту он фурухта шавад, бояд басароҳат аз мақомот ва масъулон пурсад, ки фоидаи он куҷо меравад???

    Оё фурӯхтан роҳи ҳалл аст? Беҳтар нест дастандаркорони фосидро аз ин корхона дур кард, то фоидааш ба миллат бирасад?

  12. Ҷанобюи Тураҷонзода худаш аз касоне ҳимоят кардааст, ки дар дуздии пули ин корхона бо ин ё он роҳе даст доранд.

    Худи корхона ба худаи худ ҳеч зараре надорад, ин афроде ҳастанд, ки пули онро ва фоидаи онро ба ҷайби худ мезананд, ва ба мардум намедиҳанд.

    Пас дар ин ҷо корхона муқассир аст ё дастдандаркорон ва сиёсатмадорони фосиде, ки пули онро ба ҳисоби фарзандону домодҳову бародарарусону дигару дигарон мегузаронанд ва Тураҷонхзода чандин бор аз ин клани хоин ҳимоят кардааст??

  13. Ачиб, харчи ки ин бузриш гуяд, зуд макбули шумо мешавад. Охир ин нафар чосуси русхост ва уро холо боз русхо барои ихтилоф андохтан пул додаанд.
    Агар тасмими фурухтани Талкоро хукумат мегирифт, хатман хамин Турачонзодаву дигархо уро ба хоини муттахам мекардед.

  14. Firdavsi aziz,

    Shakhsiyati Turajonzoda injo mavridi bahs nest! Bigu dar sukhanhoyash kujo bemantiki va khoiniro mebini?

  15. Турачонзода навиштааст, ки агар Талкоро русхо харанд, хатман ончо 14 хазор точик корашро давом мекунад. Ин хобро танхо бояд ба об гуфт. Ки кафолат дода метавонад, ки Русия чунин мекунад, У хатман тамоми мутахасисонро аз Русия хохад овард ва бокиро метавонад аз Узбакистон низ бигирад. Ки кафолат медихад, ки Каримов бо Русия муносибаташ доиман хуб мемонад. Дар ин сурат боз барк аз Точикистон гирифта мешавад ва мардум мисли кабл ранч хоханд бурд. Турачонзода гуфтааст, ки бо масъулини ширкати Русал гуфтугу доштааст ва фахмидааст, ки фалону фалон…
    Хаминаш бас аст, ки хоини у собит шавад, ки бо кихо чи машварат мекунад.

  16. Barodar Firdavs,

    ba fikri tu khalki Tojik boyad dah soli digar be rushnoi, dar sarmo va nimgursna gardad? Dar Tojikiston ba ghayr az nomus, digar hama chizro boyad furukht, tanho dar on holat yak iktisodiyoti milli va ozod bunyod karda metavon. Hama guna munosibatro metavon tariki shartnoma hal kard, vakte Russiya Talcoro kharid, shart meguzori, ki korgaron dar hajmi kadima memonand, tamom vassalom.

    Baroi man hamchun shahrvandi Tojikiston farke nest, ki puli Talco ba Russiya meravad yo ba Shirkati CDH dar zonahoi ofshori.

    Dar Mas’lai khoini: Dar sohae, ki man kor mekunam har ruz dasti 5 to 10 khorijiro mefushuram va bo nisfi onho suhbat mekunam, magar man ham khoinam?

    Samak

  17. Зиндаю сарбалнд бошед фарзанди баруманди миллат Хочи Акбар Турачонзода!
    Бисёр тахлили бомъани,Чаноби Оли агар кадри шуморо надонад кур мешавад………

  18. Фуруши Талко ба сармоя рус як хатои дигаре мешавад, ки боз хам мухточии моро ба Руссия зиёд мекунад. Хама мо медонем ки хукумати рус дар максадхои сиёсии худ аз роххой иктисоди фишор меорад (руйдодхои Газпром). Руся хамчун партнери иктисоди давлати боварнок нест.
    Огои Турачонзода, Талко фойда намеоварад – мегуяд. Ин гап рост, халки мо бояд фахмад ки аз фуруши алумини ва пахта хеч вакт бой намешавем. Бояд ашёхои хомро (чун алум., пахта) дар даруни чумхури дубора ба истехсолот дод ва аз он яг ашёи «истифодаи охир» ба даст оварда бо киммати балад фурухт.
    Вале бад аз фуруши Талко ба русхо аз умедхои дубора бар истелсолот додади алуминиум метавон фаромуш кард, зеро ба русхо алум. хамчун ашёи хом зарур аст ва Талко чи тавре ки хозир хами тавр боки мемонад. Суде ва халки точи нахохад шуд.

  19. Офрин марди наку шумо дарди дили садхо мардуми Торикистонро навиштаед агар ин корхона фойда медод имруз ба ин хол намерасидему ризки худро дар мусофири намекофтем
    ба шумо сарфарозию мувафакиятхо таманно дорам

  20. Дӯстон,

    Оё ба ҷуз фурухтани Талко роҳи дигаре вуҷуд надорад?

    Ман миёни ононе, ки ҳоло Талкоро контрол мекунанд ва Русия ҳеч тафовуте намебинам.

    Аммо дар баробари ин роҳҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад, масалан ҳамонҳое, ки ман дар боло гуфтам.

    Бояд давлатро фишор овард, ки фаъолияти онро шаффоф кунад ва ҳар моҳ аз бурду бохти он гузориш бидиҳад, ки чи қадар маблағ ба бюдчет ворид шуда ва чи кадараш ба таври дуздӣ ба ширкатҳои офшории наздикони ҷоноболи рафтааст.

    Корхонаи олуминиюм моли миллат аст ва ҳар яки мову шумо дар он саҳм дорем, ҳеч касе ҳаққ надорад, на Тураҷонзода ва на Раҳмон ва хешовандонаш, ҳаққ надоранд сарнавишти онро бидуни мо ҳалл кунанд.

    Мо бояд бо истифода аз ҳаққи худ дархост кунем, ки фаъолияти он шаффоф бошад, ин корхона таҳти назари як ҳайъати мудира бошад, к ҳар моҳ ба мардум гузориш бидиҳад, на таҳти контроли Раҳмон, ки вай ҳарчи хоҳад кунад.

  21. Дустоне, ки назароти худро надоранд ва танҳо қарсак мезананд ба тарафдори аз Тураҷонзода ё ба муқобили он,

    Шумо то ин дам нишаста будед, ки танҳо қарсак занед ва хою хуй кунед ва фалониро барои гапи хубаш таъриф кунед ё мукобилаш сафф ороед?

    Магар шумо фикру андешаи худро надоред? Магар шумо наметавонед худатон назароти худро пешниҳод кунед, ки чи бояд кард?

    Бадбахтии тоҷикон ин аст, ки ду нафар дуруг мегуянд, ва дигарон ҳама мешинанд ва дуругҳои онҳоро ситоиш мекунанд, ин миллат аз мавҳибати фикр кардан ва андешидан маҳрум мондааст!

  22. Турачонзода кй хаст, ки дар бораи иктисоди калон изхори назар кунад? Уро бигзоред, ки ба хамон тоъату ибодаташ машгул бошад.

    Магар ин хама вобастагй ба Русия бас нест, ки боз ин корхонаро хам русхои фашист бигиранд? Ва ин дар холест, ки точикбачахои мо аз дасти фашистхои рус амон надоранд.

  23. Чунин дарёфтам, ки аксари шумо танхо бо дидани номи Турачонзода ба хашм омадаед ва матлаби навиштаи уро нахонда, изхори назар мекунед. Бояд асли гузаштагони бузургамонро ба ёд оред: Мангар ки кй мегуяд, бингар ки чй мегуяд.

    Лутф кунеду як бор онро аз аввал то ба охир бихонед, сипас агар андешае доред, баён намоед. Боз мегуям, ки дар 10 соли охир ин гуна тахлили бодалоил ва бамантикро нахонда будам.

    «иктисоди калон» яъне чй? Дар зимн иктисод ба фашисту машист бастагие надорад.

  24. Дар холи хозир фурухтани Талко барои мардум фоидае надорад. Худ фикр кунед мисол фурухтем хам гуем ба 1 миллиард ё 1,5 миллиард, пас бо чунин сатхи фасод кй кафолат медихад, ки ин пулхо аз фуруши завод горат намешавад ё ин, ки ба хамон суратхисобхои оффшори намеравад. Дар охир нашавад, ки хам завода фурушем, хам пули ба даст овардаро гум кунем.
    Ба фикри ман бояд идоракунии Талко-ро ба ягон компанияи трасти (трастовая компания) супорем. Яъне бо тарики озмун компанияи идоракунии хоричиро чалб кунем, то ин, ки бо истифодаи идоракунии зиддибухронии исботшуда (анткризисный менеджмент) заводро аз гом барорад ва ин компания хар мох назди Шурои чамъияти, ки бояд аз хама хизбхо иборат бошад хисобот бидихад. Албатта ба ин икдом гуруххои муайян рози намешаванд, зеро дар ин холат онхо аз маблагхои хангуфти (хакки мардум) махрум мешаванд.

  25. Faromarz va Tabaraxe,

    barodaroni aziz gumroh naboshed, Shumo nomi Tirajonzodaro didedu khalos va as matn bahrae naburded. Faromush nakuned, ki ba ghayr az Turajonzoda 90 fisadi Tojikiston musalmon ast. Islomsitezi joy dorad. Dar har majlisu ma’raka, ki inguna tundkhui mekuni okibat beobu ru megardi.

    Samak

  26. Як чиз маълум аст, ки холо Талко ба Точикистон такрибан фоидае намеорад, факат неруи зиёди баркро мегирад.

    Агар сарони Талко ва рахбарияти давлат исбот кунанд: ки Талко фоидаовар аст, банда хам ба акидахои чаноби окои Турачонзода хамовоз намешавад.

    Посухи рушану дакик доред?

  27. Самандар мебахши, вале хуб … Магар исботу далели дар боло оварда шуда ба ту кифоят намекеунад? Магар ба русхо фурухтани Талко манфиат дорад? Сангтударо 75 дар сад сахмияхояшро ба Русия додем, вале у ягон киловат соат баркро ба мо намедихад, аниктараш намефурушад? Баркро ба Афгонистону Покистон ба савдо мезанад. Чаро танхо бояд Талкоро ба Русия бифурушем? Оё намешавад, онро бо шартхои кобили мулохаза ба Чин фурухт?
    Боз гуфтем, ки афсонаи Турачонзода дар мавриди оне, ки Русия дар зимистон баркро аз Узбакистон мехарад, афсонае беш нест. Худуди дусад сол мо аз Русия чи дидем, ки боз мехохем тамоми дороиамонро ба савдо занем.

  28. Ба Фирдавс
    Ту писарам холи бехабар будаи,ки тир аз камон част
    Мо аз русхо пурра вобаста шудаем аз хати кашидаи Медвед Рахмон намебарояд ба Чин фурухтан хам намемонад забони мо кутох!!!
    Хохару модари точик кайхо боз дар музояда хастанд дар кучаю гузаргоххои шахрхои Россия танфуруши мекунанд ба хотири як бурда нон!!!
    Хочи Акбар хоин не хозирбин хастанд Россия танхо руй хотири пойгохи низомияш Равшану Дамшудро аз мулкаш пеш накарда истодааст заводи алюминии сабил боз як вобастаги меорад ва халкро
    Фирдавс ман хам мисли ту медоам ки ба миллат бовари нест лекин кор аз кор гузашт! ин ягона илочи дар назди русхо садокат пайдокардан аст агар худо нафармояду узбак бо урус забон як кунад ана баъд мебини холи точики сарсахту хукумати бефахм чи мешавад

  29. rizvon: oe shumo chashmakzanihoi Turajonzodaro faromush karded joi u boyad dar mahbas boshad
    ———————-
    ЭШР 1000 бор кош паронд аз сессияи 16 сар карда.

    Лекин хамон чашмакии Турачонзодаро ку як бори дигар нишон диханд, ки бубинем, ки он чашмакй дар сар задани чанги шахрвандй чй рол бозидааст.

  30. Банди эзори Адолат ва вайбаринхо дар дасти Сангак ва… буд, на дар дасти оппозиция.

  31. Ба гайр аз баъзе чойхое ки аломати хушомадгуии Турачонзода ба ЭШР ба чашм мехурад, бо хар як харфи ин матлаб розиам.
    Дар замоне ки иктисодхои чахони аз якдигар сахт вобастаанд тагйри сохиби корхона ба манфиатхои милли хеч зараре нахохад овард.
    Хазорон корхонахои Аврупо ва Амрико аз чониби арабхо харидори шудааст, аммо ин муассисахо ва ширкатхо хамоно ба нафъи кишвархое ки дар он мустакаранд фаъолият мекунанд.
    Агар Талкоро Русхо ё дигарон бихаранд, ба точикон фоидаи бештар мерасад ва мухтарам Турачонзода инро аз хама бехтар фахмонданд ва бо забони равону фахмои точики.
    Агар фаромуш накардам соли 97 буд ки мо байни худ ошти кардем, илтимос хамин мавзухои чашмакиву, банди эзору, дигариро дубора зинда накунед.

  32. Дӯстон,

    Ба назари ман, ҳам Раҳмон ва ҳам Тураҷонзода барои ба ин ҳол арсидани тоҷикон гунаҳкоранд. Ин ҳарду дар сар задани ҷанги дохилӣ ва дар сиёсатҳои баъд аз он дар понздаҳ соли ахир мустақиман даст доштанд ва инҳо ҳамаи дороиҳои моро ба Русия ва Ӯзбакистон ва дигарон фурӯхтанд ва аз хуни рехтаи ҳазорон нафар барои худ кушкҳову кохҳо сохтанд.

    Ҳоло меоянд ва барои мо тасмим мегирнанд, ки чи кунем. Ба назари ман, мо ба насли ҷадиде ниёз дорем, ки неруманд бошад ва дониши қавӣ дошта бошад, ва хуйи гуломиро аз сар дур кунад ва на аз Русия бим дошта бошад ва на аз Ӯзбакистон ва битавонад ҳам давлати тоза ва демократие рӯйи кор биёварад ва ҳам заминаҳое барои пешрафти иқтисодии кишвар фароҳам кунад.

    Онҳое, ки мегуянд «мо бояд бо Русия соз бошем, ва агар чунин накунем вой ба ҳоламон мешавад», аз ҷумла ҳамин Тураҷонзода низ, дарвоқеъ тарсуён ва буздилаконе ҳастанд, ки гумон мекунанд, Русия худояшон аст ва Ӯзбакистон хочашон ва касе бо инҳо наметавонад сарбасар шавад.

    Домулло Тураҷонзода, магар ба Худо бовар надорад, ки аз хашми Русия метарсад ва тақозо мекунад, ки барои фурӯ нишондани хашми ин кишвари истеъморгар бояд ҳамаи сарватамонро ба он диҳем???? Имони ӯ то ҳамин ҷо қавист?

  33. Бисёр дилгиру ноумед мешавам, вакте мебинам, ки насли нави кавии мо факат ба шиор задану хамаро айбдор кардан кодир аст, на бештар аз ин.

    Бубинед, бархе аз дустон дар ин чо аз аввал то холо чизе ба гайр аз шиору иттихом надодаанд.

    Ба имони касони дигар чангол задан бисёр зишт ба чашм мехурад.

  34. Дар мактаби мо бо харфхои калон навишта шуда буд ки «Ба хурофот рох нест!» Худо мададгор гуфта акнун куна бо шохи гов чанг андохтани? Пас кишвархои араби хамааш ба худо бовар намекардаст ки дустии душмани Ислом Амрикоро мепазиранд? Як зарра мантик хам лозим аст ку, насли наву бехабар?

  35. Injo ba’ze barodaron a shiorzani ne, balki ba ighvoandozi mashghuland. Agar khusumate nisbat va Turajonzoda doshta boshed injo chi faryod mezaned, raved nazdi u.

    Munosibati khub natanho bo Russiya, balki bo Uzbakon ham zarur ast. Zuri behuda miyon meshikadad guftaand. Yo Shogholero didaed, ki ba Sher hujum kardaast? Kissai Sher, Gurg va Rubohro bikhoned va hama mantik az onjo barmeoyad. Dar ayni hol sardii munosibat bo Russho baroi Tojikon marg ast, ham az nazari iktisodi va ham az nazari siyosi.

    Hukumat, ki az yak taraf vasali onho (khoned Uzbakon Va Russho) bud va kisman hast, inchnin takya ba mardumi Tojikiston namekunad va miyoni obu otash mondaast. Hamai in kashokashiho vasvasai (agoniya) marg ast. Ya’ne rohgum sadaand, namedonand ki rozashonro ba ki guyandu dardashonro ki shunavad.

    Samak

  36. Далелхое, ки дар макола Турачонзода овардааст 100% дуруст мебошад. Лекин мо бояд дуруст фикр кунем. Гайр аз фурухтани он дигар роххои иктисоди будагист, мисол ичора ба муддати муайян. Максад гирифтани ин завод аз дасти дуздон бошад, хама рох хуб аст. Бубинед, ки бо бахси Талко дар суди Лондон Точикистон кариб як миллиард доллар зарар дид. 500 миллионаш накд аз кисаи мардум (хакки адвокатон-120 миллион, 48 миллион- бочи давлати, зиёда аз 150 миллион ба ширкати Норвегия ва дигар маблаги ташрифхои намояндагони Точикистон). Акнун фикр кунед агар хамин маблагхо ба рушди сохибкори, хусусан кушодани корхонахои хурд сарф мешуд. Хозир сохибкорон ба маблаггузори ниёз доранд, зеро кредитхои бонку дигар ташкилотхои карздихи хеле бо фоизи баланд мебошад. Агар хамон маблаг ба сохибкорон ба муддати дах сол, ки 5 солаш бояд имтиёзи шавад (бе фоиз) мумкин аст, ки кисми зиёди мардум аз мухочират даст мекашид. холо мо гуломи махсулоти Чину Эрон намегаштем ва кисми зиёди мардум бо кор таъмин мегашт. Мехостам фикри дигаронро дар мавзуъ бифахмам.

  37. Ман хеле маъюсу дилшикаста шудам вакте ки ин чумлахои Турачонзодаро хондам: «…ман борҳо эълон кардам ва боз эълон мекунам, ки ман дар ҳеҷ гуна интихобот иштирок карданӣ нестам, на дар интихоботи президентӣ, на дар интихоботи парламентӣ. Ман ҳеҷ вақт худро рақиби ҷаноби Президент намеҳисобам ва баръакс, ман намояндаи он кас дар Маҷлиси Миллӣ ҳастам ва эътиқоди динии ман ба ман иҷозат намедиҳад, ки ба Ҷаноби Олӣ кӯрнамакӣ бикунам».

    Мухтарам Хочй Акбари Турачонзода. Шахсан ман ва бисёре аз мардуми Точикистон ба Шумо эътикод дорем. На ба ЭШР! Вай дар давраи калони 17 сол барои мардуми Точикистон чй кори дуруст кард, ки аз ин ба баъд мекунад?! Халка хор кард. Албатта як кисми ба вай наздик бой шуд ва холо аз вай розй хастанду Мухтарам Чаноби Олй мегуянд уро. Лекин вакте ки чанд вакт пеш Шумо хам дар баробари дигар ноодамон дар Кохи Вахдат ду даст пеши бар ба вай тамаллук кардед, мо хеле сарамон паст шуд. Душманонамон бо пичинг гуфтанд, ки «ина козикалони пешвоятон хам 100 фоиз ба ЧО ром шуд, шумоён боз чй даъво доред, хап кунед, худоро ва Эмомалиро шукр гуфта».
    Чаноби Турачонзода, ба хамааш салавот. Ба шарте, ки Шумо номзадиятонро ба макоми раиси чумхурй ин дафъа монед. Халки Точикистон кайхо аз ЭР безор шудагй, хатто хамшахрихояш. Ва иншоаллох мо хама кушиш ба харч медихем, ки Шумо президенти мамлакатамон шавед. Танхо дар ин холат Заводи алюминий кору хисобу китобаш шаффоф мешавад ва фоидааш ба мардум мерасад. Дар дигар холат не.
    Ман ба маслихати Шумо нестам албатта. Вале фикр мекунам, ки чун ин умри кутохи хамаи мо гузарон аст, бояд ба сари баланд зиндагй кунем. Ва Шумо агар худи пагох рафта аз макоми намояндаи (ЭШР) Мачлиси Миллй истеъфо дихед, хеле кори хуб мешавад. Шумо ва наздиконатон, албатта, баъди ин гурусна намемонед. Бо ин кор, ба фикри ман, Шумо хам сари худатон ва хам сари хамшудаи мардумро баланд хохед кард.
    Ин заводи Талко бошад, илохй, аз сарашон монад.

  38. Фаромарз мегуяд:
    //Ба назари ман, ҳам Раҳмон ва ҳам Тураҷонзода барои ба ин ҳол арсидани тоҷикон гунаҳкоранд. Ин ҳарду дар сар задани ҷанги дохилӣ ва дар сиёсатҳои баъд аз он дар понздаҳ соли ахир мустақиман даст доштанд ва инҳо ҳамаи дороиҳои моро ба Русия ва Ӯзбакистон ва дигарон фурӯхтанд ва аз хуни рехтаи ҳазорон нафар барои худ кушкҳову кохҳо сохтанд.//
    Хак аст!
    Турачонзода намехохад ба Чаноби Олияш курнамаки кунад, зеро охири мулки зиедеро ба у муфт ба нарххои ночиз додааст. Эътикоди динияш инчунин уро бояд водор намояд то сахмаке барои сохтани неругоххо бигирад. Аккалан, 100 хазор доллараке аз хисоби он корхонаи коркарди пахтаи Вахдат, ки бо нархи ночиз (100 хазор сомони) бо ишораи Ч.О. ба даст оварда буд. Дигарон он замон ин гуна корхонахоро бо нарххои 10 маротиба бештар харида буданд.
    Хак ба чониби Фаромарзу Табар аст, ки афроде чун Турачонзода бояд ба тоату ибодати худ машгул бишаванд то каме аз гунохонашон аз еди мардум зудуда шавад.

  39. Ислох: Дигарон он замон ин гуна корхонахоро бо нарххои 100 маротиба бештар харида буданд.

  40. Самандар навиштааст: Бисёр дилгиру ноумед мешавам, вакте мебинам, ки насли нави кавии мо факат ба шиор задану хамаро айбдор кардан кодир аст, на бештар аз ин. Бубинед, бархе аз дустон дар ин чо аз аввал то холо чизе ба гайр аз шиору иттихом надодаанд. Ба имони касони дигар чангол задан бисёр зишт ба чашм мехурад.
    ————————————————————
    Хуб бародар, ина танкид намекунем ва мегем:
    ЗИНДА БОД ТУРАЧОНЗОДА!!!! ТУРАЧОНЗОДА – ЯГОНА ИНСОНИ ПОКВИЧДОН ДАР ТОЧИКИСТОН!
    УРРРРРРРРАААААААА!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

    Акнун шумо розй?

  41. Ва дар масъалаи фуруши Талко: ба хеч вачх Талко набояд фурухта шавад.
    Ин рузхо мегузаранд ва рузгори бехтаре дар пеш хохад буд.
    Ман оптимистам ва бовар дорам, ки рузе хукумати сазоворе ин кишварро сардори мекунад ва дар он замон маводи хоми ин корхона дар дохили кишвар коркард шуда ба нафъи миллат хидмат хохад кард.
    Аз пеш кардани Россия мухочирони мехнатиро низ набояд тарсид. Ин мифест бепоя!
    Аввалан, хукумати Рус сару калобаи худро гум кардааст ва дар ин росто коре наметавонад анчом дихад. Виза низ наметавонад чори кунад, зеро будани пойгохи низомиаш дар кишвар зери суол меравад.
    Сониян, чи тавре,ки Узбакистон роххоро баст мо роххое ба Чину Афгонистон ва Киргизистон ккушодем, хамин тавр дар холати рох надодани рус ба мардикорон, (аслан ин мардикори руйдоди нангинест барои миллат, ки батамом обру аз мо бурда) мо мачбур мешавем роххои дигаре муносибу сазовортар пайдо кунем.
    Мард бояд, ки харосон нашавад…

  42. Фаридун шояд ёш асти холо ,а

    аммо зик нашав ,ТАЛКО-ро дар ин замон хеч кас намехарад ,чун ки дар аёйми кризис факат ба зарар кор мекунад. (пас аз кризис хам «почти и даром не нужен «-корхона техники фарсуда шудааст).

    Баъд мегуи ки :»Аз пеш кардани Россия мухочирони мехнатиро низ набояд тарсид. Ин мифест бепоя!… хукумати Рус сару калобаи худро гум кардааст … Виза низ наметавонад чори кунад, ….будани пойгохи низомиаш дар кишвар зери суол меравад.»

    Хукумати Русхоро гаранг хисоб накун- Грузинхоро аз РФ «шамолвори» сур кард,ки даракашон намонд. (хатто барояшон аксарияти шиносномахои шахрвандониро (1991-2007) бекор донистанд) .

    Ичозаи Пойгохи низомиро на аз Рахмону на аз ману ту ,»суол» мекунанд. Шартномахо дутарафа «Барои одобанд » -Ана хамин аст «миф» .
    Ин СУОЛ як аср кабл бо «яроки рус» хал шудааст ваАврупо на Хитой на ИМА , муносибаташро барои ким кадом «t@jik»-хо бо Russia вайрон намекунанд.
    Боз ба ходисахои Осетия-Грузия нигар.
    Сониян рохи охан (стратеги) аз каламрави Узбекистон мегузарад , бо мошинхо аз перевалхои Чиниу Афгонистони ноором хатто як кисми талаботи мардумро таъмин карда намешавад.
    Хуллас дар кишваре ,ки ба истиклолияти АСЛИ нарсидааст ва тобеъи як Империяи абаркудрат аст,
    марди доно бояд хуб фикр кунад ва чи хеле дар боло мисол оварданд «к-нашро бо шохи гов чанг наандозад»

  43. Зихи окои Турачонзода!
    намехостам чизе бинвисам , вале навиштаи баъзе маймунхо маро мачбур сохт то бинвисам. ин хамон давомдихандагони фронти халкиянд. хамон сангакхову лангакхо рустамхову екубхову гаффор седойхо.
    бародарони гироми!
    то ин харомзодхоро аз ватан бо калтак зада хорич накунем хеч гох сохиби ватан нахохем шуд. мо худ гунахкорем. имруз 7 миллион точик дар дасти як калагафси рахмон гаравгон шудаанд. бародарон мурдан авлотар аст аз чунин зистан.

  44. to Фаромарз,

    Ya’ne ki Turajonzoda shaf -shaf guyon shaftolu guftani hast va lek naguft.
    Agar raftu -«SHAFTOLU!!!»- naa’ra mekashid on gah posuxi naara chi budi?

    Фаромарз, on March 6th, 2009 at 4:14 am Said:

    Ҷанобюи Тураҷонзода худаш аз касоне ҳимоят кардааст, ки дар дуздии пули ин корхона бо ин ё он роҳе даст доранд.

    Худи корхона ба худаи худ ҳеч зараре надорад, ин афроде ҳастанд, ки пули онро ва фоидаи онро ба ҷайби худ мезананд, ва ба мардум намедиҳанд.

    Пас дар ин ҷо корхона муқассир аст ё дастдандаркорон ва сиёсатмадорони фосиде, ки пули онро ба ҳисоби фарзандону домодҳову бародарарусону дигару дигарон мегузаронанд ва Тураҷонхзода чандин бор аз ин клани хоин ҳимоят кардааст??

  45. ИН САДО АКСИ САДОИ ХУБЕ ДОД ВАЛЕ АЗ ХУКУМАТ САДОЕ НАМЕБАРОЯД. ИН ОДАМРО ДИЛГИР МЕНАМОЯД. ДАР ХУКУМАТ ХАСТАНД ОДАМОНИ ПОКВИЧДОН ВА ОНХО БОЯД САДО БАРОРАНД…ВАГАРНА ИН ЧАРАЁН ОНХОРО БА ХЕЧИ МЕБАРАД.

  46. Билахира, окои Турачонзода ба эроди бародарамон Рашид, ки 8 март дар ин чо нашр шудааст, ягон хел посух надод. Афсус.

  47. Zinda boshed barodar Turajonzoda, Az mutoliai in matlab KAIF kardem, Khudovand yoraton bod, kosh hama kormandoni hukumat misli shumo andesha merondand.

  48. Бародарони азиз. Лутфан ба хайси назари хеш навиштахои тухматангезеро нагузоред, ки сабаби мурофеъа дар додгох шаванд.

    Банда як матнеро, ки саропо аз тухмату тахкир нисбати окои Турачонзода аст, лагв кардам, зеро намехохам барои суханони бедалел ва истботнашвандаи он дар додгох чавоб дихам.

  49. Онхое, ки зидди Турачонзода харф мезанед, чаро андеша намекунед, ки агар у хак намебуд хукумат ба вай чавоб мегуфт?
    Чаро хукумат чавоб надорад?
    Оё мантикан у дуруст намегуяд?

  50. Муаллиф (чаноби Турачонзода) факту далелхои чолибро овардаанд. Вале дар гумон аст, ки бо фуруши Талко ба Русия мушкилоти мо хал шавад. Ки метавонад замонат дихад, ки Русия баъди харидани ин корхона зимистони барки арзонакаки моро монда, аз дигар кишвархо барки киммат мехарад? Боз хам ин хукумат баркро ба русхо фурухта мардумро бебарк хохад монд. Барои русхо хам сарнавишти мардуми мо «пофигу» аст. То ин хукумате, ки мардуми шарифи шимол дар Кохи Арбоб асоси онро гузоштанд, аз байн наравад, на фуруши Талко ба дарди ин миллат мехурад, на эътирозхои Турачонзода.

  51. Бародарони гироми хама сухан кардед ва кардани хастед,ман як чизро гуфтаниам ки ман худам шахсан аз кулоб ва ба иззати нафси касе ва касеро хакорат кардани хам нестам як чизро гуфтаниам ки дар вакти нависондан илтимос суханхоятонро дониста гуед.Аз босавод буданатон маълум,ки чунин суханхои кабехро дар васфи кулобихо гуфтаед,1 он чанги бародар кушие ки буд аз бесаводии миллат авч гирифт».2 Мухтарам Эмомали Рахмон нагз аз ухдаи вазифа баромада истодааст дар вучуд будани хукумати русхо мо ин кадар роху ин кадар пешрави надоштем он чизе ки президенти мухтарам кардаистодааст аз акли рассост лекин бародарон каме андеша кунеду баъд нависед.Агар он кадар боакл бошед аз дашном кардан андешахои хуби худатонро нависонед ин хуб нест магар фикру акидахое ки бо гуфти худатон доред пешниход кунед ин хуб нес магар. Аз Эмомали Рахмон бародарон нанолед он чи ки у ккардаистодааст ин ба манфиати худи мардуми точик ва точикистониён аст,Як порча замине ки дорем онро пароканда накунед бе ин хам кисми зиёди заминхоямон дар дигар давлатхост,Дар охир инро гуфтаниам ки руссия хеч гох ва хеч вакт ободии Точикистонро намехохад ва нахохад буд як мисоли одди кадом хамсояи бодавлат мехохад ки хамсояи у низ мисли у бой бошад 4 одаме ки дар чумхури дорем бо хам забон як карда наметавонему боз мегуед ки ватан обод нест ободии ватан аз хамдигар фахми ва аз дустии мову шумо вобастаги дорад Зинда бод Эмомалии Рахмон кахрамони миллати точик обуруи миллати точик,иншооллох дигарон аз моён чи тавр зиндаги карданро меомузан.Бародарони азиз нанолед хечгох чунки чун Эмомали Рахмон ин марди бузург аст.Дар сухан нависондан ба дагали рох надихед бародарони азиз дагали ин аз руи одоб ва шариати исломи нест худро мусулмон мехисобеду лек аз чорчубаи исломи берун мебароед
    ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ,
    ХАР АЙБЕ КИ ХАСТ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ
    Ман аз Кулоби бостони,зиндаву човид монед точикистониёни азизам хамаи Шумоён додар ако хохар апо ва падару модари манед ТОЧИКИСТОНРО бо точиконаш бо сарлашкараш дуст дорам

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: