Корномаи Хокимшо — хокими собики «Точик-Эйр»

Бахриддин Султонов, шахри Душанбе

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 20-уми ноябри соли 2008 Хокимшо Тиллоев, раиси ширкати хавопаймоии «ТочикЭйр» аз вазифааш сабукдуш гардид.

Шояд бисёрихо фикр мекунанд, ки ин тасмими хукумат дар идомаи хамон сиёсати иваз кардани рохбарони идорахо ва вазоратхо сурат гирифтааст. Зеро маъмулан дар охир ё огози хар сол ин гуна тагйиротхои кадри дар сохторхои давлати ба амал меояд.Аммо дар мавриди Хокимшо Тиллоев мавзуъ факат бо тагйироти кодри дар сохторхои давлати ба поён намерасад.

Ин чо амалхои гайриконуни ва дуздии миллионхо сомони пули давлат матрах аст,ки бо ширкати бевоситаи ин мансабдори собик анчом гирифтааст. Ба хотири тасдики ин гуфтахо холо танхо чанд сахифаи дафтари аъмоли ин шахсро варакгардон мекунем.

Хокимшо Тиллоев билофосила пас аз таъин шудан ба вазифаи директори генералии КВДХ «Точик-Эйр» корро аз хусуси кардани баъзе аз иншоотхои вобаста ба ин корхонаи давлати огоз намуд ва бо ин максад чанд ширкати хусуси ташкил кард. Аз чумла ширкати хусусии «Ёвар» таъсис ёфт. Ин ширкат дар худуди фурудгохи шахри Душанбе бо нарххои баланд ба фуруши маводи гизои машгул буд. Неъмат Файзуллоев, ки аз хешовандони наздики Х.Тиллоев аст, рахбарии ин ширкатро бар ухда дошт. Ширкати дигар, таъмини Хадамоти озукавории КВДХ «Точик-Эйр»-ро анчом медод ва раиси он Чонмахмад Файзуллоев, хеши дигари Х.Тиллоев буд.
Х.Тиллоев дар андешаи ёфтани роххои нави кумак ба ин ширкатхои таъсисдодаи худ буд. Бо ин максад худуди фурудгохро, ки ба толори расмии пешвози мусофирон пайваст мебошад, хамчуни истгохи хусусии мошинхоро ба ширкатхои хешовандонаш дод. Харчанд таъмиру бозсозии ин истгох аз хисоби маблагхои ширкати хавопаймоии Точикистон анчом шуд, даромади онро ширкати «Ёвар» ба киса мезанад.

Маводи сухт ва равганхои молидани, аз чумла керосини ТС-1-ро X. Тиллоев аз ширкати «First Amerika» бо нарххои нихоят баланд ворид мекард. Хар тонна керосини авиатсиони барои хавопаймохо аз Русия бо нархи 1500 доллари ИМА харидори шуда ва бо киммати 1700 доллари ИМА ба фуруш мерасид. Хамчунин кормандони анбори маводи сухти ширкати «Точик-Эйр» ва ронандагони он ба аъмоли гайриконунии раиси «Точик-Эйр» хамрох шуда, як тоннаи ин керосинро ба ширкатхои дигари хавопаймои бо нархи 1900 доллари амрикои, албатта бо пули накд мефурухтанд ва ин доду гирифт дар ягон чо сабт намегардид.

Раиси собики «Точик-Эйр» ба ин хам каноат накард ва соли 2007 дар шахри Маскави Русия  ширкати хусусии худро бо номи ООО «Тилло» ташкил кард ва танхо дар се мохи аввали соли 2008 ба суратхисоби ин ширкат 38 хазор доллари ИМА гузаронд.

Корхои таъмиру сохтмон дар иншоотхои вобаста ба КВДХ «Точик-Эйр» аз тарафи сардори шуъбаи сохтмони асоси (ОКС)-и ин корхона Рахимов Таварали ба ичро расонда мешуд. Нархи корхои сохтмони бамаротиб аз кимматхои вокеъи зиёд нишон дода мешуданд. Масалан, барои хар як манораи дидбони (6 то чунин манора сохта шудааст)12 хазор доллари ИМА харч карда шудааст, ки ин маблаг 7-8 маротиба аз нархи вокеъии корхои сохтмони зиёдтар мебошад. Ширкати «ТочикЭйр» дар нух мохи соли 2008 ба ширкатхои хусуси барои корхои таъмир ва сохтмон дар фурудгохи шахри Душанбе беш аз 12 миллион сомони чудо кардааст.

Харчанд харидории кисмхои эхтиёти барои хавопаймохо аз Русия ва Чин ба воситаи шуъбаи таъминоти моли ва техникии КВДХ «Точик-Эйр» анчом мешуд, аммо Х.Тиллоев ин корро хам шахсан худаш назорат мекард.

Маблагхое, ки Хокимшо Тиллоев бо роххои гайриконуни ба даст меовард, иштихои беинтихои уро боз хам бисёртар меовард. Акнун уро фикру андешахои нави пулёби ором намегузоштанд.

Вай бо суйистифода аз вазифаи хизмати дар хамкори бо хешовандаш Файзуллоев Гулмахмад ва хамсари у Сковская Александра Александровна, директори генералии ширкати «Салют», ки дар сурогаи шахри Маскав, нохияи Царицыно, кучаи Луганского 4, хучраи 264 вокеъ аст, гурухи билет ё чиптафурушонро ташкил карданд. Ин гурух билети парвозхои ширкати «Точик-Эйр»-ро бо нарххои баланд ва дандоншикан ба мусофирон мефурухтанд.Онхо барои равнаки тичорати худ бо баъзе аз шахрвандони Озарбойчон, ки бо гурухи чинойии Маскав хамкори доштанд, забон як карда ва якчо ба фиреби мардум машгул буданд. Мухочирони мехнатии точик бештар «туъма»-и ин гурух мегаштанд. Онхо дар харидории билети парвоз барои бозгашт ба Точикистон бо мушкилоту мавонеъи зиёд ру ба ру мешуданд. Бидуни шак чунин вазъият нобоварии бисёре аз мухочирони точикро нисбат ба Хукумати Чумхури зиёдтар мекард.

Акнун Хокимшо Тиллоев худро хокими мутлаки давру замон эхсос карда, дар пайи ёфтани «лукма»-хои калон ва муфт буд. Мохи январи соли 2008 у бо Сохибназаров В.С., Президенти ширкати хавопаймоии UMS (ИМА), ки шахрванди Узбакистон аст, бидуни мувофикаи вазорати корхои хоричаи ЧТ шартнома баст. Мувофики ин шартнома ду чархболи ширкати хавопаймоии Точикистон (МИ-8 МТВ № 25438 ва МИ-8 МТВ №25167) бояд дар худуди кишвари хамсояи Афгонистон ба хамлу накли борхои башардустона машгул мешуданд. Аммо дар асл ин чархболхо ба интиколи силоху мухимоти нерухои НАТО, ки дар каламрави Афгонистон чойгир хастанд, машгул буданд.Соати кори ин чархболхо 1300-1500 долари ИМА мукаррар шуда буд, дар асл бошад Х.Тиллоев аз ширкати UMS барои хар соати кори ин чархболхо 2200-2300 доллар меситонид ва маблаги зиёдатиро аз худ мекард.

Дар ин амали Х.Тиллоев ду мавриди вайрон кардани конун чо дорад. Аввал ин ки вай супориши Раиси Чумхури Точикистонро (№ 226 аз 14 июни соли 2005) дагалона вайрон карда ва бе мувофикаи Вазорати корхои хоричаи ЧТ бо ширкати  UMS шартнома имзо кардааст. Дуюм, тибки Конвенсияи Чикаго (аз соли 1944) истифодаи хавопаймохои мулки ва ё шахрванди дар амалиётхои низоми катъиян манъ аст.

Амалхои манфиатчуёнаи Х.Тиллоев бо ин хотима намеёбанд. Вай мохи апрели соли 2008 бо ширкати хавопаймоии хусусии Чумхурии Исломии Эрон- «Тобон-Эйр» барои ба ичора додани як хавопаймои  Ту-154М –и «Точик-Эйр», тахти раками 85631 карордод имзо кард. Ин хавопаймо дар масири «Техрон-Сурия-Шарча-Техрон» парвоз мекард ва маблаги  ичораи он барои хар соати парвоз 1100-1200 доллари ИМА-ро ташкил медод. Аммо Х.Тиллоев барои хар соати парвози хавопаймо 2200-2300 доллар меситонид.

Раиси собики ширкати хавопаймоии «Точик-Эйр» бо ширкати хавопаймоии «Вим авиа»-и Русия шартнома баста ва хатсайри «Душанбе-Маскав-Душанбе»-ро бо шумораи парвозхои 627 ва 628 ба ин ширкат фурухтааст.Ин парвозхоро хайати шахсии хавопаймои «Боинг 757-200», ки шахрвандони Русия мебошанд, анчом медоданд. Мувофики карордоди «Точик-Эйр» ва «Вим авиа» соати кори ин хавопаймо 2700-2800 доллари ИМА-ро ташкил мекард, аммо Х.Тиллоев аз ин ширкати руси 4500-5000 доллар барои хар соати парвози ин хавопаймо меситонид.
Як «кахрамони»-и дигари Х.Тиллоев ва хамдастонашро бояд ба таваччухи тамоми мардуми Точикистон бирасонем. Солхои охир дар мавзуъи харидории хавопаймохои «Боинг» барои ширкати «Точик-Эйр» бисёр сухбат шудааст. Х.Тиллоев дар хамкори бо Точиддин Пиров, раиси чамъияти саххомии шакли кушодаи «Точиксодиротбонк» як хавопаймои «Боинг 757-200»-ро аз шахри Атлантаи ИМА ба ичора гирифтанд, ки дар холати бади техники карор дошт. Бо ин максад Х.Тиллоев аз Т.Пиров 5 миллион доллар гирифта ва ба ширкати амрикои додааст.
 Х.Тиллоев ният дошт, ки мувофики ин шартнома дар муддати 4 солу 7 мох ё 55 мох, хар мох аз тарики «Точиксодиротбонк» ба он ширкати  амрикои 280 хазор доллар пардохт кунад. Яъне дар мачмуъ маблаги умумии ичораи ин хавопаймо 20 миллион долларро ташкил хохад дод. Аммо нуктаи чолиб ин чо хаст, ки фоидаи ба дастомада аз истифодаи ин хавопаймои ба ичора гирифта шударо Х.Тиллоев ва Т.Пиров бо хам таксим мекардаанд.

Х.Тиллоев дар замони рахбариаш бо суиистифода аз макоми давлатиаш заминеро, ки ба КВДХ «Точик-Эйр», дурустараш ба Хадамоти таъмини маводи сухти фурудгохи Душанбе тааллук дошт, бо киммати 200 хазор сомони харидори карда  ва хуччатхои онро ба номи яке аз хешовандони наздики сардори Хадамоти сузишвори ва равганхои молидании «Точик-Эйр» Файз Расулов тартиб додааст. Шохидони хол мегуянд, ки ин замин дар асл ба худи Хокимшо Тиллоев тааллук дорад.

Х.Тиллоев дар давраи фаъолияти рахбариаш дар КВДХ «Точик-Эйр» фикри истирохату фарогати худро хам дошт. Вай дар худуди дехаи Бегари дараи Оби Чапари нохияи Варзоб дар масохати 70 сотих барои худ як фарогатгохи дакаданг сохт. Ин кори баде нест, бисёре аз мансабдорони мо аз ин гуна «фазенда»-хо доранд. Аммо афсус, ки ин истирохатгохро хам Х.Тиллоев аз хисоби маблагхои корхонаи давлатии «Точик-Эйр» сохтааст. Гузашта аз ин 2000 бех нихоле, ки замини ин фарогатгохро оро медиханд, дар чараёни сафархои кории Президенти Точикистон ба кишвархои Араб, Хинд ва шахри Сочи дастрас шуда ва пули онхо хам аз хазинаи ширкати давлатии «Точик-Эйр» пардохта шудааст. Неругохи хурдеро, ки ин истирохатгохи акои Хокимшоро 24 соат дар шабонаруз ва 366 руз дар тамоми фаслхои сол равшан нигох медорад, низомиёни фаронсави, хамон нафароне, ки дар худуди фурудгохи шахри Душанбе чойгир хастанд,ва коргарони чини сохтаанд.

Сохтмони ин неругох боиси норозигии ахолии дехаи Бегари нохияи Варзоб гашт ва онхо аз тарики интернет ба Президенти кишвар шикоят бурда буданд. Охир дар фасли зимистон онхо хатто барои чанд соате хам аз истифодаи неруи барк махрум хастанд, аммо Хокимшо Тиллоев дар хучрахои гарму равшани фарогатгохи худ кайфу сафо мекунад. Ачаб дунёе!!!

Х.Тиллоев дар замони раисиаш дар «Точик-Эйр» чи корхое ки накардааст! Дакиктараш даххо нафар аз зердастонаш дар хидмати раис «камари химмат» баста буданд. Масалан, сардори шуъбаи кадрхои ширкати «Точик-Эйр» Савлатби Нигмоновна ва сардори Хадамоти мехмондорон ё стюардессахои ин ширкат Назаршо Мамадносиров барои фуру нишондани эхсосоти шахвонии директори генералии худ зуд–зуд озмуни кабули чавондухтарон ба корро мегузаронданд. Акои Хокимшо аз миёни ин чавондухтарон нафаронеро барои «ишкварзи» интихоб мекард то нафси шахвонии худро ором бисозад. Чо доштани чунин ходисахоро баъзе аз ин духтарони фиребхурда ба воситаи интернет ба таваччухи Раиси Чумхури Точикистон расонда буданд.

Х.Тиллоев дар муаррифии номуносиби чумхурии мо дар кишвархои хоричи хам «хизматхои хирсона»-и зиёде кардааст. Аз чумла вай дар хамдасти бо Калсов Ю.Ю., муовини Хадамоти танзим ва назорат дар сохаи наклиёти Вазорати наклиёт ва коммуниктсияи Точикистон 13 адад хавопаймохои ширкатхои хоричиро, аз чумла ду хавопаймои ИЛ-76, се хавопаймои АН-12, хафт адад хавопаймои Боинг 747-200-ро, ки ба ширкати хусусии «ИстЭйр»-и Киргизистон тааллук доштанд, аз нав дар чумхурии Точикистон сабти ном кард. Акнун ин хавопаймохо, ки хамаашон дар «руйхати сиёх»-и ширкатхои хавопаймоии чахон дохил буданд, аз номи Точикистон дар Ирок, Афгонистон, Африко, Аморати Муттахидаи Араби ва кишвархои дигари ноороми дунё фаъолият мекунанд. Яъне фоидаи ин амалро  Х.Тиллоев ва Ю.Калсов медиданд, аммо зарару бадноми ба Точикистони бе ин хам бечораи мо!

Биёед дар охир хисоб кунем, ки аз ин хама аъмоли манфиатчуёна  Хокимшо Тиллоев ва хамтабакхояш чи фоида гирифтаанд. Дуруст аст, ки шумурдани пулу сарвати дигарон кори хубе нест, аммо маъзарат мехохам! Хамаи ин маблагхо моли давлат ва мардуми чумхури хаст, ки Х.Тиллоев бо роххои гайриконуни аз они худ кардааст.

1. Бар асоси шартномае, ки Х.Тиллоев бо ширкати «Ёвар» (хамоне, ки раисаш аз хешовандони наздикаш хаст) бастааст, то соли 2012 барои хидматрасони ба мусофирон дар худуди минтакаи ба истилох «тичорати озод»-и фурудгох барои хар як мусофир ба «Ёвар»-аш 5 Евро мепардозад. Масалан, дар шаш мохи соли 2008 «Точик-Эйр» ба хисоби бонкии «Ёвар» 2 миллиону 862 хазор сомони маблаг интикол кардааст.
2. Х.Тиллоев дар давоми ду соли кораш дар вазифаи раиси «ТочикЭйр» дар Маскав ду хонаи духучрадор харидори кардааст.( Кучаи Цветной Бульвар, гузаргохи Колобовский, бинои 9/2, хонаи 23 ва кучаи Осташевский, бинои 4, хонаи 55)
3.Мохи декабри соли 2007 ба хисоби худ дар бонки «МДМ» 721 хазор доллари ИМА гузарондааст.
4.Ба хисоби худ дар бонки «Россия» 420 хазор Евро ворид кардааст
5.Ба «Алфабанк» 40 хазор доллари ИМА интикол кардааст
6. Ба «АлфаКапитал» 33 хазор Евро гузарондааст. 20 июли соли 2007 32 хазор доллар ва 26 июли соли 2007 11 хазор доллар ворид кардааст.

Амалиётхои зерини дигар то мохи декабри соли 2007 сурат гирифтааст:

13 ноябри соли 2007-ба хисоб дар «Кафолатбонк»-и Душанбе 700 хазор доллари ИМА;
14 ноябри соли 2007 интиколи ашё ба ЧСК «Трейдинг Ойл» ба маблаги 419 хазор доллари ИМА;
16 ноябри соли 2007 интиколи ашё ба ЧШСК «Строй Самолёт» ба маблаги 54 хазор доллари ИМА;

Маблаги  Х.Тиллоев дар бонки «Алфа Капитал» то 21 августи соли 2008 321 хазор доллари ИМА буда ва мохи сентябри соли гузашта 123 хазор доллари дигар ба ин хисоб ворид карда шудааст.
14 сентябри соли 2008 аз номи Х.Тиллоев 250 хазор доллари ИМАба Чумхурии Чех, ба номи Филипп Марко Антович гузаронда шудааст.
5 сентябри соли 2008 ба хисоби бонкии Х.Тиллоев дар бонки «Россия» 119 хазор доллар ворид карда шудааст.
17 сентябри соли 2008 ба ин хисоби бонки боз 83 хазор доллари ИМА дохил шудааст.
18 сентябри соли 2008 боз 162 хазор доллари дигар ба хисоби Х.Тиллоев ворид гардидааст.

Дар мачмуъ танхо дар мохи сентябри соли 2008 маблаги 1 миллиону 58 хазори доллари ИМА ба хисобхои бонкии Х.Тиллоев дар бонкхои дар боло зикршуда ворид шудааст.
Ва 18 сентябри соли 2008 аз бонкхои ба истилох «офшори» (офшорный банк), ки дар чазирахои Конори (Канарские острова) вокеъ хастанд, аз номи як шахрванди славянитабор 375 хазор доллари ИМА ба хисоби бонкии Х.Тиллоев гузаронда шудааст.

Достони «корнома»-хои Хокимшо Тиллоевро мехонеду хатман саволе дар зехни Шумо пайдо мешавад. Рохбарони Ожонси назорати моли ва мубориза бо коррупсия ва Додситонии кулли Чумхурии Точикистон аз ин аъмоли гайриконунии раиси собики ширкати хавопаймоии Точикистон –«Точик-Эйр» магар хабар надоштанд? Чаро онхо дидаю дониста аз рафторхои гайриконуни ва зидди давлатии чунин мансабдорон чашм мепушанд? Чаро бояд хамеша чилави амалхои гайриконунии чунин мансабдорони давлатиро Раиси Чумхури Точикистон бигирад?
Ва мухимтар аз хама, агар худи Раиси Чумхури Точикистон ин шахси шумораи аввали арсаи хавопаймоии Точикистонро охири соли гузашта аз кор барканор намекард, садхо нафар мусофирони бегунох боз чанд соли дигар аз амалхои манфиатчуёнаи Х.Тиллоев зарар медиданд?
Суолхое, ки посухи онхоро танхо дар додгох шунидан мумкин аст.

Аз номи хайати шахсии «Точик-эйр»
Султонов Бахриддин, 4 феврали соли 2009,
шахри Душанбе

25 Responses

  1. Ин навигари нест, ин системаи рахмонови, ки соли 17-ум равон аст! Факати системаро решакан мекуниву ба ин нолахо хотима мебахши.
    Як ба интеллегенцияаш бодиккат нигох кун, ба ки ва ё чи табдил ёфтааст. Давлат нест шуда истодааст, интелегенция хамдигарро ба режим хариду фуруш дорад! Бо гапхои сафсатаи «соли об», «соли ориёи», «соли Имоми Аъзам» дахони мардумро ширин карда, давлати муфт ба дастовардаро нобуд карда истодааст!
    Хамин вокунишхои торнигорро назар кун, хамон тафаккур, хамон рафтор! Масхарабози, ахмаккуни, тахкиркунии чанд нафари хануз ба вичдони точик!
    Чунин ба назар мерасад, заволаш наздик аст, ин пода хеч миллат нашуд, ки нашуд!

  2. Агар як чиновникчае ин кадар дуздида бошад, вой бар холи ин мардуми сарсахт, ки вазиру кабиронаш чи кадар дуздида бошанд! Шояд агар ин хама дуздихо баргардонида шаванд, 10 «Рогун» мешавад сохт! Рахмонро бояд сари хамин андеша нишаст ва хамаи ин ёронашро ба махбас кашид. Харчанд ин хобу хаёле беш нест…

  3. Хокимшо Тиллоев: «Хайр, чй, дигархо на широкую ногу жит кунанд, ман шинам-мй? Инро убол мегуянд. Убол!»

  4. Вакте Вячеслав Сохибназаров дар Душанбе буд, дар як сухбати хосса сахт Тиллоевро кабух дод. («дар д… Тил… г…» ) Гуфт, ки Хокимшо аз у карздор будааст.

  5. *кабех

  6. Шумоам дар вазифаи Тиллоев мебуден хамхе мекарден даже еще хуже! так что давайте не будем строить из себя честных….

  7. так давайте не будем ааа… вы на его месте так же поступили бы! ведь вам тоже хочется нормально жить! так что я отвечаю за любого кто тут пишет и про того кто напечатал эту статью ВЫ дважды хуже сделали бы будь вы на кресле Тиллоева…. гады!

  8. Мой дорогой Нефертити,

    воровать и нормально жить — это разные вещи.

    Означает ли что вы как свидетель подтверждаете написанное?

    А за слово «гады» можете полететь в тюрьму на 2 года!

  9. Ин бешарафи Тиллоев холо дар кучо бошад? Дар махбас ва ё дар Сохолхои Кариб.
    Султонов Бахриддин, ин кадар ки фасодхои Тиллоевро аник дар даср доред, чаро дар вакти раис буданаш нагуфтед.

  10. Як чураам, ки холо дар Аморати Араб кор ва зиндаги мекунад вакте барои дидори хешовандош омада буд, дар бораи саргузашти «воломакомони» мо дар Дубай бисёр чизхои чолибро накл карда буд. У хамчун иктисодшинос гуфта буд, ки агар хамаи пулхои гораткардаи «чиновникони» точикро чамъ кунем, барои хуронидану пушонидани ахолии Точикистон ба 20 сол мерасад, дар холе, ки хама бекор бошад.

  11. Нефертити! очень странная имя
    может ты тот сами Тиллоев?
    Или ты тоже кормиш своих детей грязьними денгами? ГАД

  12. Нефертити!

    Магар ба адлу инсоф ва Ватандустии самимонаи хеч кас бовар надоред, ки чунин суханхо мегуед: «Шумоам дар вазифаи Тиллоев мебуден хамхе мекарден даже еще хуже! так что давайте не будем строить из себя честных….»

    Агар ба адлу инсоф бовар надошта бошед, мусалмон хастед ё на? Хатто кофирон хам дар Амрикову Аврупову Осиё мо мебинем, ки чомеашон дар асоси ростиву хакикатчуи ва адлу инсофу баробарии нисбатан бештар асос ёфта, рушд мекунад. Агар на мусалмон бошед ва на кофир, пас бо тарафдории ин гуна дуздиву харомхури ва амалхои пасту нафратовар будан, худро ба хайвон баробар кардани хастед? Агар ха, пас гилае аз шумо надорем.

    Мо ба адолат ва инсофи инсони ва Ватандустиву марди бовари комил дорем. Иншооллох, рости хамеша аз кажжи галаба хохад кард ва мову шумо хатман шохиди дигаргунихои нек хохем шуд. Худо бузург аст!

    Худо хамаи мову шуморо максадхои нек бирасонад.

    Саломат бошед.

  13. Сад дар сад аз суханони тилоии Ботур пуштибонй мекунам. Э кош ҳама ҳамин гуна фикр мекард!

  14. на азизон на!
    бовар намекунам ки ин хама бе ищтироки ЧООБОЛИ гузашта бошад.
    БАРОДАР АФШИН!
    чи хуб пешниходе карди ман аз ин ПЕШНИХОДАТ дастгири хохам кард.
    вой бар холи миллат ки чунин говсаворхо раисонаш шудаанд ВОЙ!!!!!!!!!!!!!!!!!

  15. Дустони Азиз. Биёед як номае оид ба баркарор сохтани эъломияи Хукми Катл ба Раиси Чумхур бинависему фиристем.

  16. Хамаи Шуморо ва худи Торномаро барои сухбат ба Сухбатхонаи(Форуми) Ватанвеб таклиф мекунам. Ончо мардуми зиёде хаст ки аз фикру акидахои шахсхои мисли шумо бомаърифат ташна хастанд.

  17. Ин чо як бародар дашному тахкир навишт ва биноан навиштаи вай нест карда шуд.

    Касе ки беэхтиромй мекунад, аз ширкат дар бахсхои мо комилан махрум мешавад!

    Лутфан одоби инсониро нигох доред.

  18. Я одно хочу сказать Тиллоев вас здорово сделал раз вы до сих пор ноеете даже его с поста сняли вы не успакоились вот думаю аламдидахо)))))))))))) каждая собака в аэропорту брала и берет взятки еще раз повторюсь что вы из себя честных строите???? ведь те кто это пишут все сотрудники авиакомпании, которых Тиллоев выгнал вот они и до сих пор от обиды сидят и пишут что хотят……

  19. шумо чи нависта истодаед?? мы же взрослые люди дар кучо шумо дидаед ки банк маълумот дар бораи счети як кас додааст?? не один уважающий себя банк не даст информацию о своих клиентах и об их счетах!!! чи даркор одамро хамин хел тухмат кардан, не пойман не вор!!!!!! за все что Тиллоев сделал сам будет отвечать! вы о себе подумайте вы же тоже совершали не мало ошибок, так что никто не идеален!!! хар касро гураш чудост!!!!!!

  20. Салом.
    Ман як чизро намефахмам ки чаро баъэехо ин гургонро тарафдори мекунанд? Агар 10 долларро гайри конуни, бо фиреб ба даст оварда бошанд, ин гунох аст, чаро ки бубинед чи тавр мардуми мо кашшоку бенавоянд, кудакони ятиму бепарастор, гушна, бесавод дорем, хакки онхоро мехуранд. Обуруи моро мерезанд, занонро ба фахшу нопоки мубтало мекунанд. Офарин ба нафаре ки ин хама камбудихоро ба мо рушан кардаанд.
    Рустам, шумо хеле дуруст чавоб гуфтед ба он нафаре ки гуе точик асту на танхо забонгумкардаст, инчунин фахмиши байни халолу харомро хам гум кардааст. Ман бовар дорема ки рузе, охи хамин ятимони, ононе ки аз гуруснаги ва нодори азият мекашанд ин дуздони беинсофонро мегирад, курашон мекунад.

  21. Ya dumayu shto ranshe on delil svoy dokhod s Rahmonom ili ego docheryu, navernoe teper im zakhotelos imet’ vsyo. Ved tak je lutshe, zachem Rahmonu i ego dochke s nim deli’sya. Mojno podumat’ oni ne znali shto tvoritsya. Znali ochen daje prekrasno znali. Vsya systema Tajikskoy Politiki tikhnet, ot neyo vonyaet.

  22. хукуматро нав кардан даркор . танхо дар як аэропорт е як система ин хел нест точикистон пурра ба ин система гузаштааст. вакт аз оне ки ягон% фоиз корконахои саноати кор намекунанд .хадди нихоии музди маош 60 сомони аст ки дузди намекунад? аз вазиру сарвазир саркарда кофта барои хамааш дузданд

  23. Ассалому алайкум! Бародарон ман хамчун шахрванд ва андозсупоранда аз сардори тозаинтихобшудаи агентии корупсия талаб мекунам, ки фаъолияти корхонаи фаръии «ТочикАйр» сар карда аз солхои 2001-ум то давраи тачдид (мувофики конун вучуд доштани харакатхои чинои дошта) аз сари нав бо якчоягии экспертхои холис, иктисодчиён, хухукшиносон тафтиш гузаронида шавад. Аз натичаи тафтиш ба Хукумати чумхурии Точикистон, макомотхои салохиятдор ва васоити ахбори омма хабардор карда шавад. Мо мехохем донем, ки ин кадар маблагхои бо хуни чигар супоридаи халки мехнаткаш ба кучохо сарф щуда истодаанд ва агар дар хакикат чиноят содир шуда бошад гунахкорон хатман бояд чазо гиранд.

  24. Мухтарам Бахриддин Султонов! Аз бахридини мубини ислом навиштахои Шумо магар аз руи гараз немт? Ё ки набера ё писари бобои Султонам гуфта сафсатаву дуругнависиро ба худ раво медонед.
    Хакикат ин аст,ки дар шахри Москов кучаи Осташевская нест. Хаст кучаи Осташковская. Дар кучаи Осташковская бинои 4 бошад, корхонаи вохиди давлати (ФГУП Дом моделей специальной и рабочей одежды тел. (495) 184-83-54: 183-8322.) арзи хасти дорад. Метавонед занг занед ва фахмед: Шояд Тиллоев Х. чандин миллион доллари ИМА дода харида бошад? Шуморо бо чанд хазор доллар харидаанд, ки чунин игво андозед?
    Дуввум дар Москов кучаи Цветной бульвар нест. Хаст метро Цветной бульвар ва хиебони цветной бульвар. Дар гузаргохи Колобовски 9/2 бинохои маъмури арзеби доранд. Сафсатанависиро камтар мекардеду як бор пеш аз дуруг навиштан наздик месанчидед , ки хонаи 23 вокен аз кист?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: