Хосияти чамбаршохй ё «чорвои калони шохдор»

gov_korova

Ба бархе аз афрод лақаби «Гов»-ро муносиб мебинанд, вале фикр намекунанд, ки гов агар забони гуфтор медошт, шадидан эътироз мекард. Гови бечора забон надорад ва ҳарчанд шояд мефаҳмад, ки чаро афродеро бо номи он хитоб мекунанд, бовар дорад, кореро ки чунин афрод мекунанд, ягон чамбаршох дар умри сараш намекунад.

Ба бузургтарин говсифатҳо лақаби дигарро раво медоранд: «Гови худо». Ин ҷо дигар тафсире зарур нест. Сухан аз афроде меравад, ки дар говигарй ягонаи даврон ва ҷаҳонанд. Онҳоро худо дар як экземпляр офаридааст. Барои ҳамин ба он мегӯянд, Гови худо. Супер-гов.

Дар байни ин ду бахш, яъне «Гов» ва «Гови худо» подаи дигаре қарор дорад, ки онҳоро «Гови бешох» унвон гузоштаанд ва ба онҳо мегӯянд, «агар шох медошт, як оғилро пур мекард.»

Не, сухан аз буққаҳо намеравад. Давраи буққаҳо гузашт. Шояд нагузашту балки ба таври ором ба давраи говҳо интиқол ёфт. Онҳоеро, ки намехостанд, аз буққагӣ даргузаранд, ба маҳбасҳо ҷой карданд. Ҳоло қариб ҳар камераи маҳбас як буққаи худро дорад. Бархе аз буққаҳои «хатарнок»-ро ба камераҳои якка ҷойгир карданд, бизананд бо шохҳои чамбар дару девори зиндонро!

Буққаҳои боқимондаро ахта карданд, то дигар суде барои буққагарй надошта бошанд. Оромтарин пода аз говҳо таркиб меёбад.

Гов будан бисёр бартариҳо дорад. Чизеро ки намешавад, бо донишу фаҳмишу ҳунар ба даст овард, мешавад, бо говигарй аз худ кард. Дар баҳсе, ки далели устувор надорй, як шох ҷунбондан кофист, ки назарияи илмй ба фоидаи ту ҳал шавад. Баъдаш, агар танқид зиёд шавад ва ҳақиқат ҳам дошта бошад, беҳтарин роҳ и халосӣ дум афшондану ба роҳи худ рафтан ё сар хам кардану худро банди алафхӯрй гирифтан аст. Ин фили аблаҳ аст, ки ба ак-аки саг эътибор медиҳад, гов парвое намекунад ва ба роҳи худ рафтан мегирад.

gov

Дар нисбати гов ҳама чиз бахшанда аст. Хайр чӣ шудааст, ки ногаҳон дар байни роҳ тӯдаи бадранге аз ақибаш партофт? Магар ба шумо дар ин сардиҳои зимистону бегазию бебарқй тапак ворй маводди беҳтарин сӯхт даркор нест? Бардореду ба девор занед, то хушк шавад. Албатта, на ба девори қасри ҳукумат ё додситонии кулл, девор ки кам нест. Дар панҷум этаж бухорй шинондед, шуд ку. Акнун ба ҳамон деворҳо тапак занед. Баъдаш бисёр ингу минг ҳам накунед. Гов гов аст, хоҳад тапак мепартояд, хоҳад об сар медиҳад. Аз гов чй мехоҳеду чй интизор доред? Худо онро ҳамин гуна офаридааст. Агар ба гунаи дигар мебуд, гов ки намешуд.

Дар ин қадар сол мебоист кайҳо забони гов ва хулқу атвори онро ёд мегирифтед. Бояд ҳанӯз «бӯъ» нагуфта, фаҳмед, ки коҳ мехоҳад ё коҳу, об ё алаф. Бояд ҳатто аз шох такон доданаш дарк кунед, ки дилаш чй кашидааст. Баракс, бархе ончунон худро ба нодонй мезананд, ки гӯё дар умри сарашон говро надида бошанд.

Гов будан аз хар будан беҳтар аст. Говҳо мустақим ба Худо итоат мекунанд. Харҳо ба Пайғамбар, яъне як зина поён. Барои ҳамин кори харҳо на ҳамеша омад мекунад. Бори бисёре мекашонанд ва баҳудаву беҳуда шатта мехӯранд. Мушкиле пеш ояд, аввал хар ба хотир мерасад. Гов замоне дархост мешавад, ки агар хар пайдо нашавад, вагарна гов дар гӯшаяки худ орому осуда чаридан мегирад. Гов аз назарҳо пинҳон аст  ва тақрибан ҳамеша ҷавоби нобакориҳои говро хар медиҳад. Хар дар пеши назар аст ва касе ба муҷозот шудани он мухолиф нахоҳад омад, зеро ҳама медонад, ки хар ин хар аст ва сазояш лагаду тозиёна. Ягон бор дидаед, ки касе бе ҳеч гуноҳе говро лагад занад? Албатта на.

Азон ба гӯши хар намефорад, қасидаву мадҳия ҳам. Шояд натиҷаи маъкус бидиҳад. Хар аз таърифу тавсиф ба ҷастухез меояд, ҳам ҷоро хароб мекунад ва худро ба хоку чанг меолояд. Гов қасидаи шуморо нафаҳмад ҳам бо тамоми нозу изз гуш мекунад ва посухе намедиҳад, аммо ба зудй хоҳед дид, ки шираш бештар шудааст. Ҳатто агар ба ҳаяҷон омаду садо ҳам баровард, мебахшед, нидои он бо ҳанг задани хар аз замин то осмон фарқ мекунад.

Хулласи калом, ин албатта, кори шахсист, ки кас гов буданро дӯст дорад ё хар  буданро, аммо гуфтаанду мегӯянд, «падарат хук бошад, хукбонӣ кун ва раисат подабон бошад, гов шав.»

Advertisements

17 Responses

  1. Rustami aziz,

    vozhai Super-gov olist.

    Samak

  2. Рустам,

    Агар раис худаш гов бошад чи?

    Мардум говсавор шаванд???

    🙂

  3. Vatican hosts Darwin conference
    By David Willey
    BBC News, Rome

    The Catholic Church never condemned Darwin
    The Vatican is sponsoring a five day conference to mark the 150th anniversary of the publication of Charles Darwin’s Origin of Species.

    The subject is the compatibility of evolution and creation.

    It is one of two separate international academic conferences being sponsored by the Vatican this year.

    They aim to re-examine the work of scientific thinkers whose revolutionary ideas challenged religious belief: Galileo and Charles Darwin.

    Scientists, philosophers and theologians from around the world are gathering at the prestigious Pontifical Gregorian University in Rome to discuss the compatibility of Darwin’s theory of evolution and Catholic teaching.

    Christian churches were long hostile to Darwin because his theory conflicted with the literal biblical account of creation.

    But the Catholic Church never condemned Darwin, as it condemned and silenced Galileo.

    Pope John Paul II said that evolution was «more than a hypothesis».

    The design of organisms is not what would be expected from an intelligent engineer

    Prof Francisco Ayala

    Yet as recently as 2006 a leading Catholic Cardinal, Christoff Schoenborn, of Vienna, a former student and friend of Pope Benedict XVI caused controversy by saying that Darwin’s theory of natural selection was incompatible with Christian belief.

    A leading American scholar of biology, Prof Francisco Ayala, plans to tell the conference that the so-called theory of intelligent design, proposed by Creationists, is flawed.

    «The design of organisms is not what would be expected from an intelligent engineer, but imperfect and worse,» he said.

    «Defects, dysfunctions, oddities, waste and cruelty pervade the living world».

    http://news.bbc.co.uk/2/hi/europe/7920205.stm

  4. Space rock makes close approach

    There are much bigger asteroids out there, like Itokawa (pictured)
    An asteroid which may be as big as a ten-storey building has passed close by the Earth, astronomers say.

    The object, known as 2009 DD45, thought to be 21-47m (68-152ft) across, raced by our planet at 1344 GMT on Monday.

    The gap was just 72,000 km (44,750 miles); a fifth of the distance between our planet and the Moon.

    It is in the same size range as a rock which exploded over Siberia in 1908 with the force of 1,000 atomic bombs.

    The object was first reported on Saturday by the Siding Spring Survey, a near-Earth object search programme in Australia.

    It was confirmed by the International Astronomical Union’s Minor Planet Centre (MPC), which catalogues Solar System objects.

    The closest recent flyby listed by the MPC is 2004 FU162, a small asteroid about 6m (20ft) across which came within about 6,500km (4,000 miles) of our planet in March 2004.

    The latest object, 2009 DD45, passed by our planet at only twice the altitude of satellites in geosynchronous orbit.

    In 1908, an object with a similar size exploded over Siberia, flattening 80 million trees over an area of 2,000 square km (800 square miles) near the Tunguska river.

    «There is still a lot of debate over how big the Tunguska object was,» Professor Alan Fitzsimmons, an astronomer at Queens University Belfast, told BBC News.

    «It was always thought to be 50 or 70m across. But some recent calculations have implied it may have been even smaller than that – maybe down to 30m in size. There’s a large uncertainty there, but it puts (this object) in the same ballpark.»

    A United Nations working group on near-Earth objects (NEOs) met last month to discuss drafting international procedures for handling the asteroid threat.

    Dr Richard Crowther, chair of the UN Working Group on Near-Earth Objects, commented: «Although we will meet formally again in June of this year to advance our work on this important issue, I am sure we will discuss the implications of the 2009 DD45 close approach informally before then.

    He told BBC News: «Such unanticipated near-misses – at least in astronomical terms – from objects such as 2009 DD45… demonstrate the need for the global community to establish the means to mitigate this impact threat.»

    As had been shown with the Tunguska object, asteroids of this size could potentially unleash a destructive power equivalent to about 10 to 15 megatonnes of TNT, Dr Crowther explained. This is about 1,000 times more powerful than the blast from the bomb dropped on Hiroshima.

    Professor Fitzsimmons added that the destructive potential of an object such as 2009 DD45 depended on what it was made of and the angle at which it hit the Earth’s atmosphere.

    http://news.bbc.co.uk/2/hi/science/nature/7921279.stm

  5. ho ho ho… ha ha ha….

    latifai namakini navbatii mardoni sukhan.
    shumo, ki ba mazhakai kushodu nihoni nobakorihoi
    INHORO tasvir dored, holaton hini dar vatan budan
    chi boshad?
    xonavodai maro ki tanho xotiri berun az marz raftanam tahi
    taaqibi telefoni guzoshtaand ki charo raftaastu bo chi maqsad,
    voi bar holi shumo ki ba dast ufted ba duzakh meandozand.

  6. Эх..ха.ха.. ха..ха!!! Будана низ дуст дорад, то дар сари шохи гов нишинад ва нагма кунад. Агар ба он нагмахо гов илтифоту мехрубони нишон дихад, акалан думашро бо хурсанди ликонад, будана хатман канаву кирмхои паси говро бо нули зебое, ки гохо хатто бо булбул онро намедихад, онхоро нобуд мекунад. Ва агар ба ногах гови мехнатдуст шохро дигархелтар чунбонаду буданаи кучакро,ки ба табиат хеч манфиаташ намерасад, назараш нагирад, он гах худо зад. Будана хатман зогро аз ин огах мекунад ва ба сари гов киёматро коим мекунад. Дигар чаридани гов дар маргзор хам мушкил мешавад. Он гох зог, калмург, каргас ва дигар лошахорон ба маргзор кар-кари шуми худро огоз мекунанд. Дар ин сурат мардум, хатто аз поруи он гов хам махрум мешаванд ва танхо фазлфурушии зоги сияхи беватанро мешунаванду тамом.

  7. Бахман,

    чи заруратест ба чунин мачознависи, кушодтар бигу, ки дар накши буданаи кирмчин худро мебини.

    Инчо кирчини мекуни бо умеде, ки шояд гов мархамате суи ту кунад. Зоги сиёхи беватан будан аз буданаи кирмчин будан бехтар аст.

  8. Гови аксаш дар боло омада Гови крутой будай. Прсто раиси говхо. Т.е. президенти говхо ё он одамхое ки гов шудаанд.

  9. Рустам! Интихоби ин сурат тасодуфи буд ё хайр? Ин гов нафари хеле шиносеро ба хотир меорад. Дигарон чунин гумон надоранд?

  10. Хулласи калом, ин албатта, кори шахсист, ки кас гов буданро дӯст дорад ё хар буданро…
    ————————————————————–
    Агар кас хам гов будан хохад ва хам хар будан. Он вакт чй? Ба фикри ман он вакт номи вай мешавад ГОВХАР ё ХАРГОВ. Агар актоаш тахаллус бошад, боз хам бехтар. Бинед, ки КАК звучат мекунад:
    Говхари Харговзода! Ё ин ки: Харгови Говхарй. Еше лучшеаш: гражданин Харгов Говхаров.

  11. Говали,

    Раиси говҳо? Яъне «ҷоноби олии говҳо»???

    Фарид,

    Дуруст, хеле шинос аст!

  12. Акси ин гов дар истирохатгохи Пугусеи наздикии Душанбе гирифта шудааст.

    Ба ёди ман якбора чанд чехраи шиносро меорад.

  13. Шохҳои ин гов ба қошҳои ҷоноболӣ шабоҳат дорад, на? 🙂

  14. вокеан и гов ранги прехидентмон крутой будаст! Гизала.

  15. ХАМУШ БОШЕД!
    Он прехидентро худатон интихоб кардаед.
    худкардаро даво нест, вовайлои пинхони

  16. Ба Гамхор. ЭШРро ба гайр аз худаш бо фалсификатсия дигар хеч кас интихоб накарлааст! Инак 17ум сол аст ки вай бесмений пр аст дар диламон зад ин Эмомали!!!!!!!!!!!!!!!!!

  17. LOOOOOOOOOOOL!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: