Дар ҳошияи баҳси пуршӯри тоҷику мусулмон

Бахши бузург аз ин баҳс, ки бо ширкати Сайидюнуси Истаравшанӣ, Табар, Афшин, Зафар Карим, Рустами Шаҳринавӣ, Фаромарз ва дигарон идома дорад, хеле муҳим аст, чун далелҳои ҷолиберо мунташир мекунад. Аммо решаи баҳс шояд пурсиши доғест, ки «мо аввал бояд тоҷику эронинажод бошему сипас мусулмон ва ё баракс, аввал мусулмон в-он гаҳе тоҷик ё ҳар каси дигар?» Масъала масъалаи ҳувият ё худшиносист. Ҳар кас худро шинохт, худоро низ хоҳад шинохт.

Аз мубоҳисон даъват мешавад, ин порчаро бихонанд ва ошкоро изҳори назар кунанд.

«Раҳмдилӣ барои мо беморӣ шудааст. Ва ҳар кӣ бар мо зулм мекунаду ҷабри ӯро мепарастем ва аъмолашро тибқи фармудаи худованд тафсир медиҳем. Магар ҳамин хислати мо набуд, ки муназзаҳтарин дини ниёгонамон ба хурофот табдил ёфт ва мо таҷзия шудем. Чаро бадавиҳои саҳрогард бар мо ғалаба карданд? Як дастаи сарупо бараҳнаи гурусна! Магар на бо айби худи мо? Мо кушта шуданро аз мубориза бурдан авло медонем. Монӣ ҳам, ки бо дини худ омад, ӯро аз рӯйи раҳмдилӣ пазируфтем. Буддо ҳам, ки омад, инчунин. Андешаи мо парешон шуд.  Монӣ ба мо гуфт, ки ту натиҷаи гуноҳӣ. Буддо ба сӯйи ғорҳо ҳидоятамон кард. Ҳар кас ба ҳар тараф пароканда шуд. Ҳатто бемориямон ба ҳадде хуруҷ кардаву бар вуҷудамон мусаллат шудааст, ки дигар наметавонем, аз рӯйи ақли солим мулоҳиза кунем, биандешем, интихоб бикунем.

Чаро мо наметавонем аз мавлоҳои худ хӯйи ҷиҳоду ғазоро бипазирем? мо ҳамеша аз ғояти раҳмдилӣ гузашт мекунем. Ин боис шудааст, ки наметавонем, аз ҳар чизе аслашро бипазирем. Шумо гумон намекунед, ки ин хӯ боиси завол мешавад? Заволи ҳама чиз: дину имону андеша! Мефаҳмам, агар бар хасми хеш фойиқ ойӣ ва бар андешаву имонаш тасаллут кунӣ ва баъд гузашт намоӣ, гузашт маънӣ пайдо мекунад. Дар акси ҳол бемаънист. Ин чиз бединӣ ва беимонӣ талаққӣ мешавад. Чаро мо наметавонем бигӯем: Эй мардум, роҳе ки шумо меравед ба сӯйи бединӣ аст? Чаро? Не, баракс кӯшиш мекунем бо ҳар василае ин рафторро ҳақ ҷилва диҳем… Мо ҳеҷ гоҳ аз ҳақ ҷонибдорӣ накарда будаем. (…)

Ин ҷо бояд дар ҷигари мардум андешаеро парваронид, ки аз имонаш, аз динаш, аз кишвараш, аз қавмаш, аз гузаштаҳояш фахр кунад. Вагарна мазҳаби ҳар зӯреро қабул хоҳад кард. Он гоҳ дар ин марзу бум ҳеҷ дине пойдор нахоҳад монд! (…)

Сохтани уммати ислом як ниёз аст. Шояд ниёзи башар аст. Вале инҳо онро барои бардасозӣ истифода мебаранд. Магар ин тавр нест? Пас чаро ғозиёни аввали ислом ҳамин ки ба Ирону Миср даромаданд, дар баробари сарвату дороии ишон ин ҳадафи худро фаромӯш карданд?! Барои ба ин ниёз расидан ҳанӯз башар камол наёфтааст. Магар Зардушт намедонист? Магар Монӣ намедонист? Магар Буддо намедонист? Магар Исо намедонист? Медонистанд. Ва барои ҳамин фақат қавми худро баргузидаи афкори хеш карданд. Мо медонем, Монӣ ҳадафи башарро як уммат сохтан дошт. Вале кораш ба куҷо анҷомид? Агар мо мехоҳем уммати ислом созем, бояд мардуми худро барои расидан ба ин ҳадаф тарбият намоем. Вале афсӯс…»

167 Responses

  1. Рустами гироми!
    Ман исмам Зафар Карим мебошад ва аз насли нави точикон мебошам. Дар донишгох дарс хондам ва тамом кардам. Дар риштаи фалсафа хондам. Фикр карда меистодам ки хело чизхоро медонам. Локин вакто ин бахсхо шуру шуд, фахмида истодаам ки хеч чиз намедонистаам. Дар донишгох пешкадам будам. Хамаи устодон манро тариф мекарданд, мегуфтанд ки ту оянда файласуфи бузург мешави.
    Хозир мефахмам, ки айби мо дар кучо хобида истодааст? Дар хар кишвари пешкадам ва демократи, дар чониби дигар илмхо, илми фалсафа хам бояд ки пеш равад. Ин устодон барои мо чи дода истоданд? Хар чизе ки гуфта истодаанд аз китобхои руси мебошад ва хато ки дар бораи файласуфхои ватан мисли Абуали ибни Сино ва файласуфхои дигар аз китобхои руси ёд дода истодаанд. Вакте ки саол мекардам, мегуфтанд ки худи файласуфхо намедонистанд ки чи навиштанд. Шумо худатон чавоб дихед ки оё мо точикхо бо ин хел позицияи кишварамон ва хамин хел устодон ва донишгоххо пеш меравем?
    Бахсхои мухтарам Истаравшани барои ман хам дарси илми фалсафа шуда истодааст ва хам дарси дини исломи мебоашд ва хам дарси одобхои бахсу гуфтугу аст.
    Ба сабаби хамин, ин бахсу гуфтугу барои ман ва барои хеле аз чавонони точики ки хар руз бо хам нишасту бахсу мунозира мекунем, фоиданок мебоашнд. Ман худамро мачбур карда истода ба китобхона рафта китоб мехонам.
    Ба сабаби ин, бояд ки ба шумо аз номи чавонони точик ки пешкадами ва таракии Точикистонро ормон доранд ташакур намоем!
    Бигузор ки ин бахсхо идома дода шавад.
    Саломат бошед!

  2. Нацисты опять отрезали человеку голову

    Вчера стало известно, что на Пролетарской улице в столице была обнаружена отрубленная голова мужчины азиатского происхождения. На вид погибшему было примерно 35–40 лет. О страшной находке, сделанной у дома №21, строение 2, в милицию сообщили жители Пролетарского проспекта. Осматривая окрестности, оперативники обнаружили и тело несчастного. Оно лежало напротив дома №14 на Пролетарском проспекте. Рядом валялись топор и нож. Напомним, что в конце прошлого года аналогичный случай произошел в Подмосковье. 6 декабря 20-летний гастарбайтер из Таджикистана возвращался с овощной базы, на которой он работал, вместе со своим товарищем. Вдруг из кустов выскочили несколько молодых людей и открыли стрельбу из травматического пистолета. Один из работяг упал на землю, после чего нападавшие принялись бить его ногами. Второй же бросился бежать. Налетчики выпустили ему вслед несколько пуль, но смогли лишь ранить. Человек сообщил о случившемся в милицию. Когда на место прибыли оперативники, тело избитого гастарбайтера уже было обезглавлено. То преступление взяла на себя одна из националистических группировок.

    http://news.yandex.ru/yandsearch?cl4url=www.rosbalt.ru%2F2009%2F02%2F17%2F618946.html

  3. салом рустами азиз.
    Рости хеч чиз робита ба ин навиштаат нафахмидам.
    гумонам маъно надошт. мо интаврием он таврием…
    БА БАРОДАР ФАЛСАФИ!
    Хайфи хамон чанд соле ки дар донишгох сипари намудаи. туро хатто дуруст навиштану сухбат карданро хам ед надодаанд. агар фалсафа мехохи озими эрон шав. он чо мешавад фалсафа омухт. бо узр.

  4. Хамватани арчманд,

    Аввалаш, ин навиштаи ман нест. Сониян бисёр афкори амикеро матрах мекунад ва дархост ин буд, ки бардошти худро аз он баён доред.

    Пурсиш ин нест, ки мо читаврием, балки — мо кистем? Дар навбати аввал кистем?

    Ман интизор мемонам, то ёрони дигар изхори назар кунанд.

    Саломат бошед.

  5. did not get it.
    would be appreciated if you could break it down little bit.
    thanks

  6. Тоҷик қабл аз ҳама тоҷик аст ва баъд мусалмон. Ҳар касе ҷуз ин фикр мекунад, ғалат мекунад. Тоҷик метавонад мусалмон бошад ва мусалмон набошад, чунончи мусалмон танҳо тоҷик нест. Ба ин далел иртибот додани ҳувияти миллӣ бо ислом комилан бемантиқ ва нобихрадона аст. Мо ба як ҷомеъаи чандандеш ва чандойин ниёз дорем, ва барои ин бояд таҳаммул ва мадоро асли гуфтугӯҳо дар бораи ҳувияти миллӣ қарор бигирад. Маҳдуд кардани тоҷик ба ислом бар хилофи манофеъи миллӣ ва табар задан ба решаи тоҷик аст. Касоне, ки чунин мекунанд, дидву дониста ва ё ноогоҳона ба миллати худ хиёнат мекунанд. Тоҷик метавонад, мусалмон, масеҳӣ, зартуштӣ, буддоӣ, яҳудӣ, баҳоӣ, кришноӣ ва пайрави ҳар дин ва кеши дигаре низ бошад. Аммо касе ҳаққ надорад, ба хотири хостаҳо ва эътиқодоти мазҳабии худ ин миллати гуногунрангро таҳти сояи як идеулужии мустабид дароварад ва манқурт созад. Ба манқуртии ҳазору чандсола ва ба гегемонияи як ойин, ки ҳазорон нафар аз дигарандешонро қурбони ҷаҳолати худ кардааст, бояд поён дод!

  7. Дар бораи баҳси кофир ё мусалмон будани Ибни Сино ва Фирдавсӣ:

    Дар ҳоле, ки Сино файласуф буда бошад (ба ҷойи мулло) ва кутуби фалсафии Юнонро (ба ҷойи Қуръон) шарҳу тавзеҳ дода бошад ва ба АҚЛ (ба ҷойи имон) бовар кунад, пас ӯ мантиқан мусалмон нест! Дигар баҳсе дар ин бора даркор нест.

    Ҳар касе ба ақл бовар дошта бошад ва агар дар ин роҳ налангад, бихоҳ-нахоҳ дар имон, бавижа имони исломӣ, тардид ё шак хоҳад кард. Сино, ки ақлро равиши худ интихоб карда бошад, дарвоқеъ бо ислом ва имон ба ин кеш мунофот дорад. Ин ки вай дар кадом як китобаш навишта бошад, ки ба дин ва паёмбар бовар дорад ё надорад, дигар аҳаммият надорад.

    Дар замони Сино ҳар касе наметавонист ба таври ошкоро мухолифат ва тардиди худ дар баробари исломро баён кунад ва Сино ҳам наметавонист чунин кунад.

    Масалан қиссае дар бораи Ҳофиз ҳам ҳаст, ки байте навишт, ки он бо Қуръон мухолифат дошт ва ӯро дӯстонаш аз ҷазои сахт ҳушдор доданд ва ночор шуд, ки байти дигаре бар он изофа кунад ва гӯяд, ки ин ҳарфро (яъне байти аввалиро) муғбачае гуфтааст.

    Гар мусалмонӣ ҳамин аст, ки Ҳофиз дорад,
    Оҳ агар аз паси имрӯз бувад фардое!

    Ин нишон медиҳад озодандешон барои татбиқ кардани андешаҳои худ бо идеулужии замон дар он даврон аз чи равишҳое кор мегирифтанд. Бештари онҳо ночор буданд забони рамз ба кор баранд, аз ташбеҳу истиъора кор гиранд, пӯшида ва духӯра сухан гӯянд ва матлаби худро дар зери мабонии дин ва ирфон пинҳон кунанд.

    Ҷустуҷӯйи ин ҳам ки Сино дар ислом дарвоқеъ шакк карда ва ё накарда ва дар ҷое дар ин бора навиштааст ё на, аз мантиқ дур аст. Ҷаҳонбинии Сино ва равиши фикрии ӯ мерасонад, ки ӯ ба чи бовар дошт ва дар чи тардид дошт.

    Агар Сино ба Қуръон бовар дошт ва онро комил ва ниҳоӣ ва ҳарфи охир ва каломи Худо медонист, табиъист, ки ба осори фйласуфони Юнон рӯй намеовард ва дар онҳо ҳақиқат намеҷуст.

    Дар мавриди кеши Фирдавсӣ низ ҳамин нукта сиқд мекунад. Фирдавсӣ низ мусалмон набуд ва агар дар ҷоҳое аз китоби худ аз рӯйи ночорӣ навишта буд, ки мусалмон аст, вале равиши фикрии ӯ бо Ислом сад дарсад созгор нест.

    Ҳамин, ки ӯ Шоҳномаро офарид, рафторест бар хилофи иддаъои Қуръон, ки мегуяд касе монанди ин китобе наметавонад нависад ва муъҷизае ҳамтои он биёварад. Фирдавсӣ дар баробари ин сухан иқдом кард ва нишон дод, ки метавонад муъҷизае беҳтар оварад. Шоҳномаи Фирдавсӣ баростӣ муъҷизае бартар аз Қуръон аст!

    Он ҳам аз нигоҳи забон, сабки гуфтор, саноеъи бадеъӣ, зебоишиносӣ, андешаҳои бикр ва хушбинона, дар ҷое тарс намедиҳад, инсонро ба ростию покӣ раҳнамун месозад, образҳо ё тимсолҳои воқеъӣ ва зебо, табиъӣ ва заминӣ, ва ғайра бартар аст.

  8. Фаромарз,
    Аслан, тарҳи шумо, тарҳи ғалатест он ҷо ки мегўед: “Тоҷик қабл аз ҳама тоҷик аст ва баъд мусалмон”. Чаро иштибоҳ аст? Чун “тоҷик будан” нишондиҳандаи ҳувияти нажодӣ аст ва “мусалмон будан” намоёнгари эътиқоду андешаи ў ва ё худ ҷаҳонбинии вай. Ин ду, ҳаргиз дар тақобулу таоруз бо ҳам нестанд, ки инсон дар сари дуроҳӣ қарор гирифта ва дудила гардад, ки оё ман аввал тоҷикам, ё мусалмон? Як тоҷик агар мусалмон бошад, ҳам метавонад ба ҳувияти нажодӣ ва фарҳанги худ биболад ва дар ҳамон вақт, ба дину оини хеш ифтихор намояд. Ҳатто агар тоҷике, бедин ва худонобовар бошад ҳам, чунин нест, ки байни ин ду унсур таорузу тазод бинад. Ў тоҷики бедин аст. Ва ин ду бо ҳам қобили ҷамъанд бидуни он ки миёни онҳо ба аввалияту сонавият қоил бошад. Ў тоҷик аст ва ба тоҷик будани худ мисли дигар ҳамватанонаш ифтихор мекунад, ва дар айни замон, дар ақида (ки дар гузиниши он камоли ихтиёрро дорад) ба Худову паёмбару хулоса олами ғайб бовар надорад. Ҳеҷ ишколе дар ин дида намешавад.
    Оре, дар як маврид аст, ки бояд миёни ин ду ба аввалият ва сонавият пойбанд гардад. Ва он дар матни ҷомеа ва он ҷо ки масъалаи ҳамзистии мусолиматомез дар як ҷомеа, ки афроди мухталиф дар андеша, бо ҳам дар канори ҳам қарор гирифта, кишвари худ месозанд матраҳ аст.
    Дигар ин ҷо диндору бедин барои эҷоди фазои солим дар ҷомеа ва пешрафти кишварашон, бояд ихтилофот канор зананд ва бо такя бар ваҷҳи муштарак, ки ҳамоно тоҷик будани эшон аст, ба андешаи сохтани кишвари хеш бапо хезанд.
    Ин ҷо иштибоҳ мекунад касе ки мепиндорад, мухолифи ў дар андеша, музоҳими ўст ва ҳар чи зуд дар фикри барандозии ў барояд. Ҳам мусалмон хато мекунад агар чунин биандашад ва ҳам ғайри мусалмон (чи бедин ё пайрави дине дигар) иштибоҳ менамояд агар ба андешаи барандозии ҳамватани худ, ки бо ў дар ақида мухолиф аст барояд.
    Ин ҷониб бо бархе аз ҳамкешони худ, ки раъйе дигар дар ин замина доранд, мухолифам ва бо камоли сароҳат эълом медорам, ки дини ислом, ки ифтихори гароиш ба онро дорам, чунин нест, ки онҳо матраҳ мекунанд. Ва дар сурати лузум, ҳозирам назару дидгоҳи шариати муқаддаси ислом дар ин мавзўъро баён дорам.
    Ва аммо баҳсу мунозира бо мухолифон перомуни ақида ва ҷаҳонбиние, ки дорам, баҳсест ҷудогона ва бояд дар фазое ором ва бидуни тавҳини якдигар ва озодона матраҳ гардад. Ва инсон бояд дар ин замина, аз ҳар он чи ки эътиқод ва бовар ба он дорад, дифоъ намояд ва ин, ҳаққи мусаллами ўст ва касе ҳам ҳақ надорад ўро ба ин хотир мавриди мазаммат қарор диҳад.
    Комёб бошед!

  9. Фаромарз,
    Шумо ё бўе аз дониши ақлӣ ба машом набурдаед, ё ин ки аз рўи қасд чунин вонамуд мекунед, ки гўи ақл бо дин дар тазод аст. Шояд масхараомезтар аз ин истидлол вуҷуд надошта бошад, ки мегўед: “Дар ҳоле, ки Сино файласуф буда бошад (ба ҷойи мулло) ва кутуби фалсафии Юнонро (ба ҷойи Қуръон) шарҳу тавзеҳ дода бошад ва ба ақл (ба ҷойи имон) бовар кунад, пас ӯ мантиқан мусалмон нест”.
    Чунин истидлоли беҷоро ҳанўз ҳеҷ донишманде ки хештанро эҳтиром мекунад ба забон ҷорӣ насохтааст.
    Агар бихоҳем ин истидлоли масхараро ба гунаи мантиқӣ ва дар шакли куброву суғро бичинем чунин хоҳад буд:
    1. Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст (Суғро);
    2. Ҳар касе файласуф бошад ва кутуби Юнонро шарҳу тавзеҳ диҳад ва ба ақл бовар кунад, ў мусалмон нест (Кубро);
    3. Пас, Ибни Сино мусалмон нест (Натиҷа).
    Дар ин истидлол ё бурҳоне, ки иқома кардед, ҷуз Суғрои шумо (ки “Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст”) бақияи маворид (Кубро ва Натиҷа) на танҳо аз лиҳози имкони ақлӣ ғалатанд, балки ҳатто аз назари вуқўи он дар воқеъ нодурустанд.
    Ва барои доноёни дониши ақлӣ мисли хуршед ҳувайдост, ки ҳар гоҳ яке аз муқаддимоти бурҳон (Кубро ё Суғро) нодуруст бошад, бурҳон аз эътибор соқит аст.
    Ва аммо далели мо бар нодурустии Кубро ва Натиҷае, ки ба даст овардаед:
    1. Куброи шумо ин аст: “Ҳар касе файласуф бошад ва кутуби Юнонро шарҳу тавзеҳ диҳад ва ба ақл бовар кунад, ў мусалмон нест”. Ва аммо ба лиҳози имкони ақлӣ, наздиктарин роҳ барои ибтоли чунин муддао дар ин ноҳия, вуқўи он аст дар хориҷ. Дар қадим бархе аз донишмандон инқилоби моҳиятро ба лиҳози ақлӣ номумкин меангоштанд. Вале ҳамин ки таҷриба нишон дод ва дар хориҷ ба вуқўъ пайваст, даст аз чунин муддо бардоштанд.
    Дар ин ҷо ҳам чунин аст. Агар мо битавонем ҳатто як маврид биёварем, худ кофист ин муқаддима ботил шавад. Вале мо на танҳо як маврид, балки мавориде фаровон меоварем. Хоҷа Насируддини Тўсӣ (р) файласуф буд, кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ дод, ба ақл ба унвони василаи кашфи воқеъ бовар дошт, ва дар айни замон мусалмон буд, китобҳое дар дифоъ аз ҳарими шариати муҳаммадӣ (с) нигошт, ки дар яке аз баҳсҳо намунаҳое аз онро ёдовар шудам. Форобӣ (р) пеш аз Сино (р) файласуф буд, пешоҳанг дар тарҷумаи кутуби Юнон ба арабӣ буд, ба ақл такя меварзид, ва дар айҳи ҳол мусалмон буд ва китобҳое чанд дар маорифи исломӣ навишт. Ибни Рушди Андалусӣ (р) файласуф буд, китобҳои Арасту шарҳу тавзеҳ дод ва ақлро манбаи маърифат медонист, ва дар айни вақт, на танҳо мусалмон буду китобҳои исломӣ нигошт, балки дар замони худ қозиюл-қузот буд ва китоби “Бидоятул-муҷтаҳид ва ниҳоятул-муқтасид”-и ў, ки дар баёни аҳкоми шариат мебошад маъруф аст. Яъне ў мулло ҳам буд. Мулло Садрои Шерозӣ на танҳо файласуфи оддӣ буд, балки аз поягузорони машраби ҷадиди фалсафӣ ба номи “Ҳикмати Мутаолия” аст ва Афлотуну Арастуро на фақат файласуф, балки то дараҷаи паёмбарӣ боло бурдааст. Ва дар айни замон, Садро аз пешоҳангони мудофеони шариату тариқати исломӣ ба шумор мерафт ва тафсири ў аз Қуръон, яке аз беҳтарин тафосир маҳсуб мегардад.
    2. Ва аммо ботил будани натиҷае, ки пешкаш мекунед, ҳарчанд бо ибтоли Кубро аз эътибор соқит аст, аммо барои таъкиди бутлони он матолибе ёдовар мешавам. Ибни Сино (р) на танҳо мусалмон асту инкори исломи ў, инкори вуҷуди хуршед дар рўзи рўшанро мемонад, балки касе ки бо осори вай камтарин ошноӣ дошта бошад, медонад, ки Сино (р) дар ҳар як аз маъруфтарин китобҳои фалсафии худ мисли Шифо, Наҷот ва Ишорот, бахше дорад ба номи “Илоҳиёт бил-маънал-ахас” (яъне илоҳиёт ба маънои хосстар). Ва дар ин бахш, ягона талоши ў, исботи ақлии вуҷуди Худо ва сифоти камолии Ўст, ба иловаи зарурати фиристода шудани паёмбарон аз сўи Худо, ва дар ҳамаи онҳо таъкиди ў бар ҳаққонияти нубуввати ҳазрати Хотамул-анбиё Муҳаммади Мустафо (с) барои доное пўшида нест. Илова бар ин, китобҳое махсус дар исботи нубуввату рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) нигошта, ки ин ҷониб дар яке аз номанигориҳои худ дар радди иддаои яке аз муаллиқин, матолибе аз рисолаи “Меъроҷнома” нақл кардам. Хандаовар ин буд, ки Ҷаноби Фаромарз дар нисбати ин китоб ба Бўалӣ ташкик раво дида, ки оқилеро нашояд бе далел чунин кунад. Ва барои иттилои бештар ўро ирҷоъ мекунам ба феҳристи кутуби Бўалӣ бо таъкиди Хоҷа Насир (р) бар нисбат доштани ин китоб ба Бўалӣ (р).
    Чунин истидлол дар бораи ҳар як аз Фирдавсиву Ҳофизу дигар аз абармардон низ ҷорӣ аст, ки агар Фаромарз хост, ин ҷониб далел бар онҳо низ, бо такя бар осори ба ҷо монда аз эшон, иқома хоҳам кард.
    Комёб бошед!

  10. Сайидюнус,

    Худи шумо ба бехтарин нахв ин иддаъои Фаромарзро таъйид кардаед, ки «Тоҷик қабл аз ҳама тоҷик аст ва баъд мусалмон» ё чизи дигар. Дар он чо ки мегуед:

    «Оре, дар як маврид аст, ки бояд миёни ин ду ба аввалият ва сонавият пойбанд гардад. Ва он дар матни ҷомеа ва он ҷо ки масъалаи ҳамзистии мусолиматомез дар як ҷомеа, ки афроди мухталиф дар андеша, бо ҳам дар канори ҳам қарор гирифта, кишвари худ месозанд матраҳ аст. Дигар ин ҷо диндору бедин барои эҷоди фазои солим дар ҷомеа ва пешрафти кишварашон, бояд ихтилофот канор зананд ва бо такя бар ваҷҳи муштарак, ки ҳамоно тоҷик будани эшон аст, ба андешаи сохтани кишвари хеш бапо хезанд.»

    Пас ихтилофи руйкарде, ки бояд аз барои якпорчагии миллй нодида гирифта шавад ё канор зада шавад, дидгохи мазхабию акидатии точикон аст. Ин долл бар авлавияти таъаллуки миллию нажодист ва таъаллуки акидатиро камрангтар мекунад. Бад-ин гуна натичагирии Фаромарз аз ин мавзуъ комилан дуруст аст: Точик пеш аз хама точик аст ва андешаи мазхабии у масъалаест комилан шахсй ва дарачаи дувум.

  11. Сайидюнус,

    Куброву сугрое хам ки аз кавли Фаромарз чидаед, дидгохи у дар бораи Сино ва дигар бузургони эронй ё точикро таъйид мекунад. Бо ин ки шумо онро «масхара» медонед. Менависед:

    «1. Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст (Суғро);
    2. Ҳар касе файласуф бошад ва кутуби Юнонро шарҳу тавзеҳ диҳад ва ба ақл бовар кунад, ў мусалмон нест (Кубро);
    3. Пас, Ибни Сино мусалмон нест (Натиҷа).»

    Бо таваччух ба ин нукта, ки Куръон донишро дар инхисори мазхаб мебинад ва чизе фаротар аз онро таълимоти девону ачинна медонад ва инсони доноро танхо дар хайъати як марди муъмину мусалмон мебинад, он сугрову куброву натича сидк мекунад. Шумо дар Куръон хатто як мавридро пайдо намекунед, ки манзураш аз «дониш» донише бошад, ки имрузиён мадди назар доранд. «Дониш» дар Куръон бо мафхуми «бовар» ва «имон», он хам аз навъ исломиаш, дархам омехтааст. Аз ин чост, ки мусалмонон китобхои пешазисломии моро оташ заданд ва пайваста дар паи озору азияти бузургони бофархангу донишпажухи мо буданд. Агар моилед дар исботи хилофи ин матлаб каламфарсои кунед, хозирам бо истинод ба Куръон иддаъои худро собит кунам.

  12. Ҷаноби Табар!
    1. Агар дар ин майдон чизе барои гуфтан надоред, беҳтар он аст, ки обрўи боқимондаи хеш ҳифз карда, по бар он нагузоред.
    Он ҷо ки ин ҷониб суғро ва кубро чидам, хостам истидлоли Фаромарзро ба сурати қиёс арза кунам.
    Таваҷҷўҳ кунед аввал чӣ гуфтам: “Агар бихоҳем ин истидлоли масхараро ба гунаи мантиқӣ ва дар шакли куброву суғро бичинем чунин хоҳад буд”.
    Сипас, ба яко-яки он посух гардондам.
    2. Аммо дар мавриди аввалият ва сонавияти ислому нажод, оре, агар мурод, дар робита бо ҷомеа бошад, ин ҷониб комилан мувофиқам ва сареҳан баён кардам.
    Аммо ин, ғайр аз таъмими он дар соири маворид аст минҷумла дар сатҳи умури шахсӣ, ки баёни ин ҷониб возеҳ аст.
    Комёб бошед!

  13. Фаромарз,
    Масъалаи дигаре ки шоиста аст дар радди иддаоҳои шумо ба он ишора кунам, ин иддаои шумост мабнӣ бар тазодди “ақл” бо “имон” (ё худ бовар). Касеро, ки бо мавзўоту равишҳои пажўҳиш дар улум ошноӣ надорад, шояд чунин шиоре “ақл зидди имон аст” фиреб диҳад. Вале вақте масъала боз карда шавад, хоҳад фаҳмид, ки шиоре беш набудааст. Барои тавзеҳи ин масъала, баррасие кўтоҳ анҷом медиҳем:
    1. Аслан, тарҳи ин масъала ба ин сурат: “ақл зидди имон аст” худ нодуруст аст. Тарҳи суол ба ин сурат нест, ки “оё ақл бо имон дар тазодд аст, ё нест?”, балки бояд чунин матраҳ шавад: “Оё додаҳои ақлӣ бо боварҳои динӣ дар тазодд ҳастанд, ё нестанд?”
    Масалан: яке аз додаҳои таҷрибӣ (ки тамоми додаҳои таҷрибӣ такя бар ақл доранд) ин аст: “Замин дар атрофи хуршед давр мезанад”. Ва аммо яке аз боварҳои динӣ ин аст: “Худо вуҷуд дорад”. Ҳоло бояд дид оё дар тазодданд ё нестанд?
    Ин ду масъала, худ аз ҷиҳате бовар ҳастанд, ва аз ҷиҳате дигар додаи маърифатӣ, бо ин тафовут, ки василаи кашфи аввалӣ (Замин дар атрофи хуршед давр мезанад) таҷриба аст, вале василаи кашфи дуюмӣ (Худо вуҷуд дорад) таҷриба нест. Касе ки ба даварони замин дар гирди хуршед илм дорад, чунин нест, ки ба он бовар надошта бошад. Бовар доштан яъне тасдиқ намудани як масъала. Ва ҳамчунин касе ки ба вуҷуди офаридгор бовар дорад, чунин нест, ки ба он илм надошта бошад.
    Маншаи пиндори касе, ки ин дуро бо ҳам дар тазодд мебинад, дар ин нест, ки яке бовар бошаду дигарӣ додаи илмӣ, балки маншаи он ин аст, ки ў мехоҳад ба ҳамон василае, ки аввалиро (даварони замин дар атрофи хуршедро) кашф кардааст, дуюмиро (вуҷуди Худоро) низ ба ҳамон васила (яъне таҷриба) кашф кунад.
    Тамоми мушкил дар ҳамин ҷост, вагарна ҳар ду, додаи маърифатӣ ҳастанд.
    Ҳоло, суол ин аст: оё ҳамаи додаҳои маърифатӣ бояд ба василаи таҷриба кашф шаванд, ё на, васоили дигаре ҳам дар ихтиёри башар ҳаст, ки метавонад онро барои кашфи воқеъ ба кор андозад?
    Донишмандон (чи ғарбӣ ва чи шарқӣ, чи қадим ва чи ҷадид) бар онанд, ки агар мавзўи масъалае, моддаи табиӣ бошад, равиши таҳқиқу баррасӣ дар он ақли танҳо нест, балки бояд дар канори ақл, таҷриба ва озмоишро ҳам ба кор андохт. Масалан: наметавон масъалаи “даварони замин дар атрофи хуршед”-ро бо нишастан дар як кунҷи хона ва фишор бар ақл ҳал намуд, бояд таҷриба ба кор андохт ва онро кашф кард.
    Аммо агар мавзўи масъалае, моддаи табиӣ набошад, равиши таҳқиқу баррасӣ дар он – чи барои исботи вуҷуди он ва чи барои исботи аҳкоми он – таҷриба нест. Таҷриба танҳо дар ҷое аст, ки мавзўи мо моддаи табиӣ бошад. Аслан, на танҳо дасти таҷриба дар кашфи мавзўоти ғайри моддӣ кўтоҳ аст, балки ҳаққи изҳори назар – чи ба исбот ё чи ба инкори он – ро надорад. Ниҳоят чизе ки дар ин замина метавонад изҳор кунад, ин сукут аст. Яъне метавонад бигўяд: Бароям кашф шуд, ки Худо модда набудааст (чун мавзўи ман модда аст). Аммо ин ки дар хориҷ аз модда, оё ҳаст ё нест, дигар ин кори вай нест.
    Август Кант (August Cont) (1798-1857), ин файласуфи шаҳири фаронсавӣ, ки яке аз касонест, ки мункири фалсафаи ақлӣ ва назарӣ аст ва дар кашфи воқеъ ба ҷуз васоили таҷрибӣ, ба василаи дигаре эътиқод надошт, бо тамасхур аз касоне ки иддао мекарданд, ки Худо нест ба ин далел, ки дар озмоишгоҳҳо суроғе аз ў пайдо накарданд, мегуфт: Шумо ҳаққи изҳори назар дар ин масъаларо надоред. Танҳо чизе ки метавонед бигўед, ин аст, ки Худо модда набудааст. Аммо оё воқеан ҳаст ё нест, сукут кунед.
    Чаро чунин мегуфт? Чун ҳамон тавре ки исботи вуҷуди Худо далел мехоҳад, ҳамин тавр вуҷуд надоштани ў низ ниёз ба далел дорад. Чунин нест, ки фақат худобовар далел бар вуҷуди Худо қиём кунад, балки худонобовар низ мулзам аст (агар вуҷуди Худоро инкор кунад) далел барпо дорад.
    Ин ҷост, ки фалосифа мегўянд: чун мавзўи боварҳои динӣ, муҷаррадот (мавҷудоти ғайри моддӣ) ҳастанд ва вуҷуди онҳо ба василаи ақл (ба унвони василае барои идроки куллиёт) дарк мешаванд, бинобар ин равиши таҳқиқу пажўҳиш дар ин боварҳо фақат ва фақат ақл ҳастанд, ва дар ин замина бояд ба таҷриба гуфт: Ту дигар поятро беш аз андоза дароз накун.
    Бинобар ин, додаҳои маърифатие аз қабили “Худо вуҷуд дорад”, “Ваҳй ҳақиқат дорад” ва аз ин қабил, чунин нестанд, ки фақат бовар бошанду боваркунандагон ба онҳо, бо чашми кўр ба он гаравида бошанд. Балки ин чунин боварҳо, ба василаи далел ва бурҳонҳои мутқани ақлӣ, аввал ба исбот расидаанд, ва сипас барои мусалмон, ба он бовар ҳосил шудааст (Албатта муроди мо мусалмони огоҳ аст, на касе ки динаш бар мабнои тақлид аз ниёкон насл ба насл мунтақил мешавад).
    Пас, фарқи боварҳои динӣ бо додаҳои таҷрибӣ, аввалан дар мавзўъ аст (ки дар додаҳои таҷрибӣ, мавзўъ моддаи табиӣ аст, ва дар боварҳои динӣ, мавзўъ муҷаррадот ҳастанд), ва сониян дар равиши таҳқиқ аст (додаҳои таҷрибӣ бояд ба василаи таҷриба ба исбот расанд, ва боварҳои динӣ ба василаи бурҳон ва қиёси ақлӣ).
    2. Масъали дигаре ки бояд ба он низ ишора шавад, ин аст, ки пас аз бурузи мактаби позетивистӣ дар Ғарб, ки мўътақид ба фалсафаи ақлӣ ва назарӣ набуданд ва онро аз реша инкор мекарданд, чунин нигарише, боварҳои диниро (ки то он замон бар мабнои фалсафаи ақлӣ ва назарӣ устувор буд) дар Ғарб суст кард. Он гоҳ динбовароне чун Фридрих Даниэль Эрнст Шлеермахер (F. Schleiermacher) (1768-1834), ки дар ҳамин даврон ба сар мебурданд, дар мақоми ислоҳи дин баромада ва ба таҷрибаи динӣ рў оварданд ва доманаи диниро дар он маҳдуд сохтанд. Шлеермахер шуҳуд ва таҷрибаи диниро на аз синхи андеша ва мафҳум, балки аз синхи эҳсос медонист, ки аз тариқи иртиботи мустақим бо мавҷудоти мутлақ падид меояд.
    Ў мехост ба мардум собит кунад, ки агар фалсафаи ақлӣ ва назарӣ дар исботи боварҳои диниро номўътабар донем, маънояш ин нест, ки пушт ба дин кунем, балки роҳи дигаре низ вуҷуд дорад, ки ҳамин роҳро пешниҳод кард.
    Он гоҳ бархе ноогоҳон бе он ки таваҷҷўҳ дошта бошанд, ки оё рўйкарди позетивистҳо дуруст аст ё нест, фикр карданд дигар ҳама чиз тамом шуда ва боварҳои динӣ такягоҳе ҷуз таҷрибаи динӣ (ки шахсӣ ҳам ҳаст) надоранд, ва бидуни маърифат садо заданд, ки “Илм бо имон дар тазодд аст!”
    Дар ҳоле ки дар худи Ғарб қабл аз Шарқ фалосифае падид омаданд, ки аз реша рўйкарди позетивистҳоро рад ва бо далелҳои мутқан зеробашро заданд.
    Аммо дар олами исломӣ, ишколоте, ки боис гардида буд позетивистҳоро ба ин натиҷа расонад, ҳазорон сол қабл, Сино (р) онро ба сурати “ишкол” матраҳ карда ва худ бо бароҳини ақлӣ зеробашро зада буд, ки дар сурати лузум онро ҳам нақл хоҳам намуд.
    Комёб бошед!

  14. Бародар Табар!
    Шумо чавобхои мухтарам Истаравшаниро хонда истодаед ё не?
    Агар хонда истода бошед, саоли шумо хело хандаовар тобида истодааст.

  15. Саол аз мухтарам Истаравшани!
    Чаро позетивистхо фалсафи аклиро кабул накарданд. Далели онхо чи аст?
    Шумо гуфтед: «Аммо дар олами исломӣ, ишколоте, ки боис гардида буд позетивистҳоро ба ин натиҷа расонад, ҳазорон сол қабл, Сино (р) онро ба сурати “ишкол” матраҳ карда ва худ бо бароҳини ақлӣ зеробашро зада буд, ки дар сурати лузум онро ҳам нақл хоҳам намуд»
    Саол: Хохишманд аст чавоби Абуали ибни Синоро барои мо гуед.
    Саломат бошед!

  16. Ҷаноби Табар,
    Дар яке аз номанигориҳои худ бо шумо, чунин гуфта будам, ки иллати асосии иддаоҳои шумо мабнӣ бар вуҷуди “ишколот” ва “таноқузот” дар оятҳои қуръонӣ, ҳамагӣ ношӣ аз нодуруст фаҳмидану носавоб бардошт намудани шумост. Вале шумо исрор бар иддаоҳои хеш менамудед.
    Беҳтарин далел барои ин гуфта ин аст:
    Шумо посухи ин ҷониб ба Фаромарзро сатҳӣ мурур кардед ва албатта ҳадафи шумо аз ин мурур ҳам, ҷуз пайдо кардани айбе набуд. Сипас билофосила гуфтед:
    “Куброву суғрое ҳам ки аз қавли Фаромарз чидаед, дидгоҳи ў дар бораи Сино ва дигар бузургони эронӣ ё тоҷикро таъйид мекунад. Бо ин ки шумо онро «масхара» медонед. Менависед:
    1. Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст (Суғро);
    2. Ҳар касе файласуф бошад ва кутуби Юнонро шарҳу тавзеҳ диҳад ва ба ақл бовар кунад, ў мусалмон нест (Кубро);
    3. Пас, Ибни Сино мусалмон нест (Натиҷа)”.

    Оё воқеан, касе ки ҷумла бо диди басират мехонад, чунин натиҷае (ки шумо аз ин ҷумлаҳо бардошт кардед) бардошт мекунад? Оё воқеан, хонандаи ин сатрҳо, таъйиди маро бардошт мекунад?
    Ҳоло бубинед, ин ҷониб насси он чиро ки нигоштам, бароятон меоварам, он гоҳ худ бинед, ки оё дар мақоми таъйидам, ё радд?
    “Чунин истидлоли беҷоро ҳанўз ҳеҷ донишманде ки хештанро эҳтиром мекунад ба забон ҷорӣ насохтааст.
    Агар бихоҳем ин истидлоли масхараро ба гунаи мантиқӣ ва дар шакли куброву суғро бичинем чунин хоҳад буд:
    1. Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст (Суғро);
    2. Ҳар касе файласуф бошад ва кутуби Юнонро шарҳу тавзеҳ диҳад ва ба ақл бовар кунад, ў мусалмон нест (Кубро);
    3. Пас, Ибни Сино мусалмон нест (Натиҷа).
    Дар ин истидлол ё бурҳоне, ки иқома кардед, ҷуз Суғрои шумо (ки “Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст”) бақияи маворид (Кубро ва Натиҷа) на танҳо аз лиҳози имкони ақлӣ ғалатанд, балки ҳатто аз назари вуқўи он дар воқеъ нодурустанд.
    Ва барои доноёни дониши ақлӣ мисли хуршед ҳувайдост, ки ҳар гоҳ яке аз муқаддимоти бурҳон (Кубро ё Суғро) нодуруст бошад, бурҳон аз эътибор соқит аст”.

    Инсоне, ки аз навиштаи ба ин сароҳат, чунин бардоште ғалат мекунад, оё интизор меравад, аз Қуръон бардоште дуруст намуда бошад?
    Комёб бошед!

  17. Мусулмон не, балки мусалмон. Акаллан калимаро дуруст нависед.

  18. Афсус, ки мо точикхо бисер дину мазхабзадаем. Ин кадар неруи зехниеро, ки мо ба дину мазхаб масраф мекунем, агар барои ободиву пурфайзии зиндагии худ ва ватан мекардем, вазъи мо акаллан каме бехтар мебуд.

    Гумон мекунам, бахсхо сари мавзуи «аввал точик будан ва ё аввал мусалмон будан» бояд машгулияти омма набошад. Ва набояд яке аз ин мавзеъгирихоро бар зарари дигар бештар таргиб кард.

    Мо точикхо (эронитаборон) ба як хати эътидол дар байни дунявият ва ухравият ниёз дорем. Чун яке аз ин мавзеъхо боло бигирад, ин бар зарари мардуми мо хохад буд.

  19. Мухтарам Саидюнус.
    Хеле афсус мехурам, ки бахсхои каблиатонро нахондаам. Чун, хеле замоне аз тахсили донишгох гузаштааст, дигар хондани маводхои фалсафи бароям гарон метофт. Харчанд дар донишгох устоди гиромие бо исми Зокир Чорубкашов (агар нафаре нишонашро медонад, хохишмандам ба банда бинависад) иштиёки шадиде дар банда ба илми фалсафа бедор карда буд. Баъди тамом кардани ин сатрхо хатман ба навиштахоятон ручуъ хохам кард. Бо хондани сатрхои боло, ба гумонам он иштиёки кави ба фалсафа аз нав зинда шудан дорад. Мехостам маслихати Шуморо бипурсам, ки аз чи китобе ба омузиши фалсафа огози дубора мешавад кард?
    Ба чанобон Фаромарз ва Табар хам (харчанд андешахояшонро намеписандам) ташаккур, ки чаноби Саидюнусро ба бахс кашидаанд, то банда хеле аз хондани навиштахояшон рохат кардам.
    Чаноби Саидюнус агар маъзури хотиратон нашавад ё хайфи вактатон надонед ба банда бо ин нишони метавонед тамос бигиред; rashod_avia@mail.ru

  20. Чанобон, забони соддаи Рудакиро истифода барем!
    Рости, максади тарафахоро ман дар ин бахс холо хам нафахмидам. Сабаш ё дар чахолати забондонии ман аст, ё дар шакли суханварии баёнкунандагон.
    Арабиро намедонам, олими дин хам нестам, вале хеч шубхае дар бораи хитобат бар тамоми исоният будани дини Ислом надорам. Ба фикрам бехтарин ташвики илмомузи барои инсон ин Куръони Карим аст, агар оятхои онро хуб дар кунем.
    Мафхуми миллатро аз дин чудо бояд донист.

  21. Сайидюнус,

    Нигарони обруи инчониб набошед, ки обруи чаноби олй дар маърази хатари бештарест.

    Ниёз ба такрори иддаъои тухолй хам набуд. Чун дарки он ба хубй сурат гирифта ва худи шумо хам изъон кардаед, ки:

    «Аммо дар мавриди аввалият ва сонавияти ислому нажод, оре, агар мурод, дар робита бо ҷомеа бошад, ин ҷониб комилан мувофиқам ва сареҳан баён кардам.»

    Пас чаро аз бурузи танокуз дар баёни худатон хичил шудаед? Масъалаи авлавияти дин ё нажод матрах аст ва хар ду аз унсурхои як чомеъа ба шумор меоянд. Агар шумо авлавияти нажод бар динро дар чомеъа мепазиред, дигар набояд бештар аз ин жожхои ва танокузгуи кунед, Сайид. Итолаи ин бахс ба суди шумо нест.

    Дар хамаи нушхорхои худ ба такрор таъкид мекунед: Ин барои нахустин бор аст, ки ман чунин иддаъоеро мешунавам. Гуфтам ва боз хам мегуям, ки дидатонро андаке фарохтар кунед, чун карор нест хамеша такрори харфхои гузаштаро аз мубохисонатон бишнавед. Ин ки хамвора дар холи таъаччуб аз шунидани суханони тоза хастед, гуёи махдудияти шигарфи чахонбинии шумост.

    Пас боз хам натичагирй хамон аст, ки буд: Точик пеш аз хама точик ё эронй аст, сипас мусалмон ё хар чизи дигар. Дин мачмуъае аз акоид аст. Акидаро метавон иваз кард, агар ба дарки галат будани он бирасед ё акидаи мантикитареро сурог дошта бошед. Аммо нажод ва миллатро харгиз наметавонед салб ё иваз кунед.

  22. Уважаемый Сайидюнус!

    Я не христианин и не мусульманин. Наполовину таджик. Но меня интересует вера моего покойного отца. Недавно читал одну книгу и наткнулся на эти строки Ал – Шахристани (1076-1153) в «Книге народов и верований». Буду рад, если бы Вы прокомментировали эти строки.

    Сатана спросил: «Бог, создатель вселенной, всеведущ и всемогущ. О его могуществе, воле и желании нечего и спрашивать – ведь стоит ему пожелать чего-либо, он скажет: «Будь!», и это появляется. Он мудр, но его мудрости можно задать несколько вопросов.

    Первый вопрос. Он знал еще до того, как создал меня, все мои поступки и всю мою судьбу. Зачем же он сотворил меня? Мудро ли это было с его стороны и какой в этом смысл?

    Второй вопрос. Если он создал меня по своей воле и желанию, то почему он заставил меня признать его и повиноваться ему? Мудро ли это, если ему не принесла пользы моя покорность и не повредила мое неповиновение?

    Третий вопрос. Если он создал и подчинил меня, а я покорился его воле, признав его и повинуясь ему, то почему он заставил меня преклониться перед Адамом? Мудро ли это – ведь я от этого не стал послушнее?

    Четвертый вопрос. Если он создал меня, а затем заставил покориться и ему и Адаму, то почему, когда я отказался преклониться перед Адамом, он проклял меня и изгнал из рая? Мудро ли это, если я не сделал ничего плохого, а лишь сказал: «Я буду поклоняться только тебе»?

    Пятый вопрос. Он создал меня и всячески старался подчинить, а когда я проявил непокорность, он проклял и изгнал меня. Почему же он подослал меня к Адаму, так что я снова пробрался в рай и искушал Адама, пока тот не отведал плодов с запретного дерева и был изгнан вместе со мной? Мудро ли это – ведь если бы он запретил мне входить в рай, Адам избавился бы от меня и навечно остался бы в раю?

    Шестой вопрос. Он создал меня и всячески старался подчинить, прогнал меня, а затем снова послал в рай, зная, что между мной и Адамом вражда и соперничество, почему он дал мне власть над потомками Адама, так что я вижу их, а они не видят меня, так что мои нашептывания и наущения имеют над ними силу, а сила, мощь и все способности сынов Адама не имеют силы надо мной? В чем же здесь мудрость – ведь если бы он создал людей рассудительными, если бы никто не мог совлечь их с пути разума и они жили бы чистыми и послушными богу, это было бы лучше для них и более мудро со стороны бога?

    Седьмой вопрос. Я допускаю все это: он создал меня, всячески старался подчинить, а когда я не повиновался ему и проявил непокорность, он проклял меня и изгнал из своего царства. Когда же я снова захотел, проникнут в рай, он дал мне такую возможность. А после того как я сделал свое дело, он снова изгнал меня. Зачем он дал мне власть над сынами Адама? Почему же, когда я просил его об отсрочке и помиловании, он дал мне их? Я сказал ему тогда: «Подожди и оставь меня до дня Воскресения!». Он же ответил: «Ты будешь из тех, кому дозволено ждать до Известного часа». В чем же здесь мудрость? Если бы он погубил меня тотчас же, Адам жил бы спокойно, люди избавились бы от меня и в мире не осталось бы никакого зла. Разве вечное добро не лучше, чем добро, смешанное со злом? Вот мои вопросы и те доводы, которые я привожу о каждом».

    С.Сафаров
    Город Москва.

  23. Сайидюнуси мухтарам!

    Паёмбар Мухаммад дар хадисе «Кунту набийян ва Одама байнал-мои ват-тиин» (лойи хазрати Одам нахушкида ман паёмбар будам) ва дар хадиси дигаре «Кунту набийян ва Одама байнар-рухи вал-часад» (замоне ки ман паймбар будам, Одам хануз дар байни рух ва тан буд) гуфтааст. Яъне паёмбар аз кудаки медонистааст, ки у расули худост. Чаро хамаи ин дониста то чил солаги дар Макка ба бутхо сачда мекард? Чаро худо то у танхо паёмбаронро аз яхудиён таин намуд ва онхо боре хам аз ислом сухан накардаанд?

  24. Сайидюнус,

    Дар бораи миллият ва мазҳаб, назароти маро бедалел «ғалат» хондӣ ва худат ҳамин «ғалат»-ҳои маро такрор кардӣ, ки дигар ниёзе ба посух додан ба он нест.

    Дар бораи ин ки Ибни Сино мусалмон буд ё на, талош кардӣ аз фурмули мантиқии «суғрову кубро» истифода кунӣ:

    ///1. Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст (Суғро);
    2. Ҳар касе файласуф бошад ва кутуби Юнонро шарҳу тавзеҳ диҳад ва ба ақл бовар кунад, ў мусалмон нест (Кубро);
    3. Пас, Ибни Сино мусалмон нест (Натиҷа).///

    Ва бо ин худро хушнуд кардаӣ, ки ба ман посухи мантиқӣ додӣ. Аммо бидон, ки мантиқ ба ин фурмули ибтидоӣ ё ба истилоҳ «примитив» хотима намеёбад, чунончи илми ҳисоб (арифметика) ба ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсим мадуд намешавад.

    Ба ин тартиб, барои ин ки собит шавад, Сино мусалмон буда ё на, як фурмули сода ва ибтидоии мантиқ кофӣ нест. Ба ҷойи ин, кори масхара, метавонистӣ ба осонӣ аз кутуби Сино ва китобҳое ки ба ӯ нисбат дода мешаванд, ҳазорон далел оварӣ, ки ӯ худро мусалмон хондааст. Чунончи худат иброз доштӣ, ки вай дар китобҳояш барои «исботи» нубуват талошҳое карда ва матолибе нигоштааст.

    Ҳоло масъала ин аст, ки Сино то чи андоза ба фармудаҳои ислом бовар дошт ва онҳоро ҷиддӣ мегирифт ва то чи ҳад ба навиштаҳои худ дар бораи «нубуват» содиқона эътиқод ва имон дошт.

    Ин ки ҳеч яке аз мо шахси Синоро надидаем ва аз эътиқодоти шахсии ӯ хабар надорем, ҳақиқате мусаллам аст. Ин ки вай дар бораи нубуват чи чизҳое навиштааст, ҳануз эътиқодоти шахсии ӯро собит намекунад, зеро дар таърих зиёд будааст, ки андешамандон гаҳгоҳе чизҳое ғайр аз ҳохиши худ ва аз рӯйи ночорӣ навиштаанд.

    Бавижа дар шароите, ки Сино ва бузургони дигар, мисли Ҳофиз ва Хайём зиндагӣ кардаанд – яъне замонае, ки ҳама гуна афкор ва андешаҳои берун аз чорчуби идеулужии замон (яъне ислом) мамнуъ ва маҳкум буд, наметавон таваққуъ дошт, ки Сино тамомии эътиқодот ва андешаҳои шахсии худро самимона ва содиқона баён доштааст.

    Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин, мо ба мантиқ ниёз дорем то кумак кунад дарёбем, ки андешаҳо ва эътиқодоти шахсии Сино аз чи қарор будааст. Вале мантике ба ин содагӣ, ки аз он кумак хостаӣ, дар ин замина пойи ланге дорад.

    Ҳоло ман мехоҳам раҳнамоӣ кунам, то худат биравӣ ва ҷустуҷӯ кунӣ ва дарёбӣ ва барои мо гузориш кунӣ, ки Сино дар чи заминаҳое бо Ислом ё бо аҳкоми исломӣ ва ё бо эътиқодоти исломӣ, бар тибқи ҳамон исломе, ки худат бовар дорӣ, созгорӣ надоштааст. Ин мавзуъ боз ба таноқузи байни ақл ва имон бармегардад.

    Ислом барои шумо чахорчубе сохтааст ва роҳе барои фирор аз он чорчуб вуҷуд надорад. Муҳиммтарин асли ислом ҳамин имон ба Худои яккаву ягона ва пайгамбари уст, ки гумон намекунам радд куни. Ин матлабро наздик ба ҳазору чахорсад сол пеш гуфтанд ва ту бояд ба он имон биёварӣ бе он ки онро пурсиш куни ё дар он тардид куни. Агар тардиде дар ин боб раво дори, худат хуб медони ки чоят чаҳаннам хохад буд.

    Ҳоло акл меояд ва дар ин нукта тардид мекунад чун тардид асли илм аст, илм бидуни тардид маъни надорад. Албата манзурам аз илм илми вокеъи ва мудерн (яъне science) аст, на илми илохиёт, ки дигар ба унвони илм касе онро ба расмият намешиносад.

    Аз ин ки бизарем, ислом идаъо мекунад, ки Куръон каломи худост ва харфи нихои аст ва касе беҳтар аз он ва бартар аз он наметавонад китобе нависад. Дар ислом ҳадди олии илм ё дониш ҳамин Қуръон аст ва болотар аз он илме нест. Оё худат, Сайидюнус, ба хамин иддаъои ислом бовар дорӣ? Оё аз назари худат, болотар аз Қуръон идме вучуд дорад? Ман аз ту ҳамин посухро таваққуъ дорам.

    Акнун бигу, ки оё Сино ҳам чунин андешаеро бовар дошт? Агар мегуйӣ оре, пас суол ин аст, ки чаро вай умри дарози худро сарфи фалсафаи Юнон кард? Дар ҳоле ки хар лаҳзае ки сарфи омузиш ва тавзеҳи фалсафа ва хикмати Юнон кардааст, метавонист ҳазорон бор фармудаҳои Қуръонро иҷро кунад ва милюнҳо савоб бигирад, чун фалсафа ва хикмати Юнон берун аз чорчуби Қуръон аст. Ҳол бигу, чи тур мешавад як нафар ба Қуръон ва фармудаҳои он якин дорад, вале меравад дунболи матолибе гайр аз он? Ва ба ҷойи ин ки дар чорчуби Шариъати исломи тамомии умри худро сарфи намозу рӯза ва ҳачч ва фароизи дигари ислом кунад, чун медонад, ки инхо бар асоси каломи худост ва берун аз инхо харчи хаст, мунтафист, боз ҳам меравад ба суроги чизе, ки аз ин чорчуб берун аст? Охир хар илме чуз он чи Худо фармуда, бархадар аст! Магар посухи ин пурсиш чунин нест, ки Сино аз каломи Худо ва фармудаҳои Шариъат ва харчи дар ин чорчуб аст, КОНЕЪ набуд ва мехост худро аз ин кафас берун кунад ва дониш ва илми худро ба ин чизхо махдуд накунад? Ва оё хамин конеъ набудан ба ислом ва Куръон ва берун рафтан ва ба суроги фалсафа ва хикмати Юнон рафтан ба маънии тардид дар ислом ва усули он нест? Чун агар тардид накуни, чи тур метавони алтернативаи дигареро баргузини ва он навёфтаро бар он чи хаст, тарчех диҳи?

    Холо баргардем ба мантик:

    1. Қуръон каломи Худост.
    2. Хар ки мусалмон аст имон дорад, ки Куръон каломи Худост.
    3. Каломи Худо болотарин ва бартарин илм аст ва соири илмхо фурутар аз ин аст.
    4. Хар мусалмон имон дорад, ки каломи худо бартарин илм аст ва соири илмхо фурутар аз ин аст.
    5 Хар мусалмоне каломи худоро бар соири илмхо бартар медонад.
    6. Хеч мусалмоне умри худро сарфи илме фурутар аз каломи худо намекунад.
    7. Фалсафаи Юнон каломи Худо нест.
    8. Хар мусалмоне имон дорад, ки фалсафаи Юнон каломи Худо нест.
    9. Пас фалсафаи Юнон фурутар аз каломи Худост.
    10. Хар мусалмоне имон дорад, ки фалсафаи Юнон фурутар аз каломи Худост
    11. Хар мусалмоне каломи худоро бар фалсафаи Юнон тарчех медиҳад
    12. Хеч мусалмоне умри худро сарфи фалсафаи Юнон намекунад
    13. Сино бахши зиёде аз умри худро сарфи Фалсафаи Юнон кардааст.
    14. Сино фалсафаи Юнонро ба каломи худо (ки ховии тамоми фармудахои худост) тарчех додааст.
    15. Фалсафаи Юнон мусалмонӣ нест.
    16. Сино мусалмон нест.

    Яъне Сино чи тур ба унвони мусалмон илме чуз каломи Худоро пеша карда ва умри худро сарфи тафсиру тавзехи он (яъне на танхо омухта, ки реклама ё таблигу ташвик низ) кардааст. Пас чи тур ӯро метавон мусалмон гуфт?

    Дар ниҳоят, Имом Муҳаммад Газзоли донандаи бузург ва муътабари Ислом буд ва тамомии мусалмонон ба у эътикод доранд – ҳамон касе, ки фалосифаро кофир хондааст.

    Аз нигохи Газзоли:

    1. Фалосифа кофаранд
    2. Сино файласуф буд
    3. Сино кофар аст!

    Дуруст!

  25. […] Баргирифта аз мабхаси Андеша […]

  26. Сайидюнус менависад:

    ///Аслан, на танҳо дасти таҷриба дар кашфи мавзўоти ғайри моддӣ кўтоҳ аст, балки ҳаққи изҳори назар – чи ба исбот ё чи ба инкори он – ро надорад. Ниҳоят чизе ки дар ин замина метавонад изҳор кунад, ин сукут аст. Яъне метавонад бигўяд: Бароям кашф шуд, ки Худо модда набудааст (чун мавзўи ман модда аст). Аммо ин ки дар хориҷ аз модда, оё ҳаст ё нест, дигар ин кори вай нест.///

    Бубин, тачруба (эксперимент) навъе аз равишҳои илми аст. Илм хазорон равиш дорад, ва хамаи онҳо ба тачруба махдуд намешаванд. Тачруба барои кашфи бисёре аз кавонини табиъи ва шимиёи хидмат кардааст ва бисёре аз дастовардхои имрузии тамаддуни инсони хосили тачруба хастанд.

    Вале равишхои дигаре низ дар илм ба кор рафта ва мераванд, ки бисёре аз падидаҳо ва ёфтаҳо ба василаи онхо ба дат омадаанд. Масалан бархе равишхои хисоб ба тачруба хеч иртиботе надоранд ва бештар бар фурмулхои риёзи мубтани хастанд.

    Вале дар мачмуъ хамаи равишхои илми равишхои окилона хастанд ва ба василаи санчиш ва бозсанчиш исботи худро меёбанд.

    Дуруст аст, ки мавзуъи илм модда аст, вале бисёре аз падидахои гайримодди низ ба василаи равишхои илмӣ мавриди санчиш ва озмоиш қарор гирифта ва исботи худро ёфтаанд. Мавзуъи илм хасти аст ва хар чи дар чахон хаст ё вучуд дорад, метавонад мавриди озмоиши илм карор бигирад. Ва харчи нест, вучуд надорад, табиъист, ки наметавонад дар мабохиси илми рох ёбад.

    Илм хамеша бо хакикат ва мантик сару кор дорад ва харгиз иддаъои дуруг намекунад, ки фалон чиз хаст ё нест. Аз ин ру дар мавриди ин ки Худо хаст ё на, чизе намегуяд ва сукут мекунад. Илм содикона ба чизе ки хануз собит нашудааст, намегуяд, ки он хакикат аст, вале хар чиз, ки хануз аз нигохи илм собит нашудааст, онро хакикат намедонад.

    Вале дин ва диндорон, монандии Сайидюнус, ки бешак тарбияти охундхои эрониро дидааст, руйирост дуругро пеша мекунанд ва ба чизе ки харгиз, ба хеч равише собит нашудааст, пофишори мекунанд, ки он хакикат аст.

    Хеч равиши окилонае то имруз вахйро собит накардааст, пайгамбари хамчунон афсонае беш нест, каломи худо чуз эътикоди аввалияи башар нест ва чунончи як олим бояд дар мавриди чизхои собитнашуда сукут кунад, як рухони ва мубаллиги дин хам, агар ба худаш эхтиром мегузорад, бояд дар ин бора лаб нагушояд ва содикона гуяд, ки «ман бовар дорам, вале рости, намедонам.»

    Як дустам мегуфт, ки дурусттарин посух ба суоли «Оё Худо вучуд дорад?» ин аст, ки гуйи «Намедонам». Зеро бо ин сухан хакикатро гуфтайи, вале агар гуйи, ки «вучуд дорад» дуруг угфтаи, чун собит нашудааст, ки он вучуд дорад. Ва гар боз гуйи, ки вучуд надорад, бох хам иштибох кардаи, зеро ин хам собит нашудааст, ки вучуд надорад. Ба ин тартиб харфи илми ва собит дар бораи мавчудияти худо ин аст, ки «Инсон хануз намедонад.»

    Ва дар мавриди вахй, пайгамбари, каломи худо, Чабраил, китоби осмони, ва гайра, низ агар мехохем харфи рост ва дуруст ро гуем, ин аст, ки инхо хама ЭЪТИКОД хастанд, на ХАКИКАТ.

    АКЛ инхоро кабул надорад ва «акли» хар касе, ки инхоро ба унвони хакикат кабул дорад, бешак нокис аст. Зеро хеч кас то ин замон бо хеч равиш ва методи илми ва дуруст ва окилона ин чизхоро собит накардааст. Инхо хатто фарзияи илми нестанд, чи расад ба исботи онхо. Хакикат аз дидгохи илм танхо хамон чизе аст, ки собит шудааст.

    Масалан илм собит кардааст, ки Замин дар гирди Хуршед мечархад. Илм собит кардааст, ки заминларза, сел, вайрони хама натичаи тахаввулоти табиъист, ва неруе ба номи Худо дар онхо даст надорад. Илм боз кабатхои заминро омухтааст ва дар хеч кабате аз замин, на литосфера на гидросфера на хеч сфераи дигар, макони дузахро, ки дин иддаъо мекунад, зери замин аст, пайдо накардааст.

    Илм собит кардааст, ки вакте инсон мемирад, чисми у тачзия мешавад ва хуроки хашарот ва чонварон мешавад ва устухонаш низ дертар мепусад, ва хеч имкони дубора зинда кардани мурдагон дар даврае ки номашро дин киёмат гузоштааст, вучуд надорад. Ба ин далел, ин бовархо танхо бовархои инсони хастанд ва бештар аз бовар чизе нестанд ва берун аз зехни инсон дар табиъат вокеият надоранд.

    Бедруд.

  27. Абдулманнони азиз,
    Бо дуруд, яке аз бузургтарин мусибатҳое, ки дар қарни бистум гиребонгири фарҳехтагони миллати шарифи тоҷик гардид, ин дур кардани эшон аст аз фарогирии амиқи улум (чи улуми таҷрибӣ ва чи улуми инсонӣ минҷумла фалсафа). Албатта тақсир ва кўтоҳӣ дар ин майдон, дар дараҷаи аввал бар гардани истеъморгарону истеъморпазирон воқеъ мешавад. Ду бор тағйири хатт дар муддати ба ҳам наздик, боис гардид фарҳехтагон надонанд чӣ биёмўзанд ва дониш аз куҷо баргиранд ба ҷуз китобҳое, ки аз ҷониби русҳо ва аз дидгоҳи як идеоложии муайян нигошта шуда буданд. Аммо бо ин вуҷуд, бархе аз бузургон ҳам, дар хилоли ин қарн, буруз карданд, ки бо талошу кўшиши худ хадамоте дар майдони маърифат аз худ ба ҷо гузоштанд, ки набояд нодида гирифта шаванд. Амсоли профессор Акбар Турсун, ки дар заминаи фалсафа огоҳу ошно буданд, хадамоти шоёне барои ташнагони дониш арза намуданд. Аммо мутаассифона, амсоли эшон ангуштшумор буданд.
    Мусибати аз ин ҳам ғамангезтар, буридани ин фарҳехтагон буд аз асолати хештан. Ба ҷои ин ки бегонагон, кӣ будану чӣ гуфтани абармардоне чун Форобиву Сино (р)-ро аз мо биёмўзанд, имрўз мо на танҳо ба дигарон осори ин бузургон меомўзем, балки кор ба ҷое расида, ки намедонем эшон чӣ гуфтаанд ва чӣ осоре аз худ ба ҷо гузоридаанд, то ҷое ки ҳар гоҳ асаре аз онон ном бубарӣ, аз ҳамватанонат мешунавӣ, ки ин асар аз они ў набудааст. Он ҳам фақат ба ин хотир, ки Сино (р) ба сози мо нарақсида будааст. Оё мусибате бузургтар аз ин қобили тасаввур аст?
    Ҳоло ки шумо мехоҳед дониши фалсафа фаро бигиред ва аз ин ҷониб хостаед роҳнамоиятон кунам, ки аз куҷо шурўъ кунед, бо камоли майл ин вазифаро анҷом медиҳам.
    1. Нахустин чизе ки бояд аз он шурўъ кунед ин мутолеаи дақиқ ва амиқи таърихи фалсафа аз замони Юнони бостон аст то ба имрўз. Ва беҳтарин китоб дар омўзиши таърихи фалсафаи Ғарб, китоби “Таърихи фалсафа”-и Фридрек Коплестон, ки ба забони форсӣ ҳам тарҷума гардидааст мебошад, ва дар заминаи таърихи фалсафаи исломӣ, китоби “Таърихи фалсафаи исломӣ”-и доктор Сайидҳусейни Наср ба шумор меравад. Ин дуро шумо метавонед дар ҳар ҷое аз дунё, чи ба забони англисӣ ва чи ба забони порсӣ пайдо кунед;
    2. Дуюмин чиз, фарогирии фанни равиши пажўҳиш дар улум аст. Омўзиши ин фан қабл аз вуруд ба баҳсҳои фалсафӣ, хеле муҳим аст. Агар донишомўз некў надонад, ки кадом илм ба кадом равиш таҳқиқу баррасӣ бояд шавад, байни улум меомезад ва раҳгум мегардад. Масалан: мехоҳад Худоро дар лобалои озмоишгоҳҳо пайдо кунад, ва ё табдили мис ба оҳанро ба шеваи ақлӣ ва фалсафӣ ҳал кунад. Яке аз беҳтарин китобҳо дар ин замина, китоби “Илм чист? Фалсафа чист?”-и доктор Абдулкарими Суруш мебошад;
    3. Сеюмин чиз, фарогирии илми мантиқ аст, ки худ ба ду қисм аст: мантиқи сурӣ ва мантиқи риёзӣ. Беҳтарин китоб дар заминаи мантиқи сурӣ, китоби “Мантиқ”-и Музаффар, ва бахши мантиқи ҳар як аз китобҳои “Шифо” ва “Ишорот”-и Абуалӣ ибни Сино (р) мебошад. Ва аммо дар заминаи мантиқи риёзӣ, китоби “Даромаде бар мантиқи риёзӣ”-и доктор Ҳодӣ Фазлуллоҳ, китоби хубест;
    4. Чаҳорумин чиз ва аз ҳама муҳим қабл аз вуруд ба баҳсҳои фалсафӣ, огоҳӣ амиқ пайдо кардан аз илми “маърифатшиносӣ” аст. Зарурати фарогирии ин дониш, ки донише навин аст, ба ин ҷиҳат аст, ки дар ду се қарни ахир, касоне пайдо шудаанд, ки равиши таҳқиқи ақлӣ ё худ фалсафаи назариро инкор мекунанд. Бо фарогирии илми маърифатшиносӣ, метавонед бо ҳар як аз далелҳои исботкунандагон ва ё инкоркунандагони шеваҳои таҳқиқ ошно гардида, худ доварӣ намоед, ки кадом дуруст аст ва кадом нодуруст. Беҳтарин китоб дар ин замина, яке китоби “Назариятул-маърифа”-и Субҳонӣ аст, ва дигар “Санҷиши хирад”-и Эмануел Кант аст, ки дуюмӣ тарҷумаи порсӣ ҳам дорад.
    Баъд аз тайи ин мароҳил, шумо метавонед ба баҳсу баррасии масоили фалсафӣ ворид шавед. Ва аммо китобҳои фалсафӣ фаровонанд, минҷумла китоби “Шифо” ва “Ишорот”-и Сино (р) аз беҳтарин китоб дар ин замина ба шумор мераванд. Агар забони арабӣ огоҳед, ки мустақиман худ мутолеа мекунед, вагарна ҳар як аз ин ду китоб тарҷумаҳои порсӣ доранд. Ин ҷониб дар оянда ният дорам, ҳар дуи ин китобро ба хатти кириллӣ ва бо шарҳу тавзеҳ ба чоп расонам.
    Комёб бошед!

  28. Ҷаноби Сафаров,
    Ин ҷониб ба диққат он чи навиштед хондам. Меҳвари суолҳои шумо дар атрофи ин мавзўъҳо мечархад: Чаро шайтон офарида шудааст? Агар шайтон мавҷуде бад бошад, пас чаро Худо ўро офарид? Фалсафа ва ҳикмати вуҷуди шайтон чист?
    Дар посух ба суолҳои шумо, каме ба тафсил баҳс ба амал меоварам.
    Бидонед, ки ҳамеша дар дунё ду даъват вуҷуд дорад: аз як тараф даъват ба хайру салоҳ, ва аз тарафи дигар даъват ба шарру фасод. Ва ин инсон аст, ки дар миёни ин ду даъват бояд ба ҳукми ихтиёри худаш, он даъвати хайру салоҳро бипазирад. Инсон мисдоқи “Мо ба инсон роҳ нишон додем, он гоҳ ин ўст, ки (ба ихтиёри худаш ё роҳи дуруст интихоб карда) ва шукргузор мегардад ва ё (роҳи нодуруст баргузида) куфрони неъмат мекунад” (Сураи Даҳр, ояти 3) мебошад.
    Агар дар вуҷуди худи инсон нафси саркаш набуд, ё дар хориҷ аз вуҷуди ў он ки илҳомбахш ба нафси саркаш аст набуд, агар нафси аммора ва саркаше набуд ва агар шайтон набуд, агар даъват ба шарру фасоде набуд, агар имкони шарру фасод дар инсон намебуд, хубӣ ҳам дигар набуд. Чаро? Барои ин ки хубӣ он вақт хубӣ аст, ки инсон, ҳам имкони хубиро дошта бошад ва ҳам имкони бадиро ва аз миёни хубӣ ва бадӣ, хубиро интихоб кунад.
    Аммо агар роҳи бадӣ дар вуҷуди инсон баста бошад, агар майл ба тақво дар инсон бошад, вале майл ба фисқу фуҷур дар инсон набошад, он тақво ва парҳезгорӣ, дигар тақво нест. Тақво он вақт тақвост, ки инсон дар ҳоле ки майл ба фисқу фуҷур ва даъват ба фуҷур дар ў ҳаст, тақво ва адолатро интихоб мекунад.
    Итоат кай воқеъ мешавад? Мўъмин мегўяд: Худованд амр кунад, ман итоат кунам.
    Итоат дар вақте аст, ки мо метавонем итоат накунем, метавонем итоат бикунем. Аммо дар ҷое ки иҷборан бояд як кореро анҷом бидиҳем, он дигар итоат нест. Ва агар итоат набуд, мадҳу замме нест. Мадҳу замме, ки набуд, савобу иқобе нест, вазифае нест, қонуне нест, иҷтимое нест, инсоне нест.
    Бинобар ин, агар шайтон набошад, агар даъватҳои ба бадӣ набошад, амали солеҳе нест. Яъне агар шайтон набошад ва он имконоти шайтонӣ дар инсон набошад, амали солеҳ, амали солеҳ намешавад. Амали солеҳ, солеҳ будани худашро аз ин дорад, ки нафси аммора ва саркаше ва шайтоне ҳаст ва имкони рафтани он роҳ ҳаст, ва инсон аз миёни ду роҳ, роҳи солеҳ ва дурустро интихоб мекунад.
    Мисоли рўшани он зиёд аст. Масалан: мо ду нафар дорем: яке асосан барояш имкони дуздӣ нест, аз аввал он чунон ўро муроқибат мекунанд, ки аслан роҳи дуздиро ба куллӣ бар ў бастаанд. Яке дигар, роҳи дуздӣ ба рўяш боз аст ва роҳи салоҳ ҳам ба рўяш боз аст. Фарз кунед ҳеҷ кадом аз ин ду нафар дуздӣ накардаанд. Аммо оё ин яке, амину дорои камол аст ва ба камоли нафсонии худаш расидааст, ё он яке? Дуздӣ накардани иҷборӣ, ки роҳ бар инсон баста бошад, аслан барои инсон камол нест.
    Бинобар ин вуҷуди шайтон аз назари низоми куллӣ зарурат дорад. Яъне Худо бояд шайтон меофарид, вагарна инсонҳо чӣ фарқе аз малоика доштанд, ки имкони гуноҳ кардан дар онҳо вуҷуд надорад?
    Мо чаро Гандиро меситоем ва ўро хуб медонем, вале Гитлерро мазаммат мекунем ва ўро бад мешуморем? Чун ки ҳар ду инсонанд, ва дар вуҷуди ҳар ду, интихоби роҳи неку бад вуҷуд дошт. Дар баробари ҳар ду даъвати шайтон вуҷуд дошт. Гандӣ хуб аст, чун гўш ба даъвати шайтон насупурд, балки бо ихтиёри хеш роҳи салоҳ баргузид, бинобар ин шоистаи ситоиш аст. Аммо Гитлер бо вуҷуди интихоби роҳи нек дар пешаш, роҳи бад интихоб кард ва даъвати шайтон лаббайк гуфт, аз ин рў сазовори мазаммат аст.
    Суоли дигар ин ки агар вуҷуди шайтон барои саодати башар ва барои ин ки башар бо ихтиёри хеш роҳи хуб баргузинад зарурат дорад, аммо шайтон худаш барои худаш чӣ тавр аст?
    Посух ин аст, ки аз аввал чунин набуд, ки Худо ўро бад офарида бошад. Ў дар миёни фариштагон, аз муқаррабон буд. Вале бо ихтиёри худаш роҳи бадӣ интихоб кард. Вақте Худо дастур дод дар баробари Одам, фариштагон ва минҷумла шайтон саҷда кунанд, ў метавонист гўш ба фармони Худо дода, аз ў итоат кунад, вале сарпечӣ кард ва аз ин рў аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд. Касе ўро маҷбур накарда буд, ки чунин кунад, худ ба ихтиёри худ чунин роҳ баргузид.
    Ин буд посухи мо ба пурсиши шумо.
    Комёб бошед!

  29. Сайидюнус,

    Бо пузиш, аммо посухатон ин бор хам обакй буд ва гумон намеравад, ки киёи Сафаров конеъ шуда бошад.
    Пурсишхое, ки хамтабори мо аз китоби Шахристонй накл кардааст, гавру мутолеъаи бештаре мехохад, то бизоъати андаки шумо аз фалсафаву дин, ки дар посухе дигар ба намоиш гузоштаед.
    Нахуст бояд гуфт, ки Шайтон идеи сомишудаи зартуштист ва хамон Ахриман аст, ки ислом харчанд талош мекунад, ба кабояш намеояд. Аммо бо андешаи ду гавхари хамзоди зартуштй ба таври тамому комил мехонад.

    Аммо Шайтон дар ислом дучори муъодилаи ачибест. У аз Аллох дастур мегирад, ки ба каси дигаре чуз Аллох сачда накунад. Вакте ки Аллох аз у ва дигар фариштагони оташниход мехохад, ки бар Одам таъзим кунанд, Иблис ин фармонро ба унвони озмоиши эътикоди худ мепазирад ва ба Одам таъзим намекунад. Шояд хофизаи Шайтон кавитар аз Аллох будааст, ки дастури пешини уро ба хубй ёд дошт, ки танхо маъбуди мавриди сучуд Аллох аст. Аммо Аллох дар холи санчишу озмоиш набуд, балки чиддан аз у интизор дошт, ки дар баробари Одам курниш (таъзим) кунад. Ин казия Аллохро дар мавкеъияти масхарае карор медихад ва Шайтонро дар чойгохе воло. Паёмади нофармонии Шайтон чизе набуд. Дар холе ки фарзандони Одам дар руи замин корхои бамаротиб ношоисттаре анчом медиханд. Чаро кабохатхои инсонй, ки бадтар аз нофармонии беозори Шайтон аст, дар Куръон дарси ибрат нест, балки танхо пойбандии Шайтон ба фармони аввалияи Аллох чузъи гунохони кабира карор гирифааст? Чун ислом дини бардагони беихтиёр аст. Фармонраво, ки дар ислом номи он Аллох аст, метавонад хар чизеро ба худ ичоза дихад ва бардагон (ё бандагон) мачбуранд бо тагйири раъйи фармонравои худ канор биёянд. Пас ислом динест бардасоз, на озода.

    Ва агар Аллох аз Шайтон безор аст, интизор ин аст, ки ба у ичозаи духул ба калби инсонро надихад. Ин чо накли бадехаи таносуби бадию хубй бемаврид аст. Чун Аллох аз «бадон» безор аст ва хамаи онхоро ба дузах гусел хохад кард. Аммо фиристодани Шайтон ба харими инсонхо аз суи Аллох метавонад навъе тавтеа (заговор) арзёбй шавад. Агар Аллох муътакид аст, ки инсонхои офаридаи у бояд пайрави рохи рост бошанд, набояд ба чунин тавтеае даст бизанад.

    Намуна овардани Мохотмо Гондй тавассути як мусалмони мутаъассиб хам чизе чуз масхара нест. Агар Гондй ба дугмхои шумо эътикод дошт, харгиз Гондй намешуд. Холо ба эътикоди шумо Гондии хинду дар бихишт аст ё дузах? Пеш аз посух ба ин пурсиш чавоби паёмбари худ дар бораи сарнавишти ухравии гузаштагони худашро ба ёд оваред. Мухаммад бар ин бовар буд, ки гузаштагонаш, аз чумла падарбузургаш Абумуталлиб, ки уро парварда буд ва бисёр дуст дошт, аммо ба паёмбариаш харгиз бовар наовард, аз дузахиёнанд. Чун харгиз ислом наоварданд. Акнун ба назари шумо Гондии хинду оё метавонад ахли бихишт бошад?

  30. Фаромарз,
    Навиштаҳои шуморо мурур кардам ва ба ҷои ин ки мисли бархе бехирадон айб дар он ҷустуҷў кунам, дар ковиши он будам, ки бубинам, маншаи ин ҳама пиндорҳои беасоси шумо дар чӣ бошад.
    Ҳоло ба яко-яки ин пиндорҳо посух мегардонам, ҳарчанд огоҳам таассуби кўр монеи баъзеҳо аз фаҳми ин матолиб хоҳад шуд, вале ин ҷониб вазифаи инсонӣ ва шаръии худ медонам то барои хонанда масоил рўшан гарданд:
    1. Мегўед: “Ислом барои шумо чахорчубе сохтааст ва роҳе барои фирор аз он чорчуб вуҷуд надорад”.
    Ҳоло бояд бубинем ин чаҳорчўб кадом аст:
    а) Ислом бароямон дастур медиҳад гўш ба суханон ва дидгоҳҳои мухталиф биспорем ва он гоҳ беҳтарини онро баргузинем:
    “Пас бандагони маро мужда деҳ; ҳамононеро, ки суханро мешунаванд ва беҳтарини онро пайравӣ мекунанд. Инонанд касоне ки Худованд роҳашон намуда ва эшонанд хирадмандон” (Сураи Зумар, оятҳои 17 ва 18).
    б) Ислом барои омўхтани илму дониш ҳадду марзе қоил нест:
    Паёмбари акрам (с): “Манъи илм раво нест” (А-ҷомеъ ус-сағир, 2/193).
    в) Ислом илму донишро гумшудаи ҳар мўъмин медонад:
    Паёмбари акрам (с): “Дониш гумшудаи мўъмин аст; ҳар гоҳ сухане омўхт, сухани дигаре матлуби ў гардад” (Канзул-уммол, 1/143/28734).
    г) Ислом бароямон дастур медиҳад, ки бояд илму донишро ҳар куҷо буд, гарчи аз дасти кофар, фаро бигирем:
    Паёмбари акрам (с): “Илмро биҷўед ҳарчанд дар Чин бошад; зеро илмомўзӣ бар ҳар мусалмоне фарз аст…” (Шуабул-имон, 2/254/1663).
    д) Ислом илмомўзиро аз гаҳвора то гўр вазифаи мусалмон мешуморад:
    Паёмбари акрам (с): “Аз гаҳвора то гўр илм биёмўзед” (Тафсир ал-қуммӣ, 2/401).
    е) Ислом илмомўзиро ҳам барои мард фарз медонад ва ҳам барои зан дар ҳадди фарз будани намозу рўза:
    Паёмбари акрам (с): “Илмомўзӣ бар ҳар мусалмон чи мард ва чи зан фарзи айн аст” (Мишкот ул-анвор, 133).
    ё) Ислом барои илмомўзӣ чунин вижагӣ қоил аст:
    Паёмбари акрам (с): “Илм биёмўз; зеро илм дўсти самимии мўъмин, ҳилму бурдборӣ вазири ў, ақл роҳнамои ў, амал сарпарасти ў, мадоро падари ў, мулоимат бародари ў ва сабру шикебоӣ фармондеҳи лашкари ўст” (Канзул-уммол, 10/144/28732).
    2. Мегўед: “Муҳиммтарин асли ислом ҳамин имон ба Худои яккаву ягона ва пайгамбари уст, ки гумон намекунам радд куни”, сипас иддао мекунед: “Ҳоло акл меояд ва дар ин нукта тардид мекунад чун тардид асли илм аст, илм бидуни тардид маъни надорад. Албата манзурам аз илм илми вокеъи ва мудерн (яъне science) аст, на илми илохиёт, ки дигар ба унвони илм касе онро ба расмият намешиносад”.
    Дар посух гўям: Рост гуфтед, муҳимтарин асли ислом ҳамон бовар ба Худои ягона, паёмбарӣ ба иловаи имон ба рўзи охират аст. Оре, чунин аст. Ва ин ҳам дуруст аст, ки ақли одамӣ дар мариди боварҳои динӣ, тардид раво мебинад ва илми бидуни тардид ба қавли шумо маъно надорад. Аммо оё ақл фақат перомуни боварҳои динӣ тардид мекунад, ё дар ҳама чиз? Посух рўшан аст. Дар баробари ақли одамӣ, ҳеҷ маврид роҳи гурез аз тардид раво диданро надорад. Ҳатто масоили таҷрибие аз қабили масалан “Атом қобили тақсим шуданро дорад”, қабл аз иҷрои таҷриба бар рўи он, қобили тардид назди ақл буд.
    Масъалаи “Худо вуҷуд дорад ва Ў ягона аст” ё “Фиристодани паёмбар зарурат дорад”, ки ин ду аз масодиқи боварҳои динист, ҳеҷ тафовуте бо масоиле аз қабили “Атом қобили тақсим шуданро дорад” ё “Замин дар атрофи хуршед давр мезанад”, ки аз масодиқи масоили таҷрибист, дар ҷиҳати масъала будан ва аз додаҳои маърифатӣ будан, надоранд. (Таъкид мекунам: аз ҷиҳати додаи маърифатӣ будан). Оре, фарқе ки байни онҳост, дар ҷиҳати ҳусули бовар ба онҳост. Ба иборати дигар, ақл дар ҳар ду даста аз ин масоил тардид раво мебинад, (ва албатта тардид ба худии худ матлуб нест, балки матлуб будани шакку тардид вақте аст, ки инсонро ба яқин расонад), он гоҳ мехоҳад нисбат ба дурустӣ ё нодурустии ҳар яке бовар ҳосил кунад. (Имон, ки ҳамон бовар аст, ҷуз тасдиқ нест), яъне мехоҳад ин тардидаш ба бовар ва тасдиқ табдил гардад.
    Ҳамаи муъзал дар ҳамин ҷост. Роҳи табдили шакки ақл ба бовар ё тасдиқ, дар масоили таҷрибӣ, ҳамон озмоишу таҷриба аст. Агар мехоҳад бидонад, ки оё “атом қобили тақсим шудан аст ё нест”, бояд дар озмоишгоҳ онро мавриди баҳсу баррасии таҷрибӣ қарор диҳад.
    Аммо роҳи табдили шакки ақл дар масоли динӣ (ё худ боварҳои динӣ) ба бовар, иқомаи бурҳони ақлӣ аст, на таҷриба. Чаро? Чун дасти таҷриба аз ковиш дар мавзўъҳои муҷаррад кўтоҳ аст.
    Ин ҷост, ки ҳакимони исломӣ барои ба дастоварии бовар ва тасдиқ дар масоили динӣ суроғи омўзиши дониши фалсафа рафтанд. Чаро? Чун аввалан, роҳи ҳусули тасдиқ дар онҳо, ҷуз ба равишҳои ақлӣ ва истидлолҳои фалсафӣ имконпазир нест. Ва сониян, ислом аз мусалмони огоҳ мехоҳад, ки имонаш бар асоси ақл устувор бошад. Ислом дар заминаи боварҳои динӣ, тақлид ва пайравии кўр-кўронаро ҳаром шумурдааст. Аслан, чаро Қуръон мушриконро мазаммат ва сарзаниш мекард? Чун эшон дар гароиш ба оини бутбарастӣ, далеле ҷуз пайравии ниёкон надоштанд. Бубинед Қуръон чӣ мегўяд:
    “Ва ҳар гоҳ ба мушрикон гуфта шавад, ки аз он чи Худо фурў фиристодааст пайравӣ кунед, мегуфтанд: “Балки мо аз он чи падарони хешро бар он ёфтаем пайравӣ мекунем”. (Он гоҳ Қуръон дар посухи эшон мегўяд:) “Оё гарчи падаронашон ақли худ (дар гароиш ба оини бутпарастӣ) ба кор намегирифтанд ва роҳ намёфтанд, боз ҳам аз онҳо пайравӣ мекунанд?” (Сураи Бақара, ояти 170).
    Ислом барои ақл ва ҷойгоҳи он дар ҳусули бовар ва тасдиқ, ба андозае арҷ ниҳодааст, ки ҳеҷ дин ё мактаби дигаре ба он андоза барои ақл ҷойгоҳ қоил нест.
    Паёмбар (с) мефармояд: “Ба воситаи ақл ҳамаи некиҳо ба даст меояд, ва касе ки ақл ба кор намеандозад, аслан дине надорад” (Туҳафул-уқул, 54).
    Ва ҳам ў мефармояд: “Бадтар аз нодонӣ фақре нест, ва судмантар аз ақл сармояе нест…” (Ал-муъҷамул-кабир, 3/69/2688).
    Ва ҳам ў мефармояд: “Устувории мард ба ақли ўст, ва касе ки ақл ба кор наяндозад, дин надорад” (Канзул-уммол, 3/379).
    Ва ҳам ў мефармояд: “Дини мард ҳамон ақли ўст. Ва ҳар ки ақл надорад, дин надорад” (Канзул-уммол, 3/378/7033).
    Чаро Бўалӣ (р) ва қабл аз ў Кендӣ ва Форобӣ ба дунболи омўзиши фалсафаи Юнон рафтанд? Чун ислом барояшон фармуда буд, ки дар пайи илму дониш бираванд ҳарчанд дар кишварҳои дурдаст ва аз дасти кофар бошад (Илмро биҷўед ҳарчанд дар Чин бошад). Чун худи Қуръон дар беш аз бист маврид аз оятҳои худ, мусалмононро ба тафаккуру ба кор гирифтани ақл дастур фармудааст. Бубинед оятҳое аз қабили “Афала тафаккарун?” (Оё тафаккур намекунед?), “Афала таъқилун?” (Оё ақли худ ба кор намегиред?) дар чанд ҷои Қуръон ба чашм мехўрад (албатта агар тавфиқи руҷўъ ба Қуръонро дошта бошед).
    Лозим ба ёдоварӣ бошад, ки дар масоили фалсафӣ, кофиру мусалмон вуҷуд надорад. Чун фалсафа ҷуз ин нест, ки барои одамӣ равиши таҳқиқу пажўҳиши ақлиро меомўзад. Ҳоло, чи ба дасти кофир ин равишҳо танзим шуда бошад ва чи ба дасти мусалмон. Бубинед дар таърифи фалсафа чӣ гуфтаанд: (Таърифи Бўалӣ бо камтар тавзеҳ):
    “Фалсафа донише аст, ки дар бораи “мутлақи ҳастӣ” ва аҳкоми он, бар асоси бурҳону қиёси ақлӣ гуфтугў мекунад”.
    Яъне фалсафа аз буду набуди ашё сухан мегўяд ва аҳкоми мутлақи ҳастиро мавриди диққат қарор медиҳад ва ҳеҷ гоҳ ба аҳком ва осоре, ки махсуси як ё чанд мавзўи махсус аст назар надорад, бар хилофи улум, ки вуҷуди як ё чанд мавзўъро фарз карда ва ба ҷустуҷўи осори он мепардозад.
    Ҳоло, чунин донише то зуҳури ислом, ба дасти юнониён пайрезӣ шуда буд, ва мусалмонон ба хотири ин ки ислом барояшон дастур медод, ки имонашон бар асоси далели ақлӣ устувор бошад, рафтанд ва ин донишро аз онҳо омўхтанд. Ин ҷо дигар кофиру мусалмон матраҳ нест.
    Ҳамон тавр ки аврупоиён низ фалсафаи такомулёфтаро аз дасти мусалмонон ёд гирифтанд (хусусан аз осори Бўалӣ ва Ибни Рушд) ва ҳаргиз нагуфтанд, ки ин бо дини мо (яъне масеҳият) дар тазодд аст.
    Ва ҳамчунин дар улуме аз қабили улуми физиё ва кимиё низ агар имрўз дидем ба дасти кофирон беҳтару некўтар пайрезӣ шудааст, вазифаи шаръии мост, ки биравем ва ба донишгоҳҳои онҳо таҳсил карда онро фаро бигирем. Ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз ҳеҷ илму донише дар инҳисори қавме муайян ва ё дине мушаххас қарор надорад, ки гўем ин бароямон ҷоиз нест, чун аз они кофир аст. Ислом вақте мегўяд бирав илм омўз ҳатто дар Чин бошад, дигар мо узре надорем агар кўтоҳӣ аз мо сар бизанад.
    Пас, хулоса ин шуд, ки боварҳои динӣ низ ҷузъе аз додаҳои маърифатӣ ҳастанд ва ба ин лиҳоз, ҳеҷ фарқе бо дигар додаҳои маърифатӣ (мисли додаҳои таҷрибӣ) надоранд, ва фарқашон дар роҳи ҳусули бовар ва тасдиқи муҳтавои онҳост. Роҳи ҳусули тасдиқ дар додаҳои таҷрибӣ, озмоиш аст, вале дар додаҳои динӣ, роҳи ҳусули тасдиқ, ба кор гирифтани равиши ақлӣ ё худ фалсафа аст.
    Идомаи посух дар номаҳои баъдӣ.
    Комёб бошед!

  31. Ба чаноби Табарали:
    «Дин мачмуъае аз акоид аст. Акидаро метавон иваз кард, агар ба дарки галат будани он бирасед ё акидаи мантикитареро сурог дошта бошед. Аммо нажод ва миллатро харгиз наметавонед салб ё иваз кунед».
    Мас ин ду арзиш ва ё категирияхои гуногун будаанд. Пас чаро якдигарро инкор кунанд? Ба мантики Шумо равем, ман аввал хам мусалмонам ва хам точик. Ва ё баръакс.

  32. Пас*

  33. Brave,

    Бо таваччух ба ин ки Аллох мегуяд Куръонро барои арабхои Уммалкурову перомуни он нозил кардааст, ислом динест арабй. Шумо метавонед бо тагйиру дасткорй дар ин нигариши асили Куръон исломро ба унвони дини худ бипазиред. Сарфи назар аз кутохихову танокузхои фаровони он. Аммо боз хам он дар хадди акидаи шахсии шумо мемонад. Аз ин ру, агар ба изхори назари каблии ман дурусттар таваччух кунед, ман ба хеч руй миллат ва динро канори хам нагузоштаам ва иддаъои шумо вохист. Ман гуфтам, нажоду миллатро наметавон иваз кард, аммо дин, ки мачмуъае аз акоид аст, тагйирпазир аст. Аз ин ру як точик пеш аз хама точик аст, сипас пайрави ин ё он дин ё бедин. Лузуман хамаи точикхо мусалмон ё хатто диндор нестанд.

  34. Иттилоъоти бештар дар бораи ислому Куръон ва носозгории он бо чахони имрузй:

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  35. durud. ba nazaram tashkili ummati islom shudani(mumkin) nest . dar iron zamone ki shuorhoi dar in zamina car doda meshavad , i’tirozi mardum baland meshavd , chun dar injo bahsi farhangi milli vasat meoyad va himmati digar musalmonon. gamon mekunam chunin chize amalan mumkin nest .

  36. Дар Куръон даххо мавриди корбурди вожаи «илм» дар холоти тасрифии гуногунро метавон пайдо кард. Аммо хеч як аз онхо ба маънии «илм» ё донише нест, ки мо – имрузиён дар пиндори худ дорем. «Илм» дар Куръон мутародифи «бовар» ва «имон» ба ислом аст.

    Дар ин маврид Куръон сарохати комил дорад. Ояи 162-и сураи Нисо мегуяд:

    «Вале росихон дар илм ва муъминон ба тамоми он чи бар ту (Мухаммад) нозил шуда ва он чи пеш аз ту нозил гардида, имон меоваранд. Хамчунин намозгузорон ва закотдихандагон ва имоноварандагон ба Аллох ва рузи киёмат ба зудй ба хамаи онон подоши азиме хохем дод.»

    Пас, ба бовари Аллоху расулаш, касе, ки дар илм росиху устувор аст, хамонест, ки ба Аллох имон оварад. Вокеъияти имруз ин иддаъоро сад дарсад рад мекунад. Бузургтарин чехрахои илму дониши имруз хеч кадом ба Аллох имон наовардаанд.

    Аллох дар сураи Оли Имрон (81) бар ин нукта таъкид мекунад:

    «Ва хангоме ки Аллох аз паёмбарон паймони муаккад гирифт, ки хар гох китоб ва дониш ба шумо додам, сипас паёмбаре ба суи шумо омад, ки он чиро бо шумост, тасдик мекунад, ба у имон биоваред ва уро ёрй кунед!..»

    Ин чо хам манзур аз китобу дониш чизе чуз имон ба Аллох нест.

    Аммо дар хамон сураи Оли Имрон (19) бардошти дигаре аз «илм» хосил мешавад. Аллох дар ин оя аз илми дигаре сухан мегуяд. Ва он ба бардошти кунунии мо аз ин мафхум наздиктар аст:

    «Дин дар назди Аллох ислом аст. Ва касоне, ки китоби осмонй ба онон дода шуд, ихтилофе (дар он) эчод накарданд, магар баъд аз огохй ва илм. Он хам ба хотири зулму ситам дар миёни худ. Ва хар кас ба оёти Аллох куфр варзад, Аллох сареъ-ул-хисоб аст (яъне ба хисобаш хохад расид).»

    Яъне илму дониши ростин аз диди Аллох (Мухаммад) хатарнок аст. Чун танхо пас аз пайдоиши илму дониш буда, ки мардум дар оёти Аллох шакку тардид раво доштаанд ва куфр варзидаанд. Ин оя ба танхои исломро дар чойгохи ойини донишситез карор медихад.

    Мухаммад бештар аз хама дар сураи Бакара аз шаклхои гуногуни вожаи «илм» кор гирифтааст, вале хамаи онхо маъное дигар чуз имон ба Аллох надорад. Барои намуна, ба ояи 230-и ин сура таваччух кунед:

    «Агар у (зан)-ро талок дод, аз он ба баъд зан бар у халол нахохад буд; магар ин ки хамсари дигаре интихоб кунад. Агар (хамсари дувум) уро талок гуфт, гунохе надорад, ки бозгашт кунад. Дар сурате, ки умед дошта бошанд, ки худуди илохиро мухтарам мешумуранд. Инхо худуди илохист, ки (Аллох) онро барои гурухе, ки огоханд (яъламун, яъне илм доранд), баён менамояд.

    Ин хам муште намунаи хирвор буд. Ба мавзуъи чойгох ва маънои «илм» дар Куръон, ки танхо санади мувассаки мусалмонон аст, баъдан боз хохем гашт.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  37. Салом бар хамандешон!
    Ман вакти шуруъ шудани ин бахсу мунозирахо ба хар дуи бахскунандахо хурмату эхтиромро бачо оварда навиштагихои онхоро мехондам, локин баъд аз саолу чавобхо ба ин хулоса омадам ки бародар Табар бар касд хело гапи дуруг мезананд. Барои исботи дуругхои Табар суханхои хар ду бахскунандахоро меорам, то ки маълум шавад, ки кадом кас бар касд дуруг мебофад:
    Табар: “Куброву сугрое хам ки аз кавли Фаромарз чидаед, дидгохи у дар бораи Сино ва дигар бузургони эронй ё точикро таъйид мекунад. Бо ин ки шумо онро «масхара» медонед”
    Сайидюнус: “Дар ин истидлол ё бурҳоне, ки иқома кардед, ҷуз Суғрои шумо (ки “Ибни Сино файласуф аст ва кутуби Юнон шарҳу тавзеҳ додааст”) бақияи маворид (Кубро ва Натиҷа) на танҳо аз лиҳози имкони ақлӣ ғалатанд, балки ҳатто аз назари вуқўи он дар воқеъ нодурустанд”.
    Табар: “Худи шумо ба бехтарин нахв ин иддаъои Фаромарзро таъйид кардаед, ки «Тоҷик қабл аз ҳама тоҷик аст ва баъд мусалмон» ё чизи дигар”.
    Сайидюнус: “Оре, дар як маврид аст, ки бояд миёни ин ду ба аввалият ва сонавият пойбанд гардад. Ва он дар матни ҷомеа ва он ҷо ки масъалаи ҳамзистии мусолиматомез дар як ҷомеа, ки афроди мухталиф дар андеша, бо ҳам дар канори ҳам қарор гирифта, кишвари худ месозанд матраҳ аст”.
    Табар: “«Илм» дар Куръон мутародифи «бовар» ва «имон» ба ислом аст”
    Сайидюнус: “Ислом барои омўхтани илму дониш ҳадду марзе қоил нест: Паёмбари акрам (с): “Манъи илм раво нест” (А-ҷомеъ ус-сағир, 2/193)”, “Ислом бароямон дастур медиҳад, ки бояд илму донишро ҳар куҷо буд, гарчи аз дасти кофар, фаро бигирем: Паёмбари акрам (с): “Илмро биҷўед ҳарчанд дар Чин бошад; зеро илмомўзӣ бар ҳар мусалмоне фарз аст…” (Шуабул-имон, 2/254/1663)”.
    Табар: “Ин чо хам манзур аз китобу дониш чизе чуз имон ба Аллох нест”.
    Табар: “Яъне илму дониши ростин аз диди Аллох (Мухаммад) хатарнок аст”.
    Сайидюнус: “Ислом дар заминаи боварҳои динӣ, тақлид ва пайравии кўр-кўронаро ҳаром шумурдааст. Аслан, чаро Қуръон мушриконро мазаммат ва сарзаниш мекард? Чун эшон дар гароиш ба оини бутбарастӣ, далеле ҷуз пайравии ниёкон надоштанд. Бубинед Қуръон чӣ мегўяд:
    “Ва ҳар гоҳ ба мушрикон гуфта шавад, ки аз он чи Худо фурў фиристодааст пайравӣ кунед, мегуфтанд: “Балки мо аз он чи падарони хешро бар он ёфтаем пайравӣ мекунем”. (Он гоҳ Қуръон дар посухи эшон мегўяд:) “Оё гарчи падаронашон ақли худ (дар гароиш ба оини бутпарастӣ) ба кор намегирифтанд ва роҳ намёфтанд, боз ҳам аз онҳо пайравӣ мекунанд?” (Сураи Бақара, ояти 170)”
    Сайидюнус: “Ва ҳам ў мефармояд: “Устувории мард ба ақли ўст, ва касе ки ақл ба кор наяндозад, дин надорад” (Канзул-уммол, 3/379). Ва ҳам ў мефармояд: “Дини мард ҳамон ақли ўст. Ва ҳар ки ақл надорад, дин надорад” (Канзул-уммол, 3/378/7033). Чаро Бўалӣ (р) ва қабл аз ў Кендӣ ва Форобӣ ба дунболи омўзиши фалсафаи Юнон рафтанд? Чун ислом барояшон фармуда буд, ки дар пайи илму дониш бираванд ҳарчанд дар кишварҳои дурдаст ва аз дасти кофар бошад (Илмро биҷўед ҳарчанд дар Чин бошад). Чун худи Қуръон дар беш аз бист маврид аз оятҳои худ, мусалмононро ба тафаккуру ба кор гирифтани ақл дастур фармудааст. Бубинед оятҳое аз қабили “Афала тафаккарун?” (Оё тафаккур намекунед?), “Афала таъқилун?” (Оё ақли худ ба кор намегиред?) дар чанд ҷои Қуръон ба чашм мехўрад (албатта агар тавфиқи руҷўъ ба Қуръонро дошта бошед)”.
    Инхоро барои он накл кардам, ки Табар бидонад, ки одамон нодон ва бесавод намебошанд.
    Саломат бошед!

  38. Зафар,

    Ба чои ичрои накши вакили мудофеъи Сайид саъй кун мунсиф бошй. Албатта, мутаъассибон аз инсоф бу набурдаанд. Ин як хакикат аст.

    Ба хар хол, агар акл ёрат буд, ба оёти куръонй, ки ишора кардаам, таваччух кун. Манзури Куръон аз «илм» бовар аст, на дониш. Барои исботи ин иддаъо метавонам даххо намунаи дигар хам оварам. Калимоти мансуб ба Мухаммадро овардаи, ки дар асолати он касе наметавонад мутмаин бошад. Аммо Куръонро, ки мепарастй, намуна намеорй. Дар холе ки Куръон танхро санади нисбатан мувассаки ислом аст. Куръон андухтани донишро ташвик намекунад ва манзураш аз «илм» чизе чуз имон ва бовари куркурона ба Аллох нест.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  39. Сайидюнус менависад: “Ислом дар заминаи боварҳои динӣ, тақлид ва пайравии кўр-кўронаро ҳаром шумурдааст. Аслан, чаро Қуръон мушриконро мазаммат ва сарзаниш мекард? Чун эшон дар гароиш ба оини бутбарастӣ, далеле ҷуз пайравии ниёкон надоштанд.»

    Ҳоло ба ман бигӯ аз миёни беш аз як милёрд мусалмони рӯйи ҷаҳон ва аз чумла худат, кадом як аз рӯйи ТАҚЛИД ба ислом пайравӣ намекунад?

    Оё ҳамаи инҳо, ба ҷуз иддаи андаке, ки тоза мусалмон шудаанд, кадом як бо огоҳӣ, ва на дар пайравӣ аз падарони худ, ба ислом рӯй овардаанд?

    Аз инҳо, ки бигзарем, магар СУННАТҳои пайғамбари ислом беҳтарин намунаи ТАҚЛИД нестанд, чун суннат ҳамон корҳову рафторҳои паёмбар аст, ки мусалмонон бедалел ва ба тақлид аз ӯ онхоро бояд анҷом диҳанд?

    Фароиз ва аҳкоми дигари исломӣ низ ҳамагӣ бар ТАКЛИД мубтанӣ ҳастанд. Ҳоло мебинем, ки ТАҚЛИД асли имон ва имондории исломист: «Ман чунин мекунам, чун паямбарам хамин корро кардааст ва ин суннат аст.» Чун таклид худ амале куркурона аст, дигар ниёзе ба изофа кардани ин сифат нест.

    Дар мавриди чаҳорчӯби исломӣ, ки мегӯйӣ вуҷуд надорад, агар чаҳорчуб вуҷуд надошт, пас ту метавонӣ корҳое кунӣ, ки аз шаръ хориҷ аст? Метавонӣ ҷустуҷӯ кунӣ ва дарёбӣ, ки корҳое хуб вуҷуд доранд, ки аз назари шаръи исломӣ хуб нестанд ва масалан ҳаром маҳсуб мешаванд, вале ақл мегӯяд, ки хуб аст, ту бо шикастани чорчуби шаръ метавонӣ ин корҳоро анҷом диҳӣ?

    Масалан илм собит кардааст, ки хуриши гушти гуроз барои инсон ба масобаи гӯшти хар чонвари дигаре, монанди гов ва гусфанд аст, ва агар осебе аз он хаст, ба хамон андоза аст, ки аз гушти гов ва гусфанд аст. Аммо ислом меояд ва онро барои Сайидюнус мамнуъ мекунад, оё Сайидюнус метавонад аз руйи акл ба масрафи гушти хук пардозад? Мутмаинан на, чун Сайидюнус аз имон пайравӣ мекунад, на аз акл.

    Бале, мусаллам аст, ки наметавонӣ, чун барои ту хазору сесаду чанд сол пеш чорчубе сохтаанд, ва ту лаёкати тардид дар он ва чуръати шикастани ин чорчубро надори ва монанди робот, дакикан мисли робот, ҳамон барномарезие, ки барои зехну тафаккури ту аз қабл анчом шуда, аз он берун по намениҳӣ. Ислом барои ту хадду худуди ҳама чиз, хама гуна рафтор, гуфтор ва хатто андешиданро мушаххас карда ва масалан шахсан худат наметавони хилофи он бияндеши.

    Ислом ҳадди андеша ва имонро низ барои ту хисоб карда ва агар аклат аз рох бизанад, хатто як лахза ин чуръатро нахоҳи дошт, ки хилофи ончи шаръи исломи барои ту таъйин кардааст, бияндеши, бовар куни, бигуйи ва амал кунӣ. Дар чунин сурате имкони тардид кардан дар ахкоми исломи ва дар мабонии ислом барои ту сифр аст, ва хамин аст, ки хунаре чуз суханбози надорӣ.

    Дар бораи илм: Илме, ки ту мегуйи ва дар Қуръон аз он ёд шуда бо илми имруз хеч иртиботе надорад. Илми имрӯзи бар мабнои хирадгаройи, яъне ратсионализм пеш меравад, дар холе, ки илме ки ту аз он ёд мекуни, илохиёт аст ва на беш аз он.

    Хатто дар хамон маврид низ, як мусалмон хакк надорад, илмеро омузад ё аз он кор бигирад, ки бо мабонии ислом ва шариъат дар тазодд аст. Чун бисёре аз улум мабони ва усули исломро кабул надоранд ва онхоро беш аз боварҳои содаи инсонӣ намедонанд. Бубин, масалан имруз мусалмонхо бо дастовардхои илм дар заминаи сикти чанин, шабехсози, пайвандсозии аъзои бадан ва гайра мухолифат мекунанд. Чаро?

    Дигар иштибохе, ки муртакиб шудаи, ин аст, ки фалсафаро илм хонда ва боз иддаъо мекуни, ки бовархои дини чун аз рохи тачруба кобили озмоиш ва исбот нестанд, аз рохи фалсафа метавон исбот кард. О чи тур? Оё ин фалсафае, ки мегуйи равишхое барои исботи ин ё он акида ва андеша дар пеш мегузорад, ки бо истифода аз он равишхо битавонем дарёбем, ки фалони дуруст андешидааст ё хайр?

    Дар мавриди падидахо ва аворизи илми, метавон хама чизро собит кард. Масалан агар ту иддаъо куни, ки ба ман ду кило себ доди, ман гуям, ки на, он як кило буд, мо харду бо истифоа аз тарозу, василаи илми ва тачруби, ки на тарафи маро ва на тарафи туро намегирад, метавонем бисанчем, ки кадом иддаъо дуруст аст.

    Вале дар масоили фалсафи, ки беш аз назар ва андеша ва эътикод нестанд, чи тур мешавад исбот кард, ки фалон андеша ё акида дуруст аст? Мешавад аз хамон «равишхои акли», ки иддаъо мекуни имон ва эътикодхоятро исбот мекунад ба мо бинамои ва мо хам санчем, ки ту дуруст фикр кардаи ё галат?

    Фалсафа албатта оламе аз афкор ва андешахо дар бораи хасти хаст, вале лузуман хамаи ин андешахо ва афкор собитшуда нестанд, онхо хакикат махсуб намешаванд. Хакикат танхо аз рохи илм ва равишхои илми собитшуданист, на аз рохи имон ва эътикоди куркурона.

    Умедворам, хирадат бар имонат пируз шавад

  40. Идомаи посух ба ишколоти Фаромарз,
    3. Мегўед: “Албата манзурам аз илм илми вокеъи ва мудерн (яъне science) аст, на илми илохиёт, ки дигар ба унвони илм касе онро ба расмият намешиносад”.
    Нороҳат нашавед агар боз ҳам бигўям шумо бўе аз дониши ақлӣ ба машом набурдаед. Зоҳиран номаи қаблии ин ҷонибро бо диққат нахондед. Ин ки мегўед “илми модерн”, муроди шумо кадом ришта аз улум аст? Билохира ҳар илме – чи дар гузашта ва чи имрўз – ё аз қабили улуми таҷрибӣ ҳастанд, ё аз қабили улуми назарӣ мисли фалсафа. Фарқе надорад қадим бошад ё модерн. Оре, он чи ҳаст ин аст, ки улум – чи таҷрибӣ ва чи назарӣ – бо гузашти рўзгор пеш рафтааст. Ҳамон тавр ки улуми таҷрибӣ пеш рафтааст (ва ҳаққо ки пеш рафтааст), ҳамчунин улуми назарӣ мисли фалсафа низ пеш рафтааст; ба ин ки масалан бар масоили он афзуда шуда, ё бархе аз навоқиси он бармало шуда ва сару сомоне пайдо кардааст.
    Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, мавзўъ ҳамон мавзўъ аст ва равиш ҳамон равиш. Чунин нест, ки бо гузашти айём масалан мавзўи фалсафа, аз “мутлақи вуҷуд” ба чизе дигар табдил гардида бошад, ва ё мавзўи улуми таҷрибӣ, аз “моддаи табиӣ” ба муҷаррадот тағйир пайдо карда бошад. Дар ноҳияи равиш ҳам чунин аст. Равиши фалсафа аз ҳамон даврони куҳан, ҳамон равиши ақлӣ буд ва то имрўз низ ҳамин аст. Дар улуми таҷрибӣ ҳам чунин аст, ки ҳамеша равиши он, озмоиш будааст.
    Оре, дар ин миён касоне пайдо шудаанд, ки равиши ақлӣ-фалсафиро аз реша номўътабар донистаанд (мисли позетивистҳо), ки ба зудӣ перомуни он ҳам баҳс ба амал хоҳам овард.
    Ва ин ҳам ки мегўед “на илми илохиёт, ки дигар ба унвони илм касе онро ба расмият намешиносад”, ҳикоят аз ноогоҳии шумо ҳатто аз маънои чунин истилоҳ мекунад.
    Баъзеҳо фикр мекунанд, ки “илоҳиёт”, яъне баҳсу баррасии мавзўъҳои динӣ бар асоси ояту ривоёт, ғофил аз ин ки мурод аз “илоҳиёт” дар осори фалосифа, тамоман чизе дигар аст. Тавзеҳ он ки фалосифа улумро ба ин тартиб тақсим мекарданд:
    а) Улуме аз қабили табииёт ва фалсафа;
    б) Улуми амалӣ, ки шомили ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсат буд;
    в) Улуми ибдоӣ яъне фанни шеъру хитобаву ҷадал.
    Он гоҳ улуми дастаи аввал, ки шомили табииёт ва фалсафа буд, барои ин ки фалсафаро баъд аз табииёт мехонданд, барояш номи “он чи баъд аз табииёт меояд” (моварои табиат ё худ метафизика) гузошта буданд. Бархе чунин пиндоштанд, ки “метафизика” яъне берун аз табиат яъне олами ғайб. Ин яке аз бузургтарин ғалатҳои бархе аз пажўҳишгарони навин буд.
    Ҳоло, пешиниён (хусусан фалосифаи исломӣ) номи “фалсафа”-ро “илоҳиёт” низ мехонданд. Шояд иллати номгузории фалсафа ба илоҳиёт ин будааст, ки пешиниён мабоҳиси фалсафиро муқаддимаи шинохти Худо медонистаанд. Бинобар ин, Бўалӣ бахши фалсафаро ба ду қисм: “илоҳиёт бил-маънал-аъам” (илоҳиёт ба маънои омм, ки дар бораи “мутлақи вуҷуд” баҳс мекард) ва “илоҳиёт бил-маънал-ахасс” (илоҳиёт ба маънои хосс, ки перомуни исботи вуҷуди Худо ва сифоти Ў ва паёмбарӣ ва рўзи охират гуфтугў мекард) тақсим кардааст. Албатта дигарон ҳам пеш аз ў ва баъд аз ў чунин кардаанд, ҳатто Арасту ҳам чунин тақсимот дорад. (Руҷўъ шавад ба китоби “Шифо” ва “Ишорот”-и Бўалӣ дар ин боб).
    Бинобар ин, сухани шумо, ки мегўед имрўз илоҳиёт аз эътибор соқит шудааст, ба маънои суқути фалсафаи ақлӣ аст. Ҳоло агар аҳаде ба монанди шумо чунин сухани берабте гуфта бошад, намунае биёваред.
    4. Ва аммо ин ки мегўед: “вале бисёре аз падидахои гайримодди низ ба василаи равишхои илмӣ мавриди санчиш ва озмоиш қарор гирифта ва исботи худро ёфтаанд”, чунин сухани нопухта барои ҳар огоҳ аз дониши ақлӣ аҷибу ғариб аст. Яъне шумо гуфтаниед, ки муҷаррадотро ҳам метавон таҳти озмоиши таҷрибӣ қарор дод. Гўяндаи чунин сухан ё тасаввуре дуруст аз мавҷудоти ғайри моддӣ (муҷаррадот) надорад, ё аз рўи қасд, ҳарчанд худ ба он огоҳ нест, чунин мегўяд. Ба ҳар ҳол, инсоф аз мо инро металабад, ки аз шумо бихоҳем намунае барои мо зикр кунед, он гоҳ бо шумо дар ин бора баҳс хоҳам намуд.
    5. Мегўед: “Як дустам мегуфт, ки дурусттарин посух ба суоли “Оё Худо вучуд дорад?” ин аст, ки гуйи “Намедонам”. Зеро бо ин сухан хакикатро гуфтайи, вале агар гуйи, ки “вучуд дорад” дуруг гуфтаи, чун собит нашудааст, ки он вучуд дорад”. Посухи мо ин аст, ки иттифоқан вуҷуд дорад ва ба далелҳои фалсафӣ ва ақлии мутқан собит шудааст. Касе ки ба васоили таҷрибӣ ба суроғи Худо меравад (ки иштибоҳ мекунад), танҳо ўст, ки мегўяд “намедонам”, на касе ки вуҷуди Худоро ба далелҳои дигар (на таҷрибӣ) ёфтааст. Ҳоло, он далоил кадоманд? Ин ҷониб ба зудӣ он ҷо ки суханони Бўалӣ (р) дар исботи вуҷуди Худоро меоварам, ба ин нукта ҳам ишора хоҳам кард. Дар мавриди ҳақиқати ваҳй ҳам айни чунин сухан ҷорист, ки дар ҷои худаш ба он низ таъкид хоҳад шуд.
    6. Дар бораи боварҳои динӣ мегўед: “Инхо хама эътиқод ҳастанд, на ҳақиқат”. Дар посух ба ин иддаои бепоя, ибтидо ба ин нукта ишора карда бошам, ки яке аз муҳимтарин чизе, ки барои фаҳми матолиби ақлӣ зарурист, ин тасаввури дуруст доштан аз истилоҳот ва мафоҳим аст. Шумо бубинед ҷанҷоли бархеҳо, ки ба ҷое ҳам намерасад, вақте диққат мекунед, мебинед тамоми бадфаҳмиҳо бархоста аз тасаввури дуруст надоштан аз мафоҳим будааст.
    Дар ин маврид ҳам масъала аз ҳамин қарор аст. Барои рўшан шудани масъала, бояд таърифе дақиқ аз ду мафҳуми “ҳақиқат” ва “эътиқод” ба амал овард. Эътиқод, чизе ҷуз тасдиқ нест. Мафоҳиме чун “бовар”, “эътиқод” ва “тасдиқ” мафҳумҳои ҳамрадифанд. Вақте касе мегўяд: ман ба ин қазия ё масъала эътиқод дорам, яъне бовар дорад, онро тасдиқ мекунад. Вақте мегўяд: ман ба вуҷуди Худо эътиқод дорам, яъне қазияи “Худо вуҷуд дорад”-ро тасдиқ кардааст. Дар истилоҳи мантиқ, ба ин мафоҳим “ҳукм” низ мегўянд. Мантиқдонон илмро ду даста медонанд: тасаввурот ва тасдиқот. Мегўянд, тасаввур, илме сода аст ва ҳеҷ ҳукмеро ба ҳамроҳ надорад мисли тасаввури хуршед. Ва аммо тасдиқ, илме аст ҳамроҳ ба ҳукм. Масалан: “Хуршед тулўъ кард”, ки тасдиқ аст, на ин ки илме сода бошад, балки ҳукми нафси одамӣ бар дурустии ин қазияро низ ба ҳамроҳ дорад.
    Ва аммо мафҳуми “ҳақиқат” чизе нест, ки дар арзи “эътиқод” ва ё “тасдиқ” қарор бигирад, балки васфи эътиқодот ва ё тасдиқот аст. Ҳақиқат ҳамрадифи “сидқ” ё “саҳеҳ” мебошад. Масалан: дар мавриди эътиқод ба ин ки “ду зарб бар ду чаҳор аст”, мегўянд ин эътиқод саҳеҳ аст, ҳақиқат дорад. Ва ба иборати дақиқи фалсафӣ, мутобиқ бо воқеъ аст. Дар баробари ҳақиқат, мафоҳиме чун “хато” ё “дурўғ” ё “ғалат” қарор мегирад. Масалан: дар мавриди ин эътиқод ки “ду зарб дар ду се аст”, мегўянд чунин эътиқод ва боваре ғалат аст, дурўғ аст, хато аст ва ҳақиқат надорад.
    Пас, қарор додани мафҳуми “ҳақиқат”, ки (васфи тасдиқ аст, на худи он) дар баробари “эътиқод” (ки тасдиқ аст) коре иштибоҳ аст. Беҳтарин далели мо бар ин матлаб ин аст, ки мо, ҳам метавонем эътиқодеро, ба “ҳақиқат доштан” васф кунем, ва ҳам эътиқодеро (агар мутобиқ бо воқеъ набошад) ба “ҳақиқат надоштан” васф кунем. Бинобар ин, эътиқодоти динӣ (ки ҳамон як силсила тасдиқот ҳастанд), мисли ҳар эътиқод ва тасдиқе (ҳатто тасдиқҳои таҷрибӣ), ҳам метавонанд ҳақиқат бошанд (агар мутобиқ бо воқеъ ҳастанд), ва ҳам метавонанд дурўғ бошанд (агар бо воқеъ татобуқ надоранд). Ҳоло, аз куҷо фаҳмем, ки ҳақиқат доранд ё надоранд, ўҳдадори ҳалли ин, ҳамон фалсафаи назарӣ ва ақлӣ аст.
    Идомаи посух дар номаҳои баъдӣ.
    Комёб бошед!

  41. Саломи гарму чушон ба олими барчаста Саидюнус!!!
    Акачон молодец!!! Сари моро хамин хел Табару Фаромарзхо барин одамхо бо хамин хел гапхошон гаранг мекраданд дар донишгохо. Суханхои шуморо хонда, хакикат ба мо монанди офотоб дар руз равшан шуда истодааст.
    То имруз кучо гашта будед, тезтар хамин хел чавобхоро медодед. Хамаш бурро, конесозанда, бо исботи акли.
    Копия карда ба устодхо бурда нишон додам. хаммашон хонда ба падару модараш рахмат гуфтанд.
    Худо дар панохаш шумо барин олимхоро нигох дорад!!!

  42. Мухтарам Сайидюнус!

    Посухатонро интизорам.

  43. Ответа я не получил. Может быть господин Табар прокомментирует эти вопросы.

  44. Раҳими Раштӣ,
    Паёмбари азимушшаъни ислом ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ бутеро напарастидааст. Инро ҳеҷ як аз таърихнигорон нагуфтаанд. Паёмбар (с) аз лаҳзае, ки аз модар мутаваллид шуд то рўзе ки ба хок супурда шуд, ҷуз Худои якторо напарастид. (Таърихи Ибни Ҳишом, сираи Паёмбар (с) қабл аз беъсат, с. 32) Дар таърих (минҷула таърихи Ал-хамис, ҷ. 1, с. 258) омадааст, ки Паёмбар (с) дар ҷавонӣ ва қабл аз беъсат, он ҳангом ки ҳамроҳи амуяш Абўтолиб ба сафари Шом раҳсипор шуд, ҳангоми гуфтугў бо Буҳайро (роҳиби насронӣ) танаффури худро ба бутҳои он замони араб изҳор кард. Он ҷо ки роҳиб, рў ба ў кард ва гуфт: Туро савганд медиҳам ба ҳаққи “Лоту Уззо”, маро аз он чи ки мепурсам посух гў: Расули гиромӣ (с) бар ў пархош кард ва гуфт: “Ҳаргиз маро ба Лоту Уззо савганд мадеҳ. Чизе дар ҷаҳон назди ман монанди парастиши он ду мабғуз ва мутанаффир нест”.
    Аммо ҳадисе, ки нақл кардед, аз ҳақиқати руҳи он ҷаноб (с) сухан мегўяд. Мо мусалмонон эътиқод дорем, ки руҳи мубораки ҳазрати Паёмбар (с) қабл аз ҳар мавҷуде халқ шудааст. Ва инро ҷуз орифон ва касоне, ки дар майдони сулуки амалии ислом гом ниҳодаанд, касе дигар намефаҳмад.
    Комёб бошед!

  45. Раҳими Раштӣ,
    Барои иттилои бештар бо таърих ва зиндагонии Паёмбар (с), метавонед ба ин нишони мурочеа намоед:

    http://www.kemyaesaadat.com/index.php?option=com_content&view=article&id=126:-1&catid=36:2008-12-09-19-26-16&Itemid=42

  46. Табарахе, шумо ба харчи бовар хохед кард кардан гиред, хохед миссионер, оташпараст, будпараст, ва гайра бошед.

    Аммо хама иддахои шуморо, якумин ояти ба Мухаммад (с.а.с) фуруомада бесасос мегардонад. Чаро дар сахифахатон дар ин бора бахсе нест? Бас аст провокатори кардан.

    Хакикати дигар ин аст ки хама олимони бузугри форсизабонон, бад аз Мусулмон гаштани халки форсизабон, ба дунё омаданд.

    Поянда бошед!

  47. Худоро нест накунед, ки занхо нофармон мешаванд (занхо оборзет мекунанд) навишт як хондаи ин бахс. Яъне тарсонданист, ки бехудои хам ба бисёрзании баъзехо хотима медихаду хам пояхои ахлокиро хароб мекунад.

    Бисёрзаниро баъзе динхо махкум мекунанд. Дар ислом хам хатми нест, аммо ичозат додааст.

    Дар бахс оиди фалсафаи Юнони ва муносибати ислом ба он низ барраси шуда истодааст. Бояд тазаккур дод, ки муносибати рухониёни масехи низ ба осори файласуфони Юнони аз чумла Сукрот, Афлотун ва Арасту бад буд, хондани осори ононро манъ мекарданд. Зеро аз Сукрот сар карда хама файласуфон ба дин вобаста надоштани ахлокро дар чомеа доимо рад намудаанд. Сукрот таъсири динро ба ахлок тамоман рад мекунад ва даъват пеш овардааст, ки худро бишносанд ва дар худ асосхои ахлокиро кашф намоянд. Шогирди у Афлотун таълимоти Сукротро ривоч бахшида дониш ва хакикатро тахкурсии бинои ахлок хисобид.

    Асоси накукори дар дониш аст, – мегуфт у, – надонистан манбаи асосии бадист.

    Мардуми Аврупо хазор сол пеш тавонист ба манъкунихои диндорон эътибор надода фалсафаи юнониро асоси илми худ намуда ба пешрафти азими илму фарханг муваффак шавад. Холо хам осори онхо асоси илми муосирро ташкил мекунад.

    Аммо дар Ирону Осиёи Маркази, ки ин чо низ тамаддуни бузурге – бузургтар аз хама тамаддунхои дигар вучуд дошт, ислом ба хама сохахои хаёт (аз мактабу мадраса сар карда) рох ёфт. Сино, Фороби, Беруни ва дигар донишмандони машхуре, ки мехостанд дар ин сарзамин илму дониш, ахлок бар зербинои фалсафа ва мантики юнони карор гирад ва дар ин бобат дар он шароити вазнин осори зиёде навишта парчами хирадгароиро баланд бардоранд, аз чониби Газоли ва уламои ба у монанд саркуб шуданд.

    Охирин намояндаи хирадгарои Хайём буд, ки афкораш дар рубоиёташ таъсири амике дорад.

    Афлотун адолатро асоси хамзистии осоиштаи одамон ва мувофикат дар чомеа медонад. Ин аз табиати одимизод бармеояд, – мегуяд у.

    Хамин тавр Сукроту Афлотун тавонистанд пояхои , Этика-мачмуаи донишхо оид ба ахлокро ба вучуд оваранд, ки ин акидахо пойбанди на дини насронисту на дини исломи.

    Онхо маъновиёти инсонро аз се бахш иборат медонистанд: Хирадманди, часорат ва каноатпешаги. Аммо Мухаббати одамонро ба хамдигар болотар гузошта пайванди Накукори ва Мехру Мухаббатро – камоли матлуби хама гуна дусти ва мувофикат дар чомеа медонистанд.

    Дар осори Афлотун акидахое низ буданд, ки онхоро кабул кардан мумкин нест, Афлотун низ одам буд ва хато мекард. Аммо рушанфикрони Аврупо тавонистанд, акидахои галати у ва дигар файласуфони юнониро канор гузошта он акидахое, ки барои ривочи хирадгарои ва чомеаи пешкадам зарур аст, дастури асосии зербинои илми карор диханд.

    Дар Точикистон дар кадимзамон чи тавр буд холо низ хамонро мушохида мекунем. Рухониён баъди сари Сино он вазъеро ба вучуд оварда тавонистанд, ки акидахои галати Сино афзалият пайдо кунад, хирадгароии у канор гузошта шавад ё тамоман фаромуш гардад.

    Идомаи чунин кушишхоро дар асри 20 ва дар асри 21 низ дидем. Чаро блоги Герби шердор навистааст, ки чашни 1030 – солагии Синоро гузаронидан зарур аст? Мо точикон холо хама осорхои Синоро тарчума ва чоп накардаем ва он осорхоеро, ки чоп шудааст, ё нахондаем ё оиди акидахои у андеша нанамудаем.

    Донишмандони точик оиди хирадгароии Сино осорхои хуб эчод намуда барои мардум шарху тафсири фахмотар нанавиштаанд.

    Блоги Андеша бо ин бахс барои худошиносии точикон сахми бузурге гузошта истодааст ва барои идомаи он бобхои нав бояд кушод.

    Кушиши Сино барои баркарор кардани хирадгарои кушиш барои баркарор кардани асли ориёнажодон аст.

    Хирадгарои буд, ки ориёихо пеш аз хама дигар халкхои чахон чарху ароба офариданд. Хирадгарои буд, ки формулаи бехтарину комилтарини ахлоки – Пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек офарида шуд.

    Сипас онхое, ки ба кавли Фирдавси шири шутур мехурданду сусмор аз биёбонхои Арабистон чун муру малах ба Эрону Осиёи Маркази фуру рехтанд ва динеро, ки ба акоиди кабилахои араб асос ёфта буд ба мутамаддинтарин мардуми чахон зуран бор карданд. Асли масъала ба дини ислом бовар кардан ё накардан нест. Чун ин кор хусусист, касе ки хохад бовар мекунад, нахохад не.

    Асли масъала он аст, ки агар мо аз нажоди ориёи бошем, ба хирадгарои, ки чавхари он аст, бармегардем ё на?

  48. Дар чумлаи «Зеро аз Сукрот сар карда хама файласуфон ба дин вобаста надоштани ахлокро дар чомеа доимо рад менамуданд.» ду калимаи охир «таъкид менамуданд» хонда шавад.

  49. Сайидюнус менависад:

    ////Ин ки мегўед “илми модерн”, муроди шумо кадом ришта аз улум аст? Билохира ҳар илме – чи дар гузашта ва чи имрўз – ё аз қабили улуми таҷрибӣ ҳастанд, ё аз қабили улуми назарӣ мисли фалсафа. Фарқе надорад қадим бошад ё модерн. Оре, он чи ҳаст ин аст, ки улум – чи таҷрибӣ ва чи назарӣ – бо гузашти рўзгор пеш рафтааст. ///

    Манзури ман аз илми мудерн, таърифи тоза ва имрузин аз илм аст. Мафхуми илм дар замоне, ки Арастуву Афлотун, ва ё Синову Беруни мезистанд бо мафхуми илм дар замони мо комилан тафовут дорад. Илм низ монанди сойири бахшхои хаёти инсони хамвора дар холи такомул (эволютсия) будааст ва агар хазор сол пеш бархе андеша ва эътикодот ИЛМ номида мешуданд, холо дигар онхо аз ин доира хоричанд.

    Илоҳиёт фалсафа буд ё набуд, имруз дар забонхои гарби ба номи «Theology» аз он ёд мешавад, ки хеч касе онро ба унвони илм кабул надорад, дуруст монанди илми нучум ё ситорашиносии суннати (Astrology), ки он низ илм нест. Ба ҷойи он, ахтаршиносии ҷадид (Astronomy), ки дарвоқеъ бо шинохти ситорагону сайёрагон ва аҷроми осмонӣ сару кор дорад, ИЛМ маҳсуб мешавад.

    Илоҳиёти шумо низ дар сатҳи Астрология ё ба истилоҳ илми нуҷуме, ки бо толеъу сарнавишт сару кор дорад ва дар илм қобили санчиш ва баррасӣ нест, дигар илм маҳсуб намешавад. Ҳарчанд диншиносӣ, ё мазҳабшиносӣ, ки бахше аз фархангшиносӣ аст ва бо шинохти мазохиб ва адён аз игохи илми сару кор дорад ва бо илохиёт хеч иртиботе надорад, илме аз улуми чомеъашиноси махсуб мешавад.

    Диншиносӣ адёни мухталифро, таърихи онхоро, дидгоҳҳо ва андешаву эътиқодоти марбут ба ин ё он дин ё мазҳаб, тафовутҳои миёни мазоҳиб ва ғайраро меомузад, вале аз дидгоҳи илмӣ, на барои кабулондану тарвичу таблиғи онхо.

    Вале илоҳиёт, ки чуз сафсата ва таблиғи куркуронаи ин ё он дин нест, бо илм коре надорад, ва танхо андеша ва эътикодоти нимросту нимдуругро ба хар васила, ки бошад «собит» мекунад. Яъне барои андешахои пуче, ки илм дуруг будани онхоро кайхо исбот кардааст, илохиёт меояд ва тавчех ва истидлол метарошад ва масалан агар пурсанд чи чаро дин мегуяд ки Замин руйи шохи гов аст аммо илм ин гуфтаро радд кардааст, далел меорад, ки пайгамбар бо шохи гов рамзеро дар наар дошт ва аз ин гуна музахрафот.

    Музахрафоти дигари он иборат аз бахсхои бехуда дар бораи чигунагии Худо ва офариниш ва пайгамбарон ва вахй ва чароии онхо ва гайра, яъне агар паямбаре омад ва угфт ки фалон чиз барои фалон аст, «олими» илохиёт мешинад ва тавчех ва истидлол месозад то чунин намояд ки чаро у чунин гуфта ва чаро он дуруст аст, яъне барои иддаъохои бемантик мантик чаъл мекунад.

    Дар бораи умули назари ва тачруби, ман дар ин бора чизе нанавиштаам ва ин дуро ба хам зидд нагузоштаам, ва далеле барои овардани музахрафоте дар ин бора вучуд надошт.

    Илмхо дуруст аст ки назари ва тачруби мешаванд, ва на танхо имхо назари ва тачруби мешҳаванд, балки назария ва тачруба ду шохаи хамон як илм, яъне хар кадоме аз улум метавонад бошад.

    Назария, ки ба маънии теория (Theory) аст ва тачруба ки ба маънии практика (Practice) аст, ду чанбаи илм аст, ки яке бе дигар наметавонад бошад. Назария дарвокеъ тасвир ё тарҳи зехнию андешаии ҳамон тачруба ё практика аст. Масалан чомеъашиноси хам чанбахои назари (theoretical) дорад ва ҳам чанбаҳои тачруби (practical) ва илмхои дигар низ чунин чанбахое доранд.

    Вале мавзуъи назария ва тачруба, бо ончи Сайидюнус мегуяд, ва мехохад нукси худашро дар зери пардаи ин ду пинхон кунад, хеч иртиботе надорад. Масалан агар Сайидюнус дар хавзаи Кум тахсил карда бошад, ки як хавзаи ба стилох «илмии» мазхабии Эрон аст, пас дар хамон хавза ва ё назди чанд чаламулло дар Тоҷикистон «олим» махсуб мешавад, вале бидуни мадраки илми аз донишгох ё аз фархангистоне муътабар, навиштахои уро касе ба унвони илм кабул нахохад кард. Зеро ки инхо дарвокеъ илм нестанд, таблигот хастанд.

    Ба ин далел, касоне мисли Мутаххари ва Шариъати ва дигарон, ки бархе пайравонашон онхоро «олимони барчаста» ва хатто «аллома» мехонанд, аз дидгохи донишмандони вокеъи олим махсуб намешаванд ва кутуби онхо ба унвони кутуби илми дар донишгоххо ё фархангистонхои муътабаре, ки худро эхтиром мекунанд, кобили кабул нестанд. Инхо хама таблигот ва андешахои шахсии онон махсуб мешаванд.

    Ба ин далел, илохиётро наметавон дар пушти мафхуми «улуми назари» пинхон кард, ва идаъои бемагзона кард, ки ин «илм» ба исбот ба василаи равишхои тачруби ва бихрадона ниёз надорад. Ба ин навъ суханони бепоя мегуянд ТАВТОЛОГИЯ!

    Ва ин ки ман гуфтам, бисёре чизҳои ғайримоддӣ низ кобили санчиш хастанд, дуруст аст, ва баракс чизхои моддии зиёде хаст, ки ба далели дар дастраси карор надоштан, кобили санчиш ва озмоиш нестанд. масалан донишмандон аз замин истода дар Миррих обро чустучу мекунанд ва он бо истифода аз методхои илмии мудерн бидуни дастраси ба Миррих сурат мегирад. Ё кабатхои дохилии заминро касе наметавонад мавриди озмоиш ё тачруба дар лаборатория карор дихад.

    Чизхои гайримоддие, ки кобили озмоиш ва санчиш хастанд, намунааш бисёре аз хисобу китобхои риёзи аст, ки бидуни истифода аз хеч гуна модда ба даст омадаанд, вале бо ин вучуд як фурмул бо истифода аз фурмули дигар кобили санчиш аст. Масалан бисёре аз кайфиятхо монанди гарми, сарди, суръат, вакт, ва гайра модди нестанд, вале кобили хисобу китоб, санчиш ва арзёби хастанд.

    Ба ин тартиб, ӣисёре аз назарияхо низ мавриди санчиш карор мегиранд, ва агар онхо кобили санчиш бошанд, назарияи илми аст ва дар илм кобили бахсу баррасист, вале ончи кобили санчиш (it can be or cannot be put under test) набошад, назарияи илми махсуб намешавад.

    Бехтарин мисоли ин, назарияи «офариниши бихрадона» аст, ки бахсу гуфтугуи он дар Омрико зиёд буд ва мубаллигони дини, ба шеваи Сайидюнус, онро таблиг мекарданд ва онро «назарияи илми» мехонданд ва хатто тбо чалби пуштибонии умуми такозо карданд, ки он дар канори назарияи Дорвин дар мадорис тадрис шавад. Вале донишмандон ва окодемисянхои омрикои бо он башддат мухолифат карданд ва гуфтанд, ки ин «назария» дар илм кобили санчиш нест бо равишхои илми (чи назари ва чи тачруби) кобили санчиш нест ва ба ин далел ИЛМИ НЕСТ.

    Хамин хукм дар мавриди вахй, пайгамбари, китоби осмони, авлиё, дузаху бихишт, казову кадар ва музахрафоти дигари дини хам сидк мекунад ва дарвокеъ инхо ба унвони ИЛМ яъне SCIENCE ё НАУКА харгиз матрах нестанд.

    Албатта касе, ки дар лобалои осори навишташуда дар карни 10-12 сар фуру бурда бошад ва бештар аз навиштахои бемаънии охундхои Кум ва мубаллигони мазхабии исломи нахонда бошад, аз илми имрузи бехабар аст.

    Ба умеди пирузии хирад бар имони куркурона!

    .

  50. Идомаи посух ба ишколоти Фаромарз,
    Қабл аз посух ба ишколоти дигари шумо, лозим медонам матолибе чанд дар бораи худам тазаккур диҳам. Ба ин хотир ки шумо (Ҷаноби Фаромарз) гаҳ-гоҳе суханоне перомуни ин ҷониб ва умри шахсиям ба миён меоваред, ки дар ин навъ баҳсу мунозираҳо, аслан дуруст нест (ва камоли беадабӣ аст) агар мунозиракунанда сухан аз шахсияти тарафи мунозирааш ба миён кашад. Ин ки “Агар Сайидюнус дар хавзаи Кум тахсил карда бошад, ки як хавзаи ба истилох “илмии” мазхабии Эрон аст, пас дар хамон хавза ва ё назди чанд чаламулло дар Тоҷикистон “олим” махсуб мешавад, вале бидуни мадраки илми аз донишгох ё аз фархангистоне муътабар, навиштахои уро касе ба унвони илм кабул нахохад кард. Зеро ки инхо дарвокеъ илм нестанд, таблигот хастанд”, чи рабте ба асли мавзўъ дорад?
    Ва ё ин ки мегўед: “Албатта касе, ки дар лобалои осори навишташуда дар карни 10-12 сар фуру бурда бошад ва бештар аз навиштахои бемаънии охундхои Кум ва мубаллигони мазхабии исломи нахонда бошад, аз илми имрузи бехабар аст”, чӣ алоқае ба баҳси мавриди назар дорад?
    Ҳоло, ки баҳсро ин ҷо кашонидед, барои худам лозим медонам хештанро муаррифӣ кунам, на мисли касоне ки бо исмҳои мустаор суханони масхараомез ба забон ҷорӣ мекунанд.
    Ин ҷониб исмам Сайидюнус Бурҳонов, шўҳратам Истаравшанӣ, мутаваллиди соли 1969 дар шаҳри бостонии Истаравшан мебошам. Соли 1986 мактаби миёнаи ба номи Обидхўҷа Лутфиро бо медали тилло ба поён расондам. Сипас соли 1987 дар Донишгоҳи ҳунари шаҳри Саратови Русия (риштаи рассомӣ) як сол таҳсил карда, вале баъд аз тарки он, озими Тошканд шуда ва Донишгоҳи шарқшиносии он ҷоро соли 1993 бо дипломи сурх ба итмом расондам. Соли 1994 вориди Донишгоҳи Мустафо (с) ал-оламия дар Эрон (Қум) шуда ва дар риштаи ҳикмати исломӣ то соли 1998 таҳсил кардам. Баъд аз дарёфти мадраки коршиносии аршади ин донишгоҳ, соли 2001 вориди Донишгоҳи давлатии Димишқи Сурия (дар риштаи фалсафаи Ғарб) шуда ва соли 2007 бо дарёфти мадраки коршиносии аршад (магистратура) онро ба поён расондам. Бароятон тазаккур намуда бошам, ки тахассусам дар риштаи фалсафаи ҳермонотики Олмон (фалсафаи Ҳойдегер ва Гадамер) аст. Инак наздики ду сол аст, ки дар Эрон (Қум), дар ҳамон доншгоҳи Мустафо (с) ал-оламия, ҳам дар мақтаи доктории маорифи исломӣ таҳсил дорам, ва ҳамзамон ба унвони устоди фалсафа машғули тадриси ин фан мебошам.
    Ҳоло, бармегардем бар сари асли мавзўъ:
    Фаромарз гуфта буданд: “Ба ин тартиб, барои ин ки собит шавад, Сино мусалмон буда ё на, як фурмули сода ва ибтидоии мантиқ кофӣ нест. Ба ҷойи ин, кори масхара, метавонистӣ ба осонӣ аз кутуби Сино ва китобҳое ки ба ӯ нисбат дода мешаванд, ҳазорон далел оварӣ, ки ӯ худро мусалмон хондааст”.
    Ҳарчанд ин сухан қисмате нодуруст дарбар дорад (он ҷо ки мегўяд: “як фурмули сода ва ибтидоии мантиқ кофӣ нест”, зеро ҳар масъалае бо иқомаи бурҳон ва бар асоси қиёси мантиқӣ қобили исбот аст), вале қисмате дигар ҳақиқатеро ҳам дарбар дорад. Ва он ин ки беҳтарин роҳ, овардани матолиб аз дохили кутуби худи Сино (р) аст. Ва ин ҷониб қаблан ҳам ваъда дода будам, ки ин корро анҷом хоҳад дод.
    Ва ба ин тартиб, ҳам мусалмон будани марҳуми Сино (р) собит хоҳад шуд, ва ҳам чигунагии далолати бурҳони ақлӣ бар вуҷуди Худо ва куллан пояҳои асосии дини ислом (тавҳид, нубувват ва маод), ва зимнан ба ин пурсиш ҳам ки мегўяд: “Вале дар масоили фалсафи, ки беш аз назар ва андеша ва эътикод нестанд, чи тур мешавад исбот кард, ки фалон андеша ё акида дуруст аст? Мешавад аз хамон “равишхои акли”, ки иддаъо мекуни имон ва эътикодхоятро исбот мекунад ба мо бинамои ва мо хам санчем, ки ту дуруст фикр кардаи ё галат?”, посух дода хоҳад шуд.
    Матолибе, ки меоварам, аз машҳуртарин китобҳои Абўалӣ ибни Сино (р) мебошанд, ки иборат ҳастанд аз “Шифо”, “Наҷот”, “Ишорот ва танбеҳот” ва “Уйунул-ҳикма”, ки ҷуз нофаҳм наметавонад нисбати онҳо ба Сино (р)-ро инкор кунад. Қабл аз баҳс, лозим аст нишониҳои дақиқи ин китобҳоро (ки дар даст дорам) ёдовар шавам, чун ҳам амонати илмӣ чунин металабад, ва ҳам аз он ҷо ки баҳсу мунозираҳои мазбур ба сурати китоб чопу нашр хоҳанд гардид:
    а) Наҷот, чопи Қоҳира, соли чоп: 1331 ҳ.қ мутобиқ бо 1913 м;
    б) Ишорот ва танбеҳот, чопи Forget, соли чоп: 1892 м;
    в) Шифо, чопи Қоҳира, соли чоп: 1954 м;
    г) Уйунул-ҳикма, чопи Қоҳира, соли чоп: 1954 м.
    (Барои иттилои бештар, ҳар касе метавонад китобҳои номбурдаро дар китобхонаи марказии ба номи Фирдавсии Душанбе низ пайдо кунад, ки бархе аз онҳо нусхаи хаттӣ ва аз осори гаронқимати тоҷикон ба ҳисоб меравад).

    1. Таърифи фалсафа (ё худ “илми илоҳӣ” ба таъбири Сино) аз дидгоҳи Бўалӣ:

    (Тарҷума аз арабӣ) “Фалсафаи уло донишест, ки мавзўи он “мавҷуд” аст аз он назар ки мавҷуд аст, ва ҳадафи он иборат аст аз огоҳӣ ба аразҳои зотии мавҷуд – аз он назар ки мавҷуд аст – мисли ваҳдат, касрат, иллият ва ғайра”. (Уйунул-ҳикма, с. 47).
    Тавзеҳ: Фалсафа иборат аст аз як силсила баҳсҳо бар асоси бурҳон ва қиёси ақлӣ, ки дар бораи ҳастӣ ва аҳкоми куллии он гуфтугў мекунад. Ба иборати равшантар: фалсафа аз буду набуди чизҳо сухан мегўяд (мавҷуд аз он назар ки мавҷуд аст) ва аҳкоми мутлақи ҳастиро мавриди диққат қарор медиҳад ва ҳеҷ гоҳ ба аҳком ва осоре, ки махсуси як ё чанд мавзўи махсус аст назар надорад. Бар хилофи дигар илмҳо, ки як ё чанд мавзўъро мавриди назар қарор дода ва ба ҷустуҷўи аҳком ва осори он мепардозанд ва синхи баҳси он илмҳо мутаваҷҷеҳи буду набуди чизҳо нест.
    Барои тавзеҳи бештар мисоле меоварем: Масалан, агар дар бораи об ин масъаларо дар назар бигирем, ки (албатта ин як мисол аст) “Об дар 80% аз гармо бухор мешавад”, ин масъала марбут мешавад ба илми физик. Яъне дар илми физик дар бораи аҳкоми ҷисмҳо (аз ҷумла об) гуфтугў мешавад. Вале дар илми физик (ва ё ҳар илми дигаре) дар бораи асли вуҷуд ва ҳастии ашё (аз ҷумла ҳастии ҳамин об) баҳс намешавад. Ин дар фалсафа аст, ки дар бораи буду набуд ва аҳкоми он баҳс мешавад.
    Ин ҷо лозим аст чанд матлаб баён шавад. Аввал ин ки баҳсҳои фалсафӣ бар асоси бурҳон ва қиёси ақлӣ исбот мешавад. Тавзеҳ ин ки ҳар илме масоили худро, бар асоси як равиши хоссе исбот мекунад. Масалан равиши таҳқиқи масоил дар илми кимиё таҷриба аст. Як кимиёидон вақте бихоҳад – масалан – исбот кунад, ки бо таркиби ду ҳидроген ва як оксиген, об ба даст меояд, бояд дар лабараторияҳо ин корро таҷриба карда бошад. Пас, равиши таҳқиқ дар илми номбурда таҷриба аст. Аммо дастае аз масоил ҳастанд, ки ба хотири синхи мавзўе, ки доранд, равиши таҳқиқашон истидлолҳои ақлист, ба монанди риёзиёт (арифметика) ва ё ҳамин фалсафа.
    Аммо ин ки равиши истидлоли ақлӣ чист ва чигуна аст, барои фаҳми он, муҳимтарин ва асоситарин равиш дар равишҳои истидлоли ақлиро, ки равиши бурҳон аст, ба гунаи мухтасар тавзеҳ медиҳем (ва албатта барои ба тафсил ошно шудан бо он, бояд ба китобҳои мантиқӣ муроҷеа кард).
    Бурҳони ақлӣ шакле дорад ва маводде. Мурод аз шакли он, тариқаи чидани муқаддимоти он аст барои расидан ба натиҷа. Масалан, агар ин ду муқаддима: “Дарахт мавҷудест табиӣ” ва “Ҳар мавҷуди табиӣ фанопазир аст”−ро пушти сари ҳам бичинем, метавонем аз ин ду, ин натиҷаро ба даст оварем, ки “Пас дарахт ҳам фанопазир аст”. Яъне мо аз замми он ду муқаддима ба якдигар, як масъалаи ҷадиде ба даст овардем. Дар китобҳои мантиқӣ перомуни ҳар як аз ин ду муқаддима, ки аз назари шакл ва сурат чӣ шуруте бояд дошта бошанд, баҳсҳои муфассал шудааст, ки хонанда метавонад ба онҳо муроҷеа кунад.
    Аммо мурод аз маводди бурҳон, муҳтавои он муқаддимот аст (на тариқаи чидани онҳо), яъне масалан ин муҳтаво, ки “Дарахт мавҷудест табиӣ”, аз куҷо ба он илм пайдо кардаем? Оё аз роҳи дидан, шунидан, ё касе онро ба мо нақл карда ва ё аслан ин маълум аз ҷое ба мо нарасида, балки аз маълумоти фитрист?
    Ҳол, дар мавриди бурҳони ақлӣ гуфтаанд, ки бояд маводдаш, аз синхи маълумоте бошад, ки ақли одамӣ бидуни такя ба чизе онҳоро тасдиқ намояд, мисли ин масъала, ки “Будани як чиз, бо набуданаш дар як ҷо қобили ҷамъ нест”, ки ақли ҳар одамӣ, бо бадоҳат онро тасдиқ менамояд.
    Матлаби дигар ин ки чаро равиши таҳқиқ дар исботи масоили фалсафӣ, равиши бурҳони ақлист. Дар ҷавоб мегўем: Тавзеҳ дода шуд, ки он чи сару кори фалсафа перомуни он аст “ҳастӣ” ва “вуҷуд” аст ва ба иборати дигар, мавзўи илми фалсафа “ҳастӣ” ва “вуҷуд” аст. Ва дар ҷои худаш собит шудааст, ки вуҷуд ва ҳастии ашё, чизе нест, ки қобили ламс ва ё дидан ва ё чашидан ва хулоса қобили эҳсос бошад. Балки он чи аз ашё, ки мо эҳсос мекунем, моҳияти онҳост (аз қабили рангу миқдору шакл ва ғайра). Яъне чизе дар хориҷ ба унвони “вуҷуд” ва “ҳастӣ” нест, ки қобили ишора кардан ба он бошад. Балки мо аз роҳи ақл ба он пай бурдаем. (Албатта қобили ёдоварӣ бошад, ки фаҳми ин матлаб осон нест). Ҳоло ки чунин аст, ки мафҳуми “вуҷуд” ва ё “мавҷуд”, ки мавзўи аслии масоили фалсафа аст, сирфан ақлонӣ ҳаст, яъне аз мафоҳиме ҳаст, ки зеҳн аз роҳи ҳеҷ ҳисси хориҷӣ, ё дохилӣ, қодир ба дастоварӣ ба он нест, балки бо ақл ба он пай бурдааст, маълум аст, ки баррасӣ ва таҳқиқи мавзўе, ки ақл онро ёфтааст, ҷуз бо равишҳо ва баррасиҳои ақлӣ муяссар нест.
    Боқӣ монд баёни матлаби ахир ва он ин ки дар таърифи фалсафа ишора шуд ба ин ки фалсафа аҳкоми куллӣ ва мутлақи ҳастиро мавриди диққат қарор медиҳад. (мавҷуд аз он назар ки мавҷуд аст). Тавзеҳ он ки ҳар як аз улум (физик, кимиё, табиатшиносӣ ва ғайра), як ё чанд чизро ба унвони “мавзўъ”, заминаи ковиш ва баррасиҳои худ қарор медиҳад ва ба кашфи хоссаҳо, осор ва аҳкоми он мепардозад. Аммо мавзўъ ва заминаи баррасиҳои фалсафа “вуҷуд” ба сурати мутлақ аст, яъне вуҷуд аз он назар ки вуҷуд аст, на ин ки вуҷуд аз он назар, ки вуҷуди инсон аст ва ё вуҷуди ҳайвон аст ва ё вуҷуди кўҳ аст ва ғайра бошад.
    Идомаи баҳс дар номаҳои баъдӣ.
    Комёб бошед.

  51. Сайидюнус,

    Зохиран пунба гуш задаед ва дигар ба суханони пурмухтаво ва бомантики Фаромарз гуш намедихед ва ба такрор лантаронихои каблиатонро балгур мекунед. Бо пузиш, аммо хамчунон пуч асту бепоя.

  52. Холо чандин далели дигар мабнй бар ин ки Куръон ва ислом вижаи арабхост ва моро бо он коре нест. Инро худи Аллох (Мухаммад) дар Куръон ошкоро гуфтааст.

    Барои хар кавме паёмбаре

    Ин асл, ки барои хар кавме аз чониби Худованд паёмбаре хос фиристода мешавад, дар оёти мутаъаддиде аз Куръон дар муносибатхои мухталиф мавриди таъкид карор гирифтааст:

    «Барои хар кавме паёмбаре фиристодем, то бад-онон бигуяд, ки Худои ягонаро бипарастанд ва аз тогут дурй гузинанд. Дар чамъ инон аквоме буданд, ки ба ёрии Худо рохнамои шуданд ва аквоми дигаре, ки ба гумрохй рафтанд» (Нахл, 36).

    «Хеч паёмбареро ба кавме нафиристодем, магар он ки забони у забони замон кавме бошад, ки барои он фиристода шудааст» (Иброхим, 4).

    «Расулоне аз чониби мо ба назди аквоме мухталиф фиристода шуданд, ки хар кадом оёте равшан бар дурустии рисолати худ доштанд, аммо ин аквом даст бар дахони онон ниходанд ва гуфтанд, ки мо он чиро, ки барои гуфтанаш омадаед, намепазирем ва дар бораи дурустии он чи моро бад-он мехонед, тардиди бисёр дорем» (Иброхим, 9).

    «Барои хар кавме рохнамое фиристодем» (Раъд, 7).

    «Барои Мусо Тавротро фиристодем ва уро ба хидояти кавми Банй Исроил маъмур кардем» (Сачда, 23).

    «…Ва ба Исо ибни Марям Инчилро фиристодем, ки дар он хидоят ва равшанои аст ва бар ахли Инчил фариза донистем, ки бад-он сурат ки Худованд дар ин китоб барояшон хостааст, рафтор кунанд, то аз гумрохон набошанд» (Моида, 46 ва 47).

    «Ба Нух вахй фиристодем, ки акнун хеч кас аз миёни кавми ту, ба чуз он кас ки пеш аз ин низ аз гаравандагон буд, даъвати туро пазиро нест. Ту низ аз бобати он чи онон мекунанд, афсурда мабош, балки киштии худатро зери назари мо ва бад-он сурат ки бар ту вахй кардаем, бисоз ва дигар бо мо аз ин беимонон сухане магу. Зеро ки чумлагии онхо гарк хоханд шуд» (Худ, 36 ва 37).

    «Ба кавми Од бародаре аз худашонро ба номи Худ ба рисолат фиристодем, ки бад-онон гуфт: Эй кавми ман, Худои ягонаро парастиш кунед, зеро ки худое барои шумо чуз у нест ва шумо ба рохи дуругпардозй меравед. Эй кавми ман, ман аз шумо бобати ин рисолат музде наметалабам, зеро музди ман бо он кас аст, ки маро офаридааст. Оё ба худ намеоед? Эй кавми ман, аз Худованди худ талаби истигфор кунед ва ба суи у бозгардед, то борони фаровоне бар шумо биборонад ва неруе бар неруятон биафзояд. Аз у руй бармагардонед ва худро аз ин рох гунахкор макунед» (Худ, 50-52).

    «Ба кавми Самуд бародаре аз худашонро ба номи Солех ба рисолат фиристодем…» (Худ, 61 ва 62).

    «Ба кавми Мадин бародаре аз худашон ба номи Шуъайбро ба рисолат фиристодем…» (Худ, 84-91).

    Ин конуни «Пайгамбаре барои хар кавме» аз назари Куръон ба кадре котеъият дорад, ки хатто малоик (фариштахо) ва ачинна (чиннхо) низ машмули он шудаанд. Дар сураи Асро (ояи 95) Аллох ба Мухаммад мегуяд:

    «Бад-онон бигу, ки агар карор буд малоика низ дар замин кароргохе дошта бошанд, дар он сурат мо хам фариштаеро аз миёни худашон барои рисолат ба онхо мефиристодем.»

    Ва дар сураи Анъом (ояи 130) худи Аллох хитоб ба ачинна мепурсад:

    «Эй гурухи чинниён, оё паёмбароне аз худи шумо бароятон нафиристодам, то оёти маро ба шумо иблог кунанд (бирасонанд)?»

    Дар оёте дигар на танхо бар фиристодани паёмбаре бар хар кавм аз миёни худи хамон кавм таъкид гузошта шуда, балки дар мавриди чудоии парастишгоххои хар кавм барои анчоми шаъоир (ойинхо)-и мазхабй низ хамин таъкид ба кор рафтааст:

    «Барои хар кавме парастишгохе мукаррар доштем, ки дар он ба ниёиш пардозанд ва дар ин амр бо ту ба мунозеъа барнахезанд» (Хач, 34 ва 67).

    Шучоъиддини Шифо, Пас аз хазору чахорсад сол, сс. 224-226

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  53. Сайидюнус,

    Бехуда Фаромарзро накухиш кардаед, ки ба хавошй пардохтааст ва ду намуна аз номаи уро овардаед, ки мустакиман ба шеваи бахси шумо ва мавзуъоти мавриди бахси шумо бармегардад ва ба хеч руй номарбут нест. Дар холе ки диплумхои сурху медолхои тилои шум халлоли бахси мо нест.

    Гумони Фаромарз ва хамин тавр ман хам аз ин ки шумо аз лобалои китобхои гардгирифтаи чандсолаи Кум ба унвони «файласуф» арзи вучуд кардаед, бо посухи шумо ба субут расид. Чун гуфтахои шумо чизе чуз такрори суханони мазхабзадагони он хавзаи «илмия» нест. Шумо саргарми нушхоред, то тавлиди андешае тоза, ки аз ниёзхои мубрами чомеъаи имрузии мост.

    Холо мепардозем ба магзи назари ахири чаноби олй.

    Фалсафаро дар махдудаи «хастй» махбус кардаед, ки дидгохест бостонй. Фалсафа дар канори хастй ба мавзуъоти фарохи дигаре ба монанди дониш, ростй ё хакикат, зебоию зиштй, эътибор ё адами эътибори чизе, додварию бедодгарй, зехну машгалахои зехнй ва забону гуишу баён хам мепардозад. Тафовути фалсафаи мудерн аз «фалсафа»-и шумо ин аст, ки нахуст (ба гунае, ки собит шуд) фалсафаи шумо махдуд ба як мавзуъи вохид аст. Ду ин ки фалсафаи шумо гох бо ирфону устурахо гирех мехурад ва акидатию эътикодй мешавад ва аз решаи фалсафаи ростин фарсангхо фосила мегирад. Ин навъи «фалсафа» кобилияти чандоне надорад, чун дар чанги мовароуттабиъа дасту по мезанад ва таъассубро мехвари худ карор додааст. Хатман огохед, ки дар забони юнонии кухан ин вожа ба маънои «хираддустй» аст, на «бовардустй». Хамму гами шумо бовару имон аст ва дар бахсхои худ то кунун ба хирад кучактарин илтифоте накардаед. Пас шакке дар ин нест, ки «фалсафа»-и шумо як дониши мансух аст ва ба дарди имруз намехурад. Азмобехтарон муддатхост, ки онро дар зуболадони торих рахо кардаанд. Дуруст ба монанди илми «кимиё», ки шумо ба иштибох борхову борхо ба чои «шимй» (химия) аз он ёд кардаед.

    Кимиё (Alchemy) илми мармузи мансухест, ки дар гузашта ривоч дошта ва расидан ба хиради нихои ва човидонагй хадафи бониёну дастандаркорони он тачруба буд. Дар холе ки шимй (Chemistry) илмест имрузй, ки бо таркиб, сохтор ва вижагихои модда сару кор дорад.

    Фалсафа хам дакикан хамин рохро тай кардааст. Миёни фалсафаи илохии Юнон бо устурахои арбоби анвоъаш ва фалсафаи суфтаи мудерн тафовут аз замин то ба самост. Лояхои розу рамзи пиндории он рехта ва табдил ба донише имрузй шудааст.

    Решаи ихтилофи дидгохи мову шумо хам хамин тафовути фохиш дар нахваи руйкардамон ба илмхост. Шумо дар як шохаи илми фалсафа, ки ибтидоитарини он аст (улуми мовароуттабиа – Metaphysics) гир кардаед, дар холе ки фалсафа акнун шоху барги анбухе дорад ва шомили арсахои густардаи зиндагии зехнию бадании мо мешавад ва дам аз зебоишиносй (aesthetics), мантик (logic), шинохтшиносй ё маърифатшиносй (epistemology) мезанад ва хатто шуъбахои бузурге чун фалсафаи сиёсй ва фалсафаи зехн ва фалсафаи забон дорад.

    Бад-ин гуна, фалсафаи имрузй бо хар шоху барге, ки дорад, дидгохи шуморо зери суол мебарад ва онро аз лихози мантикй ба чолиш мекашад. Бовари шумо ба пиндоште ибтидои, ки Худованд китоберо ба офаридагонаш нозил кардааст, дар имтихони фалсафаи кунунй комёб намешавад.

    Сарфароз бошед.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  54. Табар!
    Маълум шуда истодааст ки шумо хеч чиз намефахмидаед!!!
    Локин дониста бошед ки касоне хастанд ки бахсхои мухтарам Истарвашаниро мефахманд ва бо суханони Фаромарз месанчанд. Руз ба руз хакикат маълумтар шуда истодааст. Шумо иддао мекардед ки Сино кофир аст!!!
    Кани далели шумо ба гайр аз дуругуихо такрор ба такрори шумо. Акаллан каме шарму хаё дошта бошед!!!

  55. Зафар,

    Ду чуръа оби сард бинушеду нафасе амик бикашед ва посухи ахири манро дубора бихонед. Сипас ба он навиштае ручуъ кунед, ки чойгохи «илм» дар Куръонро ифшо мекунад. Илм дар Куръон ба маънои «имон ба ислом» аст ва илмхои дунявй дар он мазмум ва нописандида тавсиф шудаанд. Пас хнч донишманде бар пояи мантики Куръон мусалмони дурусту хисобй ба шумор намеояд. Чи бирасад ба бузургмарде чун Сино, ки як умр аз дасти мусалмонон ситам кашид ва аз суи онхо мушрик эълом шуд.

  56. Табар!
    Ман акнун фахмида истодаам ки барои чи дар кадимхо Абуали ибни Сино барин одамхои бузургро кофир мегуфтаанд?
    Агар окил нестед ва хеч чиз намефахмед, акаллан боинсоф бошед. Бузургон мегуянд ки хасодат чашми инсони тассубдорро кур мекунад!!!!!!!!!!
    Барои чи такрор ба такрор ба инсоне ки уро намешиносед тухмат мезанед. Мухтарам Истравшани ба шумо ва Фаромарз то имруз ягон тухмат накарданд, шуморо эхтиром карда истодаанд. «Шумо» гуфта бо шумо сухбату гуфтугу мекунанд, локин шумо бошед ба гайр аз тухмат то имруз як сухани мантики назадед. Ин бахсхоро хазорон одамон дар Точикистон хонда истоданд. Акаллан барои он ки обрую эътибори хамандешони шумо нарезад, каме шарму хаё кунед!!!!
    Саломат бошед!

  57. Табар!
    Мо як гурух аз шогирдон назди устоди гироми донишманди Точикистон Хадятулло Файзуллозода ки хама уро дар донишгохо мешиносанд рафта, хаммаи мунозарахои мухатарам Истаравшани, шумо ва ФАРОМАРЗро нишон додем, устод Файзуллозода онхоро хонданд ва суханони мухтарам Истаравшаниро тасдик карданд. Китоби Мерочномаи Абуали ибни Сино хам дар китобхонашон будааст, онро ба мо нишон доданд ва суханони мухтарам Истаравшани хаммаш аз он китоб будааст.
    Шумо агар хурмати ба дигарон нмекунед, акаллан худатонро эхтиром кунед!!!!!!!!!!!!
    Саломат бошед!

  58. Идомаи посух ба ишколоти Фаромарз,
    2. Мавҷуд ду гуна аст: маҳсус ва маъқул:
    Сино (р) мегўяд: (Тарҷума аз арабӣ) “Бидон, ки гоҳе бар пиндори баъзе аз мардум чунин ғолиб меояд, ки мавҷуд танҳо дар маҳсусот хулоса шуда ва он чи ҳисси одамӣ дастрасӣ ба ҷавҳари он надошта бошад, фарзи вуҷуди он маҳол аст ва ҳам гумон мекунанд, ки он чи макон ё вазъе муайян – мисли ҷисм ва ё ҳолоти ҷисм, ки ба як сабабе дар ҷисм вуҷуд дорад – ро надошта бошад, баҳрае аз вуҷудро доро намебошад. Аммо ту дар мавриди худи ҷисми маҳсус каме тааммул кунӣ, хоҳӣ донист, ки чунин пиндоре ботил аст. Зеро ту ё ҳар он касе ки мавриди хитоби ман аст, медонед, ки гоҳе мешавад барои маҳсусот маънои воҳиде воқеъ мешавад мисли маънои “инсон” барои Зайду Амру Бакру ғайра, ки маъное муштарак аст миёни тамоми онҳо, ва шумо ҳаргиз шакке надоред, ки ин маъно воқеан мавҷуд аст (дар зимни ин номбурдаҳо). Ва ин маънои мавҷуд (инсон) аз ду ҳолат хориҷ нест: ё ба гунае аст, ки мавриди дастрасии ҳисс қарор мегирад, ё ба гунае аст, ки ҳис ба он дастрасӣ надорад. Ва чун баид аст, ки ҳисс ба он дастрасӣ пайдо кунад, пас дар миёни мавҷудот чизҳое будаанд, ки маҳсус нестанд, (балки маъқуланд)”. (Ишорот ва танбеҳот, с. 435).

    Тавзеҳ: Дар ин қисмат аз баҳс, Сино (р) ба як нуктаи хеле муҳимме ишора мекунад. Дар замони Сино (р) низ касоне будаанд, ки фақат барои ҳисс арзиш қоил буда, барои додаҳои ақлӣ (яъне он маорифе, ки инсон ба василаи нерўи ақл ба онҳо дастрасӣ пайдо мекунад) арзиш қоил набуданд ва аслан онҳоро аз реша инкор мекарданд. Чунин нест, ки фақат имрўз мо шоҳиди “олимон”-е бошем, ки танҳо барои маҳсусот ва ҳар он чи ҳисс ба он дастрасӣ дорад ва дар лобалои таҷриба онҳоро ба даст меорад аҳамият қоил шуда ва маорифи ақлиро инкор кунанд, балки он замон ҳам чунин бехирадоне будаанд, ки Сино (р) бо як истидлоли қавӣ дидгоҳи эшонро радд мекунад.
    Фалосифаи пешин ва низ хирадварзони имрўз, барои идрокоти инсон аз берун, се мартаба қоил шудаанд: мартаби ҳисс, мартаби хаёл ва мартабаи тааққул (ҳамон ақл).
    а) Мартабаи ҳисс иборат аст аз он суратҳое аз ашё, ки дар ҳоли рўбарўӣ ва иртиботи мустақими зеҳни одамӣ, бо ба кор афтодани яке аз ҳавосси панҷгона дар зеҳн мунъакис мешавад. Масалан: инсон чашмҳоро боз намуда ва манзараеро, ки дар баробараш мавҷуд аст тамошо мекунад, он гоҳ тасвире аз он манзара дар зеҳнаш пайдо мешавад. Ва он тасвир ҳамон ҳолати хоссе аст, ки инсон ҳузуран ва виҷдонан дар худ мушоҳида мекунад ва онро “дидан” меномем;
    б) Мартабаи хаёл: Идроки ҳиссӣ пас аз он ки аз байн рафт, асаре аз худ дар зеҳн боқӣ мегузорад, ки онро “сурати хаёлӣ” меномем. Масалан: инсон пас аз эҳсоси манзарае ба василаи яке аз ҳавоссаш, вақте чашмонашро мебандад, сурати ҳамон манзара дар зеҳни ў боқӣ мемонад. Фарқи сурати ҳиссӣ бо сурати хаёлӣ ин аст, ки инсон дар сурати ҳиссӣ ҳеҷ тасарруфе кардан наметавонад, вале дар сурати хаёлӣ метавонад анвои тасарруфотро анҷом диҳад. Аз сурати гове, ки дидааст, деве дар зеҳнаш метавонад дуруст кунад;
    в) Мартабаи тааққул: Идроки ҳиссӣ ва хаёлӣ чунон ки гузашт, “ҷузъӣ” мебошанд, яъне дар беш аз як мисдоқ дар хориҷ сидқ намекунанд. Сурати ҳиссӣ ва ҳамчунин хаёлии мо аз “Гандӣ”, фақат як мисдоқ дорад, ки ҳамон Гандӣ аст ва масалан бар Муҳаммадалӣ Ҷаноҳ сидқ намекунад. Аммо инсон пас аз идроки чанд сурати ҷузъӣ, қодир аст як маънои куллӣ бисозад, ки қобили интибоқ бар як чанд мисдоқ бошад; ба ин тартиб ки па аз он ки чанд нафарро (Аҳмаду Муҳаммаду Зокиру Парвизу ғайраро) идрок намуд, илова бар сифоти ихтисосии ҳар як аз ин афрод, ба порае аз сифоти муштарак ноил мешавад яъне як маъноро, ки дар як фард (Аҳмад) дидааст, ду мартаба мутаваҷҷеҳ мешавад, ки айни ҳамин маъно дар фарди дуюм (Муҳаммад) низ ҳаст ва ҳамчунин дар сеюм (Зокир) ва чаҳорум (Парвиз) ва ғайра… Ин ба такрор дидани як маъно дар афроди мухталиф, зеҳни одамиро омода мекунад, ки аз ҳамон маъно як сурати куллӣ (сурати куллии “инсон” масалан) бисозад, ки бар афроди номаҳдуде қобили интибоқ аст. ин гуна аз тасаввурро “тааққул” ё “тасаввури куллӣ” меномем.
    Аслан фарқи инсон бо дигар ҳайвонот ҳам дар ҳамин аст, ки ў (инсон) қодир аст маонии куллиро идрок намояд, бар хилофи ҳайвонот, ки фақат тавоноии дарки ҳиссӣ ва хаёлиро доранд.
    Ва ин ки Сино (р) мегўяд: “Ва ин маънои мавҷуд (инсон) аз ду ҳолат хориҷ нест: ё ба гунае аст, ки мавриди дастрасии ҳисс қарор мегирад, ё ба гунае аст, ки ҳис ба он дастрасӣ надорад. Ва чун баид аст, ки ҳисс ба он дастрасӣ пайдо кунад, пас дар миёни мавҷудот чизҳое будаанд, ки маҳсус нестанд”, дақиқан ба ҳамин масъала ишора мекунад.

    3. Инсон фақат ҷисми моддӣ нест, балки ҷасад ва руҳ аст:
    Матлаби дигар он ки дар қадим, чунон ки имрўз ҳам мушоҳида мекунем, касоне буданд, ки куллан “идрок”-ро яке аз хоссиятҳои модда медонистанд, вале Сино (р) ва ба пайравии ў тамоми фалосифаи ақлӣ, бар онанд, ки “идрок” кори руҳ аст, на кори ҷисми моддӣ. Ва руҳ, модда ва ё ҳатто асари модда нест, балки муҷаррад аст. (Муҷаррад яъне барӣ ва холӣ аз хосситяҳои модда). Ва аслан, яке аз далоили фалосифа бар вуҷуди руҳи инсонӣ, вуҷуди “идрок” аст. Тавзеҳ он ки мавҷудоти моддӣ, хоссиятҳое доранд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон онҳоро дар “идрок” пайдо кард. Масалан: ҳар мавҷуди моддие ҳамеша дар тағйиру таҳаввули доимӣ ва дар макон ва замони мушаххасе қарор дорад. Мо ҳеҷ моддаеро суроғ надорем, ки дар ҳоли сукун ва истоӣ ва бе макон ва замон бошад. Ҳатто унсурҳои шимиёие, ки бадани ҳар инсоне аз онҳо иборат аст, дар ҳоли таҳаввулу тағйири ҳамешагӣ ҳастанд.
    Аммо инсон ва “идрокот”-и ў ҳаргиз чунин нестанд. Ин ки мегўянд қивоми инсон ва ҳувияти ў, ба руҳи ўст, на ба ҷасади моддии вай, ба хотири ҳамин нукта аст, ки ҳаргиз қобили тағйиру таҳаввул нестанд.
    Донишмандон далелҳои бисёре барои исботи таҷарруд ва шахсияти мустақилли руҳ иқома кардаанд. Дар ин ҷо фақат ба зикри як бурҳони сода, ки аввалин касе ки ба тафсил ин бурҳонро зикр карда Сино (р) аст иктифо мекунем. Ва он аз роҳи идроки инсон ба худаш аст (худогоҳӣ).
    Ҳар касе ба бадоҳат ташхис медиҳад, ки “ман ҳастам” ва ин ниёз ба ҳеҷ далеле надорад, балки чизе ки эҳтиёҷ ба бурҳон дорад, ин аст, ки “худ” ё “ман”, ки вуҷудаш бадеҳӣ аст, ҳақиқаташ чист ва дорои чӣ хусусияте мебошад? Оё вуҷуди мустақил дорад, ё он ки айни ҷасад ё аз хоссиятҳои ҷасадӣ аст (ки модда мебошад)?
    Сино (р) мегўяд:
    “Мумкин аст ту бигўӣ, ки “ман зоти худро бе восита шуҳуд намекунам, балки аз роҳи асару феъли ў ба вуҷуди ў пай мебарам”. Дар ҷавоб мегўем: Аввалан: бурҳони мо далолат мекард, ки инсон қатъи назар аз ҳар феълу ҳаракате, худро меёбад. Сониян: ҳангоме ки феълу асаре шуҳуд мекунӣ ва мехоҳӣ онро далел бар вуҷуди худ қарор медиҳӣ, оё феълу асри мутлақро мебинӣ, ё феъли муқайяд яъне феъли худро (ба изофаи “ман”)? Дар сурати аввал, наметавонӣ натиҷа бигирӣ “пас ман ҳастам”, зеро феъли мутлақ далел бар фоили мутлақ аст, на фоили шахсӣ (ман). Ва дар сурати дуюм, пас ту қабл аз он ки феълро шуҳуд кунӣ ва ҳадди ақалл дар ҳине ки феъли худро шуҳуд мекунӣ, худро шуҳуд кардаӣ, пас ҳадди ақалл дар ҳини ин ки вуҷуди феъл бар ту собит аст, вуҷуди худро собит ва муҳаққақ мебинӣ” (Ишорот ва танбеҳот, с. 342).
    Хулосаи дидгоҳи Сино (р) ин аст, ки “ман” ё “худ”, ки ҳар кас ба бадоҳат онро меёбад ва ба вуҷудаш итминон дорад, иборат аст аз як мавҷуди ваҳдонии мушаххас (на як силсила умури пай дар пай, ки бо феъл инсон онхоро ёбад) аввалан ин аст, ки ҳақиқати “ман” ҳамаи он идрокоти пай дар пайро ба худ нисбат медиҳад (ман мехўрам, ман мехобам, ман меравам, ман мезанам ва ғайра). Ва ҳамон тавре ки ҳузуран ба вуҷуди худ огоҳ аст, ин хусусиётро низ ҳузуран огоҳ аст ва тардиде надорад.
    Сониян: ҳар касе бо виҷдони худ ташхис медиҳад, ки дар гузашта ва ҳол яке аст, на бештар. Ва агар монанди маҷмўи ҳалқаҳои занҷир буд ва дар ҳар лаҳза аз замон як ҳалқаи он фақат мавҷуд буд (ҳамон гуна ки моддигароён мепиндоранд), ин тамйизу ташхис муяссар набуд. Чи гуна мумкин аст дар бораи як ҳалқаи занҷир, ки дар як сар воқеъ шуда ҳукм кард, ки айни ҳамон ҳалқаест, ки дар сари дигар воқеъ шуда?
    Хулосаи ин баён, ки такя бар огоҳии одамӣ аз вуҷуд ва гунаи вуҷуди худ аст, он аст, ки аз роҳи “нисбат додани феълҳо” (ба ман) ва аз роҳи “ваҳдат” (яъне ин ки ҳар касе ташхис медиҳад, ки дар гузашта ва ҳол яке аст, на бештар) собит мешавад, ки он чи инсон онро ба унвони “ҳақиқати худ” мешиносад, як ҳақиқати ваҳдонӣ, ки ҷамии ҳолоти нафсонӣ мазоҳири вай ҳастанд ва аз хоссиятҳои умумии модда (ки тағйирпазир, таҳаввулёбанда, дар макон ва замони мушаххас воқеъ мешаванд) муҷаррад ва барӣ мебошад. Ва ин ҷуз ҳамон руҳи одамӣ, ки қивом ва ҳувияти инсон ба он аст намебошад.
    Идома дар баҳсҳои баъдӣ.
    Комёб бошед!

  59. Зафар,

    Аз барои Худо, агар мехохед назаре бидихед, лутфан назари муртабит бифармоед. Шуморо дар накши вакили мудофеъи Сайидюнус хуб шинохтем. Акнун бехтар аст ба ташрехи дидгоххои худ бо такя ба бурхону далел бипардозед.

    Шумо шояд охундхои Эронро нашиносед, ки Сайидюнус дастпардардаи онхост: як чувол гапи дархаму бархами номарбут барои гумрох кардани мухотаб ва тагйири мохияти бахс, шира молидан ба сару сурати шумо, агар содаангор бошед. Аммо кафи дасти ин охундхоро муддатхост, ки ба хубй хондаем ва аз онхо чизе чуз гумрох кардани мардум бо 500 ман харфи муфт сохта нест. Ба эшон ва шумо тавсия мекунам, ки нахуст дар шинохти илми фалсафаи мудерн табаххур нишон дихед ва баъд лофу газофи фалсафиатонро дар миён бигзоред. Пояи ислом Куръони он аст. Куръон илмро ба расмият намешиносад ва дар дарки маънои он очиз аст. Агар иштибох мегуям, аз Куръон санад оваред ва ин кадар такрори мукаррарот накунед.

  60. Зафар,

    Истидлолатон ба сиххати чаранпаронихои Сайидюнус хам бомазза аст ва гуёи шеваи тафаккури як мусалмоне, ки ба худ ичозаи натичагирии мантикй аз мабхасеро намедихад, чун шакку тардид дар бисёре аз масоил барояш харом аст. Мачбур будаед дастбадомони устодатон Файзуллозода шавед, то у хотири шуморо дар бораи имонатон чамъ кунад. Бидуни ин ки худ биандешед ва худ дар андешаи худ махак занеду хакикатро дарёбед. Файзуллозода хам Меърочномаро нишон дода ва шумо имон хосил кардед, ки он мутаъаллик ба калами Пури Синост. Чи чизе хандаовартар? Меърочнома вокеъан вучуд дорад. Дар он шакке нест. Шакк дар нисбати он ба Пури Сино вучуд дорад ва якини бисёре аз донишпажухон ба адами нисбати он ба Сино. Холо чи устодатон онро ба шумо нишон дода бошад чи на, далели таъаллуки вокеъии он ба Сино намешавад.

    Сарфароз бошед.

  61. Сари Салохиддин Азизови 20-сола дар Русия ба дасти номардумон барбарона аз тан чудо карда шуд. Оё инро Аллох хоста буд (чизе дар олам бе хости у анчом намешавад)? Волидайни у ва наздикону пайвандонаш акнун бояд чй кунанд ва аз кй домангир шаванд? Навхаву фигон кунанд ё Худоро шукргузорй кунанд, ки фарзанду бародару хешованди зебои онхоро, ки на аз рузгори хуш барои кору пулёбй ба Русия рафта буд, ба-д-ин шеваи адли илохй ба назди худ бурд? Албатта, ки чанозахонон дар маросими дафни ин чавони аз зиндагй умедхои зиёд дошта «Алхамду ли-л-Лох!» гуфтанд. Ва на як бор.
    Ривояти ин казия чист, бародари азиз Сайидюнус?

  62. Усмончон! Салохиддин Азизов аввалин марди точик нест, ки дар гуобат курбон мешавад ва ин матрах намудани ин суол низ дар бахс ба завки хонанда хам муносиб нест. Зеро мавзуъро дигар кардед!!!!!!!! хуб мешуд перомуни бахс суол мешуд
    Муваффак бошед

  63. Ба Сайидюнус,

    Ҳарчи баҳс идома меёбад, ту аз мавзӯъ дуртар мешавӣ (аз ин ки ба ту «ту» мегуям наранҷӣ, чун ман таъоруфоти дурӯғинро хуш надорам).

    Ончи дар бораи бароҳини ақлӣ навиштӣ, ба иддаъоҳои пешини ту ҳеч иртиботе надорад, ҳоло нишастаӣ ва бо руйбардор кардан аз китобҳое, ки дар перомун дори ё мехоҳӣ ба мо дубора дарси фалсафа диҳӣ, ё мехоҳӣ ҳамаро гумроҳ кунӣ.

    Бубин, тардиди ман дар идаъоҳои ту мушаххас буд ва посухи мушаххасе мехоҳад. Ман баҳси ҳавосс, идрок, ҳастӣ, ақл, … хеле пештар хондаам ва дар ин боб чизи тозае барои ман пеш наовардуӣ.

    Лутфан, ҳоло аз роҳу равишҳои ақлӣ, ки дар ихтиёр дорӣ, барои ман собит кун, ки ваҳй вуҷуд дошт, ва пайгамбари амре мусаллам буда ва Ҷабраил дарвоқеъ китобе осмониро парвозкунон ба биёбони Араб фурӯд оварда.

    Равишҳои ақлӣ ва таҷрубӣ ҳарду равишҳои илмӣ ҳастанд ва ҳеч кадом ба боварҳои дурӯғин ҳеч иртиботе надоранд ва фалсафа иддаъоҳои паёмбаронро ҳаргиз собит накардааст.

    Фалсафа, ки дар бораи ҳастӣ ва мавҷуд сухан мекунад, чи тур аст, ки имонҳо ва боварҳои дурӯғинро (чун нест) собит кунад ва иддаъо кунад, ки масалан ривояти китоби осмонӣ дуруст аст?

    Кадом файласуфи имрӯзин о истифода аз равишҳои ақлӣ собит кардааст, ки ваҳй вуҷуд дошта ва китобе воқеан осмонӣ мешавад?

    Ҳоло аз тавзешу ташреҳи дубораи равишҳои ақли ва тачруби худдорӣ кун, идома надеҳ, чун ҳамагӣ онро медонанд, тозаёфтаҳои худро ба намоиш нагузор, вале барои мо бинамо, ки ту шахсан чи тур ва бо истифод аз кадом равиш ва фурмули ақлӣ ваҳйро исбот мекуни?

    Луфтан, мушаххас, рӯшан ва мафҳум!

  64. Имруз рузи истирохат будааст барои муслимин ва мулхидин, ки кариб хамаашон чизе ба ин сомона наменависанд.
    Имруз ман сураи «Марям»-ро аз нав хондам (тарчумаашро, албатта). Ростй, барои худ муайян кардам: ин сура афсонает барои аъроби бодиянишини куруни вусто. Окои Сайидюнус, лутфан, барои мо аз ояти 93 то охирини ин сураро шарх бидихед ва худ казоват кунед, ки ин хама чи муносибате хадди акалл ба фалсафа дорад (кучо расад ба китоби осмонй!).
    Бехтараш, имруз чанд готеро аз «Авесто» мехондам, вале кучост он? Аз дасти аъробиу муслимин магар он пайдо мешавад?
    Агар касе (аз чумла Сайидюнус хам) онро дошта бошад, лутфан, онро ба ин сомона бифиристад, то онро бихонем. Ачиб аст, ки чаро Худованд паёмбарашро аз байни аъроб гузидааст, боз як бесаводро (гуё) ва хамчунин забони арабиро.

  65. Идомаи посух ба ишколоти Фаромарз,
    Фаромарз,
    Пеш аз пардохтан ба идомаи посух ба ишколоти шумо, сазовор аст дониста бошед, ки меҳвари ишколоти шумо бар атрофи ду масъала мечархид: яке ин ки шумо (ва амсоли шумо) иддао мекардед, ки Сино (р) мусалмон набуд, ва дигар он ки оё метавон боварҳои диниро (ки ҳамон тасдиқоти динист) бо далелҳои ақлӣ собит кард. Ин ҷониб ҳаргиз ин ду масъаларо аз чашм дур накардаам. Агар ҷойҳое баъзе аз матолиб шарҳу тавзеҳ медиҳам, ва сухан аз исботи масоиле чун руҳи одамӣ ва ё васоили идроки инсон ва низ фарқ гузоридан миёни равишҳои ақлӣ ва шеваҳои таҷрибӣ ба миён меоварам, ин масоил ҷойгоҳи муқаддимаро доранд ва исботи додаҳои динӣ аз қабили “Худо вуҷуд дорад”, “Фиристодани паёмбарон ақлан зарурист” “ваҳй воқеият дорад”, бастагӣ доранд ба исботи ин муқаддимот.
    Ва агар аз Сино (р) дар ин исботи ин масоил далел меоварам, барои он аст, ки то рўшан гардад, ки ин мард кӣ будааст, ва то чӣ андоза дар исботи маорифи исломӣ саҳм гузоштааст.
    Бинобар ин, шумо бояд каме ҳавсала ба харҷ диҳед ва сабр пеша кунед, то ба асли қазия бирасем. Исботи ин масоил ва ин қазоё, монанди исботи қазияи “ду зарб бар ду чаҳор” нест, ки ба ин осонӣ ба даст оянд.
    Номаи ахири шумо чунин мерасонад, ки ё шумо аслан чизе намефаҳмед, ё худро ба нофаҳмидан мезанед. Агар намефаҳмед, ҳоҷат ба дархости шумо мабнӣ бар исботи ақлии ин додаҳо набуд, ва агар худро ба нофаҳмидан зада ва дигар ҳозир набудани хештан барои гўш додан ба идомаи мабоҳисро эълом медоред, пас бидонед, ки ин ҷониб агар аз аввал ба ин мабоҳис пардохтам, на барои ин буд, ки (масалан) шумо ва ё амсоли шумо бифаҳмед, дигарон ҳастанд ва муштоқона мунтазири идомаи мабоҳис ҳастанд. Аз ин рў, хотиратон ҷамъ, ин ҷониб ҳар куҷо лозим дидам сухан ба дарозо мекашам ва тавзеҳ медиҳам.
    Ва аммо баргардем ба идомаи мабоҳис:
    4. Қонуни умумии иллият (сабабият):
    Яке аз муҳимтарин мабоҳиси фалсафии Сино (р) дар осори фалсафияш, ин мабҳаси “иллият” (қонуни умумии иллат ва маълул) аст. Касе – на дар Шарқ ва на дар Ғарб – то имрўз мисли Сино (р) ин баҳсро ба хубӣ баррасӣ накардааст. Аҳамияти ин баҳс бештар дар ин нуҳуфтааст, ки муҳкамтарин бурҳони Сино (р) барои исботи ақлии додаҳои динӣ (чун исботи қазияи “Худо вуҷуд дорад”) такя бар ҳамин мабҳас дорад.
    Ояте ҳаст дар Қуръони Карим, ки мегўяд: тамоми додаҳои исломӣ фитрӣ ҳастанд яъне умуре ҳастанд, ки ҳарчанд бархе мардум бо забон ва нохудогоҳ онҳоро инкор мекунад, аммо агар андаке бияндешанд ва хирад ба кор андозанд, мефаҳманд, ки далели он додаҳо дар вуҷуду фитрати эшон ниҳон будааст. Қуръон мегўяд: “Рўи хеш ба сўи дин биёвар дар ҳоле ки яктопараст ҳастӣ; ҳамон дине, ки Худо мардумро бар он сириштааст. Ин аст дини муҳкам, вале бештари мардум намефаҳманд”. (Сураи Рум, ояти 30).
    Аз ибтидои таърихи башар ва аз ҷумла дар замони Сино (р) касоне будаанд ва имрўз ҳам ҳастанд, ки додаҳои динӣ минҷумла вуҷуди офаридгорро инкор мекарданд.
    Сино (р) ба ин маъно хитоб ба чунин мардумон мегўяд: Чаро инкор мекунед?
    Мегўянд: Чун, на мебинем, ва на аз ў чизе мешунавем, ва на ўро ба василаи яке аз ҳавосс эҳсос мекунем.
    Сино (р): Яъне шумо ба чизе ки намебинед ва намешунавед ва хулоса ба василаи ҳавосс дарк намекунед, бовар надоред?
    Мегўянд: Оре, чунин аст?
    Сино (р): Оё шумо ба қонуни иллият яъне қонуне, ки мегўяд “ҳар маълуле заруратан ниёз ба иллат дорад” бовар доред ва онро тасдиқ мекунед?
    Мегўянд: Оре, магар девона бошем, ки онро инкор кунем.
    Сино (р): Оё онро ба василаи яке аз ҳавосс дидаед?
    Мегўянд: Мебинем, ки агар бод набуд дарахт намеҷунбид, агар оташ намебуд сўзиш ба вуҷуд намеомад, агар об набуд мо сероб намешудем, агар ва агар…
    Сино (р): Яъне шумо иллати ҷунбидани дурахтро бод, иллати сўзишро оташ, иллати серобиро об медонед?
    Мегўянд: Оре, чунин аст.
    Сино (р): Аммо шумо ба василаи ҳавосс, ҷуз пай дар паии ду воқеа намебинед, ва ба иборати дигар, ҷуз ин ки воқеае пас аз воқеаи дигар воқеъ мешавад намебинед. Вале оё воқеан ҷунбидани дарахт маълули бод аст, ё сўзиш маълули оташ аст, ё серобӣ маълули об аст-ро ба василаи ҳавосс эҳсос мекунед? Аз куҷо мегўед, ки ин падидаҳо маълули ин иллатҳо мебошанд? Магар иллият эҳсосшуданӣ аст? Фарз кунед, ки ҳангоми ҷунбидани дарахт, ҳамзамон бо вазиши бод, гурбае ҳам овоз сар медиҳад ва шумо ба василаи ҳавосс, ҳам вазиши бодро эҳсос мекунед ва ҳам садои гурбаро мешунавед, чаро шумо садои гурбаро иллати ҷунбидани дарахт намеҳисобед ва танҳо вазиши бодро иллати он медонед? Дар ҳоле ки ҳавосс ҷуз дидану шунидан чизе дигар эҳсос намекунад.
    Мегўянд: Мо таҷриба кардаем, ки ҳамеша ҳангоми вазиши бод аст, ки дарахт меҷунбад, на он дигарӣ. Он дуюмӣ тасодуфе беш нест.
    Сино (р): Пас шумо аз тариқаи таҷрибаи мукаррар, ба ин натиҷа расидаед, ки ҷунбидани дарахт иллате ҷуз вазиши бод надорад? (Албатта ҷунбидани дарахт дар ин ҷо фақат ба унвони мисол зикр гардидааст, аз ин рў ишкол намешавад, ки яке дигар аз илали ҷунбидани дарахт, такон додани он ба василаи даст ё асбоби дигар аст).
    Мегўянд: Оре, чунин аст.
    Сино (р): Аммо ҳавосс ҳақ надорад бо дидани чанд намуна, ҳукми куллӣ содир кунад. Яъне ҳатто агар шумо сад маврид аз як падидаро (мисли ҷунбидани дарахт пас аз вазиши бодро) таҷруба карда бошед, боз ҳам далел намешавад, ки чунин як ҳукми куллӣ, ки мегўяд: “Ҳаргоҳ бод вазид, дарахт ҷунбад”-ро содир кунед. Чаро? Чун ҳавосс вақте ҳақ дорад чунин ҳукме содир кунад, ки ҳамаи мавриди ҷунбидани дарахтҳоро (дар ҳамаи маконҳо ва дар ҳамаи замонҳо) таҷруба карда бошад. Оё шумо тамоми мавориди ин падидаро таҷруба кардаед?
    Мегўянд: Ин ки ниёз ба далел надорад. Ҳар гоҳ мо ду се мавридро таҷруба кардем, дигар ақли одамӣ худ ҳукм мекунад, ки ин падида маълули он падида аст.
    Сино (р): Пас шумо эътироф мекунед, ки дар ин миён аҳкоме ҳастанд, ки ақли одамӣ онҳоро ба бадоҳат қабул дорад ва заррае ҳам тардид дар нодурустии онҳо надорад, аз қабили ин аҳком: “Ҳар маълуле ниёз ба иллат дорад”, “Тасодуф маҳол аст”, “Давр ботил аст”, “Тасалсул ботил аст”, “Иҷтимои нақизайн маҳол аст” (яъне маҳол аст, ки ду чизи ба ҳам мутаноқиз як ҷо бо ҳам ҷамъ шаванд, мисли ин ки дар як замон, ҳам “ду зарб бар ду чаҳор” бошад ва ҳам “ду зарб ду се” бошад).
    Мегўянд: Оре, чунин аст. Мо инҳоро ба василаи ақл дармеёбем ва заррае дар ҳаққонияташон тардид надорем.
    Сино (р): Пас шумо қабул доред, ки танҳо василаи идроки воқеъ, ҳисс набудааст, балки дар ин миён аҳкоме бадеҳӣ ва зарурӣ будаанд, ки ақл онҳоро дармеёбад?
    Мегўянд: Оре, чунин аст.
    Сино (р): Пас чаро иддао мекунед, ки роҳи мо ба воқеъ, ҷуз аз тариқи ҳисс имкон надорад? Агар ман бо такя бар ҳамин аҳкоми бадеҳии ақлӣ собит кунам, ки одамиро офаридгорест, қабул хоҳед намуд?
    Мегўянд: Оре, дигар чорае надорем.
    Идомаи баҳс дар номаҳои баъдӣ.
    Комёб бошед.

  66. Идомаи посух ба ишколоти Фаромарз,
    5. Бурҳони Сино (р) бар исботи вуҷуди офаридгор:
    Акнун, баъд аз он ки собит шуд “қонуни иллияти умумӣ” ҳукме яқинӣ буда ва ҳеҷ кас дар он тардид намекунад, ва баъд аз он ки инсон дар вуҷуди хеш ба як силсила аҳкоме бадеҳӣ, ки ҷуз ба василаи ақл ба онҳо дастрасӣ пайдо накарда бовар дорад, навбати он аст нигоҳе ба истидлоли Сино (р) бар вуҷуди офаридгор бо такя бар ҳамин аҳкоми бадеҳии ақлӣ намоем.
    Аммо қабл аз нақли баёни Сино (р) дар ин замина, шоиста аст ба ин матлаб ишора карда бошем, ки донишмандон – чи пешиниён ва чи кунуниҳо – бурҳонҳои исботи вуҷуди Худоро ба лиҳозе ба ду даста тақсим кардаанд: як даста аз бурҳонҳо, махлуқотро воситаи истидлол қарор медиҳанд ва бо кўмаки махлуқот ба Худованд мерасанд (монанди мутакаллимини исломӣ ва масеҳӣ ва ё бархе аз фалосифаи ғарбӣ), вале дар дастаи дигар аз бурҳонҳо, махлуқот воситаи исботи вуҷуди Худо нестанд, балки аз худи ҳақиқати ҳастӣ ба Худо мерасанд.
    Бурҳони Сино (р) дар ин замина, ки ба “бурҳони сиддиқин” маъруф аст, аз навъи дастаи дуюм мебошад.
    Сино (р) мегўяд: (тарҷума аз арабӣ) “Мавҷуд ё воҷибул-вуҷуд аст ва ё мумкинул-вуҷуд. Агар воҷибул-вуҷуд аст, матлуби мо (ки исботи офаридгор аст) собит мешавад, ва агар мумкинул-вуҷуд аст, вуҷуди мумкин барои мавҷуд шудан эҳтиёҷ ба чизе дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст. Ҳол, агар ин чиз худ мумкинул-вуҷуд бошад, ду бора худ эҳтиёҷ ба чизе дигар дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст ва ҳамин тавр то бениҳоят идома дорад. Ва чун давру тасалсул ботил аст, бояд ба чизе бирасем, ки дигар мумкинул-вуҷуд набошад, балки воҷибул-вуҷуд бошад, ва ин воҷибул-вуҷуд ҳамон Худост”. (Ишорот ва танбеҳот, с. 66).
    Тавзеҳ: Барои фаҳми дақиқи истидлоли Сино (р) лозим аст чанд истилоҳ шарҳ дода шавад. “Воҷибул-вуҷуд” ба маънои мавҷуде аст, ки вуҷудаш аз худаш мебошад. Ба иборати дигар, вуҷуд барояш зарурат дорад, ва чунин нест, ки дар мавҷуд гардидан, ниёз ба чизе дошта бошад, ки барои ў вуҷуд бахшида аст. “Мумкинул-вуҷуд” ба маънои мавҷудест, ки вуҷудаш аз худаш намебошад, ва вуҷуд барои ў зарурат надорад, балки танҳо имкон дорад; яъне метавонад мавҷуд бошад ва ҳам метавонад мавҷуд набошад.
    “Тасалсул ботил аст” ва “Давр ботил аст”, ду ҳукме аз он аҳкоми бадеҳие аст, ки ақли ҳар одамӣ бар он эътироф дорад, ва ҷуз бехирад онро инкор намекунад, ва то ба имрўз ҳеҷ як аз донишмандон – чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб – ин дуро инкор накардаанд.
    Сино (р) мегўяд: Чун мавзўи фалсафа ба маънои хосс мутлақи вуҷуд ва ҳастӣ мебошад (на ин ки бархе аз бехирадон мепиндоранд, ки мавзўи он зебоиву ахлоқу ва ғайра ҳам аст, ки чунин пиндори бепоя ношӣ аз халти мафҳуми фалсафа ба маънои хосс бо мафҳуми он ба маънои омм аст, ва ҷуз ноогоҳ касе дигар чунин назаре кўдакона намедиҳад, вагарна ахлоқ ва ё зебоишинохтӣ, бетардид – чи имрўз ва чи дар гузашта ҳатто дар осори Арасту – ҷузъе аз фалсафа ба маънои омм маҳсуб мегардид), агар мо дар худи “ҳастӣ” ва “вуҷуд” некў биандешем, ақли одамӣ перомуни он, яке аз ин ду ҳукмро мекунад (ва тасаввури қисми сеюме барояш маҳол аст). Ва он ин ки мавҷуд – аз он назар ки мавҷуд аст – аз ду ҳолат берун нест: вуҷуде, ки дорад, ё аз худаш аст (воҷибул-вуҷуд), ва ё аз чизе дигар (мумкинул-вуҷуд). Агар бипазиранд, ки бархе аз мавҷуд (офаридгор) вуҷудаш аз худаш аст, муддаои мо собит аст, ва он вуҷуди офаридгор аст. Вале агар напазиранд, мепурсем: Мавҷудоте, ки олами ҳастиро пур кардаанд, оё вуҷудашон аз худашон аст, ё аз ҷои дигар? Ба иборати дигар: Оё вуҷуд барои ин мавҷудот зарурат дорад ба гунае ки адам (нестӣ) аслан барояшон роҳ надорад, ё ин ки вуҷудашон барояшон мумкин аст; яъне ҳам метавонад бошад ва ҳам метавонад набошад?
    Агар бигўянд (ва ҷуз ҳам он наметавонанд бигўянд), ки вуҷудашон аз худашон нест, зеро тамомии ин мавҷудотро ба бадоҳат чунин меёбем, ки вуҷуд барояшон воҷиб ва зарурӣ нест, ва будан ва набудан барояшон мусовӣ аст, мепурсем: Агар чунин аст, пас се роҳ бештар надоред: ё ин ки бипиндоред ҳар мумкине вуҷуди худ аз мумкине дигар гирифта, ки он низ вуҷуди худ аз аввалӣ гирифта аст, ва ё ин ки силсилаи мумкинотро то бениҳоят бидонед, ва ё ин ки ин силсиларо ба нуқтае, ки вуҷуд аз худаш аст (воҷибул-вуҷуд) бирасонед.
    Вале чун “давр” (вобастагии вуҷуди чизе ба вуҷуди чизе дигар, ки ин дуюмӣ худ дар вуҷуд ба он аввалӣ вобаста аст) ва “тасалсул” (ташкили мумкинул-вуҷудҳо то бениҳоят) ботил аст, мемонад қисмати сеюм, ки ҳамон муддаои мост, ва он вуҷуди мавҷудест, ки ҳастияш аз худаш аст, ки ҷуз офаридгор намебошад.
    Бархе аз моддигароёни навин (ки худро бо унвонҳое чун илми модерн ва аз қабил унвонҳо гўл задаанд), бо дуруст нафаҳмидани ин истидлоли Сино (р), мегўянд: Чаро қабул накунем, ки ҷаҳон аз силсилаи заррачаҳое, ки оғозу поён надоранд ва ҳамеша дар ҳаракату такопу ҳастанд ва ҳеҷ гуна робитаи иллияту маълулият миёни онҳо барқарор нест, ташкил шуда бошанд? Ва ба қавли Максвелл (Maxvell), донишманди қарни 19, чаро онҳоро “сангҳои фанонопазири пояҳои кохи ҷаҳон” надонем ва мўътақид бошем, ки худи ин заррот, азалӣ ва абадӣ мебошанд ва ба онҳо маълул (чизе ки набуд ва баъд шуд) наметавон гуфт ва аз ин рў вуҷудашон ношӣ аз иллате (ба номи Худо) нест?
    Дар посух ба инон бояд гуфт: Аввалан, на чунин аст, ки ин назария танҳо имрўз матраҳ шуда бошад, ва амсоли Сино (р) ба он мутаваҷҷеҳ набошад, балки ҳазорон сол пеш тавассути Демокрит (Democritus), ки садҳо сол қабл аз мелод мезиста матраҳ шуда. Сониян, баҳси мо танҳо рўи моддиёт ва ҷисмҳои моддӣ нест, балки ин баҳс рўи “мутлақи вуҷуд” аст – чи моддӣ бошад ва чи ғайри моддӣ. Солисан, назарияи Демокрит мубтанӣ бар инкори қонуни иллияти умумӣ нест, зеро ҳарчанд тибқи ин назария байни худи заррот робитаи иллият ва маълулият нест – яъне на баъзе аз заррот иллати вуҷуди баъзеи дигар ҳастанд ва на дар як иллати аввалӣ ширкат доранд – вале тибқи ин назария низ, ҳар як аз заррот дорои хоссият ё хоссиятҳои муайянест, ва ба воситаи ҳамон хоссиятҳост, ки қобили таркиб бо якдигар ҳастанд ва мураккаботи мухталиф бо осори мухталиф (мисли ҷамоду наботу ҳайвон) ба вуҷуд меоваранд, ва алабатта робитаи ҳар зарра бо хоссият ё хоссиятҳои худ ва ҳамчунин робитаи ҳар зарра бо мураккаби сохташудаи худ, робитаи иллияту маълулият аст.
    Ва аз ҳама муҳим, касоне ки ин назарияро матраҳ мекунанд, аз онҳо чунин суол мешавад: Шумо оё қабул доред, ки ин заррот ҳамеша дар ҳаракат ва такопу ҳастанд? Ҳатман хоҳанд гуфт: Оре. Мепурсем: Пас ҳар зарра, дар лаҳзае ки қарор дорад, ғайр аз он лаҳзаест, ки қабл аз он буда. Агар чунин аст, пас қабул доред, ки инҳо ҷуз мумкинул-вуҷуд нестанд. Зеро агар воҷиб буданд, ҳаракате барояшон тасаввур надошт. Ҳаракат яъне дар ин лаҳза вуҷуде доштан, ки чанд лаҳза пеш он вуҷудро надоштан. Оё ин ҷуз мумкинул-вуҷуд донистани онҳост?
    Аз ин рўст, ки Сино (р) баъд аз ин мегўяд: (тарҷума аз арабӣ) “Тааммул кун, ки чи гуна дар исботи офаридгор, ваҳдоният ва яктоии вай ва покияш аз айбҳо, баёни мо ба тааммули чизи дигар ҷуз худи вуҷуд ва ҳастӣ ниёз надошт? Ва чи гуна баёни мо дар ин боб ба мулоҳизаи махлуқ ва феъли ў мўҳтоҷ нашуд, гар чи он ҳам бар вуҷуди ў далел аст? Ва лекин ин равиш муҳкамтар ва шарифтар аст яъне мулоҳиза кардани ҳоли ҳастӣ – аз он ҷиҳат, ки ҳастӣ аст – бар вуҷуди Воҷиб Таоло гувоҳӣ медиҳад чунон ки ҳастии ў бар соири ҳастиҳо, ки баъд аз ў қарор гирифтаанд гувоҳӣ медиҳад? (Агар гўянд:) Ин оят дар китоби илоҳӣ, ки мегўяд: “Ба зудӣ нишонаҳои худамонро дар офоқ ва нафсҳои онҳо нишон хоҳем дод, то вуҷуди Ҳақ бар онҳо рўшан гардад” (Сураи Фуссилат, ояти 53) ба он матлаб ишора дорад (яъне ба он матлаб, ки махлуқот восита ҳастанд барои шинохти Ҳақ), мегўем: Ин ҳукм махсуси ҷамоате муайян аст, (вале идомаи оят ба он чи ман гуфтам ишора дорад), ки баъд аз ин мефармояд: “Оё барои исботи Худо кофӣ нест, ки Ў худ бар ҳар чизе машҳуд (шуҳудшаванда) аст?” (Сураи Фуссилат, ояти 53). Бинобар ин мегўям: Ин ҳукми сиддиқин аст, ки ба Ў истишҳод мекунанд, на аз ҳастии соири мавҷудот бар ҳастии Ў”. (Ишорот ва танбеҳот, с. 66).
    Идомаи баҳс дар номаҳои баъдӣ.
    Комёб бошед.

  67. Ислоҳ:
    Ин гуфтор дар номаи қабли ки дар он омада:
    «Сино (р): Пас шумо эътироф мекунед, ки дар ин миён аҳкоме ҳастанд, ки ақли одамӣ онҳоро ба бадоҳат қабул дорад ва заррае ҳам тардид дар нодурустии онҳо надорад, аз қабили ин аҳком: “Ҳар маълуле ниёз ба иллат дорад”, “Тасодуф маҳол аст”, “Давр ботил аст”, “Тасалсул ботил аст”, “Иҷтимои нақизайн маҳол аст»

    ба ин сурат аст: «Сино (р): Пас шумо эътироф мекунед, ки дар ин миён аҳкоме ҳастанд, ки ақли одамӣ онҳоро ба бадоҳат қабул дорад ва заррае ҳам тардид дар дурустии онҳо надорад, аз қабили ин аҳком: “Ҳар маълуле ниёз ба иллат дорад”, “Тасодуф маҳол аст”, “Давр ботил аст”, “Тасалсул ботил аст”, “Иҷтимои нақизайн маҳол аст”
    Комёб бошед.

  68. Усмон,
    Бо камоли майл ин корро бароятон анҷом хоҳам дод. Айни оятҳои 93 то ба охири сураи Марямро бароятон меоварам, то бубинем, ки оё “ин сура афсонаест барои аъроби бодиянишини қуруни вусто”, ё чизе дигар?
    “Дар осмонҳову замин ҳеҷ кас нест магар он ки Худои Раҳмонро бандавор ояд. Ҳар оина ононро дар шумор оварда ва ҳамаро дуруст баршумурда аст. Ва ҳамаи онҳо рўзи растохез танҳо (ва тиҳидаст) назди Ў оянд. Касоне ки имон оварданд ва корҳои неку шоиста карданд, Худои Раҳмон барои онон дўстие (дар дилҳо) хоҳад ниҳод. Ҳамоно (хондани) ин (Қуръон)-ро ба забони ту осон сохтем, то парҳезгоронро бад-он мужда диҳӣ ва гурўҳи ситезагарро бад-он бим кунӣ. Ва чи басо мардумони гузаштаро пеш аз онон ҳалок кардем. Оё ҳеҷ як аз ононро дармеёбӣ, ё ҳеҷ овои оҳистае аз онҳо мешунавӣ?” (Сураи Марям, аз ояти 93 то охир).
    Ин оятҳо перомуни рўзи қиёмат ва вазъи мардумон дар он рўзро шарҳ медиҳад. Мегўяд: дар ин ҷаҳон касе пойдор ва ҷовидон намемонад, балки марг – дер ё зуд – гиребонгири ҳамаи онон хоҳад шуд, ва ҳамагӣ бандавор ва мутеона дар пешгоҳи офаридгорашон барои ҳисобу китоб аз аъмоле ки дар ин олам анҷом додаанд, ҳозир хоҳанд шуд ва ҳеҷ гурезе аз он надоранд. Худо ба ҳамаи онҳо огоҳ аст ва рўзи қиёмат теъдоди ҳама донад ва касе аз шумориши Ў аз қалам наяфтад. Он рўз, ки меоянд, тиҳидастанд яъне молу ҷоҳу обрўи дурўғину ғайра ҳама дар ин ҷаҳон мемонад. Фақат он чи ки ба ҳамроҳ доранд, ин аъмоли онҳост. Агар дар ин дунё имон доштанд ва некўкор буданд, Худо бо эшон муомилаи некў кунад ва вориди биҳишташон созад, вале агар бадкор буданд, ба сазои аъмоли бадашон хоҳанд расид ва дар ҷаҳаннам бимонанд. Худо мефармояд, ки эй Муҳаммад (с) ин Қуръон ба забони ту ба осонӣ мавриди дастраси мардумон мешавад, ва ту ба василаи он паҳезкоронро мужда ва бадкоронро бим медиҳӣ. Дар охир Худо ба паёмбараш мегўяд: Агар инон, ки ту бо онҳо рўбарў ҳастӣ, рўзгоре чанд такаббур варзида, Худо ва рўзи қиёматро инкор мекунанд, хуб бидон, ки қабл аз эшон ҳам касоне мисли инон буданд, ки чунин мекарданд, вале имрўз аз эшон нишонае ҳаст? Куҷоянд онҳо? Мо онҳоро – мисли ҳар фарде ки аҷалаш фаро расад, дунёро тар гўяд – ҳалок сохтем, ва ин ҳама такаббуру лаҷоҷаташон куҷо рафт ва куҷо шуд? Рўзи қиёмат бояд ҳамагӣ пешгоҳи додгоҳи илоҳӣ биистанд ва дар баробари ҳар амали ношоисти хеш посух гўянд.

    Иттифоқан китоби “Авесто” ҳам дорам. Лозим дидам чанд намуна аз фаргарди ҳаштум бароятон хонам то бубинем, ки оё “Аз дасти аъробиу муслимин магар он пайдо мешавад?”
    Дар қисмати 11 то 13 бахши якум аз фаргарди ҳаштум, перомуни ин масъала, ки агар саге ё одаме дар хонае чўбин ё кулбае ҷаганпўш бимирад, маздопарастон чӣ бояд бикунанд, омадааст:
    11. Пас аз он насукашон дар се гоме мурда биншинанд ва он гоҳ мубад рў ба маздопарастон чунин бонг бароварад: “Бад-ин ҷо пешоб биёваред, то насукашон гесўву тани хешро бад-он бишўянд”.
    12. Эй додори ҷаҳони истуманд! Эй Ашаван! Пешобе ки насукашон бояд гесўву тани хешро бад-он бишўянд, кадом аст? Пешоби гўсфанд ё гови нар? Пешоби мард ё зан?
    13. Аҳурамаздо посух дод: “Пешоби гўсфанд ё гови нар, аммо на пешоби мард ё на пешоби зан, магар он ки мард ё зан, наздиктарин хешованди мурда бошанд.
    Маздопарастон бояд пешоб омода кунанд, то насукашон гесўву тани хешро бад-он бишўянд”.
    (Авесто, ҷ. 2, с. 748, чопи интишороти Марворид, бо пажўҳиши оқои Дастхоҳ, соли чоп: 1381 шамсӣ).
    Ҳоло, Ҷаноби Усмон, худ доварӣ намоед, ки кадом як аз ин ду даста ҷумалот мутааллиқ ба бодиянишинон аст?
    Комёб бошед.

  69. Табар!
    Шумо гуфта истодаед, ки «Меърочнома вокеъан вучуд дорад. Дар он шакке нест. Шакк дар нисбати он ба Пури Сино вучуд дорад ва якини бисёре аз донишпажухон ба адами нисбати он ба Сино».
    Хохишманд хастам, ки шумо манбаъхое ки мегуед ки донишмандон ба адами нисбати Мерочнома ба Сино назар доданд, накл кунед, бо навистани номи ин донишмандхо ва манбаъхое ки гуфтед.
    Мухтарам Саидюнус!
    Шумо хам агар исбот доред нависед, зеро ки бояд ин масала хело рушан маълум шавад.
    Саломат бошед!

  70. Зафари азиз,
    Ҳарчанд ин ҷониб дар номанигориҳои ахири хеш бо Фаромарз, танҳо ба китобҳои машҳури Сино (р) мисли “Ишорот” ва “Шифо” истинод мекунам, чун яке аз усули мунозира он аст, ки мунозир ҳаддал-имкон дар истинод ба суханон, ба манобее такя кунад, ки мавриди инкори тарафаш набошад, вале ин ба маънои он нест, ки сукут дар баробари иддаои амсоли Фаромарз ва Табар мабнӣ бар ташкик дар нисбат доштани “Меъроҷнома” ба Бўалӣ (р)-ро ихтиёр карда бошам. Аслан чунин нест. Ин Ҷанобон худ некў медонанд, ки иддаое бепоя мекунанд. Ҳоло, ки шумо хостед, бо камоли майл ин корро анҷом медиҳам.
    Аммо қабл аз он бидонед, ки дар назди пажўҳишгарон, инкори нисбати “Меъроҷнома” ба Бўалӣ (р), дар беасосӣ тафовуте бо инкори нисбати масалан “Шифо” ба Сино (р)-ро надорад. Ва қарор ҳам нест агар ҳар муддаие чизеро ба дилхоҳи худ қабул ва ё ба дилхоҳи хеш радд кунад, пажўҳишгар худро мулзам бар радд намояд, балки савоб он аст, ки ин корро бар ўҳдаи хонанда вогузор кунад.
    Ҳоло посух ба дархости шумо: Яке аз манобеи мувассақи пажўҳишгарон дар донистани нисбати осор ба соҳибонаш, китоби “Кашф уз-зунун”-и марҳум Ҳоҷ Халифа мебошад. Ҳоҷ Халифа дар сафҳаи 892 ҷ. 1 аз ин китоб, он ҷо ки ном аз осоре мебарад, ки дар мавзўи “Меъроҷи Паёмбар (с)” нигошта шудаанд, мегўяд: (тарҷума аз арабӣ) “Ва нигошт Шайхур-раис Ибни Сино дар ин мавзўъ рисолае ба забони форсӣ ба унвони “Меъроҷнома”, ва таҳқиқ ба амал овард дар ин рисола имкони меъроҷро ва онро ба исбот расонид”.
    Илова бар ин, пажўҳишгари номвар Наҷиб Моил Ҳаравӣ, дар муқаддимаи “Меъроҷнома» (нашри Бунёди пажўҳиш, соли чоп: 1365 шамсӣ) дар с. 70 аз ин китоб менависад: “Нигорандаи ин сутур, санаде куҳан аз садаи ҳафтум ва ҳаштум ёфтааст. Ин санади куҳан китобест ба номи “Маҷмаул-баҳрайн” аз Шамсуддин Иброҳими Абарқуҳӣ, мутахаллис ба “Муҳтасиб”. Боре Абарқуҳӣ бобе аз абвоби қисми ҳафтуми Маҷмаул-баҳрайн-ро ба меъроҷи хотами анбиё (с) ихтисос дода, ва ба исботи меъроҷе, ки “ҳам ҷисмонӣ ва ҳам руҳонӣ буда ва аз хавосси нубувват” пардохтааст. Пеш аз он ки муаллиф ба нигориши китобаш шурўъ кунад яъне пеш аз 711 ҳ, дар соли 709 ҳ. яке аз дўстони вай рисолаи “Меъроҷнома”-и Шайхур-раисро назди ў оварда, ва аз вай хостааст, ки онро мафҳуми ў гардонад, ва “эҷоби мултамис ўро воҷиб чунон дониста, ки хулосаи мазмуни он ба иборате мафҳум ва мутобиқи мўътақади аҳли тасаввуф баён кунад ва маонии он рисола ба ваҷҳе муқаррар гардонад, ки ба аксари фаҳмҳо наздик бошад ва аз ҷуҳуду инкор дур”. (Маҷмаул-баҳрайн, нусхаи хаттии музеи Бритониё, 8-А) (Ба нақл аз муқаддимаи “Меъроҷнома” ба таҳқиқи Наҷиб Моил Ҳаравӣ, с. 70).
    Ва аз ҳама муҳим он ки Хоҷа Насирудддини Тўсӣ (р) китоби “Меъроҷнома”-ро мансуб ба Ибни Сино (р) медонад, ки санаде болотар аз ин дигар вуҷуд надорад (Руҷўъ кунед ба китоби Таҷридул-ақоид, с. 231).
    Комёб бошед.

  71. Идомаи посух ба ишколоти Фаромарз,
    6. Худо, воқеияти мутлақ ва мабдаи ҳастӣ
    Дар такмили истидлоли Бўалӣ (р) бар вуҷуди офаридгор аз тариқи бурҳони ақлӣ, гўем: Чизҳое ки инсон аз роҳи ҳоссаҳои худ дарк мекунад, ки маҷмўи онҳоро ҷаҳон меномем, умуре ҳастанд, ки хусусиятҳои зерин аз онҳо ҷудонашуданӣ аст:

    1. Маҳдудият
    Мавҷудоти маҳсус ва машҳуди мо, “маҳдуд” ҳастанд, яъне ба як қитъа макони хоссе ва ба як фосилаи замонии хоссе ихтисос доранд (Масалан вуҷуди ин дарахт, макони хоссеро ишғол кардааст ва дар замони хоссе зиндагӣ мекунад). Дар хориҷ аз он қитъа аз макон ё он имтидод аз замон, вуҷуд надоранд.

    2. Тағйир
    Мавҷудоти ҷаҳон ҳама тағйирёбанда, таҳаввулёбанда ва нопойдоранд. Ҳеҷ мавҷуде дар ҷаҳони маҳсус ба як ҳол боқӣ намемонад; ё дар ҳоли рушд ва такомул аст ва ё дар ҳоли фарсудагӣ ва поёнёбӣ.

    3. Вобастагӣ
    Аз ҷумла хусусиёти ин мавҷудот, вобастагӣ аст. Ба ҳар мавҷуде, ки менигарем, онро “вобаста” ва “машрут” меёбем, яъне вуҷудаш вобаста ва машрут ба вуҷуди як ё чанд чизи дигар аст, ба тавре, ки агар он мавҷудоти дигар набошанд, ин мавҷуд ҳам нахоҳад буд. Ҳаргоҳ дар матни воқеъияти ин мавҷудот диққат кунем, онҳоро ҳамроҳ бо “агар” ё “агарҳо”-и зиёде мебинем (Масалан агар падару модари ман набуданд, агар ғизои мавриди ниёзи ман набуд, агар ҳавое, ки онро нафас мекашам набуд ва агар…онгоҳ ман вуҷуд намешудам). Дар миёни маҳсусот мавҷуде намеёбем, ки било шарт ва ба таври мутлақ (раҳо аз қайди вуҷудоти дигар, ки буду набуди соири мавҷудот барояш яксон бошад) битавонад мавҷуд бошад.

    4. Ниёзмандӣ
    Мавҷудоти маҳсус ва машҳуди мо ба далели вобастагӣ ва машрут будан, ниёзманданд. Ниёзманд ба чӣ? Ба ҳамаи шароити бешуморе, ки ба он шароит вобаста ҳастанд. Ва ҳамчунин ҳар як аз он шароит низ ба навбати худ ниёзманд ба як силсила шароити дигар мебошад.

    5. Нисбият
    Мавҷудоти маҳсус ва машҳуд, чӣ аз назари асли ҳастӣ ва чӣ аз назари камолоти ҳастӣ, мавҷудоте нисбӣ мебошанд, яъне агар масалан онҳоро ба бузургӣ ва азамат ё ба тавоноӣ ва қудрат ва ё ба ҷамол ва зебоӣ ва ё ба собиқа ва қидмат тавсиф кунем, аз ҷанбаи муқоиса бо чизҳои дигар аст, ҳатто ҳастӣ ва буди як чиз, нисбат ба ҳастӣ ва буди дигар “намуд” аст. Ҳар ҳастӣ ва ҳар камол ва ҳар доноӣ ва ҳар зебоӣ ва ҳар қудрат ва азамат ва ҳар ҷалолеро, ки дар назар бигирем, нисбат ба поинтар аз худ аст. Аммо болотар аз он ҳам метавон фарз кард ва нисбат ба он болотар, ҳамаи ин сифатҳо табдил ба зидди худ мешавад, яъне нисбат ба болотар, буд ба намуд, камол ба нақс, доноӣ ба ҷаҳл, ҷамол ба зиштӣ ва азамат ва ҷалол ба ҳақорат ва ночизӣ табдил мешавад.
    Нерўи ақл ва андешаи инсон, ки бар хилофи ҳоссаҳо, танҳо ба зоҳири чизҳо қаноат намекунад ва шуъои хешро то даруни саропардаи ҳастӣ нуфуз медиҳад, ҳукм мекунад, ки ҳастӣ наметавонад мунҳасир ва маҳдуд ба ин умури маҳдуд ва тағйирёбанда ва нисбӣ ва машрут ва ниёзманд буда бошад.
    Ин саропардаи ҳастӣ, ки дар муқобили хеш мебинем, дар маҷмўъ, ба худ истодааст ва такя ба хештан дорад. Ночор ҳақиқати номаҳдуд ва пойдор ва мутлақ ва ғайри машрут ва бениёз, ки такягоҳи ҳамаи ҳастиҳо мебошад ва дар ҳамаи шароит ва ҳамаи замонҳо ҳузур дорад, мавҷуд аст, вагарна саропардаи ҳастӣ наметавонист рўи пои худ биистад, яъне асосан саропардаи ҳастӣ дар кор набуд, адам ва нестии маҳз дар кор буд.

    Ишороти Қуръон ба далели ёдшуда
    Қуръони карим Худовандро бо сифатҳое аз қабили “қайюм” (яъне такягоҳ ва нигаҳдорандаи ҳамаи чизҳои маҳдуди нисбӣ), “ғанӣ” (яъне бениёзи мутлақ) ва “самад” (пур ва комил) ёд мекунад. Ва ба ин васила ёдоварӣ мекунад, ки саропардаи ҳастӣ ниёзманд ба ҳақиқатест, ки “қоим” ба он ҳақиқат бошад. Он ҳақиқат, такягоҳ ва нигаҳдорандаи ҳамаи чизҳои маҳдуди нисбӣ ва машрут аст. Ў бениёз аст, зеро ҳама чизи дигар ниёзманд аст. Ў “пур” ва комил (самад) аст, зеро ҳама чизи дигар ғайр аз ў аз дарун холист ва ниёзманд ба ҳақиқатест, ки даруни ўро аз ҳастӣ “пур” кунад.
    Қуръони карим мавҷудоти маҳсус ва машҳудро “оятҳо” (нишонаҳо) меномад, яъне ҳар мавҷуде ба навбати худ нишонае аз ҳастии номаҳдуд ва аз илм, қудрат, ҳаёт ва машиати илоҳӣ мебошад. Аз назари Қуръони маҷид саросари табиат монанди китобест, ки аз тарафи муаллифе доно ва ҳаким таълиф шудааст ва ҳар сатр, балки ҳар калимааш нишонае аз доноӣ ва ҳикмати бепоёни муаллифи худ дорад. Аз назари Қуръон ҳар андоза башар бо нерўи илм ба шинохти чизҳо ноил гардад, беш аз пеш ба осори қудрат ва ҳикмат ва иноят ва раҳмати илоҳӣ огоҳ мегардад.
    Идомаи баҳс дар номаҳои баъдӣ
    Комёб бошед.

  72. Идомаи посух ба ишколоти Фаромарз,
    7. Ду далели дигари фалосифаи исломӣ бар вуҷуди офаридгор:
    Фалосифаи исломӣ ба ғайр аз бурҳони сиддиқини Сино (р), ду бурҳони дигар бар вуҷуди Худованд иқома кардаанд, ки сазовор аст ба ин ду низ ишорае намоем: бурҳони аввал маъруф аст ба “бурҳон назм” ва бурҳони дигар маъруф аст ба “бурҳони ҳидоят ва роҳнамоӣ”. Дар бурҳони назм, аз диққат дар назму тартибе, ки дар мавҷудоти гетӣ ба кор рафтааст, истидлол ба Худо мешавад. Ва дар бурҳони ҳидоят, аз диққат дар роҳнамоие, ки дар ин мавҷудот машҳуд аст, ба вуҷуди зоти Худо истидлол шудааст. Мо дар ин ҷо фақат ба бурҳони дуюм яъне бурҳони ҳидоят ва роҳнамоӣ ишора мекунем:

    Масъалаи ҳидоят ва роҳёбӣ ба кори мавҷудот марбут аст, яъне мавҷудоти гетӣ коре, ки мекунанд аҷиб аст. Ин кор нишон медиҳад, ки як чизи мармузи дигаре, як нуре, як ҷозибае – ҳар чи мехоҳем исмашро бигузорем – вуҷуд дорад, ки дар ин кор онҳоро ҳидоят ва раҳбарӣ мекунад. Ин як матлабест, ки Қуръони карим рўи он ҷудогона такя кардааст. Яке, он оятест, ки аз забони ҳазрати Мўсо(а) омадааст, ки вақте Фиръавн аз ў суол кард: “Кист парвардигори шумо эй Мўсо!” Мўсо(а) ҷавоб дод: “Парвардигори мо он касест, ки ҳар чизеро он чунон ки шоиста аст халқ кардааст”. Яъне дар офариниш он чиро ки эҳтиёҷ дошта, ба ў додааст. Сипас дар идома мефармояд: “…сипас ўро дар роҳе, ки бояд биравад, роҳнамоӣ кардааст. ” (Сураи Тоҳо, ояти 50). Дар сураи “Аъло”, ояти 2 ва 3 ҳам ба ин иборат мехонем: “Тасбеҳ кун номи парвардигори худро, он зоте, ки офарид ва сомон дод ва он ки андозагирӣ намуд ва сипас роҳнамоӣ кард.”
    Аз забони Иброҳим(а) нақл мекунад: “Худои ман он аст ки маро офаридааст ва маро роҳнамоӣ мекунад.” (Сураи Шуаро, ояти 78)

    Намунаҳое аз ҳидоятҳои мармуз дар ҳайвонот:
    Ин ҳидоят ва роҳнамоӣ дар ҷамодот ҳаст, дар наботот ҳаст, дар ҳайвонот ҳаст ва ҳам дар инсон ҳаст. Роҷеъ ба ҳидоятҳои мармузе, ки дар ҳайвонот аст китобҳо навиштаанд. Яке аз аҷоиби олам он чизҳоест, ки дар ҳайвонот вуҷуд дорад ва исми онҳоро “ғариза” мегўянд, (яъне) роҳҳое, ки ҳайвон дорад ва бо ҳеҷ асле қобили тавҷеҳ нест. Махсусан дар ҳашарот ғаризаҳои бисёр ҳайратоваре вуҷуд дорад, дар занбўри асал, мўрча, анкабут, мўриёна ва… Қуръони карим мефармояд:
    “Ва парвардигори ту ба занбўри асал ваҳй (илҳоми ғаризӣ) кард, ки аз кўҳҳо ва дарахтон ва аз он чӣ бармеафрозанд, (барои худ) хонае бисоз. Сипас аз ҳамаи меваҳо бихўр ва роҳи парвардигоратро фармонбардорона бипаймо. Он гоҳ аз даруни шикамаш шаҳде, ки ба рангҳои гуногун аст, берун меояд. Дар он барои мардум дармонест. Ростӣ дар ин (зиндагии занбўрҳо) барои мардуме, ки тафаккур мекунанд, нишонаи (қудрати илоҳӣ) аст.” (Сураи Наҳл, ояти 68 ва 69)
    Роҷеъ ба кори занбўри асал имрўз фарзияҳое, ки таъйид нашудааст, балки рад шудааст, вуҷуд дорад. Баъзе эҳтимол додаанд, ки занбўри асал кори худашро – ки медонад чи гуна анҷом бидиҳад – шояд аз роҳи таълиму омўзиш анҷом медиҳад, вале мо ҳанўз кашф накардаем, яъне занбўри асалҳои чандин ҳазор сол пеш аз рўи таҷриба кори худашонро ёд гирифтаанд ва як навъ фаҳмонидану фаҳмидан миёни онҳо ва наслҳои ояндаашон ҳаст, ки мо намедонем, баъд ба инҳо таълим мекунанд ва ёд медиҳанд.
    Ин фарзия дар заминаи вуҷуди ғаризаҳо дар навъҳое аз ҳайвонот, ки насли гузашта ва насли оянда якдигарро намебинанд, рад шудааст. Хеле аз ҳайвонот ҳастанд, ки ҳамзамон ё қабл аз пайдоиши насли оянда, насли гузашта аз миён меравад, вале бо вуҷуди ин ҳам, насли оянда ҳамон корро бо ҳамон назм ва диққат анҷом медиҳад, ки насли гузашта анҷом медод. Ҳашараеро ном мебаранд ба номи “Амофил”, ки мегўянд аз занбўр кучактар ва аз магас бузургтар аст. Дар китоби “Рози офариниши инсон” перомуни ин ҳашараи аҷиб ба ин мазмун омадааст, ки ҳар вақт мавқеъи тухмгузории ин ҳайвон бирасад, як кирме ҳаст, ки ин ҳашара дунболи он меравад ва пайдо мекунад ва рўи пушт ва мўҳраи камари он кирм менишинад. Баъд неши худро мисли як сўзани пизишкӣ дар як нуқтаи муайяне аз пушти ў мезанад, аммо на ба он андоза, ки кирм бимирад, балки он андоза, ки беҳис шавад. Зеро агар бимирад мегандад ва фосид мешавад. Баъд ҳамон ҷо тухмгузорӣ мекунад. Баъд аз тухмгузорӣ ҳам било фосила ин ҳашара худ мемирад. Сипас тухмҳои ў ба вуҷуд меоянд ва аз бадани ҳамин кирм ғизо мехўранд то вақте, ки бузург мешаванд, пар пайдо мекунанд ва ба зиндагии хеш идома медиҳанд. Баъд ҳар як аз онҳо мавқеъи тухмгузорияш, ки мерасад, айнан ҳамон кори модарро такрор мекунанд, яъне мераванд ҳамон кирмро пайдо мекунанд ва дар ҳамон нуқтаи ҳассоси дақиқ неш мезананд ва ҳамон ҷо тухмгузорӣ мекунанд ва худ мемиранд ва… Оё дар мавриди ин навъ ҳайвонҳо ҳам метавон гуфт, ки наслҳои оянда кори хешро аз наслҳои гузашта омўхтааст ва ҳол он ки аслан насли баъдӣ насли қаблиро дарк намекунад?
    Дар ҳамин китоби “Рози офариниши инсон” моҳиҳоеро аз мормоҳӣ ва ғайри мормоҳӣ ёд мекунад ва чизҳоеро зикр мекунад, ки хеле аҷиб аст. Мегўяд: Навъҳое аз моҳиҳо ҳастанд, ки дар ҳамаи рўдхонаҳои дунё ёфт мешаванд, вале ҳамаи онҳо вақте мехоҳанд бачча бизоянд, аз рўдхонаҳои дунё ҷамъ мешаванд ва мераванд ба обҳои ҷануб дар ҷануби Амрико (Бермудо) ва дар нуқтаи муайяне тавлиди насл мекунанд ва дар ҳамон ҷо мемиранд. Баъд баччаҳои онҳо, ки ба вуҷуд меоянд, бармегарданд ба ватани модарии худашон. Аҷиб ин аст ки ҳар дастае ба ҳамон рўдхонае бармегарданд, ки насли гузаштааш он ҷо буда ва ҳаргиз иштибоҳ ҳам намекунанд. Ҳатто муҳаққиқон имтиҳоноте кардаанд. Масалан як навъ моҳӣ, ки фақат дар рўдхонаҳои Англис ё Фаронса пайдо мешавад ва дар ҷои дигаре пайдо намешавад, инҳоро гирифта ва меоваранд ва дар як рўдхонаи дигаре меандозанд. Сипас мебинанд инҳо – дар замони тавлидашон – мераванд дар баҳр ва аз он ҷо ду бора бармегарданд ба он рўдхонаҳои аввалӣ.
    Ин корҳо бо ёд додани насли гузашта аслан қобили тавҷеҳ нест, ҷуз ин ки бигўем як нақшае, як тарҳе, як роҳнамоие дар кор аст. Чун ҳеҷ кас қабул накарда, ки сохтмони мағзӣ ва асабии ҳеҷ ҳайвоне барои як чунин чизҳое кофист, вагарна такомулёфтатарин мағзҳо мағзи инсон аст ва бояд мағзи инсон ҳам чизеро, ки ба он ёд надиҳанд, ёд бигирад. Мағз фақат омодагӣ дорад барои ин ки агар чизе ба он таълим кунанд, ёд бигирад. Аммо агар таълим накунанд, худ ба худ чизе ёд нахоҳад гирифт.

    Офариниш ҳама танбеҳи Худованди дил аст
    Дил надорад ки надорад ба Худованд иқрор
    Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд
    Ҳар ки фикрат накунад нақш бувад бар девор

    Ҳидоятҳо ва илҳомоти ахлоқӣ дар инсон:
    Дар инсон ҳам навъҳое аз ҳидоятҳо вуҷуд дорад, ки мо онҳоро тибқи он чи ки Қуръони карим фармудааст, баён мекунем. Яке аз ҳидоятҳое, ки Қуръони карим ном мебарад, ҳидоятҳо ва илҳомоти ахлоқист. Медонем, ки ахлоқ, ҳам ба фард марбут аст ва ҳам ба ҷомеа. Ахлоқ яъне беҳтарин навъи коре, ки инсон бояд дар муқобили афроди дигари ҷомеа анҷом диҳад ва манфиати ҷомеа дар он аст ва агар ғайр аз он бошад, ҷомеа роҳи камолро тай намекунад.
    Дар инсон фитратан, мустақил аз ҳар таълиму тарбияте, як силсила дастурҳои ахлоқӣ вуҷуд дорад, ки инсон мегўяд: “Хуб аст инсон ин гуна амал кунад”, “Бад аст он гуна амал кунад”, “Бояд чунин буд”, “Бояд чунон буд” ва… яъне ҳамонҳое, ки мо исмашро “инсоният” мегузорем. Дар Қуръон омадааст: “Оё подоши некӣ ҷуз некист?” (Сураи Раҳмон, ояти 60) Қуръон ба сурати суол мегўяд, ки оё подоши некӣ кардан ҷуз некӣ кардан чизи дигаре нест? Яъне ҳар касе ба фитрати худаш мефаҳмад подоши некӣ некист.
    Фарз кунед дар як мусофирате, дар як биёбоне, дар як ҷое гирифтор шудед, гирифтории шадиде пайдо кардед. Як касе иттифоқан он ҷо пайдо шуд ва чун дид шумо ин гирифториҳоро доред, омад ва инсоният кард ва ба шумо кўмак кард (Фарз кунед мошинатон хароб шуда буд, кўмак кард ва мошини шуморо дуруст кард ва ё пули шуморо дузд зада буд, он ҷо ба шумо пул дод). Ва шуморо ҳам аслан намешинохт, дар як кишвари ғарибе ин кўмакҳоро кард ва рафт. Чаро ба шумо кўмак кард? Эҳтимоли ин ҳам, ки шумо як бори дигар ўро бибинед, он ҳам дар кишвари худатон, дар сад эҳтимол яке бештар нест, ки намешавад гуфт ў ба ин хотир ин корро карда, ки як рўзе биёяд аз шумо подош бигирад. Сад дар сад яқин доред, ки ў фақат ба хотири ин ки ба шумо некӣ кунад, ин корро кардааст. Тасодуфан шумо ин одамро панҷ соли дигар дар кишвари худатон дидед. Иттифоқан ин одам ҳам дар як ҷое як гирифторие пайдо карда, шумо ҳам хабардор шудед, ки як гирифториҳое дорад. Оё виҷдони шумо дар ин ҷо қазовате дорад ё надорад? Бешак як чунин қазовате дорад, ки ин одам дар як чунон шароите ба ман некӣ кардааст ва ҳамакнун ў дар шароите қарор гирифтааст, ки ман дар он шароит будам ва ман ҳоло дар шароите ҳастам, ки ў дар ин шароит буд, яъне имконот дорам, пас бояд ба ў некӣ кунам. Инро мегўем қазовати виҷдонӣ, яъне мегўем виҷдони башар ҳукм мекунад, далели дигаре надорад ғайр аз ин ки виҷдон ҳукм мекунад.
    Мумкин аст касе инкор кунад, вале шумо бибинед оё мешавад инкор кард? Ҳар чизе ки далелаш фақат ин аст ки мегўем виҷдони башар ҳукм мекунад, инсоният ин гуна ҳукм мекунад, маънояш ин аст ки дар вуҷуди ман як чунин қазовате вуҷуд дорад. Бибинед Қуръон чӣ қадр зебо баён мекунад: “Савганд ба нафс ва он ки онро сомон дод. Он гоҳ нофармонӣ ва парҳезгорияшро дар он илҳом кард.” Яъне андохт ба дарунаш кори зишташро ва кори покияшро. Яъне нафси башар, ки халқ шудааст, ин илҳом ҳам ба ў дода шуда, ки зиштро худаш мефаҳмад, покӣ ва тақворо ҳам мефаҳмад. Ин дигар далел намехоҳад, таҷриба намехоҳад ва муаллим ҳам намехоҳад, бидуни муаллим ва таҷриба онро мефаҳмад. Ин, илҳомоти ахлоқист.
    Идомаи баҳс дар номаҳои баъдӣ.
    Комёб бошед.

  73. Дустони азиз,

    Хеле мехостам, дар ин бахс ширкат накунам. Аммо акнун ширкат мекунам. Ба ин далел, ки бархе аз дустони мо руйирост андешахои зиддиисломии худро баён мекунанд ва пайравони Исломро ба ин васила тахкир месозанд ва бо чашми кам мебинанд. Аз Фаромарзи азиз, ки ба хуби мешиносам, хохиш мекунам, як бори дигар фикр кунад, ки вакте уро ба дунё оварданд, чи гуфтанд? Оё бисмиллох нагуфтанд? Ё гуфтанд, ки ай точик? Точик будан чизи дигар ва мусулмон будан чизи дигар. Хар точик наметавонад мусулмон бошад ва на хар мусулмон точик аст. Ин як бахси бехуда аст. Асли давъати Шумо чист? Заъиф нишон додани точик ва ё мусулмон? Ман точикам, аммо мусулмон. Точики мусулмон. Онхое, аз зардушт ва адёни дигар пайрави мекунанд, бигузор руйи акидаи худ мустахкам бошанд ва ба иродаи дигар ихлол ворид накунанд. Мо ба кудрат ва тавоноии парвардигор ва покии дини мубини Ислом бовар дорем. Хохиш мекунам, якдигарро тахкир ва паст назанед. Зеро аз гуфтани Шумо ин мушкил роххал пайдо намекунад. Бигзор хар касе руйи андешау бовари худ собит бошад. Хар касро бо пойи хдаш ба дор меовезанд.

  74. Сайидюнус менависад:

    ///Бинобар ин, шумо бояд каме ҳавсала ба харҷ диҳед ва сабр пеша кунед, то ба асли қазия бирасем. Исботи ин масоил ва ин қазоё, монанди исботи қазияи “ду зарб бар ду чаҳор” нест, ки ба ин осонӣ ба даст оянд.///

    Дусти азиз, инҷо ҳама мисли ту бекорхуҷа нестанд, ки дар «ҳавзаи илмия» нишаста, салларо бузург баста бошанд ва рисолаташон ҷуз фазлфурӯшӣ ва гиҷ кардани майнаи мардум набошад. Ман хоста будам, мушаххасан бигӯйи, ки ваҳй ба василаи кадом далоил ва бароҳини ақлӣ собит шудааст. Лутфан ба ин суол посух бидеҳ.

    Баҳси ҳавос ва ақл дар ин ҷо матраҳ нест, чун ҳам ҳавосс ва ҳам равишҳои дигар ҳама равишҳои бихрадона ҳастанд ва ба имон ва эътиқодоти пуч ҳеч иртиботе надоранд. Лутфан Синоро бештар бихон ва инчо камтар навис, шояд батадриҷ ба дарки беҳтари ӯ муваффақ шавӣ. Нусхабардорӣ аз ҳарчи ӯ гуфта ё дигарон дар бораи ӯ гуфтаанд, зарурат надорад ва иддаъоҳои туро собит намекунад.

  75. Фаромарз,
    Ин чониб боз ҳам хотиррасон мекунам, ки баҳси мо дар ду меҳвар аст:
    1. Исботи ин матлаб, ки Сино (р) на танҳо як мусалмони одди, балки аз пешоҳангон дар дифоъ аз ҳарими поки оини муҳаммади (с) буда, ва ин матлаб то ин чо такрибан собит шуда;
    2. Дуюм он ки додаҳои дини (мисли «Худо вучуд дорад», «Ирсоли паёмбарон зарурат дорад», «Ваҳй як воқеият аст») мабонии ақли доранд.
    Агар ҳавсала надоред, касе шуморо мачбур ба гуш додан ба ин суханон накарда, дигарон истифода мекунанд.
    Ва инро ҳам некў бидонед, ки яке аз муҳимтарин шарти донишпажўҳи ҳамин ҳавсала ба харч додан аст. Чунин аст, ки Синоҳову Форобиҳо баромадаанд. Касе ки ҳафсала надорад, чойгоҳаш майдони маърифат нест, балки чомеа барои ў дар дигар майдонҳо низ ниёз дорад монанди он ки биравед баннои кунед, ва ё коре дигар.
    Комёб бошед.

  76. Сайидюнус,

    Дар яке аз навиштахои каблй сиххати фалсафаи шуморо аз зеру бунёдаш барандохтам. Аз ин ру навиштани ин хама хузахволот на ба дарди шумо мехурад, на ба дарди мо. Гуфта будам, кузаи холй садои бештар медихад. Агар посух ба ин пурсишхоро надоред, ин кадр мухазраф нагуед, ки рабте ба асли матлаб надорад. Аз шумо интизор мерафт бо равишхои илмй, ки дар тафсирашон 500 сафхаро рунависй кардаед, тавзех дихед, ки афсонаи вахйро чи гуна акл бояд бипазирад. Сарфароз бошед.

  77. Намунаҳое аз ишклоти Сайидюнус, ки менависад:

    ////Иттифоқан китоби “Авесто” ҳам дорам. Лозим дидам чанд намуна аз фаргарди ҳаштум бароятон хонам то бубинем, ки оё “Аз дасти аъробиу муслимин магар он пайдо мешавад?”
    Дар қисмати 11 то 13 бахши якум аз фаргарди ҳаштум, перомуни ин масъала, ки агар саге ё одаме дар хонае чўбин ё кулбае ҷаганпўш бимирад, маздопарастон чӣ бояд бикунанд, омадааст:
    11. Пас аз он насукашон дар се гоме мурда биншинанд ва он гоҳ мубад рў ба маздопарастон чунин бонг бароварад: “Бад-ин ҷо пешоб биёваред, то насукашон гесўву тани хешро бад-он бишўянд”.
    12. Эй додори ҷаҳони истуманд! Эй Ашаван! Пешобе ки насукашон бояд гесўву тани хешро бад-он бишўянд, кадом аст? Пешоби гўсфанд ё гови нар? Пешоби мард ё зан?
    13. Аҳурамаздо посух дод: “Пешоби гўсфанд ё гови нар, аммо на пешоби мард ё на пешоби зан, магар он ки мард ё зан, наздиктарин хешованди мурда бошанд.////

    Ҳоло дар зер намунаи дурусти онро меоварем, ки Сайидюнуси истаравшнаӣ ба далели надонистани забон ва хатти форсӣ барғалат хондааст:

    11. Пас аз он насукашон дар СЕГОМИИ (сеқадамии) мурда биншинанд ва он гоҳ мубад рў ба маздопарастон, чунин бонг бароварад: “Бад-ин ҷо пешоб биёваред, то насукашон гесўву тани хешро бад-он бишўянд”.
    12. Эй додори ҷаҳони АСТУМАНД! Эй Ашаван! Пешобе ки насукашон бояд гесўву тани хешро бад-он бишўянд, кадом аст? Пешоби гўсфанд ё гови нар? Пешоби мард ё зан?
    13. Аҳурамаздо посух дод: “Пешоби гўсфанд ё гови нар, аммо на пешоби мард ё на пешоби зан, магар он ки мард ё зан, наздиктарин хешованди мурда бошанд.
    Маздопарастон бояд пешоб омода кунанд, то насукашон гесўву тани хешро бад-он бишўянд”.
    (Авесто, ҷ. 2, с. 748, чопи интишороти Марворид, бо пажўҳиши оқои ДУСТХОҲ (на Дастхоҳ), соли чоп: 1381 шамсӣ).

    Дувум, дуруст аст, ки дар замони қадим пизишкони эронӣ ҷисми мурдаро наҷис медонистанд ва олудагӣ ба онро ба худ роҳ намедоданд. Касоне, ки ба дафъи мурда муваззаф буданд, албатта бояд пас аз дур кардани мурда худро аввал бо пешоби гов мешустанд ва баъд бо об, ва посухашро ҳам бархе гуфтаанд, ки чизи бадро аввал бо бад шуянд даъф шавад баъдан бо об, то об нопок нагардад.

    Илми тиб дарвоқеъ собит кардааст, ки инсон аз замоне ки чон аз танаш бармеояд, дигар чисми мурда ва нопок аст ва наздик шудан ба он мумкин аст дигаронро ба бемориҳое мубтало кунад, чун баробари мрдани одам ва хар чонвари дигаре, бактерия ва вирусхо ба чисми мурда ҳамла мекунанд ва дури аз мурда албатта судманд аст. Эрониҳо бар хилофи мусалмонон ва масехиён мурдаро намбусиданд ва эхтиром ба уро ахмаки медонистанд, ки дуруст аст.

    Имрузҳо мардум барои дафъи олудаги аз худ аз васоили мухталифе монанди шомпу ва собунхо ва ҳатто бензин кор мегиранд. Дар замони кадим пешоби гову гусфанд ба ҷойи бензин ё шомпу ба кор мерафт. Ин танҳо ба эрониҳо марбут набуд ва пешоб дар илми тибби Чин, Араб ва тамаддунҳои дигар низ барои муъолиҷаи бемориҳои зиёде ба кор мерафт ва дар китобхои гуногун дар ин бора ёд шудааст. Ва худи СИНО низ, ки Сайидюнус ба у такияе беҳуда мезанад, дар бораи хосияти давоии пешоби шутур тавзеҳоте додааст.

    Гузашта аз инҳо, дар бархе кууби мусалмонӣ ҳатто аҳодисе аз паёмбари ислом зикр шуда, ки мегуяд пешоби шутурро хурдан барои бисёре аз дардхо фоида дорад.

    Дар Саҳеҳи Бухорӣ дар ҳадиси 590 аз қавли Анас мегуяд: «Боду ҳавои Мадина барои бархе мардум созгор набуд ва паямбар фармуд, ки аз шубони вай пайравӣ кунанд ва шир ва пешоби шутурони уро бихуранд. Онҳо чунин карданд, то замоне ки аҳволашон беҳтар шуд. Баъд онон шубонро куштанд ва шутуронро бо худ бурданд. Вакте ба паямбар хабар расид, вай гурухеро ба суроғи онҳо фиристод. Вакте онҳоро оварданд, вай (паямбар) дастон ва пойҳои ононро бурид, чашмонашонро бо оҳанҳои тофта (тафсида) доғ кард (яъне онҳоро кур кард).

    Аммо аз инхо ки бигзарем, бубинед уламои исломи ба мусалмонон чихо меомуӯзанд:

    Ибни Бобавейҳ дар китоби худ «Манло яҳдурул-фақеҳ» ривоятеро овардааст, ки мегуяд «Мадфуъи (г..) вай (яъне Имом) аз мушк буйи беҳтаре дорад.

    Оятуллоҳ Зайнулобидини Гулбойгонӣ дар китоби худ Анвор-ал-вилояҳ» менависад:

    فليس في بول المعصومين ودمائهم وأبوالهم وغائطهم استخباث و قذارة يوجب الاجتناب في الصلاة ونحوها كما هو معنى النجاسة ، ولا نتن في بولهم وغائطهم بـل هـــمــا كالمــسك الأذفـــــــر ، بــــــــــل مــــن شـــــرب بولهم وغائطهم ودمهم يـــــحـرم الله عليه الـــنــار واســتــوجــب دخول الجنّة

    Ҳеч нопокие дар пешоби муназзаҳон (яъне паямбар ва оли у, имомон) нест: хуни онҳо, пешоб ва мадфуъи онҳо аз касофат мубаррост ва … баракс онхо монанди мушк ҳастанд. Хар касе онхоро масраф кунад, Аллоҳ гунохони уро мебахшад ва дари биҳиштро барои онон мегушояд. Пешоб ва мадфуъи имомон пок аст ва хар касе онро масраф кунад, Аллоҳ оташи дузахро барои у харом гардонад ва ҷойи онон ҷаннат мешавад. (Анвор-ал-вилояҳ, саҳ 440)

    Дар яке аз киитобхои муътабари Шиъа аз ал-Кофӣ омадааст, ки «Имом 10 нишона дорад: Ӯ пок зода ва хатнашуда аст… ва агар гоозад, буйи мушк медиҳад.»

    Дар зимн, дар ҳеч ҷо Авесто намегӯяд, ки пешоб хуред. Умедворам, мулло- Сайидюнус, бештар аз Авесто бихонӣ, то чизҳое ки намефахмӣ бароят рушан шавад.

  78. Сайидюнус аз қавли Сино (р) мегўяд:

    ///(тарҷума аз арабӣ) “Мавҷуд ё воҷибул-вуҷуд аст ва ё мумкинул-вуҷуд. Агар воҷибул-вуҷуд аст, матлуби мо (ки исботи офаридгор аст) собит мешавад, ва агар мумкинул-вуҷуд аст, вуҷуди мумкин барои мавҷуд шудан эҳтиёҷ ба чизе дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст. Ҳол, агар ин чиз худ мумкинул-вуҷуд бошад, ду бора худ эҳтиёҷ ба чизе дигар дорад, ки ўро вуҷуд бахшидааст ва ҳамин тавр то бениҳоят идома дорад. Ва чун давру тасалсул ботил аст, бояд ба чизе бирасем, ки дигар мумкинул-вуҷуд набошад, балки воҷибул-вуҷуд бошад, ва ин воҷибул-вуҷуд ҳамон Худост”. (Ишорот ва танбеҳот, с. 66).///

    Бубин, воҷиб-ул-вуҷуд, лузуман ба маънии Аллоҳи исломӣ нест. Маънии вуҷуд ҳастист ва вуҷуди воҷиб яъне ҳастии воҷиб, ҳамин табиъати давру бар мо, ки мебинему дарк мекунем ва чизхои дигаре, ки албатта мо намебинем, дарк намекунем, вале мавҷуд аст, мисли энержӣ.

    Ин андеша бештар андешаи пантеистӣ аст, то исломӣ ва иллати хастиро ба худи хасти баста медонад ва вучуди онро вочиб мешуморад. Пантеистҳо хастиро Худо медонистанд ва дар хар чиз унсуре аз худо медиданд, вочибалвучуд ҳамон хасти ё худост ва мумкиналвучуд хамон аносири табиъи, ки рузе ба як шакл ва рузи дигар дар чойи дигар ба ашколи дигар вучуд доранд.

    Ин андеша, аввалан андешаи асили Сино нест ва омезае аз андешаҳои Аристотелу Афлотуни юнонӣ буда садҳо сол пештар аз Сино вуҷуд доштанд ва ҳамчунин назари Навафлотуниён аст, ки Сино аз онҳо нусхабардорӣ кардааст. Ҳар донишманде, ки бо осори Сино сару кор дорад, эътироф мекунад, ки Сино ба ин назарҳо ки аз навафлотуниён гирифтааст, чизе наафзудаааст.

    Сарфи назар аз хамаи инхо, маълум аст, ки ин иддаъо, ки Аллох вучуд дошта ва вахй фиристода ва паямбаре барои ҳидояти мардум дар кор буда, собит нашудааст. Ин танҳо иддаъо аст ва назар ва фарзия аст, ва на беш аз он. Фарзия ба маънии исбот нест ва хануз хакикати илмӣ махсуб намешавад. Ба ин далел, аз харзапароканихои Сайидюнус суде нест.

    Дар бораи ин ки Сино мусалмон буда ё кофар, албатта сухани Газзоли, ки шайхулисломи бузурге буд ва бахши аъзаме аз мусалмонон ба харфи ӯ эътикод доранд, муътабартар аст аз он чи навхондае аз «хавзаи илмия»-и Кум мегуяд.

    Хирад рахнамо бод!

  79. Мухтарам Истаравшани!
    Аз чавобатон ташаккур, дар хакикат Мерочнома китоби Абуали ибни Сино аст ва ман исботхои шуморо хондам. Бо устодони донишгох низ сухбат кардам, хаммошон сухани шуморо тасдик карданд.

    Табар ва Фаромарз!
    Ман то имруз мунтазири чавоби шумо дар бораи нисбат надоштани Мерочнома ба Абуали ибни Синоро дорам. Агар як кас иддио кунад, бояд ки исбот кунад, аммо шумо мисли хама вакт факат иддио карда истодаед ва исботе надоред.

    Табар!
    Пурсидан аз бузургони илму маърифат нисфи дониш ба шумор меояд. Шумо ба чои ин ки ин кадар дигаронро эхтиром накарда, нисбатхои бемаъно медихед, акалан як та исбот оваред бехтар.
    Садхо донишчухо имруз ин мунозирахоро мехоананд. Бароятон гуфта бошам, ки хатто нафархое ки монанди суханхои шуморо мегуфтанд, имруз ба шумо лаънат фирсинда истодаанд ки ин кадр обруи онхоро резонда истодаед ба воситаи хеч исбот наоварданхо. Шумо аз холати донишгохо ва донишчухо хабар надоред, хаммошон аз рохи шумо баргашта ва рохи хакикатро рафта истодаанд. Агар бовар намекунед, ба назди ин донишчухо биёед.
    Саломат бошед!

  80. Зафарчон,

    Меърочномаро хеч фарди сохибъакле мутаъиллик ба Пури Сино намедонад. Чун сабки нигоришу баёну мантки он дар хеч як аз бозмондахои Сино мушохида намешавад. Агар хилофи ин иддаъо манзурат аст, далел овар. Ба дустони донишчуят хам саломи моро бирасон. Сарфароз бошй.

  81. Ё рабб, ту каримиву каримй карам аст,
    Осй зи чй ру бурун зи боги Ирам аст?
    Бо магфиратам бибахшй ар, нест карам,
    Бо маъсиятам агар бибахшй карам аст.
    Умари Хайём.

  82. Арабхои имрузаи ватани Ислом, яъне Арабистон ва Дубай бихишти худро танхо даи ин зиндаги мебинанд. Онхо бо доллархои худододи нефт кайфу сафо мекунанд ва хуридухтаракони руспй аз кишвархои дуру наздик ва махсусан мамолики исломии Осии Миёна хар хеле хоханд маишат мекунанд ва тарсе аз Аллохашон гадоранд.
    Барои зебаш худро мусулмон гуфта, намоз хам мехонанд, вале аз фосикию кайфу сафои замини хеч гох руй намегардонанд.
    Ислом факат дар Точикистон мондааст.

  83. Сайидюнус, он оятхои казоиро аз сураи «Марям» барои мо бо камоли майл тафсир карда, дар охир овардай, ки: «…Худо ба ҳамаи онҳо огоҳ аст ва рўзи қиёмат теъдоди ҳама донад ва касе аз шумориши Ў аз қалам наяфтад… Агар дар ин дунё имон доштанд ва некўкор буданд, Худо бо эшон муомилаи некў кунад ва вориди биҳишташон созад, вале агар бадкор буданд, ба сазои аъмоли бадашон хоҳанд расид ва дар ҷаҳаннам бимонанд».
    Савол ин аст: Хар як харакати инсонхо дар руи замин бо хости Худо ба амал меояд, яъне хам кори хуб ва хам кори бадашон. Ва аз ин чост, ки онхо дар тасмимгирихояшон мухтор нестанд, чунки бандаанд. Холо намефахмам, ки ин хама катлу хунрезихо ва луздию зинокорихои мардум асосан ба хохиш ё аз руи сенарияи кист. Агар Худованд аз рузи азал ё аввал кисмату такдири одамонро тархрезй карда бошад (Аллох хам дар Кур-он зиёд ишора намудааст, ки хар касеро хостам, имон додам ва хар касеро нахостам – надодам), пас ин бечорахо чаро дар бихишт, ки майлаш, бад нест, ё дар дузахи сузон меандозад? Охир, одамон бе иродаи Худованд коре карда наметавонанд – хама кори онхо бо ризояти Аллох аст (хатто ширк оварданашон ва мулхидияшон).
    Дигар ин ки чаро баъзе одамхо дар туфулият мемиранд (ин ба кй даркор аст?) ё дар наврасию чавонй. Баъзе одамхо хеле вахшиёна кушта мешаванд, мисол, Салохиддин Юсуфов, ки дар ин бахс аз вай ёдоварй шуд. Ривояти ин хама чист?

  84. Табар!
    Гуфтед: «Меърочномаро хеч фарди сохибъакле мутаъиллик ба Пури Сино намедонад».
    Лутфан номи яке аз ин сохибаклонро бо номбарии манбаъе ки аз он мегуед бароямон ёдрас шавед.

  85. Фаромарз,
    То ҳанўз ҷуз иддао сар додан чизе аз шумо надидем. Дар вокуниш ба овардани истидлолоти Сино (р) бар вуҷуди офаридгор аз сўи ин ҷониб, иддао мекунед: “Лутфан Синоро бештар бихон ва инчо камтар навис, шояд батадриҷ ба дарки беҳтари ӯ муваффақ шавӣ”.
    Хеле хуб, ҳоло унвонҳои тамоми осори Сино (р)-ро бароятон меоварам, ва аз шумо чунин дархост дорам, ки бигўед дар кадом як аз ин осор, матлабе (гарчи як адад) дар таъйиди иддаои шумо (мабнӣ бар кофир будани ў ва ё ин ки дин ҳақиқат надорад) вуҷуд дорад:
    а) Фалсафа ва илоҳиёт:
    – Шифо;
    – Наҷот;
    – Ишорот ва танбеҳот;
    – Меъроҷнома.

    б) Риёзиёт:
    – Зовия;
    – Уқлидус;
    – Ал-иртимотиқӣ;
    – Илми ҳайъат;
    – Ал-маҷастӣ;
    – Ҷомеул-бадоеъ.

    в) Табииёт:
    – Ибтолу аҳкомин-нуҷум;
    – Ал-аҷром ул-илвийя ва асбобул-барқи вар-раъд;
    – Фазо;
    – Ан-набот вал-ҳайвон.

    г) Тиб:
    – Ал-қонун;
    – Ал-адвиял-қалбийя;
    – Дафъул-мазоррил-куллия анил-абдонил-инсония;
    – Қуланҷ;
    – Сиёсатул-бадан ва фазоилуш-шароб;
    – Ташреҳул-аъзо;
    – Ал-фасд;
    Ал-ағзия вал-адвия.

    д) Мусиқӣ:
    – Ҷавомеи илми мусиқӣ;
    – Ал-мадхал ило синоатил-мусиқӣ;
    – Бахше дар зимни Донишномаи Алоӣ;

    Ҳоло, лутфан бигўед, ки дар кадом як аз ин осор матлуби хеш пайдо кардаед. Агар ҳаст, пешкаш намоед.
    Комёб бошед.

  86. Фаромарз,
    Ҳаққо ки аз дониши ақлӣ ҷуз номи он намедонед. Мегўед: “Бубин, воҷиб-ул-вуҷуд, лузуман ба маънии Аллоҳи исломӣ нест”.
    Магар баҳси Сино (р) ин ҷо рўи лафз аст? Сухани хандаовари шумо маро ба ёди ин латифа бурд, ки гўянд як тоҷику як русу як турк дар баробари меваи ангуре истоданд, ва рус аз он ба “виноград” таъбир карду турк ба “узум” ва тоҷик ба “ангур”. Он гоҳ ин се нафар шурўъ карданд ба даъво, ки он чи ман мегўям дуруст аст.
    Сино (р), ки муродаш аз воҷибул-вуҷуд рўшан аст, яъне зоте ки вуҷуд барояш зарурат дорад, ва ин хусусият дар мавҷуди моддӣ ёфт намешавад, ва он ҷуз офаридгор нест. (Он ҷо ки мегўяд: “Ва чун давру тасалсул ботил аст, бояд ба чизе бирасем, ки дигар мумкинул-вуҷуд набошад, балки воҷибул-вуҷуд бошад, ва ин воҷибул-вуҷуд ҳамон Худост”. (Ишорот ва танбеҳот, с. 66).
    Ҳоло, ин офаридгорро, яке ба “Аллоҳ” таъбир мекунад, дигаре ба “Худо” ва сеюме ба “Тангрӣ” ва ғайраву золик. Баҳс рўи лафз нест, балки рўи маъност.
    Ва ин ҳам, ки мегўед: “Маънии вуҷуд ҳастист ва вуҷуди воҷиб яъне ҳастии воҷиб, ҳамин табиъати давру бар мо, ки мебинему дарк мекунем ва чизхои дигаре, ки албатта мо намебинем, дарк намекунем, вале мавҷуд аст, мисли энержӣ”, аввалан “вуҷуби вуҷуд”, на “вуҷуди воҷиб”, ки ба ғалат аз он “ҳастии воҷиб” таъбир мекунед.
    Сониян, ҷавоби ин масъаларо ҳам дар зайли сухани Сино (р), бо истинод ба гуфтаи худи Бўалӣ (р), арз кардам. Магар метавон ҳар чи олами табиатро пур карда, воҷибул-вуҷуд донист? Ин ки аз назари фалсафӣ хеле масхаромез аст.
    Шумо ҳар он чиро, ки дар табиат вуҷуд дорад ҳатто агар бо чашмон дида нашавад (мисли энержӣ), наметавонед хориҷ аз табиат ва дар натиҷа муҷаррад ангоред. Чаро? Чун ҳамаи онҳо дар ҳаракату такопуи ҳамешагӣ ҳастанд, ва ҳар он чи дар ҳаракат аст, аз назари фалсафа – чи исломӣ ва чи ғайри исломӣ – вуҷуд ва ҳастӣ барояш зарурат ва вуҷуб надорад. Ҳаракат яъне инак вуҷуде доштан, ки қабл аз он вуҷуде дигар доштан. Ба ин ки муҷаррад намегўянд, ба ин ки “воҷибул-вуҷуд” намегўянд. Табдили энержӣ ба модда, ё баръакс, оё ҷуз табиӣ будан ва дар натиҷа дар доираи олами модда қарор доштан-ро мерасонад?
    Офаридгор аз дидгоҳи Қуръону осори исломӣ, ҷуз ҳамон воҷибул-вуҷуде, ки Сино (р) ва амсоли ў дар фалсафа ба исбот расонидаанд, намебошад. Ҳоло, чанд маврид шоҳид низ барои ин муддо ёдовар мешавам:
    а) Сино (р) бар он аст, ки воҷибул-вуҷуд зотест басит ва дуюме ва ё шарике барояш тасаввур надорад (Ишорот, баҳси воҷиб).
    Қуръон Аллоҳро чунин муаррифӣ мекунад:
    “Бигў (эй Муҳаммад!), ки ҳамоно парвардигорам маро ба роҳи рост роҳнамоӣ кард; ҳамон дине рост, ки миллати Иброҳими яктопараст бар он аст, ва ў (Иброҳим) аз ҷумлаи мушрикон набуд. Бигў, ки ҳамоно намози ман, ибодоти ман, зинда шудани ман, ва аз дунё рафтани ман, ҳама аз Худост, ки парвардигори ҷаҳониён аст. Худое, ки ШАРИКЕ надорад. Ва ба ҳамин оин аст, ки маъмур шудаам, ва ман нахустин мусалмонам” (Сураи Анъом, оятҳои 161 то 163).
    б) Сино (р) бар он аст, ки зоти воҷибул-вуҷуд дорои ҳамаи камолоти вуҷудист (Ишорот, баҳси “воҷибул-вуҷуд воҷибун мин ҷамиил-ҷиҳот”)
    Қуръон дар бораи Аллоҳ мегўяд:
    “Аллоҳ дорандаи тамомии сифот ва номҳои некў (ва сифоти камол) аст” (Сураи Аъроф, ояти 180).
    Комёб бошед.

  87. Сайидюнус менависад:

    ///Ҳоло, ин офаридгорро, яке ба “Аллоҳ” таъбир мекунад, дигаре ба “Худо” ва сеюме ба “Тангрӣ” ва ғайраву золик. Баҳс рўи лафз нест, балки рўи маъност.///

    Холо бигу, ки касеро, ки офаридгорро Тенгри ё Ахура Маздо ё Браҳмо ё Масех мегуяд, ту метавони уро мусалмон хони???

    Истилохоти Сино низ фалсафи аст, на дини! Ва вочибулвучуд низ чизест баргирифта аз фалсафаи Юнон, замоне ки на Аллоҳ ба унвони Худо матрах буда ва на Ислом вучуд доштааст. Сино дар заминаи Метофизик аз худ такрибан чизе наафзуда ва идеолисми Афлотун ва Арасту ва навафлотуниёнро такрор кардааст.

    Коре, ки ту мекуни, татбик кардани чизхое ки Сино ё хар файласуфи дигаре гуфта бо тасаввуроти худо дар ислом аст. Монанди бархе уламои каззоб (псевдосаентисхо) ки донишҳо ва ёфтахои илмии имрузро мегиранд ва дар кутуби динии масехию исломи чустучу мекунанд, ки хеч ишорае ё кинояе ба ин ёфтахо шудааст ё хайр.

    Масалан як нафар рузе бо ман сухбат дошт ва хей мегуфт, ки хаовпаймохо ва чангандахои имрузиро Куръон пешгуйи кардааст. Гуфтам чи тур? Гуфт, ки дар фалон бахши Қуръон гуфта шуда, ки замоне парандаҳои филизи дар хаво парвоз хоҳанд кард. Бемаъниги магар аз ин бештар мешавад?

    Боз дар поён овардаи ки:

    ///Ва ин ҳам, ки мегўед: “Маънии вуҷуд ҳастист ва вуҷуди воҷиб яъне ҳастии воҷиб, ҳамин табиъати давру бар мо, ки мебинему дарк мекунем ва чизхои дигаре, ки албатта мо намебинем, дарк намекунем, вале мавҷуд аст, мисли энержӣ”, аввалан “вуҷуби вуҷуд”, на “вуҷуди воҷиб”, ки ба ғалат аз он “ҳастии воҷиб” таъбир мекунед.///

    Холо ин ки мегуи, бо ончи дар боло гуфти, ки бахс руйи маъност, чи иртиботе дорад?

    Ман дар бораи ҳастие мегуям, ки вочиб аст, яъне вучуде ки вочиб ё ногузир аст, аммо ту дар бораи вучуб ё зарурати вучуд мегуи, яъне чи мехохи?

    ////Магар метавон ҳар чи олами табиатро пур карда, воҷибул-вуҷуд донист? Ин ки аз назари фалсафӣ хеле масхаромез аст.///

    Магар олами табиъат аз вучуд ё хасти чудост? Магар табиъат хамон хасти ва ачзои он ачзои хамон хати нест? Чи фарк мекунад, ки табиъат ё хасти дар холи харакат ва тахаввул бошад ё набошад, магар чуз хасти боз хастии дигаре хаст?

    Бубин, ман пештар гуфтам, ки назарияи Сино дар бораи хасти назарияи пантеисти аст, ки хастиро офаридгор ва вочибулвучуд медонад. Яъне хасти ба худии худ вучуд дорад ва будани он хатмист. Аз ин чо назарияи вахдати вучуд ба миён омадааст. Вале сифоти Аллоҳ бар асоси Қуръон то чи хадд бо ин андеша созгор аст? Ба ин посух бигу!

    Зимнан, ончи Сино ва навафлотуниён гуфтаанд, ба хеч вачх «хакикате исботшуда» нест, он хам иборат аз назар ва бовархои онон аст!

    Ба умеди пирузии хирад!

  88. Фаромарз,
    Боз такрор мекунам, ки шумо бўе аз дониши ақлӣ ба машом набурдаед. Мегўед: “Бубин, ман пештар гуфтам, ки назарияи Сино дар бораи хасти назарияи пантеисти аст, ки хастиро офаридгор ва вочибулвучуд медонад. Яъне хасти ба худии худ вучуд дорад ва будани он хатмист. Аз ин чо назарияи вахдати вучуд ба миён омадааст. Вале сифоти Аллоҳ бар асоси Қуръон то чи хадд бо ин андеша созгор аст? Ба ин посух бигу!”

    Оё воқеан касе ки бо осори фалсафии Сино (р) андаке ҳам ошно бошад, чунин мепиндорад, ки назарияи ў дар бораи ҳастӣ, назарияи пантеистист?
    Воқеан, хандаовартар аз ин сухан дигар вуҷуд надорад! Шумо зоҳиран бо дидгоҳи Сино (р) дар бораи вуҷуд ва ҳастӣ ба андозаи мисқоле ҳам ошноӣ надоред.
    Ҳоло, бубинем Сино (р) чӣ мегўяд, ва пантеистҳо чӣ гуфтаанд? Албатта қабл аз он бояд миқдоре перомуни худи “пантеизм” сухан ба миён оварем:
    Пантеизм (panentheism), ки муодили форсии он “ҳамахудоӣ” аст, аз чанд ҷузъ ташкил ёфтааст: “Pan” дар юнонӣ яъне “ҳама”, “en” яъне “дар”, ва “theism” низ яъне “худобоварӣ”. Бар ин асос, ин вожа яъне “эътиқод ба ин ки тамоми ҳақоиқи олам дар худо вуҷуд пайдо кардаанд”. Тамоми олам, бахше аз аҷзои худост. («panteism , panentheism «, in: The Oxford Dictionary of World Religions, Ibid, p.730).
    Бар асоси дидгоҳи пантеистҳо, олам монанди ҷисми Худо мебошад. Дақиқан ҳамон гуна ки инсон руҳу ҷисм дорад, худо низ ин оламро ҷисми худ гирифтааст, ва бо ин ҷисм ба ҳаёти худ идома медиҳад. Фақат бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ дошт, ки ба ҳамон минвол, ки руҳи инсон бартар ва фаротар аз ҷисми ўст, худо низ аз ҷисми худ, ки олам аст, фаротар аст, ва бо он ҳамто нест. (Ҳамон манбаъ).
    Гузашта аз ин ки чунин дидгоҳе дар бораи офаридгор дуруст нест (ва дар ҷои худ агар фурсате пеш омад бутлони онро собит менамоем), оё воҷибул-вуҷуде, ки Сино (р) ва соири фалосифаи исломӣ аз он сухан гуфтаанд, чунин аст? Ҳатто ваҳдати вуҷуде, ки лоақалл урафои исломӣ ба он эътиқод доранд, оё ба чунин дидгоҳе татобуқ дорад?
    Сино (р) аввалан ҳастиро ба “воҷиб” ва “мумкин” тақсим мекунад. Мегўяд ҳастӣ; ё воҷиб аст (ки ҳамон офаридгор бошад), ва ё мумкин (ки тамомии мавҷудоти ғайри Худост). Он гоҳ вуҷуд ва ҳастиро танҳо барои воҷиб (ки Худост) зарурӣ мешуморад, на барои мумкин, ки вуҷуд ва ҳастӣ барояш имкон дорад. (Наҷот, с. 245)
    Сониян, тамоми мумкинотро феълу асари воҷиб (ки ҳамоно Худост) медонад (Наҷот, с. 274), на худи воҷиб. Таваҷҷўҳ кунед, Сино (р) робитаи Худо бо махлуқоташро, робитаи фоил (анҷомдиҳанда) ва феъл (кору асар) медонад, на монанди пантеистҳо, ки робитаи Худо бо соири мавҷудот (олам)-ро, робитаи руҳу бадан медонанд.
    Солисан, Сино (р) зоти воҷибро зоте муҷаррад, ки мубарро ва пок аз лавозими моддӣ аз қабили макон доштан, дар замон воқеъ шудан, дар ҷиҳате муайян қарор гирифтан (ки ҳамагӣ аз лавозими модда аст) медонад (Наҷот, с. 230-231), на монанди пантеистҳо, ки баданаи Худо ба назари онҳо айни ҳамин олам аст, ки дар макону замону ҷиҳате муайян қарор дорад.
    Робеан, Сино (р) тамоми мумкинотро (ҳар чи ғайри Худоро) фанопазир, ва танҳо зоти воҷибро (ки ҳамон офаридгор аст) зоти боқӣ медонад (Ишорот ва танбеҳот, с. 779), на монанди пантеистҳо, ки чун баданаи Худоро ҳамин олам меангоранд, пас олам ба назари онон ҳамешагӣ ва боқист.

    Ҳоло, навбати он аст ба ин пурсиши шумо посух диҳем он ҷо ки мепурсед: “Вале сифоти Аллоҳ бар асоси Қуръон то чи хадд бо ин андеша созгор аст? Ба ин посух бигу”.
    Албатта сифоти Аллоҳ Таборак ва Таоло, бо он чи Сино (р) роҷеъ ба воҷибул-вуҷуд мегўяд, сад дар сад татобуқ дорад, на бо он чи пантеистҳо гуфтаанд. Бубинед, Қуръон дар бораи Худо чӣ дидгоҳе дорад?

    а) Сино (р) бар он аст, ки воҷибул-вуҷуд зотест басит ва дуюме ва ё шарике барояш тасаввур надорад (Ишорот, баҳси воҷиб).
    Қуръон Аллоҳро чунин муаррифӣ мекунад:
    “Худое, ки шарике надорад” (Сураи Анъом, ояти 163).

    б) Сино (р) бар он аст, ки робитаи воҷибул-вуҷуд бо мумкинот, робитаи фоил бо феъл аст.
    Қуръон дар бораи Аллоҳ мегўяд:
    “Аллоҳ аст офаридгори ҳар чизе, ва Ў бар ҳама чиз корзор ва нигаҳбон аст” (Сураи Зумар, ояти 62).

    в) Сино (р) бар ин аст, ки зоти воҷиб зоте муҷаррад ва мубарро ва пок аз лавозими моддӣ аз қабили макон доштан, дар замон воқеъ шудан, дар ҷиҳате муайян қарор гирифтан.
    Қуръон Аллоҳро чунин тавсиф мекунад:
    “Аллоҳ монанди чизе (аз мумкинот) нест” (Сураи Шўро, ояти 11).

    г) Сино (р) бар он аст, ки тамоми мумкинот (ҳар чи ғайри Худо) фанопазир, ва танҳо зоти воҷиб (ки ҳамон офаридгор аст) зоти боқист.
    Қуръон дар ин бора мегўяд:
    “Ҳар кӣ бар рўи он (замин) аст нестшуданӣ ва фанопазир аст, ва зоти парвардигори ту; он худованди шукўҳу арҷмандӣ боқӣ хоҳад монд” (Сураи Раҳмон, оятҳои 26 ва 27).

    Ва аммо ин ки мегўед “Аз ин чо назарияи вахдати вучуд ба миён омадааст”, ин ҳам ношӣ аз адами огоҳии шумо ҳатто бо дидгоҳи урафо (урафои исломӣ амсоли Ибни Арабӣ, ва ё Ҳофиз) дар ин замина аст. Ваҳдати вуҷуд, ки худ тафсирҳое мухталиф аз он шудааст, аз дидгоҳи урафо ин нест, ки Худо ҳамон соири мавҷудот, ва соири мавҷудот ҳамон Худо бошад (чунон ки пантеистҳо бар онанд), балки урафо чун мўътақиданд, ки вуҷуд ва ҳастӣ танҳо дар Худо сидқ мекунад, ва аслан барои соири мавҷудот вуҷуд ва ҳастӣ ҳақиқатан сидқ намекунад, балки маҷозе беш нест, бар онанд, ки соири мавҷудот таҷаллиёт ва мазоҳири Худоянд (на худи Худо таваҷҷўҳ кунед). Аз дидгоҳи урафо, барои соири мавҷудот “намуд” гуфтан шоистатар аст то “буд”.
    Ва комилан рўшан аст, ки Худоро айни олам донистан (ки пантеистҳо чунин мўътақиданд) куҷост, ва зоти Ўро танҳо мавҷуди ҳақиқӣ ва соири мавҷудотро мазоҳир ва таҷаллиёти Ў донистан (ки назари урафост) куҷост?
    Комёб бошед.

  89. Сайидюнуси мухтарам, хохиш мекунам, ки тарчумаи холи Паёмбар (с)-ро дар 4-5 сахифаи Ворд нависед, зеро он матолиби дар Кимиёи саодат будагй хеле бисёр аст. Инро хам гуед, ки Мухаммади Мустафо (с) чанд зан дошт ва онхо чй ном доштанд.
    Оё ин рост аст, ки вай (с) 17 зан дошт?
    Сипосгузорам каблан.

  90. Ҳабибуллоҳи азиз,
    Бо камоли майл ин вазифаро барои шумо анҷом медиҳам:
    Сира ва таърихи мухтасари он ҷаноб (с)-ро дар қолаби се нома мегунҷонам:
    1. Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки нубувват ба ў поён ёфт, дар соли 570 баъд аз мелод таваллуд шуд. Дар чиҳилсолагӣ ба нубувват барангехта шуд. Сездаҳ сол дар Макка мардумро ба Ислом даъват кард ва сахтиҳо ва мушкилоти фаровон мутаҳаммил шуд. Ва дар ин муддат гурўҳеро тарбият кард ва пас аз он ба Мадина муҳоҷират намуд ва он ҷоро марказ қарор дод. Даҳ сол дар Мадина озодона даъват ва таблиғ намуд ва бо саркашони араб набард кард ва ҳамаро мақҳур сохт. Пас аз даҳ сол ҳамаи нимҷазираи Арабистон мусулмон шуданд. Оятҳои каримаи Қуръон тадриҷан дар муддати 23 сол бар он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил шуд. Мусулмонон шефтагии аҷибе нисбат ба Қуръон ва ҳам нисбат ба шахсияти Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нишон медоданд. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар соли 11 ҳиҷрӣ, яъне ёздаҳумин соли ҳиҷрат аз Макка ба Мадина, ки 23 соли паёмбарии ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва шасту сеюмин сол аз умраш буд даргузашт, дар ҳоле ки ҷомеаи навбунёд ва пур аз нашоти руҳӣ ва мўъмин ба як идеологияи созанда, ки эҳсоси масъулияти ҷаҳонӣ мекард таъсис карда ва боқӣ гузошта буд.
    Он чи ба ин ҷомеаи навбунёд руҳ ва ваҳдат ва нашот дода буд, ду чиз буд: Қуръони Карим, ки ҳамвора тиловат мешуд ва илҳом мебахшид. Ва дигарӣ, шахсияти азим ва нофизи Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки хотирҳоро ба худ машғул ва шефта нигаҳ медошт. Акнун дар бораи шахсияти Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) андаке баҳс мекунем:

    2. Даврони кўдакӣ
    Ҳанўз дар раҳими модар буд, ки падараш дар сафари бозаргонӣ дар Мадина даргузашт. Падарбузургаш Абдулмутталиб кафолати ўро ба ўҳда гирифт. Аз кўдакӣ осори азамат ва фавқулодагӣ аз чеҳра ва рафтор ва гуфтораш пайдо буд. Абдулмутталиб ба фаросат дарёфта буд, ки наберааш ояндаи дурахшон дорад.
    Ҳаштсола буд, ки падарбузургаш Абдулмутталиб даргузашт ва тибқи васияти ў Абўтолиб, амуи бузургаш ўҳдадори кафолати ў шуд. Абўтолиб низ аз рафтори аҷиби ин кўдак, ки бо дигар кўдакон шабоҳат надошт, дар шигифт мемонд.
    Ҳаргиз дида нашуд, ки ў монанди кўдакони ҳамсолаш нисбат ба ғизо ҳирс ва алоқа нишон бидиҳад; ба ғизои андак иктифо мекард ва аз зиёдаравӣ имтиноъ меварзид. Бар хилофи кўдакони ҳамсолаш ва бар хилофи одат ва тарбияти он рўз, мўйҳои хешро мураттаб мекард ва сару сурати худро тамйиз нигаҳ медошт.
    Абўтолиб рўзе аз ў хост, ки дар ҳузури ў ҷомаҳояшро биканад ва ба бистар равад. Ў ин дастурро бо кароҳат талаққӣ кард ва чун намехост аз дастури амуи хеш тамарруд кунад, ба аму гуфт: Рўи хешро баргардон то битавонам ҷомаамро биканам. Абўтолиб аз ин сухани кўдак дар шигифт шуд, зеро дар араби он рўз ҳатто мардони бузург аз урён кардани ҳамаи қисматҳои бадани худ эҳтиёт намекарданд. Абўтолиб мегўяд:
    “Ман ҳаргиз аз ў дурўғ нашунидам, кори ношоиста ва хандаи беҷо надидам, ба бозиҳои баччаҳо рағбат намекард, танҳоӣ ва хилватро дўст медошт ва дар ҳамаи ҳол фурўтан буд”.

    3. Танаффур аз бекорӣ ва танбалӣ
    Аз бекорӣ ва танбалӣ мутанаффир буд. Мегуфт:
    “Худоё! Аз касолат ва бенашотӣ, аз сустӣ ва танбалӣ ва аз аҷз ва забунӣ ба Ту паноҳ мебарам!” (”Ал−ҷомеъ−ус−сағир”, ҷ. 1, с. 58.)
    Мусулмононро ба кор кардан ташвиқ мекард ва мегуфт:
    “Ибодат ҳафтод ҷузъ дорад ва беҳтарин ҷузъи он касби ҳалол аст”. (”Ал−кофӣ”, ҷ. 5, с. 78)

    4. Амонат
    Пеш аз беъсат, барои Хадиҷа − ки баъд ба ҳамсарияш даромад − як сафари тиҷоратӣ ба Шом анҷом дод. Дар он сафар беш аз пеш лаёқат, истеъдод, амонат ва дурусткорияш равшан шуд. Ў дар миёни мардум он чунон ба дурустӣ машҳур шуда буд, ки лақаби “Муҳаммади Амин” ёфта буд. Амонатҳоро ба ў месупурданд. Пас аз беъсат низ Қурайш бо ҳамаи душмание, ки бо ў пайдо карданд, боз ҳам амонатҳои худро ба ў месупурданд. Аз ҳамин рў пас аз ҳиҷрат ба Мадина, Алӣ (Алайҳис салом)−ро чанд рўзе баъд аз худ боқӣ гузошт, ки амонатҳоро ба соҳибони аслӣ бирасонад.

    5. Мубориза бо зулм
    Дар даврони ҷоҳилият бо гурўҳе, ки онҳо низ аз зулму ситам ранҷ мебурданд, барои дифоъ аз мазлумон ва муқовимат дар баробари ситамгарон ҳампаймон шуд. Ин паймон дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷадъон, аз шахсиятҳои муҳимми Макка баста шуд ва ба номи “Ҳилф−ал−фузул” номида шуд. Ў баъдҳо дар давраи рисолат аз он паймон ёд мекард ва мегуфт: Ҳозир нестам он паймон бишканад ва акнун низ ҳозирам дар чунин паймоне ширкат кунам.

  91. 6. Ахлоқи хонаводагӣ
    Дар хонавода меҳрубон буд. Нисбат ба ҳамсарони худ ҳеҷ гуна хушунате намекард ва ин бар хилофи хулқу хўйи маккиён буд. Бадзабонии бархе аз ҳамсарони хешро таҳаммул мекард то он ҷо ки дигарон аз ин ҳама таҳаммул ранҷ мебурданд. Ў ба ҳусни муошират бо занон тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт: “Ҳамаи мардум дорои хислатҳои неку бад ҳастанд. Мард набояд танҳо ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ҳамсари худро тарк кунад. Чун ки ҳаргоҳ аз як хислати ў нороҳат шавад, хислати дигараш мояи хушнудии ўст ва ин дуро бояд бо ҳам ба ҳисоб овард”.
    Ў бо фарзандон ва бо фарзандзодагони худ фавқулода меҳрубон буд. Ба онҳо муҳаббат мекард, онҳоро рўи домани хеш менишонд, бар дўши хеш савор мекард, онҳоро мебўсид. Ва инҳо бар хилофи хулқу хўйи роиҷи он замон буд. Рўзе дар ҳузури яке аз ашроф, яке аз фарзандзодагони хеш − Имом Ҳасани Муҷтабо (Алайҳис салом) − ро мебўсид. Он мард гуфт: “Ман ду писар дорам ва ҳанўз ҳатто як бор ҳеҷ кадом аз онҳоро набўсидаам. Паёмбар (Саллаллоҳу алйҳи ва олиҳи) фармуд:
    “Касе ки меҳрубонӣ накунад, раҳмати Худо шомили ҳолаш намешавад”.
    Нисбат ба фарзандони мусулмонон низ меҳрубонӣ мекард. Онҳоро рўи зонуи хеш нишонда, дасти муҳаббат бар сари онҳо мекашид. Гоҳ модарон кўдакони хурдсоли хешро ба ў медоданд, ки барои онҳо дуо кунад. Иттифоқ меафтод, ки аҳёнан он кўдакон рўи ҷомааш идрор мекарданд. Модарон нороҳат шуда ва шарманда мешуданд ва мехостанд монеи идомаи идрори бачча шаванд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) онҳоро аз ин кор ба шиддат манъ мекард ва мегуфт: “Монеи идомаи идрори кўдак нашавед. Ин ки ҷомаи ман наҷис бишавад, аҳамият надорад, покаш мекунам”.

    7. Бо бардагон
    Нисбат ба бардагон фавқулода меҳрубон буд. Ба мардум мегуфт: “Инҳо бародарони шумоянд. Аз ҳар ғизое, ки мехўред, ба онҳо бихўронед ва аз ҳар навъ ҷомае, ки мепўшед, онҳоро бипўшонед. Кори тоқатфарсо ба онҳо таҳмил макунед, худатон дар корҳо ба онҳо кўмак кунед”. Мегуфт: “Онҳоро ба унвони “банда” ва ё “каниз” хитоб накунед, зеро ҳама мамлуки Худойем ва молики ҳақиқӣ Худост, балки онҳоро ба унвони “фато” (ҷавонмард) ё “фатот” (ҷавонзан) хитоб кунед.
    Дар шариати Ислом тамоми тасҳилоти мумкин барои озодии бардагон, ки мунҷар ба озодии куллии онҳо мешуд фароҳам шуд. Ў шуғли “наххосӣ”, яъне бардафурўширо бадтарин шуғлҳо медонист ва мегуфт:
    “Бадтарини мардум назди Худо одамфурўшонанд”.

    8. Назофат ва бўи хуш
    Ба назофат ва бўи хуш алоқаи шадид дошт. Ҳам худаш риоят мекард ва ҳам ба дигарон дастур медод. Ба ёрон ва пайравони худ таъкид менамуд, ки тан ва хонаи хешро покиза ва хушбў нигаҳ доранд, ба хусус рўзҳои ҷумъа водорашон мекард ғусл кунанд ва худро муаттар созанд, ки бўи бад аз онҳо ба машом нарасад, он гоҳ дар намози ҷумъа ҳузур ёбанд.

    9. Бархўрд ва муошират
    Дар муошират бо мардум меҳрубон ва гушодарў буд. Дар салом ба ҳама ҳатто кўдакон ва бардагон пешӣ мегирифт. Пои худро пеши ҳеҷ кас дароз намекард ва дар ҳузури касе такя наменамуд. Ғолибан ду зону менишаст. Дар маҷолис доиравор менишаст то маҷлис боло ва поине надошта бошад ва ҳама ҷойгоҳи баробар дошта бошанд. Аз ёронаш диду боздид мекард. Агар се рўз яке аз ёронро намедид, суроғашро мегирифт. Агар мариз буд, иёдат мекард ва агар гирифторие дошт, кўмакаш менамуд. Дар маҷолис танҳо ба як фард нигоҳ намекард ва як фардро тарафи хитоб қарор намедод, балки нигоҳҳои худро дар миёни ҷамъ тақсим мекард. Аз ин ки биншинад ва дигарон хидмат кунанд танаффур дошт. аз ҷо бармехост ва дар корҳо ширкат мекард. Ў мегуфт:
    “Худованд кароҳат дорад, ки бандаро бубинад, ки барои худ нисбат ба дигарон имтиёзе қоил шудааст”.

    10. Нармӣ дар айни салобат
    Дар масоили фардӣ ва шахсӣ ва он чи марбут ба шахси худаш буд нарм ва мулоим ва богузашт буд. Гузаштҳои бузург ва таърихияш яке аз иллатҳои пешрафташ буд. Аммо дар масоили усулӣ ва умумӣ, он ҷо ки ҳарими қонун буд, сахтӣ ва салобат нишон медод ва дигар ҷои гузашт намедонист. Пас аз фатҳи Макка ва пирўзӣ бар Қурайш, тамоми бадиҳое, ки Қурайш дар тўли бист сол нисбат ба худи ў муртакиб шуда буд нодида гирифт ва ҳамаро якҷо бахшид. Тавбаи қотили амуи маҳбубаш Ҳамзаро пазируфт. Аммо дар ҳамон фатҳи Макка зане аз Бани Махзум муртакиби дуздӣ шуда буд ва ҷурмаш собит гардид. Хонадони он зан, ки аз ашрофи Қурайш буданд ва иҷрои ҳадди дуздиро тавҳине ба худ талаққӣ мекарданд, сахт ба такопў афтоданд, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз иҷрои ҳад сарфи назар кунад. Баъзе аз боэҳтиромони саҳобаро ба шафоат барангехтанд, вале ранги Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз хашм барафрўхта шуд ва гуфт: “Чӣ ҷои шафоат аст? Магар қонуни Худоро метавон ба хотири афрод таътил кард?” Ҳангоми асри он рўз дар миёни ҷамъ суханронӣ кард ва гуфт:
    “Ақвом ва милали пешин аз он ҷиҳат суқут карданд ва мунқариз шуданд, ки дар иҷрои қонуни Худо табъиз мекарданд. Ҳаргоҳ яке аз тавонмардон муртакиби ҷурм мешуд, маоф мешуд ва агар заиф ва нотавоне муртакиби ҷурм мешуд, муҷозот мешуд. Савганд ба Худое, ки ҷонам дар дасти Ўст, дар иҷрои “адолат” дар бораи ҳеҷ кас сустӣ намекунам, ҳарчанд аз наздиктарин хешовандони худам бошад”. (”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 5, с. 114)

    11. Ибодат
    Порае аз шаб, гоҳе нисф, гоҳе сеяк ва гоҳе ду сеяки шабро ба ибодат мепардохт. Бо ин ки тамоми рўзаш, хусусан дар вақтҳои таваққуф дар Мадина дар талош буд, аз вақти ибодаташ намекост. Ў оромиши комили хешро дар ибодат ва розу ниёз бо Ҳақ меёфт. Ибодаташ ба манзури тамаи биҳишт ва ё тарс аз ҷаҳаннам набуд, ошиқона ва сипосгузорона буд. Рўзе яке аз ҳамсаронаш гуфт: “Ту дигар чаро он ҳама ибодат мекунӣ? Ту, ки омурзидаӣ?” Ҷавоб дод: “Оё як бандаи сипосгузор набошам?”
    Бисёр рўза мегирифт. Илова бар моҳи Рамазон ва қисмате аз Шаъбон, як рўз дар миён рўза мегирифт. Даҳаи охири моҳи Рамазон бистараш ба куллӣ ҷамъ мешуд ва дар масҷид мўътакиф мегашт ва яксара ба ибодат мепардохт, вале ба дигарон мегуфт: “Кофист дар ҳар моҳ се рўз рўза бигиред”. Мегуфт: “Ба андозаи тоқат ибодат кунед. Беш аз зарфияти худ бар худ таҳмил накунед, ки асари маъкус дорад”. Бо раҳбоният, инзиво, гўшагирӣ ва тарки аҳлу аёл мухолиф буд. Баъзе аз асҳоб, ки чунин тасмиме гирифта буданд, мавриди инкор ва маломат қарор гирифтанд. Мефармуд: “Бадани шумо, зану фарзанди шумо ва ёрони шумо ҳама ҳуқуқе бар шумо доранд ва мебояд онҳоро риоят кунед”.
    Дар ҳоли инфирод ибодатро тўл медод. Гоҳе дар ҳоли таҳаҷҷуд соатҳо саргарм буд. Аммо дар ҷамоат ба ихтисор мекўшид, риояти ҳоли заифтарини намозгузоронро лозим мешумурд ва ба он тавсия мекард.

    12. Зуҳд ва содазистӣ
    Зуҳд ва содазистӣ аз усули зиндагии ў буд. Сода ғизо мехўрд, сода либос мепўшид ва сода ҳаракат мекард. Зерандозаш ғолибан ҳасир буд. Бар рўи замин менишаст. Бо дасти худ аз буз шир медўшид ва бар маркаби безину полон савор мешуд ва аз ин ки касе дар рикобаш ҳаракат кунад, ба шиддат ҷилавгирӣ мекард. Қути ғолибаш нони ҷав ва хурмо буд. Кафш ва ҷомаашро бо дасти хеш васла мекард. Дар айни содагӣ, тарафдори фалсафаи фақр набуд. Мол ва сарватро ба суди ҷомеа ва барои сарф дар роҳҳои машрўъ лозим мешумурд. Мегуфт:
    “Чӣ некўст сарвате, ки аз роҳи машрўъ ба даст ояд барои одаме, ки шоистаи доштани сарват бошад ва бидонад чигуна сарф кунад”.
    Ва ҳам мефармуд:
    “Мол ва сарват кўмаки хубест барои тақво”.

  92. 13. Ирода ва истиқомат
    Ирода ва истиқоматаш беназир буд. Аз ў ба ёронаш сироят карда буд. Давраи бисту се солаи беъсаташ яксара дарси ирода ва истиқомат аст. Ў дар таърихи зиндагияш мукаррар дар шароите қарор гирифт, ки умедҳо аз ҳама ҷо қатъ мешуд, вале ў як лаҳза тасаввури шикастро дар хаёлаш роҳ надод. Имони нерўмандаш ба муваффақият як лаҳза мутазалзил нашуд.

    14. Раҳбарӣ, мудирият ва машварат
    Бо ин ки фармонаш миёни асҳоб бедаранг иҷро мешуд ва онҳо мукаррар мегуфтанд, ки чун ба ту имони қотеъ дорем, агар фармон диҳӣ, ки худро дар дарё ғарқ кунем ва ё дар оташ бияфканем мекунем, ў ҳаргиз ба равиши мустабиддон рафтор намекард. Дар корҳое, ки аз тарафи Худо дастур нарасида буд, бо асҳоб машварат мекард ва назари онҳоро мўҳтарам мешумурд ва аз ин роҳ ба онҳо шахсият медод. Дар Бадр масъалаи иқдом ба ҷанг, ҳамчунин таъйини маҳалли урдугоҳ ва наҳваи рафтор бо асирони ҷангиро ба машварат гузошт. Дар Уҳуд низ роҷеъ ба ин ки шаҳри Мадинаро урдугоҳ қарор диҳанд ва ё урдуро ба хориҷ бубаранд, ба машварат пардохт. Дар Аҳзоб ва дар Табук низ бо асҳоб ба машварат пардохт.
    Нармӣ ва меҳрубонии Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), афву гузашташ, истиғфорҳояш барои асҳоб ва бетобияш барои бахшиши гуноҳи уммат, ҳамчунин ба ҳисоб оварданаш асҳоб ва ёронро, тарафи машварат қарор додани онҳо ва шахсият додан ба онҳо аз иллатҳои умдаи нуфузи азим ва беназири ў дар ҷамъи асҳобаш буд. Қуръони Карим ба ин матлаб ишора мекунад, он ҷо ки мефармояд:
    فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ…
    “Ба мўҷиби меҳрубоние, ки Худо дар дили ту қарор дода, ту бо ёрони хеш нармиш нишон медиҳӣ. Агар ту дуруштхў ва сахтдил мебудӣ, аз атрофат пароканда мешуданд. Пас афву бахшоиш дошта бош ва барои онҳо назди Худованд истиғфор кун ва бо онҳо дар корҳо машварат кун. Ҳаргоҳ азмат қатъӣ шуд, дигар бар Худо таваккул кун ва тардид ба худ роҳ мадеҳ”. (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

    15. Назму инзибот
    Назму инзибот бар корҳояш ҳукмфармо буд. Вақтҳои хешро тақсим мекард ва ба ин амал тавсия менамуд. Асҳобаш таҳти таъсири нуфузи ў, дақиқан инзиботро риоят мекарданд. Бархе тасмимотро лозим мешумурд ошкор накунад ва намекард мабодо, ки душман аз он огоҳ гардад. Ёронаш тасмимоташро бе чуну чаро ба кор мебастанд. Масалан: фармон медод, ки омода бошед фардо ҳаракат кунем. Ҳама ба тарафе, ки ў фармон медод ҳамроҳаш равона мешуданд бе он ки аз мақсади ниҳоӣ огоҳ бошанд, танҳо дар лаҳазоти охир огоҳ мешуданд. Гоҳ ба иддае дастур медод, ки ба тарафе ҳаракат кунанд ва номае ба фармондеҳи онҳо медод ва мегуфт: “Баъд аз чанд рўз, ки ба фалон нуқта расидӣ номаро боз кун ва дастурро иҷро кун”. Онҳо чунин мекарданд ва пеш аз расидан ба он нуқта намедонистанд мақсади ниҳоӣ куҷост ва барои чӣ маъмурияте мераванд. Ва ба ин тартиб душман ва ҷосусҳои душманро бехабар мегузошт ва аҳёнан онҳоро ғофилгир мекард.

    16. Зарфияти шунидани интиқод ва танаффур аз чоплусӣ
    Ў гоҳе бо эътирозоти бархе ёрон мувоҷеҳ мешуд, аммо бе он ки дуруштӣ кунад, назарашонро ба он чи худ тасмим гирифта буд ҷалб ва мувофиқ мекард. Аз шунидани маддоҳӣ ва чоплусӣ безор буд, мегуфт:
    “Ба чеҳраи маддоҳон ва чоплусон хок бипошед”.
    Муҳкамкориро дўст дошт, моил буд коре, ки анҷом медиҳад пухта ва муҳкам бошад, то он ҷо ки вақте ёри мухлисаш Саъд ибни Маоз аз дунё рафт ва ўро дар қабр ниҳоданд, ў бо дасти хеш сангҳо ва хиштҳои ўро ҷо ба ҷо ва муҳкам кард ва он гоҳ гуфт:
    “Ман медонам, ки тўле намекашад ҳамаи инҳо хароб мешавад, аммо Худованд дўст медорад, ки ҳаргоҳ бандае коре анҷом медиҳад онро муҳкам ва пухта анҷом диҳад”.

    17. Мубориза бо нуқоти заъф
    Ў аз нуқоти заъфи мардум ва ҷаҳолатҳои онон истифода намекард, баръакс бо он нуқоти заъф мубориза мекард ва мардумро ба ҷаҳолаташон воқиф месохт. Рўзе, ки Иброҳим писари ҳаждаҳмоҳааш аз дунё рафт, иттифоқан он рўз хуршед гирифт. Мардум гуфтанд: “Иллати ин ки кусуф шуд мусибатест, ки бар Паёмбари Худо ворид шуда”. Ў дар муқобили ин хаёли ҷоҳилонаи мардум сукут накард ва аз ин нуқтаи заъф истифода накард, балки ба минбар рафт ва гуфт:
    “Эй мардум! Моҳу хуршед ду нишона аз нишонаҳои Худо ҳастанд ва барои мурдани касе намегиранд”.

    18. Доро будани шароити раҳбарӣ
    Шароити раҳбарӣ аз ҳисси ташхис, қотеият, адами тардиду дудилагӣ, шаҳомат, иқдом ва бим надоштан аз оқибатҳои эҳтимолӣ, пешбинӣ ва дурандешӣ, зарфияти таҳаммули интиқодот, шинохти афрод ва тавоноиҳои онон ва вогузории ихтиёрот дар ҷои худаш, нармӣ дар масоили фардӣ ва салобат дар масоили усулӣ, шахсият додан ба пайравон ва ба ҳисоб овардани онон ва парвариши истеъдодҳои ақлӣ ва отифӣ ва амалии онҳо, парҳез аз истибдод ва аз майл ба итоати кўр кўрона, тавозўъ ва фурўтанӣ, содагӣ ва дарвешӣ, виқор ва матонат, алоқаи шадид ба созмону ташкилот барои шакл додан ва интизом додан ба нерўҳои инсонӣ, ҳамаро дар ҳадди камол дошт. Мегуфт:
    “Агар се нафар бо ҳам мусофират мекунед, як нафаратонро ба унвони раис ва фармондеҳ интихоб кунед”.
    Дар дастгоҳи худ дар Мадина ташкилоти хос тартиб дод, аз он ҷумла ҷамъе дабир ба вуҷуд овард ва ҳар дастае кори махсусе доштанд. Бархе котибони ваҳй буданд ва Қуръон менавиштанд, бархе мутасаддии номаҳои хусусӣ буданд, бархе ақдҳо ва муомилаҳои мардумро сабт мекарданд, бархе дафтарҳои садақот ва молиётро менавиштанд, бархе масъули аҳдномаҳо ва паймонномаҳо буданд. Дар китобҳои таърихӣ аз қабили “Таърихи Яъқубӣ”, “Ат−танбеҳ”, “Ал−ашроф”−и Масъудӣ, “Муъҷам−ул−булдон”−и Билозарӣ ва “Табақот”−и Ибни Саъд, ҳамаи инҳо забт шудааст.

    19. Равиши таблиғ
    Дар таблиғи Ислом осонгир буд, на сахтгир. Бештар бар башорат ва умед такя мекард то бар тарс ва таҳдид. Ба яке аз ёронаш, ки барои таблиғи Ислом ба Яман фиристод дастур дод, ки:
    “Осон бигир ва сахт нагир, навид бидеҳ (майлҳоро таҳрик кун) ва мардумро мутанаффир насоз”.
    Дар кори таблиғи Ислом таҳаррук дошт. Ба Тоиф сафар кард. Дар айёми ҳаҷ дар миёни қабилаҳо мегашт ва таблиғ мекард. Як бор Алӣ (Алайҳис салом) ва бори дигар Маоз ибни Ҷабалро ба Яман барои таблиғ фиристод. Мисъаб ибни Умайрро пеш аз омадани худаш, барои таблиғи мардуми Мадина ба Мадина фиристод. Гурўҳи фаровоне аз ёронашро ба Ҳабаша фиристод. Онҳо зимни наҷот аз озори маккиён, Исломро таблиғ карданд ва заминаи исломи Наҷошӣ подшоҳи Ҳабаша ва ниме аз мардуми Ҳабашаро фароҳам карданд. Дар соли шишуми ҳиҷрӣ ба сарони кишварҳои ҷаҳон нома навишт ва нубувват ва рисолати хешро ба онҳо эълом кард. Дар ҳудуди сад нома аз ў боқист, ки ба шахсиятҳои мухталиф навиштааст.

    20. Ташвиқ ба илм
    Ба илму савод ташвиқ мекард. Кўдакони ёронашро водор кард, ки савод биёмўзанд. Бархе аз ёронашро фармон дод забони сирёнӣ биёмўзанд. Мегуфт:
    “Донишҷўӣ бар ҳар мусулмон фарзу воҷиб аст”. (”Биҳор−ул−анвор”, ҷ. 1, с. 177)
    Ва ҳам фармуд:
    “Ҳикматро дар ҳар куҷо ва дар назди ҳар кас, ҳарчанд мушрик ва ё мунофиқ, ёфтед аз ў иқтибос кунед”. (”Биҳор−ул−анвор”, ҷ. 2, с. 97 ва 99 (бо андаке ихтилоф))
    Ва ҳам фармуд:
    “Илмро ҷустуҷў кунед, ҳарчанд мусталзими он бошад, ки то Чин сафар кунед”. (”Биҳор−ул−анвор”, ҷ. 1, с. 177)
    Ин таъкид ва ташвиқҳо дар бораи илм сабаб шуд, ки мусулмонон бо ҳиммат ва суръати беназире ба ҷустуҷўи илм дар ҳамаи ҷаҳон пардохтанд, осори илмиро ҳар куҷо ёфтанд ба даст оварданд ва тарҷума карданд ва худ ба таҳқиқ пардохта ва аз ин роҳ илова бар ин ки ҳалқаи иртиботӣ шуданд миёни тамаддунҳои қадими юнонӣ, румӣ, эронӣ, мисрӣ, ҳиндӣ ва ғайра, худ яке аз шукўҳмандтарин тамаддунҳо ва фарҳангҳои таърихи башариятро офариданд, ки ба номи “Тамаддун ва фарҳанги исломӣ” шинохта шуда ва мешавад.
    Хулқу хўйаш монанди суханаш ва монанди динаш ҷомеъ ва ҳамаҷониба буд. Таърих ҳаргиз шахсияте монанди ўро ёд надорад, ки дар ҳамаи ҷанбаҳои инсонӣ дар ҳадди камол ва тамом буда бошад. Ў ба ростӣ инсони комил буд.
    Комёб бошед.

  93. Ҳабибуллоҳи азиз,
    Инак, матолибе перомуни издивоҷҳои он ҷаноб (с) арз хоҳам намуд:
    Паёмбари Ислом (с) то ҳазрати Хадича зинда буд, бо ҳеҷ зани дигар издивоҷ накард. (Ибни Абдулбир, Ал-истиоб, (дар ҳошияи Ал-исоба), ҷ. 4, с. 282. Саҳеҳи Муслим, ба шарҳи Имом Нававӣ, ҷ. 15, с. 201) Пас аз даргузашти ӯ, ҳазрат бо чанд зани дигар издивоҷ кард, ки ғайр аз Оиша ҳама бева буданд. Нахустини онҳо Савда буд. Шавҳари ӯ Сакрон ибни Амр, яке аз муҳоҷирони Ҳабаша буд, ки дар он ҷо даргузашт ва ӯ бесарпараст монда буд.
    Баъзе аз мусташриқон, издивоҷҳои Паёмбари Исломро дастовези тӯҳматҳои ноҷавонмардона қарор дода, онро ба ҳавасбозӣ ва шаҳватронӣ тафсир кардаанд. (Муҳаммадҳусайни Ҳайкал, Ҳаёти Муҳаммад, (Қоҳира: Мактабаи Наҳзати Мисрӣ, ч. 8, 1963), с. 315, 316, 325) Дар ҳоле, ки баррасии мунсифонаи матлаб нишон медиҳад, ки ин издивоҷҳо одатан ангезаи оддӣ надошта, балки ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва масолеҳи Ислом дар онҳо манзур будааст. Баъзе аз он занон бесарпарасту бева буданд ва Паёмбар бо пӯшиши издивоҷ, онҳоро таҳти сарпарастӣ қарор дод. Баъзе дигар ба қабилаҳо ё хонадонҳои бузург вобастагӣ доштанд ва мақсади Паёмбар ҷалби ҳимояти қабилаҳо ё хонадони онҳо буд. Дар баъзе мавридҳо низ мубориза бо баъзе суннатҳои ғалати ҷоҳилӣ мавриди назар будааст. Баъзе аз нишона ва шоҳидҳои ин маъно иборатанд аз:
    1.Чунон ки пештар гуфтем, Паёмбари Ислом (с) дар синни 25 солагӣ, яъне даврони шӯру ҳаяҷони ҷавонӣ бо Хадича, бонуе, ки бино ба машҳур бо ӯ фарқи синнии зиёде дошт ва нишоту ҷавониро дар зиндагии хонаводагии собиқаш аз даст дода буд, издивоҷ кард ва муддати 25 сол бо ӯ ба сар бурд.
    2.То Хадича зинда буд, бо ҳеҷ зани дигар издивоҷ накард, бо он ки чандзанагӣ дар ҷомеаи он рӯзи Арабистон комилан ривоҷ дошт.
    3.Издивоҷҳои баъдии Паёмбар (с), пас аз панҷоҳсолагии ӯ (андаке пеш аз ҳиҷрат ва ғолибан баъд аз ҳиҷрат) буда, ки аз тарафе солҳои пирӣ ва аз тарафи дигар даврони гирифториҳо ва авҷи мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии он ҳазрат будааст. Оё метавон бовар кард, ки касе бо ин вазъият дар фикри ҳавасронӣ бошад? Оё қоидатан Паёмбар (с) дар Мадина фурсати пардохтан ба ин гуна корҳоро дошт?
    4.Ҳар як аз ҳамсарони Паёмбар (с), аз як қабила буданд ва бо ҳам ҳеҷ хешовандӣ надоштанд, оё васлат бо қабилаҳои мухталиф, тасодуфӣ буд?
    5.Пас аз ҳиҷрат ба Ясриб (Мадина), илова бар густариши Ислом ва афзоиши нуфузи маънавии Паёмбар (с) дар дилҳо, ҷойгоҳу қудрати иҷтимоӣ ва сиёсии ҳазрат низ бисёр боло рафта буд ва раисони қабилаҳои араб ифтихор мекарданд, ки Паёмбар (с) бо духтари онҳо издивоҷ кунад, аммо заноне, ки ҳазрат онҳоро ба ҳамсарӣ баргузид, одатан занони солхӯрда, бева ва бепаноҳ буданд, дар ҳоле, ки худи ӯ мардонро ба издивоҷ бо духтарон ташвиқ мекард. Инак чанд нафар аз ҳамсарони Паёмбарро ба унвони намуна муаррифӣ мекунем:

    1.Умми Ҳабиба
    ӯ духтари Абӯсуфён, душмани сарсахти Ислом буд. Уми Ҳабиба бо ҳамсараш Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш – писари амаки Расули Худо – ба Ҳабаша ҳиҷрат кард. Убайдуллоҳ дар он кишвар муртад ва масеҳӣ шуд ва дар асари аз ҳадгузаштагӣ дар майгусорӣ дар ҳоли куфр аз дунё рафт. (Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, ҷ. 7, с. 97. Шайх Аббоси Қуммӣ, Сафинат-ул-биҳор, ҷ. 1, калимаи ҳубб, с. 204) Паёмбари Ислом пас аз огоҳӣ аз ин ҳодиса, дар соли шашуми ҳиҷрат (Ибни Асир, Усдул-ғоба, ҷ. 5, с. 458. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ. 2, с. 289) Амр ибни Умайяро ба Ҳабаша назди Наҷҷошӣ фиристод ва аз ӯ хост Умми Ҳабибаро ба ақди ӯ дароварад. Наҷҷошӣ ӯро ба Паёмбар тазвиҷ кард. Ӯ то як сол баъд дар Ҳабаша буд ва дар соли ҳафтуми ҳиҷрат бо охирин гурӯҳи муҳоҷирони Ҳабаша ба Мадина бозгашт. (Ибни Касир, Албидоя ванниҳоя, ҷ. 4, с. 144) Ӯ дар ин ҳангом байни 30 то 40 сол дошт. (Ибни Саъд, пешин, с. 99)
    Пайдост, ки ин иқдоми Паёмбар (с) ҷанбаи дилҷӯӣ аз ин зани мусулмон дошт. Зеро ӯ аз падар ва ақвоми бутпарасти худ ҷудо шуда, ҳамроҳи шавҳари мусулмонаш раҳсипори Ҳабаша шуда буд ва инак ки дар сарзамини ғурбат шавҳару шарики зиндагии худро аз даст дода буд, чӣ иқдоме аз ин беҳтар, ки ба ифтихори ҳамсарии Паёмбар (с) ноил гардад?
    Агар ангезаеро, ки ховаршиносони масеҳӣ иддао кардаанд фарз кунем, чӣ гуна маъқул хоҳад буд, ки шахсе занеро тазвиҷ кунад, ки дар кишвари дигар иқомат дорад ва вазъияти бозгашти ӯ ҳеҷ маълум нест?!

    2.Умми Салама
    Умми Салама (Ҳинд) духтари Абӯумайяи Махзумӣ буд. Ҳамсари пешинаи ӯ Абӯсалама (Абдуллоҳ) Махзумӣ, (Асқалонӣ, Ал-исоба фӣ тамйизис-саҳоба, ҷ. 4, с. 458. Ибни Асир, Усдул-ғоба, ҷ. 5, с. 588) писари аммаи Расули Худо (с) буд. (Ибни Асир, пешин, с. 218) Ин завҷ чаҳор фарзанд доштанд, ки ба муносибати яке аз онҳо ба номи Салама, «Умми Салама» ва «Абӯсалама» хонда мешуданд. (Ҳамон. с. 588. Ибни Ҳишом, Сираи Набавия, ҷ. 4, с. 294. Ибни Саъд, пешин, ҷ. 8, с. 87)
    Абӯсалама дар ҷанги Уҳуд захмӣ шуд ва дар асари он дар ҷумдиюссонии соли сеюми ҳиҷрат ба шаҳодат расид. (Ибни Абдулбир, Ал-истиоб, ҷ. 4, с. 82) Гӯё аз қабила ва бастагони Умми Салама ва ҳамсараш (Бани Махзум) касе дар Мадина набудааст. Зеро ӯ мегӯяд: «Вақте Абӯсалама даргузашт, сахт ғамгин шудам ва бо худ гуфтам: ғурбат андар ғурбат! Ончунон гиря мекунам, ки нақли маҳфилҳо шавад!». (Амирмаҳно Хиёмӣ, Заваҷот-ун-набӣ ва авлодуҳ, с. 199) Паёмбари Ислом (с) ӯро дар соли чаҳоруми ҳиҷрат ба ҳамсарӣ баргузид. (Ибни Ҳаҷар, пешин, с. 458. Ибни Саъд, пешин, ҷ. 8, с. 87) Ӯ дар он ҳангом ба синнӣ пирӣ ва солхӯрдагӣ гом ниҳода буд. (Ибни Саъд, пешин, с. 90, 91. Муҳаммад ибни Ҳабиб, Алмуҳбир (Бейрут: Дор-ул-офоқил-ҷадида), с. 84)
    Пайдост, ки мақсади Паёмбар (с) аз ин издивоҷ сарпарастии ӯ ва фарзандони ятимаш будааст. Оё издивоҷ бо зани бева ва солхӯрда ва нигаҳдории чаҳор кӯдаки ятими ӯ, худ навъе риёзат набуд?!
    Умми Салама аз назари порсоӣ, фазилат ва маънавият, пас аз Хадича, саромади ҳамсари Расули Худо буд. (Момақонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, ҷ. 3, (фасли нисо), с. 72) Ӯ пайванди хоссе бо хонадони имомат дошт ва борҳо ҳофизи вадиаҳое аз улуму асрори вилоят аз тарафи хонадони Паёмбар (с) буд. (Момақонӣ, пешин, Шайх Муҳаммадтақии Тустарӣ, Қомус-ур-риҷол, ҷ. 10, с. 396)

    3.Зайнаб духтари Ҷаҳш
    Зайнаб духтари аммаи Расули Худо (с) ва пештар ҳамсари Зайд ибни Ҳориса – писархондаи Паёмбари Ислом – буд (Ибни Саъд, пешин, ҷ. 8, с. 101. Ибни Асир, Усдул-ғоба, ҷ. 2, с. 226. Ибни Ҳаҷар, Ал-исоба, ҷ. 4, с. 564) ва пас аз ҷудоӣ аз Зайд, ба издивоҷи Паёмбар (с) даромад.
    Зайд пештар бардаи ҳазрати Хадича буд. Ӯ пас аз издивоҷ бо ҳазрати Муҳаммад (с), Зайдро ба ҳамсараш Муҳаммад (с) бахшид. Ҳазрат пеш аз беъсат ӯро озод кард ва сипас писархондаи худ қарор дод. Аз он рӯз ӯро Зайд ибни Муҳаммад мегуфтанд. (Ибни Саъд, пешин. Ибни Асир, пешин, ҷ. 2, с. 224. Ибни Ҳаҷар, пешин, с. 564)
    Пас аз беъсат Худованд расми писархондагиро ботил ва беэътибор эълом кард:
    Худованд писархондагони шуморо писарони ҳақиқии шумо қарор надодааст, ин суханест, ки шумо танҳо ба забон мегӯед [сухани ботилу беасос], аммо Худованд ҳақ мегӯяд ва ӯст, ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
    Онҳо [писархондагон]-ро ба номи падарашон бихонед, ки ин кор назди Худо одилонатар аст. Ва агар падаронашонро намешиносед, бародарони динӣ ва озодшудагони шумо ҳастанд. Дар хатоҳое, ки аз шумо рух додааст, [бетаваҷҷӯҳ онҳоро ба номи дигарон садо мекунед] боке бар шумо нест, вале дар мавриди он чӣ аз рӯи қасд мегӯед, бозхост хоҳед шуд ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст. (Аҳзоб: 4-5)
    Паёмбар (с) пас аз нузули ин оятҳо ба Зайд фармуд: «Ту Зайд ибни Ҳориса ҳастӣ ва аз он рӯз ӯ озодшудаи Паёмбар хонда мешуд. (Олусӣ, Тафсири Рӯҳ-ул-маонӣ, (Бейрут: Дору эҳёит-туросил-арабӣ), ҷ. 21, с. 147)
    Расули Худо (с) Зайнабро барои ӯ хостгорӣ кард. Зайнаб, ки набераи Абдулмуталлиб ва аз қабилаи саршиноси Қурайш буд, аввал мувофиқат накард. Зеро Зайд на танҳо аз Қурайш набуд, балки як бардаи озодшуда буд. Аммо чун Паёмбари Ислом (с) тамоюли зиёде ба ин издивоҷ нишон дод, Зайнаб мувофиқат кард. Ин издивоҷ намунае аз илғои имтиёзоти нажодӣ ва табақотӣ дар Ислом буд ва рози тамоюли Паёмбар низ ҳамин буд!
    Дар асари носозгориҳои ахлоқӣ байни ду тараф, зиндагии муштараки ин завҷ мутазалзил гардид ва дар остонаи ҷудоӣ қарор гирифтанд. Чанд бор Зайд хост ӯро талоқ диҳад, аммо Паёмбар (с) ӯро ба созиш даъват карда, фармуданд: «Ҳамсаратро нигаҳ дор». (Ибни Саъд, пешин, ҷ. 8, с. 103) Саранҷом Зайд ӯро талоқ дод. Пас аз ҷудоии онҳо, Паёмбари Ислом аз тарафи Худованд маъмурият ёфт бо Зайнаб издивоҷ кунад, то издивоҷ бо ҳамсари муталлақаи писархонда барои мусулмонон душвор набошад ва суннати ғалате, ки аз замони ҷоҳилият дар миёни мардум ривоҷ дошт, амалан бишканад. Зеро онҳо писархондаро аз ҳар ҷиҳат писари ҳақиқӣ мепиндоштанд ва аз ин ҷиҳат издивоҷ бо ҳамсари ӯро ҷоиз намедонистанд. Қуръон мақсад ва ангезаи ин издивоҷро чунин баён мекунад:
    (Ба хотир биёвар) замонеро, ки ба он кас, ки Худованд ба ӯ неъмат дода буд ва ту низ ба ӯ неъмат дода будӣ, (ба фарзандхондаат «Зайд») мегуфтӣ: «Ҳамсаратро нигоҳ дор ва аз Худо бипарҳез». (Ва пайваста ин амрро такрор мекардӣ) ва дар дил чизеро пинҳон медоштӣ, ки Худованд онро ошкор мекунад ва аз мардум метарсидӣ, дар ҳоле, ки Худованд сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. (Ба эътиқоди муфассирон, он чӣ Паёмбар (с) дар дил пинҳон медошт ин буд, ки Худованд ба ӯ хабар дода буд, ки Зайд ҳамсарашро талоқ хоҳад дод ва ӯ бо ҳамсари Зайд издивоҷ хоҳад кард, то ин суннат бишканад, вале Паёмбари Ислом (с) аз тарси мардум изҳор намекард. Ин маъно аз пешвои чаҳорум Имом Зайнулобидин нақл шудааст. (Олусӣ, пешин, ҷ. 22, с. 24. Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ. 8, с. 360))
    Ҳангоме, ки Зайд ниёзашро аз он зан ба сар овард (ва аз ӯ ҷудо шуд), мо ӯро ба ҳамсарии ту даровардем, то мушкиле барои мӯъминон дар издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон – ҳангоме, ки талоқ гиранд – набошад. Ва фармони Худо анҷомшуданӣ аст (ва суннати ғалати ҳаром будани издивоҷ бо ин занон, бояд шикаста шавад). (Аҳзоб: 37)
    Мунофиқон ин издивоҷро дастовези тӯҳмату бадгӯӣ қарор доданд, ки: Муҳаммад бо зани писараш издивоҷ кардааст! (Ибни Асир, пешин, ҷ. 7, с. 494. Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ. 8, с. 337. Қасталонӣ, Алмавоҳиб-ул-ладунния билманҳил-муҳаммадия, ҷ. 2, с. 87) Худованд дар ҷавоби онон фармуд:
    Муҳаммад (с) падари ҳеҷ як аз мардони шумо набуда ва нест, вале Расули Худо ва хатмкунанда ва охирини пайғамбарон аст. Ва Худованд ба ҳама чиз Огоҳ аст. (Аҳзоб: 40)
    Баъзе аз ховаршиносони масеҳӣ, ин издивоҷро ба сурати як достони ишқӣ сохта ва шоху барг додаанд. (Доират-ул-маорифи исломия, тарҷумаи арабӣ, ҷ. 11, с. 29, калимаи Зайнаб. Муҳаммадҳусайни Ҳайкал, Ҳаёти Муҳаммад, с. 316, 323) Аммо ин иддао бо нубувват ва исмати Паёмбар (с) созгор нест ва гузашта аз он, дидем, ки ҳодиса чизи дигаре буда, ки ҳам дар ҳофизаи таърих монда ва ҳам Қуръон онро ба равшанӣ баён мекунад.
    Ба назар мерасад муаррифии ин чанд нафар аз ҳамсарони Паёмбар, барои равшан шудани ангезаи чандзанагии он ҳазрат кифоят кунад ва зикри бақия, ки тақрибан ҳамин вазъиятро доштааст, зарурате надошта бошад.
    Комёб бошед.

  94. Сайидюнус менависад:

    ////Оё воқеан касе ки бо осори фалсафии Сино (р) андаке ҳам ошно бошад, чунин мепиндорад, ки назарияи ў дар бораи ҳастӣ, назарияи пантеистист?
    Воқеан, хандаовартар аз ин сухан дигар вуҷуд надорад! Шумо зоҳиран бо дидгоҳи Сино (р) дар бораи вуҷуд ва ҳастӣ ба андозаи мисқоле ҳам ошноӣ надоред.///

    Гапҳои бемаънӣ ва ҳарза!

    Вилём Турнер, донишманди омрикоӣ дар китоби «Таърихи фалсафа» (Бостон, 1903) менависад, «Сино аз нахустин андешмандони араби (исломи) буд, ки аз тафсири навафлотунии Арасту канора гирифт. Вале асароти навафлотуния дар сомонаи фалсафии вай долл бар ин аст, ки вай натавонистааст бакуллӣ аз таъсиру нуфузи пешиниёнаш раҳо ёбад. Ибни Рушд, ки фалсафаи араб (исломи) дар Магрибро намояндаги мекунад, Синоро як пантеисти моддигаро (материалист) медонист, ва Газзоли ва суфиёни дигар уро хирадгаро (ратсионалист) медонистанд ва бисёре аз аҳли дониш уро нахустин фурсатталабон (оккейшналист) мехонданд.»

    Фредерик Гуплестун низ дар китоби худ «Таърихи Фалсафа» (Оксфорд, 2003) менависад, ки назарияи исломӣ дар бораи «қодири мутаъол» низ ба пантеисм тамоюл дорад ва эҳтимолан «бархе аз усули бунёдии фалсафаи Сино ба пантеисм такия мекунад, ҳарчанд вай худ амдан пантеист набудааст.»

    Ҷозеф МакКейб, нависанда ва файласуфи инглис, низ дар посух ба мутаъъасибон мегуяд, ки «Сино ба навъе пантеизм имон дошт, чун аз қавли ӯ овардаанд, ки ҷаҳон миёни мардуме, ки ҳуш доранду дин надоранд ва онҳое, ки дин доранду ҳуш надоранд, тақсим шудааст.

    Дар Донишномаи Котулик (1907) низ бо ишора ба Ибни Рушд оварда шудааст, ки Сино ба системи ошкори фалсафии пантеисти пардохта ва дар китоби гумшудаи у ба номи «Ҳикматилишроқ» тавзеҳоте дар он боб додааст.

    Искулостикҳо зоҳиран дар бораи ин китоб дар бораи пантеисм чизе намедонистанд, вале дар бораи тмаоюлоти пантеистии Ибни Сино дар навиштаҳои дигари фалсафиаш ошно буданд ва ба ҳамин далел мойил набуданд ба тафсири у аз Арасту эътимод кунанд.

    Инҳо нишон медиҳад, ки баҳсҳо дар бораи тамоюлоти Сино ба пантеисм аз кайҳо пеш матраҳ шуда буд, вале чаласаводони ҳавзаи илоҳияи Кум аз он то имруз бехабар будаанд.

  95. Ба Сайидюнус:

    Оё воҷибулвуҷуди Сино низ монанди Аллоҳ ҳамадону ҳаматавон аст, вале дар баробари ин ба ёрии паямбаре барои иртибот бо бандагонаш ниёз дорад? Оё воҷибулвучуд низ инсонҳоро ба мусалмон ва ғайримусалмон ҷудо мекунад ва мефармояд, ки кофаронро кушед, молашонро тасарруф кунед, ҳар кас ба мавҷудияти ман, ки воҷиб аст, имон наорад, уро сар занед? Оё воҷибулвуҷуди Сино низ ба забони арабӣ харф мезанад ва забонхои дигари бандагонашро намедонад? Оё барои он низ калимаи шаҳодате ва намозу рузае вуҷуд дорад ва ҳаччу закоте вучуд дорад?

  96. Сайидбнус бо зарангбозии охундона талош мекунад издивочи Мухаммади занбора бо хешовандаш ва хани писархондаашро тавчех кунад, ки хадисест хандаовар.. Дар вокеъ, Мухаммад пас аз дидани бадани нимабарахнаи Зайнаб, ки дар макоми духтараш буд, гирифтори эхсосоти хайвонии шахвонй шуд ва писархондааш Зайд мачбур буд занашро талок дихад, то падархондааш ормоне дар дил надошта бошад. Дар вокеъ у хамон бардае буд, ки Мухаммад ба начоташ омад ва бардавор дар хидмати сохибаш занашро хам тортук кард. Достони занони паёмбари ислом ва дахолатхои Аллох дар бистари Мухаммад ва таъйини мукаррароти ин бистари пуродаму шулугро метавонед дар тозатарин матлаби Табарнома бихонед.

    Хамсарони Мухаммад ва мавзуъи хичоб:

    http://tabaraxe.wordpress.com/2009/02/26/%d1%85%d0%b0%d0%bc%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d0%b0%d0%bc%d0%bc%d0%b0%d0%b4-%d0%b2%d0%b0-%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d0%b7%d1%83%d1%8a%d0%b8-%d1%85%d0%b8%d1%87%d0%be%d0%b1/

  97. Сайидюнус бо зарангбозии охундона талош мекунад издивочи Мухаммади занбора бо хешовандаш ва зани писархондаашро тавчех кунад, ки хадисест хандаовар.. Дар вокеъ, Мухаммад пас аз дидани бадани нимабарахнаи Зайнаб, ки дар макоми духтараш буд, гирифтори эхсосоти хайвонии шахвонй шуд ва писархондааш Зайд мачбур буд занашро талок дихад, то падархондааш ормоне дар дил надошта бошад. Дар вокеъ у хамон бардае буд, ки Мухаммад ба начоташ омад ва бардавор дар хидмати сохибаш занашро хам тортук кард. Достони занони паёмбари ислом ва дахолатхову васотатхои Аллох дар бистари Мухаммад ва таъйини мукаррароти ин бистари пуродаму шулугро метавонед дар тозатарин матлаби Табарнома бихонед.

    Хамсарони Мухаммад ва мавзуъи хичоб:

    http://tabaraxe.wordpress.com/2009/02/26/%d1%85%d0%b0%d0%bc%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d0%b0%d0%bc%d0%bc%d0%b0%d0%b4-%d0%b2%d0%b0-%d0%bc%d0%b0%d0%b2%d0%b7%d1%83%d1%8a%d0%b8-%d1%85%d0%b8%d1%87%d0%be%d0%b1/

  98. Салом бар Дустон,
    Ман Равшан Камолов, номзади илми фалсафа, хатмкунандаи Институти Тахкикоти Фалсафии Софияи Болгария (ба забони болгарияи: «Институт за философски изследвания”, адрес: 1000 София, бул. “Патриарх Евтимий” № 6) дар соли 2001 мебошам.
    Дар огоз, бояд мудири ин сайт Рустам Субхониро ташаккур гуям, ки сахми камназире дар пешравии донишу маърифат барои ояндаи Тоҷикистон аз худ мегузорад.
    Пас аз он ки бародари азизам Зафарчон Карим бо ман робитаи телефони намуда ва аз ман талаб намуд, ки бахсхои дар ин сайт шуда истодаро мутолиа карда ва назари худамро хамчун як Синошинос барои вай ва дигар бинандагони ин сайт иброз намоям, дар огоз хамаи назархои иброзшуда аз чониби хамватанон: Истаравшани, Фаромарз, Табар, Зафарчон ва дигаронро хондам.
    Хулосае, ки баровардам ин аст, ки гарчи ман бо устод Истаравшани дар баъзе аз гояхо ва максадхои диниашон хамназар нестам, вале бояд эътироф намоям, ки ин шахс яке аз Синошиносони камназири кишвари Тоҷикистон ба шумор раванд, гарчи номи ин шахс хануз дар Точикистон шинохташуда намебошад. (Хама медонанд, ки одамони бомаърифат дар Точикистон шинохта намешаванд, балки бемаърифатхо дар курсихои маърифат чой гирифтаанд).
    Бахсхои устод Истаравшани дар бораи вучуд ва хасти аз назари Сино ва таксими он ба вочиб ва мумкин, хамчунин фарки он бо идеяи пантеистхо дар бораи худо ва олам, хамчунин исботи хастии худо ба воситаи далели «сидикин», ки дар асархои човидони Сино хамчун Шифо, Начот ва Ишорот ва Танбихот, ба онхо ишора шудааст, хамаашон сахех аст.
    Хамчунин бахси устод Истаравшани нисбати фарки миёни «хакикат» ва «вокеъ», бахси хеле фоиданок мебошад. «Хакикат: як сифати мафхуми аст, ки инсон ба воситаи он бо олами берун аз худаш робита баркарор мекунад». «Вокеъ: худи олами берун аз инсон аст». Вале бародар Фаромарз ин маъноро сахех нафахмиданд. Барои хамин хам, бахсро робита медиханд ба «матн». Бародар Фаромарз, бахси «матн», ки дар фалсафаи Гадамер (hermeneutic) ба он ишора мегардад, гайр аз бахси Сино дар бораи «хакикат» ва «вокеъ» аст.
    Фаромарз, насихати ман ба шумо ин аст, ки дар огоз бояд шумо камтар бо илми фалсафа (гарчи бо мукаддимаи он) маълумот хосил кунед. Сипас бахс кунед. Вагарна аз суханони парокандаи шумо, инсон чизе намефахмад. Факат инро фахм менамояд, ки шумо худ хеч чиз аз навиштахоятон намефахмед.
    Ман боз хам агар вакт бароям мухаё гардад, бармегардам ва назари худамро иброз менамоям. Хар касе хохиш дорад, бо ин адрес бо ман робита кунад: kamolov@nextmail.ru
    Ба умеди пирузии аклу хирад бар куриву нобинои!

  99. Табар!
    Ту фикр намекуни ки ин сухани ту «Дар вокеъ, Мухаммад пас аз дидани бадани нимабарахнаи Зайнаб, ки дар макоми духтараш буд, гирифтори эхсосоти хайвонии шахвонй шуд ва писархондааш Зайд мачбур буд занашро талок дихад, то падархондааш ормоне дар дил надошта бошад»
    беэхтироми ба акидаи якуним милиард мусулмон ба хисоб равад?
    Сухан дар бораи эхтиром ба акидаи дигарон, оё ин мебошад?

  100. Бутпарасти хам ба хости Худо буд.
    Чаро Мухаммад, ки худро пайгамбар еълон кард барои Худо ба гайр аз номи Аллох номеро коил нашуд? Чунки мафкураи як араби бадави, ки худаш то 40 солаги бутпараст буд аз ин зиёдтаар набуд.
    Як чизи дигар. Агар падар мулхид ё мушрик бошад бояд аз вай руй гардонд?!!! Ин корро шояд хайвон кунад на инсон.

  101. Оё шумо (Муъмин ва Сайидюнус) боре дар Эрон будед? Агар будед бигуед, ки эронихо аслан ба ислом чи хел муносибат мекунанд? Ман охундхояшонро намегуям. Охир давлати онхо исломи аст-ку.
    Бо чанд нафаре ки ман сухбат кардам, хамашон зидди ин мазхаби бегона хастанд.

  102. Зафар барошуфта мегуяд:

    «Ту фикр намекуни ки ин сухани ту “Дар вокеъ, Мухаммад пас аз дидани бадани нимабарахнаи Зайнаб, ки дар макоми духтараш буд, гирифтори эхсосоти хайвонии шахвонй шуд ва писархондааш Зайд мачбур буд занашро талок дихад, то падархондааш ормоне дар дил надошта бошад”
    беэхтироми ба акидаи якуним милиард мусулмон ба хисоб равад? Сухан дар бораи эхтиром ба акидаи дигарон, оё ин мебошад?»

    Причем тут Курский вокзал? Достони ишки ногахонии Мухаммад ба Зайнаб аз «бехтарин» достонхои ошикона ислом аст. ва он дар ториххои мутаъаддиди исломй омадааст. Ва Аллох барои тармими чехраву эътибори осебдидаи Мухаммад подармиёнй кардааст ва ояхое дар ин бора фиристода ва издивоч бо зани писархондаро раво донистааст.

    Пас ин эътирозатро ба Аллох, Куръон ва китобхои исломй кун, на ба ман.

  103. Шояд он оятхои лозимиро Мухаммад худаш «через» карда бошад?

  104. Оташпарастон ба тахкир гузаштанд.
    Онхо дигар гурдаи бо лафзи инсони бахс карданро надоранд. Ин худ кифоя аст, то бахсро хотимаёфта пиндорем. Аз чаноби Рустами Субхони эхтиромона хохиш мешавад, ки ба ин бахс нукта гузоранд.
    Чохилон аз суханони Саидюнус хеч бардорште накарданд, ки накарданд. Пас маълум мешавад, ки миллати мо миллати сарсахт ва бадбахт будааст. Ягона «Андеша» хам заминаи устувори ичтимои надоштааст. Бубинед, имруз мардум дар Точикистон аз мушкилоти рузмарра ба дод омада ба пастарин сатхи зиндагидориву тафаккур сар ба сар шудаанд. Иктисод куллан вучуд надорад! Бубинед, барои мисол, пули мухочирин, ки аллакай кам шуд, дар Душанбе на касе хона мехараду на мошин. Пас ин аст мушкилоти руз. Мутаасифона бахси ягон масъала ин кадар рушд наёфт, магар тахкири ислом. Аз ин ру, ман ки каблан аз муттахидии ахли «Андеша» меболидам, холо дигар ягон зарра хам умед намонд. Ин боз хамон хукумати Рахмон шуд…

  105. Бале гузаронданд ва мо бояд ба ин «бахс» хотима дихем …
    муъминон сураи «Кофирун»-ро ба ёд оред.

  106. Бахскунандагон, албатта, ин матлаби арзандаро хонед.

    http://www.redpersia.blogfa.com/post-10.aspx

  107. Ман бо поён додани ин баҳс мухолифам. Ин баҳс ба ҳеч кас осебе намерасонад, хубияш ин аст, ки тарфҳои баҳс аз ҳам дуранд ва метавонанд ба ҳам ҳарчи бад гуянд, аммо душманӣ накунанд.

    Инҷо фазои муносибе барои гуфтан аст, ва ҳама метавонанд назароту андешаҳои худ гуянд, ва дар канори ин бояд ҳама ба андешаҳои ҳамдигар эҳтиром қоил бошанд. Таҳаммул ва мадоро аз шунидани ҳамдигар ва атвои шуниданро доштан оғоз мешавад. Таҳммул ва мадоро чизест, ки чомеъаи мо беш аз ҳар чизе ба он ниёз дорад.

    Дигар масоил батадриҷ халл мешаванд. Масоили иқтисодию иҷтимоъӣ ва сиёсӣ албата муҳимманд вале ин масъала низ муҳимм аст зеро бисёре аз мушкилот ва буҳронҳои мавҷуд дар кишвари мо реша дар иштибоҳот ва нокомиҳои ҳазоронсола дорад. Фласафи муъмин бародари муъмин, ки худи аъроб ба он бовар надоштанд, ва бар мо таҳмил карданд, решаи аз даст оданис арзаминҳои саршор аз ғановати мо ва решаи парокандагиҳои миллати мост.

    Аз замоне ки арабҳо дар хонаҳои бухороёин макон гирифтанд в амволи онҳоро тасарруф ва таҷовуз карданд ва ба он номи «муъмин бародари муъмин» гузоштанд, то имруз мо ҳамвора дар ҳоли аз даст додани заминҳои паҳновар ва амволи худ ба бародарони «муъмини» худ будаем.

    Баракс, фалсафи таҳмилии тасаввуф ва каноъатпешаги ва дунёбезорӣ ва фикри ухро кардан моро бад-ин ҳол овардааст. ҳамон фалсафае, ки Сайидюнус нишон дод, ҳамон панҷ муқаддима, ки паямбариро гуй «собит» мекард ва маънии он ин аст, ки инсон нотавон аст ва ба паямбар ниёз дорад. Ин фалсафаи ҳарза мардуми моро нотавон кард, дуруст монанди ҳамон киссаи шер ва гусфанд ки Руми овардааст. Шерони мо ба гусфандон бадал шуданд ва миллат ба хоки сияҳ нишаст. Ҳоло мутаъассибони ин афкори бепоя ва дурӯгин ҳамнуз зам мехоҳанд миллати мо аз пора-поратар ва заъифтар ва вобастатар ва бенавотар шавад, ва ба ҳамин далел афкори ноши аз укдаи ҳақорати худро бар мо таҳмил мекунанд.

    Агар миллат мехоҳад аз ин бадбадхти вораҳад, пеш аз ҳама бояд ИСТИКЛОЛИ АНДЕША дошта бошад ва пайравии куркурона ва гусфандона монеъ аз ин гуна истиқлол аст. Миллате ки истиқлоли фикр ва андеша ва имон адошта бошад ва аз хирад пайрави накунад, балки ба боварҳои дуругин дил хуш кунад, халлоқияти худро аз даст медиҳад ва ба тадриҷ мемирад, чун маҳкум ба марг аст.

  108. Ман бо поён додани ин баҳс мухолифам. Ин баҳс ба ҳеч кас осебе намерасонад, хубияш ин аст, ки тарафҳои баҳс аз ҳам дуранд ва метавонанд ба ҳам ҳарчи бад гӯянд, аммо душманӣ накунанд.

    Инҷо фазои муносибе барои гуфтан аст, ва ҳама метавонанд назароту андешаҳои худро гуянд, ва дар канори ин бояд ҳама ба андешаҳои ҳамдигар эҳтиром қоил бошанд. Таҳаммул ва мадоро аз шунидани ҳамдигар ва тавони шуниданро доштан оғоз мешавад. Таҳаммул ва мадоро чизест, ки чомеъаи мо беш аз ҳар чизе ба он ниёз дорад.

    Дигар масоил батадриҷ ҳал мешаванд. Масоили иқтисодию иҷтимоъӣ ва сиёсӣ албатта муҳиманд вале ин масъала низ муҳим аст зеро бисёре аз мушкилот ва буҳронҳои мавҷуд дар кишвари мо реша дар иштибоҳот ва нокомиҳои ҳазоронсола дорад. Фалсафаи муъмин бародари муъмин, ки худи аъроб ба он бовар надоштанд, ва бар мо таҳмил карданд, решаи аз даст додани сарзаминҳои саршор аз ғановати мо ва решаи парокандагиҳои миллати мост.

    Аз замоне ки арабҳо дар хонаҳои бухороёин макон гирифтанд в амволи онҳоро тасарруф ва таҷовуз карданд ва ба ин равиш ва амал номи «муъмин бародари муъмин»-ро гузоштанд, то имруз мо ҳамвора дар ҳоли аз даст додани заминҳои паҳновар ва амволи худ ба бародарони «муъмини» худ будаем.

    Ҳамчунини, фалсафаи таҳмилии тасаввуф ва каноъатпешаги ва дунёбезорӣ ва фикри ухро кардан моро бад-ин ҳол овардааст. Ҳамон фалсафае, ки Сайидюнус нишон дод, ҳамон панҷ муқаддима, ки паямбариро гуё «собит» мекунад ва маънии он ин аст, ки инсон нотавон аст ва ба паямбар ниёз дорад. Ин фалсафаи ҳарза ва дуругин мардуми моро танбал ва нотавон карда, дуруст монанди ҳамон киссаи шер ва гусфанд аст, ки Ҷалолидини Румӣ овардааст. Шерони мо ба гӯсфандон бадал шуданд ва миллат ба хоки сияҳ нишаст.

    Ҳоло мутаъассибони ин афкори бепоя ва дурӯгин ҳануз хам мехоҳанд миллати мо пора-поратар ва заъифтар ва вобастатар ва бенавотар шавад, ва ба ҳамин далел афкори ноши аз укдаи ҳақорати худро бар мо таҳмил мекунанд.

    Агар миллат мехоҳад аз ин бадбахти вораҳад, пеш аз ҳама бояд ИСТИКЛОЛИ АНДЕША дошта бошад ва пайравии куркурона ва гӯсфандона монеъ аз ин гуна истиқлол аст. Миллате, ки истиқлоли фикр ва андеша ва имон надошта бошад ва аз хирад пайравӣ накунад, балки ба боварҳои дуруғин дил хуш дорад, халлоқияти худро аз даст медиҳад ва ба тадриҷ мемирад, чун маҳкум ба марг аст.

    (сардабири азиз, лутфан матни аввалиро, ки иштибоҳоте дошт, ҳазф кунед, сипос)

  109. Ман намефахмам, ки барои чй Сайидюнус ин кадар бармахал табли галаба мезанад.
    Смеётся хорошо которий смеётся последним!

  110. Посух ба Карим:

    Барои ин ки Сайидюнус мутаваччехи шикасташ шудааст ва дар баробари селе аз далелхои тозаи мо безабон аст. Аз ин ру тарчех медихад думро хода кунад, чун медонад, ки бо мондани у дар ин бахс Куръону исломаш сад дарсад расво хоханд шуд. Ба монанди давлати Точикистон, ки бо файсалае пушти дархои баста дар додгохи Бритониё мехостанд аз пахши иттилоъоти бештар дар бораи дуздихояшон чилавгирй кунад. Хамаи авомфиребон дорои ин шева хастанд, ки Сайидюнуси мо ба хубй ба намоиш гузошт. Аммо сухбатхои мо дар бораи Куръону исломи гучастак хамчунон идома хохад дошт.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  111. Самир ва Brave, ки ба худат «Далер» лакаб додаи! Аз майдони бахс кучо мегурезед, Слабо? Бахс бар сари пучй ва зиёнбории бовархоятон тоза огоз шуд. Ва хар дуи шумо ба чуз баду берох гуфтану беадабй дар ин миён коре анчом надоде. Бехтар аст бо огохии комил лоакал аз дини худатон вориди чунин бахсхо шавед, то дар поёни он шармандавор майдонро тарк накунед.

  112. Табар,
    Хануз зуд аст, ки аз забони мо сухбат кунед. Ин чониб харгиз тасмими тарки ин бахсхоро накардаам. Албатта дуруггуи, ки ин шеваи шумо ва амсоли шумост, баид нест аз забони мо дар ин чо сухан гуед. Балки худ медонед, ки ба такрор гуфтаам ва боз хам мегуям, ки ин чониб ба камоли хушхоли аз ишколоти амсоли шумо, ки хазорон сол кабл аз суи душманони эътикодии ислом матрах шуда ва посухашро дар хамон замон ёфта буд, истикбол ва бо тамоми хавсала ба онхо посух хохам гардонид. Хотиратон чамъ бошад.
    Холо, агар ба сабаби заъфу сустие, ки дар худ мебинед, чунин тактикеро пеш гирифтаед, ки аз тарафи мунозири хеш сухан гуед, ин худ достонест бомазза!
    Комёб бошед.

  113. «Чудоии дин аз сиёсат» ё «Чудоии дин аз хукумат»

    Оё дин аз сиёсат ё давлат чудо аст ва бояд бошад?

    Навиштаи Мубад Комрон Чамшедй

    http://behdin.wordpress.com/2008/10/07/polit/

    Барои додани посухи дуруст ва мантикй бояд ки нахуст таърифе аз «дин» ва «сиёсат» ба даст дод, то бар асоси он посухе барои ин пурсиш ёфт.

    Дин

    Агар динро ба таври куллй «рох ва равиши зиндагй» ва ё «чахонбинй» бидонем, чи ба шакли «худомарказ» ва чи «инсонмарказ» ва ё хар «марказ»-и дигар, онгох тамоми андешаву гуфтор ва кирдори хар кас бар асоси дин ё чахонбиниаш шакл мегирад, то ончо ки хар чизе, аз чумла корхои зиндагии у бар пояи он анчом меёбанд.

    Бо ин хисоб дар майдони фаррохноки зиндагй, кори сиёсй, ичтимой, давлатй ва хар кору кушиши дигаре чой мегирад.

    Сиёсат ва кори сиёсй

    А. Сиёсат ба маънои «тадбир» ё «чораандешй» ва ё пайдо кардани бехтарин шеваи халли масоил бо таваччух ба шароит мебошад.

    Агар гуфта шуда, ки «инсон чонваре сиёсй аст» (Арасту, садаи чахоруми пеш аз мелод) бадин мафхум аст, ки инсон танхо чондоре аст, ки дар баробари руйдодхо тавоноии жарфнигарй ва ташхиси рохи халхои гуногунро дорад. Бино бар таърифи боло, андоза ва чигунагии ин тавоной ба гунае ба дин ва чахонбинии фард пайванд пайдо мекунад.

    B. Сиёсат ба маънои оми он, яъне андешаву гуфтор ва кирдор дар ростои ба даст овардани мавкеият ва шароите барои таъсир бар як чомеа аз болои харами он, дар чахорчуби фардй ва ё созмонй мебошад.

    Бар асоси чунин таърифе шояд «давлат» ва ё аз он хам гуётар «кудрати хокима» вожахое бехтар барои расидани мафхум бошанд.

    С. Сиёсат дар рахт ва пушиши бозии сиёсй, яъне тазохурот ба рох андохтан ва додани шиорхои «марг бар…» ва «зинда бод…» ва гайра.

    D. Кори сиёсй ба мафхум дар пайванд бо мавриди B, яъне сиёсат ба маънои кудрати хокима таъриф мешавад, ки хадаф аз он расидан ба шароит ва мавкеияте дар чомеа аст, ки битавон аз боло бар он таъсир гузошт.

    Гуфтем ки дини хар касе, яъне чахонбинии у, чойгохи уро дар баробари корхои ичтимой рушан мекунад. Агар сиёсатро ба чами «тадбир» ё «чораандешй» бигирем, хар инсоне бо хар дине ба гунае чораандеш аст! Пас дин аз «чораандешй» чудо нест, яъне чораандешй бо инсон ва ва дар ниходи у аст.

    Аммо чигунагии чудоии дин аз кудрати хокима маколаи дигаре аст, ки бозмегардад ба таъриф ва мафхуми хар дин ва шевахои андешаву гуфтор ва кирдори дорандагони он бар пояи он чахонбинй; ки хубу бад ва ё дурусту нодуруст будуни он бозмегардад ба натоичи созанда ва ё вайронгар, ки ин шевахои рафторй барои хар ичтимое дорад.

    Пас бояд боз хам «дин»-ро бештар бишкофем, то чигунагии ин робитаро дарёбем. Дар вокеъ бояд бибинем, ки хадафи вокеии хар дин чист? Агар ба динхои бузурги мавчуд дар сатхи чахон нигохе бияндозем, мебинем ки чигуна дар бархе вижагихо хамсонй доранд ва бархе чудой. Хамсонии динхои «худомарказ»-ро шояд битавон дар як вожа кутох кард: «тамомиятхохй» (бихонем «кудратталабй»), кудрате ки ба зохир аз суи худост ва ба истилох «илохй» аст.

    Таъбиру корбурд ва судчуй аз чунин кудрати худой дар дасти инсонхоест, ки худро вомдор ва намояндаи комилу мухтори заминии чунин худое медонанд!

    Оё то кунун чунин кудрати худой ки дар дасти худоёни заминй буда аст дар ростои хушбахтии хонадони инсонй ба кор бурда шуда аст?

    Оё хушбахтии инсон замонат шуда аст ва ё хушбахтй, худкомагй ва чохталабихои фард ё афроди махдуде?

    Посухро дар таърих ва кучаи паскучахои чомеаи башарй бояд ёфт.

    Паёмади он чи ки кудратхои фардй ва ба зохир бархоста аз ягона кудрати чахонии «худованд» бар сари хонадони инсонй оварданд, аглаб чуз вайронй, куштор ва хуфкон чизи дигаре набудааст! Таърих гувохи додгарй аст!

    Хамсонии дигари ин адён, ки наметавон онро ба хеч руй нодида гирифт, эчоди чудой миёни пайравони яке бо дигаре ва хатто бархурд ва чангу «дигаркушй» ба бахонаи дин ва мазхаб буда аст. Агарчи талошхое аз суи рахбарони динхо мешавад, то миёни оштй баркарор намоянд, аммо «тамомиятхохй» сабаб мешавад, ки дар вокеият чашми дидани ракибро надошта бошанд ва ё ба далели худро «дини охир» ё «нажоди баргузида» донистан ва ё ба хар бахона ва боваре аз ин даст, сабаб мешавад то дар чое боз оташи душманй забона бикашад ва корро ба нобудии якдигар бикашонад. Албатта хуб медонем ки дар тамоми ин маврид низ «дин» як бахона аст ва «кудратталабй» далели зербиной ва мояи асливу хамешагй аст.

    Пас баростй бояд падидаи «кудратталабй»-ро вошикофт ва дид, ки бехтарин шеваи бархурди созанда бо ин вижагй чист?

    Кудратталабй – Бартаричуй – Зургуй

    Кудрат, як вожаи тозй(арабй) аст, ки баробари онро дар забони порсй неру ва тавон аст, ки ба гуш рост ва дуруст менишинад ва бори мусбат дорад ва «арзиш» аст. Аммо замоне ки бо пасванди «талаб» (сифати феълй) ё «талабй» (хосили масдар)-ри тозй дармеомезад (кудратталаб – кудратталабй) боз манфй мегардад ва буи тунду тез, зур ва зургуй ба машом мерасад ва «зидарзиш» мешавад.

    Нерухохй, нерумандй, нерудихи, тавонбахшй, тавонхохй… арзишхои неку мусбат буда ва ба мафхуми хостани неруву тавон барои анчоми коре созанда ва мусбат мебошад, дар холе ки «зургуй» ва «кудратталабй» ба мафхуми хостани кудрат барои зери по гузоштани хакку хукуки дигарон аст.

    Яке аз вижагихои растохез ва чунбиши фикрй-фархангй-ичтимоии Ашу Зартушт табдили зидарзишхо ба арзишхо буд. У неру ва кудратро аз «зур» гирифт ва дар «ростй» ва «хубй» гузошт.

    Дар фарханги иронй чунин мероси пургано, неку мусбат шинохташуда ва доштану пардохтан ба он суфориш шуда аст.

    Зи неру буд мардро ростй,
    Зи сустй кажжй зояду костй.

    Аз сафари дуру дарози мукадиммачинй бозгардем ва ба бароянди ончи ки дастёбии «дин» ба «давлат» аст, нигохе шоён бияндозем:

    Он гох ки гуфта мешавад «дин» ба «давлат» даст меёбад, яъне ки «дастгохи динй», яъне «рухоният» ё «динмандон» ба абзори кудрати давлатй ё хукуматй даст биёбанд. Аз ончо ки фарз бар «кудратталаб» будан ва «тамомиятхох» будани дин аст, натичае чуз фочиае зиёнбор барои чомеаи башарй ва мухити табий нахохад дошт.

    Дар инчо шояд пурсише пеш ояд: Пас дине ки «кудратталаб» набошад, оё шоиста аст ки ба абзори хукумат даст ёбад?

    Посухи мантикй ба ин пурсиши мантикй метавнад ин бошад ки:

    «Усулан дине ки кудратталаб набошад, ниёзе барои даст ёфтан ба кудрати давлатй ва хукуматй надорад!»

    Аз суи дигар, он инсонхое ки давлат ва хукуматро дар хар системе ташкил медиханд, бояд озод бошанд ки хар дине ки мехоханд дошта бошанд ва ё хатто надошта бошанд, бо ин шарт ки давлатмардон ичозаи онро надошта бошанд, ки динашонро низ бар сандалии тасмимгирй ва ичрой чой диханд.

    Ончики мебояд дар марказ карор гирад «шоистагй ва хирадварй» аст, то созандагии кишвар ва чахон замонат шуда, мардум аз амнияти маънавй ва моддй бархурдор гашта ва ба андешаи «бани одам аъзои якдигаранд» майдони кирдор бахшида шавад.

    Пас аз хамин дидгох шоиста ва дуруст он аст, ки дар конунхои асосии кишвархои чахон ин амри мухим ва хаётй, ки хамон чудоии дин аз давлат аст, гунчонида шавад.

    Пас руихамрафта метавон натича гирифт ки дин бояд аз давлат ва хукумат чудо бошад.

    Мумкин аст инчо чунин пурсише пеш ояд:

    Аз ончо ки бархе аз динхо кудратталаб ва бартаричуянд, оё дуруст аст ки бовармандон ба чунин динхое ба давлат рох биёбанд?

    Посух он аст ки чун асоси кори хар чомеаи демократй бар озодии гузиниш (интихоб) аст, пас хар фард метавонад бидуни дар назар гирифтан ё матрах шудани бовари диниаш хам баргузинад ва хам баргузида шавад. Албатта рушан аст, ки хар фард барои баргузидан ва ё баргузида шудан бояд дорои он бунёнитарин вижагихои пазируфташуда аз суи чавомеи пешрафта ва шахригар бошад.

    Ин мардуми хар чомеа хастанд, ки бояд аз «огохй»-и кофй ва албатта озодии комил барои гузиниш бархурдор бошанд, то бидонанд ки чи касонеро барои намояндагии худ ва додани неруи давлатй ба дасташон парвона бидиханд. Пас бояд огохиро дар чомеа боло бурд ва ин худ ниёз ба фарохам будани озодихои асосй монанди баён ва гайра дар чомеа дорад.

    Мухимтар аз хама, огохй аз ин нукта аст, ки агар «дин» ё «чахонбинй» барои созандагй, пешрафт ва ободониву оромиши чахонй набошад, набояд онро пазируфт ё бовар кард то майдони кудрат биёбад. Агар хам дар дине зода шудаем, ки огохем корбурд ва натоичаш барои мардуми чахон манфй ва вайронгар аст, хирад хукм мекунад ки аз он чудо шуда ва нагзорем ки рушд кунад.

    Бар хилофи онон ки мегуянд доштани хар дине бехтар аз бединй аст, ман бар ин боварам, ки «бединй бехтар аст аз доштани дине вайронгар».

  114. Фаромарз,
    Пеш кашидани баҳсе дигар аз ҷониби шумо бо овардани мақолаи Мубаде муҳтарам мабнӣ бар ин ки оё дин аз сиёсат ҷудост, ё аз давлат ҷудост, ва ба иборати дигар, робитаи дин (ҳар дине) бо сиёсат чи гуна бошад, худ баҳсест ҷудогона, ки ба назар мерасад феълан бо баҳси мавриди назар, ки дар он, як сў мо дар садади исботи такягоҳи ақлӣ доштани боварҳои диниямон ҳастем, ва аз сўи дигар, шумо ва амсоли шумо дар садади инкори он мебошед, иртиботе – чи наздик ё дур – надорад. Яъне баҳси мо ҳанўз ба ин ҷо нарасида аст, ки пазируфта шуда бошад, ки дин як воқеиятест иҷтинобнопазир, ва ҳоло ки чунин аст, инак бубинем, робитаи он бо сиёсату ҳукумату қудрату ва ғайраву ҳоказо чист?
    Баҳсе, ки шумо инак тарҳ кардаед, аз назари мартаба, дар дараҷаи дуюм ва ё ҳатто сеюм қарор мегирад. Вагарна барои касе ки масалан дину додаҳои онро пуч андар пуч меангорад, дигар маҷоле надорад, ки биёяд ва перомуни робитаи дин бо сиёсат баҳс пеш кашад.
    Дар сурати пучу бепоя пиндоштани асли дину нубуввату паёмбариву ваҳйу ғайра (ки шумо ва амсоли шумо то ҳанўз бар он исрор доред), дигар на Муҳаммади мо ҳақ дорад аз сиёсат сухан ба миён оварад, ва на Зардушт ҳаққи дахолат дар сиёсатро дорад. Чаро? Чун ба қавли шумо “нубуввату ваҳйу амсоли он” аввалан пояҳои ақлӣ надоранд, ва сониян муддаиёнаш “дурўғгўёне” беш набудаанд.
    Баҳси робитаи дин (ҳар дине) бо сиёсату иҷтимоу иқтисоду амсоли он, баҳсест миёни диндорон, ва он ҳам баъд аз пазируфтани асли дин, ҳоло ба ҳар наҳве. На ин ки чунин баҳсе байни динмадор ва бедин тарҳ гардад. Бедин то замоне ки асли дин – ба ҳар наҳве – напазируфта, танҳо метавонад тамошогари саҳнаи баҳс миёни динмадорон перомуни дахолат доштан ё дахолат надоштани дин (ҳар дине) ба сиёсат бошад, на ин ки худ тараф қарор гирад.
    Бинобар ин, тавсияи ин ҷониб барои шумо ин аст, ки феълан дар матни ҳамон баҳсҳоямон қарор гирем, ва онро бо ҳавсала идома бидиҳем, ва амсоли шумо коре ба ҷанҷоли динмадорони исломӣ перомуни баҳсҳои дарундиниямон надошта бошад. Ва ҳамон тавре ки дар масла гўянд: “Поятро аз гилемат фаротар нагузор”.
    Комёб бошед.

  115. Ислоҳ!
    Ҳамон тавре, ки дар масал гўянд….

  116. Сайидюнус,

    Чун қаблан инҷо худат дарбораи Зартушт ва Авесто суханоне беҷо зади, ман ҳам ин мақоларо овардам, то хонанда бифаҳмад, ки ойини Зартушт бо ончи ту мегуйи ва бовар дори дар бораи он, тафовут дорад.

    Дигар ин ки инчо чанд нафар аз тарафдоронат ман ва Табарро «оташпараст» гуфтанд, чун суханонашон нишон аз ноогахи медод. Манзури ман ин буд, ки онхо битавонанд огохии бештар пайдо кунанд.

    Севум, агар ба аввали баҳс баргарди, хохи дарёфт, ки ин бахс аз огоз ба сиёсат муртабит буд. Худат дар бораи хувияти милли ва пайванди он бо дин менавишти ва бар ман, ки гуфтам, дин бояд аз сахна дур бошад ва дар калби инсонхо макон кунад, ва хар кас ба хар дине, ки мехохад, бигаравад ва мардум тахаммул ва мадоро дошта бошанд, мухолифат карди ва гуфти, ки ин иштибох аст. Холо навштаи ин мубад сад дарсад бо он навиштахо иртибот дорад.

    Дигар: ин ки мегуйӣ на Муҳаммад ҳақ дорад дар сиёсат мудохила кунад ва на Зартушт, агар манзурат ин аст, ки сиёсат ва чомеъа бояд секулор ё дунявӣ бошад ва қавонини дини дар он эътибор надошта бошанд, пас дуруст мегӯйӣ!

  117. Истаравшании мухтарам,
    Шарху тавзеххои шумо аз осори Сино хакикатан оли хастанд. Хусусан дар тавзехи истидлоли Сино рочеъ ба пайгомбари, ки аз чихати эхтиёчи инсонхо ба конун онро баён мекунад, хеле ширин ва оли мебошанд. Ман худам ба унвони як Синошинос, дар атрофи хамин мавзуъ як маколае ба забони булгори навишта будам. Дар шарххои китобхои Сино, як шархе ба монанди ин шархи шумо пайдо накарда будам. Хатто Хаким Насируддин Туси хам хеле кам онро шарху тавзех додааст.
    Дар бораи ин бахсу мунозирахое ки шумо бо Табар ва Фаромарз менамоед, мехохам андешаи худамро баён кунам. Ман такрибан хаммаашро аз назар гузарондам. Катъи назар аз бахсхои шумо, ки хакикатан фоиданок хастанд, вале ба назар мерасад, ки шумо бехуда вакти тиллоии худро барои чавоб додан ба онхо мегузаронед. Агар як инсони бохирад номахои онхоро хонад, хеле хуб мефахмад, ки проблемаи онхо дар «хирад» ё «фалсафа» ё «Ибни Сино» нест. Онхо дар баъзе мавзуъхо суханони шуморо ё намефахманд ё аз нукта назари илми ба онхо нигох намекунанд. Медонед проблемаи онхо дар чист? Хонандаи номахояшон инро хуб мефахмад.
    Проблемаи онхо дар аввал ин аст, ки факат худашонро доно ва дигар хамаро нодон гумон мекунанд. Дар хакикат ба истилохи мантикихо дар як нодонии мураккаб гирифтор хастанд. Хакикатан ин гуфтаи шоир дар бораи онхо мебошад:
    Он кас ки надонад ва бидонад ки надонад,
    Лангон хараки хеш ба максад бирасонад.
    Он кас ки надонад ва надонад ки надонад,
    Дар чахли мураккаб абадуддахр бимонад.
    Баъд, проблемаи дуввуми онхо он аст, ки як назари бад ва ба гоят душманона ба арабхо доранд. Хатто агар ба дини ислом хамла мекунанд, ба хотири ин аст, ки ба дасти арабхо омадааст. Ин душмани ва адовати ба гоят шадид, сабаб мешавад, ки ба хеч як аз далелу бурхонхои шумо таваччух накунанд. Агар худи Пайгомбар Мухаммад омада муъчиза кунад хам ба у бовар хосил намекунанд.
    Ин душмани, худаш як навъ бемории равони аст. Инхо бояд на дар сари бахс, балки дар бемористон муолича шаванд. Бовар намоед, ки ман муболига намекунам.
    Шумо бинед магар инсоне ки акли солим дорад ин суханонро мезанад?
    ///Дар вокеъ, Мухаммад пас аз дидани бадани нимабарахнаи Зайнаб, ки дар макоми духтараш буд, гирифтори эхсосоти хайвонии шахвонй шуд ва писархондааш Зайд мачбур буд занашро талок дихад, то падархондааш ормоне дар дил надошта бошад///
    ///Холо метавонй ба шири шутурхуронату сусморхуронат то поёни умр таъзим кунй///
    ///Арабхо бачабозиро бо худ ба Эрон оварда онро ба нормаи ахлоки табдил додаанд///
    ///Чун ба Мухаммад ва паёми ахриманиаш иноят намекунанд. Хеч паёми мазхабие ба андозаи омузахои Куръон аблахона ва шайтонй нест///
    ///Куръон ба ростй Оёти Ахриманист ва чизе ба чуз шикаму зери шикам дар он наметавон ёфт, албатта, бо микдори зиёди хуну хунрезй///
    ///Парвардигор хам, ки шояд вакти сархори надошта бошад, барои халли масоили инсон ва барои рахнамоии у, ки хирадашро дигар аз даст додааст, якеро аз миёни инсонхо ба унвони паёмбар интисоб мекунад, то халифа ва сафир ва вазири у дар замин бошад///
    ///Аммо боз хам Худо ба иштибохи худ танхо замоне пай мебарад, ки тачруба мекунад. (Худо ҳам эмпирисист будааст!)///
    ///Ба ин далел аз миёни кавме ваҳшӣ ва дагал ва факир ва сахтчон ва пурру ва мустабидд раиси кабилаеро (фикр накунед колхозеро) ба паямбари мегуморад ва дасти онҳо ҳам шамшер медиҳад ва мефармояд, ки хар ки бо шумо нест ва ҳамбовари шумо нест, ба ҳар василаи мумкин генотсид кунед///
    ///Газолии гучастаку малъун///
    Ва садхо мисолхои дигар, ки ниёзе нест ба хамаи онхо ишора кунам.
    Магар гуяндагони ин хел суханонро метавон лоики бахсу мунозира кардан донист?
    Ин хел нигохи душманона ба як миллат хар касе ки бошад хакикатан бемории равони аст. Мисли Гитлери нажодпараст, ки нажодпарастияш чашмонашро кур сохта буданд ва ё мисли апартеитхо дар ЮАР.
    Барои хамин, ман барои шумо як пешниход дорам. Шумо ба сайти мо, ки одамони хакикатан бохирад ва аз тамоми чахон дар форумхои (фалсафии) мо иштирок мекунанд, аъзо шавед. Ман худам агар имконият буд шуморо расман даъват мекунам. Ман ният дорам файласуфхои точикро рузе дар як чо гирди хам чамъ кунам. Мо ба шумо ниёз дорем. Сино бояд имруз бештар барои аврупоихо ошно карда шавад. Сайти мо ин аст: http://www.philosophybulgaria.org/
    Истаравшании мухтарам, агар имконият дошта бошад номери телефонатонро бароям нависед, ман суханони хусуси бо шумо дорам. Адреси ман: kamolov@nextmail.ru
    Илтимос, вакти гаронкимати худро бо беморхои равони бехуда сарф накунед.
    Ба умеди пирузии аклу хирад бар куриву нобинои!
    Равшан Камолов

  118. Мухтарам иштирокчиён, агар максад факат бахси беасос бошад пас боз10 000 сол бахс кунед ЯГОН натиче намеояд.
    Зеро ин бахсхо аз даврони пайдиши ин динхо Аз даврони хазрати Нух(А) ва Иброхими халил
    байни тарафдорони ТАВХИД ва мухолифини он давом доранд.
    Пешниход дорам ба чаноби Мухиддини Кабири,ки олиму донишмандони харду чонибро дар маркази “Диалог”-ашон чамъ кунему , акъидахои хамдигарро дар ин боб бишнавем ва поосухи бисьёр саволхоямонро бигирем.
    Ман интизори чавобатон. kawsar_1973@YAHOO.COM

  119. Чи чои бахс мо сараввал точикем!!!
    Бехтар бахсхои судманде атрофи холати бухронии кишвар ва мардум биероед.
    Муваффак бошед!

  120. Ин олам дуньёи санчиш аст ва мо аввал ё мусалмонем, ё кофирем ё дигарем…чунки Миллат муваккатист! Сакхову массагетхо, сугдихову бохтарихо, хутталихову ва гайраву хоказо кучоанд? Дар паспорти ягон точикистони сабт аз чунин миллатхо холо хаст?
    Таърихи инсоният гувох аст ,ки ХЕЧГОХ аввал миллат нест, Аъкида , дин ,геополитика ва пас аз бисьёр чизи дигар … хеле пас кавму миллат .
    Чанги шахрвандиро дар Точикистон 1992-1997 ба ёд оред , ки бо ки чангид? Агар сараввал точик мебуданд магар якдигарро мекуштанд?

  121. Гурубу тулуъи Хуршед дар Куръон
    By tabaraxe

    Сураи Кахф, 86: «То (Зулкарнайн) ба махалли гуруби Хуршед расид ва ба назараш расид, ки Хуршед дар чашмаи гилолуди тираранге гуруб мекунад ва дар он чо кавмеро пайдо кард…»

    Кахф, 90: «То ба махалли тулуъи Хуршед расид, дид, ки Хуршед бар мардуме тулуъ мекунад, ки пушише гайр аз Хуршед барои онхо карор надода будем.»

    Дар ин ояхо хатохои илмии чиддие машхуд аст.

    Нахуст, ба таври илмй ин хакикат пазируфта шуда, ки гуруби Хуршед дар чашмаи гилолуд ё чашмаи пок сурат намегирад. Ду ин ки ин ояхо пешфарзи мусаттах ё соф будани Заминро матрах кардаанд, на гирд будани онро. Вагарна чи гуна метавон пиндошт, ки Замини гирд ва чарханда нуктаи нихоии Гарб ва Шарк дорад? Тулуъи Хуршед дар хар нуктаи Замин амалан шабехи хам аст, чи дар хушкй ва чи дар об. Дар хама чо ба назар меояд, ки Хуршед дар «дурихои дур» гуруб мекунад. Аммо Куръон мегуяд, Зулкарнайн ба ЧОЕ расид, ки Хуршед гуруб мекунад ва дар сафари дувумаш ба ЧОЕ расид, ки Хуршед тулуъ мекунад. Оё вокеъан бояд ба чои мушаххасе рафт, то тулуъу гуруби Хуршедро аз наздик мушохида кард? Магар Замин гирду чарханда нест?

  122. Қуръон овардааст:

    ////То ба махалли тулуъи Хуршед расид, дид, ки Хуршед бар мардуме тулуъ мекунад, ки пушише гайр аз Хуршед барои онхо карор надода будем/////

    Ин нишон медиҳад, ки пӯшиши ҳар миллатеро худи Худо таъйин карда будааст, аз ҷумла пӯшиши онҳоеро, ки дар маҳалли тулӯъи Хуршед мезистанд, эҳтимолан жопуниҳо.

    Пас маълум мешавад, ки ҳиҷоби исломӣ низ танҳо барои аъроб муқаррар шуда буд! Ҳа-ҳа-ҳа…!

  123. Қуръон овардааст(?):
    “дар чашмаи гилолуди тираранге гуруб мекунад”- неву / дурусташ Қуръон овардааст:
    “дар чашмаи гарму тираранге гуруб мекунад”
    أَيْ رَأَى الشَّمْس فِي مَنْظَره تَغْرُب فِي الْبَحْر الْمُحِيط
    (расидани хазрати Зул-Карнайн бар сохили Атлантика)
    Ачиб нест , ки касе нишасти офтобро дар бахр бинад , ба назараш чунин намояд. Чи чои хайрат???
    ***********************************
    Кахф, 90: «То ба махалли тулуъи Хуршед расид, дид, ки Хуршед бар мардуме тулуъ мекунад, ки пушише гайр аз Хуршед барои онхо карор надода будем.»
    дурусташ
    Кахф, 90: «То ба махалли тулуъи Хуршед расид, дид, ки Хуршед бар мардуме тулуъ мекунад, ки пушише (панохе яъне бино ё чатри сояафкан) аз Хуршед барои онхо карор надода будем.»
    Кавми вахшиён дар дашту сахрои бехонаву дарахт зиндаги мекардаст. На чои хандаву на чои хайрат. Вассалом.

    Бехтараш бигуед чаро Худованд бениёз бошад дар дини
    зардушти “оташпарасти” ба алоб ниёз дорад. Яке сузишвори тамом шавад,чи… Магар ин хандаовар нест???

  124. Кутайба менависад:

    ///////Бехтараш бигуед чаро Худованд бениёз бошад дар дини зардушти “оташпарасти” ба алоб ниёз дорад. Яке сузишвори тамом шавад,чи… Магар ин хандаовар нест???//////

    Дини ислом низ дар ибодат ба санг ниёз дорад, санге ки дар хонаи Каъба насб шудааст ва онро Ҳаҷаруласвад мегуянд. Каъбаро дарвоқеъ Хонаи Худо мегуянд ва дар даруни ин хона маълум аст, ки ҷуз он санги сиёҳ чизе нест (яъне Каъба хонаи ҳамон санги сиёҳ аст). Пас тибқи мантиқи шумо мусалмонон ба ҳамин санг саҷда мекунанд?

    Дар бораи оташ, оташ ҳама ҷо вуҷуд дорад, чи дар осмон, чи дар замин, чи дар таркиби ҳаво, чи дар хок, чи дар бод, ҷи дар чисми инсон, чонварони дигар ва ҳатт набот, ва ҳатто дар батни об ҳам оташ вуҷуд дорад.

    Бубин вақте раъду барк мешавад, оташе ки дар батни об аст аз ба ҳам хурдани ду абр худро зохир мекунад. Оташ яъне энержи аст, ки ҳама ҷойи ҷаҳон вуҷуд дорад, ҳатто дар батни плазмае, ки дар кайҳон ҳаст. Ситораҳо ҳама пораҳои бузурге аҳастанд ва маълум аст, ки бе офтоб ҷаҳон торик ва сард аст. Ин худ нишон медиҳад, ки инсон чигуна ҳама вақт ба оташ ниёзманд аст.

    Вақте оташ хомӯш шавад, зиндагӣ мурдааст!

  125. Дини ислом низ дар ибодат ба санг ниёз дорад, санге ки дар хонаи Каъба насб шудааст ва онро Ҳаҷаруласвад мегуянд.

    Санг факат меъроси таърихи – яъне «реликвия» мебошад , он сангро хеч мусалмон ибодат намекунад.

  126. Метавонӣ бигӯйӣ, ки мусалмонҳо мушаххасан ба кадом тараф саҷда мекунанд?

  127. Кутайба ибни Муслим,

    Равшанои дар кеши зартуштй ба масобаи пайванде миёни ниёшгар ва Худованд аст. Он метавонад оташ бошад ё Хуршеду Мох ё партаве дигар. Ба хеч руй онро наметавон бо Санги Сиёхи аъроб мукоиса кард, ки сангвор дар биёбони лухти Араб хобидааст ва мардум хамаруза панч ваъда ба самти он таъзим мекунанд. Дар вокеъ, онро мепарастанд.

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  128. Бар хилофи ин гуна сангпарастӣ, дар дини зартуштӣ мардум ба ҷониби оташ саҷда намекунанд, ба суйи оташ, нур, ё рушноӣ албатта рӯй меоранд вале, сар ба замин намезананд ва саҷда намекунанд.

    Яъне дар ойини зартуштӣ саҷда ё ибодат вуҷуд надорад. Ин мафҳум бо ин ойин комилан бегона аст. Дар ҳоле ки ибодат дар ислом батакрор омадааст ва робитаи миёни Худо ва инсон робитаи бандагӣ ва хоҷагӣ аст ва аз ин рӯ номҳои бештари онҳо бо «абд» (гулом) сар мешавд масалан абдуллох, абдулкарим, абдулкаҳор ва гайра…

    Аммо дар робитаи байни Аҳура Маздо ва инсон бандагӣ аслан матраҳ нест ва худо дуст ва ҳамкор ва ёри инсон маҳсуб мешавад.

    Ба ҳамин далел ин иддаъо, ки гӯё зартуштиҳо оташпараст бошанд, мардуд аст:

    1. Онҳо аслан ибодат надоранд ва ба касе ё чизе ибодат намекунанд.
    2. Онҳо ба оташ саҷда намекунанд ва ба он ибодат намекунанд.

    Агар вожаи форсии парастишро дар ойини зартуштӣ ба кор барем, пас ин парастиш ба маънии дуст доштан ва ситоиш кардан аст, ки дар он сурат зартуштиҳо тамомии офаридагонро парастиш мекунанд ва дар ҳифзу накудошти онҳо мекӯшанд.

  129. Хардуятон ё дар чазирахои вахшй зиндаги мекунед ё дируз аз мох ба замин афтидед? кист САНГпараст-???
    Фарзхои ибодати мусалмононро ва ё таърихи саннги сиёхи Каабаро (араб. الحجر الأسود‎‎ — ал-хаҷар ал-асвад) медонед , ки сафсатта нависи мекунед?

  130. Мулло Қутайба,

    Пас худат бигу таърихи санги сиёҳ ва ибодатро!

  131. Кутайба ибни Муслим,

    Ба хамон шевае, ки ту гузаштагони маро оташпараст медонй (ки галат кардй ва хазорон бори дигар галат кардй), ман хам туро як сангпарасте беш намедонам. Бо ин тафовут, ки зартуштиён харгиз ба оташ сачда накарданду намекунанд, аммо ту хамаруза ба санги сиёхат ибодат (яъне абдигарй, гуломй, бардагй) мекунй. Номи он кор САНГпарастй аст. Чи бихохй, чи нахохй.

  132. Дируз (яъне 9 март) як чавони шиму кастуму галстукдоре аз тарики канали 1-и ТВ Точикистон хамрохи як марди такрибан 45 сола дар бораи бузургии Имоми Аъзам Абуханифа хеле суханпардозй карданд. Номи он мардро нафахмидам (як кас гуфт, ки Давлати Рахмониён аст), лекин он чавон Муслихиддинчон унвон гардид. Одамхое, ки онхоро мешиносанд, илтимос ба онхо бирасонед, ки дар ин бахс иштирок кунанд. Албатта дар телевизион бе харифи мукобилфикр сухбат кардан осон аст ва чумлахои тумтароки арабиро катор кардану фазлфурушй кардан. Лекин агар онхо агар худро олиму донишманд гиранд, мархамат дар хамин бахс иштирок кунанд ва ба саволхои гуногун чавоб диханд.

  133. ба саволам посухе надодед ( чандум бор) , пас икрор шавед ки на аз мусалмони медонеду на аз ёдгорихои ислом.
    ( акалан сатхи донишатонро нишон медодед , ки дар каллаатон ягон чи бошад (на = 0.00 %) то ин мавзуъро давом дихем ).

  134. (Фаром и табар) чун кахрамонони «лахзахои гуворо» :
    -почему хлеб? зачем хлеб?
    гуфта , боз даъвои зиёд мекунанд

  135. И Кутайба бо ба уруси гзаштай ку?!

  136. Қутайба модараш араб ва падараш рус аст, зоҳиран… 🙂

  137. Barodaroni giromi,

    az farhangaton nishone namonda! Injo manzili mardumsitezi nest, dar bahs, ki ba shakhsiyat meguzared nishoni on ast, ki farosati insonie nadored.

    Samak

  138. ///Фаромарз, on March 10th, 2009 at 10:54 am Said:

    Қутайба модараш араб ва падараш рус аст, зоҳиран…///

    не баръакс Кутайба ибни Муслим, нишонаест ки падараш аъроби . Хайфи миллати ориёи бар точиконе ки номхои араби доранд.

  139. Кутайба ибни Муслим,

    Равшанои дар кеши зартуштй ба масобаи пайванде миёни ниёшгар ва Худованд аст. Он метавонад оташ бошад ё Хуршеду Мох ё партаве дигар. Ба хеч руй онро наметавон бо Санги Сиёхи аъроб мукоиса кард, ки сангвор дар биёбони лухти Араб хобидааст ва мардум хамаруза панч ваъда ба самти он таъзим мекунанд. Дар вокеъ, онро мепарастанд.

  140. Санги (ал-хаҷар ал-асвад) яке аз мукаддасотхои дини яккахудоист (санге аз Чаннат) ва ёдгориаст аз таърихи пайёбарон хазрати Одам(а),Иброхим(а), Исмоил(а) ва Мухаммад(с.а.с.) .
    Санг дар КУНЧИи шаркии Каъба аст, ва бар пеши самти факат 1/4 ибодатхо ки ба МАРКАЗИ Каъба нигаронида шудаанд чойгираст.Шояд барои бехабарон бинамояд ки сангро хам сачда мекунанд ,аммо худи сангро касе ибодат намекунад :
    -Замоне ки сангро ба суи Бахрайн дузида бурданд , мусалмонон дар ибодатхо ба он су руй нагардонданд-ку.
    Хатто хадисе аз Расули Акрам хаст,ки хукми ранчонидани дили як муъмин ,вазнинтар аз 700 маротиба вайрон кардани хонаи Каъба…
    …пас Санги сиёх , Каъба ва дигар (оташ,бод, об ) факат МАХЛУК хастанду на зиёд ва лоики парастиш нестанд! Мусалмонон ХОЛИК-ро, яъне Аллохро мепарастанд ва ибодаташон танхо барои уст.
    *******************************************
    Афсус аз дини ислом ахбороти кам ва хело нодуруст доштаи ва ингуна бахс бо ракиби заъиф намефорадам.
    Вале агар аз дини Зардушт хуб бидони пас як суоле дорам:
    -Зервана кист ва фарзандонаш кихоянд?

  141. Зервана (Зурвон) ва фарзандони он ба дини Зартушт ҳеч иртиботе надоранд.

    Устураи Зарвон, ки дар бораи замони бекарон аст, бахше аз устураҳои мардумии марбут ба зурвониҳост. Боварҳои зурвониҳо омезае аз омузаҳои зартуштӣ, устураҳои ориёии қадим, фалсафаҳои ҳиндию юнонӣ ва чинист.

    Зурвонисм шомили дини Зартушт намешавад, ҳарчанд аз он зиёд илҳом бардоштааст.

  142. Дар ин се вебсайт иттилоъоте дар бора зурвонисм ҳаст, масалан профессор Зеҳнер онро иртидод ё куфр (heresy) аз дидгоҳи дини Зартушт хондааст.

    http://www.farvardyn.com/zurvan.php

    http://en.wikipedia.org/wiki/Zurvanism

    http://www.cais-soas.com/CAIS/Religions/iranian/zurvanism.htm

  143. Самимона хохишмандам, ки бо истифода аз номи ман (Табар ё tabaraxe) назар нагузоред.

    Ва акнун решахои сангпарастй дар ислом:

    http://tabaraxe.wordpress.com/

  144. ЗОРОАСТРИЗМ (ПАРСИЗМ) – дуалистическая религия, сформировавшаяся на территории Древнего Ирана (Персии) – отсюда «парсизм» – в 7-6 вв. до н. э. на основе маздеизма. Главное в ЗОРОАСТРИЗМ. – учение о постоянной борьбе в мире двух противоположных начал: добра и зла, света и тьмы, жизни и смерти. Положительные начала олицетворяет светлое божество Ахура мазда, отрицательные – темное божество Анхра-Майнью – сыновья «Бесконечного времени» – бога Зэрвана.

    пас Ахриманро ки офарид???

  145. боз аз
    Литература
    Мифология древнего мира, -М.:Белфакс, 2002
    Мифы и легенды Древнего Востока, -М.:Норинт, 2002:

    Зерван, в древнеиранской мифологии верховный бог, воплощение времени и судьбы. Зерван мыслился как бесконечное время, существующее изначально. Согласно мифам, Зерван был двуполым божеством; долгие века он совершал жертвоприношения, вымаливая себе сына Ахурамазду, призванного сотворить мир. Поскольку Зерван до конца не верил в пользу жертвоприношений, от этих сомнений вместе с Ахурамаздой у него зародился и Ахриман, верховное божество зла. Бог времени дал обет даровать власть над миром тому из них, кто первым появится на свет. Ахурамазда предугадал мысли Зервана и поделился ими с Ахриманом, а тот, разорвав чрево отца-матери, родился преждевременно, причем назвал себя именем брата. Увидев это отвратительное существо и распознав его неудержимое стремление ко злу, Зерван отверг свое порождение. Однако когда родился прекрасный ликом Ахурамазда, бог вынужденно на 9000 лет уступил власть над миром Ахриману. По прошествии этого срока на земле должен был воцариться Ахурамазда и исправить все содеянное духом зла. Так ход борьбы добра и зла и все, что происходит в этом мире, владении «князя тьмы», в том числе и жизнь человека, предопределены Зерваном.

  146. Хамон гуна ки Фаромарз ба хубй тавзех дод, зарвонгарй ё зарвонизм бахше аз дини маздаясно нест, бо ин ки бар мабнои он ва дигар кешхои роич дар он даврон шакл гирифтааст. Ба монанди дини Монй, ки харчанд унсурхое аз маздаясно дар он хаст, аммо чузъе аз кеши зартуштй ба шумор намеояд.

    Бо мантики ланги Кутайба метавон дини бахоиро хам бахше аз ислом донист, бо ин ки мусалмонон бахоихоро кофар медонанд ва режимхои исломй онхоро мекушанду меронанд. Вале дини бахои бар мабнои ислом офарида шуд ва китоби он хам («Акдас») ба забони арабй аст, харчанд паёмбарашон шерозй буд. Оё акнун Кутайба ибни Муслим, ки дар нишонии дуругини и-мейлаш бо ифтихор худро «Араб» меномад, хозир аст, ки бахоихоро хам мусалмон бидонад?

  147. Бархе сайтҳои хуб дар бораи Дини Зартушт:

    http://www.zoroastrian.org/

    http://www.avesta.org/

    http://behdin.wordpress.com/

    http://www.blagoverie.org/

    http://www.vohuman.org/

  148. Инҷо сайт сайти хуб аст, ки иттилоъоти зиёде дар бораи дини Зартушт ва ойинҳои Эрони бостон дорад:

    http://www.zoroastrian.org/

    http://www.avesta.org/

    http://www.blagoverie.org/

    http://www.vohuman.org/

    http://behdin.wordpress.com/

  149. Barodaron,

    shumo hama fanatik hasted!

    Samak

  150. Э, Табари МайдонFариб, хамин тавр бошад ,раву динатро ОШКОРО парастидангир,аз ки метарси,
    ин чо арабистон неку? «Давлат -дуньявиай» ТВ ва матбуот дар дасти шумоай, дасти муллохода не.
    Ягон алтернатива дошта боши(ба чои Шариати ислом) ба мардумамон пешниход кун, агар кабул кунанд баъд синакуби куну .баъд аз худ бифахр…
    вале хайфи хаму «ориёит» – аз байни зартуштихо як Зиё Абдуллош -«мардак» будай, динаша ошкор кард-накуштанаш ку.
    Ё хамин тавр не??

  151. Ба Қутайба ибни Муслим:

    Ту ба дини дигарон аслан чи кор дорӣ? Ба Зиё Абдулло чи кор дори? Дини ҳар инсон дар дили ӯст ва ин ки ту ошкор мекуни ё намекуни, чи тафовуте дорад, вакте ки онро дар дил на/дошта боши?

    Салла бастану панч вакт намоз гузоштану хачч рафтан ва…. оё хамин чизхост, ки туро мусалмон мекунад?

  152. Чи хел будаст гапи дурушт? Туро ки намефора касе ба дини оташпарастиат кордор бошад – чаро худ ба ислом тухмату бухтонхо мекуни?
    Сабабаш чист?
    Хаму панч вакт намоз дар дилат зурат омадай ?
    ё аз ошкор пайрави кардани динат шарм медори?
    Ва дин дар дил нест,аслан дил (калб) чои ИМОН аст на дин. Дин -таълимот ва дониш аст ва чойаш дар акли инсон.
    Баъдан биё мон хаму гапи чинояткори нопокро: «дили ман софу..,дин дар дил».. сифати дилро аз чехра ва амалхои инсон фахмидан мумкин аст. Агар дил хурсанд – шоди мекунад, дил гамгин – ашк мерезад…
    Факат аз кузаи холи чизе намерезад.

  153. Кутайба ибни Муслим,

    Кй ба туи араб хак додааст, ки дар бораи дини дигарон изхори назар кунй? Лутфан ба хамон Санги Сиёхат ру овар ва саратро панч ваъда дар руз ба замин бизану бизану бизану бизану бизан, шояд рузе рузгоре одам шавй. Дар холи хозир чизе нестй, балки як сангпарасти асрхои миёна. Аслан чи касе ин чо гуфтааст, ки зартуштй хаст ё нест? Пешдоварии ту аз шеваи арабон аст, эй ноточике, ки бо ифтихор дар нишонии и-мейлаш худро «Араб» меномад. Бароят як метр таноб карз медихам. Бирав ва худатро биовез. Худо туро бибахшояд.

  154. ////Фаромарз, on March 12th, 2009 at 4:52 pm Said:
    Ба Қутайба ибни Муслим:
    Ту ба дини дигарон аслан чи кор дорӣ? ////
    ////tabaraxe, on March 13th, 2009 at 11:51 pm Said:
    Кутайба ибни Муслим,
    Кй ба туи араб хак додааст, ки дар бораи дини дигарон изхори назар кунй?///

    Ба ин ду «мусичахои бегунох»:
    Шояд ин суолхоро аввал аз худ бипурсед? .

  155. аввал бояд ОДАМИ шоистаи ДАВРОН бошем ,баъд хар киву хар чи

  156. Ислом дар ибтидо дини ХАК буд … баъд бозичаи дасти зимомдорони давр шуд рах гум зад ва мардумро низ ба гумрохи бурд. мисли салафиёну вахобиёну толибону…..баъзе аз мутаассибони чохили даврони мо….

  157. Ба онҳое, ки аҳмақона иддаъо мекунанд, ки эрониён Исломро дар оғуш гирифтанд, бихонед:

    Ин намунае аз ҷиноёти ҷангии арабони мусалмон дар замони ҳамлаи ғоратгарона ба Эрон ва қатли омҳое (генотсид), ки карданд:

    «Абумӯсо вақте ба Исфаҳон расид, мусалмонӣ бар мардум арза кард. Напазируфтанд, аз онҳо ҷизя хост, қабул карданд ва шаб сулҳ уфтод, аммо чун рӯз фароз омад, ғадр ошкор карданд ва бо мусалмонон ба ҷанг бархостанд, то Абӯмӯсо бо онҳо ҷанг кард. Ва ин хабарро дар боби аҳли Қум низ овардаанд.

    Дар солҳои 28 ва 30 ҳиҷрӣ тозиён ду дафъа маҷбур шуданд Истахрро фатҳ кунанд. Дар дафъаи дувум муқовимати мардум чандон бо рашодат ва густохӣ мақрун буд, ки фотеҳи арабро аз хашму кина девона кард. Навиштаанд, ки чун Абдуллоҳ бин Омир, фотеҳи мазбур, аз паймон шикастани мардуми Истахр огоҳ шуд ва донист, ки мардум бар зидди арабон ба шӯриш бархостаанд ва омили вайро куштаанд, «савганд хӯрд, ки чандон бикушад аз мардуми Истахр, ки хун биронад. Ба Истахр омад ва ба ванг биситад… ва хуни ҳамагон мубоҳ гардонид ва чандон, ки мекуштанд, хун намерафт, то оби гарм бар хун мерехтанд. Пас бирафт ва адади кушташудагон, ки номбурдор буданд, чиҳил ҳазор кушта буд, берун аз маҷҳулон. («Форснома»-и Ибни Балхӣ) Муқовиматҳои мардуми диловари Эрон бо чунин қасоват ва ҷинояте дарҳам шикаста мешуд… (Абдулҳусайни Зарринкӯб. «Ду қарни сукут», саҳ. 85)

  158. Дар таърихи футуҳи ислом дар Эрон мукаррар ба ин гуна саҳнаҳо метавон бархӯрд. Дар соли сиюми ҳиҷрӣ, мардуми Хуросон, ки қабули ислом карда буданд, муртад шуданд (яъне аз ислом баргаштанд) ва Усмон, халифаи мусалмонон, Абдуллоҳ бин Омир ва Саъид бинни Осро фармон дод, ки ононро саркӯбӣ намояд ва барои дувум бор арабон маҷбур шуданд Гургон ва Табаристон ва Тамишаро фатҳ кунанд. (Маҷмаъ-ут-таворих ва-л-Қисас, с. 283) Баргирифта аз Абдулҳусайни Зарринкӯб. “Ду қарни сукут”, саҳ. 86

  159. Ба Фаромарз:
    Модоме, ки Фирдавсӣ ва Синоро кофир ҳукм мекунӣ ба он иддао, ки онҳо ақлгаро будаанд, пас ту бе ақлӣ? Яъне Худованд туро аз беҳтарини неъматаш, ки ақл аст, маҳрум кардааст?
    Дигар ин ки касе ба ҷуз Худованд наметавонад касеро ба кофирӣ маҳкум созад. Ё тасмим гирифтаи ба ҷои Худованд пеш аз растохез доварӣ кунӣ? Ин воқеан камоли беақлии туро баён месозад.
    Солисан, «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург (дуруд бар равони покаш), на танҳо бо китоби Худо рақобат накардааст, балки дар аксарияти абёташ ситоиш аз Парвардигор ва расули Ӯ (с) намудааст. Ин ҷо аз шарҳи бештар худдорӣ мекунам, аммо агар «Шоҳнома»-ро хонда бошӣ, пас аз рӯи имону виҷдону инсофат (агар дошта бошӣ) бигӯ, ки ҷунин абармардро кофар гуфтан ҷоиз аст.
    Ё ту ки дар илм ба қадри як тори муи Сино хизмат накардаи ба кадом ҳол ба ин осонӣ ӯро кофар эълон мекунӣ?
    Худат, ки дар баёни аъмоли инсоният худро бо Худо ба рақобат андохтании пас ту кӣ ҳастӣ: кофар, ё мусалмон???

  160. шучоати Гоирхон

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: