Пешниҳоди Иттифоқи заргӯшпарварони Тоҷикистон

raqsirahmonИмрӯз дар ҳаёти миллати тоҷик як ҳодисаи таърихӣ ва фаромӯшнопазир ба амал омад. 16 феврали соли 2009-ро наслҳои оянда бо шаъну шукӯҳ ва ифтихори бузург ҷашн хоҳанд гирифт. Ҳамчунин имрӯз дар ҳаёти фарзанди деҳқон, собиқ директори совхоз низ ҳодисаи фаромӯшношуданӣ рӯй дод. Эмомалӣ Раҳмон ба орзуи бистсолаи худ расид ва бо як овоз раиси Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз ин ба баъд ҳар як пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон ба монанди роҳсозии бинокорони чинӣ ва нақбкании кӯҳканҳои эронӣ хидмати шахсии ҷаноби олӣ дониста хоҳад шуд. Садҳо варзишкор орзу доранд, ки номи ин ҷаноб ба рушди варзиш дар кишвар мадад кунад ва ба ҷалби сармояҳои зиёд дар ин кори хайр роҳ бикшояд. Худо кунад, хазинаи Кумитаи Миллии Олимпй мисли хазинаи давлати Тоҷикистон дар зери ҳимоят ва дидбонии ҷаноби олӣ аз ҳама гуна дуздию найранг эмин бошад. Хоҳиш мекунем, нағмаву нуғумоти Талкову Лондон ва гумшавии пулҳо аз Бонки Миллии Тоҷикистон дар ин кумита сар назанад.

Ба норозиёне, ки мегӯянд, ҷаноби Раҳмон бидуни олтернатив ба ин мақом интихоб шуд, ёдрас мешавем, ки магар мақоми раиси ҷумҳурро эшон бо олтернатив ба даст оварда буд, ки ин ҷо чунин бикунад? Ва ба норозиёне, ки мегӯянд, ҷаноби олӣ варзишгар несту набудааст, биноан чигуна метавонад, раиси варзишгарон бошад, инро мерасонем, ки магар ӯ сиёсатмадор буд, ки раисиҷумҳур шуд, магар иқтисоддон буд, ки сардори давлат гашт? Наход шумо фикр мекунед, ки агар номзадҳои дигар ҳам мебуд, ба ин мақом интихоб шудани Э. Раҳмон мушкил мегашт?

Магар Раҳмон набуд, ки шуморо дар зимистони сард ба варзиш ва давидан даъват кард, то аз хунукй намуред? Оё ақли касе, ки варзишгар набошад, ба чунин ташаббуси зиракона мерасад?

 Ба тамоми миллати шарифи Тоҷикистон ва шарифовичҳои Тоҷикистон мерасонем, ки агар ин қадар муштоқи интихоботанд, омода шаванд, ҷаноби Раҳмон акнун билоахира ҷойгоҳи асили худро беолтернатива бошад ҳам, пайдо кард.  Азбаски барояш мансабе дӯстдоштанист, ки лақаби “перзидент”-ро дошта бошад, баъд аз ишғоли курсии Перзиденти Кумитаи олимпӣ омодааст, аз курсии президенти Тоҷикистон даст кашад. Аммо ҷаноби Э. як шарте гузоштааст, ки мӯҳлати перзидентии Кумитаи Олимпй барояш то соли 2055-ум мӯҳру васиқа шавад.

Варзишгарони кишвар ба қабули ин шарт омодаанд, вале агар мушкиле пеш омад, Иттифоқи заргӯшпарварони Тоҷикистон, Кумитаи занбӯриасалпарварон, Ҷомеаи чорводории кишвар ва Иттиҳоди мӯҳрагузаронҳои ба номи Ҷамшед Сиёев низ омодаанд, курсиҳои перзидентҳои худро барои ҷаноби олӣ бидуни ҳеҷ гуна олтернатив ва маҳдудияти замонӣ пешкаш кунанд. Роҳи сафед, фарзанди миллат!

5 Responses

  1. haha

  2. Итиходяи хочатхонхои точикистон хам номзадии ЧОро ба мансаби президенти итиходия пешбари мекнад ва ядилона тврафдори мекунвд.Ура!

  3. Soyad dar Tojikistan Ittihodi parvarishgaroni chorvoi kalomi shokhdar boshad? Yo Ittihodi Parasitologho?
    🙂

  4. Hej kas dark nakardast.Janobi oli az vazifashon ohista ohista dast kashidaistodaand baroi hamin vazifai nav giriftand.
    Vazifai nav sabuk va osontar ast…

  5. Сафо хабари такдирсоз фиристодааст. Агар ЭШ ин пешниходро кабул кунад, хатман акалан дар пойтахти Точиикистон шахри (кишлоки) Душанбе хатман хочатхонахо (шарт нест ки замонави бошанд) пайдо мешаванд. Ва ин ба фоидаи миллат хохад шуд. Мо тарафдор. Шумо чи?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: