Тоҷикистони ба номи Салоҳиддин Азизов

barodarАммо ин ҷустор дар бораи Тоҷикистон нест. Дар бораи Лаҳистон аст. Парлумони ин кишвар бо ишора ба хабари он ки сари як шаҳрванди Полша дар Покистон бурида шудааст, сафари ҳайати Сенои Покистонро ба Лаҳистон лағв кард.

Раиси парлумони Лаҳистон Богдан Борусевич гуфт, лағви сафари серӯзаи як гурӯҳ аз қонунгузорони Покистон таҳти раҳбарии раиси Сено Муҳаммадимиён Сумру як амали хасмона нест, балки дар робита ба қатли ваҳшиёнаи муҳандиси лаҳистонӣ дар Покистон фурсате муносиб барои чунин сафар намебошад.

Расонаҳои Покистон як навори видюро нашр карданд, ки дар он тундравони покистонӣ ҳукми қатли муҳандис Пиотр Станчакро қироат карда ва сари ӯро аз тан ҷудо намудаанд. Стaнчак дар як ширкати нафту гази Покистон кор мекард ва барои таҳқиқи манобеъи ин мавод ба манотиқи ин кишвар сафар карда буд.

Вазорати умури хориҷии Лаҳистон қатли Станчакро ба шадидтарин лаҳн маҳкум кард ва аз мақомоти Покистон шиносоӣ ва муҷозоти сарбуронро талаб намуд. Дар изҳороти ин вазорат гуфта мешавад, тундравони одамкуш аз ҳимояти баъзе мансабдорони давлати Покистон бархӯрдоранд.

Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качински ва сарвазири ин кишвар Доналд Туск дар расонаҳои ин кишвар нороҳатии худро баён доштанд ва аз ҳалокати Станчак ба аҳли хонаводаи ӯ изҳори таслият карданд.

11 Responses

  1. Tojikoni imruza ravandi millishaviro az nav az sar guzaronida istodaand. Zero tajriba nadoshtand dar in korho. Dar tarikh nomi Tojikonro asosan Samarkandiho va Bukhoroiho himoya mekardand va mantaliteti boloi milli ham doshtand. Lekin bo in hukumati imruza ki Tojik dar Vatan kadr nadorad dar khorija niz diplomatiya durust burda nametavonad. Oyandaash ba khair boshad http://www.tojvar.wordpress.com

  2. Бародари хамватан, Рустам! Ба номи Шумо маводи чихати нашр дар Андеша фиристода будам, аз он ки на чавоб расид, на он нашр шуд, фикр кардам куттии мактубхотон лабрезу пур буд, ки номаи мо нарасид ба Шумо. Аз ин ру, онро дар ин гуша гузоштам, то як бор мавриди таваччухи Шумо, бародари арчманд карор гирад. Бо эхтироми самими,
    С.Самиев,
    Точикистон.

    Махсус барои Андеша

    БА ПУСТИНИ РАХМОН КАЙК ДАРОМАД

    Собик Вазири умури дохилаи кишвар Махмадназар Солехов, ки дар оянда орзуи курсии Президенти феълии Точикистонро намуда буд, ба хабси хонаги махкум шудааст

    Вазъ дар Точикистон мисли деги дар чушро мемонад. Дар холе, ки Эмомали Рахмон- Раиси чумхури Точикистон сафари кишвархои сохили Болтик ва Аврупо дошт, дар Ватан сиёсатмадорон каме дар кам овоз баланд карданд. Баъди изхороти Хочи Акбари Турачонзода- пешвои вокеии мусалмонони кишвар оиди муносиботи Точикистон бо Руссия ва фуруши корхонаи алюминии ТАЛКО ба ин абаркудрат, ахиран Махмадназар Солехов, собик вазири умури дохилаи кишвар низ дар бобати бухрони сиёсати хоричии Хукумати Точикистон изхори назар намуда, нозу нузи Рахмонро дар мукобили Русия ва Узбакистон нобарор номидааст. Дар ин маврид сомонаи http://www.tajmigrant.com матолиберо тахти унвони “КРОТ МАХМАДНАЗАР САЛИХОВ:”ДЕМАРШ РАХМОНА БЫЛ ОШИБОЧНЫМ” ба табъ расонда, ки дар он руйирост хохиши курсии Рахмонро орзу кардани собик вазири корхои дохилиаш зикр ёфтааст. Аммо, сарчашмае аз идораи Раёсати Чумхури Точикистон гуфт, ки ин хабар боиси кахру хашму Чаноби Оли шудааст. Хануз чанд муддат пештар Махмадназар Солехов аз руйи анъанае, ки хатто “агар узви хукумат аз кор равад хам, пеш аз сафар ба берун аз марзи кишвар бояд ичозаи чаноби Олиро бигирад”, ба Амиршохи Мирали- рохбари Дастгохи Раиси чумхур мурочиат намуда, дархостааст, ки ба у ичозат бидиханд то барои табобат ба Россия ва ё Аврупо равад. Аммо, хануз чавоби мусбии ин дархост нарасида, Рахмон супориш додааст, ки то бозгашти у аз сафари Аврупо ба Солехов ичозаи сафар надиханд. Баробари бозгашт Раиси чумхур дастур додааст, ки Махмадназар Салиховро ба хабси хонаги махкум кунанд. Ин сарчашма хамзамон гуфт, ки сабаби аз вазифаи вазири дохила барканор кардани Салихов ва хамрохони наздики у аз дигар вазифахои баланди сохахои кудратии кишвар, аз чумла Махмадалии Шафоат- аз сардории ситоди ВУД Точикистон дар он буда, ки Рахмон аз хостахи сиёсии Салихов барвакттар огохи дошта, пайти муносиб мекофт. Изхороти ахири Салихов боиси хашму газаби Рахмон шудааст.
    Чуноне дар урфият мегуянд, ба пустини Рахмон кайк чой шуд, у дигар бетокат шудааст. Саросемавор харчи бар сараш ояд, мекунад. Ачаб не, ки такдири Ёкуби Салим, Гаффори Мирзо ва даххо дигар хамсафонашон, ба сари Махмадназар Салихов ояд. Ба гайр аз ин, бар зидди Салихов маводи компромотии зиёд дар робита ба коррупсия, порахуриву вазифафуруши у, ходисахи ханузам “торики” куштори Захарченко дар Гарм ва дигар навохии чумхури гирд омадааст ва худи наздикони собик вазир уро “мефурушанд”. Ин хаводис ба манфиати ки ва чигуна тамом хохад шуд, касе намедонад. Аммо, холдонхо мегуянд, ки Салихов низ, бо ибораи худи атрофиёни Рахмон “подарка” нест. Рахмон бошад, дар нисбати “чойталабхояш” хеле ва хеле берахм аст. “Вакт нишон хохад дод”- ибораи хубест.

    Самиев С.М.,
    собик корманди ВУД Точикистон,
    номзади илми хукук, ш. Вахдат.

  3. Ба назари банда, касоне бо хар рох мехоханд дар интернет маводе пахн кунанд, ки байни Рахмон ва Солехов зиддият шудааст. Ин касон мехоханд, обро лой кунанд ва фикр мекунанд, халки точик аз афсонаи зиддиятхои Рахмон ва Убайдуллоев хаста шуда, дигар ба онхо бовар надорад, бояд афсонахои наве ба гуши ин мардум хонд.

    Хамаашонро бояд барканор кард, ин кабила неку бад надорад, хама як хел аст ва ба гайр аз манфиати худ чизи дигареро ба гушаи хаёлаш хам рох намедихад.

  4. Бародар Самиев,

    Номаи Шумо дастрас нашудааст.

    Самандари азиз, аммо хакикаташ ин аст, ки Рахмон Солеховро аз макомаш махрум кард. Ин магар чиддй нест?

    Бо дуруд ба хамагон.

  5. Чаро акси бародари шодравон Салохиддинро гузоштед?

  6. Барои он ки ин касест, ки хануз зинда аст ва бояд бародари худро фаромуш накунад ва хамаи зиндагон низ Салихиддинро аз ёд набароранд.

  7. Бародари арчманд, Рустам!
    Номае, ки ман дар назар дорам, ба нишонии rsubhoni@yahoo.com ирсол шуда буд. Онро дар гушаи comments (Самиев С.М., on February 15th, 2009 at 10:25 am Said: ) гузоштем. Агар имкон бошад, онро дар бахши маколахои Андеша нашр намоед.
    Бародар Самандар шояд хуб донанд, ки ин мушкили сиёси вокеан хам дар Душанбе ба вукуъ пайвастааст ва нафарони зиёд аз он огоханд. Хадафи асоси нишон додани бухрони амик дар дохили хукумати Рахмон аст. Дигар максаде нест.
    Каблан миннатдорам.

  8. Иззатбеки азиз,

    Шумо як дафъа ба акси бародари Салохиддин нигаред. Вай метавонад, пешвои як харакати мардумии химоят аз хукуки мухочирон бошад.

    Дар тамоми дунё дар чунин мавридхо хешу наздикони чабркашидагону ситамдидагон ба хотири рухи поки наздикони худ кумита ва созмонхо ташкил мекунанд ва ворид ба фаъолиятхои сиёсй мешаванд, то сарнавишти бад ба сари диагрон наояд.

    Бо нашри акси ин чавони кавиирода ман орзуи худро дар ин бобат баён кардам. Умедваорам, ин паём ба вай ва дигарон расида бошад.

    Ба умеди рузхои нек!

  9. Дуруд бар ХамАндешони гироми !!!
    Дар хакикат мешавад аз бародари шодравон Салохиддин Азизов як пешво сохт ва уро дастгири кард. Ман тарфдорам…
    ба кавли Бародар Точвар сарбаланд бошем….

  10. Маълум мешавад, ки бародар Самиев С.М. хак буда…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: