Давлате, ки кайҳо суқут кардааст…

tiflakАгар номи кишварамонро дар Гугл кофтуков кунед, имрӯзҳо чандин шакли як ҷумларо меёбед: «Тоҷикистон рӯ ба суқут дорад». Созмони Ҷаҳонии Бӯҳроншиносон пас аз таҳқиқи вазъи кишвар ба чунин хулоса омадааст. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми корро кард, ки дар кишвар ва махсусан дар атрофи курсии ӯ сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шавад. Вай ҳамаи онҳоро, ки ба ин курсӣ каж менигаристанд ё ба кунҷи зиндон андохт ё аз мамлакат берун ронд. Аҳзоби сиёсиро ба  ҷорчиёне табдил дод, ки ҳар сари чанд вақт садо баланд кунанду дуди дил бароранд ва боз ба думболи ризқу рӯзӣ бидаванд. Аъзои ҳукуматашро ба майдабачаҳои сари бозор мубаддал кард, ки агар метавонанд, кисаеро бибуранд, дигар кор ба касе надошта бошанд.

ЯЪНЕ ХАТАРИ ҲАМА ГУНА СУҚУТИ СИЁСИИ ДАВЛАТРО АЗ БАЙН БАРДОШТ, ҲАРЧАНД БАРОИ ИН АКСАРАН ҲАДАФИ ТАНҚИД АЗ ЛИҲОЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА НАБУДИ ПЛЮРАЛИЗМИ СИЁСЙ ҚАРОР МЕГИРАД.

Аммо ин суқут на аз самти сиёсат, балки аз иқтисодиёт хоҳад омад. Раҳмон дар тамоми давраи раҳбарияш ҳеҷ коре барои пешгирй аз суқути иқтисодй накард. Баракс ба фасоду ришват роҳи васеъ кушод ва саноату тавлидро ба хок гӯронид. Чандин соли охир мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби 2 миллиард долларе зиндагй мекунад, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристанд. Акнун ин даромад тамом шуд. Созмони Ҷаҳонии Бӯҳроншиносон мегӯяд, албатта, як манбаъи дигар ҳам буд, ки аз мадади кишварҳо ва ёрии башардӯстонаи созмонҳои байнулмилалӣ иборат аст. Вале аз оғоз бахши ниҳоят ками он ба мардум мерасид ва қисми асосияш аз роҳи фасод ба кисаи мансабдорон мерафт.

ФАСОД ВА КОРРУПСИЯ РЕШАҲОИ РЕЖИМИ КУНУНИРО ХУШКОНД ВА ОНРО МАВРИДИ ТАНАФФУРИ МАРДУМ ҚАРОР ДОД. ФАСОД ҲАТТО АЪЗОИ ОИЛАИ РАҲМОНРО ФУРӮ БУРД ВА БӮҲРОНШИНОСОНИ ҶАҲОНӢ 9 ФАРЗАНДИ РАҲМОНРО ЯК БАДБАХТИИ ОЯНДАИ МИЛЛӢ МЕШУМОРАНД.

Низоми фосид одамони фосидро ба мансабҳои давлатӣ мешинонад ва садоқати атрофиёни Раҳмон ба ӯ садоқати дӯстони нонист. Муҳаббати ӯ ба «кадрҳояш» на аз рӯи хидмати онҳо ба давлат ва ватан, балки аз рӯи ҳадияҳои чандмиллиондолларй шакл мегирад ва ба андозаи ин ҳадияҳо зиёду кам мешавад. Дар ин гузориш гуфта мешавад, давлати тоҷикон аз як кас — аз Раҳмон иборат шудааст. Агар ӯ тоб биёварад, давлат ҳаст, агар ӯ биафтад, давлат ҳам фурӯ меафтад. Директори совхоз, ки бо тасодуф ба сари ҳокимият омад, давлатдориро бозича фаҳмид ва як мамлакатро акнун ба нобудй мебарад.

Шояд мегӯед, набояд ба чунин хулосаҳои як созмони хориҷй бовар кард? Зеро, мегӯед, онҳо бо ҳадафҳои махсус ин гузоришҳоро мунташир мекунанд? Аммо ман ба онҳо бовар мекунам, зеро он чизе ки дар ватан мебинам, айнан ҳамин аст, ки ин олимони бӯҳроншинос мегӯянд. Агар онҳо мақсади бад медоштанд, як қатор пешниҳоду тавсияҳо намекарданд ва ҳушдор намедоданд, ки дар пеши роҳи мо чоҳ аст.

БОЯД ТАҚСИМ ВА ТАВЗЕЪИ КӮМАКҲОИ БЕРУНА БА ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ НАЗОРАТИ ШАДИД ГИРИФТА ШУДА, ДАР ИН НАЗОРАТ НИҲОДҲОИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ НАҚШИ АСОСӢ ДОШТА БОШАНД ВА ИМДОД БОЯД БА АФРОД ВА НУҚОТИ ЗАРУРӢ РАСОНДА ШАВАД.

Яъне ба ҳукумати Тоҷикистон дар ин боб низ дигар касе эътимод намекунад. Баъдаш, онҳое ки инро менависанд, маълумотеро медонанд, ки мову шумо намедонем. Масалан, касе дар Тоҷикистон боре ҳам аз ҷанҷоли гум шудани 310 миллион доллар дар Бонки Миллии Тоҷикистон ҳарфе зада буд? Чӣ тавр Муродалӣ Алимардон тавонист, аз ин моҷаро хушк барояд ва ба мақоми баландтар равад ва чаро ин гуна шуд? Медонед, ки ба сохтмони Қасри миллат 700 миллион доллар сарф шуд ва ба соҳаи тандурустй ҳамагй 75 миллион?

Мо аз кушта шудани муҳоҷиронамон дар Русия барои он эътироз мекунем, ки ин ба нанги миллии мо зарба мезанад. Аммо солона дар ватан чӣ қадар одам худкушӣ мекунад? Ё ки солона дар ватан аз 170 ҳазор тифли тоҷик наздик ба 14 000 (!) навзод яксола нашуда мемирад ва 16700 тифли дигар ба синни панҷсолагӣ намераванд? Билохира ҳамон муҳоҷирон ҳам аз дасти кӣ ба Русия рафта кушта мешаванд? Ин магар аломати он нест, ки ҳукумати Раҳмон бар зидди миллати тоҷик меҷангад ва ин теъдод аз тоҷиконро мекушад? Он на танҳо имрӯзи мо, балки фардо ва ояндаи моро мекушад.

ПАС ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР РОҲ БА СӮИ СУҚУТ АСТ ВА Ё ҲАМЧУН ДАВЛАТ КАЙҲО СУҚУТ КАРДААСТУ МО ИНРО НАМЕБИНЕМ?

12 Responses

  1. Gufti hamu ruso ki za derzhavu zhalko 😦

  2. ПАС ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР РОҲ БА СӮИ СУҚУТ АСТ ВА Ё ҲАМЧУН ДАВЛАТ КАЙҲО СУҚУТ КАРДААСТУ МО ИНРО НАМЕБИНЕМ?

    Вокеан, кайхо боз хамин хел аст. Бале, мо инро намебинем, чунки курем. Дурусттараш аксарамон кури аъмо хастанд. Онхоро нури дурахшони Эмомалй Рахмонов кур кардааст.

  3. Ох,худоё моро аз Рахмон ба рахмонии худ бирахон,сабру тавоне намонд!

  4. худованд нигах дорад вале точикистонро такдири афгонистони хамсоя мунтазир аст. ин кор албатта на ба дасти мардуми точик балки ба дасти касоне бармеояд ки рахмонро ба сари кудрат овардаанд. акнун худашон аз ин даст безор шудаанд. окои рахмон шумо бояд хатман коре кунед вагарна боз хуни хазорон шахид дар гардани шумо хохад буд.

  5. Дар Ватан чанчоли сиёсии миёни Рахмон ва вазири собикаш Махмадназар Салихов сар шудааст. Окибати ин кашмакаш ду рох аст: ё инкилобе сар мезанад ва ё Салихов дар пахлуи Ёкубу Гаффор хучра мегирад…

  6. Бародари Нотарс,

    Фаромуш накунем, ки Солехов Махмадназар писархолаи Эмомалй Рахмон аст ва хамеша ба у хидмат кардааст. Агар сару садое хаст бо ин максад аст, ки Рахмон барояш вазифаи дигаре бидихад.

  7. Бародар Сухроб,

    Дар он, ки мо кур хастему намебинем, гумон мекунам хатост. Мо хамаро мебинем, ва хуб дарк мекунем. Вале афсус, ки мефахмему чорае дида наметавонем.

    Дар мавриди гум шудани 310 млн доллар дар Бонки Миллии Точикистон ва ба макоми баландтар рафтани Муродали Алимардон кас ба хайрат меояд. Чунин аст дар мо риояи конуни сазодихи.

    Хар вакте мачлисхои чаноб ба навор нишон дода мешаванд, боре ёд надорам, ки мансабдорони фасод гайр аз ба макоми баланд рафтан ё аз баланд ба паст рафтан ба зиндон рафта бошанд. Бовари дорам агар рахмон якеи онхоро ба зиндон шинонад, чунин амалхои фасоди иншооллох аз байн хохад рафт ва давлати Точикистон ру ба инкишоф таракки ёфт. Вагарна, худо медонад давоми дувоздахсоли дигари мондани у дар сари давлат холи мардуми точик чи мешавад.

  8. Бародар Рустам,

    Созмонхои хоричи кайхо боз ба давлатдории мо даст боло кардаанд. Ба гумонам то рахмон худ чорае наандешад, чонканихои онхо фоидае надорад.

    Хануз, дируз пеш бо яке аз корманди ташкилоти байналмиллалии САХА (ОБСЕ) дар Аврупо Профессор Оскар Л. хамсухбат будем. Он кас шикояти бисёре доштанд аз Точикистон, ки баъдан як хазле гуфтанд дар мавриди гузариши интихобот дар Точикистон, ки ин аст:

    Муйсафеде дар рафти интихобот ру ба руи урна нишаста уро посбони мекард. Ба у пурсиданд, “Чи инчо нишастаи?” Муйсафед посух дод “Хамин урна бисёр сехрнок аст. Баъди партофтани номзадхои интихобшуда дар он, бюлитенхо номзадии дигареро мегиранд.”

    Чунин хазлхо доранд созмонхои хоричи. Аз дасташон дигар чи ояд. Дар мо на ин ки “демократия” балки “монорхатия” вучуд дорад.

  9. Шумо ба Сухроб навиштаед, ки: «Бовари дорам агар рахмон якеи онхоро ба зиндон шинонад, чунин амалхои фасоди иншооллох аз байн хохад рафт ва давлати Точикистон ру ба инкишоф таракки ёфт. Вагарна, худо медонад давоми дувоздахсоли дигари мондани у дар сари давлат холи мардуми точик чи мешавад.»
    Ин чо чунин ба назар мерасад. ки Шумо аз Э. Рахмон пуштибонй мекунед, яъне гуё вай гунахгор несту танхо ин вазиронанд, ки уро «подводит» мекунанд. Вале ба фикри ман гунахгори асосй худи Эмомалй Рахмон аст ва пеш-пеш худаш бояд ба зиндон равад. Як худи 1000 км2 замини Точикистони камзаминро ба Хитой доданаш (албатта бепул не) худ 25 сол зиндон аст (агар «вишка» набошад). Дигар ин ки 17 сол боз кудратро гасп карданаш худ бо Конститутсияи Точикистон рост намегирад, ки чинояти аз хама вазнинтарин аст ин гасби хокимият. Ва ба он 25 сол боз 25 солро хамрох кунед, мешавад 50 сол. %0 сол дар зиндон (вокеан, ин ракам рекорди Сангакро мезанад).
    Аз хама асосиаш, чунин кор барои дигар госибони хокимият дарс мешавад.

  10. “Руи хамааш дар кавр”. Пуштибони ягонтоаш нестам. Зиндон кам аст барои вай, уро зинда гурондан даркор. Аз кафояш вазиронашро чун бо аксари зиёдаш хешу табори дорад.

    Мачлисхои мегузарондааш – мачлисхои оилави хастанд “семейное собрание”. Аз инру чораи вазнин дида наметавонад, чун байнин худ аз якдигар мутахам хастанд.

  11. Мехостам,ки сардабир Рустам ба баъзеи аз он ракамхои навистагиашон агар маъсур набошад далел нишон диханд. Ба хаёли ман 700 миллион долар барои сохтмони касри миллат ин бисёр пули вохима мебошад. Мисол барои сохтмони Hyatt Regency танхо 200 миллион долар рафт гуфта медонам.

  12. чаро оиди Руссхо касе сухан намегуяд?? Ое онхо барои то ин дарача расидани Точикистон гунахкор нестанд??

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: