Биёед ҳамакаса ба Озода кӯмак кунем!

Ба унвони Ёрони ҳамАндеш аз хоҳари донишомӯзи мо номае расид, ки вай дар он аз ҳамаи мо ёрдам дархост кардааст:

Салом хонандагони азиз. Хоҳише дорам аз ҳамагон!

Донишҷӯ ҳастам ва дар донишгох дар мавзуи «Оё мардуми Помир худро точик мешуморанд? Ва ё точикон дар ин бора чи фикр доранд?» презентатсия дорам. Хохиш мекунам, фикр у андешаи худро дар ин бора нависонед.

Кори худро дар асоси фикрхои Шумо муаррифӣ хохҳм кард.Посуххои Шуморо интизорам.

Бо эхтироми зиёд, Озода Нурматова. донишчу, Академияи САХА дар Осиёи Марказӣ

Биёед ба Озодамоҳ мадад кунем ва ҳар кас фикру андешаи худро бинависад. Шахсан ба ақидаи ман, бадахшониён тоҷиконе ҳастанд, ки забонҳо, суннат, фарҳанг ва мусиқии қадимии тоҷикиро дар шаклҳои таърихияшон нигоҳ доштаанд. Медонам, афроде ҳастанд, ки бо мақсадҳои тафриқаандозӣ ақидаҳои ботиле пеш мегузоранд, аммо ман ҳаргиз наметавонам, бадахшониҳои сарбаланди худро ғайритоҷик шуморам, ҳамон гуна ки яғнобиҳоро, ки бо забони вижаи худ сӯҳбат мекунанд. Назари шумо чист?

37 Responses

  1. Бо дуруд,
    Ба назарам, марҳум Осими перомуни ин масъала маколаи хубе навишта буданд. Инак ёдам нест, ки дар кадом аз мачаллот ё рузномахои мо (дар замони Шуравии собиқ) ин макола чоп шуда буд. Эшон дакикан хамин матолиберо, ки Чаноби Рустам иброз доштанд, аммо бо зикри шавохид ва кароини майдони ва тарихи, оварда буданд.
    Аз ин хохар хохиш ба амал меояд саре ба китобхонаи маркази ё китобхонаи Академияи улум мурочеа карда, ва аз ин макола сурог гиранд, ки катъан холи аз фоида нахохад буд.
    Комёб бошед!

  2. Бе шак мардуми Бадахшон тоҷик (эронӣ) ҳастанд. Аслан маънои вожаи «тоҷик,» » эронӣ» аст ва бадахшиҳо дар баробари дигар тоҷикҳо, аз он ҷумла яғнобиҳо, тоҷиканд. Ҳеч яке аз мо камтар ё бештар эронӣ (тоҷик) нестем.

    Забон мардми Бадахшони эронии шарқӣ аст ва забони порсигӯёни Тоҷикистон порсии ғарбӣ аст.

  3. Масалан, чй хел забони кас мегардад, бигуяд, ки Шириншо Шотемур помирй буд ва точик набуд?

    Шахсе, ки барои давлатдории точикон чонбозихо кард, дар хамаи сатх мубориза бурд ва окибат барои дилдории кудакони доманашуда ба Кулоб рафту аз онхо беморй гирифт ва ба алам даргузашт.

    Вай дарди ин кудаконро ба чон харид.

    Хохар Озода, ба назар гиред, ки акидаи мардуми хос хаст ва акидаи мардуми ому нодон, ки холо дар кишвар аксарияти куллро ташкил медиханд.

  4. Salom khoharjon Pomiriho tojikand man az pomir nestam lekin pomirihoro az bokimonda shahrvandoni tojik judo shumoridan nomumkin ast baroi hamin ham bas kun in korhoyatro tagi alovra nakov pushaimoni naadorad okibat sud… turo chiu in korro .. astafkhrilo ba mavzui intikhob lkardagiat!

  5. Хохари азиз,

    изхори савол дар шакли зер: «Оё мардуми Помир худро точик мешуморанд?» хатост. Мардуми Бадахшонро точикони дигар минтакахо ба шак меоранд, ки онхо Точик нестанд. Ман худ шохид будам, яке мегуфт, ки «помири точик нестай, вай да я руз ду бор намоз мехона». Магар онхо Точик набуда Киргизанд? Додани мухторият ба Бадахшон аз принципи пора куну хукмрон бармеояд, ки яке аз принципхои дустдоштаи падарсагони шурави буд.

    P.S. Бахшиш барои калимаи кабех; вакте постро менавистам Бухоро ба хотирам зад.

    Шабатон хуш хамандешон.

  6. Cуоли гузоштаи Озода хеле дуруст ва мантикист. Хануз дар соли гузашта, ки дар Бадахшон митингхо шуда гузаштанд, ин мухимияти ин масъала бори дигар исбот шуд. Дар он митингхо гурухе аз пешвоёни мардуми масъала гузошта буданд, ки бояд дар ВАО-и махалли ба забонхои бадахши мавкеи хос дода шавад. Вакте яке аз ин пешвоёнро, ки маълумоти оли дорад, хамчунин лидери як ташкилоти бонуфуз дар Бадахшон аст, дар Душанбе во хурдам, суол кардам, ки чаро масъалахои милли ки хело нозук ба назар хастанд, Шумо нохунашон мезанед? Барои мисол аз хисоби забони точики-давлати мехохед, ки забони махаллиятонро устувор созед? У гуфт, ки инчо як хакикати талх мавчуд аст.
    – Агар забон як рукни фарханг бошад, кудаки ман аввалин калимае, ки такаллум мекунад, бо забони модарияш (Бадахши) аст. То ба мактаб рафтан як калимаи имрузаи забони точикиро намедонад. Танхо дар мактаб, чун як нафари хоричи, забони точикиро меомузад. Пас чаро ман худро фиреб дода гуям, ки инчо хеч мушкиле нест? (нутки айнин наклшуда).
    Хамзамон у гуфт, махз хамин мушкилот хаст, ки барои боз хам донишманд шудани мардуми Бадахшон мушкил эчод кардааст. Яъне бачои ин ки эшон дар синфи ибтидои барномаи мактабиро аз худ кунанд, забон меомузанд. У руирост гуфт, ки харчанд намехохад уро ба чудоиандози муттахам кунанд, аммо вокеият ин аст, ки эшон дарвокеъ аз хар нигохе хосиятхои фархангии худро доранд.
    Махсусан, ба гуфти у, «пора додан ва ё пора гирифтан хосияти мардуми Бадахшон нест». У изхори нигарони хам кард, ки хамин падидаи номатлубро доранд аз дигар минтакахо ба он чо тахмил намоянд.

  7. Ман бо итминони комил метавонам гуям, ки мардуми Бадахшон аз точикон точиктаранд. Онхо точиконе хастанд, ки бо аквоми гайр амсоли турку мугулу аъроб омехта нашудаанд. Онхо аз хамаи точикони дунё хушбахттаранд, ки миёнашон узбак надоранд ва шояд сабаби осуда зистанашон низ дар хамин бошад.
    Аммо аз лихози дигар суол ва худи суолдихандаро аблах мешуморам. Фикр мекунам, ки у супориши ФСБ-и Русияро ичро мекунад, то бифахмад, ки метавонанд, миллати точикро кисмат кунанд, яъне точикони асилро аз мо бигиранд? У фахмиданист, ки мардуми Бадахшон чи мехоханд. Вагран барои аблахтарин мардуми олам маълум аст, ки дар Бадхшон кихо ба сар мебаранд. Хохиш мекунам, то чунин суолхои чудоиандозро ба миён нагузоред.
    Харчанд худи ман аз дигар минтакаи Точикистон бошам хам, аммо хамсарам Бадахшист. Ба он хотир рушонидухтарро хамсар интихоб кардам, ки то наслхои баъдии ман точик бимонанд. Хар касе мехохад фарзандаш точик бошад, пас бо Бадахшидухтар хонадор шавад. Онхо аз мо бештар ифтихори милли доранд!

  8. Боз хам ислом аст, ки бадахшихоро аз баданаи аслии худашон чудо мекунад. Хамон андешаи пусидаи исломй, ки ба хотири тафовути мазхабй онхоро кавме дигар бидонанд, решаи аслии ин тафрика аст. Вагарна ягнобихо хам забони вижаи худро доранд. Вале ба далели ин ки ягнобихо суннии ханафианд, мавзуъи «точик набудан»-и онхо матрах нест. Ёдам меояд, ки муллои махалламон мегуфт: Бо зани помирй нагирй, ки рост дузах мерай ва хафт пуштут месуза! Агар мардум огох буданд, зиндагии хамин муллохои вайронгару дуруггу дар руи заминро табдил ба дузах мекарданд, то миллат битавонад рахо аз таассуботи онхо рушд кунад.

  9. Албатта, як пахлуи дигари масъаларо хам бояд зикр кард, ки инчо муносибати мутакобила мавчуд аст. Яъне тавре ишора хам шуд, аввалан хамин гуна бархурд аз чониби мардумони дигар махалхо хам ба мардуми Бадахшон дида мешавад. Вакте онхо мебинанд, ки аз хар лихоз мушкил доранд (иктисоди, ичтимои, фарханги…), пас хулосаашон ин мешавад, ки шояд инчо «гаразхои милли»-е мукобили ончо нигаронида шуда бошанд. Хол он ки вазъият дар минтакахо яке аз дигаре бадтар хасту бехтар не. Факат гап сари он аст, ки хамчун минтакаи кухи аз кадим Бадахшон мушкилоти хоси худро дошт.

  10. Хар гиз бо гирифтани зани бадахши касе кофир намешавад. Ба унвони мисол хамсари ман дар мазхаби худ эътикодманд хаст, харчанд ман шавхари у сунимазхаб хастам. Аммо ман хеч гохе мазхаби уро мавриди ихонат карор надодаам. Ба у ва мазхабаш эхтиром дорам, чуноне, ки у ба ман дорад. Мо низ як дигарро дигар ба мазхаби худ таргиб намекунем, зеро харду бо далелхои раднашаванда наметавонем хамдигарро муътакид созем. Аслан асоси бунёди оилаи мо масоили миллат аст.
    Бехтарин начоти мардуми Бадахшон аз олудашави махз хамин «идея» буд, ки гуиё бо гирифтани зани бадахши «хафт пуштат харом» мешавад. Хамин буд, ки бадахшихо аз узбакхои сунимазхаб эмин монданд! Худо нигахбонатон!

  11. Сайидюнуси азиз, сипос аз захматхои Шумо, ки ин кадар манобеъи мухим ва хуберо дар миён гузоштед.

    Муъмини азиз, матрах кардани хеч пурсише дар ин торнигор мамнуъ нест, хама чиз бастагй ба он хохад дошт, ки мо чи далелхое пеш мугзорем ва то кучо андешаи дурустро пайдо мекунем. Аммо лутфан одобро риоят кунед.

    Холо мехостам, худи хохари азизамон низ ба ин бахс шарик шавад. Озода, то он чо ки шумо пажухиш кардед, чи хулосахое ба даст омад?

  12. Халки Бадахшони сарбаланди мо, аз Точикхо Точиктаранд!
    Муи тиллоранг, чашми кабут ва нигохи тези укоб бафикрам ягона минтакаест ки халки Ориёи худро мухофизат кардааст. Забон, ба фикрам, аз решахой забони форсист. Мункин пахлави бошад, мумкин шохае пеш аз пахлави. Бисёр хуб мешуд агар олимхои забоншиноси мо дар ин соха яг тадкикоте мебурданд, то рох ба чудоихохони миллат надиханд.
    Холо мо забони Авесторо намефахмем аммо вакте буд, ки авлодхои мо бо ин забон сухбат мекарданд. Забони форсии муосир бад аз истилои Араб дар асрхои 7-9 шакли худро гирифтааст, аммо таърихи халки мо аз ин сана хазорхо сол кухантараст.
    Аз дин он кадар хам намефахмам, вале мистики нишон додани халки Шия (Аливи, Исмоилихо ..) масхаб, ба фиркрам ин як сиёсати Сунни масхабон буд. Зеро ингуна хикоятхои мистикиро дар бораи Шия масхабон дар хам мамлакати Мусалмон шундан мумкин.

  13. Khohar yo apai muhtaram behtarash chunin mavzo’horo matrah nakun!

  14. Ташаккур ва изхори бахшиш аз онхое, ки ноосурдахол гаштанд,

    Рости бисёр мушкили мекашам то сабаби холро ба Шумо бигуям, ки чи зарур шуд то дар чунин мавзу баромади худро тайёр кунам.

    Куттох карда мефахмонам. Чун берун аз кишвар тахсил дорам намехохам точикони Бадахшони худро дар чои он, ки аз Точикистон бигуянд, “Аз Помир хастам” гуфта ба дигарон муарифи кунанд. Ва хар вакте, ки аз унхо мепурсанд, Помир дар кучост, хатто намугуянд ки дар Точикистон балки наздик ба Афгонистону, Хитою Покистон гуфта мефахмонанд; борхо шохиди чунин ходисахо будам. Шахсан чунин рафтори онхо ба ман хело аламовар аст. Як эхсосе пайдо мешавад, гуё точикон миллати пасттарин бошанд ва аз инру намехоханд худро точик гуянд. Охир тоърих гуё хаст. Аммо, агар хол ин мебуду бас, коре надоштам.

    Мавзуеро омухтем оиди “Миллат ва Миллатчиги”. Донишчуён вазифадор карда шуданд то хар нафаре дар мавзуи ихтиёри баромад кунанд. Вакте пай бурдам, ки хамкурсам, ки хамватан хастем худро Бадахшони гуфта дар мавзуе баромад карданист то помириёнро аз авлоди точик набуда муарифи намояд (бубахшед, аммо дар байни дигар миллатон инро ман бардошта гуш карда наметавонам) аламам паст нашуд.

    Албатта, мавзухои зиёде хастанд, аммо шояд сабаби патриоти мачбурам кард, то бар зидди у ман хам дар ин мавзу кореро анчом дихам. Аз инру доштани чанде аз акидахоро аз Точвар лозим шумурдам.

    Бародар Муъмин, рози хастам, ки мегуед “мардуми Бадахшон аз точикон точиктаранд” чун тоърих низ онро шохиди медихад. Пас чаро, аквоми зиёдеаш худро точик намешуморанд?

    Дуруст, ки изхори суолро каме ночо пешниход кардам. Вале бахшиши зиёд!

    Саломат бошед

  15. Ха..Хаа!!! НУРМАТОВА

  16. Бародар Brave, мисоли хубе оварданд оиди мушкили доштани Бадахшонихо бо забони точики,
    Дар хакикат шикояти зиёд доранд. Вале онхоро фахмидан мумкин аст.

    Ёдам хаст, дустеам шикоят карданд, ки боре кадом як корманди хукумати, ки Бадахшони буд, дар дохили хукумати Бадахшон бо забони помири харф задаст. Ва уро аз ин сабаб аз кор пеш карданд. Боварам намеояд, вале аз дасти хукуматдрони мо хама чиз бахона шуда метавонад.

    Суолеро намемахмам; чаро хукумати точик, забони Бадахшониро расми кабул намекунад. Агар забони узбеки дар мо расми намебуд, дигар гап. Ба хар хол, давлатхое хастанд то панч шаштои забони расми доранд, вале ба он дида пешрафта хастанд. Бигузор Точикистон хам чунин бошад. Шарт аст вай мисли дигар давлатхои Осиёи Маркази, Руссию, Узбекиро дошта бошаду халос.

  17. салом дустон. суоли озода бар чост. ачаб ин аст ки худи помирихо худашонро точик намешуморанд. чун аз точик будан нафрат ва шармашон меояд. дар руссия низ хамчунон мепиндоранд ки гуе помирихо точик нестанд. ва банда худ дар чанд чамоат шохиди он будам ки чанд нафар аз бачахои помири худро хамчун помири муаррифи намуданд на точик. чун ки номи точик ва точикистони дар вактхои охир ин кадар паст фаромадааст ки кас шарм медорад худро точик номад. ва хар кас хак хам дорад багумонам. худро армани, гурчи е худ амрикои номад. аз точик будан ё набудани мардуми помир на чизе ба точик зам мешаваду на кам.

  18. Дуруд бар ҳамАндешон.

    Попробуем разобраться с проблемой этнической самоидентификации и этнической принадлежности народов Памира, учитывая мнение двух авторитетных таджикских иранистов, выходцев с Памира, Боғшо Лашкарбекова и Тоҳира Қаландарова.
    Ученые отмечают, что однозначного ответа на вопрос об этнической принадлежности памирцев нет, что объясняется как объективными так и субъективными обстоятельствами. По их мнению, объективно этническое самосознание памирцев не вполне укладывается в рамки принятых критериев. Субъективные обстоятельства возникли впоследствии того, что по идеологическим соображениям этнические особенности народов Памира умышленно отрицаются.
    Они утверждают, что для памирцев понятия национальной и этнической принадлежности неравнозначны.

    НАЦИОНАЛЬНАЯ ПРИНАДЛЕЖНОСТЬ в сознании памирцев ассоциируется с отнесением себя к более обширному, нежели локальная этническая общность, – к этнокультурному сообществу родственных народов, по отношению к которому с давних времен имел хождение этноним ТАДЖИК. В классический период этот этноним применялся как синоним слова ИРАНЕЦ, особенно в поэзии, где понятие «турку тоҷик» означало не конкретный этнос в современном понятии, а представителей тюркских и иранских народов вообще. Например, Саади Ширази говорил:
    Шояд ки ба подшаҳ бигўянд,
    Турки ту бирехт хуни тоҷик.

    В наше время ТАДЖИКАМИ себя считают как персоязычный народ Центральной Азии, язык которого относится к западно-иранской группе, так и носители восточно-иранских языков в лице ЯГНОБЦЕВ, ЯЗГУЛАМЦЕВ, РУШАНЦЕВ, БАРТАНГЦЕВ, ШУГНАНЦЕВ, САРЫКОЛЬЦЕВ, ВАХАНЦЕВ, ИШКАШИМЦЕВ, САНГЛИЧЦЕВ, МУНДЖАНЦЕВ.
    В Афганистане ТАДЖИКАМИ себя называют еще и ормури и пашаи и различные группы других народов (в том числе пуштунов), говорящих на языке фарси.
    Как можно заметить, этноним ТАДЖИК в данном случае употребляется в двух значениях:
    во-первых, он определяет ГЕНЕТИЧЕСКУЮ И ЭТНОЯЗЫКОВУЮ ОБЩНОСТЬ ЛЮДЕЙ, для которых фарси-таджикский язык – родной, и во-вторых, в более широком смысле это слово означает ГЕНЕТИЧЕСКУЮ И КУЛЬТУРНУЮ ОБЩНОСТЬ ряда ираноязычных народов Центральной Азии (за исключением пуштунов), что вполне сравнимо с понятием «славян» и «славянской национальности».

    Ученые отмечают, что понятие «национальная принадлежность» – это всего лишь одна, верхняя, ступень этнического самосознания ираноязычных народов Памира. Но это не означает, что у жителей «Крыши Мира» нет иного этнического самосознания или они, кроме особенностей речи, не видят у себя иных признаков этнической самоидентификации. Напротив, это чувство у памирцев развито сильно, и оно дает им возможность различать еще несколько других местных сообществ людей.
    Исходя из сходства в обычаях и традициях и из конфессиональной общности (т.е. принадлежности к исмаилизму), все малые народы Памира именуют себя «памирцами» – ПОМИРӢ. В сознании как самих памирцев, так и таджиков это понятие ассоциируется не с региональной, а прежде всего с языковой, культурной и конфессиональной принадлежностью к определенному сообществу. Таджикоязычные жители Памира – дарвазцы и ванджцы, исповедующие суннизм, не причисляют себя к памирцам, в то время как таджикоязычные горонцы-исмаилиты считают себя памирцами. Между тем язгуламцы хотя и исповедуют суннизм, но по этноязыковому признаку относят себя к памирцам.

    Первая и изначальная ступень этнического самосознания малых народов Памира – это ощущение общности, свойственной только им. То есть единение людей, у которых один и тот же язык, жизненный уклад, одни и те же традиции и обычаи; всем им присущи также некоторые сходные психологические особенности и по своему менталитету они отличаются от окружающих их народов. По этим признакам они считают себя прежде всего ШУГНАНЦАМИ, РУШАНЦАМИ, БАРТАНГЦАМИ, САРЫКОЛЬЦАМИ, ЯЗГУЛАМЦАМИ, ИШКАШИМЦАМИ, МУНДЖАНЦАМИ И ВАХАНЦАМИ. Именно этот уровень самосознания отражает их ЭТНИЧЕСКУЮ ПРИНАДЛЕЖНОСТЬ, поскольку подразумевает наиболее монолитную общность людей, история которой насчитывает более чем 2 тысячи лет. Этой общности присущи все признаки этноса.

    Литература:
    1. Боғшо Лашкарбеков, «К этнолингвистической истории ираноязычных народов Памира и Восточного Гиндукуша» в сборнике «Памирская экспедиция (статьи и материалы полевых исследований)». (М.: Институт востоковедения РАН, 2006. 272 с. – стр. 111 – 130)

    2. Тоҳир Қаландаров, «Этноконфессиональные трансформации на Памире в XX – начале XXI в.» в сборнике «Языки и этнография «Крыши мира» (СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. – 112 с. – стр. 51 – 63)

  19. КРОТ МАХМАДНАЗАР САЛИХОВ:
    «ДЕМАРШ РАХМОНА БЫЛ ОШИБОЧНЫМ»

    http://tajmigrant.com/

  20. Дустони азиз,

    Большое всем вам спасибо за проявленный интерес и комментарии. Отдельную благодарность хочу выразить тем, кто порекомендовал ресурсы с дополнительной информацией. Все ваши советы и мысли мне очень помогли самой переосмыслить эту животрепещущую тему.

    Несмотря ни на что, у нас все-таки больше общего с памирцами, чем им хочется это признать. В современную эпоху глобализации, когда все народы стремятся к дружбе и объединению, у нас тоже есть шанс прийти к этому. Мы все выиграем, если будем смотреть на то, что нас объединяло и объединяет, а не искать различия.

    Дар амони худо бошед

  21. Озодаи азиз,

    Хеле дарегу афсус, ки ба чунин холати сахти равонй афтодай. Хамдарси ту мумкин аст, худаш намедонад, ки чй мекунад, аммо рузе хохад донист.

    Ба фикри ман, ин чо сабаб чизи дигар аст. Як шиносам накл кард: ки солхои 1990-91 чанд бор бо такозои вазифа ба Самарканд, Бухоро ва Сурхондарё сафар кардааст. Он вакт мардум дар он чо бо мехр аз Точикистон сухан мегуфтаанд ва хангоме ки аз точику Точикистон гап мезадаанд,чашмонашон пур аз дурахшиш мешудааст. Онхо аз точик будани худ ифтихор мекарданд.

    Ин кас дертар дар солхои 1996-99 боз ба хамин чойхо сафар мекунад ва бо хамон одамон хамсухбат мешавад. Ин бор ин афрод аслан нахостаанд, аз Точикистон сухане гуянд ё бишнаванд.

    Манзур, агар Точикистон ободу зебову шукуфону одилу озоду сарбаланд бошад, ин гуна хамдарсони ту дафъатан точик мешаванд, аммо дар холе ки чаноби Рахмон ва атрофиёни вай сохтаанд, шояд сагхо агар забон медоштанд, саги Точикистон буданашонро радд мекарданд.

    Ва дар мавриди кори илмигунаи Лашкарбеков. Далелхое ки ин чо хондем, боварбахш ва мутакоидкунанда нестанд. Чое ки ин чаноб кор мекунад, чанд макола нашр карда, хатто аз чанги эхтимолии Точикистон ва Бадахшон сухан карда буд.

  22. Руси ва Узбаки дар Точикистон забони расми нест, иншооллох хаходар шуд.
    Дар рузи пастии миллатам хам Точикам, дар рузи баландии он хам Точикам.
    Он шахсоне ки имруз, дар рузи пастии миллати мо, худро Точик шумудан намехоханд ва ё шарм медоранд, бигузор хар чи ки бошанд бошанд,,,

  23. Дуруд бар ҳамАндешон.
    Худоро ҳазорону бекарон сипос ки маро аз падаре дарвозӣ ва модаре шуғнонӣ офаридааст ва ман худро тоҷик ва помирӣ мешиносам ва мардуми Помирро бахши ҷудонопазири миллати тоҷик медонам.
    Бародарам Рустам навиштори устодон Боғшоҳ Лашкарбеков ва Тоҳир Қаландаровро дуруст дарнаёфта ва “кори илмгуна” хондааст. Ман 12 сол аст ки ин устодонро мешиносам ва ифтихор дорам ки шогирдашон ҳастам. Ҳамин устодон ҳастанд ки дар фарҳангистони улуми Русия аз ному нишони тоҷикон дифоъ мекунанд. Дар ин миён ҳаргиз аз устод Лашкарбеков дар бораи “ҷанги эҳтимолии Тоҷикистон ва Бадахшон” сухане нашунидаам. Ҷое ки устод Лашкарбеков кор мекунад, созмони “Нур” ном дорад ва яке аз фаъолтарин созмонҳои тоҷикӣ дар Маскав ва Русия ҳаст. Худо хоста бошад ҷашни Наврӯзро имсол дар Маскав ҳамин созмон аз номи ҳама тоҷикону Тоҷикистон баргузор хоҳад кард.
    Бародарам Рустам дар оғози ин баҳс аз Шириншо Шотемур ёд карда буд. Ман сарафроз аз онам ки аз табори вай ҳастам. Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур дар ҳама пурсишномаву асноду мадорик миллаташро “тоҷик” ва забони модарияшро “шуғнонӣ” менавишт. Ҳама хешовандону бастагони вай, аз ҷумла падарбузургу модарбузурги ман, низ худро ТОҶИК меноманду мешиносанд.
    Инро ҳам бояд дониста бошед ки мардуми Помир ҳаргиз худро «бадахшонӣ» ва забонҳояшонро “бадахшӣ” наменоманд. Бадахшон вилоятест дар Афғонистон ва ин сарзамини мо ҳаргиз Бадахшон ном надоштааст. Ин номро бар сарзамини мо русҳо дода буданд ва ҳадафашон ҳам кандани ҳамон Бадахшон аз Афғонистон ва пайвастан ба Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
    Ман дар ҳамин гоҳномаи “Андеша” ҳам пештар ёдоварӣ карда будам ки мо сарзамини худро Помир меномем ва беҳтар аст ки Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман Помир номида шавад. Бародарам Тоҷвар ин пешниҳоди маро хуш пазируфта буд.
    Мардуми Помир худро нахуст шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, вахонӣ (худшиносии этникӣ) ва сипас помирӣ (худшиносии этникӣ-мазҳабӣ) ва пас аз он тоҷик (худшиносии миллӣ) мешиносанд. Яъне дар болотарин пояи худшиносӣ ки миллият аст, помириён худро тоҷик мешиносанд.
    Бародарам Рустам, акнун гӯед ки кадом далеле боварибахштар ва мутақоидкунандатар аз он аст ки як помирӣ худро тоҷик номаду ифтихор ҳам кунад ки тоҷик ҳасту аз Помир?
    Ман ҳазорон помириеро мешиносам ки худро тоҷик меноманд ва ифтихор доранд ки тоҷик ҳастанд.

  24. Ариёрами азиз,

    Ман мӯътақидам, ки помириҳо тоҷиканд ва ин суол барои ман ҳаргиз матраҳ набудааст. Аз суи дигар инро ҳам ҳаққи худи онҳо медонам, ки худро кӣ шумурдан мехоҳанд.

    Исми онҳо дар хотирам нест, аммо кормандони Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони Улуми Русия бо имзои се муаллиф як маколаи баланде нашр карда буданд ва дар он талош доштанд, мардуми Помирро аз бақияи Тоҷикистон ҷудо кунанд. Ман фикр кардам, ҷаноби Лашкарбек он ҷо кор мекунанд.

    Аммо хуб аст, агар номаи Озодаро бихонед.

    Дигар ин ки чанде пеш дар Интернет сомонаи «Памирцы» падид омад ва ман ба форум он нома задам, ки мехохам узви ин гурӯҳ бошам, ҳарчанд аз Помир нестам. То ҳанӯз посух нагирифтаам.

    Шодам, ки ба шаҷараи бананги Шотемур пайванд доред.

    Зинда бошед!

  25. Бародари арҷмандам Рустам!
    Номаи Озодаро хондаам ва вазъи ӯро хуб дарк мекунам. Ман ҳам бо чунин афроде даргир шудаам ва посухам барои он ҷудоихоҳон ин аст ки помириён тоҷиканд. Дигар ин ки забони тоҷикӣ барои мардуми Помир забони муқаддас аст зеро ҳама адабиёти мазҳабии помириён, ба ҷуз аз “Қуръони маҷид”, ба ҳамин забон навишта ва офарида шудааст. Ба дигар сухан, забони тоҷикӣ барои помириён забони дину фарҳанг аст ки дар баробари забонҳои модарияшон ҳамвора бар сари забонҳо буда ва хоҳад буд. Миллати имрӯзаи тоҷик аз ду гурӯҳ мардум – яке порсизабон ва дигаре помиризабон – падид омадааст ки аз гаҳи бостон то кунун замон як хуну як хоку як Худо дошта ва доранд. Шояд донед ки тоҷикони помиризабон бозмондаи сакоҳо ва тоҷикони порсизабон бозмондаи суғдиҳову балхиҳову фарғониҳову хоразмиҳо ҳастанд ва ин мардум ҳама ба забонҳое сухан мегуфтанд ки дар илми забоншиносӣ “забонҳои эронии шарқӣ” номида мешаванд. Суғдиҳову балхиҳову фарғониҳову хоразмиҳову сакоҳо дар шарқи Ариёно ба сар мебурдаанд ки дар “Шоҳнома” он сарзамин Турон хонда шуддаст. Пас аз пазируфтани Ислом мардуми суғдиву балхиву фарғониву хоразмӣ порсизабон гаштанд ва худро тоҷик номиданд ки ҳаммаънои ариёӣ ва эронӣ аст. Аммо сакоҳо ки низ мусулмон гашта буданд, ҳамчунон забонҳои бостонии худро нигаҳ доштанд ва мо имуз ин забонҳоро “помирӣ” меномем.
    Дар бораи устод Боғшоҳ Лашкарбеков бояд гуфт ки вай аз яке кормандони аршади илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони Улуми Русия аст аммо бо он се муаллиф ки он талош доштаанд, мардуми Помирро аз бақияи Тоҷикистон ҷудо кунанд, на ёр асту на ҳамандеш. То ҷое ки ман ӯро мешиносам ҳамвора тоҷику дӯстдори тоҷикаш шинохтаам ва дар ҳеҷ навиштааш низ андешаи ҷудоихоҳӣ наёфтаам.
    Агар манзур аз сомонаи ёдкардаат http://www.pamirian.ru/ бошад, ин сомона аз они созмони “Нур” аст ки раёсати онро устод Боғшоҳ Лашкарбеков бар дӯш дорад. Ман худ яке аз виросторони ин сомона ҳастам ва он ҳануз пурра роҳандозӣ нашудааст. Худо хоста бошад, ба зудӣ дар дастраси ҳамагон қарор хоҳад гирифт.
    Шод бошу дер зӣ!

  26. Бародар Ариарам,

    Шубха надорам, ки мегуед хазорхо помириёнро медонед худро точик мешиносанд. Рост аст, вале афсус дар дохили Точикистон. Гап сари он аст, ки худро хорич аз кишвар точик намешуморанд. Далелхо бисёранд дар ин маврид аммо фикр мекунам лозим нест зиёд бахс кардан.

    Чизе ба хотирам омад. Касе боре дар телевизион сурудеро бо забони аслии Помири шунидааст?
    Бо забони Руссию Узбеки чи?

    Бародар Фирдас,

    Дар мавриди расми будани забони Узбеки хохиш дорам ба манобеи оварда назар кунед http://news.bbc.co.uk/2/hi/asia-pacific/country_profiles/1296639.stm

    Харчанд дар ончо забони Узбеки дар катори забони Точикию Русси забони асли дар Точикистон шуумурда шудааст, фикр мекунам, аз расми буданаш шубхае нест. Илова бар он мактабхои зиёде хастанд дар Точикистон, ки бо забони Узбеки барномаи дарсиашонро пеш меберанд.

    Саломат бошед

  27. Durudi bekaron bar tojvaru rustamu ozodavu hamai dustoni giromi
    Banda niz mekhoham bo ittilooti andaki khud , ba in suol posukh bediham
    Ba ghavli shoeri ironi ( shahrior )
    Zaboni judogona nametavonad dalile bar tojik nabudan boshad . mo boyad tavajjuh doshta boshem ki in zabonho az yak risha meboshand . masalan agar rudakii samarghandi afzun bar zaboni tojiki ( porsi ) bo zaboni sughdi ham sukhan gufta boshad , oyo metavon vai ro yak ghairitojik shumurd ? hamin misol ro metavon darborai ‘’ abu rayhoni biruni ‘’ va ‘’ zaboni khorazmi ‘’ zad . dar zamoni pesh az islom har mantagha zaboni vizhai khudro dosht vale pas az hamlai arabho mo baroi muttahid shudan dar barobari begonagon zaboni rasmii darbori sosonion ro ba unvoni zaboni ittihod pazeruftem . az on pas ( pas az on ) hamai sukhanvaron va donishmandon osori khud ro na ba zabonu lahjai mahalli balki ba zaboni porsii dari ( ki imruz dar tojikiston tojiki nomida meshavad ) navishtand . pas zaboni tojiki ( porsii dari ) zaboni hamai mardumi ironshahr ast , zabonest ki hamai aghvom dar bolandagii on kushidand , az jumla badakhshonion ( agar ishtiboh nakunam , ustod mu’mini ghino’at yak badakhshonist )
    dar in bora , tavzihot ziod astu vaqt kam , va kamina ba hamin andak basanda mekunam .
    ba ghavli shahrior , sho’eri ozari ( ozarboijoni ) :

    ikhtilofi lahja milliat nazoiad bahri kas
    millate bo yak zabon,kamtar ba yod orad zamon
    gar badin mantigh tu ro guftand ironi naii
    subh ro khonand shomu osmon ro rismon

    Shod boshedu dir zived .

  28. Naydite zhurnal Pamir №2б 1989. Tam izvestnye uchenye pamirovedi Gryunberg i Steblin-Kamenskiy ob’yasnayut pomechu pamici eto na tajiki.

  29. Мехостам миннатдории худро ба он шахсон баён кунем, ки вақти худро дареғ надошта, назари хешро дар ин масаъалаи нозук изҳор карданд. Аввалан, манн мехоста бигуям, ки худи саволи Озода нодуруст гузошта шудааст. Ин савол тавре гузошта шудааст, ки ҷавоби манфиро талаб мекунад. Ба фикри манн савол бояд чунин гузошта шавад. Бок адом сабабҳо миллатчигӣ дар Помир хуруҷ карда истодааст.

    “Помир дар кучост, хатто намугуянд ки дар Точикистон балки наздик ба Афгонистону, Хитою Покистон гуфта мефахмонанд” Озода

    Мардуми Помир ягон бор худро аз Хитой, Покистон ё Афғонистон нагуфтаанд. Мехостам дар ин масаъала равшание ондозам. Аз сабаби он, ки дар бораи мавҷуд будани Тоҷикистон бисёрии мардуми хориҷи кишвар иттило надоранд, ва ин моро водор месозад, ки бархе аз мамолики ҳамсарадро номбар кунем.

    (бубахшед, аммо дар байни дигар миллатон инро ман бардошта гуш карда наметавонам) аламам паст нашуд. Озода

    Ба фикри манн ҷавононе, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти оно аст, вобаста ба эҳсосоти худ хулоса набароранд. Онҳо бояд масъалаҳои нозукро ҳаматарафа таҳлил карда баъдан бо далелҳои аниқ хулоса бароранд, чунки эҳсос метавонад вазъияти мавҷударо баз ҳам бадтар кунанд.

    “аз точик будан ё набудани мардуми помир на чизе ба точик зам мешаваду на кам”. Hamvatan

    Раҳмат. Он чизе, ки айён аст хоҷат ба баён нест.

    Оё ягон касе ба Помир сафар кардааст? Дар «пост»-ҳо шуморо боз доштаанд? Метавонем далелҳоеро оварем, ки муносибати манфии афроди алоҳида ба мардуми Помир нишон медиҳад, ки таваҷҷӯ нафақат ба таърих, забон ва назм дода шавад, балки тарафҳои дигари ин масъаларо ба монанди сиёсат, иқтисодиёт ва мауносибати ғарзноки бисёрии ашхос бояд дод.
    Хулоса мақсад ин нест, ки Помирро аз Тоҷикистон ҷудо кардан, Помир қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст, лекин мухторият, ҳуқуқҳои шахсии ҳар як шаҳрванд ва Помирӣ будан бояд қабул кард.

  30. Бародар Pamirec,

    Ба шумо китоби антропологи машхур Фредрик Бат-ро, ки оиди “Ethnic Groups and Boundaries: 1969” навиштаанд тавсия медихам. У аз чумла ба чунин хулосахои доштаи шумо, ки помириён аз точикон бо забону суннату фарханги худ фарк доранд менависад,

    ‘Key is not culture differences, but rather ascription. […] Focus attention is on boundaries not the cultural ‘content’ distinctiveness: how these are socially constructed and why.’ (Fredrick Barth; Ethnic Groups and Boundaries: 1969)

    Яъне, забону суннату фарханг далели чудогона шуда наметавонанд; балки ин чо сиёсате мавчуд аст – гап сари ‘сархаддори’ меравад. Яъне, ба мушохидаи бурдаи Фредрик, ашхосоне мавчуданд, ки бо максади сархади худро чудо намудан, чунин сабабхои нозукро чуста миёни мардум саф сата мебофанд. Мисли шумохо барин!!

    Зиёд хастанд кишвархое, ки миёни мардуми худ бо фархангу суннату забони гуногун дошта бе ягон мушкили зиндаги ба сар бурда истодаанд.

  31. Кайд гашт, ки ‘Аз сабаби он, ки дар бораи мавҷуд будани Тоҷикистон бисёрии мардуми хориҷи кишвар иттило надоранд, ва ин моро водор месозад, ки бархе аз мамолики ҳамсархадро номбар кунем.’

    Дусти азиз, мову ту дар асри 21 умр ба сар мебарем. Шукри худо Точикистонро хеч не бо кризисхои машхур будааш дар дунё хама мешиносанд.

    Ва он чи ба эхсосот дахолат дорад, онро ман ва афроде дарк мекунанд, ки чунин тачрибахоро аз сар гузаронидаанд. Шумо, онро мутаасифона дарк намекунед.

    Саломад бошед,

  32. Бояд гуфта шавад, ки «ман аз Помирам, ки дар Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бо Афғонистону Чин ҳамсоя аст; аз порачаҳои парешони Эрони Бузург аст.»

  33. Nakhod ki mavzui digar yoft nashud baroi shumo. Agar shumo famidani chunin masala doshtasted shumo boyad ba hamagon murojiat nakardasted. Betar az in mavzu shumo metavonisted ki tarikhi Badakhonro gired. Olimon va jugrofshinosoni guzaitagon dur az sovod nabuda in manotikro ba Tojikiston dokhil kardand. Baroi famidan va az kujo budan mo metavonem guftan ba tariki zail: Pomiri, Kulobi, Badakhshoni, Leninobodi Lekin Dar majmu mo ak Tojikem. Fardi doroi savod boyad in khel gapro peshkash nakunad. Va nakhod ki baroi shumo in kadar zarur shud ki ba hamai kholoik murojiat kuned. Odamoni besavod doiri hamin khel masala basu munozura mekunand. In ak kambakhtii mardumi Tojiki mo buda az in sabab mo ba dushvoriho duchor shuda baroi khalkhoi berun az marz roh meduhem ki moro istifoda kunand.
    ДАР ОХИР МАН АЗ ХАМАИ ШУМО, ЧИ МАРДУМИ ПОМИР ВА ЧИ ДИГАР МАРДУМИ МИТАКАХОИ ТОЧИКИСТОН , ХОХИШ МЕКНАМ КИ ДОИР БА ИН МАСЪАЛА МУНОЗИРА НАКУНЕД. Ва комилан гуфта метавонам ки ин хохари ОЗАДА одами аз хаво гирифтагии мисли АСОМА БИН ЛАДЕН мебошад. Помири гуфтан ин маъноро надорад ки ман Точик нестам лекин ишора мекунанд ки ман истикоматкунандаи ВМКБ мебошам чи хеле ки мегуянд ман Кулоби,ман Гарми, Ленинободи ва гайра. Имруз давлатхои хамсоя намехохам номбар кунам мехоханд ки мардими точики моро бо хамин хел гапхо истифода карда чанг андозанд аз ин лиоз ман аз хамаи шахрвандон хохиш мекуна ки ба чунин гапхо бовар накунед.

  34. salm sale noo mobarak
    man yek daneshjoye irani hastam.
    chand vaghte pish hrofe rossi ra yad gereftam va be sorate etefaghi ba veblage shoma ashena shodam veblage jalebidarid omidvaram movafagh bashid

    умидварам хамеи фарси забаиха хамише сарбуланд башанд

    *meysam* аз иран

    тазе ба хуруфе руси ашина шудам ва агар каламат ра ештеба минебисам ман ра бебахшид.

  35. in yak gusola digar mavzu nayoft ki mardumro ba mahalgaroi zada istodaast va hamun mualimhoi in mavzuro kabul kardan to in daraga be aklu be savodand gush kun ajina mavzuro ivaz kun hub tar meshud

  36. Мо хама Точикем фаромуш накунед!

Leave a comment