«Ташаккур, амаки Аврупо, боз яктои дигар бидиҳед…»

Онгуна ки устодам Тоҷвар ба ман ёд додааст, яке аз вазифаҳои торнигори «Андеша» коштани тухми шубҳа дар дилҳои шумост. Зеро танҳо тардид аст, ки ба дидани чанд қадам онсутар имкон мекушояд.

Агар фардо шунидед ё хондед, ки сафари раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо хеле муваффақона буд, як зарра шубҳа кунед. Ҳатто агар арқому адади бузургеро дидед, боз ҳам набояд дафъатан бовар кунед, ки Аврупо ба Тоҷикистон сармояҳои ҳангуфте хоҳад дод.

Гап сари ин аст, ки бар тибқи қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳама гуна кӯмакҳои молии мустақими он ба Тоҷикистон ғайриқонуниянд. Барои он ки қарордоди чаҳорчӯбавии ду тараф, ки дар соли 2004 ба имзо расид, ҳанӯз аз ҷониби порлумони Юнон тавсиб нашудааст. Ин ягона кишвар аст, ки тасвиби қарордодро ба дарозо мекашад ва то замоне ки ин мушкил ҳал нашавад, Иттиҳодияи Аврупо метавонад, танҳо ба воситаи ниҳодҳои савум ба Тоҷикистон мадад расонад. Он ҳам танҳо кӯмакҳои башардӯстона, ки ба ҳайси грант ба созмонҳои дигар дода мешаванд, ба ин шарт ки онҳо ин кӯмакро ба Тоҷикистон бирасонанд. Ҳеҷ гуна сармоягузории расмии худи Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон имконпазир нест, то он рӯзе ки порлумони Юнон қарордоди пояиро ба тасвиб расонад.

Дар ин ҳолат, табъан қисми зиёди кӯмакҳо ба Тоҷикистон нарасида «обу лой» мешаванд ва бақияаш дар худи кишвар ба соҳаҳои зарурӣ ва одамони мӯҳтоҷ нарасида, ба самти кисаҳои чапи мансабдорон ҳаракат мекунад. Чунки созмонҳои миёнарав ва асосан фасодзада ба фасоди ҳукуматдорони Тоҷикистон эътибор намедиҳанд.

Акнун тасаввур кунед, ки дар турнеи аврупоии ҷаноби Раҳмон асосан ваъдаҳои калон садо доданд, аммо амалӣ гаштани онҳо зери суъол аст. Шояд мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо умедворанд, ки Юнон ба зудӣ аҳдномаи соли 2004-ро ба тасвиб хоҳад расонд, вале коре ки дар ин қадар сол нашуд, чаро бояд имрӯз бишавад?

Эмомалӣ Раҳмон ба сафари Аврупо бо худ 63 нафарро оварда, мансабдорони аврупоиро дар ҳайрат гузошт. То ӯ ягон президент бо ин теъдод «обҷонамозкашонҳо» сафар накарда буд. Хуб аст, ки харҷ аз кисаи мизбон буд, аммо даргумон аст, ки ин «ҳирс» ба аврупоиҳо хуш омада бошад. Худи раҳбарони Аврупо асосан бо афроди камтар ва гоҳе ҳатто дар ҳавопаймоҳои муқаррарӣ сафар мекунанд. Бархе аз онҳо ба ҷои кораш — Кохи президентӣ бо дучарха (велосипед) меравад.

Сӯҳбати ӯ ошкору ниҳон асосан аз як чиз иборат буд: ба мо кӯмак кунед, мо бароятон муҳим ҳастем. Пулатонро дареғ надоред. Ва ҳатто як миқдор шантаж — агар пул намедиҳед, террористҳо ҷазои шуморо хоҳанд дод. Сухани комилан ғайридипломатӣ, ки аврупоиҳои пуртакаллуф ва нозуктабъро ба ваҳшат овард. Латифае ҳаст, ки ҳамаи сарони давлатҳо дар толоре сӯҳбат доштанду ногаҳон Бен Лодани ришдору салладор ба он ҷо даромад, президентҳо баробар худро зери миз баҷо карданд. Пас аз лаҳзае, худи Усома ҳам бо туфанги калашниковаш паҳлуи онҳо зери миз даромад ва худро пинҳон кард. Президент Буш ҳайрон шуду ба Усома гуфт, «мо ку аз ту тарсида, ин ҷо пинҳон шудем, ту аз чӣ тарс хӯрдӣ?. Вай ба боло ишора кард ва президентҳо аз зери миз нигоҳ карданду диданд, ки дар пеши дар акаи Эмомалӣ истодааст. Усома гуфтааст, безор кард, боз пул мепурсад…

Ба ҷои пул, агар Раҳмон аз аврупоиҳо мехост, ки навтарин фанновариҳои худро аз Тоҷикистон дареғ надоранд, вокуниши онҳо ба гунаи дигар мешуд. Ва ё ба ҷои нақдина аз онҳо мехост, ки ҳар сол 10 ҷавони тоҷикро бо таҳсили бепул дар донишгоҳҳои худ фаро гиранд, 27 кишвари Аврупо соле 270 мутахассиси арзанда ба Тоҷикистон ҳадия мекард. Ҳеҷ не, мегуфт, аз Тоҷикистон муҳоҷири корӣ қабул кунанд, зеро Русия квотаро кам кардааст. Аммо афсӯс…

Амакие ба як кӯдак дар кӯча себе медиҳад. Модари кӯдак мегӯяд, «хуб, дар ҷавоб ба амакаш чӣ бояд гуфт?» Кӯдак мегӯяд, «боз яктои дигар дидҳед…» Албатта, раҳбари мо беҳтар буд, зеро аввал ташаккур гуфт ва танҳо баъд инро ки «боз диҳед.»

Хулоса, сафаре буд, ки даргумон аст, аз раҳбари тоҷикон ба аврупоиҳо таассуроти олӣ боқӣ гузошта бошад ва гумон аст, ба зудӣ барои мардуми тоҷик беҳбудеро ба вуҷуд оварад. Вале шояд чизҳое дар паси дарҳои пӯшида ё пушти пардаҳо рух дода бошад, ки мо надонем. Локин умдатан чунин чизҳои пасипардагӣ на ба манфиати мардуми оддии кишваранд.

Advertisements

15 Responses

  1. Офарин бар Рахмон, ки дар Аврупо бо забони точики харф мезад. Аз ин дигар бузурги намешавад.

  2. Бале чои гап дар ин маврид нест, кариб ки бегалат хам харф мезад, аммо эй кош ба маънии харф хам эътибор медод.

  3. Gap sari on ast, ki u Inglisiro namedonad, to misli digar prezidentho hamchun yak nafari muosir khudro muarrifi kunad.

  4. Бале бародар рустам. мошолох аз масоили хукуки байналмилалам бохабари. офарин дусти азиз. бовар кун маколахоятро хонда лаззат мебарам. банда худ мутахассиси муносиботи байналмилал хастам. вале он чи ту менависи камтар аз он медонам. бовар кун баъзан вакт аз навиштахои ту чизхоеро мехонам ки дар умрам нахондаам. бачахо биеед бо хам як команда ташкил дихем. мебини аз дасти мо хам коре меояд.
    чи тавр метавонем хамдигарро бибинем? е хадди акал телефони сухбат дошта бошем? банда дар маскав хастам. аз бародарон хохиш ба ин шумора тамос гиранд. 89264309156.

  5. Rahmonro injo pisande nemkunand, u baroi Avrupo misli afrikoihoest, ki dar vokhuri bo Malikai Britonyoi Kabir to hol as u shasti mohigiri va shishahoi ranga tuhfa megirand.

  6. Маколаи бенихоят хуб,

    Махсусан, латифаи тарси Усома Бен Лоден аз Рахмон онро боз хам пурмазмунтар меунад.
    Аз ин дигар шармандаги нест.

    Пешниходхои багоят хам хуб дода шуд. Сад афсус ки Рахмон чунин фикрхои пухта надорад.

    Хайронам 63 нафар бо у чи корро ичро мекарданд.

  7. Salom. Barodari aziz Rustam dar borai makolaaton chize guftani nestam Fikrhoi khudro bayon kardaed, lekin guftaniyam ki dar mavridi Gayrikonuni budani kumakhoi Avrupo ba Tojikiston ishtiboh mekuned. Yakumash in ki dar hamkorihoi khoriji tasvib shudan yo nashudani karordodho dar azohoi in ittihod hej muhimiyate nadorad. Tasvib shudani in karordodho kuvvai konuni dar hukuki dokhili paydo mekunonad. Duyumash in ki Ittihodi Avrupo konun nadorad, sozishnoma dorad yo ki treaty. Seyumash Ittihodi avrupo Supranational organization na International organization. Sistemai Hukuki Ittihodi Avrupo ba khud khos ast yane az Hukuki baynalkhalki fark dorad. Yane agar Ittihodi Avrupo yo in ki yagon davlati alohidai on ba misoli Faronsa ba Tojikiston kumak yo mablagguzori kardani shavand be yagon monea in korro mekunand lekin masala dar on ast ki oyo onho dar in kor manfiatdorand yo ne . Tashakkur

  8. Ba barodari aziz, Tarafdor:

    In iqtibos az tornamoi Porlumoni Avrupo:

    Rahmon, on his first-ever visit to Brussels, told MEPs that while he was «very grateful» to the EU for its financial aid, this still fell short of what was needed to help revive its ruined economy.

    «Our relations with the EU are progressing well and, indeed, have reached a new level,» said Rahmon, now in his third term as president. He pointed out that foreign trade investment in his country had increased three-fold in recent years and the country was making strides in various areas, particularly education.

    «But I would like the European parliament to render more support to improving these relations further still,» he insisted.

    In his address, the president said he hoped the EU would take into account the efforts being made to combat drug trafficking, particularly on its huge border with Afghanistan.

    His comments were partly echoed by Lithuanian ALDE member Ona Jukneviciene, who chairs parliament’s delegation to the central Asian republics.

    She said it was «regrettable» that one member state, Greece, was yet to ratify the partnership and cooperation agreement between the EU and Tajikistan.

    She added, «This is significant because it means we are not yet able to utilise the full capacity of this very useful instrument.

    «The fact that this agreement, which was signed back in 2004, is still to ratified, is something parliament should address.»

    Матни комил дар ин сафха аст ва чои пинхон кардан надорад.

  9. Тарчумаи матни дар боло овардашударо ба забони руси инчо мегузорам то хама аз мазмуни он бохабар бошанд.

    »В его адресе президент сказал, что он надеялся, что ЕС примет во внимание усилия, предпринятые, чтобы сражаться с незаконным оборотом наркотиков, особенно на его огромной границе с Афганистаном. Его комментарии были частично отражены литовским участником Ona Jukneviciene ALDE, который возглавляет парламентскую делегацию центральных азиатских республик. Она сказала, что было «прискорбно», что одно государство-член, Греция, должно было все же ратифицировать товарищество и соглашение о сотрудничестве между ЕС и Таджикистаном. Она добавила, «Это является существенным, потому что это означает, что мы еще не в состоянии использовать полную мощность этого очень полезного инструмента. «Факт, что это соглашение, которое было подписано назад в 2004, все еще к ратифицированному, быть кое-чем, к чему парламент должен обратиться.» »

    Чи хеле ки аз матн бармеояд ягон калимаи гайриконуни будани кумакхо ба Точикистон нест. Дар ончо калимаи »regrettable» истифода бурда шудааст ки маънои гайриконуниро надорад. Ман гуфтани нестам ки Аврупо ба Точикистон хатман ёри хохад расонд, ман танхо гуфтани будам ки навиштаи шумо аз чихати илми Хукукшуноси дуруст нест. Яъне дар Хукуки умумибашар вожаи Гайриконуни истифода бурда намешавад. Вожаи ба хукуки башари Мувофик будан ё набудани он истифода мешавад. Ба фахмиши ман Он намояндаи парламент таассуф аз он мекунад ки созишнома дар парламенти дохилии Юнон ба тасвиб расонида нашудааст, агар ба тасвиб расонида мешуд мо аз хукмхои ин созишнома боз хам васеътар истифода мебурдем гуфта истодаастЯъне тасвиб наёфтани он хеч монеае бар маблаггузории Аврупо ба иктисодиёти Точикистон намегузорад. Агар ба тасвиб расонида мешуд боз хам бехтар мешуд. Лекин максад аз ин суханхо дигар аст. »Ягон монеаи Хукуки вучуд надорад дар равобити байни Аврупову Точикистон » магзи сухани ман. Лекин Аврупоихо намехоханд ё ин ки манфиатдор нестанд, ё манфиатдор бошанд хам намехоханд бо дипломатияи русхо ё узбекхо проблема пайдо кунанд, ана барои хамин хар хел бахонахоро пеш мегузоранд. Агар онхо хоханд ба тасвиб расонии созишномаро дар Юнон дар давоми як шабонаруз ба ичро мерасонанд: Хол он ки дар маблаггузори, инвестисия тасвиби созишнома дар давлатхои узви Аврупо он кадар хам мухим нест. Аврупо пеш аз хама бо максади иктисоди сохта шудааст барои хамин хам махсусан дар масалахои хамкорихои иктисоди созишномахо ба тамоми узвхои он дахл дорад.

  10. Хусусан чумлаи : »Ҳеҷ гуна сармоягузории расмии Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон имконпазир нест, то он рӯзе ки порлумони Юнон қарордоди пояиро ба тасвиб расонад.» ба фикри ман асос надорад. Агар ислох мекардед айни муддао мешуд. Ё дар ин бора ба созишномахои Аврупо руй оваред ва малумоти бештар чам карда хато будани суханхои маро нависед ман хам хурсанд хохам шуд, хам чизи дигареро меомузам. Ташаккур

  11. Дар ин бобат радиои озоди низ маколаи чолибе дорад
    http://www.ozodi.org/content/Article/1491513.html

    Иттиҳоди Аврупо омодааст, ба ҳалли ихтилоф миёни Узбакистону Тоҷикистон дар масъалаҳои обу энержӣ мусоидат кунад, аммо дар ин баҳс нақши миёнаравро касб нахоҳад кард.

  12. Tarafdor-и азиз,

    Ман нагуфтаам, ки мутахассиси хукуки байнулмилалй хастам, аммо ба он фахмиши ночизи ман, тибки низомномаи Иттиходияи Аврупо, карореро, ки хатто як давлат ба тасвиб нарасондааст, метавон номукаммал шумурд ва дар холати зарурй Иттиходия метавонад, ичрои онро хатмй нашуморад. Ин шояд махсус карда шудааст, ки дар холати зарурй Иттиходия тавонад, аз масъулияти ваъдахои худ шона холй кунад.

    Вагарна сабаб чист, ки ба гуфтаи худатон кори дар як шаб мешудагиро Юнон накардааст ва намекунад? Аз тарафи дигар, сабаб чист, ки ин намоянади иттиходия дар хамин матлаб аз тасвиб нашудани созишномаи соли 2004 ёдрас шудааст?

    Манзур созишномахои дучонибаи байни Точикистон ва Фаронса ё Олмон нест, балки махз байни Точикистон ва Иттиходияи Аврупост. Мамнун мебудам, агар Шумои азиз ё касе аз дустон ин масъаларо шарх медод.

  13. Ба назари банда, чаноби олй инсони бахиммат аст. Хар дафъа ки ба сафари хоричй равад, аз 45 то 70 нафарро бо худ кашола карда мебарад.

    Дар дастгохи раисичумхур, вазоратхо ва ширкатхои дуру наздик як навбате мавчуд аст, ки хар дафъа аз руи ин «очурад» мансбадорон бо чаноби олй ба сафар мераванд, то хам аз «сутучни» ва «камандировочни» киса пур кунанд ва хам харид-парид карда бозгарданд.

    Албатта, баъзе наздиктарон хам хастанд, ки доим «очурад»-ро вайрон мекунанд ва бенавбат мераванд. Сабабаш — номаълум…

  14. Safari E Rahmonro dar yagon shabakahoi Belgie namoish nadodand va dar boraash hej chize ham nanavistan chunki rejimi Rahmon ba gadoi omada bud va in khudash obrui rahmonro nishon medihad

  15. Бародар ТАРАФДОР!
    Донистани забони англиси ба кас имкон намедихад ки донандаи хукуки байналмилал бошад. ва ин чо хак бар чониби чаноби рустам хаст. аз банда маслихат боз хам низомнома ва е худ оинномаи иттиходи аврупоро кушода назар андозед ин нукта кайд шудааст. зеро ки чунин иттиходхо бар асоси баробархукукии кишархо сохта мешаванд. ташкилоти иттиходи аврупо ин ОДКБ-и россия ва шанхаи чин нест. он чое ки россия хамчун шаханшох хар чи дилаш хост мегуяд ва мекунад. ва ин гуфтахо танхо дар болои когазхо монда чанг гирифтаю мепусанд.
    агар през рахмон аз аввал ру ба суи аврупо мекард мутмаинам имруз хар як точик мерседес савор буд. вале инсоф хам лозим будагист 80 нафарро бохуд бурдан чи маъни дорад. магар мушовирхо бубахшед (гух мехуранд) ки намегуянд ки ин корро набояд кард. шарманда.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: