Сафорати Русия хостори робитаҳои судманди дуҷониба аст?

Чанде қабл бо ташаббуси Зафар Абдуллоев, раиси Анҷумани Медиа- Алянси Точикистон дар мавзуъи “Миллатбадбинй: Вокуниши сафорати Русия ва расонаҳои хабарии точикзабон” бо ширкати муҳаррирони ду рӯзномаи тоҷики -“Фараж” Хуршед Ниёзов ва “Миллат” Толибшоҳи Сайидзода, хабарнигори махсуси РИА- Новости Лидия Исамова, ҳамчунин намояндагони Сафорати Русия дар Точикистон, котиби аввали ин Сафорат Дмитрий Хабаев ва атташеи матбуоти Комил Магомедов Мизи гирд баргузор гардид. Чуноне қамагон огаҳ ҳастанд пас аз куштори шаҳрванди Точикистон Салоҳиддин Азизов дар Маскав миёни расонаҳои хабарии мустақили тоҷик ва Сафорати Русия дар кишвари мо як муноқишаи матбуотй ё ба истилоҳ, “ҷанги идеологй” шуруъ гардид. Савол ин аст, ки чаро чунин шуд ва ин муноқиша аз чӣ рӯ зад ва он ба чӣ оварда расонид?

Дмитрий Кабаев: Ман инро тезу тунд шудани муносибатҳо намешуморам, аммо далели куштори муҳоҷири тоҷик на танҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон, балки ба ҷомеаи Русия низ таъсир расонид. Зеро чунин куштори бераҳмона бори аввал рух дод. Фикр мекунам ин ҷо акнун дигар риштаи кор дар дасти мақомоти интизомии мост, то онҳо муайян созанд, ки дар ин куштор кӣ гунаҳгор аст. Гунаҳгорон бояд ёфта шаванд ва муҷозот гарданд, то чунин ҳодисаҳо дигар рух надиҳанд. То ҷое ман медонам, ҷониби Русия ба ҳалли ин қазия ҷиддй машғул аст. Гурӯҳи босалоҳияти тафтишотӣ минҷумла аз кормандони Хадамоти федеролии амният таъсис ёфтааст, зеро ин куштор ранги сиёсӣ гирифт. Фикр мекунам, натиҷаи дилхоҳи кори ин гурӯҳро бояд интизор шавем. Дар ҳамин ҳол мо ҳама журналистон ва кормандони мақомоти дипломатӣ ҳам бояд дар баррасй, инъикос ва шарҳу тафсири чунин рӯйдодҳо мунсифона ва беғараз муносибат бикунем.

Комил Магомедов: Ман танҳо ҳаминро мехоҳам илова кунам, ки шиддати тундгуфторӣ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистонро ду чиз сабаб шуд; аввалан ин қарори Владимир Путин барои 50% коҳиш додани муҳоҷирон ва баъдан куштори ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов. Вобаста ба қарори сарвазир Путин ҳаминро бояд қайд кард, ки ин икдом дар қиболи зухури бӯҳрони молӣ қабул шуд. Умуман бо ин иқдом Русия кӯшиш дорад, муҳоҷиратро коҳиш диҳад ва ба танзим оварад. Пас аз ин иқдом набояд воҳима барангехт. Дар масъалаи дуюм, воқеан ҳам ин куштори даҳшатнок аст, бовар кунед мо ҳам чун ҷомеаи Тоҷикистон нигарон ҳастем. Ҳар як чунин куштор е ягон фалоката дигар, ки бойиси фоҷеа мешавад барои ман ҳам чун шумо мусибат аст. Мехостам ҳангоми муҳокимаи ин масоил умуман ҳама гуна проблемаву мушкилоти дар муносибати Тоҷикистону Русия ҷой дошта одоб риоя шавад. Вобаста ба нотаи эътирозии мо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки сабаби ягонаи иншои он Нота ин пайдо шудани мавҷи мақолаҳои ҳангомавӣ ва таҳқирона, ки дар матбуоти Тоҷикистон ба нашр расиданд, мебошад. Ҳодисаҳои кушторро мисол оварда онҳоро чун роҳи пешгирифтаи ҳукумати Русия қаламдод намудан нодуруст аст. Журналистон мехоҳанд ин масъаларо муҳокима кунанд, ин ҳукуқи онҳост. Аммо биёед роҳбарияти сиёсии Русияро таҳқир накунем.

Толибшоҳи Сайидзода: Қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия на танҳо мо рӯзноманигоронро, балки ҷомеаи моро нигарон кардааст. Масалан шумо мегӯед: Тоҷикистон ин шарики стратегии мост”. Мо хеле хурсанд ҳастем, ки чунин давлати абарқудрат моро шарики хеш меҳисобад. Аммо ман як чизро намефаҳмам, Гурҷистон бо Русия ҷангид, вале ягон гурҷиро дар Русия барои ин накуштанд. Украина кубурҳои газро ва роҳи интиқоли гази Русияро ба Аврупо баст ва ба буҷаи Русия қариб 2,5 миллиард доллар зарар овард, аммо ягон украиниро накуштанд, пас барои чӣ моро мекушанд? Президенти мо ба ҳамин мазмун ишора намуда буд: Чун мо заъиф ҳастем, ҳар чӣ хоҳанд бо мо раво мебинанд? Дар нотаи ирсол намудаи сафорати Русия омадааст, ҳашт ҳазор тоҷикистонӣ ҷиноят содир кардаанд. Барои ҷиноят содир кардан бояд одамро бикушанд? Тоҷик гуноҳ кард, ӯро зиндонй кунед. Бе ин ҳам ба қавле 50-60 ҳазор тоҷикистонӣ бо туҳмату бегуноҳ ё бо айбҳои сохта дар зиндонҳои Русия бандианд. Оё касе аз намояндагони сафорати Русия ба хонаи Салоҳиддин Азизов рафт? Шаҳрвандони шумо дар он ҷо ҳамдиёрони моро мекушанд, шумо бошед дар ин ҷо ҳам моро гунаҳгор мекунед.

Ҳам роҳбарияти мо ва ҳам худи мо аз сидқи дил мехоҳем, ки миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Аммо роҳбарияти шумо вазъиятро мушкил мекунад. Барои чӣ Дмитрий Рогозин, бадхоҳи рақами аввали тоҷикон намояндаи махсуси Русия дар НАТО аст? Ё Владимир Лукин, роҳбари Дафтари ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дар Русия ҳаммиллатони маро “ифлос” номид? Ҳар касе ки зидди тоҷик бошад, ба назари мо чунин менамояд, ки Путин дастгирӣ мекунад. Борис Елсин демократи ҳақиқӣ буд, Худо раҳматаш кунад. Ҳамин, ки Путин сари қудрат омад, мо ҳама дороии хешро додем; се полки русй дар Тоҷикистон аст. Дар ягон кишвари дигар чунин нест. Маркази назорати кайҳонии “Окно”, ки миллиардҳо маблағ арзиш дорад, мо “бародари калонӣ” гуфта ройгон додем. Аммо “бародарони хурдӣ”-ро бераҳмона мекушанд, алаккай 681 тобут омадааст. Вале дар ҳамин ҳол агар як нафар русро мисли Салоҳиддин дар Тоҷикистон мекуштанд, шумо тоҷиконро террорист меномидед ва вазири дифоъи Русия худаш бевосита амалиёти махсуси низомиро сарварӣ мекард. Агар ман ноҳақ бошам, пас маъзур доред!

Лидия Исамова: Ман бо бисёр андешаҳои Толибшоҳ розӣ нестам, набояд ҷиноятҳои алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби экстремистҳо ва скинхедҳо амалӣ шударо ба сатҳи сиёсати Русия баробар донист. Ин ба он монанд аст, ки фаъолияти “Ҳизбу-ут-таҳрир” ва “Салафия” ба сатҳи сиёсати давлатӣ баробар бошад. Ҳарчанд ин ҳаракатҳо дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Таъиноти сиёсиро ҳам набояд ба ин алоқаманд кард. Рогозин айни ҳол аз Русия хеле дур аст ва вақтҳои охир ба масъалаи муҳоҷирон дахл накардааст. Он чӣ Лукин гуфт, Худо худаш довари ҳақ аст, ин албатта барои намояндаи ҳифзи ҳуқуқи инсон зебанда нест, баръакс ӯ бояд инсонҳоро ҳифз кунад. Мо дар бораи миқдори куштори узбакҳо, қирғизҳо, молдаванҳо, украинҳо намегӯем, аммо ман медонам, ки микдори онҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон камтар нест, ба ин масъала на чун сиёсати расмии Русия, балки чун зуҳуроти экстремистӣ бояд баҳо дод. Албатта ҳукумати Русия маблағгузорон ва пуштибонҳои ҳаракати фашистиро пайдо мекунад. Ба ин масъала бояд хадамоти амниятӣ машғул шавад, зеро ин ҷараён характери умумӣ гирифтааст. Масъалаи он ки мо пойгоҳи низомии Русияро ҷой додем он аст, ки давлати Тоҷикистон пеши Русия қарзи зиёд дошт ва бояд он қарзҳоро месупоридем, вале натавонистем. Ба ҳамин хотир шартномаи байни ҳукумати буд дар ин масъалаҳо. “Окно” дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хароб гардид ва дивизияи 201- и Русия онро ҳифз карда буд. Фикр мекунам, худи ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад, ки дивизияи 201- ум бароварда шавад, зеро дар паҳлӯи мо Афғонистон ва экстремистҳое ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ вазъро ноором ва моро безобита мекунанд ва ин дивизия ба ҳайати нируҳои зудамали Созмони амнияти дастаҷамъй (ОДКБ) дохил мешавад.

Ниёзов Хуршед: Аввалан як нуқтаро мехоҳам қайд намоям, ки ман муддати ду сол дар Русия будам ва он масьалаеро, ки ин ҷо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, шояд, каме аз дигарон бехтар донам. Ба андешаи ман гунаҳгорӣ асосӣ дар ин масъала мансабдорони алоҳидаи баландмақоманд. Барои мисол, сардори РКД-и шаҳри Маскав дар яке аз мусоҳибаҳояш куштори се нафар- арманӣ, ҳинду ва точикро шарҳ дода, дар мавриди қотилон чунин гуфт: “Охир онҳо ҳоло наврасанд, ин далели авбошӣ асту бас”. Вақте инсонро мекушанд, магар ин авбошӣ аст? Хуршеда Султоноваи 9-соларо 21 корд заданд, магар ин авбошӣ аст? Метавон дар ин маврид беш аз 20 мисол овард. Ҳамаи ин ҷараён як сиёсати пешгирифтаи мансабдорони алоҳидаи Русия аст, сар карда аз Лукин, Рогозин то Лужкову Жириновский. Дар мо ҳам чунин як нафар буд. Аввалин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмон Юсупов соли 1992 таҳдид карда буд, ки талабагони мактаби русиро гаравгон мегирад, вале худи ҷомеаи мо уро маҳкум кард. Тавре ман дар боло гуфтам, инро сиёсати пешгирифтаи мансабдорони баландмақоми рус меҳисобам. Аммо вақте сари Салохиддинро баъди суханони Путин дар мавриди чорӣ намудани квота барои муҳоҷирон буриданд, ҳар касе ки аз илми мантиқ бохабар аст, албатта дар ин масъала пайвавдеро мебинад.

Зафар Абдуллоев: Дар Нотаи сафорати Русия омори ҷиноёти содиркардаи тоҷикон оварда шудааст. Дар ҳамин ҳол барои пешгирии ин ҷиноёт ҳукумати Русия чӣ корҳоро анҷом медиҳад? Ҳамчунин расонаҳои хабарии Тоҷикистон, то кадом андоза арқоми боэътимодро дар мавриди куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия истифода мебаранд?

Комил Магомедов: Соли 2007 ба Кодекси ҷиноятии Русия тағйиру иловаҳо дароварда шуд, ки тибки он чавобгарй барои содир кардани ин гуна ҷиноятҳо вазнинтар мешавад. Дар ҳамаи сохторҳои кудратӣ гурӯҳи махсус алайҳи мубориза бо ин ҷиноятҳо таъсис дода шудааст.

Дмитрий Кабаев: Ҷиноят содир кардан аз рӯи хусусиятҳои миллатбадбинӣ ин ҷараёни наве дар Русия мебошад. Ин раванд дар давраи Шӯравӣ набуд, ин ҷиноятҳо якбора рӯ задаанд, хукуматдорон ҳанӯз намедонистанд, ки чи гуна бо он бархӯрд кунанд. Дар масъалаи қазияи Хуршеда Султонова эҳтимол дорад, ки қарори беадолатона ҳам ҳаст, зеро он падидаи нав аст. Ҳукуматдорони Русия оҳиста-оҳиста бархӯрди шадид нишон дода истодаанд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза омода карда шудаанд. Айни замон мавҷи мурофиаҳои судӣ нисбати миллатгароён дар ҳама ҷо сар шудааст. Фикр мекунам, ин раванд ривоҷ хоҳад ёфт.

Аз нуқтаи назари журналистӣ чунин гузоштани масъала, ки 600 тобут омад мувофиқ аст, бисёр гашти хуб. Ҳангомабарангезӣ гӯё, ки “дар Русия алаӣҳи тоҷикон ҷанг рафта истодааст”. Мо бошем дар Русия гашту гузор карда намедонистем, ки дар он ҷо ҷанг будааст. Чунин эҳсос пайдо мешавад, ки дар ҳар кунҷи Русия гӯё скинхедҳо истода тоҷиконро интизор ҳастанд, то онҳоро ба қатл расонанд. Шумо ба Маскаву Санкт- Петербург биравед ва бубинед, ки чи тавр одамон дар он ҷо озод мегарданд. Бале, чунин раванди номатлуб дар шаҳрҳои калони Русия ҳаст ва чунин дастаҳои ҷинояткор амал мекунанд, аммо ин раванди умуми нест. Ин ҷо дар масълаи миқдори кушторҳо ҳам дакик, будан лозим аст.

Комил Магомедов: Дар мавриди матбуот и Точикистон ман як далели дигар дорав». Масалан, як рӯзномаи мустакили Точикистон менависад: “Боз як куштор дар Русия”, макола чунин сар мешавад: “Дар ин рӯзҳо куштори навбатии се муҳоҷири точик сурат гирифт.” Дар матлаб бошад омадааст, ки онҳо дар сохтмон кор мекардаанд ва ба болшшон девор афтидааст, яъне онҳо дар натиҷаи беэҳтиёти ҳалок шудаанд, аммо ин ҳодиса ҳамчун як куштор маънедод шудааст. Ман мефаҳмам, ҳар фавт як фоҷеа аст, аммо биёед объективона бинависем.

Толибшоҳи Сайидзода: Ман бо шумо одам нестам, ҷаноби Магоммедов. Оё Шумо намедонед, ки дар бораи мо, яъне миллати тоҷик расонаҳои хабарии Русия чӣ «мегӯянду чӣ менависанд? Танхо тахкиру тӯҳмат. Масалан, барномаи “Наша Раша” чй? Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки шояд ин сиёсати пеш гирифтаи мансабдорони алохидаи Русия бошад, ман бо ин акдеша розӣ нестам. Вақте вазири корҳои Точикистон изхорот медихад ин президенти кишвар аст. Агар нафарони наздик ба Путин масалан, Лужков, Рогозин, Лукин ва дигарон мавқеъашонро намоиш медиханд, маълум мешавад, ки ин хати сиёсии Путин аст.

Комил Магомедов: Аммо Рогозин ва Лукин вазири корхои хориҷа нестанд.

Толибшоҳи Сайидзода: ОхирЛужков ин ҳокими пойтахш Русия аст! 600 тобут дар як сол! Боз чй кадар лозим аст, то ки Путин ин ҳама кушторро боз дорад.

Комил Магомедов: Биистед. Ҳамаи онҳоро “миллатгароён накуштаанд, аз куҷо ин маълумотхоро гирифтаед, ин маълумоти дуруг аст. Шумо мегуед, Ки кисми зиёди дар Русия зиндони буда, бо тӯҳмат нишастаанд, шумо маьлумоти расмӣ, сарчашмаи боэътимоди маълумот доред? Шумо ҳатто намедонвд, ки ин дуруст аст ё нодуруст? Ҳарчанд ин пурра нодуруст аст.

Толибшоҳи Сайидзода: Хуб, бигирем 170-кушташуда. Агар ба миқдори аҳолй нигоҳ кунем барои Русия гӯё 50 ҳазор кушта шудааст. Мисоли дигар дар Екатеринбург Гаҷимирза Алмасови доғистонй боздошт шуд, ки танҳо дар Тоҷикимстон таваллуд шудааст, аммо расонаҳои иттилооти Русия тавре хабар медиҳанд, ки гӯё тоҷик боздошт шуда бошад.

Комил Магогмедов: Ман бо шумо розй хастам, ин гуна ҳодисаҳо ҳастанд. Аммо вақте мегӯед, ки тоҷиконро дар Русия тӯҳмат кардаанд, ба шумо касе ин хуқуқро надодааст.

Толибшоҳи Сайидзода: Ҳашт сол Буш, Бен Ладенро чуст, Путин хашт сол скинхедхоро мечуяд, вале на у ёфту на ин. То замоне, ки точик сохиби силохи хастай нашавад, моро хоханд кушт. Ман фикр мекунам ин кушторҳо дар Русия ба зудӣ анҷом нахоҳанд ёфт.

Лидия Исамова: Маъзарат мехоҳад, дар ҳама гӯшаи дунё куштор ҳаст, бо ҳар бахонаву сабаб одам мекушанд, вале гуфтан лозим, ки бояд бомаи атомӣ дошта бошем, ин як назари кобили қабул нест.

Хуршед Ниёзов: Дар мавриди Нотаи эътирозӣ мехостам як нуқтаро қайд намоям. Дар он ҷо ишорае хаст, ки духтари русро таҷовуз кардаанд. Ҳарчанд исбот шуда буд, ки русдухтарро узбак таҷовуз карда буд, аммо тоҷикро куштанд. Мо як маводе дар даст дорем, ки дар он дар бораи таҷовуз ва куштори духтари 6-солаи тоҷик сухан меравад. Ҳатто дар Точикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва кумондонхои пуркудрати сахрои буданд, чунин холатхо рух надоданд. Бубинед, такрор мекунем, ки Русия шарики стратегии мо аст. Муносибати байни Амрикову Ирон аз ин ҳарфҳои зебо дуртар аст. Аммо шумо дар ягон ҷо шунидаед, ки дар Амрико аз рӯи эҳсоси миллатбадбинй ягон ирониро кушта бошанд, ё алайҳи онҳо гурӯҳҳое фаъол бошад. Ман фикр мекунам, ки масалан, ба ҷои пешниҳоди нота шумо метавонистед аз минбари мо истифода карда, вокуниши худро нисбата қатли тоҷикписар баён кунед.

Зафар Абдуллоев: Зикри он чизе, ки чанд маротиба дар ин ҷо гуфта шуд, яъне маводу мақолаҳои зидди тоҷикон гӯё, ки танҳо дар расонаҳои хабарии ғайридавлатии Русия пайдо мешаванд. Дар се моҳи охир ман дар Русия будам ва имконияти ҳар рӯз шинос шудан бо навиштаҳои аксари расонаҳои хабарии ин кишварро доштам. Метавон гуфт, ки танҳо се нашрияи Русия; “Новая газета”, “Время новостей” ва маҷаллаи “The New Times” (“Новое время”) ба таври мусбат ва холисона дар бораи мардикорон баҳо медиҳанд ва ё умуман ба ин мавзуъ даст намезананд. Боқи аксари нашрияҳо ахбору маводи муғризона ва якҷонибаро нашр мекунанд. Ҳатто нашрияҳои маъруфи давлатие чун “Российская газета” ва ҳамчунин шабакаҳои телевизионие, амали РТР, ки шабакаи давлатист ва НТВ, ки аз ҷониби ширкати “Газпром” сарпарастӣ мешавад, аз ин истисно нестанд. Саволи дигар чунин аст, ки дар Нотаи сафорат аз макомоти кишвари мо даъват шуда буд, то ба нашрияҳои “Миллат”, “Фараж”, “СССР”, ‘Нигаҳ”, “ФК-Сарital таъсир расонанд. Дар ин бора журналистони мо чӣ фикр доранд? Ба ақидаи чониби Сафорат то чӣ андоза ин даъвати онҳо таъсирбахш аст ва чаро ба расонахои хабарии Русия низ чунин таъсиргузорӣ сурат намегирад?

Дмитрий Кабаев: Оё шумо медонед, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав хар моҳ ва баъзан вақт дар як моҳ ду маротиба ба мо нотаҳо менависад, Мо бори аввал аст, ки аз мокомоти точик хохиш намудем то ба расонахои хабари таъсир расонанд, пеш аз ин хеч гох ин корро накарда будем. Ин дафъа ба хулосае омадем, ки ҳамаи ин, яъне он навиштаҳои матбуоти точик як навъ беэҳтиромӣ аст ва аз ин хеле мутаассир хам шудем. Мо озодии баёнро дар Тоҷикистон фишор наовардаем, не, асло ин тавр нест. Мо танҳо аз ҳукуматдорони тоҷик, аниқтараш аз журналистон даъват намудем, то ин ҳолати бе ин ҳам мушкилу фоҷиавиро боз пурташаннуҷтар нагардонанд. Мо инро вазифаи худ донистем то ба ин роҳ алангаи ҷӯшонро хомӯш намоем.

Хуршед Ниёзов: Тавре ман гуфтам, дар ин бора фикр кардан зарур буд. Шумо метавонистед тамоми расонаҳои хабарии тоҷикзабонро ҷамъ намуда, мавқеъи худро муайян намоед ва медонистед, ки мо хам зидди скинхедҳо, зидди гуфтаҳои мақомдорони алоҳидаи ҳухумат ва ҳам зидди сиёсати Лужков ҳастем. Дар ин проблема на шумо гунаҳгоред ва на мо. Бояд мо мушкилотро ин ҷо муайян намоем ва бар зидди чунин рӯӣдодхо оянда ҳам мубориза барем.

Комил Магомедов: Ман бо Хуршед бо он розӣ ҳастам, ки дар ин ҳолат масъулиятро бар дӯши ҳукумати Русия набояд бор кард, ин кори ҳарду ҷониб аст. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон. Дар мавриди нота, ман мефахмам, шояд шумо нуктаи назари худро дошта бошед, метавонед дар бораи Русия фикру акидаи худро иброз намоед. Аммо байни гуфтани нуқтаи назар, ки метавонад хатто ғайриобективона бошад ва байни тахкир кардан фарқ аст. Дар расонаҳои хабарии Русия муайян кардан душвор аст, ки ба нишони Тоҷикистон таҳқирҳои рӯйрост равон карда мешавад. Дар омади гал бояд биғӯям, ки аз ҷониби Зафар он амале буд, дағал ва беадабона.

Зафар Абдуллоев: Комил, Шумо чанд маротиба аст, ки имрӯз дар мавриди кадом як таҳқир ишора мекунед, аммо ягон мисоли мушаххасе наовардед.

Комил Магомедов: Таҳқир дар ҳаққи намояндаи расмии давлати хориҷа.
Зафар Абдуллоев: Мисоли дақиқ биоред.
Комил Магомедов: Чи гуна мисол? Худи мазмуни навиштаи Шумо моҳияти таҳқирро дорад.
Зафар Абдуллоев: Ҷавоб ба Светличний, ки “агар сикнхедҳои рус ногаҳон сари ӯро бибуранд, моро ҳам ба ҳоли ӯ раҳм меояд?”- ро дар назар доред?

Комил Магомедов: Бале. Зафар, охир мову шумо хамон оҳанги тамасхурро хуб медонем… Шумо худатон медонед, ки дар кадом жанр шумо онро навишта будед.

Зафар Абдуллоев: Ман ҳамчун баранда ва мизбони ду ҷониб ин ҷо набояд ба ин мубоҳиса дохил шавам, аммо модоме, ки сухан аз мавқеъи журналистиям меравад, маҷбур мешавам, ки якчанд сухан бигӯям. Дар мавриди он ки гӯё дар расонаҳои хабарии Русия дар бораи кишвари мо иттилооти ғайри объективӣ нест. Қариб тамоми сомонаҳои интернетии он ҷо сарварон ва мардуми кишварҳои Осиёи Мйёнаро бадном мекунанд – Сеntrasia.ru, Forum.msk.ru ва дигарон, ки дар серверҳои ширкатҳои рус ҷо доранд. Хадамоти махсуси амниятии Русия дорои шӯъбаҳои махсуси мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноятҳаст, ҳатто ҷиноёти зиддикайҳониро метавонанд пешгири намоянд, аммо бар зидди он ҷинояткороне, ки ин ҷо аз аъмоли онҳо сӯҳбат мекунем, ягон чораи мушаххасе дида намешавад. Ба шумо дер боз мегӯям, ки агар чунин шуморед, ки ман шуморо ё намояндаи сафорати Шуморо таҳқир кардаам, метавонед ба суд даъво пешниҳод намоед. Чун роҳбарияти кишвари мо ба муқобили он сомонаҳо намехоҳад кореро амалӣ гардонад, ин маънои онро надорад, ки фаъолияти он сайтҳо барояшон писанд аст. Ман ба ҷаноби Светличний монанди он лаҳне, ки нотаи худро навишта буд, ҷавоб гардонидам. Ин шахс ҳиссиёти ман ва ҳиссиёти ҳамватанони маро таҳқир кард. Агар аз ҷониби вай нотаи изҳори таслият ва таассуф мебуд, мо ҳамон лаҳза онро нашр карда дастгирӣ менамудем, аммо мутаассифона чунин нашуд.

Комил Магомедов: Шумо фаҳмонда наметавонед, ки барои чӣ ин кор шуд. Дар он навиштаҳо ин хел набуд…

Зафар Абдуллоев: Дониста бошед, ки ягон ҷавоб ва маводи журналистони тоҷик эҳсоси миллатбадбинӣ надорад. Мо дар ин мизи мудаввар кӯшиши муайян кардани сабабҳои мушкилро мечуем ва ба хулосае омадем, ки мансабдорони алоҳидаи ду кишвар барои ҳал намудани мушкилот кӯмак намерасонанд. Ана маълум мешавад, ки боз яке аз чунин ашхосро ошкор намудем-ин иҷрокунандаи вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний, ки ба ҳали масъала кӯмак намерасонад, балки барои аланга гирифтани он ёрӣ мекунад. Ана ҳамин гуна хулоса худ ба худ пайдо шуда истодааст.

Толибшоҳи Сайидзода: Нотаро, шояд, на як В. Светличний танҳо қабул кардааст. Ман бо Хуршед розӣ ҳастам, шумо метавонистед сармуҳаррирони “Фараж”, “Миллат”, “СССР”, “Нигоҳ”-ро даъват карда мегуфтед, ки бачаҳо биёед якҷоя нишаста, чой нӯшида вазъиятро муҳокима намоем. Нота ҳам даркор намешуд, ҳамаи ин ба шумо 30 сомонӣ меафтид, яъне сари як пиёла чой шояд мо ба мувофиқа мерасидем. Аммо ба ҷойи ин шумо пахши Нота ва тахдиди моро пеш гирифтед.

Комил Магомедов: Нуқтаи назари худро баён намоед, аммо иттилооти бардурӯғро додану таҳқир кардан лозим нест. Ана бигирем газетаи “Миллат”- ро, дар саҳифаи аввали он свастика (тамғаи фашистон), нишони давлати Русия ва Путин, нафари дуввуми Русия тасвир мешаванд, ин таҳқири рӯйрост аст, беэҳтиромӣ ба нишонаи давлатй аст. Ин моро ба навиштани нота таҳрик дод.

Толибшоҳи Сайидзода: Пас вақте ки матбуоти Русия каллаи харро дар сари тоҷик мегузоранд, ин барои мо қабул аст? Оё тоҷик хар аст? Ман дар бораи барномаи “Наша Раша” гуфта истодаам.
Лидия Исамова: ТНТ-ин шабакаи хусусӣ аст.
Толибшоҳи Сайидзода: “Миллат” чӣ, магар он нашрияи мустақил нест?

Хуршед Ниёзов: Мана ҳамин Хадамоти амниятии Русия тавонистанд, ки Шамил Басаевро бикушанд, Салман Радуевро дастгир намоянд, дар кадом як ғорҳое онҳоро пайдо карданд. Аммо барои чӣ бошад, ки ҳукумати Русия скинхедҳои свастики фашистӣ доштаро, ки дар зери бинияшон гашта истодаанд, дошта наметавонанд. Онҳо ҳар рӯз амалҳои манфури худро гузаронида истодаанд, намойиш барпо мекунанд, аммо ҳеҷ кас қудрати онҳоро ҷазо доданро надорад.

Комил Магомедов: Дар он ҷо наметавонанд, ки ҳар он касеро, ки мӯза дорад, ҳар он касе ки тоссар аст, дошта ҳабс кунанд. Бояд маълумоти исботкунандаро ҷамъ намуд. Мана шумо мегӯед: “Намехоҳед бо мо ҳамкорӣ намоед”, вале инро чӣ гуна метавон фаҳмид, ки “СССР” барин газетаҳо фаъолияти худро аз танқид кардани беасоси Русия оғоз мекунанд.

Зафар Абдуллоев: Саволи охирин. Ба назари шумо чи сабақе метавон бардошт аз ин муноқишаҳо ва мубоҳисаҳо?

Дмитрий Кабаев: Чизи аз ҳама муҳим он аст, ки айни ҳол мо дар ин ҷо нишаста, масъаларо муҳокима карда истодаем. Муҳим он аст, ки ҳамдигарфаҳмӣ бикунем. Мо мехостем, ки матбуоти тоҷикзабон андешаву афкори зидди Русияро ривоҷ надиҳанд. Мо ба ин манфиатдор нестем, чй гунае ки набошад Тоҷикистон ба ҳар ҳол шарики стратегии мо аст. Мо инро дар он корҳое, ки амалӣ шудаанд, мебинем. Умедворем, ки ин якумин мулоқоти мо охирин нахоҳад шуд. Албатта, мо бояд зуд-зуд бо ҳам вохӯрда маслиҳат бикунем, шояд ки мо дар ин масъала ба андозаи зарурӣ диққат надодаем.

Толибшоҳи Саӣидзода: Тавре ки дар масали Крилов омадааст: “Пеши қудратманд ҳамеша камкувват гунаҳгор аст”. Ман медонам Тоҷикистони ман давлати камқувват аст ва шумо ҳам гунаҳгор донистани моро идома медиҳед. То он даме ки як тоҷикро дар Русия мекушанду азият медиҳанд, мо ором намешинем ва дар ин бора менависему мегӯему масъалагузорӣ мекунем.

Дмитрий Кабаев: Албатга, ин ҳуқуқи шумост.

Лидия Исамова: Фикр мекунам ба сафорат лозим аст, ки ба вазорати хориҷа, вазорати иттилооти Русия муроҷиат намояд, барои он ки расонаҳои хабарии Русия ба тахҳири тоҷик ва тоҷикро чун симои таҷовузкор, ҷинояткор ва нашъаманду нашъаҷаллоб ҷилва додан хотима бахшанд. Мо, журналистони тоҷик ҳам, бояд каме объективона бошем, барои он ки нашри чунин мавод оқибати хуб надорад. Мо ба ҳар ҳол аз Русия вобастагӣ дорем, дар бунбасти ҷуғрофӣ ҳастем. Аз тарафи дигар вазората хориҷа ва хукумати мо дар бораи он мардикорони кушта шудаамон кариб фикре намекунанд. Тахқири тоҷики мо аз кишвари худамон огоз мешавад, аз фурӯдгоҳ ва истгохи роҳи охани Душанбе, ки дар он ҷо масъулини ниҳодҳои марбута ба тахқиру тахдиди мо оғоз мекунанд. Ин бисёр бад аст, вақте ки тоҷикон хамдигарро таҳқир мекунанд ва муттахид нестанд.

Хуршед Ниёзов: Дар ин масъала тавре ки мо аллакай дар рӯзномаи худ навишта будем, мансабдорони алоҳида ё гуфтан мумкин аст гурӯхҳои алоҳида гунаҳгоранд. Мо мехоҳем, ки овози моро шунаванд. Агар овози мо шунида мешуд, мо он гуна сарлавҳаҳои фарёдкунандаро истифода намекардем. Фикр мекунам, ҳарду ҷониб якдигарфаҳмиро мехоханд. Аз ин хотир мо бояд аз тарики нишастҳо ва муколама ҳар як рӯйдоду мушкилоте, ки пеш меояд ва дар ҳамбастагӣ муҳокима намоем.

(Бознашр аз “Миллат” ва “Фараж”)

21 Responses

  1. Пас аз хондани ин гуфтугӯи паси мизи мудаввар ба Толибшоҳи Сайидзода ихлоси бепоён пайдо кардам ва аз Лидия Исамова мутанаффир шудам.

    Сайидзода далелҳои дандоншикане дар пеши намояндагони Русия гузошта, онҳоро тақрибан мулзам кардааст.

    Исамова нишон медихад, ки агенти рус аст ва бо кадом ру мегуяд, “мо, журналистони тоҷик”. Чунин афрод бояд аз Тоҷикистон ронда шаванд!

  2. Зинда бод Толибшохи Сайидзода ва Хуршеди Атоуллох! Поянда бошед, бачахо ва пайваста мудофеъи механ!

  3. Ин лидияисамовахо дар Точикистон 500 хазор буданд ва аксарашон ба тарафдории Набиев овоз дода, зидди нерухои демократии точик сар баланд карда, оташи чанги гражданиро аланга заданд. Мантикан, агар ин 500 хазор русзабони Точикистон аз мавкеи нерухои демократии Точикистонро пуштибони мекарданд, Точикистон имруз мисли кишвархои сохили Балтика ва Аврупои шарки буд.
    Хамон вакт ахолии пойтахти Точикистон 500 хазор буд, ки аз онхо беш аз 300 хазорашон русзабон буданд. Душанбеи нозанинро бо ду дасти адаб ба калабурхои Маскаву Тошканду Кулоб дода, баъд худашон аз “навкисагон” безор шуда, аз Точикистон ба Русияашон хичрат карданд.
    Тошкандаш бошад г-хи худро хурда, дар соли 1997 аз Рахмоноваш ру гардонд.
    Хаминхо буданд, ки имруз на пояи давлатдори монду на вохиди чугрофии Точикистони собик. Бо дасти як сулолаи чашмгуруснаи авбош Точикистони собик таркибан аз харитаи чахон дар холи нестшавист.

  4. Офарин бар часорати Шумо, ба вижа ба Толибшохи Саидзода, ки бо суолоти журналистона падарони скинхедхоро мулзам мекунад. Офарин бар матбуоти точикзабо, ки шарафи миллати точикро химоя мекунад. Офарин!!!

  5. poyanda boshed Tolıbshoh va akaı Khurshed

    ————————-

    Khonum Isamova, lutfan az ın ba ba,d kabl az on kı khudro tojıkıstonı bıguyed, andesha bıkuned kı oyo beshtar ın dıyor baroyaton azız ast yo Rusıye? Hatmı nest kı posukhı khud ba ın suolro dar rasona tab, bıkuned va yo ba hamsoyaaton bıguyed, tanho nazdı vıjdonı khud hamchun yak ınson ın posukhro nıgah bıdored,

    Namedonam, oyo farzand dored yo na, vale mutmaınan agar farzand doshta boshed, baroı chand lahzaye tasavvur bıkuned kı farzandaton dar sarmoı Moscow pas az ruzı mushkılı arobakashı bo dılı pur az haros az mılısavu chand tossare roh suyı khona pesh megırad, va ın hol har ruz davom mekunad. Bovar kuned, hatmı nest kı turo bo kord bıkushand, balkı margo dahshatbortar az vahmu harosı harruza ast.

    Khudovand Shumoro az on ruze kı ba sarı modarı Salohıddın va modaronı sadho Salohıddını dıgar omadaast, nıgah bıdorad!

  6. Рустамбай! Коре ки Лидия исамова мекнад тубаринхо садтоятон аз ухдааш намебароен . манам хондам ин сухбата . Ки ба ту хукук медихад ки чунин нависи!; “Исамова нишон медихад, ки агенти рус аст ва бо кадом ру мегуяд, “мо, журналистони тоҷик”. Чунин афрод бояд аз Тоҷикистон ронда шаван”
    У хам шахрванди Точикистон аст . Ман хуб мешиносамаш ! Агар точик мисли У сад “агент” дошт Точикистон обод мешуд. Шумохо бо ду чумла нависии ёдгирифтаатон ба чуз тахкир кори дигара намедонед.
    Агар зиёи точик Шумо бошед вой ба холи точик буданам!!!!!

  7. Afshin – сухан дар боби ягчо будани халк меравад, ту боши дар байни мавзуъ шаголи мекуни. Тоб дода- тоб дода боз малачиги мекуни. Асос дарди халк аз ту баринхо аст.
    “Аз 500 хазор ахолии пойтахт 300 хазорашон русзабон буданд” – барои ин хукумати тубаринхо гунахгоранд ки тули солхой дарози шурави, хукмрони карданд ва дар фурсати аввал Точики худро бар русу узбак мефурухтанд.
    Агар харакати соли 1992 намешуд ачаб не давлати худмутори узбак ё рус мешудем.

    Бас аст махаллачиги! Хама тарафхо гунахгор буданд!

  8. Kani Samadjon bigu, ki Apai Lidiya chi kornamoiho kardaast?

    Rustajon, baroi ifodai fikr na hamavakt boyad dast ba kalimahoi daghal sad, chun in kalimaho tez chube meshavand ba dasti harifon. Kase hukuki berunandokhtani kasero dar Tojikiston nadorad inro hamavakt peshi nazar gired.

    Samak

  9. Firdavs chi khatogiest dar sukhanoni Afshin? Ta’rikh medonad va guvoh ast, ki hukumati imruzai Tojikiston bo kushtani hazorho Tojik bo teghi Rus va Uzbak rui kudrat omad. Injo roli Shimoliyon kam nest va harakathou janubiyon. Charo nameguyand, ki mo khato kardem? Dar zohir guiyo hama ghamkhori millat dar botin kabri millatro chukurtar mekoband.

    chi guyam: as most, ki bar most

  10. Худаш дар Точикистон истодану зиндаги кардани апаи Лидия як кахрамонист..Дига кахрамонихоша менависам вакт ки шуд…

  11. Ино Толибшову Хуршед як чизи оддия намефахман. Хамаи ин кор кори дасти чухудон аст. Матбуоту пули Русия дар дасти кист? Дар дасти чухудо. Кто формирирует общественное мнение ? Евреи? Научитесь смотреть глубже… Вакте дар кадомин кабристони чухуди свастика мекашан шабу руз радиою телевизион ва рузномахо аз он харф мезанан. Вакте сари як точикро мебуран касе чизе наменависаду намегуяд. Бубинед ки дар сафорати Точикистон дар Руссия кихо кор мекунан . Шахсои ноогох. Аз ино ягон чиза умдвор гайриимкон…

  12. Salom. Vakte in bahsro khondam pesh az hama bar on kahram omad ki charo mo doimo gunahkor nishon doda meshavem. Charo ? Meguyand ku Ham Garivu ham peshkhezi. Yane man ziddi guzaronidani khudani in bahs hastam in yakumash. 2yumash boyad ba mukaddasoti milliyu davlati dikkat dihem to digaron niz dikkat dihand. Dar in jo hama bo zaboni rusi gap zada istodaand, hol on ki bahs dar Tojikiston va aksariyati ishtirokkunandagon Tojikzabononand. Korgaroi saforat ba khud tarjumon yofta biyorand agar darkor boshad. Duvumash dar injo guyo nishon doda shudaast ki Gunahkori hamai in hodisaho KHudi Tojikonand yane in Jurnaliston (Bad shudani munosibathoi Bayni Rossiyayu Tojikiston). Va guyo onhoro ” DOPROS” savolu javob mekunand, charo in khel navisti charo un khel navisti gufta. Boz sababjui mekunand charo munosibatho bad shuda istodaand. YO in rusho moro (hamai Tojikonro) ”Durak” beakl mehisoband yo fikr dorand hama chizro bo pul kharida meshavad va yo holo ham az fahmishi har on rohe ki bar manfiat ast muboh ast kor mekunand. Agar in fahmishro istifoda burda istoda boshand Dar hakikat ham ” DUST” i strategi budanashonro nishon doda istodaand. Boyad donand ki Adolat va Hakikat ruze galaba khohad kard va be DUST khohand mond. Sababi in hama bahsu badshavii munosibatho ba hama malum ast. In pesh az hama ozor yoftani mardikoroni TOjik dar Russiya bo vahshoniyat kushta shudani onho, ba vadahoyash vafo nakardani Rossiya va baze digaron. Jurnaliston hak dorand fikru akidahoi khudro dar in bora navisand Inchunin metavonand makolahoi tanqidivu muboligavi navisand.

  13. Boz in kormandoni saforat nota dodaand ki charo in tavr karded gufta. Rushoi shumo dar peshi nazaraton Tojikonro mekushand. Oyo yagontai onhoro jazo dodaed. Bad yake az onho guftaast ki Rasmi Putinro dar nazdi parchami fashisti joygir kardaast Millat va in behurmati nisbati davlatu sardori davlati Russiya budaast. Oyo Tojikonro chun hayvon qir kardani Rusho in behurmati nisbati MILLATI TOJIK nest. Khair az mavzu dur narafta dar borai bahs chunin guftaniyam ki KHonum Lidiya dar korgohi Ruso kor mekunad Namedonam u shahrvandi Tojikiston ast yo ne lekin chunin yak sukhani khashovaru bemani guftaast ki ” Мо ба ҳар ҳол аз Русия вобастагӣ дорем, дар бунбасти ҷуғрофӣ ҳастем.” chi mo az Rossiya vobastagi dorem gufta bar on vahshoniyate ki rusho (albatta na hamai rusho dar in jo on guruhhoi skinkhedi dar nazar ast) ba tojikon kardaand khomushi kunem. Chi mo ba onho vobastaem gufta boyad hatman onhoro tarif kunem. Dar injo shakhsone ki Lidiya khonumro dastgiri mekunad hastand az onho yak chizro pursidaniyam ki Oyo khonum Lidiya dar borai Kushtori Salohiddin yagon makolai tankidiye dorad Oyo Bore dar borai Russiya yagon makolai manfi navistaast ? Gumon mekunam ne

  14. Barodar Samad,

    juhudon, juhudon! Agar juhudon namebudand kiro gunahgor mekardem? Chukchahoro?

    Millatgaroi dar Rossiya siyosati ruirosti davlat ast, chun Rossiya misli khirsi yarador ruz to ruz kuvvatashro az dast doda istodaast va magas ham baroyash dushman menamoyad.

    Apai Lidiyat yak bor bo chashmoni kushoda ba atrof nigarad va ba’d chunin baromadho kunad. Man uro mefahmam, ki boyad choplusi kunad, Ria-Novosti shirkati khabarrasonii rasmii Rossiya ast va apai Lidiya korgari u. Ravadu sukhani bade guyad ruzi digar mizi koriashro boyad kholi kunad. Prinzipi oddi: Khari jugiro ob dehu pulashro gir!

    Obod boshem

  15. ”Фараж” Хуршед Ниёзов ва “Миллат” Толибшоҳи Сайидзода tashakuri ziyod.

    At first Дмитрий Кабаев speaks just like any other politician subjectively in general terms.

    Комил Магомедов is just funny guy. He ends up saying “Аммо биёед роҳбарияти сиёсии Русияро таҳқир накунем.” Who should be held responsible for what happens in Russia? Georgians or perhaps Americans, pick the one which you like.

    Толибшоҳи Сайидзода did not spend time going around, since this kind of matters dont need political correctness but rather boldness and bluntness. He made good points especially in the second paragraph of his first speech. However I think he just “killed” them with a simple question “Оё касе аз намояндагони сафорати Русия ба хонаи Салоҳиддин Азизов рафт?” There was no response to this question, so if you’re reasonable enough you’ll make necessary conclusion for yourself.

    And controversial lady employed by Russian news & information agency (the fact speaks for itself, she works for Russian Gov) brings up a stupid example. I’m not sure about “Hizb-ut-tahrir”, but I am certain that “Salafiya” has not beheaded anyone for no reason, and does not call or agitate for racial discrimination. Again another funny statement “Рогозин айни ҳол аз Русия хеле дур аст “, so it means he is not encouraging he young fascists to kill innocent people who happen to be non-Slavic. Concerning Лукин, of course that’s out of question ” Худо худаш довари ҳақ аст” and he is going to pay a price for what he has said when the time comes, but at the same time you should keep in mind that you pay a price for such outrageous statements in this world as well and should be relieved from his responsibilities.

    Дмитрий Кабаев is out of his mind. Yes stubbing a nine year old girl with a knife more than 20 times is a “падидаи нав” and what does the judicial branch of Russian gov doing to prevent such crimes from happening again is by giving a lame sentences for the murderers. It’s no big secret that executive branch has its hands all over the judicial branch (it was pretty easy to put Khodorkovsky into jail for pretty long period) and they could sentence them for what they really deserved.
    “але, чунин раванди номатлуб дар шаҳрҳои калони Русия ҳаст ва чунин дастаҳои ҷинояткор амал мекунанд” and why they are still active, why dont you crack them down.

    Лидия Исамова can’t even imagine TJK with nukes, since its not in the interest of her “employer”.

    Хуршед Ниёзов clears out the sky by pointing out that despite the relation between IR of Iran and US no Iranian was killed in the US or beheaded like sheep.

    Зафар Абдуллоев good job, if they think they’ve got a defamation case in their hand they are more than welcomed to take it to the court.

    Комил Магомедов states “Бояд маълумоти исботкунандаро ҷамъ намуд.” Oh wake up, your Gov is very good in fabricating and coming up with evidences, so if your Gov really wanted to tackle this issue it would have done long time ago, when it did so in case of again Khodorkovsky.

    Толибшоҳи Саӣидзода ahsanhoi ziyod bar chin gaphoyat “То он даме ки як тоҷикро дар Русия мекушанду азият медиҳанд, мо ором намешинем ва дар ин бора менависему мегӯему масъалагузорӣ мекунем.”

    I am very delighted that we have such talented journalist like Толибшоҳи Саӣидзодa.

  16. Самадчон,

    Агар амиктар фикр кунй, чанги Точикистон аз дасти хамин исамовахо сар шуда буд. Он вакт ин кас Галина Гриднева ном дошт ва ба тамоми дунё хабар дод, ки точикхо ба эронихо пинхонй уран доданиянд.

    Касе ки худашро точик мегуяд, катли точиконро дар Русия сафед намекунад. Бинед Исамова чй мегуяд: Дар тамоми дунё одамкушй хаст.

    Аммо дар ягон чо сари одамро бурида, 20 километр ба чои дигар бурда партофтан хам хаст?

  17. Рустам!
    Маколи точики хаст ; Нодона накуни гунохаш дар гарданат. Чаро мо хамеша душмана дар берун мебинем на дар худ. Вакте касе Шумоя мегуяд раву аз чари сарзер шав мешавед? Не. Тамоми гунохи чанг ба сари мо точикон аст. На ягон узбак на ягон рус гунахкор нест . Гуфтем юрчику вовчик гуфтем говсавору будик гуфтем гармиву бадахши зарафшониву варзоби ва гайра. То даме ки мо доно намешавем аз сустии мо истифода хоханд бурд. Ва хак хам доранд. Вазифаи мову Шумо даъват аз хаммиллатонамо ки ру ба хонишу дониш оваранд. Дигар хеч! Алхол миллати точик инкубатори кучарубу сияхкор (чернорабочий) аст.

  18. Бале Рустам!
    Барёдам аст, вакте Худойберди ба Хучанд даромад Лидия барин як хабарнигори ОРТ, хабархои бардуруг ва провокативи дод, ки сиспас аз тарафи кушунхои давлати пеш карда шуд.
    Лидияро хам фахмидан мумки, у мутобики сиёсати РИА хамавахт аз тарафи Русия хохад буд.
    Афсус ки дар байни Точикони мо ин тавр сиёсат нест, ки бар суи хатари хоричи хама аз яг забон гап занем. Мисол: Суханони Кабири ро хонда кас ба хаячон меояд, вале дар айни замон дар суханони Туранчонзодаро (дар рузномаи Фараж) хонда, ки гуфтааст “Мо ба Русия мухточем..” , фикр мекунам хама сиёсатмадорон пеш аз хама дар фикри манифиятхои худ хастанд.

  19. http://community.livejournal.com/ru_politics/19512916.html
    – Ахмаки аз тарафи “Руссовет” . Чавоб ба саволи “оё хукумати рус нажотпараст аст ё на?”

  20. Пешниход ин нест, ки бо Русия бояд душман буд, онро дуст бояд гирифт, аммо дар фосилаи муайян нигах дошт ва бо дигарон хам дустй карду аз ин дустй ба манфиати кишвар фоида гирифт.

    Дар оянда бояд аз нармиши равобити Амрико ва Эрон истифода кард ва низ суд бардошт.

    Ба фикрам, ходисаи ахир, яъне сиёсатбозихои нисбати точикон нописандонаи Русия сарони кишвари мо кам-кам хулосаи дуруст мебароранд.

  21. Бале, давлати Русия нажодпараст ва точикбадбин аст. Бале, дар давраи чанги шахрвандии Точикистон русхои инчо факат Фронти Халки ва ЭШРро тарафдори карданд. Россия хам. Ва вакте ки ЭШак ба сари кудрат омад, онхо фахмиданд, ки вай Точикистонро обод карда наметавонад ва аз хамин сабаб кариб хамааашон Точикистонро тарк карда ба огуши матушка-Россияашон даромаданд. Ва нишон доданд, ки Точикистон хеч гох барояшон Ватан немт ва нахохад буд.
    Боз дар ин Точикистон забони русии онхо баробари забони давлатии точики хануз хам курб ва манзалат дорад! ЧАРО?!!!
    Чи, дар дунё дигар кишвар нест, ки точикхо ба он чохо рафта кор карда, барои зиндагии оилахояшон пул биёранд? Хаст. Мисол, кишвархои араби.
    Лекин оё бехтар нест, ки Точикистон як кишваре шавад, ки точикон дар он Инсонвор кору зиндаги кунанд? Бехтар аст, вале хамин ЭШР халал медихад. Ва то вакте ки вай дар сари хукумат аст дар ин чо Точикистони мо обод намешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: