М. Кабирӣ: Маскав ҳанӯз ҳам «қиблаи умед» аст

Бознашр аз «Миллат» №05 05.02.09

ЭРКАГӢ ЗАРАР ҲАМ ДОРАД

kabi–Ҷаноби Кабирӣ, мехостем назари Шуморо ҳамчун як сиёсатмадори варзида ва огоҳ дар мавриди вазъи бӯҳроние, ки тайи чанд рӯзи ахир дар муносиботи Тоҷикистону Русия ба амал омадааст бифаҳмем? Ба андешаи Шумо чй омилҳо ва сабабҳое боис шуд, ки Кремл бо яке аз шарикони стротегии хеш- Тоҷикистон ба хотири Узбакистон шуда аз шеваи тунд ва зӯргӯй кор гирифт?

— Вақти он расидааст, ки дунёро бо чашми боз бингарем ва воқеиятҳоро эътироф намоем. Танҳо барои Русия не, барои ҳар кишвари дигар ҳам Узбакистон муҳимтар аст ва омилҳоро номбар намекунам, чун хонандаи огоҳ худ медонад, ки барои чй. Мо танҳо барои Ирон аз дигарон дида аҳамияти бештар дорем ва он ҳам ба хотири забону фарҳанги муштарак, нақши дин, ки аз хамсоягон дар мо қавитар аст. Агар дар гузашта ҳам Узбакистон мехост, ки бо Русия хуб бошад, симмати шарики стратежики аввалро ҳамон вақт мегирифт, вапе манофеъаш он замон талаб мекард, ки бо Ғарб наздик бошад ва мо дар ҷойи холӣ ба ин симмат расидем.

Набояд то ин ҳад сода буд ва нидои ҳайрат зад, ки гӯё бори аввал чунин муносибатро ба ахду паймон медида бошанд. Шояд нисбати худашон бори аввал дидаанд, вале камтар таьрихро, ҳади акал таърихи 200 соли ахири ин давлатҳоро варақ задан даркор ва ҳеч ҷойи тааҷчубу ҳайрат ҳам намемонад ва мо аввалу охир ҳам нестем, ки чунин муносибатро дида бошем. Мутаассифона, сиёсатмадорони тоҷик таърих камтар мехонанд, бештар таърих мебофанд. Дар сиёсата бузург барои чашму абрӯи зебо касеро дӯст намедоранд ва эркаи зиёд шудан ҳам зарар дорад.

ТОШКАНД МЕТАВОНАД

— Назари Шумо ба он чӣ, ки дар Тошканд рӯзҳои 23- 24 январи соли равон гузашт, яъне дидори Медведев бо Каримов ва сӯҳбати эшон сари масоили гидроэнергетикй ва қазияи обҳои минтақа чй гуна аст?

— Ин сафар бо ташаббуси Маскав анҷом шуд ва фазои нишастро Тошканд муайян мекард. Тошканд борҳо нишон додааст, ки метавонад мавқеъашро ҳатто бар абаркудратҳо ҳам гузаронад ва аҷибаш ин ки бо роҳи гузашт кардану тамаллук, не. Бо саркашӣ ва устуворӣ. Ҳатго Ғарбро маҷбур кард, ки ҳодисаҳои Андичонро фаромӯш кунад ва эмбарго аз баӣн бардошта шуд. Дар ин дидор ҳам аз забони Медведов ҳамон чизе садо дод, ки Тошканд мехост.

КАМТАР ДУДИ ДИЛРО БАРОВАРДЕМ

–Чуноне ҳамагон шоҳид гаштем, пас аз изҳороти сарони кишварҳои Русия ва Узбакистон дар Тошканд ҷомеаи Тоҷикистон ва масъулини давлат ва ҳам расонаҳои хабарӣ аз натиҷаи он мулоқот изҳори нигаронӣ карданд ва ҳамаро як рӯҳияи агар ҳамйн тавр гуфтан мумкин бошад, зиддимаскавӣ ва зиддитошкандӣ фаро гирифт. Оё вокуниш ба суханони Медведев ва Каримов зарурият дошт? Зеро суханони Медведев ба Қирғизистон низ дахл дошт, вале вокуниши Бишкек хомӯшӣ буд?

— Воқеан аз мавқеъи дастаҷамъӣ ва ҳимояти манофеъи миллӣ аз тарафи қариб ҳама расонаҳо, ҳизбҳо ва қишрҳои ҷомеъа хушам меояд ва миллатро метавон табрик гуфт, ки тавони ҷамъшавиро дар лаҳзаи ҳаосос гум нагардааст. Ин паҳлӯи мусбати масъала буд ва шояд ҳамин муноқиша накши хуберо барои шинохти потенсиали миллат бозад. Вале, аз тарафи дигар, асабоният ва зиёдаравиро лозим намедонам. Чун асабоният ва эҳсосот хоси заъифон аст, на нирумандон.

Аслан ин ҳама кирои асабонияту ҳангомаро надошт ва ҳоло ҳам надорад. Вақте ки Медведев дар Душанбе изҳор кард, ки дар сохтмони Роғун ширкат мекунад, дигарон асабӣ ҳам шуда бошанд, сир бой надоданд ва бо хунсардиву оро мии зоҳирй фаъолиятро дар ин самт қавй карданд ва ба ин натиҷа расиданд. Ҳоло ҳама чизе аз байн нарафтааст ва боз падархониву амакшавиҳои бисёреро хоҳем дид. Боз ҳамон хандаҳои самимонаро аз тарики телевизион мебинем ва мегӯянд, ки як сӯитафоҳуме буду рафт.

Мутмаинам, эҳсосот поин мераванд, вале сабабҳои асабонияти дастаҷамъӣ ва «патриотшавии» фаврии хамаро бояд ҷӯст, ки чаро миллати мо зуд зери таъсир меравад. Як ҳолат миоли беморӣ ба ҳама мегузарад ва кам касе масуният (иммунитет) аз чунин ҳолатҳо дорад. Ин ҳодиса ҳамон овозаи заминларзаи мохи гузаштаро ба хотир меорад, ки ҳатто мутахассисони зилзиласанҷ ҳам аз дигарон қафо намонем гуфта, ба кӯча баромаданд. Нафареро медонам, ки паспорти яке аз ин кишварҳоро ҳам дорад (шояд ҳар дуро дошта бошад), вале аз ҳама бештар асабонӣ буду бонги хатар мезад. Хуб, камтар дуди дилро баровардем, акнун оромона, хунсардона ва бо шинохти дуруст фикри ояндаро бояд кард.

КРЕМЛ ҲАНӮЗ ҲАМ «ҚИБЛАИ УМЕД» АСТ

— Фикр намекунед, ки агар не вокуниш зарур буд ва не сару садо, агар билохира роҳамон боз ҳам сӯи Кремл бошад?

— Вокуниш зарур буд, вале вокуниши ором ва ҳисобӣ. Хоҳем ё не, боз ба тарафи Кремл меравем, чун таҷриба ва равиши гуфтугу бо дигаронро камтар дорем. Омилҳои дигаре, мисли муҳоҷират ва пойгоҳҳои низомӣ хаст, ки робитаҳои моро бо Русия ногузир гардонидааст.

ВАЗОРАТИ ХОРИҶА ОСЕМАСАР ШУД

— Ва дар робита ба ин мавзӯъ то ҳамин субҳи 3 феврал аз Вазорати хориҷа мегуфтанд, ки Президенти Тоҷикистон, ҷиҳати бӯҳрони барқие, ки дар кишвар ҳаст, аз сафар ба Маскав худдорӣ кардааст ва дар асл сарвари давлати мо як навъ вокуниши хешро ба рафтори Каримов ва Медведев изҳор кард. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон рафтан ба Маскавро зарур шумурдааст. Ба андешаи Шумо рафтани Президент хуб шуд ё нарафтанаш ба Маскав беҳтар мебуд?

— Ҳикмате аст (баъзеҳо ҳадисаш гӯянд), ки «Хайрун фи мо вақаъа». Некӣ дар ҳамон амрест, ки анҷом шуд. Пас, биёед сафари анҷомшударо тасмими нек қаламдод кунем ва ба он хушбин бошем. Албатта, саросемагӣ дар эълонҳо хуб нест, вале омили башариро набояд фаромӯш кард ва дар Вазорати корҳои хориҷиии мо ҳам инсонҳои одӣ кор мекунанд ва он асабонияти умумӣ онҳоро ҳам канор нагузошта буд.

ФАРҚИ МИЛЛАТ АЗ «ФРОНТИ ХАЛҚӢ» АЗ ЗАМИН ТО ОСМОН АСТ

–Хуб, ҳар чи ҳам ҳаст Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт ва аз нишасти сарони кишварҳои узви созмони Уруосиё ва Созмони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) чиро метавон интизор дошт? Аз ширкат дар ин нишастҳо ҷониби Тоҷикистонро ягон бурде ҳаст ё не?

— Болотарин интизорӣ аз ин нишаст он аст, ки ин нишаст вазъро ба ҳолати аввалааш, яъне, статус-кво, баргардонад, Агар бурд набошад, бохт ҳам аз ин сафар нахоҳем дошт. Бовар дорам, ки ҳайати мо як рафтори усулии тактикӣ ва чанд равиши эҳтиётиро барои истифода тарҳрезй кардааст ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода менамояд. Агар чунин набошад, дар аввалин бархурд боз ҳамон ҳолати асабоният ва эҳсосотӣ бармегардад.

Дипломатияи тоҷик дар ин нишаст бояд қудрати худро ба намоиш гузорад. Қудрате, ки мабнӣ бар худшиносӣ, сарбаландӣ, итминон ба худ ва шинохти воқеъии вазъ мебошад. Ду масъала бояд билохира равшан гардад, агар дар ин нишаст набошад ҳам, дар наздиктарин фурсат. Яке, мавқеъи аслӣ ва ниҳоии Маскав нисбати масоили обу проектҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Дуввумй, Тоҷикистон бояд ошкор фаҳмонад, ки байни «кӯмакҳои беғаразонае», ки ба Фронти Халқӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ карда шуд ва ин миллат фарқ аз замин то осмон аст.

Набояд моро то рӯзи қиёмат зери бори миннати хеш бигиранд ва муносибаташон ба давлату миллати мо аз ҳамин зовия бошад. Шояд касе аз дахолатҳои онвақтаи ҳамсоякишварҳо истифода карда бошад, вале барои банда ва қисми зиёди ин миллат он дахолатҳо ҷуз харобиву хориву зиллат чизи дигаре нест. Ҳар ки он ҳодисаҳоро чи хел баҳо медиҳад, кори шахсиаш аст, вале кӯмакрасонҳо бояд ҳисобашонро бо Фронти халқи кунанд, на бо давлату миллати тоҷик. Медонам, ки ин масъала бештар ҷанбаи равонӣ дорад, аз оне, ки сиёсиву ҳукуқи дошта бошад, вале ба дарозо кашонидани он ба нафъи миллат нест.

РУСИЯ НА БО ДУШАНБЕСТ, НА БО ТОШКАНД

–Ҷаноби Кабирӣ, Шумо бигӯед, ки Русия дар ин ҳама баҳсу кашмокашӣ ва мухолифатҳои миёни Тошканду Душанбе, ки сар задааст, дар масъалаи бунёди ниругоҳҳои барқи обй дар канори кӣ хоҳад буд? Масъалаи бунёди ниругоҳи «Роғун» чӣ мешавад?

— Русия чун ҳар кишвари қудратманди дигар дар канори манфиатҳои худ хоҳад буд, на бо Душанбе ва на бо Тошканд.

ДИГАР «ПАДАРХОНД»-У «БАРОДАРХОНД НАҶӮЕД

–Оянда ҳам метавон ба Русия умед баст ва онро ҳамчун шарики стротегӣ донист, ё беҳтараш худро ба канори зӯре дигар бизанем?

— Умед танҳо ба худ ва миллати худ бояд баст. Аз қафои зӯрҳо рафтан оқибаташ ҳамин аст, чун зӯр мехоҳад, ки доим аз ӯ пайравӣ намоӣ. Барои кишваре мисли Тоҷикистон хатарнок аст, ки бо кишвари алоҳидае ҳама самтҳои фаъолияти худро пайваст намояд, чуноне ки то имрӯз ин таҷрибаро доштем. Беҳтараш бо маҷмӯъи кишварҳо ҳамкорӣ кард, мисли Иттиҳоди Урупо ва Созмони конфронси Исломӣ, ки ягон кишвар ба танҳоӣ натавонад хостаҳои худро таҳмил намояд.

Аз ҳама муҳимаш, худро бояд қавӣ кард, то дигарон хоҳиши робита кардан бр ую пайдо намоянд. Шояд акнун элитаи ҳоким фаҳмида бошад, ки ягона шарики стратегиаш Худову миллаташ асту ҳамин мардуме, ки бо вуҷуди ҳама нодориҳо боз омода ҳаст, ки манфиатҳои давлативу миллиро бо қадри фаҳмишу тавонаш дифоъ кунад.

ШАРИКИ СТРАТЕГИИ МО БОЯД МИЛЛАТАМОН БОШАД

— Акнун ба миллат такя бояд карду ниёзҳои онро баровард ва ҳуқуқашро таъмин намуд, то дар лаҳзаи зарурӣ бо дили орому хотири ҷамъ ва бе асабоният пастиву баландиҳои сиёсатҳои бузургро гузашт. Барои он, ки манфиатҳоро дифоъ карда тавонем, бояд кавӣ буд, барои он ки қавӣ шавем, бояд илм омӯхт ва маърифатро баланд бардошт. Потенсиали миллиро бояд аз баҳсҳои беҳуда, мисли диниву дунявӣ, ҳиҷобу галстук ва ғайра ба тарафи созишу созандагӣ ва рушду имондорӣ равона кард.

Бо таассуф мегӯям, ки на ҳама домуллоҳои мо ба дараҷаи сарвазири галстукдори Туркия сӯзиши исломиву номуси миллӣ доранд ва на ҳама галстукдорони мо илму маърифат ва огоҳии охундҳои Иронро. Миллатро аз зоҳирпарастии хушки бе рӯҳ ва бемағз бояд берун кашид. Аз як-дигар душман тарошидану якдигарро нописандӣ кардан оқибаташ хору зиллати дигарон гаштан аст. Сиёсати дохилиро куллан бояд иваз кард ва касонеро бояд сари кор овард, ки миллат ба онҳо эътимод дорад.

Эътимоди миллатро танҳо ва танҳо бо роҳи интихоботи озоду демократӣ метавон дарёфт ва интихоботе, ки як сол баъд анҷом мешавад, метавонад имтиҳоне бошад, ки оё мо воқеан мехоҳем як миллати қави ва мустақил бошем ё ин шамол гузашт боз ба ҳолати аввала бармегардем. Миллати мустақил аз шаҳрванди мустақил, Президенти мустақил ва Парламенти мустақил иборат аст, агар инҳоро надорем, ҳеҷ гоҳ аз ин ҳолат берун нахоҳем шуд. Вале метарсам, ки ҳанӯз ҳам баъзеҳо ба мардуми худ бовар надоранд ва бо рафтору кирдори худ байни ҳукумат ва мардум ҳамеша девор мегузоранд.

МО ГАРАВГОНИ СИЁСАТҲОИ ҒАЛАТИ ЭЛИТАИ ҲОКИМЕМ

— Ва ниҳоят ин ҳама мушкилоти мо аз куҷо сарчашма мегирад? Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав бармегардад ва аввалин коре, ки бояд бикунад кадом аст?

— Сарчашмаи ҳамаи мушкилиҳо худи роҳбарияти кишварҳои минтақа мебошанд, на миллатҳо ва мардуми одӣ. Мо ҳама гаравгони сиёсатҳои ғалати элитаи ҳоким дар минтақа шудаем, ки тӯли 17 соли истиқлолияташон танҳо атрофи ҳамойишу ҳамкорӣ сӯҳбат менамоянд, вале коре дар ин самт анҷом нашудааст. Зеро ҳамоӣиш ба нафъи роҳбарияти имрӯзаи ин кишварҳо нест, чун ҳамойиш танҳо маънии озодии савдо ва муомилотро надорад, балки он ба озодии инсонҳо ва андеша оварда мерасонад, ки аз он сахт метарсанд. Урупо то соли 1945 якдигарро мекушт, вале алакай соли 1952 қадамҳои аввали воқеъиро ба сӯйи ҳамойиш монд, ки натиҷааш иттиҳоди имрӯза аст.

Баъди бозгашт ба ватан роҳбарият ҷиддан бояд рӯй ба сӯйи миллат биёрад, на аз тариқи ҷаласаи васеъ ва телевизион, балки бо сӯҳбатҳои зинда ва корҳои амалӣ. Потенсиали ҳамаи миллатро бояд ҷамъ намуд ва аз ин варта худро раҳонид. Воқеан варта аст, чун ҳамаи бӯҳронҳо ва мушкилот якбора болои мо омадааст.

Вале, агар гӯянд, ки мо худамон ба танҳоӣ аз мушкилот мебароем ва машварати дигарон танҳо халал мерасонад, мо омода ҳастем, ки боз як соли дигар аз ҳама танқиду назардиҳӣ худдорӣ намоем ва танҳо дуогӯ бошем.

Ахиран, бояд муносибатро бо кишварҳои форсизабон дар сатҳи болотар ва ҷиддитар ба роҳ монд. Ҳамон майлеро, ки то имрӯз ба дигарон намоиш додем, агар нимашро ба сӯйи дигарон медоштем, вазъ шояд ин тавр намебуд.

Дар охир барои миллату кишварам сарбаландиву озода буданро аз Худованд дуо мекунам.

10 Responses

  1. Behtarin Musohiba! Kabiri darvoqe’ ba sathi yak siyosatmadori milli rasidaast. Mutmainam, agar 5 sol dar joi Rahmon boshad, mashhurtarin siyosatmadori mintaqa khohad bud! Ba’d digar Putin az dahon khihad aftod!

  2. *khohad aftid!

  3. Офарин ва ахсант чаноби Кабири!
    Лозим аст то миллат аз ин сиесатмадор дастгири намояд.
    Бовар кунед хеч як аз вазирони Рахмон наметавонанд ин гуна фикру акида дошта бошанд.. ЗИХИ ОКОИ КАБИРИ…
    Худоё дар амонат нигах дораш. Омин.

  4. «Чи бояд кардхои» Кабири Бузург дар хакикат хам бузурганд ва агар хукумат ба потенциали аклии милат аз сидки дил ру орад ва на ба «кадухо», эхтимоли комил пайдо мешавад, ки мо чун миллат аз ин вартаи вахшатнок бароем.Баромадан аз ин варта хатман ва зарур аст ва бех аст аз нест гаштан. Аз фурсат истифодаи хуб бурдан мумкин аст. Якумин коре, ки мо бояд намоем, ин доллархои америкоиро ба ивази чаканаи чини иваз накардан аст.Милион доллархоро сохибкорони ватании мо ба чин бурда аз ончо ба мо либосаи пастсифат меоранд ва ба нархи дучанд ба халк мефурушанд ва боз миллиохо доллар карда ба чин бар мегарданд. Ин магар аблахи нест? Пахта дорем, алюминий хам дорем ва мо худамон либос бароварда наметавонем ё ин ки дару тирезаю дигар анчомхои рузгор, то ки чинихо омада аз мо бо валюта харидори кунанд?

  5. «ШАРИКИ СТРАТЕГИИ МО БОЯД МИЛЛАТАМОН БОШАД»

    Ин чумла бехтарин сухан дар сиёсати Точикистон аст, ки ман шунидаам. Ва ин ин чумларо мебояд бо оби тило навишт ва дар даромадгохи хар як вазорату макомоти Точикистон овезон кард.

  6. Дар хакикат ин аввалин бор аст, ки чаноби Кабирй хеле окилона ва аз мавкеъи миллй сухбат мекунад.

    Барояш барори кор мехохем!

  7. Kabiri ham misli E Rahmon diplomatiro nakhondast ba mahalgaroi mashgulast

  8. Шояд ин навиштахои бо маъниро Э Рахмон хонда ба хулоса меомада бошад,ки ХХДТ ин як подаи бесару бефахм аст!?

  9. Rustam ba tarjumai holi Kabiri nigoh andoz! U khatmkunandai Akademiyai Diplomatii Maskav va Wien ast.

  10. Николай Кирянович – депутати Госдумаи Русия скинхедхоро чонибдори мекунад

Leave a comment