Пайти муносиби мо оё истифода хоҳад шуд?

1moscРусия охирин имкониятҳояшро ба кор андохтааст, ки як паймони низомии зидди НАТО ва Амрико ташкил кунад. Барои ин ба чапу рост пули калон ваъда мекунад, аммо ин чӣ иттиҳоде хоҳад шуд, ки Беларус — наздиктари шарики Маскав аз як сӯ ба чунин созишнома имзо мегузорад ва аз сӯи дигар ҳанӯз ранги имзои Лукашенко нахушкида, эълом медорад, ки аслиҳа ва техникаи ҷангии русиро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбии Укроин ва Исроил иваз хоҳад кард.

Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев ба созишномаи ташкили артиши муштарак бо Русия бо дили нохоҳам имзо мекунанд ва сарвари Узбакистон мегуяд, вай дар ин бобат “ақидаи хос” дорад. Аз эҳтимол дур нест, ба зудӣ ин ақида баён хоҳад гашт. Танҳо сарвари Арманистон Серж Саргисён бо тиҷоратдӯстии хоси арманиҳо беқарорӣ ва рӯҳбаландӣ нишон медиҳад. Озарбойҷон маънидорона сукут меварзад ва маълум аст, ки Русияи насронӣ ҳимояташро аз Арманистони насронӣ дар муқобили Озарбойҷони мусулмон ошкоро нишон додааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аксаран сарбазер аст ва маълум нест, дар мулоқоти як ба як бо президенти Русия Дмитрий Медведев чӣ гуфтаву чӣ шунидааст. Ягона кишваре, ки Русия ба он аз миллиону миллиардҳояш чизе ваъда надод, Тоҷикистон буд.

Раҳбари Қирғизистон Қурбонбек Боқиев гуфт, барои он ки сарбозони амрикоиҳо як шаҳрвандаш бо номи Ивановро куштаанд ва пули иҷораро зиёд карданй нестанд, базаи ҳарбии Амрикоро аз кишвараш берун мекунад. Агар каси дигар президенти Тоҷикистон мебуд, ақаллан аз дилаш мегузаронд, ки русҳо садҳо (шояд ҳазорҳо) тоҷикро дар ин чанд соли охир куштанд ва ахиран як тоҷикро сар буриданд ва ҳам барои иҷораи замини тоҷикон барои базаи ҳарбии худ 10 доллар медиҳанд, чаро вай онҳоро берун накунад? Наход ҷони як руси Қирғизистон азиз будаву ҷони тоҷик не?

Хархашаи ахири дипломатик фурсати хубе буд, ки Раҳмон дари Русияро дигар накушояд ва комилан рӯй ба Амрико оварад. Ман агар дар ҷои ӯ мебудам, ин корро мекардам, онгуна ки Узбакистон карда буд. Ман худро ба Амрико месупурдам, зеро барда бошӣ бояд бардаи соҳиби қавӣ бошӣ. Ин бӯҳрон боз 3 то 5 соли дигар давом мекунад ва худо медонад, Русия ба чӣ ҳоли зор меафтад. Таппу талош ва доду фарёди он на аз зӯрияш, балки аз заъфаш аст. Гови бешир овози баланд дорад. Дигар қимати нафт ба осмон дакка нахоҳад зад. Аммо Амрико ба зудӣ аз бӯҳрон хоҳад баромад. Пештар аз ҳама давлатҳои дигар.

Ман пойгоҳи аз Қирғизистон рондашудаи Амрикоро дар Тоҷикистон ҷой медодам, вале ҳампаймонии истротеҷиро бо Амрико бастаи ду шарт мекардам. Якум, дар тамоми сиёсати он дар Афғонистон ва Эрон бояд бо ман машварат шавад. Мо се кишвари ҳамзабон ва ҳамтақдирем ва дарду мушкилоти ҳамдигарро беҳтар аз дигарон медонем. Дуввум, сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон. Пешрафтеро дар Тоҷикистон, ки аз хурдатрин аёлати Амрико (шояд Вермонт) ҳам камтар аҳолӣ дорад, аёлати Калифорниё 500 баробари Русия таъмин карда метавонад. Агар русҳо 2 миллиард ваъда кардаву чизе надоданд, Амрико метавонад, дар ин ҳолате ки ба мо ниёз пайдо мекунад ва Афғонистонро аз авлавиятҳои сиёсати худ қарор додааст, 100 миллиард мадад кунад. Ҳатто дар ҳамин ҳоле ки гирифтори бӯҳрони шадид аст.

Намефаҳмам, чаро агар Русия ва русҳои қудратталаб, аммо аблаҳ Амрикоро бад мебинанд, мо тоҷикон ҳам бояд Амрико ва амрикоиҳоро бад бинем? Ҳоло дар он ҷо садҳо ҳамватани мо кору зиндагӣ мекунад, аммо чанд нафари онҳоро амрикоиҳо куштанд ё сар буриданд? Ҳарчанд ҳукумати мо Русияро наздиктарин дӯсти худ мешуморад, ин қадар сол зиёдтарин кӯмакро ба мо амрикоиҳо кардаанд. Чаро намакношиносӣ мекунем? Магар аз тарс не?

Кадом касе ки дар мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон ин корро мекунад, дар 10 сол ҳамаи мушкилоти кишварро ҳал хоҳад кард ва абадан дар таърихи миллат хоҳад монд. Дар ин 10 сол мо метавонем, ба Афғонистон ва Эрон низ мадади сиёсии худро аз тариқи наздикиямон бо Амрико бирасонем ва дар симои онҳо низ дӯстону ҳампаймонҳои қавӣ пайдо кунем. Бигзор он гоҳ рус ё узбак ба мо садо баланд кунад!

Агар дар кишвар хираде пайдо нашавад ва ин корро ҳоло накунад, дигар таърих ба мо шансе нахоҳад дод ва агар ин фурсати муносиб гузарад, мо барои Амрико нозарур ва садумдараҷа боқӣ хоҳем монд.

2 Responses

  1. Ofarin, Rustam!

    Bisyor fikrhoi oli va durustro dar in mavzu daqiqan bayon namuded. Dasti shumo dard nakunad.

    Beshak, samti hamkorihoro dar siyosati khoriji hatman boyad taghir bidihem. Bovar doram, ki bo simoi (image) navi milli mo metavonem dar arsai jahoni imkoniyathoi vase’i kishvarhoi aslan peshraftaro ba peshrafti davlati khud jalb namoem.

    Inshoolloh, in taghirot zud yo kame dertar amali khohad shud. Muntazirem.

    Bo umedi oyandai neki millat.

    — BK

  2. Тамоман шигифтовар аст! Русия мехохад ба Амрико дар масъалаи Афгонистон мадад кунад, аммо намехохад Киргизистон ба Амрико дар масъалаи Афгонистон кумак расонад. Хол он ки ояндаи вазъи Афгонистон аввал ба Киргизистон таъсир карда метавонад ва он гох ба Русия.

    Ба назари банда, хеле ба зудй Курманбек Бокиев аз карда пушаймон хохад шуд, вале дер мешавад.

    Холо фурсати хеле олй барои Точикистон аст, ки тавонад аз ин вазъият бехтарин дастовард кунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: